Skip to main content
Парчам дар ҳамаи давру замон яке аз муқаддасоти асосии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб рафта, таҷассуми ҳувияти миллӣ, соҳибистиқлолӣ, нангу номус, ваҳдат ва худшиносии шаҳрвандон мебошад. Миллати тоҷик, ки таърихи бою рангин ва фарҳанги куҳанбунёд дорад, дар тамоми марҳилаҳои давлатдории худ ба парчам ҳамчун рамзи асосии ҳастӣ, худшиносии миллӣ ва арзишҳои давлатӣ аҳамияти ниҳоят бузург медиҳад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, дорои мазмун ва пайомади хотирмон буда, ифодагари таърихи пурифтихори ин миллати сарбаланд ва давлати навини тоҷикон мебошад. Ин парчам рамзи эҳёи давлатдории миллӣ, нишонаи мустаҳкам шудани пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва пайки пойдории миллат дар давлати соҳибихтиёри худ мебошад.

12Дар тӯли таърихи ҷаҳони мутамаддин парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ, нишондиҳандаи нуфуз ва мақоми сиёсии кишвар, рамзи иттиҳоду якдилии халқ ва ифодагари арзишҳои маънавию фарҳангӣ ба шумор меравад. Тоҷикон низ дар тамоми давраҳои давлатдории худ рамзҳои хос доштанд, ки дар онҳо арзишҳои миллӣ, боварҳои фарҳангӣ, ҷаҳонбинии ориёӣ ва таҷрибаи давлатсозӣ таҷассум меёфт. Қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият қадами бузургу таърихӣ буд, зеро дар шароити ҳассоси солҳои аввали давлатсозӣ он барои таҳкими худшиносии миллӣ, болоравии рӯҳияи ватандорӣ ва муттаҳид сохтани ҷомеа нақши калидӣ бозид. Ин рамз дар замонҳое, ки кишвар ба мушкилоти ҷиддии сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ буд, ба мардум рӯҳия, итминон ва умед мебахшид ва давлати ҷавонро ба сӯи суботу ваҳдат раҳнамоӣ мекард.

Мазмуни рамзии парчам аз амиқтарин манбаъҳои таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик сарчашма гирифтааст. Ранги сурхи парчам рамзи шуҷоату далерии миллат, таҷассуми мубориза барои истиқлолият ва ифодаи таъриху анъанаҳои шукӯҳманди давлатдорӣ мебошад. Сурх ҳамзамон рамзи шуълаи ҳаёт, гармӣ, қувват ва рӯҳбаландистон аст, ки дар фарҳанги ориёӣ ҷойгоҳи баланди рамзӣ дорад. Ранги сафед ба маънои покӣ, садоқат, ҳақиқат, нур ва адолат мебошад. Ин ранг ба фарҳанги тоҷикон ҳамчун рамзи ростӣ ва некиву маънавияти баланд ҳамбастагӣ дорад. Сафед рамзи роҳ ба сӯи бунёдкорӣ, сулҳ, субот ва пешрафти ҷомеа мебошад. Сеюм, ранги сабз рамзи ҳаёт, ободонӣ, зироаткорӣ, табиат ва шукуфоии миллат мебошад. Сабз дар мардуми тоҷик ҳамчун рамзи замин, меҳнат ва фаровонӣ таърихан эҳтироми хоса дошт ва дар маънавияти миллӣ яке аз рангҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Дар маркази парчам нишони тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дорад, ки ҳар кадоми онҳо дорои маънии амиқи рамзӣ ва идеологӣ мебошанд. Тоҷ — рамзи давлатдории тоҷикон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ҳокимият ва пойдории миллӣ мебошад. Дар фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ тоҷ ҳамеша мавқеи баланд дошт ва ифодагари хирадмандӣ, адолат, шараф ва ҳимояти давлат буд. Ҳафт ситора бошад, рамзи камоли маънавӣ, ҳафт марҳилаи такомули инсон, ҳафт аркони ҳикмат ва ҳафт ганҷи фарҳанги ориёӣ мебошад. Ин адад дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷик аз аҳамияти хоса бархӯрдор буда, рамзи саодат, камол, нур ва такомули рӯҳӣ ва ҷисмонӣ ба шумор меравад. Комбинатсияи тоҷ ва ҳафт ситора дар парчам мояи ифтихор, рамзи худшиносӣ ва нишонаи бақои миллат дар тӯли таърих мебошад.

Парчами давлатӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон аз мавқеи баланди иҷтимоӣ ва маънавӣ бархӯрдор буда, ба таҳкими худшиносии миллӣ ва болоравии ваҳдати ҷомеа мусоидат менамояд. Дар тамоми муассисаҳои давлатӣ, мактабҳо, донишгоҳҳо, корхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ ва майдонҳои варзишӣ парчами миллӣ ҳамчун рамзи расмӣ ва муқаддаси давлатӣ парафшон аст. Дар маросимҳои давлатӣ, аз қабили савгандёдкунии хизматчиёни ҳарбӣ, ҷаласаҳои расмӣ, чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, муҳокимаҳои парлумонӣ ва мулоқотҳои дипломатӣ ҳузури парчам аз эҳтиром ба давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ дарак медиҳад. Ин рамз дар ҳама гуна ҳамоишҳо мардумро муттаҳид месозад, ба онҳо ҳисси ифтихори миллӣ мебахшад ва эҳсоси шаҳрвандиро таҳким мебахшад.

Ҷойгоҳи парчам дар ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии шаҳрвандони Тоҷикистон низ аз нигоҳи тарбиявӣ хеле муҳим мебошад. Дар муассисаҳои таълимӣ ба кӯдакону наврасон аз хурдӣ эҳтиром ба парчам, шинохти рамзҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ омӯзонида мешавад. Тарбияи ватандӯстӣ, эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва худшиносии миллӣ дар зеҳни ҷавонон нақши ҳалкунанда дорад, зеро онҳо нерӯи асосии пешрафти кишвар ва такягоҳи давлат мебошанд. Парчам ҳамчун рамзи ифтихори миллӣ ҷавононро ба меҳансозӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, ҳимояи давлатдории миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ҳидоят мекунад.

Дар арсаи байналмилалӣ парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи расмии кишвар шинохта шудааст ва дар ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ, маконҳои дипломатӣ, ҳамоишҳои илмӣ ва чорабиниҳои варзишӣ парафшон аст. Ин рамз Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар, дорои фарҳанги куҳанбунёд ва сиёсати мувозини байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Варзишгарони тоҷик дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ бо ифтихор парчамро бардошта, шарафи миллатро боло мебардоранд ва дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи давлатро мустаҳкам месозанд. Ҳар як пирӯзӣ, ҳар як дастоварди байналмилалӣ, ки бо парчам алоқаманд аст, ба баланд шудани рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат мекунад.

Ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар таҷлил мегардад. Ин рӯз на танҳо ҷашни рамзҳои давлатӣ, балки ифодаи арҷгузорӣ ба таърих, ҳувияти миллӣ ва дастовардҳои давлати соҳибистиқлол мебошад. Дар ин рӯз чорабиниҳои фарҳангӣ, мулоқотҳои тарбиявӣ, ҳамоишҳои илмӣ, барномаҳои махсуси маърифатӣ ва аксияҳои омӯзишӣ ташкил карда мешаванд, ки ҳадафашон таҳкими ҳисси миллатдӯстӣ, баланд бардоштани савияи маърифати шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ мебошад. Ин ҷашн ба ҷавонон имконият медиҳад, ки аз таърихи давлатдории тоҷикон, рамзҳои миллӣ ва аҳамияти парчам огоҳии бештар пайдо кунанд ва ба ин рамзи муқаддас эҳтироми хосса дошта бошанд.

Парчам ҳамчун рамзи муқаддасоти давлатӣ ва ифтихори миллӣ дорои арзиши фаротар аз як аломати давлатӣ мебошад. Он таҷассуми ормонҳои миллӣ, ҳувияти фарҳангӣ, такягоҳи маънавӣ ва рамзи бақои миллат мебошад. Эҳтиром ба парчам — эҳтиром ба давлат, ба таърих, ба фарҳанг, ба пояҳои миллӣ ва ба сулҳу суботи ҷомеа мебошад. Ҳар як шаҳрванд масъул аст, ки ин рамзи муқаддасро пос дорад, онро арҷманд бидонад ва ҳамчун омили муттаҳидкунандаи миллат эҳтиром кунад. Парчами давлатӣ рамзи ҳастии давлат, нишонаи ифтихори миллӣ ва таҷассумгари нангу номуси ҳар як фарди ҷомеа аст.

Дар замоне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаҳои нави рушд ворид гардидааст, парчам ҳамчун рамзи расмӣ ва маънавӣ ҳамчунон аҳамияти бузург дорад. Он мардумро барои ҳимояи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдории миллӣ, дӯст доштани Ватан, арҷгузорӣ ба сулҳу субот ва пайгирии сиёсати рӯзмарраи давлат ҳидоят менамояд. Парчам на танҳо рамзи давлат, балки масъулияти ҷаҳонии ҳар тоҷик, ифтихори шаҳрвандӣ ва нишонаи пешрафти ҷомеаи муосир мебошад. Бо парафшони доимии парчам роҳи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи обод, ҷомеаи муттаҳид ва давлати пуриқтидор идома меёбад.

д.и.ф.м. профессор Каримов Олимҷон Худойбердиевич муовини директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ

Парчами давлатӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини ҳувияти миллӣ ва рамзи соҳибихтиёрии сиёсии ҳар давлат шинохта мешавад. Он на танҳо нишондиҳандаи истиқлолият ва соҳибдавлатӣ дар низоми байналмилалӣ мебошад, балки бозтобдиҳандаи таърихи умумимиллӣ, арзишҳои фарҳангӣ, ҷаҳонбинии миллӣ ва ормонҳои идеологии ҷомеа низ ба ҳисоб меравад.

123Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 қабул гардидааст, дар заминаи анъанаҳои қадимаи давлатдории тоҷикон, таҷрибаи ҳунарӣ ва рамзшиносии мардум, инчунин воқеияти сиёсии давраи истиқлол ташаккул ёфтааст. Омӯзиши илмии он имкон медиҳад, ки мафҳумҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсие, ки дар ин рамзи давлатӣ таҷассум шудаанд, ба таври системавӣ дарк карда шаванд.

Таърихи рамзҳои давлатӣ дар қаламрави фарҳангии эрониву тоҷикӣ ба ҳазорсолаҳои дур бармегардад. Марказияти тоҷ ҳамчун рамз аз давраҳои Ҳахоманишиён, Сосониён, Кушониён ва баъдтар давлати Сомониён сарчашма мегирад. Дар тамаддуни тоҷикон тоҷ на танҳо нишонаи подшоҳӣ, балки рамзи қудрати ҳимоявӣ, адолат, танзими космологӣ ва назми иҷтимоӣ ба шумор мерафт. Аз ин рӯ, ҳузури тоҷ дар парчами давлатӣ аз иртиботи мустақими Тоҷикистон бо мероси фарҳангӣ ва сиёсӣ-таърихии ориёӣ гувоҳӣ медиҳад.

Дар даврони шӯравӣ рамзҳои миллӣ то андозае зери таъсири идеологияи умумииттифоқӣ қарор гирифта, хусусияти маҳдуд ё стандартшудаи фарҳангиро ба худ касб намуда буд. Бо оғози равандҳои истиқлол (1991–1992) зарурати таҷдиди рамзҳои давлатӣ ба миён омад. Қабули парчами нав дар нахустин рӯзҳои эҳёи давлатдории миллӣ ба рамзгузории як давраи нави таърихӣ табдил ёфт. Парчами Тоҷикистон дар худ ҳам идомаи анъанаҳои фарҳангии мардуми тоҷикро нигоҳ дошт ва ҳам ниёзҳои сиёсӣ ва давлатӣсозии давлати навистиқлолро инъикос намуд.

Дар ин марҳилаи тақдирсози таърихӣ нақши роҳбарияти сиёсӣ, махсусан Пешвои миллат — Эмомалӣ Раҳмон — барои таҳкими мавқеи рамзҳои давлатӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ муҳим буд. Таҳти роҳнамоии Пешвои миллат парчам ба яке аз пояҳои асосии худшиносии миллӣ, ваҳдат ва давлатдории муосири тоҷикон табдил ёфт. Ташаббусҳои фарҳангӣ ва давлатсозонаи Пешвои миллат ба он мусоидат карданд, ки парчам дар ҳаёти ҷамъиятӣ, маънавӣ, маориф, ҷашнҳои давлатӣ ва тарбияи ватандӯстона мақоми боз ҳам баландтар пайдо намояд.

Таҳлилҳои семиотикӣ ва герменевтикии Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки рангҳои асосии он — сурх, сафед ва сабз — ҳар яке дорои маъноҳои мушаххаси таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии худро дорад.

· Ранги сурх рамзи ҷоннисорӣ барои озодӣ ва истиқлол, таҷассумкунандаи муборизаҳои таърихии халқи тоҷик ва ҳамзамон ифодаи фарҳанги ориёӣ ҳамчун ранги нерӯ, гармӣ ва эҳёи ҳаёт аст.

· Ранги сафед рамзи сулҳу субот, покизагии ахлоқии ҷомеа ва шаффофияти идоракунии давлатӣ мебошад; инчунин ба аҳамияти иқтисодии пахта дар сохтори таърихии истеҳсолоти кишвар ишора мекунад.

· Ранги сабз бошад, нишонаи саодатмандӣ, баракат, табиат, истеҳсолоти кишоварзӣ ва ризқ аст, ки ҷузъи муҳими фарҳанги меҳнатии тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Тафсири илмии ин рангҳо нишон медиҳад, ки парчам дар худ синтези омилҳои табиӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таърихиро таҷассум мекунад.

Чуноне,ки дар боло қайд намудем нишони тоҷ низ дар фарҳанги тоҷикон мақоми махсус дорад. Тоҷе, ки дар маркази парчам ҷойгир шудааст, на танҳо рамзи давлатдории тоҷикон аст, балки ба семантикаи «мерос, шараф, ягонагӣ ва ҳимоя» иртиботи мустақим дорад. Аз нигоҳи космологияи қадим, рақами ҳафт рамзи камол, андоза, таносуб ва комилияти коинот мебошад. Дар фарҳанги тоҷикон ин рақам ба мафҳумҳои ҳафт сайёра, ҳафт қабати осмон, ҳафт марҳилаи камоли маънавӣ ва ҳафт арзиши ахлоқӣ пайваст аст. Ҳамин маъноҳои фарҳангӣ-космологӣ боис шудаанд, ки ҳафт ситорае, ки дар болои тоҷ ҷой дода шудаанд, рамзи бинои мукаммали давлатдорӣ, саодати миллӣ ва тамоюли ҷомеа ба пешрафт бошанд.

Аз ин рӯ мо бояд донем, ки Парчам ҳамчун падидаи фарҳангӣ дар тафаккури миллии мо ҷойгоҳи хос дорад. Зеро он дар шеъру достонҳо, мусиқӣ, рассомӣ ва санъати мардумӣ васеъ инъикос меёбад. Дар фарҳанги тоҷикон парчам рамзи ваҳдати миллӣ, ҳувияти таърихӣ, ифтихор ва худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад. Маросимҳои давлатӣ, ҷашнҳои миллӣ — аз қабили Наврӯз, Рӯзи Ваҳдат ва Рӯзи Парчам — бо иштироки он ташаккули зеҳнияти миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиро таҳким мебахшад. Ҳузури парчам дар низоми таълиму тарбия низ аҳамияти басо муҳим дорад он дар ташаккули худшиносии фарҳангӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатӣ нақши калидӣ мебозад.

Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ низ парчам яке аз муқаддасоти асосии давлатдорӣ буда, тибқи қонуни конститутсионии «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» мақоми ҳуқуқии дақиқ муайяншуда дорад. Қонун тартиби истеҳсол, истифода, нигоҳдорӣ ва ҳифзи парчамро ба таври возеҳ танзим менамояд, ки ин таҷриба ба меъёрҳои байналмилалии давлатдорӣ мутобиқат мекунад.

Ҳамзамон, парчам ҳамчун нишонаи субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ амал мекунад. Дар сатҳи дипломатӣ — дар сафоратҳо, консулгариҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳои расмии ҷаҳонӣ — он Тоҷикистонро намояндагӣ ва муаррифӣ мекунад. Дар сиёсати хориҷӣ парчам мақоми кишварро ҳамчун давлати сулҳпарвар, ҷонибдори муколама, ҳамзистии осоишта ва ҳамкории баробар дар арсаи ҷаҳонӣ инъикос менамояд.

Бинобар ин, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо рамзи зоҳирии истиқлолият, балки падидаи мураккаби таърихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Парчам дар худ мероси чандҳазорсолаи давлатдории тоҷиконро таҷассум намуда, иртиботи наслҳои гузашта, имрӯз ва ояндаро таъмин мекунад. Аз номи ҳайати илмии Институти астрофизикаи АМИТ ба Сарвари давлат — Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ғамхорӣ ва дастгирии пайвастаи илм ва муҳаққиқон изҳори сипоси самимӣ менамоем.

Парчамат парафшон бод, Тоҷикистони азиз!

Муалифон: Директори Институти астрофизикаи АМИТ, н.и.ф-м, Бӯризода А.М. ва Ходими илмии Институти астрофизикаи АМИТ Аюбов Д.Қ.

Парчам ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ дар таърихи давлатдории миллати тоҷик ҷойгоҳи хоса дошта, садсолаҳо боз рамзи озодӣ, истиқлолият, нангу номус, ифтихори ватандорӣ ва худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳар марҳилаи таърих, сарфи назар аз ҳолатҳои сиёсиву иҷтимоӣ, парчам ҳамчун рамзи ҳастӣ ва пойдории давлатдорӣ эҳтиром ва арҷгузории хоса ёфтааст. Миллати тоҷик, ки дорои таърихи куҳанбунёд ва фарҳанги бисёрсарват аст, дар тули асрҳо ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла ба парчам, ба чашми муқаддас менигарист ва онро ҳамчун ҷавҳари пояҳои маънавии давлатдорӣ ҳифз менамуд. Дар даврони муосир низ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоистаро ишғол намудааст, парчами давлатӣ ҳамчун аломати расмӣ ва рамзи асосии ҳувияти давлату миллат эътироф гардидааст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, қабул гардид. Ин рӯйдод дар марҳилаи бисёр ҳассоси ташаккули давлати ҷавони тоҷик сурат гирифт. Қабули парчами миллӣ дар он шароити пуртазод, ки кишвар ба мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ буд, қадами бузург ва таърихсоз ба ҳисоб мерафт. Парчам рамзи оғози давлати нави тоҷикон, нишонаи эҳёи ҳувияти миллӣ ва орзуву ормонҳои мардум гардид. Аз ин рӯ, 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола таҷлил шуда, дар тақвими расмии кишвар мақоми хосса пайдо кардааст. Ин рӯз на танҳо ҷашни як рамз, балки ҷашни эҳёи давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва истеҳкоми ваҳдати миллӣ мебошад.

Тарҳи парчами давлатии Тоҷикистон дорои маъниҳои амиқи рамзӣ мебошад, ки дар он таърихи миллати тоҷик, фарҳанг ва ҷаҳонбинии ориёӣ таҷассум ёфтааст. Ранги сурхи парчам рамзи муборизаву ҷасорат, далерии ниёгон, инчунин нишонаи истиқлолияти давлатӣ мебошад. Дар фарҳанги тоҷик ранги сурх ҳамчунин ба рамзи нуру гармӣ, ҳаётбахшӣ ва шуҷоат маънидод мешавад. Ранги сафед рамзи покӣ, садоқат, ҳақиқат, ҳидоят ва рӯшноӣ буда, ҳамзамон роҳи бунёдкориву осоиштагиро ифода мекунад. Ин ранг ба мардуми тоҷик ҳамчун миллате, ки аз фарҳанги бостонии инсондӯстона бархӯрдор аст, хос мебошад. Ранги сабз бошад, маънои ҳаёт, ободкорӣ, табиат ва кишоварзиро дорад, ки он аз рӯйи хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик хеле мувофиқ аст. Тоҷикон ҳамчун халқи созанда, меҳнатдӯст ва табиатдӯст сабзро ҳамчун рамзи зиндагиофарӣ ва мубориза барои зиндагии шоиста қабул намудаанд.

Дар маркази парчам нишони тилоранг бо ҳафт ситора ҷой гирифтааст. Нишони тоҷ рамзи давлатдории тоҷикон, соҳибихтиёрӣ, шараф, ҳокимият ва пойдории миллист. Тоҷ дар фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ҳамеша мавқеи хоса дошта, нишонаи шоҳӣ, ҳикмат, адолат ва хирадмандӣ ба шумор мерафт. Ҳафт ситора бошад, дорои маъниҳои гуногун ва хеле амиқи фарҳангист: ҳафт манзили комилшавӣ, ҳафт сайёра, ҳафт нерӯи рӯҳӣ, ҳафт қуллаи камолоти инсонӣ ва ҳафт ганҷи фарҳанги ориёӣ. Дар фарҳанги тоҷик ва тамаддуни форсӣ адади ҳафт рамзи саодат, комалӣ, рӯҳбаландӣ ва эҳтироми олии маънавист. Бинобар ин, парчами Тоҷикистон бо ин тарҳи худ на танҳо рамзи давлатӣ, балки рамзи ҷаҳонбинии миллӣ ва доираи арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик мебошад.

Парчам дар сатҳи давлатдорӣ мавқеи муҳим ва ҷойгоҳи расмӣ дорад. Он дар тамоми идораҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои илмӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, майдонҳои варзишӣ ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ ҳамчун рамзи ҳувияти миллии кишвар парафшон аст. Дар маросимҳои давлатӣ, иҷлосияҳо, ҳамоишҳои расмӣ ва мулоқотҳои сатҳи олӣ парчам ҳамчун рамзи ҳокимияти давлатӣ ва қудрати миллӣ бардошта мешавад. Ҳузури он дар минбарҳои баланд эҳсоси масъулият, ватандорӣ ва эҳтиром ба давлатдориро таҳким мебахшад. Барои шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, парчам воситаи тарбияи рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад. Дар муассисаҳои таълимӣ баргузор гардидани чорабиниҳои махсуси тарбиявӣ оид ба парчам ба рушди худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мусоидат мекунад.

Ҷойгоҳи парчам дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа низ хеле барҷаста аст. Дар ҷашнвораҳо, маросимҳои оммавӣ, рӯзҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ парчами давлатӣ ҳамчун аломати ягонагӣ ва ҳамбастагии мардум ба саҳна меояд. Он ба ҷавонон ва насли оянда паёми дӯст доштани Ватан, ҳифзи сулҳу субот ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиро мерасонад. Парчам ҳамчун рамзи нангу номус ва ҳувияти миллӣ ҷавононро ба худшиносии миллӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва иштироки фаъолона дар пешбурди корҳои ҷамъиятӣ ҳидоят менамояд.

Дар арсаи байналмилалӣ парчами давлатӣ ҳамчун намояндаи расмии кишвар шинохта мешавад. Бардошта шудани он дар идораҳои созмонҳои байналмилалӣ, мисли СММ, СҲШ, ИДМ, ЮНЕСКО ва дигар ниҳодҳои бонуфуз, рамзи мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонист. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо ифтихор парчамро парафшон намуда, бо дастовардҳои худ шарафи онро баланд мебардоранд. Ҳар як муваффақияти байналмилалӣ, ки бо парчами давлатӣ алоқаманд аст, ҳисси ифтихори миллӣ ва ваҳдати ҷомеаро тақвият медиҳад.

Таҷлил гардидани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр яке аз муҳимтарин чорабиниҳои тарғиботӣ ва маърифатии давлатӣ мебошад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар силсилаи барномаҳои меҳанпарастона, ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқотҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ баргузор мегарданд, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва таҳким бахшидани сӯф ва суботи ҷомеа мебошад. Ин ҷашн аҳамияти хосаи маънавӣ дошта, мардумро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ даъват менамояд.

Парчам ҳамчун рамзи нангу номус ва ҳувияти миллӣ дорои аҳамияти фаротар аз як аломати давлатӣ мебошад. Он таҷассумгари таърихи пурифтихори миллати тоҷик, рамзи ормонҳои миллӣ ва ифодаи ҳастии давлатдории навини тоҷикон аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки ба парчами давлатӣ эҳтиром гузорад, онро ҳамчун арзиши маънавӣ ва ҳамчун рамзи ягонагии миллӣ ҳифз намояд. Парчам дар худ на танҳо рамзи давлат, балки рӯҳияи миллати куҳанбунёд, таърихи пурифтихор ва орзуҳои оянданигари ҷомеаро таҷассум мекунад. Эҳтиром ба парчам – эҳтиром ба миллат, ба Ватан ва ба пойдории давлати тоҷикон мебошад.

Директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м., Раҳимзода Алишер Орзу

Имруз мо дар арафаи тачлили иди пуршукуҳ, яъне рузи Қабули яке аз рамзҳои давлати, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор дорем. Воқеан ҳам давлати соҳибистиқлолро бе доштани рамзҳои давлати аз ҷумла Парчами давлати тасавур кардан ғайриимкон аст.

212Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессия Шурои Олӣ 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст. Барои таҳияву пешниҳод намудан ва қабули рамзҳои нави Тоҷикистони соҳибистиқлол муддати ду сол қувваҳои эҷодиву ҷустуҷуи сарф шудааст.

Аввалҳои соли 1990 аз ҷониби Шурои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ, озмун эълон карда шуд ва дар ин озмун тахминан 250 нафар ширкат варзиданд. Вобаста ба таҳия намудани рамзҳои нави давлати комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки сарварии ин комиссияро президенти ҳамонвақтаи Акадамеяи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ ба уҳда доштанд. Аз муалифон ва коллективҳои эҷодии тамоми минтақаҳои ҷумҳури зиёда аз дусад адад пешниҳодҳо вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлати ворид гардида буд.

Вобаста ба таҳияи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Точикистон, ҳамчунин аз тарафи Донишкадаи таърих, Донишкадаи астрофизика ва кумитаи Ҷумҳурияви оид ба терминология лоиҳаҳои рамзҳои давлатии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда буданд. Дар охири озумн аз байни санъатшиносон ва рассомон вобаста ба таҳияи рамзҳои давлати гурӯҳ интихоб карда шуд, ки аз он ҷумла рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев-ро роҳбар ва лоиҳакаш, Лариса Додхудоева-рассом ва санъатшинос номзади илмҳои санъатшиноси, Анатолий Заневсий – президенти иттифоқи дизайнерҳои Тоҷикистон ва Ирина Игнатушина – санъатшинос ходими хизматнишондодаи санъати Точикистон шомил буданд.

Аз тарафи муаллифон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ҳамчун матои росткунҷаи се рахаи рангаи уфуқи, иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги сафед якуним баробари рахҳои ранги сурх ва сабзро ташкил мекард ва бари матоъ бошад якуним баробари дарозии онро ташкил мекард. Дар аввал ба сифати ангораҳои асоси муаллифон дар Парчами давлати нақши шер, тоҷ ва ситораҳоро нақшнигори намуданд. Нақши шер аз анъанаҳои форсу-тоҷик сарчашма гирифта ҳамчун рамзи боақли, часури ва адолатро ифода менамояд. Баъд аз ин гуруҳи кори дар

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои нақши шер нақши тоҷ ва ҳафт ситораро ҷой намуданд. Қайд кардан зарур аст, ки нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами ҳафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахти маънидод карда шуд. Дар аввал ба ақидаи муаллифони Парчами давлатӣ, ҳафт ситора ҳамчун ифодагари ҳафт шоири барҷастаи форсу точик маънидод шуда буд.

Ҳоло бошад ҳафт ситора, ин ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон. Дар давраи кори комиссия оид ба пешниҳоди лоиҳаи рамзҳои давлатии, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 – сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро ба даст овард, ки муаллифон бо дарназардошти ташкилшавии давлати навини тоҷикон ва ба даст овардани истиқлолият, арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангии халқамонро ба назар гирифта ранги сурхро, ки дар Парчами давлати чой дода шудааст, ҳамчун ифодагари- мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз- саъю кушиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хурам мешавад маънидод карда шуд.

Дар таърихи 24-ноябри соли 1992 гурӯҳи кори оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд. Ҳамон лоиҳаи Парчами давлати, ки таҷҷасумгари, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имруз мо онҳоро дар Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар сессия 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси нав интихобгардидаи Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии чумҳурии Точикистон овоз дода шуд.

Рузи дигар, яъне 25-ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон- Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шурои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар назди Парчами давлати сари таъзим фуруд оварда қасам ёд намуд. Бояд қайд намуд, ки баъди ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри «Арбоб» дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо сессияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд.

Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихи ба ҳисоб меравад. Вазифаи мо насли имрузаи миллат, барои дар руҳияи эҳтиром доштану ру овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.

Бояд қайд намоям, ки вобаста ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Тоҷикистон 11-декабри соли 1992 «Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 12-майи соли 2007-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қабул карда шуд. Бо мақсади боз ҳам зиёдтар эҳтиром доштани арзишҳои миллӣ ва ру овардан ба ин арзишҳо 19 – ноябри соли 2009 – ум аз ҷониби Президенти Чумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рузҳои ид» ба имзо расид, ки мувофиқи он ҳар сол 24-ноябр ҳамчун рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Бинобар ҳамин ҳам ҳамаи мардуми Тоҷикистонро ба ин иди муқаддаси миллӣ, рузи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегуям.

Акрамзода Рустами Ҷурахон. Доктор (PhD) ходими калони илмии озмоишгоҳи “Маводшиносӣ”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ.

Яке аз суханони маъруфи шахсияти ҳарбии рус Михаил Скобелев (1844–1882) чунин садо медиҳад: «Ман омодаам дар парчами худ нависам: Русия барои русҳо ва ба забони русӣ ва ин парчамро то ҳадди имкон баланд бардорам». Ин сухан, шояд барои як фармондеҳи низомӣ, ки рисолати ў ҳифзи сарзамин аз душманони хориҷист, мантиқи худро дошта бошад. Аммо дар диди ҷаҳони имрўза, ки дар он ҷаҳонишавӣ, ҳамбастагии фарҳангҳо ва муколамаи тамаддунҳо ба меъёри асосии зиндагии башарӣ табдил ёфтааст, чунин андеша дигар наметавонад арзиши умумибашарӣ дошта бошад. Зеро инсони асри XXI ба ҷои бархўрду тафриқа, ҳамзистии тамаддунҳо, баҳамоии арзишҳои маънавӣ ва хизмат ба инсоният ниёз дорад. Гуфтори М. Скобелев, ки рӯҳияи миллатгароиро тараннум мекунад, имрўз ҳамчун нишонае аз тафаккури маҳдуди қавмӣ талаққӣ мегардад. Маҳз ҳамин гуна шиорҳо ва даъватҳо боис шудаанд, ки миллатгароии шадид ва тафриқаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ дар ҷомеаи муосир боз ҳам боло гиранд.

Аммо барои мардуми тамаддунофари тоҷик, ки решаҳои таърихияш дар умқи инсондўстӣ ва хирадпарварӣ ҷой дорад, парчам на рамзи таассуб ва ҷудоӣ, балки нишонаи ваҳдат, ифодаи ҳамбастагии мардумон ва ҷамъоварии арзишҳои олитарини инсонӣ мебошад. Парчам барои тоҷик рамзи нур, сулҳ, ва муҳаббат ба инсоният аст, рамзи он аст, ки хизмат ба инсон болотар аз ҳар марзу миллат меистад. Ҳамин гуна, агар барои генерал М. Скобелев парчам рамзи миллатгароӣ бошад, барои миллати тоҷик он аламгоҳи андешаҳои башардўстона, нишонаи ваҳдати ҷаҳонӣ ва парчами муҳаббат ба инсон аст, Парчаме, ки дар боди ҳавои муфарраҳ ҷилва мекунад, на бо оташи ҷангу мубориза, балки бо нафаси оромии сулҳ, бо нури дониш ва бо шуълаи хирад, парчами ҷаҳондўстист, рамзи ваҳдати инсонҳо, покии ниятҳо ва эҳсоси олии масъулият дар баробари башарият. Ин парчам на нишони таассуб, балки ойинаи рўҳи созанда аст. Он дар зери нурҳои офтоби маърифат паёми дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро ба ҳамаи миллатҳо мерасонад. Ҳар лаҳзаи ҷунбиши он дар бод, гўё садои умеду осоишро ба гўш мерасонад, садое, ки инсонро ба хидмат, ба меҳр ва ба шукуфоии ҷаҳон даъват мекунад. Ин гуна парчам, дар ҳақиқат, на танҳо матои рангаи бардошташуда, балки рамзи орзуҳои башар, ҷилваи инсондўстӣ ва нишонаи ҳувияти маънавии миллате аст, ки сулҳро болотар аз ғалаба ва хирадро болотар аз қудрат медонад. Ин қазоват дуруст аст, ки парчам ҷилваи рӯҳи миллат, рамзи ифтихор, нигини давлатдорӣ ва нишони ҳувияти миллӣ аст. Он мисли офтоби равшан дар осмони ҳастии ҳар як халқ медурахшад ва мавҷҳои рангораш дар бод на танҳо зебоии зоҳирӣ, балки бузургии маънавиро инъикос мекунанд. Аз аҳди бостон то рўзгори муосир парчам ҳамеша нишонаи ҳокимият, истиқлол ва шуҷоати мардум будааст. Дар замонҳои қадим он рамзи ҷасорати сарбозон, иттиҳоди қавмҳо ва эҳтироми муқаддас ба ватану сулолаҳо маҳсуб мешуд. Аммо бо гузашти асрҳо, маънои он аз ҳадди низомӣ берун рафта, ба зинаи баландтари маънавӣ расид: имрўз парчам оинаи рўҳи давлат, симои фарҳанг, тарҷумони таърих ва пойгоҳи арзишҳои миллӣ аст. Дар ҷаҳони муосир, ки марзҳои фикриву фарҳангӣ торафт тангтар мегарданд, парчам на танҳо аломати шиносоии давлатҳо, балки рамзи ваҳдату ягонагӣ, суруди ифтихори шаҳрвандӣ ва нишонаи ҳузури миллӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳар боре ки он бар фалак меҷунбад, гўё садои ниёгон, ормонҳои озодӣ ва орзуи сулҳи умумибашарӣ дар мавҷҳои он метанад.

Парчам мактуби таърихии миллат ба ҷаҳон аст, ки дар он бо забони рангҳо ва рамзҳо маънои амиқи вуҷуд, фарҳанг, хирад ва иродаи халқ навишта шудааст.

Вожаи “парчам” реша дар таърихи бисёр қадими забонҳои форсиву тоҷикӣ дорад ва аз вожаҳое маншаъ гирифтааст, ки маънои “алам”, “нишон” ё “баланд бардошташуда”-ро доранд. Ин вожа дар асл рамзи ифтихор ва болобардории нанг ва шарафи миллӣ буда, то имрўз ҳамин маънои поку пурифтихорро нигоҳ доштааст. Дар маънои илмӣ, парчам матои рангаест бо шакл, аломат ва рамзҳои муайян, ки ҳувияти гурўҳ, миллат, давлат ё созмонро таҷассум мекунад. Аммо парчам танҳо як матоъ нест, он забони хомўши таърих, оинаи шуури миллӣ ва нигини ҳувият аст. Дар илми рамзшиносӣ, парчам ҳамчун системаи мукаммали нишонаҳо таҳлил мешавад: ҳар ранг, ҳар хат ва ҳар аломат маънои амиқи хоси худро дорад. Он метавонад ба таърих, дин, фарҳанг, забон, хок, осмон ё табиати кишвар ишора кунад, гўё ҳар як ҷузъи он як ҳарфи сухани миллат бошад. Таърихи парчам ба ҳазорсолаҳо қабл бармегардад. Аввалин намунаҳои он дар тамаддунҳои Мисри қадим, Чин, Бобил ва Форс дида мешуданд. Дар он айём, парчам бештар ҳамчун нишонаи ҷангӣ истифода мешуд: лашкарҳо бо аломатҳои гуногун пеш мерафтанд, то фармондеҳон аз масофаи дур ҷузъҳои худро шиносанд. Яъне вазифаи аввалини парчам огоҳ кардан ва муаррифӣ буд, аломате, ки нишон медод: Ин ҷо мардуми мананд, ин рамзи ватани ман аст.

Парчам на танҳо рамзи давлатӣ аст, балки асос ва воситаи бедор кардани ҳисси ватандўстӣ, ифтихори миллӣ ва эҳсоси масъулият дар ҳар шаҳрванд ба шумор меравад. Дар мактабҳо, муассисаҳо ва чорабиниҳои давлатӣ он ҳамеша ҷилва мекунад, то дар шуури мардум ду паёми амиқро бедор созад, яъне аз як тараф, эҳсоси муҳаббат ва содиқонагӣ ба Ватанро пурқувват кунад ва аз тарафи дигар, нишон диҳад, ки ҳар фарди миллат зери болафшонии парчами давлатӣ аз озодӣ ва амният баҳра мебарад, аз хатар эмин аст ва метавонад бо болу пари умед ва орзуҳои худ дар осмони беғубор ва софи зиндагӣ парвоз кунад.

Ғайр аз ин, парчамҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ низ нақши беназир ва муҳим мебозанд. Онҳо ҳамчун нишони шинохти давлатӣ, рамзи ҳувият ва василаи муаррифии фарҳанг ва таърихи миллӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ истифода мешаванд. Дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва платформаҳои глобалӣ, парчам пайкари давлат ва эътимоди мардуми он аст. Ҳар боре, ки парчами кишвар дар майдонҳои варзишӣ ё минбарҳои сиёсӣ боло меравад, он на танҳо рамзи пирўзӣ, балки баёнгари эҳтироми тамоми ҷаҳониён ба давлат, ҳувият ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Баъди пирӯзии ваҳдат дар Тоҷикистон ва эътиқод ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ки ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки миллати тоҷик ҳам соҳибтамаддун ва ҳам соҳибтаърих аст, Парчами Тоҷикистон дар минбарҳои бузурги ҷаҳонӣ боло бардошта шуд ва эҳтироми ҳақиқии онро ба даст овард. Ин ҷилваи Парчам ба ҷаҳониён нишон дод, ки миллат метавонад бо ягонагӣ, арзишҳои маънавӣ ва ҳувияти фарҳангӣ ҷойгоҳи хос дошта бошад.

Аз ин рў, парчам ҳамчун рамзи асосии давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ, оинаи таърих ва фарҳанги миллат маҳсуб мешавад. Он мардумро муттаҳид мекунад, ҳисси ифтихор ва масъулиятро бедор месозад ва арзишҳои маънавии ҷомеаро дар худ таҷассум мекунад. Дар ҷаҳони муосир, ки муносибатҳои байналмилалӣ васеъ ва мураккаб шудаанд, эҳтиром ба парчам баробари эҳтиром ба миллат, арзишҳои умумибашарӣ ва озодии инсон аст. Парчами муқаддаси Тоҷикистони азиз чароғе аст, ки равшании ирода, ватандўстӣ ва арзишҳои маънавии миллатро ба ҷаҳон паҳн мекунад. Ҷойи тасдиқи ин калом аст, ки ҳар бор парчамро бар фалак мебардорӣ, ҳамон қадар роҳи ту ба сўи муваффақият ва шараф боз мешавад. Парфишон бодо мудомо Парчами миллии мо! Рамзи сулҳ, ифтихор ва ваҳдати миллат, нишонаи нерўи созанда ва ҳисси беандозаи муҳаббат ба Ватан!

ҚАЛАНДАРИЁН Ҳоким Сафар,

доктори илмҳои филологӣ, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ

123Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011, дар яке аз суханрониҳои хеш ба муносибати рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд намудаанд: «Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор мерафтааст. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст».

Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад. Махсусан, дар ҳаёти мардуми эронинажод пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад.

«Парчам» вожаи суғдӣ («parčam») аст, ба маънии «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғажговро мегуфтанд, ки бар сари дирафш ё найза мебастанд». Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони форсӣ роҳ ёфта ва бо гузашти замон, бар ҳукми итлоқи ҷузъ бар кулл, бар худи дирафш низ гуфта шуд. Парчамро бо вожаҳои дирафш, алам, байрақ, ливо, роят ифода менамуданд.

Куҳантарин ишора дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи ориёиҳо дар «Авесто» омадааст. Чунончи, дар нахустин фаргарди «Видевдод» аз шаҳри Балх, ки пойтахти Кави Виштосп – пуштибониЗартушт буд, чунин ёд шудааст: «Baxδim sriram ərəδβō.drafša-», яъне «Балхи зебо бо дирафшҳои барафрошта». Ҳамчунин дар «Авесто» чанд бор ҳам аз «дирафши говпайкар» — «gaoš drafša-» ва «дирафшҳои душманони ориёиҳо» ёд шудааст.

Бархе аз пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки дирафшҳои ёдшуда дар «Авесто» монанд ба «Дирафши Ковиёнӣ» будаанд, ки басе дертар падид омадааст. Куҳантарин намуди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» будааст, ки онро «Ахтари Ковиёнӣ» низ хондаанд. Ин нуктаро Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ тасвир кардааст.

Парчами Хонигарии Бухоро, дертар Аморати Бухоро (то 1-уми сентябри соли 1920), баъдан Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро (аз 23-юми сентябри соли 1921 то 14-уми августи соли 1923 ва аз 11-уми октябри соли 1923 то 19-уми сентябри соли 1924) ҳар кадоме бо таҳрирҳои нав, ки рамзи асосиашон ҳилол ва ситора буд ва алифбои форсӣ (ب خ ش ج), яъне Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро навишта шуда буд, пайиҳам рӯйи кор омаданд.

Баъд аз он парчамҳои Тоҷикистон бо тақозои талабот ва сиёсати вақт давра ба давра иваз шудан гирифтанд, ки аслан аз парчами ИҶШС (СССР) гирифта шуда буданд.

Тоҷикистон 14-уми октябри соли 1924 чун Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ дар таркиби ҶШС Ӯзбекистон бунёд шуда, 16-уми октябри соли 1929 ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ва ба таркиби ИҶШС дохил шуд. Парчами ин давраи кишвар 23-юми феврали 1929 пазируфта шудааст.

Бо ҷумҳурии иттиҳодӣ шудани Тоҷикистон ва пазириши Қонуни асосии нав парчами он низ дигар шуд ва дирафши ин давраро 25-уми феврали соли 1931 сохтанд.

4-уми июли соли 1935 парчам дигаргун шуд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам ба забони русӣ навишта шуд.

Соли 1940 алифбо аз лотинӣ ба кириллии русӣ табдил дода шуд ва парчам низ дигаргун шуд. Ранги он сурх монд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии кириллии тоҷикӣ (РСС Тоҷикистон) ва кириллии русӣ (Таджикская ССР) навишта шуд. Дар болои номи ҷумҳурӣ нишонаи заррини “досу путк” нигошта шуд.

Парчами ҶШС Тоҷикистон, ки аз 20-уми марти соли 1953 то 9-уми сентябри соли 1991 вуҷуд дошт, порчаи сурхе буд ба андозаи 1:2, ки ду рахи сафед ва сабз дошт. Рахи сафед ду баробар паҳнтар аз рахи сабз буд. Ранги сафед рамзи пахтакорӣ, бунёди санъатии кишвар ва ранги сабз намояндаи дигар маҳсулоти кишоварзӣ буд.

То пазириши парчами кунунӣ, Тоҷикистон парчами пешинаи шӯравиашро, бо андак дигаргунӣ, бе ситораи панҷгӯша ва нишонаи коммунистии “досу путк” ба кор мебурд. Рангҳои парчам ба андозаи зерин буданд: 1:2 сурх, 1:5 сафед, 1:10 сабз, 1:5 сурх.

24-уми августи соли 1990 дар иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати 12-ум Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки банди 18-уми ин санад нахустин манбаи ҳуқуқии рамзҳои истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Парчам дар қатори Нишон ва Суруди миллӣ рамзи истиқлол ва муқаддасу дахлнопазир эътироф гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро эълон намуд ва баъди панҷ моҳ, 2 марти соли 1992 ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид. Узвият ба СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки парчами нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқи худро наёфта буд.

То санаи қабули нишон ва парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён меёфт. Дар озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешкаш карда шуд, ки ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус таҳти рохбарии академик Муҳамммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Ҳамаи барандагони озмун беҳтарин парчами миллӣ матои серангаро (матоъ бо се тасмаи рангаро) пешниход намуданд, ки ҳар як ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик буд.

Ҳамин тавр, комиссия ба кори худ бо интихоби лоиҳаи парчам ва нишони давлатие, ки аз ҷониби Ҳабибуллоев З., Заневский А., Додхудоева Л., Игнатушина Н. ва Сайдалиев М. пешниҳод шуда буд, нуқта гузошт. Авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод кард ва танҳо санаи 24-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардид. Дар ҳамон Иҷлосия «Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси он ба моддаҳои 169 ва 170 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Мувофиқи он «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлоли давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад».

Яъне заминаи таърихию ҳуқуқии ин ҷашн 24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои олӣ мебошад, ки дар он вақт қабулу расман тасдиқ карда шудааст. Қабули Парчам ба болоравии ҳисси миллӣ ва сатҳи худшиносии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд. Хусусан, дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, яъне замоне, ки мардуми мо ба эъмори давлати навини худ шурӯъ намуданд, парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши бағоят арзишманд бозид. Парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ дар он шабу рӯзҳои тақдирсоз тавонист, ки эҳсоси гарми ватандориро дар қалби ҳар як фарди кишвар бедор созад ва миллатро ба сӯи фардои ободу осуда раҳнамоӣ кунад. Мардуми шарифи кишвар таҳти Парчами давлатӣ раванди ободкориву созандагиро оғоз намуда, то ба имрӯз дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд ва ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони истиқлолият содиқона заҳмат кашида истодаанд.

6 ноябри соли 1994 Қонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3-и он Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб шуд.

Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007, № 254 Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардиданд ва тибқи он вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчам муайян гардид.

Сарбаландиву шукӯҳу ифтихорам парчам аст,

Рамзи кишвар, парфишонии диёрам парчам аст.

Аз замони Кова мерос аст парчам баҳри мо,

Як нишони ин диёри номдорам парчам аст.

Дар асоси боби 2, моддаҳои 5-6-и Қонуни мазкур тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.

Аз ҷумла, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл ба таври доимӣ афрохта мешавад: дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ; дар болои биное, ки ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҷлисҳои ҷамоати шаҳрак ва деҳот гузаронида мешаванд; дар толорҳои ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷаласаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, маҷлисҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ; дар утоқҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар биноҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд, утоқҳои кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои ҳарбӣ, раисони судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурорҳои нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои ҳарбии гарнизон, прокурорҳои назорат аз рӯи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ; дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ), гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои гумрукии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохтан мумкин аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд. Дар вақти афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парчами ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, паҳно ва баландии ин парчамҳо набояд аз паҳно ва баландии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон калон бошад. Ҳангоми дар як вақт афрохтани шумораи тоқи парчамҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мобайн ва дар мавриди афрохтани шумораи ҷуфти парчамҳо аз марказ дар тарафи чап ҷой дода мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар воситаҳои нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва ё шахсони дигар мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии раъйдиҳӣ; дар рӯзҳои ид ва ҳангоми баргузории чорабиниҳои тантанавӣ дар иншооту биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоиву маишии давлативу хусусӣ, биноҳои истиқоматӣ, ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо; ҳангоми эълони мотам ба таври мотамӣ: ба чӯбдаста (меҳвари фулузи)-и Парчам матои тасмашакли сиёҳ баста мешавад, ки нӯгҳои он бояд то қисми поёнии Парчам овезон бошанд, афрохта мешавад. Дар сурати ба чӯбдаста афрохтани Парчам ҳангоми мотам Парчам ба андозаи 1/3-и дарозии чӯбдаста хам карда мешавад. Дар вақти маросими мотами шаҳрванди фавтида (ҳалокгардида) аз рӯи эҳтироми ҳарбӣ, ки Оинномаи ҳарбӣ пешбинӣ намудааст, тобути марҳум бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшонида мешавад. Пас аз гӯронидан Парчами давлатӣ ба наздикони марҳум дода мешавад.

Тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва киштиҳое, ки дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд; дар асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматнок ва лотереяҳои пулию молии давлатӣ; дар нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ва вакили ҷамоат; дар нишони сарисинагии хизматчиёни давлатӣ; дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, хиёбонҳо, гулгаштҳо, лавҳаҳои телевизионӣ ва дигар нашрияҳои давлатӣ ҳамчун рамзи давлатӣ; дар аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад.

Бо ташаббуси Пешвои миллат дар таърихи 19 ноябри соли 2009, таҳти № 563 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" (3 ноябри соли 1995 № 98) қабул карда шуд, ки дар асоси он 24 ноябр - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иди корӣ ҷашн гирифта мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчам дар таърихи 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро “Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфтанд: “Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.

9-уми сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлоли давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 метр) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид. Пас аз ин санаи таърихӣ бунёди майдонҳои Парчам дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамчун иқдоми арҷгузорӣ ба ин рамзи давлат оғоз гардид.

Дар асоси моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Аз ин рӯ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар асоси моддаи 483(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 455 барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйинкарда мешавад.

Дар асоси моддаи 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 маи соли 1998, № 574 таҳқир кардани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

Имрӯз мо, шаҳрвандони кишвар бояд Парчами давлатиро ҳамчун нахустин нишони муқаддаси давлат, сулҳу субот қадр намоем. Чунки он рамзи ҳувият, давлатдорӣ, ягонагии халқҳои ин сарзамин аст. Парчам ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст, зеро парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Дар зимни ин гуфтаҳо манзумаи мазкурро ба диққати хонандагон вомегузорам, ки дар ситоиши Парчами миллию давлатии Тоҷикистон суруда шудааст:

Парчами давлат нишон аз Коваи оҳангар аст,

Ҳар нишоне, ки дар он бинӣ, бароям гавҳар аст.

Рангҳояш баҳри миллат рангҳои хуррамӣ,

Ранги сурх ин ҷонисорӣ, аз барои кишвар аст,

Дар сафедияш аён аст бахту иқболи сафед,

Тозаю озода қалбаш ҳамчу шири модар аст.

Хушрӯзӣ, сарбаландӣ, сарфарозии диёр,

Ранги сабзаш рамзи ободии ин баҳру бар аст.

Тоҷу ҳафт ахтар нишони мо зи тарихи куҳан,

Байни парчамҳои дигар аз ҳама болотар аст.

Дониёро, ин ливои дур(р)фишонро қадр кун.

Эҳтироми рамзи давлат эҳтироми кишвар аст.

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад – муовини директор оид ба илм ва таълими Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисто

( Эссе )

123123Зикраш равост, ки имрӯз Парчами давлатии мо дар баробари дигар рамзҳои миллӣ мақому мартабаеро дорост, ки боиси шарҳу баён ва дӯст доштан аст. Пар­чам рамзи озодӣ, садоқат, рафоқат, шаъну шараф ва таҷасс­умгари ифтихору ору номуси ватандорист. Мар­думи мо бо ин ифтихорот ҷилваи парчами сарба­фалаки хеш­ро рамзи ҳувияту огоҳии миллӣ дониста, ба ин рам­зи муқаддас шукронаву арҷгузорӣ доранд.

Замоне ниёкони мо онро чун рамзи ишора ба ҷое ва ҷамъ омадан ба коре истифода бурдаанд. Замоне чун рамзи мубориза алайҳи золимон онро Дирафши Ковиёнӣ хонда, бо зару зевар ҷило дода, мояи ифтихор донистаанд. Бо ин ҳама ҷаззобият онро бо вожаҳои асили қадимаи тоҷикӣ «парчаму дирафш» хондаанд, ки ин рамзи озодӣ ва давлатдории таърихии мо будааст. Муҳаббати бепоёни ориёӣ ба парчам чунон будааст, ки сулолаи Сосониён дар он нақши Мурғи Ҳуморо зардӯзӣ намуда, парчамро нишона ва рамзи муқаддаси аҷдодӣ донистаанд. Ҳатто андешаву дилбохтагӣ ба он сарварону паҳлавонони номварро водор намуда будааст, ки ҳар яке дирафши хоси худро дошта, ба шеваҳои гуногун онро «алам», «парчам», «байрақ» ва «ливо» низ мехонданд.

Парчами мо то замони истилои араб парафшонӣ дошта, бо амри таърих дар баробари дигар дороиҳоямон бо дасти бегонагон нопадид гардида буд. Аммо дар хоти­раи таърихии мардуми мо на танҳо парчаму дигар рамзҳо, балки таҷассуми нақши паррандаи заррин, Мурғи Ҳумо ҳамчун рамзи иқболу бахт ва покию озодагӣ то ҳанӯз ҳувайдост. Ҳукми таърих чунин буд, ки тоҷикон ба истилою ғорати муғул ва дигар қавмҳои хонабардӯши саҳроӣ рӯ ба рӯ буданд, аммо андешаи озодӣ ва истиқлоли хешро аз даст надодаанд. Он­ҳо бо забони илму маърифат ба рафтору кирдор ва анъанаҳои мардуми кӯчӣ ҳикмати маънӣ зада, муҳаб­бату садоқат омӯзонданд. Яъне, тавассути ақлу хирад бегонагонро мутеи ҳукми худ сохта, аз чӣ бошад, ки боз ба онҳо бовар кардаанд. Бале, ра­сида буд замоне, ки барои бегонагон дар қисмати ин минтақа номҳои Карону Шумону Курон вуҷуд доштанд, аммо ин номҳо ҳикмати дигаре низ доштанд. Афсӯс, саҳв ва айбҳои боварӣ ба бегона­гон дар ин сарзамин солҳо роиҷ буданд, вале касе парво надошт, ҳама беэътиноӣ мекарданд.

Ҳамин тавр, боз расид айёме, ки ниёгони мо ба ҳик­мати зиндагӣ назари дигар намуда, ба бегонагон мақому мартаба, илму маърифат ва замину ҳокимият низ инъом намуданд, ки оқибат шаҳди онро имрӯз мо мечашем. Куҷо шуд Девори бузурги Бухоро? Куҷо шуд Са­мар­қанди сайқали рӯи замин? Чунин сабақҳои таъ­рихӣ дар ин сарзамини аҷдодӣ то шикасти бузург­тарин қалъаҳои тоҷикон, ба монанди қалъаи Ямчуни Бадахшон, Вишгарди Файзобод, Ҳулбуки Хатлон, Қалъаи Муъминобод, Ҳисори шодмон, Карони Дарвоз, қалъаҳои Хуҷанду Кӯлоби бос­тонӣ давом кард. Аммо руҳияи мубориз ва ҷасорати ин мардуми озодихоҳро касе шикаста натавонист.

Мубо­ри­за боз чанд қарни дигар давом ёфт. Бозиҳои фит­на­­ангези таърихӣ то охири садаи ХХ-ум идома кард, ва­ле ин мардум ба фардои миллати хеш бо ан­дешаи қавӣ ва ору номуси ватандорӣ боварӣ дошт ва ниҳоят фай­зи насими истиқлол таровати тозаи ба­ҳорӣ овард. Боз тоҷик аз нав андешаву қудрат ва таво­ноии худро ҳу­вай­до карда, руҳияи шикастно­пазири хешро дар рамзҳои миллӣ ва амали давлатдорӣ таҷассум намуда тавонист.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда боз дар садди аввали асри ХХ1 фитнаҳои таърихии фалсафаи ноошноёни миллат боло гирифта, Самарқанду Бухорои аҷдодиро маркази тамаддуни туркон эълон карда, бузургони тоҷикро бо китобу ашъори мондагорашон моли худӣ донистанд. Албатта ин сабақҳои таърихӣ моро водор менамояд, ки аз таъсири чунин неруи нарми бегонагон огоҳ буда, боз ҳам қавитару руҳбаланду шуҷоатманд бошем. Бузургии миллати тоҷик дар он аст, ки бегонагон ҳамеша ба ақлу хирад, шоиру бузургони он ниёз доранд. Умуман, дар бисёр мароҳили таърихӣ халқи тоҷик дар минтақаи Осиёи Миёна мисли як ғизоле буд, ки бисёр қабилаҳои кӯчӣ дар пайи шикори сарзамину табиати биҳиштӣ ва обу дони он буданд.

Дарвоқеъ, Тоҷикистон ҷаннати рӯи замин ва зеботарин Ватани аҷдодии мост, ки замоне мардуми он зери таъқибу фишори носипосон қарор гирифта буд. Аммо файзи истиқлол ба машоми миллати мо насими боди озодиро ҳадя кард. Имрӯз бо ин ҳама соҳибхирадӣ ва истиқ­лол­хоҳӣ барои миллати мо замоне фаро расидааст, ки ифтихори Парчаму Нишон ва ҷасорати ҳимояи марзу буми Ватанро дошта бошем.

Ҳамин тавр, ифтихор аз Парчам ифтихор аз мил­лати куҳанбунёд буда, ҳамчун рамзи истиқлолу озодии миллати соҳибтамаддун боқӣ мондааст. Пас, ҳикмати парчами миллӣ эҳёи хотираи таърихӣ ва нишони соҳибдавлатию мустақилияти миллии тоҷик аст. Омӯ­зишу шинохти парчами миллӣ василаи пайдо намудани андешаву ҳувият ва устувории пояҳои давлати миллист.

Бояд зикр намуд, ки бо ин ҳама ифтихору имтиҳо­ни таърихӣ мо аз он шукрона дорем, ки Парчам имрӯз рамзи озодию худогоҳист ва он барои таҷассуми ис­тиқ­лол ва ваҳдату бунёдкорӣ заминаи бузурге эҷод кар­да метавонад. Боиси ифтихор аст, ки дар пойтахти азизи тоҷикон, шаҳри Душанбе, майдонҳои Парчами дав­латӣ ва Нишони давлатӣ ҳамчун рамзи таҷас­сумгари истиқлоли давлатӣ номгузорӣ шудаанд. Инчунин, бо ифтихор мегӯем: ҳар касеро ки фазилати ифтихор аз истиқлол ва ҳувияти миллӣ муяссар гардида бошад, ӯ фарзанди фарзонаи миллат аст. Парчами миллии мо нишо­наи пойдории давлату ҳувият ва эҳтироми он, эҳти­ро­ми миллати тоҷик ва Тоҷикистони азиз мебошад.

Муҳаммад Абдураҳмон-узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

(тақриз ба монографияи Сангинзода Д.Ш., Мансурӣ Ш.Ҷ., Маҳмашарифзода А.М. Ҳуқуқи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2025. – 344 с.)

123Монографияи мазкур нахустин пажуҳиши илмии ҳамаҷониба дар бораи ҳуқуқи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар заминаи таърихии рушди кишвари мо ҷойгоҳи хоса дорад. Аз нуқтаи назари таърихӣ Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлолӣ (9 сентябри соли 1991) марҳилаҳои мураккаби гузариш аз иқтисодиёти марказонидашуда ба иқтисоди бозории озодро аз сар гузаронида, ҳоло дар давраи нав – рақамикунонии иқтисод – қарор дорад. Монографияи муаллифон ин равандро аз ҷанбаи ҳуқуқӣ таҳлил карда, ба таърихи муосири Тоҷикистон саҳми арзишмандро гузоштаанд.

Мубрамияти мавзӯъ дар он аст, ки солҳои 2025-2030 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" эълон шуда, дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 зикр гардидааст, ки идомаи мантиқии ин сиёсати давлат аз Паёми соли 2018 оғоз ёфта буд. Дар он паём, Пешвои миллат ба вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ таъкид карда, аз нуқтаи назари таърихӣ, ин равандҳо ба таърихи рушди иқтисодии Тоҷикистон пайвастааст, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) ва барқарорсозии сулҳ, ҳоло ба марҳилаи навовариҳои технологӣ ворид мешавад. Монографияи муаллифон ин марҳилаи гузаришро бо таҳлили ҳуқуқӣ ғанӣ гардонида, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдоштаро нишон додаанд.

Муаллифон – Сангинзода Дониёр Шомаҳмад (доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор), Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода (номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент) ва Маҳмашарифзода Абдулло Маҳмашариф (унвонҷӯ) – ҳамчун мутахассисони соҳа, асарро дар ҳаҷми 344 саҳифа таҳия карда, нахустин пажуҳиши илмӣ дар ин самт мебошад, ки дар заминаи таҳлили назариявӣ ва амалӣ анҷом ёфтааст. Муаллифон мушкилоти ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ, аз қабили танзими савдои электронӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, киберамният ва идоракунии давлатии рақамиро баррасӣ карда, роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод намудаанд. Аз нуқтаи назари таърихӣ, ин асар ба таърихи ҳуқуқи Тоҷикистон навгонӣ меорад, зеро ҳуқуқи рақамӣ ҳамчун падидаи нав дар таърихи муосири кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст.

Сохтори монография хеле мантиқӣ ва ҳамаҷониба аст. Асар аз муқаддима оғоз ёфта, ба 12 боб тақсим шудааст, ки ҳар кадоме масъалаҳои мушаххасро фаро мегирад. Дар муқаддима муаллифон аҳаммияти иқтисоди рақамӣ дар идоракунии давлатӣ ва ҳукумати электрониро таъкид кардаанд, ки ин ба сиёсати давлатӣ, аз ҷумла Консепсияи иқтисоди рақамӣ (2019) ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 мувофиқ аст. Аз нуқтаи назари таърихӣ, ин санадҳо идомаи ислоҳоти иқтисодии солҳои 2000-ум ҳастанд, ки баъд аз барқарорсозии иқтисодиёт пас аз ҷанг оғоз шуда буд.

Дар боби 1, ки "Асосҳои ҳуқуқи иқтисоди рақамӣ" номгузорӣ шудааст, муаллифон моҳият ва мафҳуми иқтисоди рақамӣ, нақши ҳуқуқ дар он, манбаъҳо, принсипҳо ва хусусиятҳои миллиро баррасӣ кардаанд, ки аз ҷанбаи таърихӣ ҷолиб мебошанд, зеро муаллифон иқтисоди рақамиро ҳамчун марҳилаи нав дар таърихи иқтисодии Тоҷикистон муайян карда, ба паҳншавии интернет ва технологияҳои мобилӣ дар солҳои 2010-ум ишора намудаанд. Таҳлили қонунгузории миллӣ, аз ҷумла Қонуни ҶТ "Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ" (2018) ва Қонуни ҶТ "Дар бораи савдои электронӣ", бо таҷрибаи байналмилалӣ (ЮНСИТРАЛ, ЮНКТАД) муқоиса шудааст, ки ин навоварӣ мебошад.

Дар боби 2, ки "Маърифати рақамӣ" номгузорӣ шудааст, ба аҳаммияти маърифати рақамӣ дар замони муосир, таъсири он ба ҷомеа ва роҳҳои рушди он бахшида шудааст. Аз нуқтаи назари таърихӣ, маърифати рақамӣ ҳамчун идомаи маърифати миллӣ дар солҳои истиқлол дида мешавад, ки барои омодагии аҳолӣ ба тағйиротҳои технологӣ хело муҳим мебошад. Муаллифон пешниҳодҳои амалии худро барои рушди ҳуқуқи иқтисоди рақамӣ овардаанд, ки ба омӯзиши таърихии равандҳои иҷтимоӣ мувофиқанд.

Дар боби 3, ки "Мафҳум ва мавзуи ҳуқуқи иқтисоди рақамӣ" номгузорӣ шудааст, муаллифон мафҳум, мавзуъ, танзими муносибатҳо, объектҳо ва аҳаммияти ҳуқуқи рақамиро таҳлил кардаанд, ки ба таърихи ташаккули ҳуқуқи рақамӣ дар кишварҳои ИДМ ва ҷаҳон ишора мекунанд, Тоҷикистон низ дар ин замина ҷойгоҳи хоси худро доро мебошад. Таҳлили мушкилоти бастани шартномаҳои электронӣ ва ҳамгироӣ ба фазои рақамии ҷаҳонӣ, бо истинод ба Конвенсияи СММ оид ба паёмҳои электронӣ (2005), арзишманд аст.

Дар боби 4, ки "Танзими савдои электронӣ" номгузорӣ шудааст, ба мафҳум, қонунгузорӣ, шартномаҳо, ҳимояи истеъмолкунандагон ва таҳдидҳо бахшида мешавад, ки муаллифон рушди савдои электрониро дар Тоҷикистон аз солҳои 2010-ум баррасӣ карда, ба афзоиши талабот ба танзими ҳуқуқӣ таъкид намудаанд. Ин боб барои мутахассисони соҳаи иқтисод ва ҳуқуқ лозим мебошад, ки роҳҳои ҳалли мушкилоти амалиро пешниҳод кардаанд.

Дар боби 5, ки "Ҳифзи маълумоти шахсӣ" номгузорӣ шудааст, муаллифон мафҳум, асосҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқҳо, тартиби назорат ва ҳифзи таҳдидҳоро баррасӣ карда, аз нуқтаи назари таърихӣ, ҳифзи маълумот ҳамчун падидаи нав пас аз паҳншавии интернет дар солҳои 2000-ум, ки зуҳур кардааст бо қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ муқоиса кардаанд.

Дар боби 6, ки "Киберамният" номгузорӣ шудааст ба мафҳум, қонунгузорӣ, таҳдидҳо, воситаҳои ҳифз ва нақши давлат ба ин самт бахшида шудааст, ки афзоиши ҳамлаҳои киберӣ дар таърихи муосири Тоҷикистон (аз солҳои 2015-ум) мушоҳида мешавад. Муаллифон пешниҳодҳои амалӣ барои пешгирии таҳдидҳо овардаанд, ки ба сиёсати давлат мувофиқ мебошад.

Дар боби 7, ки "Пардохтҳои электронӣ" номгузорӣ шудааст, муаллифон мафҳум, танзим, воситаҳо, амният ва таҳдидҳои пардохтҳои электрониро таҳлил карда, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро аз ҷанбаи таърихиву ҳуқуқӣ баррасӣ мекунад.

Дар боби 8, ки "Танзими криптоактивҳо" номгузорӣ шудааст, ба мафҳум, вазъи ҳуқуқӣ, таҳдидҳо, имкониятҳо ва нақши байналмилалии криптоактивҳо бахшида шудааст. Аз нуқтаи назари таърихӣ криптоактивҳо ҳамчун падидаи нав (аз солҳои 2010-ум) дар Тоҷикистон омӯхта мешаванд ва муаллифон зарурати танзими ҳуқуқиро таъкид намудаанд.

Дар боби 9, ки "Зеҳни сунъӣ ва ҳуқуқ" номгузорӣ шудаааст, муаллифон мафҳум, танзим, масъулият, ахлоқ ва дурнамои зеҳни сунъиро баррасӣ карда, нишон додаанд, ки зеҳни сунъӣ ҳанӯз дар таърихи Тоҷикистон дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дорад, муаллифон ба таҷрибаи ҷаҳонӣ такя карда, навовариро дар асар ҷорӣ намудаанд.

Дар боби 10, ки "Ҳамкории байналмилалӣ дар иқтисоди рақамӣ" номгузорӣ шудааст, ба аҳаммият, созмонҳо, шартномаҳо, таҷрибаи хориҷӣ ва дурнамо бахшида шудааст, ки ҳамкории Тоҷикистонро бо созмонҳои байналмилалӣ (СММ, ИДМ) идомаи сиёсати хориҷии пас аз истиқлоли миллии мо мебошад.

Дар боби 11, ки "Идоракунии давлатии рақамӣ" номгузорӣ шудааст, муаллифон мафҳум, асосҳои ҳуқуқӣ, хизматрасониҳои электронӣ, таҳдидҳо ва дурнаморо таҳлил карда, Консепсияи ҳукумати электронӣ (2011) ва рушди идоракуниро аз ҷанбаи таърихӣ баррасӣ мекунанд.

Ниҳоят, дар боби 12, ки "Ахлоқ ва масъулият дар иқтисоди рақамӣ" номгузорӣ шудааст, ба мафҳум, масъулияти ҳуқуқӣ, таҳдидҳои ахлоқӣ, нақши таълим ва натиҷаҳо бахшида шуда, аҳаммияти ахлоқиро дар таърихи муосири ҷомеаи рақамӣ таъкид мекунад.

Навгонӣ ва арзиши илмии монография дар он зоҳир мегардад, ки муаллифон нахустин бор ҳуқуқи иқтисоди рақамиро дар заминаи таърихии Тоҷикистон таҳлил кардаанд. Асар бо истинодҳои зиёд ба адабиёти илмӣ (корҳои У.А. Меликов "Правовой режим объектов гражданских прав в Интернете" (2017), З.М. Майнусова дар бораи савдои фосилавии мол (2021), В.П. Талимончик оид ба танзими байналмилалӣ (2013), А. Абдуҷалилов дар бораи шартномаҳои интернетӣ (2024), М.А. Ермаков дар бораи савдои электронии Чин (2017) ва дигарон) ва санадҳои ҳуқуқӣ (Қонунҳои ҶТ, қарорҳои Ҳукумати ҶТ) ғанӣ аст. Аз нуқтаи назари таърихӣ, ин асар ба таърихи ҳуқуқи муосири Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад, зеро мушкилоти рақамиро бо равандҳои таърихӣ (аз гузариш ба иқтисоди бозоргонии озод пас аз истиқлол то ҳамгироӣ ба фазои рақамии ҷаҳонӣ имрӯз) пайваст мекунад. Муаллифон хусусиятҳои миллиро (фарҳанг, анъанаҳо, вазъи иқтисодӣ) бо таҷрибаи кишварҳои пешрафта (Чин, давлатҳои ИДМ) муқоиса карда, пешниҳодҳои амалӣ барои бартараф кардани монеаҳо (маҳдудияти инфрасохтор, камбудии кадрҳо, таҳдидҳои киберӣ) овардаанд. Ин таҳлилҳо на танҳо назариявӣ, балки амалӣ буда, ба рушди устувори иқтисодӣ ва пешгирии кибертаҳдидҳо мусоидат мекунад.

Аз ҷанбаи амалӣ монография барои донишҷӯён, унвонҷӯён, олимон, омӯзгорон ва мутахассисони мақомоти давлатӣ тавсия карда мешавад, ки ба омодагии мутахассисон барои фаъолият дар шароити "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" (2025-2030) мусоидат мекунад. Асар механизмҳои ҳуқуқии ҳифзи манфиатҳои миллӣ, афзоиши шаффофият дар идоракунӣ ва рушди навовариҳоро пешниҳод мекунад. Муаллифон зарурати такмили қонунгузорӣ, омӯзиши кадрҳои баландихтисос ва ҳамкории байналмилалиро таъкид карда, дурнамои Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешрафтаи рақамӣ то соли 2030 тасвир намудаанд. Ин асар на танҳо ба таҳкими заминаи ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ, балки ба амалисозии ҳадафҳои Стратегияи милии рушди Тоҷикистон саҳми беназир мегузорад.

Умедворам, ки монографияи мазкур ҳамчун манбаи асосӣ дар омӯзиши ҳуқуқи рақамӣ хизмат карда, ба рушди илми тоҷик ва амалии соҳа дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд. Он нахустин қадами муҳим дар ташаккули низоми ҳуқуқии муосири рақамӣ буда, барои наслҳои оянда роҳнамо хоҳад шуд.

ШИРИН ҚУРБОНОВА, сарходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих.

Ноябрь 17, 2025 16:20

wwwДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои миллати шарафманди тоҷик боиси сарфарозӣ мебошад, ки Пешвои маъруфу эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун сарвари сиёсии муваффақи ҷаҳонӣ шинохта шуда, мактаби давлатдориашон ҳамчун таҷрибаи нодир истифода мешавад. Ба назари мо чунин омилҳо боис шудаанд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти маъруфу маҳбуб гардидаанд:

Садоқат ба миллат ва истиқлоли Ватан. Аз таҷрибаи таърихи давлатдории башарият бармеояд, ки на ҳама сарварони сиёсӣ хизматгори шоистаи халқи худ буданд. Ҳамон сарвари сиёсие дар масири давлатдорӣ ва ҳукуматаш муваффақ шудааст, ки ирода ва манфиати мардумашро дар сиёсати хеш афзалу муҳим шуморидааст. На ҳама сарварони сиёсӣ мардумӣ ва иҷтимоӣ буданд. Омилҳои маҳбубияти Куруши Кабир, Яъқуб ибни Лайс ва Исмоили Сомонӣ маҳз дар мардумӣ будани онҳо зоҳир мешуд. Садоқатмандӣ ба халқи худ умри давлат ва ҳукуматро меафзояд. Ҳамон сарваре метавонад муваффақ шавад, ки пеш аз ҳама, ба истиқлоли давлатӣ арҷгузор бошаду ба мардумаш содиқ. Таҷрибаи 34 соли мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он дарак медиҳад, ки дар мадди аввал ҳомии истиқлоланду содиқ ба миллат. Аз рӯзҳои нахустини ба саҳнаи сиёсат ворид шудан дар меҳвари ҳадафҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таҳкими истиқлоли давлатӣ қарор дошт. Сарвари давлат хуб дарк намуда буданд, ки бе нигаҳдошт ва устувории истиқлоли давлатӣ ба ҳадафҳои дигари миллӣ расидан ғайриимкон аст. Истиқлоли миллӣ дар он ҳолат устувор мегардад, ки миллат ҳамчун манбаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардаду ҳуқуқу озодиҳои он дар назди мақомоти давлатӣ арзиши олӣ дошта ва кафолат дода шаванд. Пешвои миллат дар майдони сиёсат бо руҳи қавии миллӣ на танҳо вазъро ба эътидол оварда, ризоияти миллиро дар ҷомеа таъмин намуданд, балки дар эъмори давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва амалӣ сохтани сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳуриамон дар миқёси ҷаҳонӣ саҳми шоиста гузоштанд. Ҳама талошу заҳмат ва ҷонисориҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо барои ҳифзу гиромидошти манфиатҳои миллӣ, ки асосашро истиқлоли давлатӣ ташкил медод, равона шуда буд. Сарвари давлат савганд ёд намуда, гуфтанд: «…кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». Ин садоқату самимиятро дар раванди 34 соли мактаби давдатдориашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан ба таври барҷаста собит намуда истодаанд.

Ҷасорати миллӣ. Ҷасорат, мардонагӣ, гузашт, дурандешӣ, таҳаммулпазирӣ, такя ба халқ ва аз дарди халқ бохабар будан ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон доданд, ки истиқлоли воқеии давлатиро таъмин намоянд. Аз байни халқ баромадан ва ҳамеша бо халқ будан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро маҳбуб гардонид. Хизмати бузургу таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми шарафманди Тоҷикистон он аст, ки ин чеҳраи мондагор ва сиёсатмадори ҷасуру дурандеш дар шароити ҳассос ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ давлатдории тоҷикон ва бақои ин миллатро аз роҳи нестшавӣ ва парешонӣ ҳифз намуда, истиқлоли воқеии давлатиро таъмин намуданд. Бо ин хизмати бузургу сабтшаванда дар яке аз саҳифаҳои тиллоии таърихи миллат метавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли комил ва миллии Тоҷикистон номид. Пешвои миллат ба таври хеле хуб дарк карда буданд, ки дар он шароите, ки Тоҷикистон қарор гирифта буд, таърих ва сарнавишт барояш рисолати бузург, вале ниҳоят душвори бунёди давлати навини миллиро рӯёрӯ гузоштааст.

Дурандешӣ. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне зимоми сиёсати давлатиро ба дӯш гирифтанд, ки давлат танҳо дар рӯи қоғаз вуҷуд дошту дар амал бошад, ҳеҷ аркони собиту устувори давлатӣ вуҷуд надошт. Давлати соҳибистиқлол рукнҳои муҳиме, ба монанди Конститутсия, артиши миллӣ ва мақомоти мутамаркази ҳифзи ҳуқуқ надошт. Давлат аз лиҳози сиёсӣ пароканда буда, қувваҳои мухолиф дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ роҳҳои марказгурезиро пеш гирифта, ҳатто баъзеашон ҳадафи тақсим намудани Тоҷикистонро пеш гирифта буданд. Хатари ба тамомияти арзии ҷумҳурӣ таҳдидкунандаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назар гирифта, дар раванди иҷлосия қарорҳое қабул намуданд, ки дар ҳифзи якпорчагии Ватан ва истиқлоли комили давлатӣ аҳамияти муҳим доштанд. Муҳимтарин хизмати Роҳбари давлат, ки ифодагари дурандешӣ ва хирдамандиашон мебошад, ин роҳи дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтан буд. Маҳз ҳамин роҳ боис шуд, ки Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мутамаддин эътироф ва шинохта шуд.

Таҳкими робита бо халқ ва дарки ниёзу мушкилоти ӯ. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан Сарвари давлат ҳаққи табиии халқро эҳтиром гузошта, таъкид намуданд, ки «халқи Тоҷикистон худ роҳи фардои идораи давлатро муқаррар мекунад». Пешвои миллат ҳаққи худмуайянкунии халқро эҳтиром гузошта, ҷонибдорӣ аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ намуданд. Сониян ҳамчун роҳбари демократ иродаи шахсиашонро ба иродаи мардум пайвастанд. Хишти аввали бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро бо пешниҳоди ҳаққи худмуайянкунӣ ва худфаъолшавӣ ба халқ тарҳрезӣ намуданд. Халқи Тоҷикистон ба шоҳроҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ думболи мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ баромад. Расидан ба ин мақсадҳои олӣ вақтро тақозо менамояд, зеро ин раванд аст ва он пайваста дар идома мебошад. Муҳим он аст, ки раванд оғоз шудааст. Ҳамчунин ташрифи Сарвари давлат ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, ки ба ҳукми анъана даромадааст, нишоне аз мардумӣ буданашон аст.

Ворид будан ба сиёсати бузурги ҷаҳонӣ. Сиёсатмадори бузург будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир шуд, ки тавонистанд бо абарқудратҳо ва давлатҳои минтақа тавозуни манфиатҳоро барқарор намоянд ва сиёсати мустақилона ва мусбатро пеш баранд. Хусусан, дар давраи ҷаҳонисозӣ, ки ҳифзи асолати миллӣ дар ҷабҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кори осон нест. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардида, бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибат ба роҳ мондааст. Ҳамчунин давоми 34 соли истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо зиёда аз 70 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондааст. Имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ эътироф гардидааст. Ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар роҳи муборизаи самаранок бар зидди терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳалли масъалаҳои экологӣ ва махсусан, бо оби тоза таъмин намудани сокинони сайёра аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш қабул гардиданд. Маҳз баромадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҷумҳурии моро дар сатҳи ҷаҳонӣ чун субъекти мустақил ва ташаббускор муаррифӣ ва маъмул гардонид.

Ҳимояи мақом ва манфиатҳои давлатӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун сарвари сиёсии дар сатҳи ҷаҳон эътирофшуда мақом ва ҷойгоҳи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро тавассути ташаббусҳои башардӯстонаашон устувор намуданд. Дар меҳвари сиёсати хориҷии Сарвари давлат ҳимояи манфиатҳои миллӣ қарор дошта, барои таҳкими мақоми ҷумҳурӣ корҳои мондагореро амалӣ намуданд. Таъмини истиқлоли комили давлатӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои самаранок бо созмону ташкилоти минтақавию ҷаҳонӣ, густариши равобити дипломатӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ, мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуби замон, махсусан терроризму экстремизм ва амсоли ин аз ҷумлаи ташаббусҳои Пешвои миллат барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебошад.

Ифтихори миллӣ. Бе муболиға, барои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Сарвари давлат, балки ҳамчун шахсияти арҷгузор ба таъриху фарҳанги миллӣ, гиромидошти шахсиятҳои номвари миллат ва эҳёи суннатҳои мардумию фарҳанги миллӣ, ҳам дар сатҳи дохилӣ ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ корҳои бениҳоят зиёдеро ба сомон расонида истодаанд. Таҷлили бузургдошти воқеаҳои муҳими таърихӣ-фарҳангӣ, аз қабили 1100-солагии давлати Сомониён (1999), 680 ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1995 ва 2015), 675 ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ (1996 ва 2020), 2700-солагии китоби «Авасто» (2001), 90-солагии Мирзо Турсунзода (2001), 2500-солагии шаҳри Истаравшан (2002), 1000-солагии Носири Хусрав (2004), 1125-солагии Абӯалӣ ибни Сино (2005), Соли тамаддуни ориёӣ (2006), 2700-солагии Кӯлоб (2006), 800-солагии Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 3000-солагии Ҳисор (2009), 100-солагии Бобоҷон Ғафуров (2009), 1310-солагии Имоми Аъзам (2009), 110-солагии Сайидалӣ Вализода (2010), 130-солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ (2012), 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ (2014), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150-солагии Нақибхон Туғрал (2015), 1150-солагии Закариёи Розӣ (2016), 100-солагии Ғаффор Валаматзода (2016), 100-солагии Муҳаммад Осимӣ (2020), 5500-солагии Саразм (2020) ва ғайра дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ далели равшани ин гуфтаҳост. Ҳамаи ин ҷашнҳо бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳомати бағоят бузург баргузор гардиданд. Яке аз нишондиҳандаҳои асосии сиёсати хирадмандонаву фарҳангдӯстонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ҷашн гирифтани «Соли тамаддуни ориёӣ» ва аз тарафи ЮНЕСКО ҷашн гирифтани 2700-солагии китоби муқаддаси ниёконамон «Авасто» мебошад. Таҷлили бошукуҳи солгарди тамаддуни ориёӣ дар соли 2006 ва китоби «Авасто» ва дар ин замина таҳқиқ шудани он аз тарафи олимону донишмандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чун мероси хаттии умумибашарӣ шаҳодати тамаддуни бостониасоси тоҷикон мебошад.

Тарбияи насли наврас ва ҷавон дар руҳияи худшиносии миллӣ. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки миллати тоҷик ҳамеша соҳиби китоб будааст ва фарҳанги он аз давраҳои қадим ба хат ва китоб пайванди ногусастанӣ доштааст. Яке аз сабабҳои асосии боқӣ мондани миллати тоҷик ҳамин забон будааст, ки дар қаламрави бузурге доман паҳн карда буд. Бесабаб нест, ки яке аз ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Тоҷикистон солҳои охир дар бораи баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад. Он маҳз ба бедор кардани шавқи кӯдакон ва ҷавонон ба мутолиаи осори беҳтарини адабии халқи тоҷик ва адабиёти ҷаҳонӣ равона гардидааст. Мақсади он босаводкунии саросарӣ, касби донишҳои нав аз роҳи мутолиаи осори назмию насрӣ ва шифоҳии мардум мебошад. Озмунҳои дигар, аз ҷумла «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва ғайра ба боло бурдани сатҳи худогоҳии миллии насли наврас ва дар руҳияи ватандӯстӣ, донишандӯзӣ, меҳру муҳаббат ба илму маърифат ва ҳифзи анъанаҳои асили аҷдодӣ равона шудаанд.

Маҳз сиёсати дурандешона ва хирдамандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки миллати тоҷик дар масири бунёди давлати мутамаддин муваффақ шаваду истиқлоли комилашро ҳифз намояд. Бо назардошти таҳлилу баррасии таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз бо боварии хосса метавон гуфт, ки асосгузори истиқлоли воқеии Тоҷикистон маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Бознашр аз сомонаи АМИТ "Ховар" https://khovar.tj/2025/11/emomal-ra-mon-peshvoi-so-ibmaktab-va-siyosatmadori-a-on-e-do-ba-r-zi-prezidenti-to-ikiston/

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА, президенти Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон, академик

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Конфронси дуюми байналмилилии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал”Об барои рушди устувор, 2018 – 2028” – моҳи июни соли гузашта (2024) дар шаҳри Душанбе изҳор намуданд: “Тоҷикистон аз гармшавии глобалӣ садҳо миллион доллар зарар дидааст. Ба андешаи сарвари давлат, тағйироти иқлим ва оқибатҳои он ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҳисороти ҳангуфт меоранд, зеро Тоҷикистон давлати кӯҳистони буда, пиряхҳои зиёд дорад. Дар натиҷаи ин раванд, афзоиши бесобиқаи обхезӣ, селҳои пиряхӣ, хушксолӣ фа дигар офатҳои табии мушоҳида мешаванд. Тайи чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон беш аз як ҳазор пирях об шуда, пиряхи калонтарини дунё дар хушкӣ – Федченко, ки дар мамлакати мо ҷойгир аст аз лиҳози ҳаҷм 16 километри мукааб ва аз лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидааст”.[5]

Маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77 – уми худ Қатъномаи “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пияхҳо”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард.[6] Ҷои ифтихор аст, ки ин ташаббусро ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд 153 далаҳои аъзои СММ тарафдори намуданд. Дар ҳамин асос 21 март ҳмчун рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд . Ҳамзамон қарори дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе низ қабул гардид.

Сиёсати ҳифзи пиряхҳо тадбирҳои гуногуни сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва байналмилалиро дар бар мегирад, ки ба ҳифзи ин захираҳои табии аз ҷиҳати стратегӣ муҳим нигаронида шуда тадобир ва чорабиниҳои мухталифи миллӣ ва байналмилалиро дар бар мегирад .

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои обу экология, пешбари рӯзномаи ҷаҳонии об ва ҳамкори бо Созмони Милали Муттаҳид баланд арзёби намуда ҳамаи чорабиниҳои дар самти обу иқлим то индам баргузоршударо ҳамчун “Раванди Душанбе оид ба масоили марбут ба об” ё ҳамчун “Раванди оби Душанбе” эътироф намудааст, ки воқеан дастоварди дигари Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.

Мусаллам аст, ки обрӯю нуфуз ва мавқеи устувори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ, дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандонаву ҳусни ҳамҷавории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз эътироф кардааст, ки Пешвои миллати тоҷикон ташаббускори шаш иқдоми бузург: “Соли байналмилалии оби тоза” (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005 – 2015), “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018 – 2028), Соли ҳифзи пиряхҳо (2025) ва эълони 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ мегарданд ва ҳар яки он барои аҳли башар ҳаётан муҳим ба шумор меравад “.[4]

Дар асоси гуфтаҳои боло чунин қазоват намудан мумкин аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дар сатҳи мушкилотҳои глобалӣ меандешанд. Тадбирандешиҳои хирадмандонаи Пешвои миллат дар масъалаҳои бунёдии ҷомеаи ҷаҳон нигаронида шуда характери стратегӣ доранд ва барои раҳои ёфтани бани башар аз мушкилотҳои обу иқлиму экология нигаронида шудаанд.[1]

Дар таърихи 13 августи соли 2024 дар Иҷлосияи 78 – уми Маҷмаи умумии Созмони милали Муттаҳид қаътномаи “ Даҳсолаи амал барои илмҳои кросфера , солҳои 2025 – 2034” қабул гардид.. Ин иқдом ташаббуси шашуми ҷаҳонии Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар ҳамкори бо Ҷумҳурии Фаронса пешбари гардидааст.

Зеро ба андозаи 1,5 дараҷа афзудани ҳарорати ҳавои назди заминӣ, яъне гармшавии глобалии иқлим, олимону коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки ҳадди ақал нисфи пиряхҳои имрӯза то соли 2100 аз байн мераванд . Вақти он расидааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣба масъалаи босуръат обшавии пиряхҳо, камшавии яхбандиҳои доимӣ ва оқибатҳои хатарзои он тадбирандеши намояд. Раванди таъғирёбии иқлим бо пайомадҳои ногувори дигар ба мисли гармшавии глобалии иқлим, афзудани партоби газҳои гулхонаӣ алоқамандии бевосита дорад. Бе кӯшишҳои дастҷамъонаи давлатҳои Осиёи Марказӣ имкони коҳиш додани гармшавии иқлим, кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба фазои атмосферӣ, пешгири аз раванди обшавии босуръати пиряхҳо ва камшавии майдони яхбандиҳои доимиро надоранд.

Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 3.4. дипломатияи ҳамкори дар соҳаи об номгузорӣ шудааст ва ин махсусият ҷиҳати фарқкунандаи санади мазкур аз дигар Консепсияҳои сиёсати хориҷии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба давлатҳои минтақа мавзуи обу иқлим яке аз масъалаҳои ҳассос ба шумор меравад. Ин масъала ба таъмини амнияту суботи минтақа пайвастагии бевосита дорад. Аз ин рӯ куллӣ давлатҳои Осиёи Марказӣ муҳимияти масъаларо дарк намуда баҳри ҳалли масъалаҳои обу иқлим ва мушкилоти дигари экологӣ майл ба ҳамкории густурда доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Президенти кишвар дар арсаи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ба мушкилотҳои вобаста ба обу иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва дигар муамоҳои экологӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад. Далели гуфтаҳои боло ташабусҳои байналмилалии Пешвои миллат, дар самти об, ки бо қтъномаҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид қабул шудаанд ба ҳисоб мераванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилотҳои иқлимию экологии глобалиро бисёр жарф дарк намуда, таҳдиду хатарҳои гармшавии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳоро таҳдид ба тамоми давлатҳо ва миллатҳо медонад. Пешвои миллат масъалаҳоеро барои ёфтани роҳи ҳал ба ҷомеаи ҷаҳони пешниҳод менамоянд, ки дар ҳақиқат бунёдианд ва танҳо дар ҳолати кушишҳои дастҷамъона ва ҳамагонӣ, андешидани чораҳои муассир ҳалли худро меёбанд.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаи обу экология, пешбари рӯзномаи ҷаҳонии об ва ҳамкори бо Созмони Милали Муттаҳид баланд арзёби намуда ҳамаи чорабиниҳои дар самти обу иқлим то индам баргузоршударо ҳамчун “Раванди Душанбе оид ба масоили марбут ба об” ё ҳамчун “Раванди Душанбе” эътироф намудааст, ки воқеан дастоварди дигари Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.[2]

Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳолати воқеиро оид ба омӯзиши пиряхҳо, ки яке аз масъалаи калидӣ дар ҳалли масоили марбут ба об мебошад, ба инобат гирифта, дар асоси сиёсати созандаю бунёдкоронаи худ ва ҳамзамон таҳлили амиқи ҳаматарафа дар Паёми навбатиашон ба Парлумони мамлакат соли 2017 супориш дода буданд, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон махсус як Муассисаи давлатии илмии ”Маркази омӯзиши пиряхҳо‛ ташкил карда шавад, ки он бояд бо усулҳои муосири инноватсионӣ таҳқиқотҳои бунёдӣ анҷом диҳад.

Ниҳоятан, хушбахтона дар таърихи 23-юми апрели соли 2018 чунин як ниҳоди бениҳоят муҳимму зарурӣ дар тобеияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба кор оғоз кард.[3]

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни давлатҳои дигари ҷаҳон яке аз кишварҳоест, ки Президенти муҳтарами он Эмомалӣ Раҳмон нахустин шуда 3.01.2024, таҳти рақами №2026 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо” имзо гузоштанд. Ин санади ҳуқуқӣ аввалин қонунест, дар Осиёи Марказӣ ба таври мушахас ва мустақил ба масъалаи пиряхҳо бахшида шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз 1 декабри соли 2001 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор қабул карда буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои таъмини об ва беҳтар намудани шароити санитарии аҳолӣ аҳамияти махсус медиҳад. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 – юми декабри соли 2006, №514 «Барнома оид ба беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тоза барои солҳои 2008-2020» қабул карда шуд. Пиряхҳо як қисми криосфера буда тули таърих, давоми ҳазорсолаҳо дар самти таъмини оби ошомиданӣ ва оби кишоварзӣ ба инсоният хизмат намудаанд. Гармшавии иқлим пайомадҳои манфие аз қабили обшавии босуръати пиряхҳоро дорад, ки барои Осиёи Марказӣ оқибатҳои хисоротовари экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд меоварад. Аз назари гидрологӣ минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳолати табии пиряхҳо вобастагии амиқи экологӣ дорад. Зиёда аз 60% захираҳои оби минтақа аз куҳҳои Тоҷикистон маншаъ мегирад. Бино ба маълумоти олимон ва ташкилотҳои байналмилалӣ пиряхҳои Тоҷикистон дар 50 соли охир 30% ҳаҷми худро аз даст додаанд. Ин раванд боиси дигар шудани реҷаи обтақсимкуни, коҳиши захираҳои оби ошомиданӣ, афзоиши хатарҳои табии ва мушкилотҳои кишоварзӣ ва соҳаи барқ мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон кайҳост, ки ба сифати як давлати ташаббускори самти обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст. Ҳоло ташабусҳои Тоҷикистон: Соли байнаомилалии оби тоза(2003), Даҳсолаи байналмилалии амал”Об барои ҳаёт”(2005 – 2015), Даҳсолаи байналмилалии амал”Об барои рушди устувор”(2018 – 2028), Конфронсҳои сатҳи баланди Душанбе оид ба масоили об (2003, 2010, 2015, 2022, 2025) саҳми фаъолонаи Тоҷикистонро дар ҳамкориҳои минтақавӣ доир ба масъалаи обу пиряхҳо нишон медиҳад.

Гузашта аз ин соли 2022 бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 мартро ҳамчун рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пазируфт. Ин амалкарди Тоҷикистон таваҷҷуҳи давлатҳои ҷаҳон , ташкилотҳои байналмилалии сиёсию иқтисодиро ба ҳифзи пиряхҳо ҷалб намуд. Мушоҳидаю тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки аз нимаи дуюми асри XX то ҳол ҳавои ҷумҳурӣ 1.5 дараҷа гармтар шудааст ва ин раванд майл Бо назардошти чунин омилҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мутобиқшави ба таъғирёбии иқлим ва барномаҳои рушди устувор таваҷҷуҳи зиёд зоҳир манамояд. Зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо Стратегияи миллӣ оид ба таъғирёбии иқлим(2017 -2030), Барномаи давлатии ҳифзи муҳити зист, ки ба барқароршавии муҳити табии, нигоҳдошти манбаҳои об ва мусоидати мутобиқшавӣ нигаронида шудааст, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, ки ба ҷалби маблағгузорӣ ва харидори намудани технологияи пешқадами замонавӣ барои ҳифзи пиряхҳо ёрии моди ва техники мерасонанд, роҳандози гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар самти мудирияти муштараки захираҳои обию пешгирии таъғирёбии иқлим ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст. Тавассути ташаббусҳои обу пиряхҳо Тоҷикистон мавқеи минтақавию байналмилалии худро ба сифати давлати ҳимоятгари захираҳои табиӣ устувор гардонидаҳамчун кишвари ҳимояткунандаи масъалаҳои обу иқлим дар арсаи глобалӣ эътироф гардидааст.

Моҳи сентябри соли 2023 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе нахустин Форуми байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Дар он намояндагони зиёда аз 40 кишвари дунё, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, олимон, мутахассисони соҳаи пиряхшиносӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Ҳадафи асосии форум – ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти обшавии пиряхҳо дар заминаи тағйирёбии иқлим, таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ, мубодилаи таҷриба ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳифзи пиряхҳо буд .

Дар таърихи 29 – 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо барпо гардид. Ин Конфронс чорабинии бисёр муҳими сатҳи ҷаҳонӣ буд, ки бо ташаббуси кишвари мо ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Умумиҷаҳонии Метеорологӣ(WMO), Бонки Рушди Осиё роҳандозӣ гардида буд. Конфронси сатҳи баланд ба сифати минбари баланди байналмилалӣ баҳри пешрафти ҳамкориҳои илмӣ, сиёсӣ ва молиявӣ дар роҳи ҳифзи пиряхҳо мусоидат менамояд. Ин чорабинӣ як навъ дастгирии қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милалӣ Муттаҳид ва Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (2025 – 2034) низ ба шумор меравад ба зиёдшавӣ дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегия рушди “иқтисоди сабз” барои солҳои 2023 – 2037 қабул карда шуд, ки мувофиқи он сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ ва офтоби пешбини шудаанд. Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” амалӣ намудани принсипҳои “иқтисоди сабз” дар соҳаи кишоварзӣ, рушди “нақлиёти сабз”, амалисозии ин принсипҳо дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, рушди сайёҳии экологӣ пешбини гардидааст.

Рушди иқтисоди «сабз»-ро Президенти Тоҷикистон ҳамчун роҳи мубориза бо истифодаи самараноки партовҳои истеҳсолӣ, тағйирёбии иқлими сайёра ва самтҳои ояндаи баромадан аз буҳрони ҷаҳонии молиявӣ-иқтисодӣ изҳор доштанд...мо ният дорем, ки то соли 2032 истеҳсоли энергияро дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаҳои таҷдидшаванда ба роҳ монда, то сли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили ҳифзи муҳити зист, пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо бештар аз 55 маротиба масъалагузорӣ намудааст. Ҳолати имрӯзаи экологии минтақа талаб менамояд, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаи ҳифзу нигаҳдории пиряхҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 20 соли охир дар масъалаи ҳифзи муҳити зист, пешгирӣ аз обшавии пиряхҳо яке аз давлатҳои пешсафи ташаббускор ба шумор меравад.

Зубайдулло ДАВЛАТОВ, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Адабиёт

1. Давлатов З.А., Пиряхҳо ва масоили таъмини об дар сатҳи ҷаҳонӣ//Эмомали Раҳмон – ташаббускори ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ. Маҷммуаи маърӯзаҳои конференсияи илмӣ - амалӣ Зери таҳрири умумии Ҳайдарзода Р.Ҷ – Душанбе: ҶДММ” Фаридунзода”.-2025. – 288с.-саҳ.-171

2. Давлатов З.А.,Ташаббуси панҷуми Пешвои миллат: қадам ба сӯи ҳифзи сарчашмаи ҳаёт. Маҷаллаи Осиё ва Аврупо.,Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи милии илмҳои Тоҷикистон №2(22), 2025.- саҳ.-108

3. Қаюмов А.,Пешсафии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифз ва омӯзиши пиряхҳо., Густариши ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи амнияти об. – Маводи конференсияи байналмилалӣ., Душанбе,”Аршам”, 2024,- 380 с.- саҳ-44

4. Сироҷидин Муҳриддин., Пешвои миллат иқдомоти сатҳи ҷаҳонӣ //”Ховар”.

5. Эмомали Раҳмон¬ – ташаббускори ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ. Маҷммуаи маърӯзаҳои конференсияи илмӣ - амалӣ //Зери таҳрири умумии Ҳайдарзода Р.Ҷ – Душанбе:ҶДММ”Фаридунзода”.-2025. – 288с.-саҳ.-10

6. 2025 – СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО: ТАҲЛИЛИ ҲУҚУҚИИ ТАШАББУСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚӢhttps://amit.tj/tj/2025-soli-baynalmilalii-khifzi-piryakhkho-takhlili-khukukii-tashabbusi-baynalmilalii-tochikiston-va?page=64

312312324 ноября народ Таджикистана с чувством глубокой гордости отмечает День Государственного флага Республики Таджикистан - праздник, символизирующий независимость, честь и сплочённость нации.

Государственный флаг - это священный символ суверенитета и единства, отражение истории, культуры и духовных ценностей таджикского народа. В нём заключены идея свободы, стремление к прогрессу и вера в светлое будущее страны.

Государственный флаг Республики Таджикистан был утверждён 24 ноября 1992 года на XVI сессии Верховного Совета в городе Худжанд - сессии, которая открыла новую страницу в истории страны.

Как неоднократно подчёркивал Основатель мира и национального единства - Лидер нации, Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон, «Государственный флаг - это не просто символ, это честь и достоинство каждого гражданина, воплощение суверенитета и вечного стремления народа к независимости».

Для таджикского народа Государственный флаг является священным символом, объединяющим всех граждан страны независимо от национальности, вероисповедания и социального положения.

Под этим флагом народ Таджикистана прошёл трудный путь от испытаний гражданской войны к миру, стабильности и процветанию. Под этим же флагом закладывались основы современного государства, укреплялась экономика, развивалась наука и культура, формировались новые поколения патриотов и созидателей.

Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон неоднократно подчёркивал, что уважение к государственным символам - это проявление любви к Родине, к её истории и будущему.

«Каждый гражданин, особенно молодое поколение, должно бережно относиться к национальным святыням. Поднять государственный флаг - значит поднять честь и достоинство нации», - отмечает Президент страны.

Особое внимание Лидер нации уделяет воспитанию молодёжи как будущего и опоры независимого Таджикистана.

«Я всегда с гордостью говорю, что молодёжь - это движущая сила нашего государства, созидатель будущего, хранитель национальных традиций и чести Родины», - подчёркивает уважаемый Эмомали Рахмон.

Молодое поколение Таджикистана сегодня активно участвует в научных, образовательных и культурных процессах, демонстрируя высокий уровень патриотизма и стремление к знаниям. Созданы все условия для раскрытия талантов, получения качественного образования, внедрения инноваций и реализации интеллектуального потенциала молодёжи в развитии страны.

В своих выступлениях Лидер нации неоднократно подчёркивал, что наука и образование являются важнейшими факторами устойчивого развития государства.

«Без науки, без знания, без исследовательского духа невозможно построить сильное государство и обеспечить прогресс общества», - говорит Президент Таджикистана.

Учёные, исследователи, педагоги - это интеллектуальный капитал нации. Именно благодаря их труду формируется научно-технический потенциал страны, развивается инновационная экономика и повышается международный престиж Таджикистана. Сегодня в рамках стратегических программ и национальных инициатив активно поддерживаются молодые учёные, проводятся гранты и конференции, создаются исследовательские центры и лаборатории.

День Государственного флага объединяет всех граждан страны под символом мира и созидания. Это праздник, который укрепляет чувство национального достоинства, сплочённости и ответственности перед Родиной.

В этот день по всей стране проходят торжественные мероприятия, научные конференции, спортивные соревнования и культурные акции. Молодёжь с гордостью поднимает государственный флаг на площадях, в школах, университетах и научных учреждениях, выражая преданность своей стране и уважение к её символам.

Государственный флаг - это не просто атрибут государства, это душа и гордость нации, отражение её истории, культуры и стремления к совершенству.

Под мудрым руководством Основателя мира и национального единства - Лидера нации, Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона, Таджикистан уверенно движется по пути созидания, прогресса и независимости.

Пусть в каждом сердце живёт гордость за Родину и её флаг, а молодёжь и учёные - с верой, трудом и знанием - поднимают имя Таджикистана всё выше на международной арене.

Аминова Нигора.Аминовна., к. т. н., зав. Лабораторией «Материаловедения» ГНУ «Институт химии В. И. Никитина НАНТ»

Ҳар кишваре барои шиносонидани худ нишону парчам дорад. Парчами миллӣ бар асосӣ анъанаҳои некӣ давлатдории ниёгон тартиб дода шуда, орзуву армони дирузу имрӯз ва ояндаи мардуми тоҷикро таҷассум менамояд. Парчами миллии Тоҷикистон соли 1992 дар ҷараёни Иҷлосияи 16 – и Шӯрои Олӣ тасдиқ шуд. Аз соли 2009 инҷониб 24 – ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Парчами миллии Тоҷикистон аз се ранг иборат буда, ҳар як ранг маънои хосеро доро аст.

Ранги сурх – маънои мубориза ва ҷоннисоркуниҳои халқи тоҷик барои озодии давлату миллат ва истиқлолият аст. Он таърихи пурмоҷарои миллати тоҷик бо талош ва фидокориҳо ба истиқлолият ва ҳифзи ваҳдат расиданашро ифода менамояд. Ранги сурх нишондиҳандаи нерӯи ҷисмонӣ, иродаи қавӣ, қаҳрамониҳои миллат ва мубориза бурдан барои зиндагии беҳтар қадамҳои устувор гузоштанаш аст. Боз як маънои дигари ранги сурх ин сурхии рухи модарон аст, ки у низ ба мисли Ватан ғамхори мост.

Ранги сафед - рамзи сулҳ, бахту иқболи сафед, покӣ, равшанӣ, поктинатӣ ва покизагиро мефаҳмонад. Сафед ин ранг ба хусус ба соҳаи кишоварзӣ, пахтакорӣ ишора мекунад, ки як бахши иқтисодиёти кишвар аст. Пахта бойгари ва сарвати бузурги Тоҷикистон, ки мардуми тоҷик дар соҳаи истеҳсолот саҳми худро гузошта истодааст.

Ранги сабз - рамзи ҳаёт, табиат, сарзабзиву сарбаландии мардуми тоҷик, заҳмату меҳнат ва саъю кӯшиши сокинон баҳри сабзу хуррам, ободу зебо гардонидани Ватанӣ азизи худ аст. Сабз инчунин рамзи баҳор, ҷавонӣ, шукуфоӣ, шодоби зиндагонӣ ва баёнгари табиати зебои кишварамон Тоҷикистон аст. Чор фасли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ҳама сабзу хуррам ба монанди баҳор доимо гулгулшукуфон гашта истодааст.

Дар маркази ранги сафеди парчам як тоҷу ҳафт ситора ба шакли нимдоира ҷойгир аст. Тоҷ ин рамзи соҳибистиқлолии мардуми тоҷик мебошад ва ҳафт ситора рамзи хушбахтӣ, саодат ва камолоти миллат аст.

"Парчами миллӣ ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷиллои ранги худ инъикос намудааст". Қабули парчами давлатӣ дар давраи бениҳоят ҳассоси таърихи давлати тоза истиқлоламон ба мардуми мо тавону қувваи нав бахшид ва онҳоро муттаҳид сохт, ки таҳти парафшони маҳз ҳамин парчами давлатӣ сохти конститутсиониро ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намуд.

Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатдории мо бо се ранги худ баёнгари увият, таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далели возеҳи соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо мебошад. Парчами давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз се нишонаҳои муҳими давлатдорӣ маҳсуб мешавад. Он Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ менамояд.

Бо дастури Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 - сентяри соли 2011 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳр баландтарин парчам дар ҷаҳон гузошта шуд. Он 165 метр баландӣ, 60 метр дарозӣ ва 30 метр паҳнои дошта ба китоби рекордҳои Гиннес шомил гаштааст. Ҳамин тавр дар вилояти Суғд, шаҳри Хоруғ ва Кӯлоб парчамҳои баландқомат гузоштаанд. Моҳи октябри соли 2016 вакилони маҷлиси намояндагон ва шаҳрвандон иҷозат додаанд, то дар боғча, мактаб, донишкадаҳо, корхонаю фарикаҳо ва манзилҳои зисти худ парчами миллиро насб намоянд. Инчунин парчамро дар конфересияҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои фаҳангӣ, идҳои миллӣ ва ҳамчун рамзи сулҳ ва дӯстии тоҷикон истифода мебаранд. Дар муносибат бо дигар давлатҳо ифтихор ва якдилии миллатро мефаҳмонад.

Ҳуҷҷати сулҳи навини тоҷиконам парчам аст,

Пойдорӣ мақоми ориёнам парчам аст.

Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон як рамзи пурқуввати давлатдорӣ, истиқлолу озодӣ ва ифтихори миллӣ буда, он нишон аз мустақилияти давлат аст, ки таърихи бой ва амиқ дорад. Он рамзи сулҳ, ваҳдат, худшиносӣ ва истиқлолият аст, ҳамчунин дар сатҳи байналмиллалӣ нишони шинохти тоҷикон пазируфта шудааст. Боиси ифтихор ва сафарозист, ки таҳи солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишварамон боғ ва гулгаштҳои гуногуни парчам мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ин аз арҷгузории миллати тамаддунофарӣ мо ба муқаддасоти миллии хеш мебошад. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба парчами давлатӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Бигзор Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар минбарҳои байналмиллалӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ инчунин дар кишвари зебову офтобруяи мо Тоҷикистони азиз парпарафшон бошад.

Абирова Бахтинисо - корманди Институти ботаника физиология ва генетикаи растаниҳои АМИТ