Skip to main content

Аз иншои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ замонҳо сипарӣ шуда, илми бостоншиносӣ рӯи саҳна омад. Ҳар як бозёфти зери хок гӯё калимаи гумгаштаи ҳамон достонҳост: сангҳо бо забони худ сухан мегӯянд, ҳайкалчаҳо боз ҳамон қаҳрамононро ба ёд меоранд ва нақшу нигорҳо аз миёни асрҳо ба суҳбати мо меоянд. Аз ин миён, сарзамини Суғд, ки аҷдоди тоҷикон дар он зиндагӣ доштанд, далоили равшанеро аз ҳамосаҳои “Шоҳнома” ба миён овардаанд. Он чи Фирдавсӣ дертар офарид, мардумони эронитабор дар деворҳои меҳмонхонаҳо, нигоштаҳои беназири рассомон, шифти хонаҳо, кандакориҳо таҷассум намудаанд.

РУСТАМ ВА ФАРОМАРЗ ДАР ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ

Рустами дастон, паҳлавони беназир ва қаҳрамони асосии "Шоҳнома" на танҳо дар матнҳои адабӣ, балки дар санъати тасвирии Суғд низ пеш аз иншо шудани “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ таҷассум ёфта буд. Масалан, соли 1956-1957 Борис Ставийский дар маҳаллаи ашрофзодагони суғдӣ – дар соҳаи бостонии VI ҳуҷраи 41-ро мавриди таҳқиқ қарор дод, ки як толори пазироии андозааш 8 бар 8 метр буд. Дар расмҳои деворӣ нишонаҳо аз достонҳои гуногуни ин шоҳасарро дидан мумкин аст. Агар ду қабати расмҳои деворӣ корнамоиҳои Рустамро нақл намоянд, пас қабати поёнии он аз афсонаву андарзҳои гуногун иборат буда, қабати болоӣ эҳтимолан ба саҳнаи баргузории маросиме бахшида шудааст. Ва қабатҳои дувум ва сеюм як саҳнаи ҷолиби диққатро фарогир буд, ки саворае дар тан қабо аз пӯсти паланг бо аждаҳо ҳарб дорад (расми 1). Рассоми суғдӣ дар ҳар қисмати он пирӯзии савораро бар аждаҳои хашмгину бадҳайбат нишон додааст. А.М. Беленитский ва Б.И. Маршак аз рӯи қабои палангии савора ва аспи сурх ин саҳнаро ба яке аз қаҳрамонҳои “Шоҳнома” – Рустам рабт доданд. Ин силсилаи ҳайратангези расмҳои деворӣ, ки баъдан дар доираи илм бо номи “Силсилаи Рустам”, “Толори Рустам” ё “Рустамнома”-и Панҷакент низ маъруф гашт, на дар деворҳои толори калони подшоҳон, балки дар деворҳои хонаи миёнаҳаҷм дар Панҷакент кашида шуда буд. Онҳоро тақрибан дар соли 740-и милодӣ тасвир кардаанд. Он барҷастатарин намунаи силсилаҳои ривоятист, ки дар Панҷакент пайдо гардид.
Мусаввирони “Рустамнома” кӯшидаанд, ки аз ҷузъиёти изофӣ, мисли манзараороӣ худдорӣ кунанд ва тамоми диққатро ба драматизми байни қаҳрамонҳо равона созанд.

Ҳанӯз ду пора дастхати суғдӣ, ки аз Хутан пайдо гардидаанд ва аз корнамоиҳои Рустам ҳикоят мекунанд: яке дар Китобхонаи миллии Фаронса ва дигаре дар Китобхонаи Британияи кабир нигаҳдорӣ мешавад (расми 2). Пораҳои болозикр, аслан як ҳуҷҷатро ташкил медиҳанд, ки ба асри IX тааллуқ доранд ва қариб 200 сол аз нусхаи пурраи аввалини “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ қадимтар мебошанд. Дар ин ҳуҷҷати суғдӣ аз набардҳои Рустам, паҳлавони Эронзамин ривоят мешавад, ки ӯ танҳо бо як аспи вафодораш – Рахш неруҳои зиёди девҳоро шикаст медиҳад. Хусусияти ҷолиб он аст, ки ин қиссаи суғдӣ бо ягон бахши достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба таври яксон мувофиқат намекунад. Мутаассифона, матн аз миёна оғоз шуда ва дар нимаи сухан қатъ мегардад, бинобар ин, ибтидо ва анҷоми достон барои мо номаълум боқӣ мемонад (расми 4).
Инчунин, аз деворнигораҳои Панҷакенти Қадим, махсусан аз ҳуҷраи 50-и соҳаи бостонии XXIII, деворнигорае ёфт шуд, ки баъдан онро ба қаҳрамониҳои писари Рустам – Фаромарз рабт додаанд (расми 3). Ҳикояи Фаромарз дар асарҳои гуногун, аз ҷумла “Шоҳнома”, “Фаромарзнома”, “Таърихи Систон” ва дигар сарчашмаҳо ба мо мерасад.

ДОСТОНИ ЗАҲҲОК ДАР ҚАСРИ АФШИНҲОИ УСТРУШАН

Яке аз маъруфтарин қиссаҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ достони Заҳҳоки морон аст. Бостоншиносӣ низ нишонаҳои марбут ба ин ривоятро ҳифз намудааст. Дар қасри афшинҳои (шоҳони) Истаравшани бостон (Қалъаи Қаҳ-Қаҳа), дар пештоқи яке аз даромадгоҳҳои қаср кандакорие пайдо шуд, ки аз нигоҳи муҳаққиқон ба яке аз достонҳои “Шоҳнома” – Заҳҳоки морон иртибот дорад. Тасвирҳои ин шоҳкории беназир анъанаи ҳамосии қадимро – муборизаи қувваҳои некӣ (Фаридун ва Коваи оҳангар) бо зиёнкор (Заҳҳок) – инъикос мекунанд, ки дар асри X дар “Шоҳнома” шакл гирифтааст (расми 5).

Ин шоҳкории беназир дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносии гурӯҳи бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш (1965-1970) бо роҳбарии Нуъмон Неъматов аз Қалъаи Қаҳ-Қаҳа – боқимондаи шаҳри Бунҷикат, пойтахти Уструшана) ба даст омад. Пештоқи бузурги кандакоришуда, ки болои даромади толори пазироӣ ҷой дошт ва аз се тахтаи ғафс сохта шуда бо андозаи 2,93 метр паҳноӣ, 1,43 метр баландӣ ва 8-9 см ғафсӣ (расми 6) дар сӯхтори қаср сахт осеб дид, вале то ҳол имкон дорад, ки тарҳи умумӣ, мазмуни бадеӣ ва маҳорати олии кандакорӣ барқарор гардад. Ин бозёфт айни ҳол дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар намоиш аст.

Агар то имрӯз мо қаҳрамонии ниёгони худро танҳо тавассути “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ мешинохтем, акнун дар пеши назар намунаи моддии он дар санъати монументалӣ ва пештар аз замони Фирдавсӣ падидор мешавад.

Бостоншиноси варзида Нуъмон Неъматов қайд мекунад, ки ин ёдгорӣ бо дигар осори Панҷакент ва Шаҳристон пайванди мустақим дорад: дар деворнигораҳои қадима анъанаи ҳамосии “Рустамнома” ва “Фаридуннома”, “Кованома” нигоҳ дошта шудааст. Ҳар ду сюжети ҳамосӣ дар ҳунари минтақаҳои таърихиву фарҳангии Суғд ва Уструшана инъикос ёфта, ба асрҳои VII-VIII рост меоянд ва дар асри X тавассути Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” ба шакли адабӣ оварда шудаанд. Ин гувоҳи он аст, ки анъанаҳои эпикии “Шоҳнома” решаҳои рости варорӯдӣ ва бостонии тоҷикӣ дошта, ҳанӯз дар асрҳои аввали миёна дар муҳити суғдию уструшанӣ ташаккул ёфт.

Дар ҳамин замина, Ҳукумати мамлакат бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин асари безаволро ба ҳар хонадони тоҷик туҳфа менамояд, то ғояҳои ватандӯстӣ, инсонгароӣ, меҳру муҳаббат, далериву шуҷоат ва арҷ гузоштан ба сарзамини аҷдодиро дар ҳар нафар тақвият бахшад. Ин ба мо имкон медиҳад, ки ҷойгоҳи шоистаи халқи азизу шарафмандамонро дар масири таърихи башарӣ боз ҳам устувор ва барҷаста намоем ва наслҳои ояндаро бо сарчашмаҳои маънавӣ ва фарҳангии аҷдодони худ шинос созем.

Абдураҳмон ПӮЛОДОВ, директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон

Бознашр: https://jumhuriyat.tj/6893-shonoma-dar-edgorioi-tarihii-toikiston.html

Қабл аз ба масъалаи таърихи таъсисёбии Ҷамъият барои омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун аз ҳудуди он (Общество для изучения Таджикистана и иранских народностей за его пределами)[1], ки дар таърихнигории миллии мо сад сол муқаддам арзи ҳастӣ намуда, аз нахустмаркази тадқиқотии таъриху фарҳанги тоҷикон ҳисоб меёбад, аз заминаҳои рӯи кор омадани ин Ҷамъяти ёдовар шудан аз диди мо ба мақсад мувофиқ аст.

3123Бояд аз чунин ҳақиқат сарфи назар накард, ки оғози омӯзиши воқеан илмии таърихи халқи тоҷик ба замони дигаргунсозиҳои баъдиинқилобӣ рост омад. Азбаски дар минтақа мактаби расмии тайёр намудани мутахассисони соҳаи таърих вуҷуд надошт, ҳалли ин масъаларо олимони рус ба зимма гирифта, чандин корҳоро ба ҷо оварданд, ки ба ин раванди гузариш аз донишҳои таърихи ба илм дар минтақа бетаъсир буда наметавонист.

Масалан, бо ташаббуси ховаршиносон зери роҳнамоии академик Н.Я Марр тирамоҳи соли 1918 дар асоси Институти (пажуҳишгоҳ) Лазареви забонҳои Шарқи Москва, Институти Шарқи Наздик ва баъди чанде Институти Масквагии забонҳои зиндаи Шарқ (Институти москвагии шарқшиносӣ ё ховаршиносӣ) ташкил ёфт, ки дар омӯзиши таъриху фарҳанги Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон ҷиддан фаъолият мекард. Сипас бо кӯшиши ховаршиносони Москва ва Петроград (Ленинград, Санкт-Петербург) дар Шаҳри Тошканд марказҳои шарқшиносӣ таъсис ёфтанд.

Нахуст маркази тадқиқоти моҳи ноябри соли 1918 бо унвони Институти Шарқ ташкил ёфта ба фаъолият шурӯъ намуд. Ба сифати роҳбари ин муассисаи илмию таълимӣ муарриху мардумшиноси бузург М.С.Андреев таъйин гардид. Дар пешбурди фаъолияти илмиву таълимии он, ба замми роҳбар хизмати шарқшиносони дар ҷаҳони илм эътирофгашта, В.В.Бартолд, С.Ф.Олденбург, Е.Э.Бертелс, А.А.Семёнов, И.Д.Ягелло, Н.И.Умняков ниҳоят равшану ҳалкунанда ба назар мерасад.

Ба иқдоми дар минтақа ташкил намудани маркази илмию таълимӣ роҳбарияти марказии давлати навбунёди Шӯравӣ мусоидат мекард. Аввалин иқдоми назаррас дар ин самт таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Туркистон 7 сентябри соли 1920 дар шаҳри Тошканд ҳисоб меёбад, ки шарқшиносони дар он фаъолият дошта, ба таърихи тоҷикон ҷиддан марок зоҳир намудаанд.

Аз нахустин таърихшиносони маҳаллӣ дар ин ҷода бояд хизмати устод Садриддин Айниро эътироф намуд, ки дар мақолаҳои илмии он замон ба забони тоҷикӣ таълифнамудаи ин адибу муаррихи дақиқназар равшан ба назар мерасад. Маҳз бо ташаббуси ӯ ва роҳбарияти Ҷумҳурии мухтори Туркистон соли 1919 дар Самарқанд маҷаллаи илмӣ-омавии «Шӯълаи инқилоб» ба табъ расид, ки нахустин нашрияи тоҷикӣ ҳисоб меёфт. Фақат солҳои 1920-1921 дар ин маҷалла 27 очеркҳои устод бо унвони «Таърихи хонадони манғития» рӯи чоп диданд, ки ин нахустин таҳқиқоти ҷиддии таърихӣ аз тарафи муаррихони маҳаллӣ ҳисоб меёбад. Баъди чанде соли 1923 ин мақолот дар шакли китоби мукаммал – «Таърихи амирони манғития» пешкаши хонандагон гардид. Ин асари воқеан ҷанбаи ҷиддии тадқиқотӣ доштаро бояд чун падидаи ба фазои илмӣ гузаштани омӯзиши таърихи миллӣ бояд ҳисоб кард.

Соли 1922 А.А.Семенов «Намунаҳои ҳуҷҷатҳои расмии тоҷикӣ»-ро ба чоп расонд. Дар китобхонаи Институти Шарқ то соли 1923 5 300 нусхаи китобҳои дастнависи нодире, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф шуда буданд, ҷамъоварӣ шуда, дастраси мутахассисон гардиданд. Соли 1924 ин Институти Шарқ расман ба Донишгоҳи Давлатии Осиёи Миёна омезиш ёфт.

Яке аз вазифаҳои авалиндараҷаи он давраи гузариш ба ҷомеаи навбунёд, ҳифзу омӯзиши ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ҳисоб меёфт, ки аз солҳои 20-ум дар Осиёи Миёна бо ташаббуси ховаршиносони номбурда, ба сиёсати давлатӣ табдил ёфта буд. Роҳбарияти марказӣ ва маҳаллӣ ба ташкили экспедитсияҳои (сафарҳо) илмӣ ҳаматарафа кӯмак мекарданд. Дар ин ҷода махсусан хизмати В.В.Бартолд хеле бузург буд. Ӯ солҳои 1920-1928 борҳо барои фаъолияти муштараки осорхонаву нуқтаҳои бостоншиносиро бо муассисаҳои илмии марказӣ ба роҳ мондан ба Тошканд сафар карда, бевосита дар Донишгоҳи давлатии Туркистон (сипас Осиёи Миёна), курсҳои махсуси таълимӣ ва илмӣ гузаронидааст.

Ба зарурати омӯзиши илмии таъриху фарҳанги минтақа, аз ҷумла тоҷикон ишора намуда, В.В. Бартолд дар ҳисоботи сафарҳои кории худ дар Туркистон соли 1920 аз ҷумла чунин навиштаст: «Дар ҳоли ҳозир нисбат ба замони қабл аз инқилоб барои омӯзиши таъриху фарҳанги халқҳои кишвар шароити бештар мусоид фароҳам омадааст. Акнун хотираи таърихии халқро, ки аз он сиёсатмадорони русикунонии марказ метарсиданд, зинда кардан хавфи ҷудоиандозӣ надорад. Бештар кӯшидан лозим аст, ки корҳои тадқиқотиро дар хонигариҳои собиқи Бухоро ва Хева ба роҳ монем»[2].

Соли 1921 дар назди Комиссариати вилоятии маорифи Самарқанд Комиссия доир ба ҳифзи ёдгориҳои қадима таъсис дода шуд. 23 майи ҳамон сол дар назди Комиссариати халқии маорифи Ҷумҳурии мухтори Туркистон Кумита доир ба фаъолияти осорхонаҳо ва ҳифзи ёдгориҳои қадимӣ, маданӣ ва табиӣ (Туркомстарис) таъсис дода шуд, ки дар он ташаббуси ҳалкунандаи В.В. Бартолд бараъло эҳсос мешуд.

Баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ (1924) Туркомстарис соли 1925 ба Комитет доир ба кори осорхонаҳо ва ҳифзи ёдгориҳои қадимӣ, фарҳангӣ ва табии дар назди Комиссариати халқии маорифи Осиёи Миёна фаълияти илмиву тарғиботии худро бо унвони Средазкомстарис то соли 1928 идома бахшида, дар омӯзиши таърихи минтақа, алалхусус таърихи тоҷикон, хизмати босазое кардааст.

Моҳи январи соли 1925 бо ташаббуси В.В.Бартолд, М.С.Андреев, ва А.А.Семёнов, бо дастгирии бевоситаи ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки ба тозагӣ дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон таъсис ёфта буд, Ҷамъият барои омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун аз ҳудуди он[3] бо марказаш дар Тошканд таъсис дода шуд. Маҷлиси муасисони ин Ҷамъият, ки бо ташаббуси роҳбарияти ҶМШС Тоҷикистон ва гурӯҳи олимони тоҷикшинос – профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳи осиёимиёнагии Тошканд, 9 январи соли 1925 баргузор гардид. Ҷамъият сараввал дар назди Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипас аз 2 декабри соли 1926, баъди интихоботи Кумитаи Марказии Иҷроияи ҶМШС Тоҷикистон, бевосита бо мусоидат ва дастгирии моддии он фаъолият намудааст[4].

Ибтидои моҳи феврали соли 1925 барномаи кории Ҷамъият тасдиқ гардид. Дар асоси он тадқикоти илмӣ дар самтҳои мардумшиносӣ (этнография), забону адабиёт (филология), таърих, физикаву ҷуғрофия ва иқтисодӣ ба роҳ монда шуд. Чунин тадқиқотҳо бояд дар ҳудуди Тоҷикистон ва дигар ноҳияҳои Осиёи Миёна, ки макони зисти тоҷикон буданд, сурат мегирифтанд.

Ин нахустин ташкилоти илмии кишваршиносӣ дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳисоб меёфт. Ҳамон сол аъзоёни ин Ҷамъият дар ҳамкорӣ бо Кумитаи Осиёимиёнагӣ доир ба кори осорхонаҳо ва ҳифзи ёдгориҳои таъриху табиат (Средазкомстарис), ки чӣ тавре дар боло ишора рафт, соли 1921 дар назди Комиссариати халқии маорифи Ҷумҳурии мухтори Туркистон (Туркомстарис) таъсис ёфтаву, баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ, соли 1925 бо унвони Средазкомстарис тағйири ном карда буд, экспедитсияи (сафари илмӣ) чормоҳаи ҷамъияти номбурдаро ташкил намуданд. Аз рӯи нақша сайрхати омӯзиши экспедитсия Ӯротеппа – Водии Зарафшон – Фалғар – Яғноб – силсилакӯҳҳои Ҳисор – Ағбаи Анзоб – Душанбе – Қаротегин – Дарвоз – Помир – Ошро фаро мегирифт. Ба ин сафари дарозмуддати илмӣ М.С.Андреев роҳбарӣ мекард. Аъзоёни экспедитсия беш аз ҳазор ашёҳои гуногун этнографӣ ба даст оварданд. Баъди анҷоми сайрхати сафарӣ дар водии Зарафшон, аъзоёни экспедитсия ба Қаротегин, Дарвоз водиҳои Ванҷ, Язгулом, сипас ба Хоруғ сафар карда, сентябри соли 1925 дар он ҷо филиали Ҷамъиятро ташкил намуданд, ки ба ӯҳдаи он омӯзиши таърихӣ-ҷуғрофӣ ва мардумшиносии Бадахшони Кӯҳи гузошта шуд[5]. Дар асоси маводи таърихиву мардумшиносии аъзоёни ин экспедитсия ҷамъоварда, чандин мақолаву маҷмӯаҳои илмӣ таълиф шудаву ба чоп расидаанд.

Намоишгоҳи Тошканд, ки дар асоси ин дастовардҳо ташкилёфта буд, аҳли илмро дар ҳайрат гузошт. Фақат аз Ӯротеппа, Хуҷанд, Риштон, Конибодом зиёда аз 200 маводи аҳамияти баланди таърихиву мардумшиносӣ дошта, ҷамъ оварда шуданд. Дар рафти экспедитсия олимон маводи зиёди эпиграфӣ (сангнавиштаҳо)-ро пайдо намудан, ки дар оянда олимон, аз ҷумла А.Мухторов, бевосиста ба таҳқиқи онҳо машғул шуданд.

Ин Ҷамъияти илмӣ-кишваршиносӣ диққати олимони зиёди марказиро ба худ мекашид. Дар фаъолияти он намояндаи Комиссариати халқии корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Осиёи Миёна А.А.Знаменский, сайёҳи машҳур, кашфиётчии чандин қуллаю пиряхҳои Помир Н.Л.Корженевский, геолог И.И.Бездека ва В.В.Бартолд, ки ба сифати аъзои фахрии Ҷамъият интихоб шуда буд, бевосита ширкат доштанд.

Соли 1925 мақолаи машҳури барномавии В.В.Бартолд «Омӯзиши Шарқ – вазифаи муҳимтарини академия» аз чоп баромад. Дар он аз ҷумла қайд шудааст, ки ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ноҳияҳои канори шимоли ҷаҳони тамаддун шомиланд, аз ин лиҳоз имконияти мо барои омӯзиши он бештар аст. Омӯзиши илмии минтақа барои кашфиёти ҳамбастагӣ ва таъсири мутақобилаи онҳо дар рушди тамаддун роҳ мекушояд. «Ба таърихи Осиёи Миёна, – ишора намудааст олим, – натанҳо русҳо таваҷӯҳ зоҳир мекунанд. Вале аз ҳама бештар русҳо ин минтақаро барои илм кушодаанд ва бе таҳқиқоти бевоситаи олимони рус омӯзиши Осиёи Миёна ғайри имкон аст»[6].

Фаъолияти илмии Ҷамъият дар ду шуъба сурат гирифта буд: 1) физикаю ҷуғрофиё ва иқтисодӣ; 2) таъриху фалсафа ва мардумшинсӣ (этнография). Роҳбарии шуъбаҳо ба олимони шинохта И.И. Бездека ва М.С. Андреев гузошта шуд. Мавриди ёдоварист, ки роҳбари Кумитаи инқилобӣ ва аз декабри соли 1926 – раиси Кумитаи Иҷроияи ҶМШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум ба сифати иштирокчии бевоситаи ташкилёбии Ҷамъият, ба ҳайси Раиси фахрии ҷамъият интихоб шуда, ба фаъолияти он иртиботи бевосита дошт[7]. Дар давраи аввали фаъолияти Ҷамъият раиси Киссияи илмии Тоҷикистон дар назди Наркомати маорифи ҶШС Ӯзбекистон Ниссормуҳаммадов хизмати зиёдеро ба ҷо овардааст[8].

Фаъолияти амалии Ҷамъият солҳои 20-м дар гузаронидани як қатор экспедитсияҳои илмӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чопи мақолаву маҷмӯаҳо зоҳир мешуд. Дар тӯли фаъолияти худ (1925-1929) аз тарафи Ҷамъият 4 экспедитсияи илмӣ гузаронида шуда, 14 корҳои ҷиддии илмӣ ба табъ расидаанд. Аъзоёни экспедитсия аз боби кашфиётҳои илми худ дар Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна садҳо лексияю гузоришҳо додаанд. ҳамчунин доир ба ин дастовардои илмӣ, дар байни аҳолии Тоҷикистон муттасил оид ба аҳамияти омӯзиши таърихи халқи тоҷик тарғибот гузаронида худшиносии миллиро бедор мекарданд.

Соли 1925 дар Душанбе филиали (шуъбаи) ҷамъияти номбурда таъсис ёфт, ки дар ташкили он М.С.Андреев бевосита ширкат дошт. Дар ҳайати Ҷамъият 4 филиал ва 2 маҳфили илмӣ фаъолият мекарданд. Аз ҷумла дар Бухоро бо 13 аъзо, Самарқанд - 24, Душанбе – 30 аъзо ва дар Хоруғ амал мекарданд. Дар асоси Филиали тошкандии Ҷамъият, соли 1928 Институти тоҷикии маориф (Тоҷикинпрос) таъсис ёфт. Чанде аз олимони ояндаи тоҷик ба доираҳои фаъолияти он кашида шуданд. Аз ҷумла муаррихи шинохта, академик Б.И.Искандаров фаъолияти касбии худро аз ҳамин муассисаи илмиву таълимӣ оғоз намудааст.

Натиҷаи назаррастарини Ҷамъият барои тоҷикон дар ибтидои фаъолияти худ (соли 1925) тайёр намуда ва ба чоп расонидани маҷмӯаи мақолаҳо бо унвони «Тоҷикистон»[9] ҳисоб меёбад. Дар он 13 очерки олимони шинохтаи самтҳои гуногуни илмӣ: М.С. Андреев, В.В. Бартолд, И.И. Бездека, Н.Л. Корженевский, Л.А. Молчанов, А.В. Панков, Ди-Мур, Д.Н. Кашкаров, Н.В. Колоссовский, М.Г. Попов, Ю.И. Пославский, А.А. Семёнов , ки ба самтҳои гуногуни илмӣ бахшида шуда буданд, ворид гаштаанд.

Очерки таърихии В.В.Бартолд, «Тоҷикон», ки махсус барои ин маҷмӯа таълиф шуда буд, бешак падидаи бузургтарини илмӣ дар таърихнигории Ҷумҳурии мухтори навтаъсиси Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар ин бо як фасоҳати борикбинонаи таҳлили воқеан илмӣ, таърихи мухтасари 24 асраи тоҷикон ғунҷонда шудааст. Падидаи дуюми фаъолияти Ҷамъият дар соли аввали фаъолият аз тарафи А.А. Семёнов тарҷума ба забони русӣ ва ба чоп тайёр намудани сафарномаи вазири ҳарбии Афғонистон аз тарафи Бурҳонуддини Кушкакӣ «Қатаған ва Бадахшон», ки соли 1926 аз чоп баромад, ҳисоб меёбад[10]. Баъди аз тарафи А.А. Семёнов ва В. В. Бартолд ба академик И. Крачковский фиристодани ин ду китоб ӯ дар мактуби худ (16 ноябри 1926) аз фаъолияти Ҷамъият изҳорӣ миннатдорӣ ва хурсандӣ намудааст[11].

Дар номгӯи маҳсулоти чопии Ҷамъият солҳои 1926-1927 номгӯи чанде аз корҳои ҷидди доир ба таъриху мардумшиносӣ омадааст. Аз ҷумлаи онҳо чунин таълифот: М.С. Андреев – “Материалҳо доир ба истеҳсоли маҳсулоти сафолии Осиёи Миёна” (“К материалу о среднеазиатской керамике”) ва “Коркарди оҳан дар водии Ванҷ” (“Выработка железа в долине Ванча”), А.Семёнов – “Доир ба догматикаи исмоилизми Помир” (“К догматике памирского исмаилизма”), академик В.В. Бартолд – “Эрон” (“Иран”), Материалҳои экспедитсияи соли 1925 бо унвони “Дар ҳадди Тоҷикистон” (“По Таджикистану”) , М.Ф.Гаврилов – “Шоир ва сӯфии осиёимиёнагӣ Ҳувайдо” (“Среднеазиатский поэт и суфий Хувайдо”), “В.В. Бартолд (маҷмӯаи мақолаҳо)” ва ғайра[12] дар таърихнигори миллии миёнаи солҳои 20-ми асри гузашта мақоми хосаеро соҳибанд.

Маҳз барои фаъолияти баланди илмӣ дар омӯзиши мардумшиносии Яғноб соли 1927, ки натиҷааш матнҳои Яғноб ва омӯзиши Помир, хосатан водии Хуф соли 1929, ки бо маблағгузории Академияи ИҶШС экспедитсия ташкил шуда буд, бо пешниҳоди академикҳо В.В.Бартолд, С.Ф.Олденбург, Ф.И.Шербатский ва И.Ю.Крачковский тоҷикшиноси бузург М.С.Андреев узви вобастаи АИ ИҶШС интихоб гардид.

Фаъолияти Ҷамъият на фақат дар ҳуди Иттиҳоди Шӯравӣ ин чунин дар доираҳои илмии ҷаҳони мақому манзалати хосаеро бархурдор гардид. Ҷамъият бо 47 ташкилоту муассисаҳои илмии хориҷӣ аз ҷумлв Туркия , Ҳидустон, Олмон, ЙМА, Англия, Шведсия, Норвегия, Фаронса ва соири дигар мамлакатҳо алоқа, ҳамкорӣ дошта, баҳрабардорӣ аз маводи чопии ҳамдигарро ба роҳ монда буд[13], ки аз эътирофу эътибори он аз тарафи марказҳои ховаршиносии сатҳи байналмилалӣ гувоҳӣ медод.

17 июни соли 1927 Ҷаъияти умумиитифоқии алоқаҳои фарҳангӣ бо хориҷа бо мактуб ба Ҷамъият барои омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун аз он, хабар медиҳад, ки ба сурағаи онҳо чандин китобҳо (номгӯи онҳо низ оварда шудааст), ки бояд дастраси шумо гарданд[14]. Даҳҳо чунин мактубҳои аз ивазкунии китобҳо ва дигар маводи чопии Ҷамъият бо марказҳои илмии хориҷӣ даркдиҳанда дар Бойгонии давлатии Тоҷикистон(Ф. 1434) маҳфузанд. ки идораи Бюрои китобивазкунӣ ба суроғаи Ҷамъият ирсол намудааст.

Албатта метавон доир ба фаълияти бисерсамтаи илмии Ҷамъият дар нимаи дуюми солҳои 20-ум мисолҳои зиёде овард. Аз сабаби маҳдуд будани ҳаҷми гузориш, аз маълумоти муфасал сарфи назар намуда, фақат барои намуна аз қарори протоколи ҷаласаи Ҷамъият аз 27 августи соли 1929 № 38 (дар арафаи таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон) доир ба ташкил намудани шуъбаҳои (сексия) иқтисодӣ ва педагогӣ чанд нуқтаеро пеш орем. Дар он аз ҷумла қайд шудааст, ки аз сабаби дар Тоҷикистон набудани иқтидори зарурии илмӣ, ба зиммаи Ҷамъият иҷрои чунин вазифаҳо гузошта шуд:

- бояд дар назди ҷамъият ду сексия – иқтисодӣ ва педагогӣ ташкил ёфта, барои дар ҳадди зарурӣ ба роҳ мондани кори таълим мутахассисон аз ҷумлаи тоҷикони дар Тошканд буда, ҷалб карда шаванд;

- барои ҷалби онҳо ба яке аз аъзоёни фаъоли Ҷамъият супориш дода шавад, ки матни муроҷиатномаро тайёр намояд;

- нақша доир ба фаъолияти ашхоси ба корҳои педагогӣ ҷалбшавандаро тайёр карда пешниҳод намояд;

- дастур ва барномаҳои тадқиқотӣ доир ба корҳои кишваршиносӣ (ба забони тоҷикӣ) тайёр намуда, дар асоси онҳо муаллимон ба маводи зарурӣ таъмин карда шаванд;

- барои ба роҳ мондани ин кор филиали дар Душанбе будаи Ҷамъият бештар фаъолият намояд;

- бо назардошти чунин зарурат ба Душанбе намоянда Ҷамъият ба сафари кории якмоҳа-думоҳа фиристода шавад;

- азбаски барои пешбурди ин кор маблағгузории муайян лозим меояд, аз Комиссариати маориф хоҳиш карда шавад, ки барои нимсолаи аввал онро на дертар аз 1 октябр муайян ва тасдиқ намояд[15].

Далелҳои дар боло зикрашон рафта, бешак аз пайдоиши шароити нисбатан мусоид барои ба фазои воқеан илмӣ ворид гаштани фаҳмиши таърихии муаррихони тоҷик ҳисоб меёбад. Бо маънии дигар солҳои 20-ми асри XX солҳои воқеан қолабшикании фаҳмиши таърихии халқи тоҷик буд, ки хизмати Ҷамъият доир ба омӯзиши Тоҷикистон ва халқҳои эронии берун аз он чун яке аз омилҳои муҳимми ҳалкунанда ҳисоб меёбад. Ин ба ибтидои эҳёи давлатдории халқи тоҷик, ки барои таҳқиқи таърихи миллат пояҳои устувори илмӣ мегузошт, рост омад. Дар он, чӣ тавре ишора рафт, хизмати устод Садриддин Айнӣ возеҳу барҷаста ба назар мерасад.

Баъди таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон барои рушди самтҳои гуногуни илмӣ заминаи нисбатан мусоид фароҳам омад. Акнун зарурати дар ҷумҳурӣ рӯи кор овардани марказҳои ба талаби замон ҷавобгӯ, ҳар чӣ бештар эҳсос мешуд. Дар ин ҷода матни протоколи ҷаласаи раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии (КИМ) Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон аз 28 январи соли 1930 “Доир ба дар назди КИМ Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон ташкил ёфтани Кумитаи илм”, ки Шӯрои Комисариати халқии ҶШС Тоҷикистон пешниҳод намудаву аз рӯи он Раиси Шӯрои Комиссарони халқ (ШКХ) А. Ҳоҷибоев маърӯза карда буд, равшан гувоҳӣ медиҳад. Зарурати чунин пешниҳод аз воқеияти ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон бармеомад.

Ба сифати раиси ин кумита, аъзои КИМ Абулқосим Лоҳутӣ пешниҳод ва интихоб гардид. Табиист, ки маҳаки илмии онро аъзоёни Ҷамъият барои омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун аз он ташкил мекарданд.

6 сентябри соли 1930 дар Тошканд маҷлиси аъзоёни Ҷамъият даъват шуда, баъди шунидани ҳисоботи Носирмуҳаммадов доир ба фаъолияти Ҷамъият ба дастовадҳои илмии он баҳои баланд доданд. 9 сентябр дар рӯзи ниҳоии ҷаласа, бо назардошти дар Тоҷикистон ташкил ёфтани Институти тадқиқотӣ, қарор қабул карда шуд, ки Ҷамъият ба сифати шуъба ба ин институт ҳамроҳ карда шавад[16]. Ин маънои қатъ шудани амали мустақилонаи Ҷамъият доир ба омӯзиши Тоҷикистон ва халқҳои эронии берун аз ҳудуди он ва дар ҳайати Институти Тадқиқотии навтаъсиси ҶШС Тоҷикистон ба роҳ мондани фаъолияти Ҷамъиятро дошт.

Ҳамин тариқ, барои ташкил намудани маркази воқеан илмӣ дар Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат шароити мувофиқтаре ба вуҷуд омад. Бо назардошти ин, 10 марти соли 1932 маҷлиси Шӯрои Комиссарони Халқи (ШКХ) ҶШС Тоҷикистон доир ба дар ҷумҳурӣ кушодани Пойгоҳи (база) Тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС, зери роҳбари академик С.Ф. Олденбург қарор қабул карда шуд. Дар оянда рушди назарраси тадқиқотҳои гуногунсамта дар шуъбаҳои (сектор) илмии он (геологӣ-геохимиявӣ, биологӣ ва таъриху лингвистӣ (забоншиносӣ), ба ташкилёбии марказҳои (институтҳо) нисбатан қавӣ, аз ҷумла тибқи қарори Пойгоҳ аз 13 сентябри соли 1940 ташкилёбии Институти ботаника ва Институти таърих, забон ва адабиёт аз дастовардҳои илмии ин Пойгоҳи Тоҷикистонии АИ ИҶШС бараъло гувоҳӣ медиҳад. Бо назардошти нишондиҳандаҳои баланди илмӣ, тибқи қарори ҳамин ҷаласа пешниҳод гардид, ки Пойгоҳи Тоҷикистонӣ Академияи илмҳои ИҶШС ба Филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС тадил дода шавад, дар оянда, дар заминаи воқеан қавии ин филиал, соли 1951 Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (феълан Академия милии илмҳои Тоҷикистон), ташкил ёфт.

Хулоса ба итминони қавӣ бояд қайд кард, ки дар саргаҳи марказҳои илмии ҷумҳурӣ, ки солҳои 20 – 40-ми асри гузашта фаъолият доштанд ва сипас Академия илмҳои ҶШС Тоҷикистон (феълан Академияи миллии илмии Тоҷикистон), ки соли 1951 ташкил ёфтаву дар фазои илми ҷаҳонӣ муосир мавқею манзалати равшан пайдо намудааст, ҳамон Ҷамъият барои омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун аз он қарор дошт. Боиси ифтихору хурсандист, ки дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмии Тоҷикистон бахшида 100-солагии таъсисёбию фаъолияти ин Ҷамъият 17 октябри 2027 Конференсияиилмӣ-амалӣ баргузор гардида, мутахассисон бо маърӯзаю гузоришҳои ҷолибу даделҳои қавӣ ба самтҳои гуногуни фаъолияти илмии он баҳои воқеъбинона доданд. Аз тарафи дигар, иштирокдорони конференсия хулосае бардоштанд, ки зарурати ба таърихи фаъолияти илмии Ҷамъияти номбурда таҳқиқоти хоса бахшидан дар таърихнигории муосири миллӣ ҳар чи бештар эҳсос мешавад ва рӯи кор омадани он бояд дар мадди назари мутахассисони соҳа қарор ёбад.

Ҳайдаршо Пирумшо - узви вобастаи АМИТ

________________________________________

[1] Минбаъд ихтисоран бо ибораи “Ҷамъият” оварда мешавад.

[2] Бартольд В.В. Отчет о командировках в Туркестан с 1920 г. // Изв. РАИМК. – Т.2. – Пг.,1922. – С.21.

[3] Минбаъд бо номи Ҷамъият ишора мегардад.

[4] Шагалов Е.С. Первое научное общество Таджикистана. – Душанбе, 1966. – С. 7.

[5] Андреев М.С. По Таджикистану. Краткий отчет о работах этнографической экспедиции в Таджикистане в 1925 г. // Общество для изучения Таджикистана и иранских народностей за его пределами. – Вып. I. – Ташкент, 1927. – С. 20.

[6] Бартольд В.В. Изучение Востока – главнейшая задача Академии // Сочинения. Т. IX. – М.: «Наука», 1977. –С.581.

[7] Наврузов Г. Формирование Научного центра в Таджикистане (1924-1950 гг). – Душанбе: «Маоиф», 1992. – С. 24.

[8] Ниг.: Наврузов Г. Формирование Научного центра в Таджикистане. – С.31-32.

[9] Таджикистан. Сб. ст. Под редакцией Н.Л.Корженевского. – Ташкент,1925. – 283 с.

[10] Бурхан-уд-Дин-Хани Кушкеки. Каттаган и Бадахшан. – Ташкент, 1926. – 248 с.

[11] Из истории культурного строительства в Таджикистане в 1024 - 1941. Сборник документов. – Т. 2. – Документ № 156. – Душанбе: “Ирфон”, 1966. – С. 329.

[12] Ниг.: Из истории культурного строительства в Таджикистане в 1024 - 1941. Сборник документов. – Т. 2. – Документ № 158. – С. 331-332.

[13] Известия Общества для изучения Таджикистана и иранских народностей за его пределами. – Т. – Ташкент, 1928. – С. 240.

[14] Письмо Всесоюзного общества культурной связи с заграницей в Общество для изучения Таджикистана и иранских народностей за его пределами об установлении обмена изданиями с рарубежными научными учреждениями // Из истории культурного строительства в Таджикистане в 1924-1941 гг.. Сборник документов. – Т. I. – Документ № 157. – Душанбе: «Ирфон», 1966. – С. 157.

[15] Из истории культурного строительства в Таджикистане в 1924 - 1941. Сборник документов. – Т. 2. – Документ № 160. – С. 335-336.

[16] Из истории культурного строительства в Таджикистане в 1024 - 1941. Сборник документов. – Т. 2. – Документ № 163. – С. 338.

Меҳргон яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, ки таърихи он аз амиқтарин решаҳои тамаддуни ориёӣ сарчашма мегирад. Ин ҷашн, ки аз қадим рамзи меҳру муҳаббат, адолату некукорӣ ва шукргузорӣ аз фаровонӣ ва ҳосили замин буд, дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун анъанаи муқаддаси фарҳанги миллӣ боқӣ мондааст. Меҳргон дар паҳлуи Наврӯз ҷойгоҳи махсус дошта, ҳамчун идест, ки ба ҳосил, баракат, ваҳдат ва меҳнати поки инсон бахшида шудааст.

Дар замонҳои қадим Меҳргонро на танҳо ҳамчун ҷашни фаровонӣ, балки ҳамчун рамзи дӯстиву вафо ва покии рӯҳу ботини инсон таҷлил мекарданд. Мардуми заминҳои ориёӣ дар ин рӯз ба якдигар тӯҳфа мебахшиданд, дастархон аз меваҳои тирамоҳӣ, аз ҷумла ангур, себ, анор, гандум, асал ва чормағз оро дода мешуд, то ки шукронаи меҳнати деҳқон ва баракати Худованд баён гардад.

Бо гузашти асрҳо ва тағйир ёфтани шароити таърихиву сиёсӣ, бисёре аз ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон, тадриҷан аз хотираи мардум дур гардиданд. Аммо пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, миллати тоҷик тавонист арзишҳои фарҳангии худро эҳё намояд ва ҷашнҳои суннатии аҷдодиро дубора ба саҳнаи зиндагии иҷтимоӣ баргардонад.

Дар ин раванд, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва сарнавиштсоз аст. Маҳз бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, ҷашни Меҳргон аз нав эҳё гардида, ба ҳайси ҷашни расмии давлатӣ эълон шуд ва ҳамасола дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки эҳёи ҷашнҳои миллии таърихӣ мисли Наврӯз, Сада ва Меҳргон на танҳо эҳёи анъанаҳои гузаштагон аст, балки рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, дӯстиву ваҳдат ва пояндагии давлати тоҷикон мебошад. Бо ибтикори хирадмандонаи Сарвари давлат, Меҳргон аз доираи як ҷашни фарҳангӣ берун рафта, ба як рӯйдоди бузурги сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву иқтисодӣ табдил ёфтааст, ки дар он заҳмати кишоварзон, истеҳсолкунандагон ва аҳли заҳмат қадр карда мешавад.

Имрӯз Меҳргон барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол рамзи шукргузорӣ аз неъмати табиат, қадршиносии заҳмати деҳқон ва арҷгузорӣ ба заҳматкашони Ватан мебошад. Бо ташаббус ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, ҷашни Меҳргон дар ҳар гӯшаи кишвар ба як идгоҳи мардумӣ мубаддал гардидааст, ки дар он мардум бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, меҳру садоқат ба замин, эҳтиром ба меҳнат ва шукргузорӣ аз истиқлолият ширкат меварзанд.

Пешвои миллат дар сиёсати худ ҳамеша ба рушди деҳот, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, тақвияти амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи муҳити зист аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Маҳз ҳамин сиёсати дурбинона сабаб гардид, ки имрӯз соҳаи кишоварзии кишвар рушд ёфта, заминҳои нав обёрӣ мешаванд, хоҷагиҳои деҳқонӣ тавсеа меёбанд ва маҳсулоти ватанӣ фаровон мегардад. Ҳамаи ин нишонаи зиндаи он аст, ки ҷашни Меҳргон дар сиёсати давлатӣ на танҳо як рамзи фарҳангӣ, балки як асоси иқтисодиву иҷтимоии зиндагии мардум мебошад.

Меҳргон дар замони ҳозира, дар зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба рамзи ваҳдат, субот, меҳру муҳаббат ва бародарии мардум табдил ёфтааст. Дар ин ҷашн на танҳо ҳосилу фаровонӣ, балки ваҳдати миллат, сулҳи пойдор ва шукргузории мардум аз сиёсати сулҳпарваронаи роҳбари кишвар таҷассум ёфтааст.

Ҳамин тавр, Меҳргон на танҳо ҷашни ҳосилу баракат, балки ҷашни шукргузорӣ аз сулҳу амният, ваҳдату истиқлол ва неъматҳои Ватани азизамон Тоҷикистон аст. Ва бе муболиға метавон гуфт, ки эҳёи дубораи ин ҷашни муқаддас ва мақоми имрӯзаи он маҳз бо заҳмати беназиру ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд дорад.

Бигзор рӯҳи Меҳргон — рӯҳи меҳру муҳаббат, шукргузорӣ ва ваҳдати миллӣ — ҳамеша дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз бошад, то мардум бо меҳнати пок ва дили пурмеҳр роҳи пешрафту ободии Ватанро идома диҳанд!

Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 2 -юми ихтисоси идоракунии давлатии

Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

2212Вақте, ки сухан дар бораи табиб, риёзидон, табиатшинос, ва кимиёдони Форс-Тоҷик меравад, пеши назари мо симои ин шахси бузург - Закариёи Розӣ ҷилвагар мегардад.

Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар шаъбони соли 251 ҳиҷрии қамарӣ баробар ба соли 865 мелодӣ дар шаҳри Рай (номи ин шаҳр низ дар Авесто оварда шудааст), ки он вақт маркази илму ирфон ба ҳисоб мерафт дар оилаи Косиб чашм ба дунёи ҳасти кушод, ки бо мурури замон ва гузашти айём ҳамчун симои беназир дар соҳаҳои гуногуни илм махсусан кимиё, тиб, фалсафа ва риёзиёт шинохта шуд. Даврони кӯдакӣ ва ҷавонии худро ӯ дар оғуши зодгоҳаш мегузаронад. Аз даврони кӯдакӣ ба илм майлу рағбати беандоза дошту дар навохтани асбобҳои мусиқӣ тавоно буд.

Муддате ба заргарӣ ва сипас ба илми кимиё руй меоварад. Ҳангоми озмоиши маводҳои кимиёвӣ аз чашм осеб дида баъдан ба омӯзиши илми тиб мепардозад. Ба ҳамин мазмун чунин ишоратест: “Наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашми ӯро маъюб сохт ва ӯ ба сӯи муолиҷа ва мудово ва сипас ба илми пизишкӣ кашонид”. Аз ин рӯ мегӯянд, пизишке ки Розӣ ҷиҳати дармон ба ӯ муроҷиа карда буд, панҷсад динор талаб кард ва Розӣ ночор онро таҳия ва пардохт ва бо худ гуфт: “Кимиёи воқеӣ илми тиб аст, на он ки ту бад он машғулӣ”. Аз он замон ӯ ба омӯзиши илми тиб бештар пардохт.

Розӣ барои омӯзиши бештари илми тиб ба мадрасаҳои пешрафтаи он замон-Бағдод сафар кард ва дар бемористони Мӯътазидӣ халифаи Аббосӣ ба ҷойгоҳи нахусти пизишкӣ даст ёфт. Розӣ баъд аз марги Мӯътазидӣ дубора ба зодгоҳаш Рай баргашт ва то охири умраш ба мударизӣ ва табобати беморон пардохт.

Закариёи розӣ аз аввалин олимонест, ки кимиё ва тибро дар асосҳои таҷрибавӣ ва илмӣ такя додааст. Ӯ зиёда аз 200 асар таълиф намудааст, ки бисёри онҳо ба илми кимиё, тиб ва наботот бахшида шудаанд. Инчунин Розӣ аввалин нафарест, ки кислотаи сулфат (шураи сӯзанда) ва спиртро (этанол) аз ҷиҳати кимиёвӣ ба таври возеҳ шинохта ва тасвир намудааст. Ӯ технологияи тозакунии моддаҳоро, аз ҷумла тавассути дистиллятсия ва сублиматсия инкишоф додааст. Аз машҳуртарин китобҳои Ӯ:

“Ал-Ҳовӣ” (Комил дар тиб) – як энсиклопедияи бузурги тиббӣ аст, ки тамоми маълумотҳои тиббии замони худаш ва пешинагонро гирд оварда буд. Ин асар соли 1279 ба забони лотинӣ тарҷума ва дар соли 1486 нусхаи чопии он дастраси аврупоиён гардид. Аз ин рӯ ӯро дар аврупо бо номи “Abubater” ё “Razes” низ мешинохтанд. Ин китоб барои олами тиб ҳамчун дастури аввлиндараҷа маҳсуб меёфт.

“Китоб-ул-Мансурӣ” (“Китобу-т-тиб ул-Мансурӣ”)– ба шоҳ Мансур бахшида шудааст ва дорои маълумоти муҳим дар бораи бемориҳо ва табобати онҳо мебошад.

Аввалин тавсифи клиникии олудагии гулӯ “дифтерия” ва фарқи байни бемориҳои сироятии мисли сурхча ва гулузор низ ба ӯ мансуб аст.

“Китоб-ул-асрор” – дар ин китоб бештар оид ба омӯзиши таркиби решаи наботот маълумот дода шудааст.

- “Китобу-л-сирил-асрор” - ин китоб дар тарҷумаи Ҳасаналии Шайбонӣ ба забони форсӣ (ҳаҷмаш 630 саҳифа) буда, аксари матни онро маълумоти кимиёӣ ташкил медиҳад.

Закариёи Розӣ дар натиҷаи омӯзишҳои зиёди маъданҳо роҳҳои омӯзиши омехтаҳҳои тиллодорро ба воситаи зарфҳо ва таҷҳизотҳои гуногуни кимиёӣ дар озмоишгоҳ низ шарҳ додааст.

Закариёи Розӣ дар муқаддимаи “Китоб-ул-асрор” дар хусуси асрори пинҳон кардаи файласуфони гузашта: Оғосозимус Ҳирмиз, Аристотелис, Холид ибни Язид ва Ҷобир ибни Ҳайён маълумоти кофӣ додааст, ки моҳияти он маълумотҳо ба дониста гирифтани се маърифат вобаста аст.

1. Маърифати ақоқир, яъне дар бораи адвия;

2. Маърифати олот;

3. Маърифати таҷриба.

Дар навбати худ Закариёи Розӣ маърифати ақоқирро ба се навъ тақсим кардааст:

1. Минералӣ - яъне хокӣ, маъданӣ, ки марбут ба гурӯҳи унсурҳои ғайриӯзвӣ мебошад.

2. Набототӣ;

3. Ҳайвонотӣ.

Навъи набототӣ ва ҳайвонотӣ марбути гурӯҳи ӯзвианд. Бар асоси тафаккури худ Закариёи Розӣ дар натиҷаи омӯзиши маводҳои табиӣ онҳоро ба ду гурӯҳ тақсим кардааст, ки якеро арвоҳ ва дигареро аҷсод номидааст, ки маънои рӯҳ ва ҷисм ё ҷасадро дорад. Ин тарзи табақабандӣ ба он сабаб пайдо гаштааст, ки дар он замон ҷудосозӣ ба филизот ва ғайри филизот набуд. Бинобар ин Закариёи Розӣ ба сабаби нармӣ, ҷоришавӣ ва қобилияти табхир доштани баъзе мавод онҳоро арвоҳ ва маводи дигарро ба иллати ҷомид зудгудохтанашаванда-аҷсод номидааст.

Арвоҳ (ҷамъи рӯҳ), яъне маводи нарм ва табхиршаванда, ки чаҳоранд: Симоб (дар забони арабӣ зайбиқ), Навшодир (инчунин нӯшодир), Сулфур (дар забони арабӣ кибрит ва ба форсӣ бошад гӯгирд) ва Арсен (дар забони арабӣ зарниҳ).

Аҷсод (ҷамъи ҷасад), яъне маводи ҷомид ва ҷисмӣ, табхирнашаванда, ки инҳоянд:

Нуқра (рамзи кимиёӣ Аq, дар забони арабӣ физат, ё ин ки сим мегӯянд), тилло (рамзи кимиёӣ Аu, дар забони арабӣ заҳаб, зар мегӯянд), Сурб (рамзи кимиёӣ Pb дар забони арабӣ расос ва дар забони тоҷикӣ қӯрғошим мегӯянд), қалъагӣ (рамзи кимиёӣ Sb, дар забони арабӣ қасдир мегӯянд), оҳан (рамзи кимиёӣ Fe, ба арабӣ ҳадид мегӯянд) ва мис (рамзи кимиёӣ Сu, дар забони арабӣ нухос меӯянд).

Дар дунё то нимаи аввали асри XIX дар соҳаи кимиё танҳо таълимоти Розӣ истифода мешуд. То он замон дар кимиё моддаҳоро аз рӯи пайдоишашон ба се гурӯҳ: минералӣ, набототӣ ва ҳайвонотӣ ҷудо карда алоҳида-алоҳида меомӯхтанд.

Кашфиёт ва саҳми ӯ дар рушди илм беназир аст, аз ҷумла:

- Сохтани таҷҳизотҳои кимиёӣ ва тиббӣ;

- Гузаронидани таҷрибаҳо барои исботи илмӣ;

- Ҷудо кардани спирт аз шароб ва истифодаи он барои антисептик (гулӯзиндонак сулфаи кабуд, кузоз);

- Шиносоии бемориҳои сироятӣ ва тарзи паҳншавии онҳо;

- Таълимоти ахлоқӣ дар заминаи тиб, ки таъкид бар инсонгароӣ ва навозиши беморон мекард.

Табиатшинос, файласуф, риёзидон, табиби мушкилкушо, кимиёгари маъруф Закариёи Розӣ дар охири умри худ нобино ва дасташ аз кор монда дар байни соли 320 ҳиҷрии қамарӣ баробар ба 25 октябри соли 925 -и мелодӣ аз олами ҳасти чашм пӯшад.

Ҳабибуллоев Суҳайлӣ Субҳонқулович, ходими илмии озмоишгоҳи

“Геохимия ва химияи таҳлилӣ ” Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

Ба ҳамагон маълум аст, ки рузҳои 8-10 октябри соли ҷорӣ дар Ватани азизамон ду ҳамоиши бузурги байналмиллалӣ «Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Русия» ва ҷаласаи шурои роҳбарони давлатҳои «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор мегардад.

Чорабиниҳои мазкур бо иштироки сарони кишварҳои узи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва роҳбарони давлатҳои Осиёи Маркази гузаронида мешавад, ки Чумҳурии Тоҷикистонро дар маркази тавваҷуҳҳи сиёсию дипломатии минтақа ва ҷаҳони муосир қарор медиҳанд.

Ҳамоиши Осиёи Марказӣ – Русия, ки шуруъ аз соли 2022 баргузор мегардад, имсол Тоҷикистон мизбонии онро бар уҳда дорад. Мақсади гузаронидани ҳамоиши мазкур таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, инчунин ба саъю кӯшишҳои муштарак баҳри таъмини субот ва амнияти минтақавӣ, рушди муколама ва таҳкими ҳамкории стратегӣ миёни кишварҳои минтақа ва Федератсияи Русия мебошад.

Бояд қайд намоем, ки дар давоми зиёда аз 30 соли барқароршавии муносибатҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия, тавонистанд ба сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра ноил шаванд ва ин ҳамкориҳо аз сатҳи зарурии ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчубаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ин ташкилот ва созмони минтақавию байналхалқии калонтарин дар минтақаи пасошуравӣ ба ҳисоб меравад. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи декабри соли 1991 бо мақсади мусоидат ба раванди ҳалли масъалаҳои муҳимтарин дар марҳилаи ташаккули давлатҳои мустақил ва ҳифзи робитаҳои таърихии кишварҳои аъзо таъсис дода шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз таъсисёбии созмони мазкур маротибаи сеюм аст, ки раёсати ИДМ бар уҳда дорад (ин солҳои 2011, 2018 ва 2025). Аз рӯзҳои аввали узвият ба ин созмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша тарфдори густариши равандҳои ҳамгироӣ, пешгирии таҳдидҳо ба амнияти милливу минтақавӣ, рушди иқтисоду сармоягузорӣ, илму фарҳанг байни кишварҳои аъзо мебошад. Инчунин Тоҷикистон бо пешниҳоди як зумра ташаббусҳои муҳими худ дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир,таъмини амнияти сарҳадҳо, масоили об ва иқлим, рушди иқтисодӣ ва энергетика ва ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фарҳанг дар маркази таваҷҷўҳи созмони мазкур мебошад.

Ҳамин тавр, гузаронидани чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд барои Тоҷикистон имконияти муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Пеш аз ҳама, чунин чорабиниҳо ба таҳкими нуфузи байналмиллалии кишвар, баланд бардоштани нақши он дар раванди қабули қарорҳои минтақавӣ ва таъмини амнияту субот дар минтақа мусоидат мекунад. Инчунин, ин ҳамоишҳо шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ, тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ ва муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ фароҳам меоранд. Дар баробари ин, онҳо ба рушди сайёҳӣ, инфрасохтор ва фарҳанг дар дохили кишвар низ такон мебахшад.

Бо назардошти ҳамаи ин омилҳо, баргузории чунин ҳамоишҳо ба манфиати рушди устувор ва мавқеи стратегӣ намудани Тоҷикистон дар минтақа хизмат мекунад.

Мудири шӯъбаи тарҳрезии математикии Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м., Сафарзода Э.Ҳ.

Аз 8 то 12 октябри соли ҷорӣ дар пойтахти Ватанамон шаҳри Душанбе се чорабинии сатҳи байналмилалӣ – сафари расмии президенти Федератсияи Русия В.В.Путин ба Тоҷикистон, Саммити «Осиёи Марказӣ – Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Пас аз муваффақона анҷом ёфтани чорабиниҳои сатҳи дуҷониба ва бисёрҷонибаи байналмилалӣ ба хулосаҳои зерин омадан мумкин аст.

1. Тоҷикистон иттифоқчии боэътимоде аст, ки давлатҳои аъзои ИДМ онро хеле қадр мекунанд. Тоҷикон бо меҳмоннавозии хеш дар ҷаҳон ном баровардаанд ва аз меҳмонони олиқадр дар сатҳи шоиста пазироӣ менамоянд. Тасдиқи онро мо дар нишастҳои Созмони Милали Муттаҳид (оид ба терроризму экстремизм, обу иқлим, ҳифзи креосфера), Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Машварат оид ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва ѓайра дар шаҳри Душанбе мебинем, ки дар чунин мизбонӣ таҷрибаи беҳтарин андўхта, сазовори эътимод ва эҳтироми баланди байналмилалӣ гардидааст.

2. Мизбонии чунин ҳамоишҳо барои Тоҷикистон на танҳо ифтихор, балки масъулияти бузург аст. Ин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки мамлакат дар сатҳи баланд тавони ташкилотӣ, фарҳанги дипломатӣ ва сиёсати мутавозини худро намоиш диҳад. Ба замми ин, Тоҷикистон дар раддабанди ҷаҳонӣ яке аз амнтарин давлатҳои ҷаҳон эътироф гардида, бо нуфузи худ дар арсаи байналмилалӣ, қобилияти ташкилӣ ва инфрасохтори муосири худ борҳо ҷаҳониёнро бовар кунонидааст, ки аз уҳдаи баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ба хубӣ баромада метавонад.

3. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфт, дар тўли беш аз 30 сол ҳамчун фазои ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ хизмат карда, ҳамоно нақши яке аз платформаҳои муҳимми ҳамгироии давлатҳои пасошӯравиро иҷро мекунад. Бо доштани мавқеи фаъол дар арсаи байналмилалӣ, бо пешниҳоди ташаббусҳои муҳим дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амнияти сарҳадҳои ҷанубии ин Иттиҳод, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди ИДМ дар таъмини амниятии он нақши фаъолеро бозида истодааст.

4. Аз Саммити «Осиёи Марказӣ – Русия» чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳамкории наздик бо ҳамдигар ва бо шарики стратегие, чун Русия, бо захираҳои бойи табиӣ, инфрасохтори муосири рушдёфта ва роҳҳои транзитӣ метавонанд нақши пули пайвасткунандаро бозанд. Минтақаи Осиёи Марказӣ дорои иқтидори бузурги ҳамгироӣ ва суботи дохилӣ аст, ки бо роҳбарии давлатҳои масъул ва сиёсати хирадмандона метавонад ба шакли нави ҳамкории минтақавӣ табдил ёбад.

5. Ба имзо расидани 15 санади ҳуқуқӣ байни Тоҷикистон ва Русия аз динамикаи мусбати ҳамкориҳо дар соҳаҳои муҳим, аз ҷумла дар соҳаи иқтисод шаҳодат медиҳанд. Мутобиқи яке аз ин созишномаҳо дар кишвар як Парки саноатӣ сохта хоҳад шуд ва коргоҳи мошинсозии Душанбе ҳамчун базаи Парки саноатӣ интихоб гардидааст. Ҳадафи ин тарҳи муҳим рушди саноати сабук, дастгоҳсозӣ, таҷҳизоти тиббӣ, металлургия ва афзоиши қобили мулоҳизаи корхонаҳои саноатӣ ва густариши тиҷорати дуҷониба мебошад. Ин амр дар амалӣ гардидани ҳадафи саноатикунонии босуръати кишварамон саҳми босазое хоҳад дошт.

6. Анҷоми муваффақонаи чорабиниҳои байналмилалӣ дар ш.Душанбе аз як ҷониб натиҷаи мантиқии сиёсати «дарҳои боз» буда, аз ҷониби дигар идомаи хати машйи мутавозин ва созандаи мамлакат, далели возеҳи эътирофи байналмилалӣ ва афзоиши нақши Тоҷикистон дар муҳити геополитикии минтақа ба шумор меравад. Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи худ дар ин раванд нақши муҳими миёнаравӣ дорад. Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, ки дар маркази роҳҳои транзитии минтақа қарор дорад, сиёсати мутавозин ва диди стратегӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ шудааст, имкон медиҳад, ки Душанбе ҳамчун “пули логистикӣ” нақши муҳим бозида, ҳам бо Русия, ҳам бо Чин ва ҳам бо кишварҳои Ғарб робитаҳои мутавозин ва судмандро нигоҳ дорад.

7. Баргузории ҳамзамони се чорабинии бузург дар Душанбе рамзи ҳамоҳангсозии сиёсати минтақа бо ҳадафҳои стратегӣ мебошад. Ин падида нишон медиҳад, ки Тоҷикистон тавони онро дорад, ки на танҳо мизбони расмии чорабиниҳо бошад, балки ҳамчун майдони муколамаи воқеӣ ва ҳамбастагии сиёсӣ амал кунад. Маҳз чунин муҳит барои таҳкими дипломатияи бисёрҷониба ва рушди ҳамкории иқтисодии муосир хеле зарур аст.

8. Баргузории ин чорабиниҳо шароити мусоидро барои муаррифии иқтидори иқтисодии мамлакат ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар бахшҳои энергетикаи «сабз» ва иқтисоди «сабз», транзит ва саноат фароҳам меорад. Дар доираи ин чорабиниҳо масъалаҳои калидӣ, аз амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ гирифта то ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, илм, технологияи муосир баррасӣ гардиданд, ки барои сулҳ, тараққиёт ва ҳамкорӣ нақши ҳалкунанда дорад.

Ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки нишастҳои сатҳи баланд дар Душанбе на танҳо рамзи обрӯ, балки имконияти воқеии таҳкими мавқеи дипломатӣ, афзоиши нуфуз ва пешниҳоди ташаббусҳои нави минтақавию байналмилалӣ мебошад. Ин гуна нишастҳо на танҳо ба таҳкими амният, иқтисод ва ҳамгироии фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд, балки мавқеи Тоҷикистонро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаҳон тақвият мебахшанд.

Саидумар Раҷабов – мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии

ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Шаҳри Душанбе рӯзи 10 октябр мизбони яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ дар фазои пасошӯравӣ гардид - ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ). Ин нишаст таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, дар он роҳбарони аксари кишварҳои узви ИДМ ширкат варзиданд.

Дар саммит сарони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, Беларус, Озарбойҷон ва Арманистон иштирок доштанд. Ҳамчунин Котиби генералии ИДМ Сергей Лебедев ва намояндагони сохторҳои ҳамкор ҳузур доштанд.

19 ҳуҷҷати муҳим - аз амният то энергетика

Дар натиҷаи ҷаласа 19 санади байнидавлатӣ ба имзо расид. Онҳо самтҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва иҷтимоиро фаро гирифтанд. Аз ҷумла:

Декларасия дар бораи амнияти энергетикӣ дар фазои ИДМ;

Консепсияи ҳамкории ҳарбию-техникӣ то соли 2030;

Барномаи ҳифзи марзҳои берунаи ИДМ барои солҳои 2026 - 2030;

Тамдиди ваколатҳои Сергей Лебедев ҳамчун Котиби генералии ИДМ;

Қарор дар бораи гузаштани раёсати ИДМ ба Туркманистон дар соли 2026.

Яке аз навовариҳои асосии ин нишаст - ташаббуси таъсиси формати нав бо номи “CIS Plus” (ИДМ Плюс) буд. Ин модел имкон медиҳад, ки созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои берун аз ИДМ низ дар лоиҳаҳои муштарак ширкат варзанд. Дар ҳамин замина, ба Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) мақоми мушоҳидачӣ дар ИДМ дода шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ифтитоҳии худ таъкид намуд, ки ИДМ бояд ба платформаи амалии ҳамкорӣ табдил ёбад:

«Имрӯз аз мо дар сатҳи ИДМ на танҳо ҳамкорӣ дар сухан, балки амалҳои мушаххас, барномаҳои муштарак ва масъулияти дастаҷамъӣ талаб мешавад.»

Роҳбари давлат афзуд, ки Тоҷикистон омода аст ташаббусҳои нави минтақавиро дар соҳаҳои амният, иқтисод ва обу энергетика роҳандозӣ намояд.

Президенти Русия Владимир Путин аз рушди тиҷорати байни кишварҳои ИДМ изҳори қаноатмандӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, гардиши мол миёни давлатҳои узв дар соли гузашта беш аз 100 миллиард долларро ташкил додааст. Ӯ пешниҳод намуд, ки барои густариши ҳамкорӣ истифодаи асъори миллӣ ва низомҳои пардохтии мустақил афзоиш дода шавад.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ИДМ-ро “ҷузъи муҳими суботи сиёсӣ дар фазои пасошӯравӣ” номид ва даъват намуд, ки созмон бояд ба «равандҳои муттаҳидкунанда, на ҷудокунанда» такя кунад.

Самтҳои муҳокимашуда

Амният:

Кишварҳо ба мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, киберҷинояткорӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аҳамияти махсус доданд. Тоҷикистон пешниҳод кард, ки Маркази ҳамоҳангсозии амнияти марзӣ дар Душанбе таъсис дода шавад.

Иқтисод ва энергетика:

Пешниҳодҳо оид ба таъсиси системаи ягонаи пардохтӣ, рушди лоиҳаҳои энергетикии минтақавӣ ва беҳсозии шабакаҳои нақлиётӣ баён гардиданд.

Фарҳанг ва илм:

Барномаи «Соли фарҳанги ИДМ - 2026» қабул шуд, ки баргузории чорабиниҳои фарҳангиву илмиро дар шаҳрҳои кишварҳои узв пешбинӣ мекунад.

Дар давоми ду рӯз - 9 ва 10 октябри соли 2025 - пойтахти Тоҷикистон ду нишасти сатҳи олӣ мизбонӣ кард: Саммити “Осиёи Марказӣ - Русия” ва Саммити ИДМ.

Ин рӯйдодҳо мавқеи Душанберо ҳамчун маркази муколамаи минтақавӣ ва шарики боэътимоди дипломатии кишварҳои пасошӯравӣ тақвият бахшиданд.

Тибқи арзёбии таҳлилгарон, саммити Душанбе як марҳилаи навро дар фаъолияти ИДМ боз намуд. Созмон дар шароити мураккаби ҷаҳонӣ тавонист ваҳдат ва иродаи сиёсиро барои таҳкими ҳамкориҳо нишон диҳад.

«ИДМ бояд макони ҳамфикрӣ, эътимод ва эҳтироми мутақобил боқӣ монад. Танҳо дар асоси ин арзишҳо мо метавонем субот ва рушди устуворро таъмин намоем», таъкид кард Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хотимавии худ.

Бо анҷоми ин нишаст, Тоҷикистон собит намуд, ки на танҳо узви фаъол, балки меҳвари дипломатияи минтақавӣ ва маркази ҳамгироии нав дар фазои пасошӯравӣ мебошад.

Абдухолиқова Парвина Носировна н.и.т., ходими калони илмӣ

Институти химияи ба номи В.И.Никитини АМИТ

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун арзиши олӣ ва таърихии ҳар як миллат, заминаи аслии ташаккули давлати миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Халқи тоҷик баъди ҳазорсолаҳои мубориза ва талошҳо 9-уми сентябри соли 1991 ба ин орзуи бузурги худ расид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил вориди марҳилаи нави таърихӣ гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ кард. Аммо марҳилаи аввали истиқлол пур аз мушкилиҳо, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандӣ ва бесуботии сиёсиву иқтисодӣ буд, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро ба вартаи буҳрон кашид.

Дар чунин шароити вазнин, маҳз иродаи қавӣ, сиёсати оқилона ва меҳанпарастии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки кишварро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, ба сӯи сулҳ, субот ва рушд раҳнамоӣ кард. Яке аз самтҳои муҳимми рушди иқтисодӣ ва стратегии кишвар дар ин давра соҳаи геология ва истифодаи захираҳои зеризаминӣ буд, ки бо сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат марҳила ба марҳила рушд кард.

Тоҷикистон кишвари дорои иқтидори назарраси захираҳои бойи табиӣ, хусусан захираҳои гуногуни канданиҳои фоиданок мебошад, ки дар рушди саноати истихроҷ, энергетика, металлургия ва дигар бахшҳои саноати мамлакат аҳаммияти калон дорад. Геология ҳамчун илми омӯзиши қабатҳои Замин ва кашфи захираҳои зеризаминӣ, барои пешрафти иқтисоди миллӣ ва амнияти энергетикиву саноатии кишвар нақши бузург дорад.

Дар даврони истиқлол, бахусус аз охири солҳои 1990-ум ва оғози солҳои 2000-ум, соҳаи геология ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд маротиба Барномаҳои давлатии рушди соҳаи геология қабул ва татбиқ гардиданд; буҷаи соҳа афзоиш ёфт ва таҳқиқоти геологӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла дар Помир, ноҳияҳои кӯҳӣ ва ҷануби Тоҷикистон, фаъолона ба роҳ монда шуд; шумораи корхонаҳои таҳқиқотии геологӣ ва ширкати ватанию хориҷие, ки ба ҷустуҷӯ ва коркарди канданиҳои фоиданок машғуланд, зиёд шуд; кадрҳои соҳавӣ дар дохил ва хориҷи кишвар омода ва бозомӯзӣ шуданд; мақоми Тоҷикистон дар харитаи захираҳои стратегӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон мустаҳкам шуд.

Дар натиҷа, то соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 600 кон ва 800 зуҳуроти маъданҳо, аз ҷумла тилло, нуқра, сурб, руҳ, висмут, сурма, симоб, қалъагӣ, волфрам, уран, ангишт, сангҳои қиматбаҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар канданиҳои фоиданок муайян ва ба қайд гирифта шудаанд.

Дар мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ таъсис ёфтани Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, факултети геоэкология дар МД Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, ихтисосҳои нав дар базаи факултети геологияи Донишгоҳи миллӣ - амалиёти маркшейдерӣ, геология, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои нафту газ, геофизика, иқтисод ва идора дар соҳаи саноати кӯҳӣ, пиряхшиносӣ, тахассусҳои геммолог, геоэколог, ихтисосҳои геологияи нафту газ ва гидрогеология дар Донишгоҳи давлатии Данғара, кафедраи илмҳои табиатшиносӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, таъсиси филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе бо ихтисоси гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ шаҳодати он аст, Ҳукумати мамлакат ба соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ аҳамияти калон медиҳад.

Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи геология бисёр бузург аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба рушди илму техника, бахусус илми геология ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Борҳо дар суханрониҳои худ таъкид намудаанд, ки канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон сарвати миллатанд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад заминаи мустаҳками рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар гардад. Аз ҷумла, дар яке аз суханрониҳои худ чунин қайд карда буданд: «Тоҷикистони мо - кишвари ганҷҳову табиати худодод ва биҳишти воқеии рўи Замин буда, табиати нотакрору боигариҳои зеризаминии он метавонанд чун омили мустаҳкам шудани имкониятҳои иқтисодӣ, тавоноии давлат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум хизмат намоянд. Барои ин моро зарур аст, ки ин сарватҳои зеризаминиро самараноку оқилона истифода намоем

Таҳлилҳо ва натиҷаҳои сиёсати амалигардида шаҳодати онанд, ки Пешвои миллат ин соҳаро ҳамчун яке аз омилҳои муҳимми таъминкунандаи амнияти иқтисодӣ, энергетикӣ ва саноатии мамлакат арзёбӣ намуда, дар ин самт ташаббусҳои зеринро роҳандозӣ намуданд: ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ; ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар шартномаҳои соҳаи маъдан; таҷдиди назар ва такмили қонунгузорӣ дар бахши истифодаи захираҳои табиӣ; инкишофи илму техника дар самти геология бо дастгирии пажӯҳишгоҳҳои илмӣ.

Хулоса, истиқлол барои Тоҷикистон дари имкониятҳои навро боз намуд. Дар ин замина, соҳаи геология ҳамчун яке аз сутунҳои муҳими иқтисоди миллӣ мавқеи калидӣ пайдо кард. Ин пешравиҳо бе сиёсати дурбинона ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконнопазир буданд.

Имрӯз Тоҷикистон дар радифи кишварҳое қарор дорад, ки дорои захираҳои ғании зеризаминӣ мебошад ва бо сиёсати дуруст метавонад онҳоро ба манфиати миллат ва наслҳои оянда истифода барад.

Соҳаи геология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳу раҳнамоии доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як бахши калидии иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст. Бо назардошти захираҳои ғании табиӣ, иқтидори баланди илмӣ ва сиёсати самараноки давлат, Тоҷикистон метавонад дар оянда ҳамчун яке аз марказҳои муҳимми геологии минтақа ва ҷаҳон мавқеи хоса пайдо намояд.

Истиқлол барои миллати тоҷик на танҳо рамзи озодӣ, балки имкони бузурги созандагӣ ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ ба нафъи наслҳои имрӯз ва оянда мебошад. Таъмини рушди устувор ва муназзами соҳаи геология - кафолати амнияти иқтисодӣ ва суботи давлат аст.

Файзиев Фотеҳ - доктори илмҳои геология ва минералогия, мудири лабораторияи канданиҳои фоиданоки Институти геология,

сохтмонии ба заминҷунби тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ИГСЗТС АМИТ)

Абдулов Шерзод - ходими калони илмии лабораторияи канданиҳои фоиданоки ИГСЗТС АМИТ

Бехатарии химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (ХБРЯ) яке аз бахшҳои муҳими амнияти миллӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Бо рушди илму техника, махсусан дар соҳаҳои саноат, энергетика ва илмҳои табиӣ, хатари истифодаи нодуруст ё садамаҳои вобаста ба маводҳои хатарнок афзоиш ёфтааст. Бинобар ин, ҳамкории байналмилалӣ барои таъмини амният дар ин соҳа аҳамияти хоса дорад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун узви фаъоли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), барои таҳкими низоми ягонаи бехатарии ХБРЯ бо кишварҳои узви ИДМ ҳамкорӣ мекунад ва дар самти мазкур саҳми назаррас мегузорад.

Амнияти ХБРЯ маънои ҳифзи ҷомеа аз таҳдидҳои марбут ба моддаҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроиро дорад. Соҳаи мазкур на танҳо масъалаҳои ҳарбӣ, балки муҳити зист, тандурустӣ ва иқтисодиётро низ дар бар мегирад. Дар доираи ИДМ, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст, давлатҳои узв барои ҳалли чунин мушкилот ҳамкорӣ мекунанд. Тоҷикистон аз соли 1991 узви ИДМ аст ва аз рӯзҳои аввали узвият дар ИДМ ба созишномаҳо ва механизмҳои ИДМ дар соҳаи амният ва мудофиа пайвастааст. Асоси ҳуқуқии ҳамкорӣ дар самти ХБРЯ аз як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим иборат аст, аз ҷумла:

Созишномаи ҳамкорӣ байни кишварҳои ИДМ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ (1993);

Созишнома дар бораи ҳамкориҳо дар ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ (1998);

Барномаи байнидавлатӣ оид ба таъмин ва таҳкими бехатарии радиатсионӣ ва ядроӣ дар ҳудуди ИДМ (аз соли 2010 то имрӯз);

Созишномаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризми химиявӣ ва биологӣ дар доираи Маркази зиддитеррористии ИДМ.

Ин ҳуҷҷатҳо заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилӣ барои ҳамоҳангсозии фаъолияти кишварҳо дар пешгирии хатарҳои ХБРЯ ро фароҳам меоранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, гарчанде ки кишвари дорои иқтидори ядроӣ нест, вале дар масъалаи амнияти химиявӣ, радиатсионӣ ва биологӣ фаъол аст. Дар қаламрави ҷумҳурӣ баъзе корхонаҳои саноатии давраи шӯравӣ мавҷуданд, ки бо маводҳои радиоактивӣ ва химиявӣ сару кор доштанд. Барои ҳамин Тоҷикистон як қатор барномаҳои муҳими безараргардонӣ, мониторинг ва назорат-ро бо дастгирии кишварҳои ИДМ ва созмонҳои байналмилалӣ амалӣ мекунад.

Тоҷикистон узви фаъоли Комиссияи байнидавлатӣ оид ба бехатарии радиатсионӣ ва ядроӣ, инчунин Маркази ҳамоҳангсозии ИДМ оид ба ҳолатҳои фавқулода мебошад. Дар доираи ИДМ, ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои дигар, аз қабили Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Ӯзбекистон, дар самти мубодилаи таҷриба ва ҳамоҳангсозии сиёсатҳои амниятӣ сурат мегирад. Масалан, Тоҷикистон дар лоиҳаҳои муштараки ИДМ оид ба назорати моддаҳои ҳастаӣ ва пешгирии паҳншавии силоҳҳои қатли ом ширкат меварзад. Ҳамкории мазкур бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА), ҳамоҳанг аст.

Дар самти татбиқи амният ва бехатарии ХБРЯ як қатор лоиҳаҳои муштарак миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ амалӣ шудаанд, аз ҷумла:

Лоиҳаи муштараки безараргардонии партовҳои радиоактивӣ дар вилояти Суғд бо иштироки мутахассисони Русия;

Машқҳои омӯзишӣ оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи радиатсионӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази федералии Русия оид ба ҳимояи аҳолӣ;

Ташкили шабакаи лабораторияҳои биологии минтақавӣ, ки таҳдидҳои биологиро муайян ва назорат мекунанд;

Барномаи омодагии кадрҳо дар муассисаҳои таълимии ИДМ барои мутахассисони соҳаи амнияти химиявӣ ва биологӣ.

Ин чорабиниҳо имконият медиҳанд, ки кишварҳои минтақа дар ҳолатҳои эҳтимолии хатарҳои ХБРЯ амалҳои ҳамоҳангшуда ва самаранок анҷом диҳанд.

Бо вуҷуди дастовардҳо, то ҳол як қатор масъалаҳо вуҷуд доранд, ки талаботи ҳамкории бештар доранд:

Норасоии таҷҳизоти муосири мониторинг ва ташхис дар баъзе кишварҳо;

Зарурати таҳкими низоми иттилоотӣ ва мубодилаи маълумот байни кишварҳои ИДМ дар ҳолатҳои фавқулода;

Муаллифон: Олимҷон Азизов - мудири шуъбаи менеҷемент, муносибатҳои

байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Ҳикматов Муҳабатшо – нозири калони шуъбаи менеҷемент, муносибатҳои

байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Аз аҳли адаби форс-тоҷик, ки осори бадеӣ ва илмиашон аз забони арабӣ холӣ бошад (хусусан дар асрҳои XII, XIII, XIV, XV), бароямон тасаввур кардан ғайри имкон аст. Дар қироати осори адабии Саноии Ғазнавӣ, Мавлоно Ҷалолиддин Балхии Румӣ, «Девон»-и Ҳофиз, асарҳои Саъдии Шерозӣ, Шайх Аттори Нишопурӣ аёну ноаён бо таркибу иборае, байту рубоие, қитъаи шеъре ё ғазали арабӣ рӯ ба рӯ меоем, ки идае барои чанд тан мутахассиси забондон аз нигоҳи маънӣ равшан шуда истад ҳам, барои бештари тоҷикон торику номафҳум буд ва имрӯз ҳам ин ҳолат равшантар ба мушоҳида мерасад. Дар ин иддао осори манзуму мансури Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) низ барканор нест, ки дар мақола аз ин боб сухан меравад.

Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибону мутафаккирони барҷастаи асри XV маҳсуб ёфта, вобаста ба тақозои давру замон сарфу наҳви забони арабиро хеле ва хеле хуб медонист. Тибқи маълумотҳо, ӯ ҳатто баъзе асарҳое дорад, ки ба забони арабӣ навиштаву таълиф гардида, ба таълими сарфу наҳви забони арабӣ бахшида шудааст. Мисоли ин гуфтаҳо рисолаи «Фавоиди Зиёия» мебошад, ки муаллиф онро барои забони арабиро ба фарзандаш Зиёуддин Юсуф таълим додан навишта будааст. Рисола соли 1432 навишта шуда, худи Ҷомӣ дар муқаддимаи асар сабаби таълифи онро интавр маънидод кардааст: «… ин китобест барои ҳалли мушкилоти «Қофия»-и алломаи машҳур – Ибни Ҳоҷиб. Ин китобро бо ҳамон роҳу равише чун риштаи марворид барои фарзандам Зиёуддин Юсуфалӣ шарҳ додам ва номи онро «Фавоиди Зиёия» ниҳодам.......» [1].

Аз шиносоӣ бо рисола маълум мешавад, ки Ҷомӣ, ки худ аз устодони номии замонаш буд, мебинад фарзандаш ва толибилмони дигар аз омӯхтани нозукиҳои граматикаи забони арабӣ ба мушкилиҳо рӯ ба рӯянд. Вай мақсад мегузорад, ки ин мушкилотро аз байн барад ва ин китобро менависад. Мусанниф дар он асосан масоили мушкилфаҳми «Қофия»-и Ибни Ҳоҷибро бо ашъори арабӣ шарҳу тавзеҳ додаст.

Бале, Абдураҳмони Ҷомӣ арабиро хеле хуб медонист. Дар ин бора Асомуддин Насриддинов – муҳаққиқи ҷомишиноси тоҷик навишта буд: «Вай (яъне, Ҷомӣ- З.С.) сарфу наҳви забони арабӣ, қавоиди шеър-аруз, санъати бадеия, қофия, илми калом, фиқҳ, тафсир, илми маонӣ, баён, иншои наср, китобат, маҳозирот, мусиқӣ, муаммо ва ҳоказоро ба хубӣ меомӯзад ва қобилияти фавқуллодаи худро нишон медиҳад» [2,9].

Устоди зиндаёд Аълохон Афсаҳзод, ки таҳиягари матн, муаллифи сарсухан ва шореҳи луғоту тавзеҳоти «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад, дар муқаддимаи он забони арабидонии Ҷомиро ин тавр таъкид кардааст: «Панҷсад сол пеш аз ин, баҳори соли 1487, шоиру олими номдор Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1487), ки он вақт 73 сола буд, дар канори шаҳри Ҳирот, дар маҳаллаи Хиёбон ба фарзанди ягонаи даҳсолааш Зиёуддин Юсуф аз забони арабӣ ва қоидаҳои он дарс медод» [3,5].

Ин муҳаққиқи асили осори Ҷомӣ бар он аст, ки Мавлоно Ҷомӣ дар эҷоди «Ҳафт авранг»-и худ, бахусус дар навиштани маснавиҳои «Лайлӣ ва Маҷнун» ва «Юсуф ва Зулайхо» аз адабу фарҳанги арабҳо бебаҳра набудааст.

Арабидонии Малвоно Ҷомиро метавон дар тамоми осори ба мо меросмондаи ин адибу мутафаккир пайваста мушоҳида намоем, ҳатто дар осори манзуми форсӣ-тоҷикии ӯ. Муламмаънависи адиб ин манзараро бароямон боз ҳам равшантар менамояд. Муламмаотро устод Иброҳим Наққош ин тавр шарҳ додааст: «Муламмаот дар истилои адабиётшиносӣ абётест, ки бо ду забон назм шудааст» [4,134]. Ҷойи таъкид аст, ки муламмаот назмест хоси адабиёти форс-тоҷик буда, ба адабиёти турк низ бетаъсир набудааст. Муламмаънависӣ аз санъати бисёр мураккаб аст, зеро шоири муламмаъгӯй бояд забони ғайрро дар баробари забони модарии худ донад ва бо тамоми талаботи қавоиди манзуму мансури он бархурдор бошад. Вақте ба осори Абдураҳмони Ҷомӣ таваҷҷӯҳ меравад, мебинем, ки вай низ ба қатори шоирони муламмаъгӯйи адабиёти форс-тоҷик дохил аст, чунки агар ба офаридаҳои сеҳри қалами шоир нигоҳи амиқ равад, бо абёте дучор меоем, ки як мисраи он тоҷикӣ ва мисраи дуввумаш арабӣ мебошад. Сабаби надоштани шеъри мулламмаъи бархе аз шоиронро ин бешубҳа забони дигарро надонистан ё камтар донистанашон аст. Муламмаънависӣ асосан хоси адабиёти форситаборон буда тавре ишора рафт, пас ба адибони туркигӯй таъсир гузоштааст.

Мавлоно Ҷомӣ дар ин ҷода аз худ намунаҳои зиёдеро ба мерос мондааст, монанди:

Таҷаллар-рӯҳу мин каъсин, тусаффир-рӯҳа фақбалҳо,

Ки мебахшад сафои май, фурӯғи хилвати дилҳо.

Дар ин мисол маънии байти аввал таври зайл аст:

-Майи рахшанда аз ҷоме, кунад ҷон тоза, гир онро

Намунаи дигар аз ҳамин ғазал:

Анилнӣ ҷуръатан минҳо, ареҳнӣ соатан аннӣ,

Ки монд аз зулмати бистар, даруни парда мушкилҳо

Маънии мисраи аввал:

Бидеҳ як ҷуръае аз май, бубахшад соатам роҳат….

Ин ғазали Ҷомӣ то ба охир дар санъати муламмаъ офарида шудааст, ки мисраи аввал ба забони арабӣ буда, мисраи дуввуми ҳар байт ба забони модарии шоир, яъне забони ноби тоҷикӣ омадааст.

Муҳаққиқони зиёди адабиётшинос, ки номбар намуданашон ин ҷо аз имкон берун аст, ин санъати муламмаотро минбаъд бо таркиби «ширу шакар» низ ёд кардаанд.

Алишери Навоӣ, ки аз шогирдони Мавлоно Ҷомӣ буд, ҳатто муламмаоте ба забонҳои арабӣ-туркӣ менавиштааст. Мисол:

Ашрақат мин акси шамсил-каъси анвору-л-ҳудо

Ёр аксин майда кӯр, деб, жомдин чиқти садо

Ташналаб ӯмда Навоӣ, чун азал соқийсидан

«Ишрабу ё айюҳал-атшон» келур ҳардам нидо.

То Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ муламмаъгӯӣ дар адабиёти мо роиҷ буда, ки намунаи беҳтарини онҳо дар ғазали аввали «Девон»-и Хоҷа Ҳофиз дучор меоем:

Ало ё айюуҳа-с-соқӣ, адир каъсан ва новилҳо,

Ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод мушкилҳо

инчунин ду мисраи охири ҳамин ғазал:

Ҳузуре гар ҳаме хоҳӣ аз ӯ ғоиб машав Ҳофиз,

Мато мо талқа ман таҳво даъи-д-дунё ва аҳмилҳо [5,1].

«Баҳористон», ки аз асарҳои машҳури Мавлоно Ҷомист, ки соли 1487 таълиф гардидааст, дар аксар сатрҳои ин асар метавонем ба вожаҳои арабию нақли шоирони араб, подшоҳу ҳокимон ва нависандагони араб дучор оем. Вай аз шоир Асмаъии араб (вафот 828), ки монанди Мушфиқӣ қаҳрамони ҳикояву латифаҳои зиёди арабӣ гаштааст, дар равзаи чаҳоруми «Баҳористон» «Дар васфи мевабахшии дарахтони боғистони ҷуду карам ва шукуфарезиашон ба базли динору дирам» ҳикоёте ҷой дода, намунае аз шеъри Асмаъиро иқтибос кардааст [3,56]. Ҳикояти доир ба Асмаъии шоири араб овардаи Мавлоно Ҷомӣ ин аст:

«Асмаъӣ гӯяд: Бо кариме ошноӣ доштам, ки ҳамвора ба таваққӯъи караму эҳсон ба дари хонаи вай мерафтам. Як бор ба дари хонаи вай расидам. Дарбоне шинонда буд. Маро манъ кард аз он ки бар вай дароям. Баъд аз он гуфт:

— Э, Асмаъӣ! Ин сабаби манъ кардани ман аз даромадан бар вай тангдастию нодорист, ки вайро пеш омадааст.

Ман ин байтро навиштам:

Изо кона-л-кариму лаҳу ҳиҷобун,

Фа мо фазлу-л-кариму ала-л-лаим

Тарҷума: (Чун сахӣ парданишин гардад,

Фазли ӯ ҳам ба лаъин бар гардад)

ва ба он дарбон додам, ки инро ба вай расон. Замоне барнаёмаду руқъаро овард. Бар пушти вай набишта, ки

Изо кона-л-кариму қалила мол,

Тастара би-л-ҳиҷоби ани-л-азим

Тарҷума: (Чун сахӣ камбизоат шудааст,

Худро ба пардаи бузург ниҳон намудааст)

ва ҳамроҳи руқъа суррае понсад динор дар вай. Бо худ гуфтам: «Ҳаргиз қиссае аз ин ғарибтар бар ман нагузаштааст. Инро тӯҳфаи маҷлиси Маъмун хоҳам сохт!» Пеши вай рафтам.

Гуфт:

-Аз куҷо мерасӣ, э Асмаъӣ?

Гуфтам:

Аз пеши каримтарин касе аз аҳёи араб.

Пурсид, ки кист? Гуфтам, ки марде, ки маро аз илму моли худ баҳравар сохтааст. Ва он руқъаву сурраро пеши вай бар замин ниҳодам. Чун сурраро дид, ранги вай баромаду гуфт:

-Ин муҳри хазонаи ман аст. Мехоҳам, ки он касро талаб дорам.

Гуфтам:

-Эй амиралмуъминин! Валлоҳ, шарм медорам, ки ба ҷиҳати баъзе гумоштагони ту хавфе ба хотири вай роҳ ёбад.

Маъмун яке аз хавоси худро гуфт, ки ҳамроҳи Асмаъӣ бирав. Чун он мард бибинӣ, бигӯй: амиралмуъминин туро металабад, бе он ки тафриқае ба хотири вай расад.

Чун он мард ҳозир омад, Маъмун ба вай гуфт:

-Ту он шахсе нестӣ, ки дирӯз пеши мо омадӣ ва изҳори фақру фоқа кардӣ, ин сурраро ба ту додем, то сарфи маоши худ кунӣ, ки ба як байт шеър, ки Асмаъӣ пеши ту фиристод, онро ба вай додӣ?

Гуфт:

-Валлоҳ, ки дар изҳори фақру фоқа, ки дӣ кардам, дурӯғ нагуфтам. Валекин нахостам, ки қосиди вайро боз гардонам, магар чунон ки амиралмӯъминин маро боз гардонида.

Пас бифармуд, то ҳазор динор ба вай доданд. Асмаъӣ гуфт:

-Э амиралмӯминин! Маро низ дар ин ато ба вай мулҳақ гардон!

Фармуд, то ҳазор вайро низ такмил карданд. Ва он мардро аз зумраи надимони худ гардонид:

Кафи соҳибкарам чун бедирам монд

Зи нодорӣ шумар, гар дар бибандад.

Вале дар бастани мудхил чунон аст,

Ки ҳамёни дирамро сар бибандад. »[3,56-57].

Инҷо Абдураҳмони Ҷомӣ перомуни қадру қимати шоири араб ва маънии волои шеъри ӯ сухан рондааст. Асмаъӣ, яке аз шоирони шинохтае буд, ки бо ҳикоёту латоифи баландмазмунаш мардуми ғайриараб низ ӯро мешинохтанд ва бо шуҳрат ва маънии баланди ашъораш аз қаҳрамонони ҳикоёти Мавлавӣ Ҷомӣ гардида будааст.

Дар «Нафаҳот ал-унс мин ҳазарот ал-қудс» -и Ҷомӣ, ки дар он зикри 618 сӯфии адибу шоир дарҷ гардидаасту бештарашон аз манотиқи арабнишини Бағдоду Шом, Ҳиҷозу Басра ва Яману Мисранд, пайдост, ки ӯ бо фарҳанги мардуми араб ошноии тамом доштааст. Мусаннифи «Нафаҳот ал-унс» на танҳо дар асари худ шаммае аз рӯзгору фаъолият офаридаи қалами онҳо ҳадс мезанад, ҳатто дар зарурат пораи ашъори арабии онҳоро ба сифати мисол иқтибос менамояд.

Масалан, Абӯҳомид ас-Сӯфӣ, ки кӯфиюласл буда, дар Шом ба ҳайси шайх вазифаи масъул дошт, шеър ҳам мегуфт, ки намунаҳои онро ба забони асли арабӣ дар «Нафаҳот ал-унс» дучор меоем. Намунае аз он:

Хайру дорин ҳалла фиҳо хайру арбоб ад-диёри

Ва қадиман ваффақа-л-Лоҳу хиёран лихиёри.[6, 56-57]

Тарҷума: (Беҳтарин хонае, ки беҳтарин асҳоби диёр фаро омадаанд,

Ва дар гузашта Худо хубонро бо хубон ба ҳам меоварад)

Ба монанди ин шоири суфимашраб зикри чандини дигар аз шоирони суфия дар ин китоб оварда шудааст. Мо метавонем бо дарназардошти зикри якояки ин шайхони бузург Абдураҳмони Ҷомиро аз арабдонони машҳур дониста бошем.

Аз гуфтаҳои боло бар меояд, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар баробари донандаи асили забони модарии худ будан, аз забон ва адабиёти минтақаи Шарқи Наздик огоҳии тамом дошта, дар осори бадеӣ ва илмии худ аз захираи адабу фарҳанги арабҳо ба таври боиставу шоиста кор гирифтааст. Муламмаоти арабӣ-форсии Мавлоно Ҷомӣ равон, ширин ва намакин буда ба онҳое низ, ки забони арабиро ба таври зарурӣ намедонанд, фаҳмову гушнавоз аст. Ва ин далолат бар он мекунад, ки мавсуф бо осори гаронмояи худ ва забондонӣ барои таҳкими дӯстию равобити илмию адабии форситаборону арабҳо саҳми назаррасе гузоштааст.

Зиёев Субҳиддин Насриевич, - мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои

                                                                                                      давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои филология

Адабиёт

1. Ҷомӣ, Абдурраҳмон. Шарҳ ал-Ҷомӣ. Пешовар, Покистон, чопи сангӣ, 1917.

2. Насриддинов, Асомуддин. Ҷомӣ – шоир ва мутафаккири бузург.-Душанбе: Ирфон, 1964.-59с.

3. Ҷомӣ, Абдурраҳмон. Баҳористон. Таҳия ва муаллифи сарсухан ва шореҳи тавзеҳоту луғот Аълохон Афсаҳзод. – Душанбе: Адиб, 1987.-157с.

4. Ҳ.И. ал-Наққош. Муламмаоти Ҷомӣ // Ҷашнномаи Ҷомӣ: Душанбе: Ирфон, 1966.-150с.

5. Ҳофизи Шерозӣ.-Теҳрон: Ҳунар, 1388.-389с.

Равобити адабӣ бахше аз муносиботи байналмилалӣ буда, ҳамчун василаи неруи нарм ҷиҳати огаҳӣ пайдо намудан аз адабиёт, фарҳанг, ашъор ва осори адабӣ миёни миллатҳо маҳсуб меёбад. Бозтоби адабиёти форс-тоҷик аз адабиёти араб мавзӯи доманадорест, ки пайваста дар ҷараён буда, аз асрҳои пеш то замони мо густариш ёфта истодааст. Таъсирпазирии ин ду адабиёт нишон аз ҳамбастагӣ ва пос доштани фарҳангу адаби ҳамдигар мебошад ва то имрӯз арабҳо аз намояндагони барҷастаи адабиёти тоҷику форс хуб истиқбол менамоянд ва ашъору осори мондагори онҳоро арҷгузорӣ намуда, дар мадди назари хонандагони мамолики хеш гузоштаанд.

Дар натиҷаи мутолеаи ашъори шоирони форсу тоҷик метавон ба хулосае омад, ки бузургони илму адаби мо на фақат ба забони арабӣ шеър эҷод кардаанд, балки дар натиҷаи таъсирпазирии шоирони араб бо фаҳми алоҳида аз маънии ашъори шуарои араб бо забони тоҷикӣ шеър низ меофаридаанд, ки ин навъи санъатро иқтибосу тазмин меноманд. Илова бар ин дар асрҳои аввали рушди адабиёти форс-тоҷик шоирон дар васфи подшоҳон ба забони тоҷикиву арабӣ шеър гуфтаанд, ки мисоли ин гуфтаҳо Робияи Балхӣ, Маҳмуди Варроқи Ҳиравӣ ва Муҳаммад ибни Васиф шуда метавонанд. Ва аввалин шеъри форсие, ки рӯи коғаз омадааст аз Муҳаммад ибни Васиф буда, пас аз он, ки Яъқуби Лайси Саффорӣ (867-879 м.) хавориҷро шикаст дод, шоирон ба расми замона шеър ба арабӣ дар ситоиши ӯ суруданд. Яъқуб гуфт: «Чизе, ки ман дарнаёбам, чаро бояд гуфт?». Дар ин ҳангом Муҳаммад ибни Васиф ӯро ба забони форсӣ ситоиш кард ва он чунин мебошад [17, 209]:

Эй амире, ки амирони ҷаҳон хосаву ом,

Бандаву чокару мавлою сагбанду ғулом.

Азалӣ хатте дар лавҳ, ки «мулке бидиҳед,

Ба Аби Юсуфи Яъқуб бин ал-Лайси ҳумом!»

Як қатор шарқшиносон ва адабиётшиносони халқҳои гуногун перомуни таъсири адабиёти арабӣ ба адабиёти форс-тоҷик аз қабили Э. Браун, А. Арберри, Е. Э. Бертельс, И. Ю. Крачковский, Шиблии Нуъмонӣ, Бадеъуззамон Фурӯзонфар, Маликушшуаро Баҳор, Ҳанно ал-Фахурӣ, Абдулҳусайн Зарринкӯб, Сайид Нафисӣ, Забеҳуллоҳи Сафо, А. Мирзоев, Х. Мирзозода, А. Абдуллоев, Ш. Ҳусейнзода, Х. Шарипов, Т. Мардонӣ, А. Абдусаттор, Н. Зоҳидӣ, У. Ғаффорова, Ваҳид Сабзиёнпур, Исо Алӣ Окуб ва як қатор муҳаққиқони ҷавон таҳқиқоти назаррас анҷом додаанд. Агар қисме аз ин донишмандон ба таҳқиқу пажуҳиши таъсири мутақобилаи ин ду адабиёт пардохта бошанд, қисмати дигарашон ба таври умум атрофи ин ду адаби бузург ибрози андеша намудаанд.

Азбаски пажуҳишҳои Умари Хайём дар ҷаҳони муосири араб ҳадафи аслии ин мақола аст, мавзӯи пажуҳишҳои Хайём дар Ғарб ва манотиқи дигари ҷаҳон наметавонад мавриди баҳсу баррасиҳои ин мақола бошад. Аммо ба далели аҳамияти фавқулоддаи мавзуъ аз як тараф ва иртиботи Хайёмшиносӣ дар олами араб ва Хайёмшиносӣ дар Ғарб зарур аст, ки ба ин масъала мухтасар сухан ронем.

Зиёда аз 150 сол мешавад, ки аврупоиҳо бо Хайём ва осори ӯ ошно мешбошанд. Дар ин муддати нисбатан тӯлонӣ Хайём ва рубоиёти ӯ бо кумаки аврупоиҳо шуҳрат пайдо кардааст. Ҳаҷми корҳои таҳқиқотӣ оид ба Хайём дар Ғарб ба дараҷае афзудааст, ки ба қавли профессор Ф. Бодемштедт, олими хайёмшиноси олмонӣ, агар мо онҳоро ҷамъоварӣ кунем, умри мо басанда нахоҳад буд [3, 230]. Дар Аврупо соли 1700-уми милодӣ Томас Ҳейд дар тарҷумаи рубоиёти Хайём қадами аввал гузошт. Аммо ками дар кам ба он эътибор медоданд [5, 340].

Дар соли 1857 Гарчин Д. низ чанд мисраи Хайёмро тарҷума кард [20, 28], вале боз ҳам таъсире надошт. Аммо касе, ки Хайёмро маъруф ва маҳбуби мардуми Ғарб кардааст, ба ҷуз Эдвард Фитзҷералди англис касе набуд. Соли 1858 Фитзҷералд рубоиёи Хайёмро дар як китоби алоҳида бо тафсири шоирона ва озод ба забони англисӣ таҳия намуд.

Ин дар аввал чандон хуб пазируфта нашуд. Аммо ниҳоят як гуруҳ аҳли адаб аҳамияти мавзуъро дарк намуда, паҳн намуда, онро дар гирду атроф шуҳратманд гардонданд [20, 30].

Пас аз Фитзҷералд чунин шахсоне буданд, ки: Николас Френч соли 1867 рубоиёти Хайёмро ҳамчун шоири мутасаввиф ба забони фаронсавӣ тарҷума карда, бо кумаки шоирону нависандагони фаронсавӣ интишор кардааст.

Нуфузи Хайём дар Аврупо тадриҷан меафзояд ва то ба ҷое расидааст, ки танҳо тарҷумаи Фитзҷералд беш аз 300 маротиба дар шаклҳои гуногун нашр шудааст [21, 12]. Холо Хайём дар қатори шоирони бузурге чун Гомер, Шекспир, Данте ва Гёте дохил шудааст ва рубоиёти Хайём ба тамоми забонҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр шудаанд [19, 48].

Ба даст овардани маълумоти дақиқтар дар бораи таъсири Хайём ва андешаҳои ӯ ба мардуми Ғарб вақт ва пажуҳиши алоҳидаро талаб мекунад. Аммо дар бузургӣ ва фарогирии ин таъсир басанда аст, ки бузургон аз қабили Фитзҷералд, Томас Ҳейд, Гарсин дю Тасси, Николас, Кристиансен, Вопке, Браун, Арбери, Жуковски, Пиер Паскал, Эрнест Ренан ва муҳаққиқони бешумори дигар қисмате аз умри худро барои инъикос, пажуҳиш ва таблиғи ғояҳои Хайём сарф кардаанд.

Шӯҳрат ва нуфузи Хайём дар Ғарб танҳо дар шеъру адаб набуд. Доираи ин таъсир ва нуфуз ба дигар бахшҳо низ расидааст, андешаҳои Хайём дар мавзуъҳое чун санъати Ғарб, рассомӣ, мусиқӣ, суруд, кино, театр ва драма низ таъсир расонидааст. Масалан, соли 1916 коргардони маъруфи амрикоӣ В. Гриффитс тасмим гирифт, ки аз мавзуъҳои бархе аз рубоиёҳои Хайём филме бисозад [10, 1-12].

Аҷиб нест, ки ғарбиён Хайёмро “Султони хирад” меноманд ва ба номи ӯ дар Аврупову Амрико нишастҳо ва маҳфилҳои гуногун таъсис медиҳанд.

Пеш аз он ки дар бораи ҳузури барҷастаи Хайём дар ҷаҳони муосири араб ва таъсири ӯ ба ҷанбаҳои мухталифи фарҳангӣ, иҷтимоӣ, ҳунарӣ ва адабии арабҳои муосир сухан ронем, бояд дар бораи Хайём дар ҷаҳони араб ба таври куллӣ баҳс кунем, то заминаеро барои баррасии Хайём дар ҷаҳони муосири араб гузорем. Аз ин рӯ, дар ин бахш масоил аз қабили эҷодиёти Хайём ба забони арабӣ, таъсири Хайём дар шеър ва адабиёти араб, ашъори арабии Хайём ва монанди инҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад. Зебоии ин асар дар он аст, ки ин гуна баҳсҳо робитаи мутақобилаи Хайём ва адабиёти арабро бо эҳтиром ба заминаи таърихӣ равшан мегардонад.

Бо тақозои замон Умари Хайём низ мисли дигар бузургони илму адаб дар ин сарзамин ё дигар сарзаминҳои шарқӣ маҷбур шуд, ки забони арабиро омӯзад, то тавонист, ки бо навиштан ба ин забон мувофиқи расму русуми он замон бозёфтҳои худро дар ҳама ҷо пазируфта намояд. Ин аст он чизе, ки дар бахши қобили таваҷҷуҳи осори ӯ мушоҳида мешавад [12, 30]. Ӯ ба далели заковати бузургаш дар омӯзиши забони арабӣ ва аз худ кардани қоидаҳои он ба ягон мушкилӣ дучор намешуд. Ҳарчанд ҳадафи ӯ аз омӯзиши забони арабӣ адиб, шоир, нависанда ва муаррих шудан набуд [11, 2], вай мувофиқи одати замон забон ва адабиёти арабиро ба дараҷаи баланд омӯхт. Ривоёти сершумор, аз ҷумла ривоятҳои Байҳақӣ, Низомии Арӯзӣ ва Замахшарӣ ин масъаларо таъйид мекунанд. Пас, шаке нест, ки Хайём дар донистани забон ва адаби комили арабӣ истеъдоди бемисл дошт [1, 45]. Дар мавриди маҳорати Хайём дар донистани забони арабӣ ва нозукиҳои адабиёти араб баҳси Ҷоруллоҳи Замахшарӣ басанда аст. Ин баҳс дар Марв сурат гирифт ва мавзуи баҳс ин буд, ки чӣ гуна Хайём аз ашъори Абулъалои Маъаррӣ шоири араб қироат мекунад.

Замахшарӣ дар рисолаи худ «Аз-зоҷиру ли-с-сиғор фи муъоризати-л-кибор» достони ин баҳсро ба таври муфассал нақл карда, онро далели салоҳият ва маҳорати ӯ дар адаби арабӣ медонад. Аммо ӯ фазилат ва тавоноии Хайёмро дар забон ва адабиёти араб эътироф намуда, ба шогирдонаш тавсия мекунад, ки осори Хайёмро мутолиа кунанд [12, 75].

Аз Хайём ҳудуди 17 то 25 байти ашъори арабӣ боқи мондааст [2, 17]. Китобҳо ба монанди “Харидату-л-қаср”-и Ибни Имоди Исфаҳонӣ ва идомаи «Савонеҳу-л-ҳикмат»-и Ғазанфари Табрезӣ ва «Таърихул-ҳикма ал-Қифтӣ» қадимтарин сарчашмаҳои ривояти ашъори арабии Хайём ҳастанд. Ахиран донишманди шодравон Муҳаммади Тоқӣ аз ашъори арабии Хайём аз «Атима-т-ат-татимма» ёздаҳ байти дигарро нишон медиҳад [4, 95].

Вадеъи Бӯстонӣ шоири лубнонӣ ва мутарҷими рубоиёти Хайём дар муқаддимаи китоби худ ду байти дигари ашъори арабии Хайёмро зикр кардааст. Аммо онҳо барои далели возеҳи ин рубоиҳо аз Хайём будан сарчашмае наовардаанд [9, 15].

Зоҳиран, Аҳмад Ҳомиди Ироқӣ низ ин ду байтро аз Вадиъ ал-Бустонӣ оварда, дар китоби худ таҳлил кардааст [8, 99].

Дар мавриди он ки оё ин абёти арабӣ аз ашъори худи Хайём аст ё ба ӯ нисбат дода мешавад, баҳсҳое вуҷуд доранд. Дар байни муосирони бузург ба монанди Қазвинӣ, Даштӣ, Фуруғӣ ва ғайра ба ашъори арабии Хайём таваҷҷуҳ намуда, онҳоро аз ашъори Хайём медонанд.

Даштӣ мегӯяд: Бархе аз муҳаққиқон шояд ба Хайём нисбат додани ин ашъор шак кунанд. Аммо чун далеле надоранд ва далеле нест, ки аз Хайём набошанд ва аз он ки соҳиби дигаре барои онҳо пайдо нашудааст, ба хусус, ки се муаррихи наздик ба замони Хайём дар бораи онҳо хабар додаанд пас аз Хайём аст. Аз ин рӯ, илоҷе нест, ки онҳоро ҳамчун ашъори арабии Хайём напазирем [4, 19].

Тадқиқоти расоили “Ихвон ас-сафо” нишон медихад, ки ин навиштаҳо аз ҷиҳати услуби баён ва мулоҳиза ба баъзе осори Хайём ба таври тааҷҷубовар шабоҳат доранд. Махсусан, рисолаҳои «Тазод дар олам» ва «Кавн ва таклиф» якхела ва як маънӣ доранд. Чунин ба назар мерасад, ки Хайём дар ин тоифаҳо зери таъсири ин рисолаҳо қарор гирифтааст. Аммо ин шабоҳатҳо чунонанд, ки фарқ кардани онҳо қариб душвор аст.

Дар гузоришҳои матнҳои бостонии марбут ба ҳаёт ва фаъолияти Хайём чизе ба таври равшан нишон дода нашудааст, ки Хайём аз шоирону нависандагони араби пеш аз худ таъсир пазируфтааст. Аммо дар ин матнҳо нишонаҳое ба назар мерасанд, ки аз маҳорати донистани забон ва адабиёти араби Хайём ва аз вазъи шеъру адаб ва шоирони араби пеш аз ӯ огоҳӣ доштани Хайём дарак медиҳад. Масалан, Абулҳасани Байҳақӣ, муаллифи асари мукаммали «Савон-ул-ҳикма» бо ҳамроҳии падараш ба ҳузури Хайём омада, дар посух ба суол дар бораи табиат ва тафсири як байте аз ашъори достони Абӯтамом ба ҳузури Хайём меафтад. Ин достон аз дониши Хайём дар бораи достони Абӯтамом нишон медиҳад ва ин достон ҳамон достоне, ки баргузидаи ашъори шоирони бузурги араб то замони Абӯтамом будааст [12, 73].

Чунин ба назар мерасад, ки Хайём аз шоироне чун Абумуҳаҷҷани Сафкӣ, Башор ибни Бурд, Абулатоҳайя, Абунувос ва Ибни Румӣ маълумоти фаровоне доштааст ва шояд баъзе мавзуъҳои ашъори худро аз онҳо тазмин карда бошад, аз ҷумла аз Абулатоҳия [24, 27]. Фурӯғӣ низ ин ақидаро тасдиқ кардааст. Эдвард Браун даврони Хайёмро дар донишу маърифат нисбат ба дигар давру замоне дурахшонтар медонад [23, 2-4].

Ба ғайр аз инҳо Абулъалои Маъаррӣ шояд ягона шоири бузурги арабест, ки афкор ва ашъори Хайём то андозае зери таъсири он мондааст. Азбаски ин масъала айни таваҷҷуҳ аст, ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор додаем. Достони ошноӣ ва шинохти Хайём бо Абулъалои Маъаррӣ ва афкору ашъори ӯ чи гунае, ки дар боло гуфта гузаштем бештар аз ҷониби Ҷоруллоҳи Замахшарӣ гуфта шудааст [16].

Аз нигоҳи маънӣ ва сохтор рубоиёти Умари Хайём ба рубоиёти Абулъалои Маъаррӣ хеле наздикӣ дорад. Хайём дар баъзе ашъораш ба форсӣ ва арабӣ то андозае зери таъсири Абулъало қарор гирифтааст.

Албатта, касе дар ягон ҷо нагуфта бошад, ки Хайём ва Абулъалои Маъаррӣ бо ҳам вохӯрданд. Аммо достони баҳси Замахшарӣ бо Хайём шакеро намегузорад, ки Хайём бо ҳаёт, осор ва ашъори Абулъалои Маъаррӣ ошноӣ доштааст. Ӯ сабки шоирӣ ва равиши фикрии худро доштааст [5, 108].

Бо тавзеҳоти боло метавон пазируфт, ки Хайём аз афкор ва ашъори Абулъало Маъаррӣ то андозае таъсир гузоштааст. Албатта, таъсири файласуфи хирадманд ё шоири бузург бар гузаштагонаш мақом ва шаъну шарафи ӯро паст намекунад. Балки он саховатмандӣ, хоксорӣ ва дарки ӯ аз захираҳо ва неъматҳои гаронбаҳои замони гузаштаро баён мекунад, ки бояд истифода шавад ва Хайём чунин кардааст, хоҳ ин андеша бозмонда аз Шаҳиди Балхӣ бошад, хоҳ Абумуҳоҷини Сафқӣ, хоҳ Абулъалои Маъаррӣ ва хоҳ Ибни Сино ва китоби «Шифо»-и ӯ [7, 45].

Таъсири Хайём ба адабиёти араб ва шоирони маъруфи он мавзуест, ки бисёриҳо дар бораи он бовар доранд ва баҳс ва далелҳо пешниҳод кардаанд [1, 159]. Аммо дар ин баҳсҳо Абулъалои Маъаррӣ мақоми хосса дорад. Зеро Хайём аз афкори фалсафӣ ва сабки шоирии Маъаррӣ илҳом гирифта буд ва Маъаррӣ дар баёни ҳақиқат ва мубориза бо урфу одатҳои ботил ва мардонагӣ ва ҷасорат нишон додааст [6, 127].

Ба ҳамин сабабҳои зикршуда, як гурӯҳи бузурги донишмандони муосир дар олами муосири араб дар бораи Хайём ва таъсири ӯ ба Маъаррӣ пажӯҳиш анҷом додаанд.

Умар Фаррух, Ҳомид Сарраф, Вадиъи Бустонӣ, Ҳана Фахурӣ, Ҳомид Абдулқодир, Аҳмад Шантановӣ, Абдулмасиъи Мисрӣ, Амин ар-Райҳонӣ, Ҳиндовӣ, Манфалутӣ, Абунасри Мубашшир ит-Тирозӣ, Илё Абумозӣ, Муҳаммад ас-Субоъӣ, Абдулҳақ Фозили Мисрӣ дар ҷаҳони араб оид ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ намудаанд [15, 274].

Аллома Муҳаммади Қазвинӣ, Ҳусейн Нурӣ, Аббос Иқбол, Исмоили Ёғонӣ, Ҳусейн Дониш, Ҳусейн Шаҷарӣ, Муҳаммадмаҳдии Фоладванд, Саид Нафисӣ, Фурӯзаннафар, Абдулҳусайни Фарзод, Тоҷиддин Нуриддин Мардонӣ ва ғайра аз ҷумлаи муҳаққиқони муосире мебошанд, ки ба ин масъала рушноӣ андухтаанд.

Гурӯҳи дигар бар ин боваранд, ки Хайём бо тамоми донишу огоҳии худ эҳтиёҷе надошт, ки зери таъсири Абулъало ва амсоли ӯ қарор гирифта бошад [14, 39].

Номи олим, мутафаккир ва шоири бузургу забардасти форсу тоҷик Умари Хайём ҳанӯз дар асрҳои миёна дар доираҳои илмиву адабии арабҳо маълуму машҳур будааст. Дар асрҳои миёна арабҳо Хайёмро бештар ҳамчун файласуф ва олими риёзӣ медонистанд. Танҳо дар доираи маҳдуди аҳли адаб ӯро чун шоир мешинохтанд. Дар он за­мон бо рубоиёти форсӣ-тоҷикии ӯ фақат он арабҳое ошно буданд, ки ба забон, адабиёт ва шеъри форсӣ-тоҷикӣ иттилоъ доштанд. Аз ин рӯ, Хайём дар ибтидои асри бист аз тарафи оммаи васеи хонандагони араб ҳамчун устоди барҷастаи назми фалсафӣ дувумбора кашф карда шудааст. Ба тавассути тарҷумаҳо рубоиёти тоҷикии Хайём дар саросари сарзамини Шарқи Араб соҳиби шуҳрату овозаи тоза гардиданд. Имрӯз дар хонаи қариб ҳар як араби бомаърифат дар қатори дигар китобҳо албатта маҷмӯаи рубоиёти Хайёмро вохӯрдан мумкин аст. Ба бисёр кӯчаҳову майдонҳо, боғҳову гулгаштҳо, кинохонаву меҳмонхонаҳои пойтахт ва шаҳрҳои калони мамлакатҳои араб номи ин шоири бузург гузошта шудааст. Наққошону хаттотони араб мисраъҳо ва байтҳои рубоиёти Хайём ва фикрҳои ҳакимонаи ӯро басе зебо кашида, бо онҳо дохил ва беруни биноҳову манзилҳоро ороиш медиҳанд.

Масъалаи таърихи омӯзиши ҷараёни зиндагию фаъолияти эҷодии Умари Хайём ва тарҷумаҳои рубоиёти ӯ берун аз мамлакати мо, алалхсус дар Шарқи Араб, мутаассифона, чи дар шарқшиносии советӣ ва чи дар хориҷӣ то ҳол мавриди тадқиқи мукаммал қарор нагирифтааст.

Дар адабиётшиносии давраи нави араб номи Умари Хайёмро нахустин маротиба нависанда, муаррих ва адабиётшиноси маъруфи араб Ҷурҷӣ Зайдон (1860 – 1916) дар тазкираи худ «Таърих одоб ал-луғат ал-арабия» [22, 105] зикр кар­да, аксари сарчашмаву тадқиқотҳои форсӣ, арабӣ ва аврупоиро номбар мекунад, ки дар онҳо оид ба Хайём сухан меравад.

Нахустин мутарҷими рубоиёти Хайём ба забони арабӣ шоири машҳури араб Вадиъ ал-Бустонӣ мебошад, ки ӯ ҳанӯз соли 1912 тарҷумаҳои худро нашр карда буд. Аммо ӯ, мувофиқи эътирофи шахсиаш, забони форсиро намедонист ва тарҷумаҳояш ба тарҷумаҳои франсавӣ ва англисӣ, хусусан тарҷумаҳои Фитсчералд, асос ёфтаанд. Фарқияти тарҷумаҳои Вадиъ ал-Бустонӣ аз дигар тарҷумаҳо дар он аст, ки ӯ чор мисраи рубоиро дар қолаби ғайриоддии шеъри ҳафтмисрагӣ гунҷонида, онро на «рубоиёт», балки «Субоиёт» (шеъри ҳафтмисрагӣ) номидааст. Ӯ ҳамагӣ ҳаштод рубоиро тарҷума карда, чилтоӣ ба ду қисм тақсим намуда «нашиди якум» ва «нашиди дуюм» номидааст. Ба ҳар як «субоӣ» мувофиқи мазмунаш номи махсус гузошта шудааст. Тарзи қофиябандӣ низ дар субоиёт хеле ҷолиби диққат ме­бошад; се мисраи аввали субоӣ бо як қофия ва дутои минбаъда бо дигар қофия омадаанд. Мисраи пеш аз охир бо ягон мисраи субоӣ ҳамқофия намебошад, вале мисраҳои охирини субоӣ бо мисраъҳои охирини дигар субоиҳо ҳамқофияанд.

Лекин хизмати бузург ва шоёни мутарҷим дар он аст, ки ӯ аввалин шуда, оммаи васеи хонандагони муосири арабро бо Хайём ва рубоиёти ӯ ошно кард ва ба ҳаракати омӯзиши Умари Хайём, ки пас аз ӯ дар адабиётшиносии араб сар зад ва хеле ривоҷу равнақ ёфт, замина гузошт [18, 115].

Устод Тоҷиддин Мардонӣ арабшиноси машҳури тоҷик дар китоби “Саҳифаҳое аз равобити адабии арабу аҷам” инчунин номи якчанд мутарҷимони арабро, ки дар тарҷумаи арабии рубоиёти Умари Хайём саҳм доштаанд зикр менамоянд. Дар ҳақиқат, баъд аз Ва­диъ ал-Бустонӣ дар адабиёти араб як гурӯҳ мутарҷимони болаёқате зуҳур намуданд, ки дар кори тарҷума, нашр ва паҳн кардани рубоиёти Хайём дар кишварҳои араб саҳми арзандаи худро гузоштанд. Дар байни онҳо ҳам номҳои шоирон ва адибони шуҳратманди муосири араб ва ҳам ҷавонони боистеъдодро, ки пой ба арсаи эҷод ниҳодаанд, дидан мумкин аст: Муҳаммад ас-Сибоқ, Ҷамил Сидқӣ аз-Заҳовӣ, Аҳмад Софӣ ан-Наҷафӣ, Аҳмад Ҳомид ас-Сарроф, Алӣ Маҳмуд Таҳа, Аҳмад Закӣ Абу Шодӣ, Иброҳим Абдулқодир ал-Мозинӣ, Абдураҳмон Шукрӣ, Абдулҳақ Фозил, Нозик ал- Малоика, Иброҳим ал-Ариза, Аҳмад Ромӣ ва дигарон. Бисёр адабиётшиносони муосири араб оид ба Хайём ва рубоиёти ӯ рисолаҳои тадқиқотӣ навиштанд. Воқеан, яке аз адабиётшиносони мисрӣ профессор Абдулмунъим Талима чунин мешуморад, ки рубоиёти Умари Хайём ба авҷ гирифтани ҳаракати романтизм дар адабиёти имрӯзаи араб алоқамандии зич ва муносибати бевосита дорад ва ҳеҷ як намояндаи ин ҳаракатро дучор шудан мумкин нест, ки бо рубоиёт ягон муносибат надошта бошад ва ё аз он мутаассир нагардида бошад [18, 117].

Баъзе мутарҷимони номбурда ҳангоми тарҷумаи рубоиёт аз асли форсӣ-тоҷикӣ истифода мебурдаанд, баъзеашон ба тарҷумаҳои аврупоӣ такя мекарданд. Яке дар шакли шеър, дигаре бо наср ва ё насри мусаҷҷаъ тарҷума мекарданд.

Аҳмад Закӣ Абу Шодӣ рубоиётро аз рӯи тарҷумаҳои англисӣ ба забони арабӣ гардонда дар «Аполон» ном ассотсиасияи адабии Миср нашр кардааст. Гарчанде муаллифи сарсухани тарҷумаҳои ӯ адабиётшиноси урдунӣ Рокси ал-Азизӣ ба ин кор баҳои муболиғаомез медиҳад, бояд гуфт, ки тарҷима мазмун ва ғояҳои аслии рубоиёти Хайёмро дуруст ва пурра ифода наменамояд.

Шоири ироқӣ Ҷамил Сидқӣ аз-Заҳовӣ яксаду сӣ рубоии Хайёмро, ки ба ӯ бештар писанд омадаанд, интихоб намуда, бо назму наср ба арабӣ тарҷума кардааст ва дар вақти чоп асли тоҷикии ҳар як рубоиро баробари тарҷумаҳо ҷой додааст. Яке аз шоирони лирики маъруфи Миср Аҳмад Ромӣ рубоиётро бевосита аз асли форсӣ-тоҷикӣ тарҷума карда, нахустин бор тобистони сои 1924 чоп кунондааст. Аҳмад Ромӣ ҳамчун мухлиси вафодори адабиёти классикии форсу тоҷик ва дӯстдору донандаи эҷодиёти Хайём эътирофу шуҳрат ёфтааст. Маҳз ҳамин меҳру муҳаббат нисбат ба Хайём боиси он шудааст, ки Аҳмад Ромӣ барои омӯхтани забони форсӣ дар Париж ба мактаби забонҳои шарқӣ дохил шуда, онро бо мувафаққият ба итмом расонд. Рубоиёти Хайём дар тарҷумаи Аҳмад Ромӣ аз тарафи Риёз ас-Сумботӣ ба оҳанг дароварда шуд ва онро мутрибаи машҳури олами араб Умм Кулсум месароид. Барои тарҷумаҳои Рубоиёти Хайём комитети давлатии Миср Аҳмад Ромиро сазовори ҷоизаи олӣ гардонд. Аҳмад Ромӣ, кӯшиш намудааст, ки ҳангоми тарҷума шакли асли рубоиро нигаҳ дорад, яъне мисраъҳои якум, дуюм ва чорумро дар як қофия оварда, мисраи сеюмро озод мондааст. Доир ба баъзе нуқсонҳои тарҷумаи Аҳмад Ромӣ адабиётшинос Рокси ал-Азизӣ ишораҳо мекунад ва аз ҳадди эътидол гузашта, онро суст ва сатҳӣ мешуморад, ки ин ба назари мо, баҳои ноҳақ аст.

Тибқи фикри умумии мунаққидон беҳтарин тарҷумаи рубоиёти Хайёмро шоири ироқӣ ва муҳаққиқи адабиёти асримиёнагии форсу тоҷик Аҳмад Софӣ ан-Наҷафӣ анҷом додааст. Асари ӯ «Рубоиёти Умари Хайём» қисми тадқиқотиро низ зери унвони «Шеъри Хайём ва фалсафаи ӯ» дорост, ки онро хайёмшиноси дигари араб Адиб ат-Тақӣ махсус барои ҳамин китоб навиштааст. Дар бораи интишори жанри рубоӣ дар адабиёти форсу тоҷик ва хусусиятҳои фарқкунандаи рубоиёти Хайём, ки боиси аз рубоиёти дигар шоирон аълотар шумурдан мешаванд, сухан ронда Адиб ат-Тақӣ чунин мегӯяд: «Одамоне, ки дар Форс рубоӣ менависанд, садҳоанд, вале Хайём такрорнашаванда аст ва касе ба ӯ баробар наметавонад будан. Ӯ устоди тамоми устодон дар офаридани рубоӣ аст» [18, 120]. Мутарҷим қариб ҳашт сол дар Теҳрон зиндагӣ карда, тамоми ин муддат саъю кӯшиши худро ба омӯхтани забони форсӣ ва адабиёти асримиёнагии фор­су тоҷик равона намуда, дар ин соҳа муваффақиятҳои зиёде ба даст овардааст. Омили муҳиме, ки боиси ин ҷустуҷӯҳо гардидааст, шиносоии ӯ бо ру­боиёти Умари Хайём дар тарҷумаи Вадиъ ал-Бустонӣ будааст, ки дар дилу ёди ӯ нақши абадӣ боқӣ гузоштааст. «Агар тарҷумаи рубоиёт чунин пуртаъсир бошад, – менави­сад Аҳмад Софӣ ан-Наҷафӣ,– пас таъсири асли онҳо чӣ гуна бошад! Дар ҳашт соли дар Теҳрон буданаш ан-Наҷафӣ се соли пурра танҳо ба омӯхтани ҳаёту эҷодиёти Хайём ва тарҷумаи рубоиёти ӯ машғул мешавад. Пас аз се сол ӯ маҳсули кори худро ба адабиётшиносони эронӣ нишон медиҳад ва онҳо тарҷумаро ба асл муқоиса намуда, ба меҳнати ӯ баҳои баланд доданд. Шоир ба адабёитшиноси маъруфи эронӣ Маликушшуаро Баҳор дар хусуси ин тарҷумаҳо ба ан-Наҷафӣ чунин навиштааст: «Баъзе аз тарҷумаҳо илова бар мувофиқати том бо асл доштанашон аз нуқтаи назари балоғат ва услуб аз асл болотаранд». Шояд баҳои баландтарин ба маҳсули заҳматҳои чандинсолаи мутарҷим суханони олиме бошанд, ки ӯро ан-Наҷафӣ дар сарсухани китобаш Садр ул-Афозил меномад. Ӯ гуфтааст: «Ба назари ман чунин менамояд, ки гӯё Хайём рубо­иёти худро якбора ба ду забон – форсӣ ва арабӣ навишта бошад, вале арабиаш мафқуд гашта ва ту акнун онро ёфта ба худ нисбат медиҳӣ».

Тақризи аллома Мирзо Муаҳммадҷони Қазвинӣ дар китоби ан-Наҷафӣ оварда шудааст, ки дар он ӯ таассуроти худро дар бораи тарҷумаҳои гуногуни ғарбии рубоиёти Хайём баён карда, аз ҷумла қайд мекунад, ки онҳо аз асл хеле дур меистанд, зеро тарҷума аз тарҷума мебошанд. Дар хусуси тарҷумаҳои арабӣ бошад, Қазвинӣ навиштааст: «Ба наздикӣ ас-Сибоӣ рубоиёти Хайёмро дар тарҷумаи худаш дар Миср аз чоп баровардааст, вале то ҳол ман онро надидаам, ки ақи­даи худро дар бораи он арз намоям. Тарҷумаи Шумо бо­шад, ба назарам тарзи тамоман нав менамояд». Баъд Қазвинӣ қайд мекунад, ки дар тарҷума вазни анъанавии рубоӣ риоя карда нашудааст. Лекин ин эроди ӯ, ба ақидаи мо, то дараҷае беасос мебошад, зеро, чуноне ки маълум аст, шакли рубоӣ аз қадим хоси адабиёти форсу тоҷик буда, ба адабиёти араб бегона аст. Аз ҳамин сабаб, барои арабҳо дар шакли рубоӣ шеър офаридан ва дар айни замон нигоҳ доштани вазни анъанавии он ниҳоят мушкил аст.

«Вале аз ҳайси мутобиқати тарҷума бо асл, – давом медиҳад Қазвинӣ, – аз рӯи ҳақиқат ва инсоф бояд гуфт, ки Шумо хеле ва хеле муваффақ шудаед ва ҳатто гуфтан мумкин аст, ки тарҷумаи Шумо аз тамоми тарҷумаҳои шоиронаи рубоиёти Хайём бе истисно аниқтар ва дақиқтар мебо­шад. Шумо адабиётдӯстони арабро бо яке аз бузургтарин шоирони мо шинос кардед, ки ӯ дар ҳамаи мамлакатҳои Аврупо ва Амрико шуҳрат дошту ӯро танҳо бародарони араби мо намедонистанд».

Абдулҳақ Фозил тарҷумони дагари Хайём адабиётшиноси муосири араб аз Ироқ мебошад, ки ӯ 375 рубоиро аз асли форсӣ-тоҷикӣ тарҷума кардааст. Аҳмад Ҳомид ас-Сарроф рубоиётро бо каср тарҷума карда, дар қисми дуюми рисолаи ба Хайём бахшидааш ҷойгир намудааст. Тавфиқ Муфарраҷ бошад, рубо­иётро ба насри мусаҷҷаъ тарҷума кардааст, вале чуноне ки худаш эътироф менамояд, ба риояи принсипҳои тарҷумаи бадеӣ накӯшидааст ва танҳо мазмуну ғояҳои рубоиҳои Хайёмро иқтибос намуда, дар шаклу либоси дигаре овардааст, ки ба табъу завқи хонандаи араб мувофиқ бошад. Ба ғайр аз ин тарҷумаи шоиронаи Толиб Ҳайдарӣ машҳур аст, ки он дар Бағдод солҳои 1950 ва 1964 аз чоп баромада буд. Шоири дигари ироқӣ Муҳаммад Ҳошимӣ рубоиётро аз асл тарҷума кардааст. Адабиётшиноси мисрӣ ва муҳаққиқи маъруфи адабиёти классикии форсу тоҷик Муҳаммад Ғунаймӣ Ҳилол дар китобаш «Мухторот мин аш-шеър ал-форсӣ» дар қатори намунаҳои ашъори бисёр шоирон бисту шаш рубоии Хайёмро дар тарҷу­маи худаш овардааст. Қатъи назар аз он, ки тарҷума зоҳиран ба шакли рубоӣ монанд аст, вай на вазн дораду на қофия. Мутарҷим мазмуни рубоиҳоро дар чор ҷумлаи насрӣ ҷой намудааст.

Дар мамлакатҳои араб шуҳрати рубоиёти Умари Хайём чунон паҳн шуд, ки баъзе шоирон ҳаракат карданд он­ро ба лаҳҷаҳои маҳаллии кишварҳои гуногуни араб гардонанд. Аз қабили ин гуна кӯшишҳо тарҷумаҳои шоири мисрӣ Ҳусайн Мазлум Риёз ва шоири лубнонӣ Артур Зу ҷолибанд.

Олимони бисёреро аз арабҳо номбар кардан мумкин аст, ки дар бораи ҷараёни зиндагӣ, мероси илмӣ-адабӣ ва ҷаҳонбинии фалсафии Умари Хайём мақолаҳо ва рисолаҳои тадқиқотии зиёде навиштаанд. Аз байни онҳо китоби Абдулҳақ Фозил «Саврат-ул-Хайём»-ро қайд кардан лозим аст, ки дар он муаллиф тамоми фикрҳои оид ба Хайём гуфтаи муаллифони пешинаро батафсил аз назар мегузаронад, бо баъзеи онҳо дар хусуси моли Хайём буднаи ин ё он рубоӣ баҳсу мунозира мекунад, ё ихтилофҳои муҳаққиқонро дар масъалаи ақидаҳои фалсафии ӯ нишон медиҳад ва нуқтаи назари худ­ро баён карда, мехоҳад баъзе тарафҳои торики ин мавзӯъро равшан намояд. Ба фикри олими эронӣ Сайд Нафисӣ дар ин кори худ Абдулҳақ Фозил муваффақ шудааст.

Мубашшир ат-Тарозӣ ал-Ҳусайнӣ муаллифи рисолаи калони тадқиқотие, ки «Кашф-ул-лисон ар рубоиёт ал-Хайём» мебошад. Дар тадқиқоти ӯ сухан дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Умари Хайём рафта, рубоиёти ӯ мавриди тадқиқи муфассал қарор дода шудааст. Дигар тадқиқоти бузургҳаҷм зери унвони – «Умари Хайём, ҳаёт, илм за рубоиёти ӯ» ба қалами яке аз мутарҷимон Аҳмад Ҳомид ас-Сарроф тааллуқ дорад. Инчунин ба Хайём китоби Аҳмад Шантановӣ «Умари Хайём, ҳаёт, фалсафа ва рубоиёти ӯ» ва тадқиқоти на он қадар калони адабиётшинос ва олими муосири араб Мӯсо Ҳиндовӣ «Ақоиди фалсафии Умари Хайём аз рӯи рубоиёти ӯ» [13, 210] бахшида шудаанд. Ин рисолаи Ҳиндовӣ солҳои 1967-1968 дар факултети адабиёти донишгоҳи олии Кувайт ба шакли курси махсус тадрис шудааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки муҳаққиқони эҷодиёти Хайём дар Шарқи Араб ба ҳамаи ин маҳдуд нашуда, асарҳои хайёмшиносони аврупоиро низ ба забони арабӣ тарҷума мекарданд. Аз ҳамин қабил асарҳо китоби «Қиссаи зиндагии Хайём» - и Гарольд Лемм ном нависанда ва адабиётшиноси англисро зикр кардан мумкин аст, ки аз тарафи Муҳаммад Тавфиқ Мустафо ба забони арабӣ тарҷума шудааст.

Хулоса Умари Хайём дертар дар ҷаҳони араб ҳамчун шоир шинохта шуд. Аммо дар пайи талошҳои аврупоиҳо ва гурӯҳе аз эрониҳо, хусусан Фитзҷералд дар ҷаҳони араб рубоиёти Хайём шуҳрат пайдо карданд ва дар тӯли якуним қарни охир дар тамоми паҳлӯҳои фарҳангу адабиёти ҷаҳонӣ таъсири бузург гузоштаанд.

- Дар муаррифии Хайём ва рубоиёташ бахусус Аврупо мақоми хоса дорад.

- Хайём бо такя ба шароити муътадили замони худ, шояд аз афкори баъзе шоирони арабу эронӣ пеш аз ӯ таъсир дошта бошад. Абулъало Маъаррӣ дар ин бобат мавқеи беҳтаре дорад.

- Донишмандони муосири араб пас аз ошноӣ бо рубоиёти Хайём, бештар тавассути тарҷумаи худ аз матнҳои аврупоӣ, дар густариши афкор ва андешаҳои ӯ дар ҷаҳони араби муосир нақши муассир доштаанд. Мутаассифона, дар паҳнои адабиёти тоҷику форс талошҳои арабҳои муосир дар мавриди Хайём ва рубоиёти ӯ мавриди таваҷҷуҳ ва сазовори таваҷҷуҳ қарор нагирифтаанд.

-Рубоиёти Хайём дар ҷаҳони муосири араб ба афкори адибон, шоирон, адабиёни муосири араб ва хатто ба фархангу санъати ин кишварҳо таъсири бузург расонидааст. Қариб ягон шоири бузурги муосири имрӯз дар 100 соли гузашта дар ҷаҳони араб ёфт намешавад, ки аз рубоиёт ва андешаҳои Хайём таъсир напазируфта бошад.

- Илё Абумозӣ, Маъруф Ал-Русафӣ, Ҷамил Сидқӣ Ал-Заҳавӣ, Искандар Маълуф, Амин Маълуф, Абдураҳмон Шукрӣ, Маҳмуд Аққод, Иброҳим Абдулқодир Мозинӣ ва дигар бузургони адабиёти муосири араб аз Хайём таъсир пизируфтаанд.

-Асарҳои тадқиқотӣ оид ба рубоиёти Хайём ва дигар осори ӯ дар ҷаҳони муосири араб хеле зиёданд. Дар кишварҳои арабӣ ҳудуди сесад китоб, садҳо мақола ва беш аз 295 тарҷумаи назму насрии рубоиёти ӯ ба табъ расидаанд. Коре, ки хатто дар бораи баъзе бузургони назм ва адабиёти классикии араб анҷом дода нашудааст перомуни ҳаёт ва эҷодиёти Умари Хайём дар ҷаҳони араб рӯйи кор омадаанд.

ЗИЁЕВ CУБҲИДДИН НACРИЕВИЧ, мудири шуъбaи Шaрқи Миёнa вa Нaздики Инcтитути oмӯзиши мacъaлaҳoи дaвлaтҳoи Ocиё вa Aврурoи AМИТ, нoмзaди илмҳoи филoлoгия

ГУЛОВА ГУЛРЕЗА, докторанти PhD-и курси сеюми Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Рӯйхати адабиёти истифодашуда:

1. Абдулҳақ Фозил. Сура ал-Хайём. Бейрут: Дор-ул-ъилм ли-лмалайин, нашри 2. 1968. – 159 с.

2. Абулқосим Қурбонӣ. Зиндагиномаи риёзидонони давраи исломӣ аз садаи севум то садаи ёздаҳумин ҳиҷрӣ. Теҳрон: Маркази интишори донишгоҳӣ, Нашри дувум, 1996. – 451 с.

3. Азизуллоҳ Қассоб. Рубоиёти Хайём. Теҳрон: Интишороти Рашидӣ, 1366.-230 с.

4. Алии Даштӣ. Даме бо Хайём. Теҳрон: Нашриёти «Асотир», нашри дуюм. 1998. – 349 с.

5. Амир Разавӣ. Зиндагӣ ва осори Ҳаким Умари Хайём. Тарҷумаи Маҷидуддини Кайвонӣ, Теҳрон: Интишороти Сухан, Нашри 2. 2008. – 340 с.

6. Аҳмад Муҳаммад Ҳуфӣ. Тамоюлҳои фарҳангии байни арабҳо ва форсҳо. Қоҳира: Дорул-маориф, ҷ.2. 1978. – 384 с.

7. Аҳмад Сафии Наҷафӣ. Рубоиёти Умари Хайём, Димишқ: Дар Талас, ҷ.5. 1998. – 268 с.

8. Аҳмад Ҳамиди Сарроф. Умари Хайём. Бағдод: Матбуоти Шаъб, ҷилди 2. 1948. – 200 с.

9. Вадеъи Бӯстонӣ. Рубоъийёт Умар ал-Хаййам. Қоҳира. Нашри Дор-ул-маориф. 1959. – 154 с.

10. Дарвеш Иброҳим. «Миа ва хамсун ъаман маррат ъало тарҷума рубоъийёт ал-Хайём. (Як саду панҷоҳ сол аз тарҷумаи рубоиёти Хайём гузашт). Қоҳира: Муассисаи ҷузур ас-сақофия. 2010. - С. 1—12.

11. Забеҳуллоҳ Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон. Ҷилди 2, Теҳрон: Интишороти Амир Кабир, нашри панҷум. 1356. – 529 с.

12. Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ. Хайёмӣ ё Хайём. Теҳрон: Интишороти Қақнус, нашри аввал. 1370. – 247 с.

13. Мӯсо Ҳиндовӣ. Ақоиди фалсафии Умари Хайём аз рӯи рубоиёти ӯ. Кувайт, 1966. – 210 с.

14. Муҳаммад Тақии Ҷаъфарӣ. Таҳлили шахсияти Хайём. Теҳрон: Интишороти Кайҳон, нашри аввал. 1986. – 359 с.

15. Муҳаммадризо Қанбарӣ. Хайёмнома. Теҳрон: Интишороти Заввор. Чопи аввал. 2014.-367 с.

16. Носир Муҳсининиё. Хайёмпажуҳӣ бо такя ба ҷаҳони муосири араб. // https://rasekhoon.net/article/show/214694. (Таърихи муроҷиат: 13.06.2025)

17. Таърихи Сиистон. Тасҳеҳи Маликушшуаро Баҳор. Ба ҳиммати Муҳаммад Рамазонӣ. Теҳрон: Интишороти Кулолаи Ховар,1314-С.-209.

18. Тоҷиддин Мардонӣ. Саҳифаҳое аз равобити адабии арабу аҷам (Гузашта ва имрӯза). – Душанбе: “Ирфон”, 2010. – 236 с.

19. Фарзона Мӯҳсин. Хайёмшинохт. Техрон: Нашриёти Хӯша, Нашри аввал. 1974. – 215 с.

20. Фоладванд Мухаммад Меҳдӣ. Хайёмшиносӣ. Теҳрон: Интишороти Элсет Фардо, нашри аввал, 1990.-320 с.

21. Хайём Масъуд. Хайём ва таронаҳо. Теҳрон: Нашриёти Навбаҳор, Нашри аввал, 1375. – 210 с.

22. Ҷурҷӣ Зайдон. Таърих одоб ал-луғат ал-арабия. Бейрут. 2000. - 394 с.

23. Эдвард Браун. Таърихи адабиёти Эрон, ҷилди 2, Тарҷумаи Алӣ Пошо Солеҳ, Теҳрон: Нашриёти Амир Кабир, нашри аввал. 1358. – С. 2-4.

24. Юсуф Ҳусейни Бекор. Ал-Ивҳом фи китобот ал-ъараб ъани-л-Хайём. Бейрут: Дорул-Ҷайл, ҷилди 1. 1989.-271 с.

(ба истиқболи ҷашни 1160-солагии Муҳаммад Закариёи Розӣ)

Агар ба таърихи осори гузаштагонамон назар афканем, маълум мегардад, ки онҳо дар риштаҳои мухталифи илм ба дастовардҳои арзишманду нодир ноил гардидаанд. Аз ин лиҳоз,таҳқиқи осори ба ёдгор мондаи онҳо барои наслҳои имрӯза аҳамияти гаронбаҳо дорад. Омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти илмии Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ низ аз ҷумлаи онҳост.

Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ яке аз бузургтарин ва барҷастатарин табиб, файласуф, табиатшиноси форсу тоҷик ва ҷаҳон ба шумор меравад. Ӯ дар инкишофи илмҳои гуногун саҳми муносиб гузошта, яке аз саромадони илми тиб ва табиатшиносӣ ба шумор меравад. Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ дар шаҳри Рай 28 – уми августи соли 251 ҳиҷрӣ (865) дар оилаи косиб таваллуд шудааст. Солҳои тифлию айёми ҷавонии ӯ дар зодгоҳаш мегузарад. Аз маълумоте, ки дар «Китоб-ут-тиб – ул – Мансурӣ» мавҷуд аст, бармеояд, ки донишманд дар аввалҳои умр бо касби заргариву саррофӣ шуғл варзида, дар як давраи муайян ба ҳаваси кимиёгарӣ дар пайи омӯхтани илми кимиё мегардад. Абӯрайҳони Берунӣ (973 -1048) дар «Феҳрасти майлу рағбат доштани Закариёи Розӣ» ном асараш дар бобати ба илми кимиё шавқу ҳавас доштани Закариёи Розӣ чунин гуфтааст: «Наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашми ӯро маъюб сохт ва ӯ ба сӯи муолиҷа ва мудово ва сипас ба илми пизишкӣ кашонид».

Муаллифи китоби мазкур дар саҳифаи дигари ҳамин асар равшану возеҳ сабабу иллати аз илми кимиё ба илми тиб гузаштан ва дар ин соҳа ба яке аз рукну сутуни бузурге, ки минбаъд хазинаи донишандӯзии инсон бар сари он қарор ёфтааст, табдил ёфтани осори тиббии Закариёи Розиро ба тариқи зайл менигорад. «Иштиғоли Розӣ ба илми тиб пас аз даврони ҷавонӣ буд ва дар натиҷаи рамаде буд, ки дар чашмони ӯ падидор омад. Ва гӯянд, пеши куҳоле рафт. Куҳол гуфт: «Муолиҷати ту мавқуф аст бар понсад динор, ки бояд бидиҳӣ» . Ӯ он маблағро ба куҳол доду гуфт: «Кимиё илми тиб аст, на он ки ту бад он машғулӣ». Бад он сабаб аз кимиё аъроз намуд ва дар таҳсили илми тиб ба ғояте расид, ки тасонифи ӯ дар ин илм носихи таълифи муътақадимон гашт.

Розӣ аз овони ҷавонӣ бо омӯхтани илму адаб ба василаи китобу навиштаҷот, маҳфилҳо ва баҳсу мунозирот дилбастагии махсусе доштааст. Ҳисси кунҷковию кӯшиши донишандӯзии ӯро дақиқае тарк нанамуданд.

Тазаккур бояд дод, ки Муҳаммад Закариёи Розӣ дар овони ҷавонӣ монанди дигар кимиёгарон аз пайи орзуи ёфтани иксир шуда буд, ки ба воситаи он маъданҳоро ба тилло баргардонад, валекин баъдтар аз ин амал даст кашид ва ҷилави истеъдоди донишро бар сӯйи майдони илми тиб, ҳикмат, риёзиёт,фалакиёт ва адабиёт баргардонид. Закариёи Розӣ аввал ба хидмати ҳокими Рай – Мансур ибни Исҳоқ ибни Аҳмад ибни Асад, ки солҳои 290 – 296 ҳиҷрӣ (902-908) ҳукуматдорӣ кардааст, ба вазифаи сарвари бемористон адои вазифа намуда, баъд аз чанд соли хидмат ин мутафаккири барҷаставу табиби ҳозиқро ҳокими Бағдод ба дарбори худ даъват мекунад. Дар сарчашмаҳо оид ба сарвари бемористони Бағдод таъин шудани Закариёи Розӣ ривоятҳои зиёд оварда шудаанд. Закариёи Розӣ баъд аз солҳои зиёд дар бемористони Бағдод хидмат намудан ва соҳиби тахаллуси «табиби мористонӣ» шудан ба зодгоҳаш бармегардад. Ӯ як қисми умрашро дар Мовароуннаҳр гузаронида ва бо доираҳои илмии ин кишвар робитаҳо дошта аст. Дар охири умри худ нобино шуда, дасташ аз кор монда будааст.Файласуф ва табиби мушкилкушо, кимиёгари маъруф Закариёи Розӣ дар байни солҳои 320 ҳиҷрӣ (25-уми октябри соли 925 мелодӣ) аз олам чашм пӯшидааст. Фаъолияти илмии ин донишманди бузург ба тадриҷ ба Аврупо нуфуз намуд ва дар он ҷо бо номи Abubater ё Razes шуҳрат пайдо кард. Аз омӯзиши осори Закариёи Розӣ бармеояд, ки ӯ дуруст будани назарияи сунъӣ, яъне истеҳсоли тилло ва нуқраро оид ба тавассути иксир эътиқоди комил надоштааст, ки онро мо аз ду асари ӯ таҳти унвони «Меҳнат- ул – заҳоб ва алфизати ва мизони табиӣ» ва «Фиана саноатил кимиёи ақрабу илал вуҷуд минҳо илал имтиноъ» дарёфт карда метавонем. Ин нуқтаи назари Закариёи Розиро мо зимни мутолиаи асарҳои дигари ӯ ба монанди «Китоб- ул – асрор» ва «Китоб -ул – сирил – асрор» низ пайдо намудем.

Бояд тазаккур дод, ки китоби дуввуми дар боло номбар шуда, яъне «Китоб-ул- сирил – асрор» ҳанӯз дар замони Розӣ ба забони лотинӣ тарҷума шуда, дар кишварҳои ғарб шуҳрати васеъ пайдо кардааст. Худи Муҳаммад Закариёи Розӣ дар ҷое зикр кардааст, ки «Китоб-ул- сирил – асрор» аз асари «Китоб- ул- асрор» пурмазмунтар асту мақоми баланде дорад. Дар ҳақиқат ин китоб дар тарҷумаи Ҳасаналии Шайбонӣ ба забони форсӣ (ҳаҷмаш 630 саҳифа) буда, аксари матни онро маълумоти кимиёӣ ташкил медиҳад. Илова бар китобҳои дар боло зикршуда, Закариёи Розӣ боз ба шахсоне, ки мухталифи ақидаҳояш буданд, асарҳо навиштааст. Ҳамчунон ба осори Арасту ва Афлотун шарҳи ҷолибе ба ёдгор гузоштааст. Китобе дар илми мантиқ тадвин карда, дар бораи фалсафаи Фисоғурис низ асаре нигоштааст. Асари муҳими табиии ӯ «Ал – ҳовӣ» аст, ки инчунин ба номи «Ҳақоиқ доиратул- маорифи тиббӣ» ёд мешавад. Муҳаммад Закариёи Розӣ қариб 238 китоб ва рисола навиштааст. Мутаассифона аксарияти онҳо несту нобуд гардида ва имрӯз фақат 30 ҷилд аз осори ӯ боқӣ мондаасту халос, ки аксарияташон ба забони арабӣ нигошта шудааанд.

Равиши таҷрибаи Закариёи Розӣ нишон медиҳад, ки ӯ аз рӯйи усули таҷрибаи империзм кор мекард. Ба мисли уламои дигари замони хеш, ӯ ба офариниши олам имони комил дошт,аммо биниши ӯ биниши моддӣ буд ва аз ақидаҳои хурофотӣ сарфи назар менамуд ва пайваста машғули таҳқиқ буда, зиндагии фақирона дошт. Вобаста ба ин Каъбӣ дар борааш чунин гуфтааст: «Ту адои кимиёгарӣ, дар ҳоле ки натавонистӣ даҳ динор кобини занатро дар маҳзари қозӣ бипардозӣ. Ту муддаии табобат ҳастӣ, дар ҳоле, ки натавонистӣ чашмонатро дармон кунӣ ва нобино шудӣ». Илова бар муҳаққиқони қаблӣ,

Муҳаммад Закариёи Розӣ дар тиб низ пешниҳодҳои муҳим намуда, ба даст овардани тезоби сулфат ва спиртро ба роҳ монд. Ӯ спиртро ба тақтири маводи қандӣ ва ношоиста ва тезоби сулфатро бо таҷзияи зочи сабз ба даст овард. Зочи сабзро метавон сулфати мис донист, чунки ҳамаи намакҳои тезоби сулфатро дар он замон ба номи зоч зок ёд менамуданд, аммо ранги сабзро ионҳои мис (II) медиҳад. Закариёи Розӣ чӣ дар илми кимиё ва чӣ дар илми тиб саҳми босазое гузоштааст. Омӯзиши ғояҳои фалсафии Ар- Розӣ нишон медиҳад, ки вай назарияи худро дар асоси муҳимтарин ҷараёнҳои фалсафаи исломӣ асоснок намуда, анбиқҳои махсусе таҳия намудааст ва дар зимни омӯзиши анбиқҳо роҷеъ ба категорияҳо, инчунин дар бораи фарқ байни зоҳир ва ботин сухан рондааст. Аз сабабе ки Закариёи Розӣ дар натиҷаи омӯзиши таносуби ҷисм ва рӯҳ ба натиҷаи мусбат нарасидааст, бинобар ин ӯ мухолифи ақидаи таҳаввули рӯҳ будааст.Ин натиҷагирӣ ба ӯ имкон додааст, ки нисбат ба тамоми алкимиёгарони дигари мусулмон бештар дар масъалаи табдили ҳамдигарии моддаҳои гуногун аҳамият бидиҳад, яъне барои табдили алкимиё ба кимиёи ҳақиқӣ заминаи хубе гузоштааст. Дар баробари ин аз ҳама бештар вожаҳои алкимиёиро тафсир намудааст.

Асарҳои ӯ «Китоб – ул асрор» ва «Аз – мадҳалул – таълимӣ» аз тарафи олимони исломӣ дар асрҳои баъд ҳамчун асарҳои соҳаи алкимиё омӯхта шудаанд, зеро дар онҳо забону вожаҳои ҳамин соҳа истифода шуда будаанд ва мазмуни ин асарҳо ба соҳаи кимиё иртибот доштанд. Ар–розӣ дар тадқиқотҳои худ дар ин ришта бештар ба Ҷобир пайравӣ кардааст.Масалан, дар масъалаи тақсим кардани филизот саҳми босазое гузоштааст. Роҳу воситаҳои аз филиз сохтани асбобҳоро барои таҷрибаи кимиёӣ ва об кардани маъданҳоро баён доштааст.Вай дар хусуси сохтани шишаҳои гуногун пешниҳодҳои судманд дорад. Намудҳои беҳтарини он шишаи беранги ҷилонок буда, бо сифати худ ба булӯр монанд аст.

Закариёи Розӣ бори аввал дар таърихи кимиё моддаҳоро ба се гурӯҳ маъданӣ, рустанигӣ ва ҳайвонӣ ҷудо кардааст. Моддаҳои маъданиро бошад, дар навбати худ дар шаш гурӯҳ: 1) моддаҳои аз гармӣ бухоршаванда: симоб, амиак, сулфур ва ғайра: 2) филизот: тилло, нуқра, мис, оҳан, (рӯҳ) ва ғайра: 3) сангҳо: малахит, мармари сабз,оҳаксанги сурх,оҳаксанги хокистарранг, шиша ва ғайра: 4) купоросҳо, купориси сиёҳ, купороси рӯҳ ва ғайра: 5) Танакор: сода,танакор: 6) намакҳо: намаки ош, намаки талх,оҳак,намаки пешоб ва ғайра.

Муҳаммад Закариёи Розӣ роҳҳои тозакунӣ ва ҳосил кардани маъданро медонист. Ӯ дар озмоишгоҳи (лабораторияи) худ мис, нуқра, оҳан,тилло,қалъагӣ ҳосил мекард. Барои гудохтан ва тоза кардани онҳо Розӣ аз кӯраи оҳангарӣ, бута, анбур,чакуш ва дигар асбобҳои сохтаи худ истифода мекард. Тадқиқотчиёни соҳаи кимиё Розиро ҳамчун кимиёдони маъруф мешиносанд, агарчи кимиёгарони Эрон баъзе назариёти ӯро хато низ ҳисобиданд. Мутолиаи осори Розӣ ва навиштаҳои муаррихоне, ки роҷеъ ба фаъолияти илмии ӯ китобу мақолаҳо навиштанд, нишон медиҳад, ки Закариёи Розиро дар радифи асосгузорони илми кимиё ҷой бидиҳем ва ҳамчунон ӯро яке аз инкишофдиҳандагони ятрокимиё бидонем. Дар ҳақиқат Закариёи Розӣ баъд аз донистани асосҳои кимиёии он замон ба омӯзиши илми тиб шуруъ намуда, дар ин соҳа низ ба комёбиҳои зиёд ноил гардидааст.Донишҳои кимиёӣ ба ӯ имкон додаанд, ки он малакаҳои амалиро дар санъати дорусозӣ ва табобати беморон истифода намояд. Агар Ҷобир ибни Ҳайён дар санъати кимиёгарӣ, яъне кимиёи амалӣ саҳми босазое гузошта бошад, Закариёи Розӣ натиҷаи таҷрубиро арзёбӣ намуда, кӯшиш намудааст, ки онро аз нигоҳи назарӣ асоснок кунад.

Яке аз кӯшишҳои муҳимтарини Розӣ таснифи (классификатсия) –и моддаҳои гуногун буд.Тавре, ки дар боло зикр гардид, ӯ моддаҳои маълуми он замонро ба шаш гурӯҳ табақабандӣ кардааст. Ар-Розӣ инчунин баъд аз Ҷобир ибни Ҳайён ҷараёнҳои кимиёиеро ба мисли дистилатсия, калсинатсия ва филтратсия дақиқ тасвир намуда, истифодаи онҳоро асоснок кардааст. Донистани асосҳои тиб ва тариқаи истифода ва истеъмоли гиёҳҳо ба Розӣ имкон додаанд,ки дар бораи ятро кимиёи низ тадқиқотҳои зиёд анҷом диҳад. Ӯ аввалин шахсе буд, ки алкул спиртро дар тиб истифода кардааст, аммо ин амади ӯ аз ҷониби дигар табибон дастгирӣ наёфтааст.

Муҳаммад Закариёи Розӣ дар натиҷаи омӯзиши маъданҳо роҳҳои омӯзиши омехтаҳои тиллодорро шарҳ додааст. Дар асарҳои ӯ моддаҳои гуногун ёдовар шуда, зарфҳои гуногуни кимиёӣ, таҷҳизот ва тарзҳои гуногуни истифодаи онҳо дар озмоишгоҳ нишон дода шудааст. Розӣ ба дуруст будани назарияи тарзии истеҳсоли сунъии тилло ва нуқра эътиқоди комил надоштааст, ки онро мо аз ду асари ӯ таҳти унвони «Меҳнат – ул заҳаб», «Алфизоти ва мезона табиӣ» ва «Фи ана саноатил – кимиёи ақрабу илал вуҷуд минҳо илал иминоъ» мебинем.Ин нуқтаро инчунин дар китобҳои дигари ӯ «Китоб -ул -асрор» ва «Китоб-ул- сирил асрор» низ метавон дарёфт кард. Аз боби аввали «Китоб - ул – асрор» дар маърифати ақоқир, яъне дар бораи адвия, ки аз қисми таркиби решаи наботот ба даст меояд, маълумот пайдо мекунем. Аз қисми дигари китоб, ки ба номи «Дар маърифати олот» ёд мешавад ба хулосае омадан мумкин аст, ки асари мазкур дар иртиботи кимиё таълиф шудааст. Ва аз порчаҳои асарҳои то ба мо расида маълум мешавад, ки Закариёи Розӣ то андозае ба роҳҳои тадбиқи санъати дарёфти тилло ва нуқра мароқ зоҳир карда будааст.Муҳаммад Закариёи Розӣ дар муқаддимаи «Китоб – ул – асрор» дар хусуси асрори пинҳон кардаи файласуфони гузашта: Оғосозимус Ҳирмиз, Аристотелис, Холид ибни Язид ва Ҷобир ибни Ҳайён маълумоти кофӣ додааст, ки моҳияти он маълумотҳо ба дониста гирифтани се маърифат вобаста аст: 1.Маърифати ақоқир, яъне дар бораи адвия; 2. Маърифати олот; 3.Маърифати таҷриба.

Дар навбати худ Закариёи Розӣ маърифати ақоқирро ба се навъ тақсим кардааст: 1.1.Минералӣ, яъне хокӣ, маъданӣ, ки марбут ба гурӯҳи унсурҳои ғайриузвӣ мебошад: 1.2.Наботӣ: 1.3.Ҳайвонӣ Навъи 1.2 (набототӣ) ва 1.3 (ҳайвонӣ) марбути гурӯҳи узвианд.

Ба асоси тафаккури худ Закариёи Розӣ дар натиҷаи омӯзиши маводи табиӣ онҳоро ба ду гурӯҳ тақсим кардааст,ки якеро арвоҳ ва дигареро аҷсод номидааст, ки маънои рӯҳ ва ҷисм ё ҷасадро медиҳанд. Ин тарзи табақабандӣ ба он сабаб пайдо гаштааст, ки дар он замон ҷудосозӣ ба филизот ва ғайри филизот набуд.Бинобар ин Закариёи Розӣ ба сабаби нармӣ, ҷоришавӣ ва қобилияти табхир доштани баъзе мавод онҳоро арвоҳ ва маводи дигарро ба иллати ҷомид зудгудохтанашаванда – аҷсод номидааст, ки он ба қарори зайл аст: 1.Арвоҳ (ҷамъи рӯҳ), яъне маводи нарм ва табхиршаванда, ки чаҳоранд. 1.Симоб, ки ба арабӣ зайбиқ ва ба форсӣ инчунин чева хонанд. 2.Навшодир, инчунин нӯшодир. 3. Сулфур, ба арабӣ кибрит ва ба форсӣ инчунин гӯгирд гӯянд. 4. Арсен, ки ба арабӣ зарних хонанд.

Ҳарчанд ӯ дар таърихи кимиёву тиб бо лақаби “Падари кимиё” ва “Табиби ҳозиқ” шинохта шуда, дар фалсафа яке аз барҷастатарин намояндаҳои асҳоби хаюло эътироф гаштааст, ҳамзамон баъд аз омӯзиши ҳамаҷониба ҳамагӣ ду асари Закариё Розӣ - “Тибби рӯҳонӣ” ва “Сирати фалсаф” ба хулоса омаданд, ки ӯро “Муаллими ахлоқ” номидан ҳам ҳеҷ иштибоҳе нахоҳад буд.

Муаррихон исбот кардаанд, ки Абӯбакри Розӣ ба сабаби аз ҳад зиёд машғул шудан бо таҷрибаҳои кимиёӣ, доимо сару кор доштан бо оташ, аз бисёр хондан ва хусусан аз китобхонии шабона ба дарди чашм дучор мешавад. Ӯ дар ҷустуҷуи роҳҳои муолиҷаи чашм маҷбур шуд ки ба омӯзиши илми тиб пардозад, ки ин вақт синнаш ба 40 дар баъзе манбаъҳо 26 расида буд.

Абубакри Розӣ дар асарҳои ба масъалаҳои дорушиносӣ ва дорусозӣ бахшидашуда, ба сифати дору истифода бурдани масолеҳи гуногуни минералӣ, қатрон, филизот, намак ва ғайраро тавсия кардааст.

Абубакри Розӣ таъсири маводи доруии кашф кардаашро қаблан дар ҳайвонот месанҷид. Ӯ зимни муолиҷаи пешакӣ дар хоришак (қӯтур) аввалин бор доруи сулема, зимни давои дарди мафосил – симобмолӣ, зимни исҳоли хунин омехтаи марги муш, кӯкнор ва оҳак, зимни нагзак-доруҳои сурбӣ ва ғайраро истифода кардааст.

Муҳаммад Закариёи Розӣ ба ғайр аз кимиёгар буданаш, ҳамчунин бо маҳорати бузурги тиббӣ ва осори бойи абадзиндаи илмиаш на танҳо дар пешрафт ва равнақи тиббу табиатшиносии олам саҳми ниҳоят бузург дорад, балки ӯ дар таърихи илму маданияти ҷаҳонӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Китобу рисолаҳои эҷоднамудаи ӯ ба таълиму тарбияи кимиёгарон, табибон, барои сохтмони табобатхонаҳо, муолиҷаи бемориҳои алоҳида, тартибу хӯроку об ва дигар мушкилоти барои ҳифзи саломатии инсон зарур бахшида шудаанд. Бояд гуфт, ки дар он замон амалияҳои тиббӣ ба амалияи кимиёӣ алоқаманд буд, бинобар ин асарҳои эҷодшудаи Закариёи Розӣ дар кимиёгарӣ ва тибби имрӯза низ иртиботи қавӣ дорад.

Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ аксарияти илмҳои замонашро аз устодаш Ҷобир ибни Ҳайён фаро гирифта, худ саромад ва устоди бузурги ин риштаҳои илм гардидааст. Ин дастовардҳои илмии Закариёи Розӣ ба илми Аврупо таъсири назаррас расонида ,номи ӯро ба қатори саромадони тамаддуни башарӣ шомил гардонида аст.

Закариёи Розӣ на танҳо ба рушди химия ва илмҳои табиӣ, балки ба ҳамаи илмҳои амалии замон нақши ҷиддии худро гузошт. Ӯ бунёдгузори илмии кимиё, осори кимиёвии таҷрибавӣ ва назарияи кимиёвӣ мебошад, ки таъсироти устувор дар таърихи илмҳои табиӣ ва ҳаёти муосир ба ҷо гузошт.

Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳ ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар суханрониҳои худ пайваста ба хизматҳои абармардони илму фарҳанги тоҷик арҷгузорӣ намуда, дар яке аз суханрониҳои худ, иброз намуданд, ки; «Кашфиёту дастовардҳои илмии Муҳаммади Хоразмӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Закариёи Розӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва дигарон дар фосилаи чандин аср аз тарафи олимони Аврупо ва дигар кишварҳои олам васеъ истифода шудаанд».

Ин суханон нишон медиҳанд, ки Пешвои миллат ба саҳми бузурги Закариёи Розӣ дар рушди илмҳои кимиё, тиб ва фалсафа арҷ мегузоранд.

Дар соли 2025, Тоҷикистон 1160-солагии ин донишманди барҷастаро таҷлил менамояд, ки ин бозгӯи эҳтироми давлат ба мероси илмии гузаштагонамон мебошад.

Раҳмонов Раҳмон Охонович – доктори илмҳои химия, муовини

директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи АМИТ

АДАБИЁТ

1. Закариёи Розӣ. Мунтахаби осор. – Душанбе: Адиб, 1989. –160 с.

2. Ар-Рози Абу Бакр. Духовная медицина.- Душанбе: Ирфон, 1990 - 88 с.

3. Каримов У.И. Неизвестное сочинение ар-Рази «Книга тайны тайн». - Ташкент: Фан, 1957. - 241 с.

4. Девонақулов А. Муҳаммад Закариёи Розӣ. – Душанбе: Ирфон, 88 с.

5. Комилов А.Ш. Физика ар-Рази и Ибн Сины. – М.: МГУ, 1999. – 160 с.

6. Забеҳуллои Сафо. Таърихи адабиёти Эрон. – Душанбе: Алҳудо, 2001.