Соли 2025 дар тақвими ҷаҳонӣ ҳамчун "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми он (14 декабри 2022) эълон гардид. Иқдоми мазкур ҷаҳонии Тоҷикистон, ки бо пуштибонии 153 давлати узви СММ қабул шуд, нишонаи возеҳи мавқеи пешоҳангии кишвар дар ҳалли масъалаҳои глобалии марбут ба об, иқлим ва ҳифзи муҳити зист аст. Дар ин раванд, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) дар Тоҷикистон нақши муҳимро иҷро мекунад.
Эълони соли 2025 ҳамчун "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва 21 март ҳамчун "Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо" аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, як қадами муҳим дар роҳи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо мебошад. Пиряхҳо, ки яке аз манбаъҳои асосии оби ошомиданӣ ва захираҳои об барои кишоварзӣ, энергетика ва экосистемаҳо мебошанд, дар шароити тағйирёбии иқлим бо хатари обшавии босуръат рӯ ба рӯ ҳастанд. Тоҷикистон, ки беш аз 11 ҳазор пирях дорад ва масоҳати онҳо 8%-и қаламрави кишварро ташкил медиҳад, дар самти мазкур таҷрибаи бойро доро мебошад.
Ташаббуси мазкур идомаи мантиқии сиёсати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст, ки аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018-2028)-ро дар бар мегирад. Дар доираи омодагӣ ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор мешавад, ки масъалаҳои муҳими ҳифзи пиряхҳо ва тақвияти ҳамкориҳои ҷаҳониро дар бар хоҳад гирифт.
Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ҳамчун ниҳоди калидии ҳамкор бо АБНА дар Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо саҳми арзанда мегузорад. Агенти ҳамчун ҳамоҳангсози миллӣ масъулияти татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо АБНА-ро бар уҳда дорад, ки ба омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим фаъолона иштирок менамояд.
Яке аз намунаҳои муваффақи ҳамкории мазкур ин лоиҳаи миллии TAD7004, ки бо номи расмии "Таҳкими иқтидори миллӣ барои мониторинг ва арзёбии пиряхҳо ва захираҳои барфӣ дар Тоҷикистон" маълум аст, яке аз барномаҳои муҳими техникии АБНА дар солҳои охир тадбиқ гардида истодааст. Лоиҳаи мазкур аз соли 2022 оғоз шуда, ҳадафи асосиаш баланд бардоштани сатҳи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон тавассути истифодаи технологияҳои муосир ва таҷрибаи байналмилалӣ мебошад. Дар доираи лоиҳаи махкур, коршиносони АБНА аз Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид анҷом доданд ва бо олимони тоҷик дар самти татбиқи усулҳои пешрафтаи мониторинг, аз ҷумла технологияҳои ҳисоббарории рақамӣ ва таҳлили маълумоти зиёд пешниҳод намуданд.
Дигар ҷанбаи муҳими лоиҳаи мазкур, ин таъмини Маркази омӯзиши пиряхҳо бо таҷҳизоти замонавӣ, аз қабили дастгоҳҳои ченкунӣ, асбобҳои метеорологӣ ва системаҳои ҷамъоварии маълумот аз пиряхҳо буд. Таҷҳизотҳои мазкур имкон дод, ки олимони тоҷик маълумоти дақиқтар дар бораи вазъи пиряхҳо, суръати обшавӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим ба онҳо дастрас гардад. Ҳамчунин, дар доираи лоиҳа барои мутахассисони тоҷик курсҳои омӯзишӣ ташкил карда шуданд, ки дар онҳо усулҳои муосири таҳлили криосфера ва пешгӯии тағйироти экологӣ фаҳмонда шуд.
Ба ин тартиб, лоиҳаи мазкур намунаи муваффақи ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва истифодаи технологияҳои пешрафта барои омӯзиши пиряхҳо мебошад, ҳамзамон заминаи мустаҳкам барои идомаи корҳо дар доираи "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025" фароҳам оварда, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф дар ин соҳа муаррифӣ мекунад. Илова бар ин, дар доираи омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе, Агентӣ баргузории чорабинии канорӣ бо иштироки намояндагони 30 давлати узви АБНА-ро талошҳо ба харҷ дода истодааст. Чорабинӣ имкон медиҳад, ки таҷрибаи Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мубодила шавад ва роҳҳои нави ҳамкорӣ муайян карда шавад.
Дар хотима, "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025" як имконияти нодир барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки он то на танҳо мавқеи худро ҳамчун пешоҳанг дар масъалаҳои экологӣ тақвият мебахшад, балки таваҷҷуҳи ҷаҳониро ба аҳамияти пиряхҳо ҷалб менамояд. Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо ҳамкории АБНА дар ин раванд нақши муҳим дорад ва бо татбиқи лоиҳаҳои муштарак, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар роҳи ҳифзи ин манбаи ҳаётан муҳим барои наслҳои оянда пеш мебарад.
Илҳом Мирсаидзода, профессор, директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Азизов Олимҷон, мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентӣ
(бахшида ба 80 солагии ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ)
Шуҷоату диловарии фарзандони баору номуси мо дар солҳои Ҷанги бузурги Ватанӣ намунаи ибрати ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳо имрӯзу оянда мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Миллати тоҷик мудофиаи Ватанро муқаддас ва қарзи фарзандӣ мешуморидан, хизмат ба Ваатанро аз ҷумлаи имон медонанд. 8 майи соли 1945 германияи фашистӣ ба ҳуҷҷати таслимшавӣ имзо гузошт, ки 9 майи соли 1945 расман рӯзи ғалаба эълон гардид. Ин ғалаба бар фашизми лаъин ва ғалабаи ақлу хиради инсоният бар ҷаҳолат ҳисоб мешавад.
Ҷанги хонумонсузу даҳшатовар 1418 шабонарӯз (22 июни соли 1941 то 9 майи соли 1945) давом карда, 1770 посёлка, 70,000 кишлоқу деҳаҳо пурра сӯзонида шуданд, 65,000 км роҳи оҳан, 4100 истгоҳи роҳи оҳан, 98 колхозҳо, 1876 совхозҳо, 88,000 мактабҳо, 40,000 муассисаҳои тиббӣ, 43,000 китобхонаҳо ва 25 млн. аҳолӣ бе хону мон гаштаанд. Дар солҳои ҷанг ҳатто 5 млн 3 метр хоки сиёҳзамини Украинаро ба Германия бурданд. Дар китобчаи кисагии афсари немис фармони Адолф Гитлер чунин сабт шуда буд: “Ба хотири ғалаба кушед, сӯзонед, ғорат кунед. Барои ғалаба аз ҳеҷ чиз рӯ нагардонед”. Германияи фашистӣ 190 дивизия, ки 5,5 млн аскар, 47000 тупу минимёт, 4300 адад танк, 5000 таёраҳои ҷангӣ, 193 киштии ҳарбӣ бар зидди Иттифоқи советӣ сафарбар кард. Ба оташи ҷанг 72 давлат кашида шуда, амалётҳои ҳарбӣ дар 40 давлат мерафт.
Аз рӯзи аввали ҷанг Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС И.В. Сталин ба халқ муроҷиат карда гуфт: “Гап дар бораи ҳаёт ва марги халқҳои ИҶШС, дар бораи озод будан ва ё зери асорат мондани халқҳои Иттифоқи советӣ меравад”. Бо даъвати И.В. Сталин 151 миллату халқиятҳои мамлакат, ки 34478000 нафарро дарбар мегирад, ки барои муҳофизати Ватан ба по бархестанд. Аз он 27 млн. нафар мардуми мо ҷони худро дар ҷанг аз даст доданд.
Миллати тоҷик низ аз ин иқдом дар канор намонд, 300,000 нафар сафарбар шуда, 92,000 нафар дар муҳорибаҳо ҳалок шуда, даҳҳо ҳазори дигар бе ному нишон гаштанд ва 60,000 нафар маъюб шуданд.
Миллати мо эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳиро дорост. Аз ин бармеояд, ки ҷавонмардони тоҷик Туйчи Эрҷигитов, Саидқул Турдиев, Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Чутоқ Уразов, Исмоил Ҳамзалиев, Ҳоди Кенҷаев, Исмат Шарифов, Амирали Саидбеков ва дигарон барои озод намудани Литва, Украина, Чехославакия ва дигар минтақаҳои хатарноки ҷаҳон ҷони худро дареғ надоштанд. Хотираҳои неки шаҳидони роҳи озодӣ аз ёд нахоҳад рафт. Дар инҷо мо бояд ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллатро нодида нагирем. Зеро аз соли 1997 то имрӯз муқаррар намудани иловапулӣ ба нафақаи маъюбон ва иштирокчиёни ҶБВ солҳои 1941-1945, дастгирии молиявии яквақтаина ба шахсоне, ки дар ақибгоҳ кор кардаанд, маъюбони ҷанги Авғонистон, маъюбони садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии ҶТ ҳалок гардидаанд, роҳандозӣ шудааст.
Китоби полковники мустаъфӣ Сафаров Раҳмон (ҷилди 1) соли 1995 бо номи “Ҳазору як корнома” сарредасияи илмии Энсиклопедияҳои Тоҷикистон аз чоп бароварда аст, дар бораи ҷанговароне, ки дар набардҳои қаҳрамононаи ҶБВ (солҳои 1941-1945) шаҳид шудаанд, ҷанговароне, ки аз теғи марг наҷот ёфта саломат ба зодгоҳашон баргаштанд ва давлати пирӣ меронанд ба қалам оварда шудааст.
Китоб аз қиссаҳо ва корномаҳои ҷанговарони тоҷике, ки дар ҷабҳаҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ иштирок кардаанд, иборат аст. Муаллиф ду гурӯҳи асосиро мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст:
1. Шаҳидони набардҳо: Онҳое, ки дар майдонҳои ҷанг ҷони худро фидо карда, бо номи қаҳрамон дар таърихи миллат сабт шудаанд ва ёди онҳо дар дили мо ҷовидонист. Ин қисмат эҳтиром ва ёдбуди ин абадан зиндагонро таъкид мекунад.
2. Бозгаштагон аз ҷанг: Ҷанговароне, ки аз теғи марг наҷот ёфта, то охири умрашон дар зодгоҳашон зиндагӣ кардаанд дар барқарорсозии кишвари худ саҳми худро гузоштаанд.
Сафаров Раҳмон дар ин асар кӯшиш намудааст, ки ба наслҳои оянда аз мардонагию фидокориҳои ҷавонмардони тоҷик ёдрас созад. Китоб бо забоне сода, вале пур аз эҳсосот навишта шудааст, ҳамчун як манбаи муҳими таърихӣ барои омӯзиш ва саҳми мардуми Тоҷикистон дар пирӯзии бар фашизм хизмат мекунад.
“Ҳазору як корнома” бо услуби ҳикоятӣ ва хронологӣ навишта шуда, аз ҳикояҳои алоҳидаи ҷанговарон иборат аст. Ҳар як ҳикоя эҳтимолан ҷузъиёти зиндагӣ, шароити ҷангӣ ва таъсири он ба хонавода ва ҷомеаро дар бар мегирад. Номи китоб рамзист, ки ба шумораи зиёди корнамоиҳои ҷанговарон ишора мекунад, монанди афсонаҳои “Ҳазору як шаб” мебошад.
Ҷанги бузурги Ватанӣ барои мардуми Тоҷикистон, ки дар он замон ҷузъи Иттиҳоди Шӯравӣ буд, як имиҳони бузурги мардонагӣ ҳисоб мешуд. Ҳазорон ҷавонони тоҷик ба фронт рафта, дар муҳорибаҳои муҳим, аз ҷумла дар Сталинград, Курск ва Берлин иштирок карда, агар қисми зиёде дар ҷанг ҳалок шуда бошанд, ҳам қисми дигаре бо ордену медалҳо сарфароз гардиданд.
“Ҳазору як корнома” дар соли 1995 дар давраи пас аз истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шуда, аҳамияти бузурги таърихӣ дорад, чунки дар он солҳо Тоҷикистон акнун аз ҷанги шаҳрвандӣ оҳиста оҳиста баромада (1992-1997) ба зиндагии осуда қадам мезад ва чунин асарҳо барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳёи худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ нақши муҳим бозидааст. Китоб барои наслҳои ҷавон ҳамчун як дарси мардонагиро нишон дода, арзишҳои ватандӯстӣ ва фидокориро талқин менамояд. Нашри китоб таҳти сарпарастии илмии Энсиклопедияҳои Тоҷикистон, ки ин муассиса дар он замон яке аз марказҳои муҳими илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба шумор мерафт ва ба нашри асарҳои арзишманд машғул буд.
“Ҳазору як корнома” на танҳо як китоби таърихӣ, балки як ёдгории адабӣ ва фарҳангист, ки корнамоиҳои ҷанговарони тоҷикро ҷовидона нигоҳ медорад. Ин асар барои омӯзиши таърихи Ҷанги бузурги Ватанӣ, саҳми мардуми Тоҷикистон дар ҷанг ва ба тарбияи наслҳои нав дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ аҳамияти бузург дорад. Он як ҳуҷҷати зиндаест, ки садои қаҳрамонони гузаштаро то ба имрӯз мерасонад.
Мундариҷаи китоб аз қисматҳои зерин иборат аст:
1. Қаҳрамонони Тоҷикистон солҳои 1941-1945, иборат аз 18 нафар: Азизов Домулло, Амиршоев Сафар, Атоев Пӯлод, Аҳмадов Фатҳулло, Кенҷаев Ҳодӣ, Мирзоев Тухтасин, Назаров Тӯйчӣ, Раҳимов Азим, Раҳматов Раҳимбой, Саидбеков Амиралӣ, Турдиев Саидқул, Шарифов Исмат, Шарифов Эргаш, Қарабоев Неъмат, Қосимов Ҳайдар, Ҳабиев Вилдан, Ҳакимов Олим, Ҳамзалиев Исмоил.
1.1. Ҷанговароне, ки баъди ҷанг соҳиби рутбаи генералӣ гардиданд, аз 3 нафар иборат аст: Маҳмадов Валӣ, Тошмуҳмадов Мастибек, Юсуфов Абдураззоқ.
1.2. Ҷанговароне, ки баъди ҷанг сазовори унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ гардиданд, иборат аст аз 5 нафар: Абдулвосиев Абдулло, Абдуллоев Давлат, Алексеевский Евгений, Аҳмадов Раҳматулло, Охунов Барот.
1.3. Ҷанговароне, ки баъди ҷанг сазовори Ордени Ленин гардиданд, иборат аст аз 4 нафар: Иброҳимов Исмоил, Иброҳимов Муҳаммад, Умаров Саидқул, Ғафуров Болта.
1.4. Ҷанговарон – намояндагони Тоҷикистон, ки барои озодии Ватан ҷон фидо карда, бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ пешниҳод шуданд, иборат аз 9 нафар: Бердиев Тӯйчӣ, Бобоҷонов Мирзо, Каримов Саидаҳмад, Калимбетов Бердӣ, Козловский Михаил, Ниёзов Ғозӣ, Самодуров Николай, Юнусов Юнус, Ғуломшоев Гулмамад, Ҳайит Қаландар.
2. Иштирокчиёни ҶБВ солҳои 1941-1945. Шумораи намояндагони халқҳо ва миллатҳои ИҶШС, ки дар майдони ҶБВ корнамоӣ нишон доданд ва сазовори ордену медалҳо гардиданд 9284199 нафарро ташкил медиҳад, ки шумораи тоҷикон аз 13997 нафар иборат аст.
Дар ин қисмати китоб муаллиф муфасал тарҷумаи ҳол ва корнамоиҳои иштирокчиёни ҷангро аз Аббосов Амирҷон то Ашӯров Мелик сабт намудааст (ҷилди 1).
Дар ин мақола мо аз қаҳрамонии як тан ҷанговари тоҷик иқтибос меорем: Амиршоев Сафар, таваллудаш 15.12.1919, зодаи деҳаи Заргари Совети қишлоқи Садайбардаи ноҳияи Балҷувони вилояти Кӯлоб, миллаташ тоҷик. Декабри 1941 ба ҷанг рафта, дар фронт аввал дар ҳайати батареяи 5-уми дивизионии полки 206-уми артилляи дивизиии 8-уми захираҳои сарфармондеҳи олии фронтҳои Ҷанубу Ғарбӣ ва Воронеж, сипас дар корпуса 5-уми армии 5-уми Белоруссия ба сифати командири дастаи тӯпчиён ба муқобили фашистҳои истилогар қаҳрамонона ҷангидааст. Аҷоибаш ин аст, ки падараш Амиршо Қосимов дар деҳаи Заргар дар синни 41-солагӣ вафот карда, модараш Оим Мамадаминова дар синни 33-солагӣ рӯзи ба хок супоридани шавҳараш фавтидааст.
Дар вақти адои хизмати ҳарбӣ Сафаров ҳамчун аскари фаъол ба сафи комсомол қабул гардид. Сафар хабари саршавии ҷангро дар деҳаи Даҳан шунид ва саросемавор роҳи Комиссарияти ҳарбии вилояти Кулобро пеш гирифт. Дар Комисарияти ҳарбӣ ӯро ҳамчун шахсе, ки тактикаи ҷангиро медонад ба машқ додани навхизматон таъин намуданд. Дивизияи савораи куҳгарди тоҷик, ки Сафар ба онҳо машқи тайёрии ҳарбиро мегузашт барои ба фронт рафтан фармони махсус гирифтанд.
Дар ҷанг Сафар Амиршоев командири дастаи тупчиёни взводи якуми дивизияи 5-ум таъин шуд. 1 майи соли 1943 барои зада гардонидани ҳуҷумҳои душаман бо мукофоти давлатӣ “Медал барои шуҷоат” мукофотонида шудааст. Командири дастаи тупчиён Сафар Амиршоев аввалин шуда 17 танки дӯшманро оташ зад. Дастаи тӯпчиёни Сафар Амиршоев дар ин муҳориаби шадид маҷрӯҳ гардиданд, худи ӯ аз сараш тир хурд. Ҷасорату мардонагии ӯ рӯҳияи ҷанговарони батареияи 5-умро баланд бардошт ва боз 4 танки душманро оташ заданд. Як дастаи тӯпчиёни Амиршоев як взводи аскарони пиёдагарди душамнро нест карданд. Аз дур дӯшман рост нуқтаи оташфишонии Амиршоеро ба нишон гирифт ва ҳадафи тири худ қарор кард. Чун ҷанговари шуҷо Сафар Амиршоев қаҳрамонона шаҳид шуд.
Аз 17.06.1944 командири полки 213 артилерияи гвардигӣ полковник Чигир чунин менависад: “Ба мукофоти давлатӣ –ордени Ленин, медали Ситораи калон, Қаҳрамони иттифоқи советӣ пешбари мекунам”.
Дар асоси Укази Президуми совети олии СССР аз 25 сентябри соли 1944 ба Сафар Амиршоев баъди маргаш унвони олӣ - Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд. Ҳамяроқонаш ҷасади сафар Амиршоеро дар қабристони деҳаи Жежморияйи Ҷумҳурии Литва ба хок супоридаанд. Дар рӯи қабраш чун рамзи ғалаба тӯпи ӯ гузошта шудааст.
Модарон то ҳол мепоянд роҳи аскарон,
Охирин умеди ин умедворон зинда бод.
Инчунин ҳазорҳо корнамоии ҷавонмардони тоҷикро мисол оварда метавонем:
1. Дар набардҳои Украина, соли 1943 Неъмат Қаробоев ҳамчун фармондеҳи взвод дар муҳофизати мавқеи стратегӣ дар наздикии шаҳри Киев нақши муҳим бозида аст. Вай бо гурӯҳи хурди ҷанговаронаш ба муқобили ҳамлаи бузурги танкҳои душман истодагарӣ карда, бо истифода аз гранатаҳо ду танки фашистонро нобуд сохт. Сарфи назар аз захмҳои вазнин, ӯ то омадани кӯмаки иловагӣ мавқеъро нигоҳ дошт ва барои ин корнамоияш бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гардид.
2. Дар набарди Сталинград, соли 1942, Тӯйчӣ Эрҷигитов ҳамчун тирандози пулемёт дар муҳофизати бинои стратегӣ, ки баъдтар бо номи «Хонаи Павлов» машҳур шуд, иштирок кардааст. Вай дар тӯли чанд рӯз зери тирборони шадиди душман мавқеъро нигоҳ дошта, даҳҳо фашистноро нобуд карда аст. Ин корнамоии ӯ ба ғалаба дар яке аз муҳимтарин набардҳои ҷанг мусоидат кард ва ӯро ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сазовор донистаанд.
3. Дар соли 1944 ҳангоми озодкунии Полша Сафар Амиршоев ҳамчун разведкачии ҳарбӣ амалиёти муҳимро анҷом дод. Вай ба ақибгоҳи душман ворид шуда, иттилооти муҳим дар бораи ҷойгиршавии қувваҳои фашистиро ба даст овард. Ҳангоми бозгашт ӯ зери тирборони душман қарор гирифт, аммо бо вуҷуди захмҳо иттилоотро ба фармондеҳони худ расонд, ки ин ба шикасти душман дар он минтақа мусоидат кард. Ин далерӣ ӯро ба унвони қаҳрамонӣ ноил гардонд.
4. Дар набардҳои Белоруссия, соли 1944, Ҳодӣ Кенҷаев ҳамчун фармондеҳи рота дар амалиёти озодсозии шаҳри Минск иштирок кардааст. Вай бо ротаи худ зери тирборони шадид пулеро, ки барои гузаштани қувваҳои шӯравӣ муҳим буд, муҳофизат кард. Сарфи назар аз талафоти вазнин, ӯ мавқеъро нигоҳ дошт ва барои ин фидокорӣ бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мукофотонида шуд.
5. Дар соли 1945 ҳангоми ҳамла ба Берлин, Ҳайдар Қосимов дар амалиёти забт кардани бинои Рейхстаг иштирок карда, бо гурӯҳи хурди ҷанговарон зери тирборони шадид ба бино ворид шуд ва дар муҳофизати он то омадани қувваҳои асосии шӯравӣ саҳм гузошт. Ин корнамоии ӯ яке аз рамзҳои пирӯзии ниҳоӣ дар ҷанг буд.
Ин мисолҳо танҳо як қисме аз корнамоиҳои ҷанговарони тоҷикро нишон медиҳад, ки бо далерӣ ва фидокории худ дар ғалаба бар фашизм нақши муҳим бозидаанд.
Ҷанговарони тоҷик дар набарди Сталинград, Курск, дар озодкунии шаҳрҳои Киев, Минск, Варшава ва Берлин бо далерӣ, мардонагӣ ва фидокориҳои худ ғалаба бар фашизмро тезониданд. Ин корнамоиҳо на танҳо дар Иттиҳод Ин корнамоиҳо на танҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар Аврупо низ эътироф шуданд.
Ҳар кӣ дар ҳифзи ватан ҷон медиҳад, қурбони ӯ,
Ҷони ман қурбони ӯ, то он ки бошад ҷони ӯ.
Баҳри сулҳу ҳам суботу ҳам наҷоти зиндагӣ,
Пок бояд дошт, азму иззату виҷдони ӯ.
Гар ба виҷону вуҷуду аҳд бошад тоҷике,
Метавон бахшид ҷонро дар бари домони ӯ.
Тоҷике аз будани худ гар намояд ифтихор,
Чарх бояд гирд гардад, зери сад фармони ӯ.
Сарсупориҳои тоҷик, Тоҷикистонсозӣ шуд,
Моҳу Хуршед бин, ки инак, дар бари айвони ӯ.
Муҳри тақдири азал бар коми тоҷик сикка зад,
Ранг гирад шамси ховар аз рухи тобони ӯ.
Ҷонфидоиҳои Сарвар халқро гирд оварид,
Сад ташаккур, бар сару бар сояву сомони ӯ.
ШИРИН ҚУРБОНОВА, сарходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих.
ДОНИЁР САНГИНЗОДА, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватани ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Иди ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Бале, тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои дур бо меҳру садоқат ба Ватан, меҳанпарастӣ ва ҳуввияти баланди миллии хеш машҳури ҷаҳон буданд. Таърих гувоҳ аст, ки фарзанди тоҷик ҳамеша ҳимояи марзу буми хешро ба ивази ҷони хеш ҳам бошад, адо кардааст. Дар тули таърих фарзонафарзандони диловари тоҷик аз қабили Спитамен, Муқаннаъ, Абумуслим, Темурмалик, Восеъ ва дигарон ҷони худро ба кафи даст гирифта, мардовор ҷон супурданро аз таслими душман шудан беҳтар донистанд. Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд.
Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромуш нашудани мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, Тоҷикистониён низ азиз ва гироми аст.
Ҳануз аз оғози ҷанг фарзандони Тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман, аз кишвари мо бешаз 290 ҳазор нафар бе восита дар задухурдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд. Эҳсоси ватандустии онхо имрӯз барои мо, ки Истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунани ибрат ва сабақ аст.
Ҳоло мо дар остонаи таҷлили 80-умин солгарди ғалаба бар фашизм карор дорем. Далериву шуҷоат ва мардонагиву қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани саҳифаи дурахшони таърихи моро ташкил медиҳад. Маҳз ин
Ҷоннисориву фидокориҳои онҳо буд, ки тамоми халқҳои давлати Шуравӣ аз чанголи фашистони хунхор раҳои ёфтанд.
Қудрату тавононии артиши шурави аз матонату садоқати афсаронаш ибтидо мегирифт. Аз шуҷоати сарбозонаш, ки рози буданд баҳри ҳифзи халқу Ватан ҷони худро фидо кунанд. Ба ин гуфта, қаҳрамониҳои сарбозони тоҷик, ки худро ба болои мили танки душман партофтаанд, гувоҳ шуда метавонад.
Сокинони Тоҷикистон хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд.
Ҷашн гирифтани Рӯзи ғалаба махсусан барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, садоқад ба давлату миллати хеш ва далериву ҷавонмардӣ, бузург кардани насли ҷавону наврас нақши бузург дорад. Инчунин, пос доштани номи онҳое, ки ба хотири рӯзгори орому осудаи мо ҷонбозӣ намудаанд, қарзи виҷдонии ҳар яки мост.
Магистранти курси 1-уми Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон Саидов Ҳоҷиҷон Сафарович
Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ. Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ[1].
Дар мақолаи узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон “Баррасии тақвиятбахши иқтисоди рақамӣ” дарҷ гардидааст, ки “Сарвари давлат зимни баррасии ҳолати иҷтимоӣ ва вазъи иқтисодии кишвар саҳми соҳибкорони фаъолро ёдоварӣ намуда, дастур доданд, ки маърифати молиявии шаҳрвандон ва фарҳанги андозсупории ҳамватанон густариш ёфта, низоми пардохтҳои ғайринақдӣ бобати устувории молиявӣ ва рушди иқтисодӣ тақвият дода шавад. Савол ба миён меояд, ки пардохтҳои ғайринақдӣ чист? Инсоне, ки дар ҷомеа зиндагӣ мекунад, онро мебояд, ки шароитҳои омоданамудаи давлатро, ки истифода бурд, сари вақт андозҳои муайяншударо пардохт намояд, чун пардохти саривақтии ҳама гуна андозҳо кафили бобақоии давлат ва рушду ободонӣ аст. Пардохтҳо бошад, нақдӣ ва ғайринақдӣ буданд, аммо аз санаи 1-уми августи соли 2024 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ” пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳо, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад. Инчунин иқдом татбиқи самараноки давлатиро дар самти андозу буҷет тақозо хоҳад кард ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба самтҳои гуногуни фаъолияти молиявӣ саривақтӣ мебошад: “Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад”. Тибқи таҳлилҳои Сарвари давлат: “дар бисёр кишварҳо нишондиҳандаи пардохтҳои ғайринақдӣ 80 – 90 фоизро ташкил медиҳад. Ин яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад”.
Дар мадди назари Пешвои миллат пеш аз ҳама рақамикунонии иқтисоди миллӣ истода, бобати гузариш ба иқтисоди рақамӣ фақат тадбирҳо андешидан кам мебошад. Аз ҳамин хотир, Сарвари давлат дар Паёми хеш зикр намуданд, ки такмили инфрасохтори рақамӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо бо дарназардошти таҳия ва ташкили махзани воҳид, бозомӯзии кадрҳо дар самти технологияҳои иттилоотӣ, ташаккули соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ роҳандозӣ гардида, раванди электронӣ гардидани фаъолияти давлатӣ татбиқ карда шавад: “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст”. Гузашта аз ин, барои вусъат додани раванди инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон гардад.
Ба наздикӣ монографияи нави ҳаммуаллифон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи назорати молиявӣ, таҳлил ва аудити Сарраёсати назорати идоракунии шаҳри Маскави Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г.В. Плеханов, Наталия Пласкова зери унвони «Методологияи баҳисобгирӣ ва таҳлили дороиҳои рақамии ташкилоти қарзӣ» аз чоп баромад. Ҳаммуаллифон дар ин рисола ошкор намудани асосҳои методологии омӯзиши объектҳои нави баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит – дороиҳои рақамӣ, ки муассисаҳои қарзӣ ва корхонаҳои соҳаи воқеии иқтисоди Русия ва Тоҷикистон ба мақсадҳои тиҷоратӣ ва дигар мақсадҳо истифода мебаранд, баррасӣ намуда, шароити муосири рақамикунонии иқтисодро чун инқилоби рақамӣ шарҳ додаанд.
Бобати таҳқиқи масъалаи мазкур дар оғози монография чунин омадааст: «Бояд эътироф кард, ки баҳисобгирии муҳосибӣ инқилоби рақамиро аз сар гузаронида, технологияҳои пешрафтаи рақамиро фаъолона татбиқ мекунад. Қариб аксарияти кулли субъектҳои хоҷагидор тавонистанд майдони ягонаи иттилоотиро бунёд кунанд. Ташкилотҳои қарзӣ тавассути татбиқи нармафзори пешрафта ва хидматҳои рақамӣ на танҳо хароҷоти баҳисобгирии муҳосибӣ кам мекунанд, балки шаффофият ва эътимоднокии бештари маълумотро ба даст меоранд» [2, с. 13].
Дар ИМА, Британияи Кабир ва дигар давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикарда муҳосибони идоракунӣ дар коркарди мақсадноки иттилооти баҳисобгирӣ ва таҳлилие, ки ба мақсадҳои гуногуни идоракунӣ мувофиқанд, банақшагирӣ ва пешгӯии буҷет, муайян намудани нуктаи муҳимми истеҳсолот ва фурӯш, идоракунии маблағҳои муомилот ва дигар масъалаҳои вобаста ба соҳаи баҳисобгирии арзиши истеҳсолот ҷалб карда мешаванд.
Ҷомеаи ҷаҳонии касбии баҳисобгирии муҳосибӣ стандартизатсияи баҳисобгирии идоракуниро танҳо ҳамчун муҳимтарин манбаи идоракунӣ мешуморад. Системаи баҳисобгирии аксар кишварҳои тараққикарда ба танзими давлатии масъалаҳои молиявӣ ва андоз нигаронида шудааст. Бояд гуфт, ки сарфи назар аз мавҷуд будани имкониятҳои зарурӣ, дар амалияи баҳисобгирии хоҷагидории ватанӣ то ҳол стандартҳои мавриди баррасӣ қарор гирифта омӯхта нашудаанд ва ҷиҳати роҳандозии онҳо дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ниҳода зарурати амиқ пайдо шудааст.
Дар монографияи мазкур роҳҳои электронии фоида тавассути фазои рақамии иқтисоди рақамӣ баррасӣ ёфта, таносуби объекти электронӣ ва пули нақд бар манофеи муштариёни бонкӣ матраҳ шудаанд. Масалан, дар ин самт муаллифон ин ақидаро пешниҳод намудаанд: «Амволи виртуалӣ (ё рақамӣ) объекти электронӣ мебошад, ки соҳибонаш ният доранд аз он манфиатҳои муайян ба даст оранд, тавлиди он дар фазои виртуалӣ сурат мегирад. Арзиши тиҷоратии объектҳои рақамӣ вобаста ба ниятҳои корбарони эҳтимолӣ барои анҷом додани амалиёт ва дар ниҳоят табдил додани ин объектҳо ба пули воқеӣ ташаккул меёбад. Бояд гуфт, ки дар аввал объектҳои электронӣ ҳамчун воситаи мубодила дар раванди инкишофи бозори бозиҳо бо тақсимоти шартии объектҳое пайдо шуданд, ки аз онҳо объектҳои дорои арзиши муайянро ҷудо кардан мумкин аст» [2, с. 17].
Гузашта аз ин, дар рисола низоми ҷадиди пардохти рақамӣ баррасӣ шуда, омилҳои пайдоиш ва паҳншавии он дар мисоли криптовалюта матраҳ мешавад. Бояд мутазаккир шуд, ки криптовалюта бидуни ҷалби бонкҳо пардохти рақамӣ маҳсуб мешавад, ки ба муштарӣ имкон фароҳам меорад то дар дилхоҳ мавзеъ ва дар дилхоҳ авзоъ пардохтҳоро истиқбол кунад ё фиристад. Пардохтҳои криптовалютӣ танҳо дар шакли рақамӣ дар пойгоҳи додаҳои онлайн мавҷуданд, ки транзаксияҳои мушаххасро тавсиф мекунанд. Онҳо дар муомилот қарор надоранд ва метавонанд дар ҷаҳони воқеӣ иваз карда нашаванд. Ҳангоми интиқоли маблағҳо бо криптовалюта, транзаксияҳо дар китоби давлатӣ сабт карда мешаванд. Криптовалюта дар ҳамёнҳои рақамӣ нигоҳ дошта мешавад.
Ба қавли муаллифони рисола, криптовалюта аз соли 2009 инҷониб мавҷуд буда, аввалин бор дар ҷаҳон «Криптовалюта як пули рақамӣ ё маҷозӣ аст, ки барои таъмини амният криптографияро истифода мебарад ва новобаста аз бонки марказӣ фаъолият мекунад. Он як системаи ғайри марказиро дар асоси технологияи мушаххас истифода мебарад. Арзиши криптовалюта аз ҷониби талабот ва пешниҳоди бозор муайян карда мешавад, на аз ҷониби ҳукуматҳо ё муассисаҳои молиявӣ, ки онро дороии ноустувор месозад» [2, с. 18].
Бо дарназардошти тараққии технологияҳои ҷадид иқтисоди рақамӣ рушд карда, роҳҳои табодули молиявӣ тағйир ёфтанд. Айни замон одамон бобати нигаҳдории электронии маблағҳо фаъол буда, аз ҳамаи шароити мавҷуда истифода ба амал меоранд. Ширкат дар низоми рақамии табодули молиявӣ онҳоро бохабар аз техникаву технологияҳои нав менамояд.
Аз бӯҳрони соли 1998 сар карда, масъалаи эътимоднокии ҳисоботи молиявии ташкилотҳои қарзӣ беш аз пеш аҳаммияти бештар пайдо кардааст. Ва ин табиист, зеро системаи бонкии дилхоҳ кишвар дар системаи молиявии давлат ҷои пешбар ва аз бисёр ҷиҳат ҳалкунандаро ишғол мекунад. Тавре ки таҷрибаи пештараи иқтисодии ҷаҳонӣ нишон дод, ноустувории молиявии худи низоми бонкӣ аз як тараф метавонад бӯҳронро ба вуҷуд оварад ва аз тарафи дигар, падидаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла падидаҳое, ки дар натиҷаи бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадаанд, метавонанд системаи бонкиро аз мувозинат берун бароранд. Ин далел корбаронро аз гузориши маълумот дар бораи вазъи воқеии молиявӣ ва сатҳи хавфҳое, ки бонк ба дӯш гирифтааст, маҳрум месозад.
Истифодабарандагони ҳисоботи молиявӣ ба маълумоте ниёз доранд, ки ба онҳо барои арзёбии вазъи молиявӣ ва фаъолияти ташкилоти қарзӣ дар давраи ҷорӣ ва қабули қарорҳои дахлдори иқтисодӣ кумак мерасонанд. Системаи кунунии ҳисоботи молиявӣ қодир нест, ки ба истифодабарандагон иттилооти саривақтӣ ва босифат пешниҳод кунад, зеро на аз рӯйи мазмуни дохилии худ - сохтор ва на аз рӯйи суръати ташаккули он ба талаботи бозорҳои молиявӣ ва истифодабарандагон, аз ҷумла ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ нест. Шартҳои асосии ислоҳоти низоми ҳисоботдиҳии ташкилотҳои қарзӣ, ки дар доираи кор таҳлил ва ба низом даровардани он анҷом дода шудаанд, инҳоро дар бар мегиранд: хусусиятҳои заифи сифати ҳисобот, шумораи зиёди шаклҳои ҳисоботӣ, риояи нопурра ба принсипҳои ҳисобот, хусусияти маҳдуди гузариш, осебпазирии татбиқи модели табдилдиҳӣ, фишори мақомоти назоратӣ ва андоз ба системаи ҳисоботӣ, ки дар ниҳоят боиси норозигии истифодабарандагони манфиатдори ҳисоботи молиявӣ мегардад.
Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки баҳисобгирии арзиши одилона тибқи методологияи он дар ҳисоботи молиявии ташкилотҳои қарзӣ ноустувории ғайричашмдошт ба вуҷуд орандаро таҳқиқ намояд. Се манбаи эҳтимолӣ мавҷуданд, ки тавассути онҳо арзиши одилона метавонад ноустувориро дар ҳисоботи молиявӣ ҷорӣ кунад. Якум, ноустуворӣ аст, ки бо тағйирёбии параметрҳои асосии иқтисодӣ алоқаманд аст. Дуюм ноустуворӣ аст, ки дар натиҷаи хатогиҳои андозагирӣ ва ё тағйир додани дарки дурнамои иқтисодӣ дар тамоми давраи тиҷорат ба вуҷуд омадааст. Ва сеюм, ноустуворӣ метавонад бо модели баҳисобгирии муҳосибӣ, ки баҳисобгирии арзиши одилонаро ба баъзе асбобҳо ва баҳисобгирии арзиши фарсудашавӣ ба дигарон татбиқ мекунад, ки таъсири холисро коҳиш медиҳад.
Муаллифони китоби тозанашршуда профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва профессор Пласкова Н.С. қайд мекунанд, ки тайи чанд соли охир дар низоми муносибатҳои муосири иқтисодӣ тағийроти куллӣ ба қайд гирифта шуда, яке аз сабабҳои глобалии он рақамикунонии фаъоли ҷомеа мебошад, ки ба тавсеаи соҳаҳои истифодаи технологияи иттилоотӣ ҳам барои ҳалли масъалаҳои рӯзмараи ҷомеа ва ҳам дар сатҳи муносибатҳо дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат мекунад.
Таъсири ин омилҳо метавонад боиси ба истилоҳ таъсири мутаносибӣ дар илми иқтисод маълум шавад, ки нишон медиҳад, ки арзиши иқтисодӣ бо тағйирёбии иқтисодиёт чӣ гуна алоқаманд аст. Дар давраи тиҷорат ва назарияи молиявӣ ҳар як миқдори иқтисодие, ки бо вазъи умумии иқтисодиёт робитаи мусбат дорад, просиклӣ ҳисобида мешавад. Барои амиқтар омӯхтани падидаи даврӣ ва зуҳуроти амалии он дар бахши бонкӣ, маълумоти таҳлили омори вобастагии баҳодиҳии арзиши одилонаро аз нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ бояд баррасӣ кард.
Инчунин дар монографияи тозанашри муаллифон қайд шудааст, ки объектҳои рақамӣ дар бахши молиявӣ бештар истифода мешаванд, ки вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд, муомилоти ҳисоббаробаркуниро суръат мебахшанд, эътимоднокӣ ва даромаднокии муносибатҳои байни ташкилотҳои қарзӣ ва миҷозони бонкиро таъмин мекунанд ва ба фаъолияти бозор маблағгузорӣ намудани бозор мусоидат мекунад.
Сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба монанди иқтисоди рақамии кишварҳои тарақикарда рушд намуда, ҳамкориҳоро дар ин самт бо кишварҳои пешрафта ба роҳ хоҳад монд. Дар шароити муосир рақамикунонӣ ба соҳаи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Иқтисоди рақамиро барои нигоҳ доштани маълумотҳои афзун барои идора кардани тақсимоти зуд ва захираҳо, ба даст овардани натиҷаҳои баланди иқтисодӣ, интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва нигаҳдории маълумотҳо истифода намудан мункин аст.
Ширин Қурбонова, сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих
РӮЙХАТИ АДАБИЁТ:
1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 28.12.2024.
2. Хушвахтзода К.Х., Пласкова Н.С. Методология учета и анализа цифровых активов кредитной организации. – Душанбе: Дониш, 2025, - 131 с.
3. Хушвахтзода Қ.Х. Баррасии тақвиятбахши иқтисоди рақамӣ. –Душанбе. 2025.
(с.1941-1945)
Имсол ба Ғалабаи бузурги халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941—1945) бар фашизми гитлерӣ 80 сол пур мешавад. Ғалаба дар ин чанги хунин ба осонӣ ба даст наомадааст. Чанг 1418 шабонарӯз давом карда, зиёда аз 26,6 миллион нафар одамони советӣ ҳалок гардиданд. Мувофиқи маълумоте, ки дар бойгониҳо махфуз аст, дар солхои ҷанг 1710 шаҳру посёлка ва зиёда аз 70 ҳазор деҳа хароб шудааст, 31850 заводу фабрика ва дигар корхонаҳои саноатӣ, 98000 колхоз, 1876 совхоз, 2890 истгоҳи мошину тракторҳо ва бисёр дигар корхонаю биноҳои истиқоматии шаҳрвандони СССР пурра ё кисман вайрон ва ғорат карда шуданд [6].
Рӯзи Ғалаба яке аз он санаҳои фаромӯшнашаванда аст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011 №753 ҳамасола 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷашн гирифта мешавад [7]. Ин барои тамоми башарият, аз чумла мо, точикон азизу шарафманд аст. Ҳазорон нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали ҷанг ба комиссариатҳои ҳарбӣ муроҷиат карда, дар аризаи худ омодагии худро барои рафтан ба ҷабҳа изҳор доштанд. То ибтидои соли 1942 дар тамоми ҷумҳурӣ аз ихтиёриён 5857 ариза қабул карда шуд. Дар солҳои минбаъда омадани аризаҳо катъ нагардид. Дар маҷмуъ, зиёда аз 10 ҳазор нафари онҳо дар солҳои ҷанг ба ҳайси ихтиёрӣ ба ҷабҳа фиристода шудаанд [3]. Шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил дод. Онҳо дар сангарҳо диловарона чангида, аз худ корнамоиҳои бузург нишон дода, Ватан, шаъну шарафи халқи худро мухофизат намуданд ва зиёда аз 92 ҳазор нафари онҳо дар майдони ҷанг ҳалок гардиданд. Аз ин шумора 54 нафар ҳамватанони мо сазовори унвони олии фахрии Ватан – Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардида, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд [6].
Дар байни онҳо Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарифов ва бисёр дигар аскарони тоҷик ҳастанд, ки дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳимояи Ватан қаҳрамонӣ нишон додаанд [7].
Яке аз аввалин чорабиниҳо дар давраи ҷанг таълим додани шаҳрвандон ба корҳои ҳарбӣ буд. Танҳо дар соли аввали ҷанг дар ҷумҳурӣ 3330 нафар корманд, 2000 нафар ҳамшираҳои шафқат ва 5000 нафар фармондеҳон тайёр карда шуданд [9, 302].
Ба ҷумҳурӣ ду мактаби ҳарбӣ кучонида оварда шуд, ду мактаби махсуси харбӣ сафҳои худро аз ҳисоби ҷавонони аз ҷумҳурӣ даъватшуда пурра карданд. Минбаъд дастпарварони ин мактабҳо ва омӯзишгоҳҳо дар ҷабҳаҳои Чанги Бузурги Ватанӣ тайёрии аълои чангӣ нишон дода, дар ичрои супоришҳои ҷангӣ мардонагӣ ва каҳрамонии бемисл нишон доданд.
Бо фармони Комиссариати Халқии Мудофиаи СССР дар мохи августи соли 1941 ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки дар ҷумҳурӣ бригадаҳои алоҳидаи 98-ум ва 99-уми тирандозӣ ва дивизияи 104-уми савора ташкил карда шавад. Аз ҳисоби захираҳои ҷумҳурӣ ба ҷузъу томҳои ҳарбӣ 3365 автомашина, 105 трактор ва 19 ҳазор асп ҷудо карда шуд. Баъдтар дивизияи 61-уми савора ташкил карда шуд. Дар ҷузутомҳо ва қисмҳои миллӣ саҳми киёсии намояндагони миллатҳои маҳаллӣ аз 40 то 80 фоизро ташкил дод.
Фиристодагони Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ худро ҳамчун ҷанговарони далер ва диловар нишон доданд. Дар байни муҳофизони қалъаи Брест тоҷикписар Г. Нуров низ буд, ки ҳамчун тӯпчӣ 23 июни соли 1941 дар муҳориба дар дарёи сархадии Прут танки фашистиро нобуд кард. Баъдтар вай ҳангоми муҳофизати Москва боз ду танкро нест кард; то охири ҷанг 10 танк ва тӯпҳои худгарди душманро торумор кард.
Боз як ҳамватани мо — М. Иброҳимов дар ибтидои ҷанг дар сарҳад корнамоии қаҳрамонона нишон дода, аз байни тоҷикон аввалин шуда моҳи августи соли 1941 бо ордени Ленин мукофотонида шуд [11, 31]. Сержант Ходӣ Кенҷаев дар муҳорибаҳои назди Лвов иштирок дошт. Вай тайёрии аълои харбӣ ва дониши аълои кори худро нишон дод. Дар ин ҷо ӯ аввалин мукофоти худ — медали «Барои шучоат» ва баъдтар дар муҳорибаҳои назди Курск сазовори унвони Каҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардид.
Ҳазорон нафар фиристодагони Точикистон дар муҳорибаҳои назди Москва озмоиши ҷангӣ гирифтанд. Хурсандиовар аст, ки дар байни онҳо мудири шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон академик А.М. Баҳоваддинов низ буд, ки дар таъмини амнияти конфронси байналмилалии Теҳрон (с.1943) иштирок дошт.
Дивизияи 20-уми ордени Байрақи Сурх ва ордени Лениндори кӯҳии савора, ки тахти сарпарастии Тоҷикистон фаъолият мекард, дар таърихи муҳорибаи Москва саҳифаи пуршараф сабт намуд.
Садҳо нафар фиристодагони тоҷик дар муҳорибаҳо барои Сталинград аз худ ҷонбозиҳо нишон доданд. Инак, рӯзе, вақте ки қариб 30 танки душман бо пулемётчиён дар сари зиреҳҳояшон ба тарафи ҷузутоми дивизия, ки дар он чанг 4 тӯпу 3 миномёт дошт, ҳаракат карданд, чанги нобаробар ва шадид ба амал омад. Тӯпҳо паи ҳам аз кор баромаданд. Вақте, ки тӯпи охирин хомуш шуд ва танкҳо пахш карданро давом медоданд, пас аскари қаторӣ Комил Пӯлотов бо як даста граната ба сӯи онҳо хазида, худро ба зери он партофт. Ба ӯ баъд аз марг унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ дода шуд.
Артиллеристони тоҷик И. Ҳамзаалиев ва Ҳ. Кенҷаев дар рӯзҳои аввали ҷанг дар муҳорибаҳои шадидтарин дар камонаки Курск аз худ қаҳрамонӣ нишон доданд. Онҳо дар қисмҳои гуногун хизмат карда, фидокории якхела нишон доданд: дар байни экипажҳо танҳо монда, ярадор шуда, то снаряди охирин бо танкҳои душман ҷангиданд, вале душманро аз мавзеъҳои худ гузаштан намонданд. Ҳарду моҳи сентябри соли 1943 ба унвони Каҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сазовор шуданд.
Полки 884-уми артиллерӣ тахти фармондеҳии майор Ш. Аҳмадҷонов дар муҳорибахои назди Харков корнамоӣ нишон дод. Дар байни озодкунандагони диловари шахри Вознесенски Украина командири дружина Матлубҷон Юсупов низ буд, ки баъди ҷанг ӯ ба унвони шаҳрванди фахрии ин шаҳр мушарраф гардид.
Дивизияҳои 20 ва 16-уми савора, ки тахти сарпарастии Тоҷикистон амал мекарданд, дар муҳорибаҳо дар убури дарёҳои Десна ва Днепр иштирок карданд. Ҳангоми убури дарёи Днепр фиристодагони Тоҷикистон аз худ ҷоннисорӣ карда, барои корнамоӣ дар ин ҷабҳа У. Яъқубов. С Турдиев, М. Панфилов, Х. Қосимов, Д. Азизов ва чанде дигарон бо ордени Ленин ва медали тиллоии Каҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мукофотонида шуданд. Моҳи октябри соли 1943 дар ҷабҳаи Волхов корнамоии абадзиндаи А. Матросовро узви комсомоли Тоҷикистон Тӯйчи Эрйигитов такрор карда, амбразураи бункери душманро бо баданаш пӯшонда буд.
Бисёр тоҷикон дар муҳорибаҳо барои озод кардани Белоруссия маҳорати баланди ҷангӣ ва мардонагӣ нишон доданд. Ҷанговарон ва командирони дивизияи савораи ордени Лениндори 17-уми гвардиявии Байраки Сурхдор, ки бо сарпарастии Точикистон амал мекарданд, дар убури дарёи Припят корнамоӣ нишон доданд ва се рӯз дар сохили рости он платсдармро нигоҳ дошта, баъд дар озод кардани шаҳрҳои Мозир ва Калинковичи иштирок карданд [11, 148]. Командири экипажи тӯпи тирандози 45 миллиметра С.Саитвалиев аз батареяи зиддитанкии полки тирандозии 350-уми дивизияи 96-уми тирандозии Гомел барои шуҷоати шахсӣ ва роҳбарии моҳиронаи ҷузутом бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 25 сентябри соли 1944 сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардид. Нависанда Фотеҳ Ниёзӣ дар муҳорибаҳо барои озод намудани Белоруссия иштирок карда, баъдтар дар бораи партизанҳои белорус романи пуршукӯҳ навишт.
Фиристодагони ҷумҳурӣ барои озод кардани ҷумҳуриҳои назди Балтика қаҳрамонона мубориза бурданд. Собиқ деҳқони тоҷик, командири тӯпу батареяи гаубитсаи полки 213-ум Сафар Амиршоев дар хоки Литва ҷоннисориҳо карда буд. Барои корнамоиаш ба ӯ баъд аз марг унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.
Ҷанговарони тоҷик дар амри аз фашистон озод намудани қаламрави СССР ва мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ фаъолона иштирок карданд. Исмат Шарифов ҳангоми убури дарёи Днестр ва ҷоннисорӣ дар муҳорибаҳо дар канори шаҳри Уман сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардид.
Ҷанговарони тоҷик ҳангоми наздикшавӣ ба Берлин ва дар худи Берлин аз худ қаҳрамонии оммавӣ нишон доданд. Ордени «Шараф» дараҷаи якум ба тоҷикон Рӯзиев - барои дар дарвозаи Бранденбург афрохтани Байрақи Сурх ва Атоев - барои ҳуҷуми Рейхстаг дода шуд.
Хоҷагии ҳарбии Тоҷикистон бо назардошти сохтори саноатие, ки дар солҳои пеш аз чанг инкишоф ёфта буд, ба вуҷуд омад. Дар ҷумҳурӣ барои боз ҳам тараққӣ додани саноати сабук, хӯрокворӣ, саноати маҳаллӣ ва кооперативӣ, инчунин хеле зиёд кардани истеҳсоли ангишт, нефт ва металлҳои ранга ва камёб, ки барои саноати ҳарбӣ намерасид, заминаҳои зарурӣ муҳайё карда шуд. Корхонаҳои Тоҷикистон ба истеҳсоли гилзаҳо барои снаряд, мина ва гранатаҳои дастӣ шуруъ карданд. Ба далели якбора афзудани эҳтиёҷоти таъмини саноати дифоъ ба молибден, волфрам, сурма, мишяк, висмут, қалъагӣ ва дигар металлҳои нодиру ранга дар Тоҷикистон коркарди расмии конҳои заминии камёфт оғоз шуд.
Тоҷикистон корхонаҳои саноатиеро, ки аз ноҳияҳои ғарбии СССР эвакуатсия шуда буданд, дар хоки худ қабул ва ҷойгир кард. Ба ҷумҳурӣ таҷҳизот аз 13 корхона: заводи консерви Одесса, заводҳои равғани № 1-2 Вяземск, заводи равғани Валюйск, заводи равғани Полтава, заводи консерви Симферопол, заводи консерви Феодосия «Красный Перекоп» ва ғайра кӯчонида оварда шуданд [4].
Диққати асосӣ ба он соҳаҳои саноате, ки маҳсулоти онҳо бевосита барои таъминоти артиш меравад, — пахта, либос, чарму пойафзол, консерв, равғанкашӣ ва ғайра диққати асосӣ дода шуд. Меҳнаткашони Тоҷикистон ба қисмҳои ҳарбӣ ёрӣ расонда, онҳоро бо сару либос, хӯрокворӣ ва яроқу аслиҳа таъмин мекарданд. Дар солҳои ҷанг халқи тоҷик ба ҷабҳа 151 қатора, 532,5 хазор адад либоси гарм, 123,8 ҳазор килограмм пашм, зиёда аз 25 ҳазор метр матоъ ва дигар колаҳоро фиристод [2].
Онҳо ба резерви мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сум пул ва 40.750 пуд ғалла ҷамъоварӣ намуда, ба ҳисоби хоҷагӣ супурданд. Барои сохтмони колоннаи танкии «Колхози Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сум, барои колоннаи танкии «Чавонони Тоҷикистон» 405 миллион сум ва колоннаи танкии «Тоҷикистон» 405 миллион сум ва барои сохтмони эскадриляи «Тоҷикистони советӣ» 35,2 миллион сум чамъ карда шуд. [7].
Солҳо мегузаранд, вале Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (с.1941-1945), корнамоиҳо, фидокорӣ ва қаҳрамонии бобою падарони мо ҳамеша дар хотираи мо боқӣ хоҳад монд, зеро «ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст». Ин Ғалаба бар артиши тавоно ва сартопой мусаллаҳи фашистони гитлерӣ ба шарофати ирода, матонат, фидокорӣ, садоқат, қаҳрамонӣ, дӯстӣ ва рафоқати зиёда аз сад миллат ва халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ ба даст омад. Имрӯз мо ҳақ дорем, ки бо фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон аз қаҳрамонӣ, мардонагӣ ва фидокорӣ дар роҳи ба даст овардани Ғалабаи бузург фахр кунем. Наслҳои имрӯзу оянда бояд ҳамеша ин қаҳрамонии беназирро гиромӣ дошта, наслҳои ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ тарбия намоянд. Боарзиштарин дарси Ҷанги Бузурги Ватанӣ зарурати таъмини сулҳу субот, дӯстии халқҳо ва ваҳдати миллӣ дар кишвар мебошад.
Адабиёт:
1. Абдуллоев К. Саҳми халқи тоҷик дар Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 // URL: https://www.vkd.tj/index. php/tj/az-ta-rikhi-militsiya/23490-sa-mi-khal-i-to-ik-dar-alabai-angi-buzurgi-vatanii-sol-oi-1941-1945 (Дата посещения 06.03.2025)
2. Баҳодурова Ф.Ю. Саҳми меҳнаткашони хоҷагии деҳоти шимоли Точикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) // Журнал «Муаррих», №1, 2023. - С.79-84
3. Гафуров А.М. Вклад Таджикистана в Великую Победу // URL: https://amit.tj/ru/vklad-tadzhikistana-v-velikuyu-pobedu (Дата посещения 04.04.2025).
4. История второй мировой войны. 1939-1945: в 12-ти томах. – Т.12. Итоги и уроки Второй мировой войны. - М.: Ордена Трудового Красного Знамени военное издательство министерства обороны СССР, 1982 – 488 с.
5. Исуфов Ш. В., Сайнаков С. П. Масъалаҳои омода намудани мутахассисон барои соҳаи кишоварзии вилояти Кӯлоби ҶШС Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) // Журнал «Муаррих», №3, 2022. - С.104-111
6. Қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон // URL: https://sputnik.tj/20190508/Rykhati-aramonoi-Ittiodi-Shrav-az-Toikiston-1028857333.html(Дата посещения 06.03.2025)
7. Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, № 753 // АМО ҶТ с.2011, №7-8, мод. 608; с.2012, №7, мод.684; №12, қ.1, мод.1011, 1012; с. 2014, №7,қ.2, мод.401; с.2015, №3, мод.209; №7-9, мод.706; с.2016, №5, мод.371, №7, мод.619; с.2016,№11, мод.878
8. Масловский Л.П. Потери, нанесённые Германией с её союзниками народному хозяйству СССР // URL: https://zavtra.ru/blogs/poteri-nanesyonnyie-germaniej-s-eyo-soyuznikami-narodnomu-hozyajstvu-sssr (Дата посещения 06.03.2025)
9. Назаршоев Н.М. Военная история Таджикистана. Краткий очерк. / Н.М. Назаршоев. - Душанбе, 2002. – 573 с.
10. Одинаев Ш.И. Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945). URL: https://avkd.tj/tg/khabarho/1467-sahmi-firistodagoni-tojikiston-dar-ta-mini-galaba-dar-jangi-buzurgi-vatani-1941-1945.html (Дата посещения 06.03.2025)
11.Сечкина Л.П. Доблестные сыны Таджикистана на фронтах Отечественной войны (1941-1945 гг.) /Л. П. Сечкина; Отв. ред. Р. М. Масов. - Душанбе: Дониш, 1980. - 228 с.
Саидумар Раҷабов – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор,
мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
"Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихор хотирнишон мекунем, ки барои таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми сазовор гузоштаанд".
Эмомалӣ Раҳмон
Дар воқеъҶанги Бузурги Ватанӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон дар даврони Шӯравӣ ҳодисаи мудҳиштарин маҳсуб меёбад, чунки “дар Тоҷикистон кам хонадонеро пайдо кардан мумкин аст, ки доғи ин ҷангро дар пайкари худ эҳсос накарда бошад. Оқибати даҳшатбори он ҷанг то ҳанӯз дар ҷисму қалбҳои одамон ва хонадони мардумони гуногуни олам, аз ҷумла халқи тоҷик эҳсос мешавад"[1].
Мусаллам аст, ки 9-уми май рӯзи ғалаба яке аз муҳимтарин идҳои таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Ин санаи мубораку фархунда ба корнамоии ҷанговарони Шӯравӣ, ки аз моҳи июни соли 1941 то майи соли 1945 дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муқобили истилогарони фашистӣ ҷангида буданд, бахшида шудааст. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол хотираи сарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ дошта, қадр мекунанд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар хоки ИҶШС субҳи 22 - юми июни соли 1941 баъди хуҷуми ногаҳонии қушунҳои фашистӣ аз сарҳади кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ cap шуд. Миллионҳо нафар шаҳрвандони шӯравии синну соли гуногун ихтиёран ба фронт рафтанд ва дар он ҷо ҳаёти худро дар зери хавфу хатар гузошта, ҳуҷуми душманро зада гардонданд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ қариб чор сол давом кард. Субҳи 9-уми майи соли 1945 дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи ғалабаи қушунҳои Шӯравӣ ва муқаррар намудани иди Ғалаба бо фармони Раёсати Иттиҳоди Олии ИҶШС эълон карда шуд.
Худи ҳамон рӯз бегоҳӣ оташбаси ботантана барпо гардид ва 24 июни соли 1945 паради идона барпо гардид. Дар ҳамаи шаҳрҳои қаҳрамон парадҳои ботантана ва фейерверкҳо барпо мегардид, ветеранҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон хотираҳои худро ба мактаббачагон ва коркунони корхонаҳо нақл мекарданд.
Яке аз анъанаҳои асосӣ дар Рӯзи Ғалаба намоиши парчами сурхест, ки монанд ба он байрақест, ки соли 1945 аз ҷониби сарбозони шӯравӣ дар болои Рейхстаг гузошта шуда буд. Имрӯз парчами аслии он дар Осорхонаи Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия маҳфуз аст.
Ҳамасола дар Маскав Паради Ғалаба дар Майдони Сурх бо ширкати беш аз 10 ҳазор нафар низомиён ва ҳудуди 100 воҳиди таҷҳизоти ҷангии заминӣ ва ҳавопаймоӣ баргузор мешавад.
Дар воқеъ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ҷанги одилонаю озодихоҳонаи халқи собиқ Шӯравӣ барои озодӣ ва ҳимояи Ватан алайҳи фашизм буд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) 27 миллион мардуми шӯравӣ ҳалок шудааст, зиёда аз 1700 шаҳрҳо вайрон карда шуданд, миллионҳо бе хонаву хоҷагидорӣ монданд.
Ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд.
Фиристодагони Тоҷикистон барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49ҳ.973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қаробоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.
Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532 ҳазору 500 адад либоси гарм, 123 ҳазору 800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сӯм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сӯм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сӯм ҷамъоварӣ намуданд.
Шоиру нависандагони тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Лутфулло Бузургзода, Абдушукур Пирмуҳамадзода, ҳам бо силоҳ ва ҳам бо қалам зидди душман мубориза бурдаанд.
Устод Садриддин Айнӣ бо мақолаҳои публитсистии худ нақшҳои зишти фашизмро ошкор сохта, дар мисоли қаҳрамонони халқи тоҷик эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардумро бедор мекард.
Нависандаи ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ буд, ки маҷмӯи ҳикояҳои ҷангиашро бо номи «Интиқоми тоҷикон» навишта буд. Асарҳои баъдиҷангии Фотеҳ Ниёзӣ: «Одамони ҷовид», романи «Ҳар беша гумон мабар, ки холист», «Шӯриши Восеъ» саршори ғояҳои ватандӯстӣ буда, имрӯз ва дар оянда ҳам онҳо намунаи иборатомӯзи наслҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Имрӯз дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доштани ин хотира муҳиму зарур аст, зеро вақте ки дахшатҳои ҷанг фаромӯш мешаванд, фашизм дубора эҳё мешавад. Насли навраси замони соҳибистиқлоли Ватан бояд аз гузаштагони худ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ наҷот ёфта, ғолиб омадаанд, онҳоро ба ёд оранд ва ифтихор кунанд [2]. Бо вуҷуди мушкилоти шадид соҳаҳои фарҳанг ва маориф дар Тоҷикистон фаъолият менамуданд. Театрҳо, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо фаъолият мекарданд. Асарҳои ҳунарии ҷангӣ, шеърҳо ва песаҳои театрӣ ба мардум руҳу илҳом мебахшиданд. Шоирону нависандагон, чун Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ ва Раҳим Ҳошим шоистаи таҳсин ва ёдоварӣ ҳастанд, ки бо қалами худ ҷанги равониро бурда, мардумро ба ваҳдат ва фидокорӣ даъват мекарданд [5].
Инак, маълумоти пурраро дар бораи ному насаб, соли таваллуд ва суроғаи зисти кӯҳансарбозон, ки ҳамагӣ 17 - нафар то имрӯз ба сар мебаранд, пешкаши хонандагони арҷманд менамоем:
Шаҳри Душанбе:
1.Бозор Нағзибеков 15.11.1926, сокини ноҳияи Сино, кӯчаи Гипрозем;
2.Мухтор Заргаров 29.04.1924, сокини ноҳияи Сино, ҷ/д Чорякорон вилояти Суғд:
3.Нозим Носиров, 05.10.1924 ноҳияи Деваштич, ҷ/д Далёни Боло;
4.Бибола Рӯзиматов, 07.11.1925 ноҳияи Деваштич, ҷ/д Ғазантарак
вилояти Хатлон
5.Зайнулло Алиев 06.07.1926 шаҳри Бохтар, кӯчаи Каминтер - 2
6.Сафаралӣ Файзиев 09.05.1923 шаҳри Бохтар, кӯчаи Ваҳдат;
7.Розиқ Қосимов 22. 01.1926 ноҳияи Вахш, ҷ/д Тоҷикобод;
8.Машраб Давлатов 20.06.1926 ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, ҷ/д Калинин;
9.Гулмурод Тағоев 01.05.1924 ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷ/д Ифтихор;
10.Мирзо Ғафуров 20.05.1926 ноҳияи Хуросон, шаҳраки Обикиик;
11.Ҳабиб Сафаров 25.01.1926 ноҳияи Ҷайҳун, ҷ/д Қумсангир;
12.Яҳё Мирзоев 23.08.1925 ноҳияи Ховалинг, деҳаи Муқимов;
НТҶ
13.Рашид Каримов 01.07.1912 шаҳри Ҳисор, ҷ/д Алмосӣ;
14.Шоҳамбарӣ Раҷаб Исмонов 05.10.1926 шаҳри Ҳисор, деҳаи Ҳаёти нав;
15.Азиз Қодиров 15.06.1922 ноҳияи Шаҳринав, ҷ/д Шаҳринав;
16.Раҷаб Қурбонов 17.03.1926 ноҳияи Варзоб, ҷ/д Лучоб;
17.Достӣ Умедов 17.03.1925 ноҳияи Сангвор, ҷ/д Чилдара[3].
Пас аз гузашти 80 сол ҳар як сокини бо нангу ори миллати тоҷик хотираи неки фавтидагони Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ дошта, эҳтироми куҳансарбозонро ҳамеша пос медорад.
Боиси сарфарозист, ки рӯзҳои 8-9 майи соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ғалаба ҷашну чорабиниҳои гуногун бо иштироки кӯҳансарбозон баргузор мегардад[3], ки ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки тоҷику тоҷикистониён хотираву номи ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро муқаддас дониста, дар ин рӯзҳо ба хотири руҳи поки шаҳидони абадзиндаи ватан “Оташи абадӣ” фурузон карда мешавад.
Ҳоло даврони истиқлол аз мо тақозо менамояд, ки ҳаёту рӯзгори чунин қаҳрамонону диловаронро омӯзем ва ба дигарон омӯзонем. Зеро ҷоннисориҳои онҳо дар майдони набард барои насли ҷавони миллат дарси матонату шуҷоат, ватандорию ватанпарастӣ, намунаи ҷасорат ва хислатҳои неки инсонӣ буда, барои бунёди ҷомеаи навини мо ва тарбияи насли созанда дар рӯҳияи ватанхоҳиву фидокорӣ мусоидат менамояд. Торафт густариш пайдо кардани равандҳои глобалӣ ва вусъат ёфтани таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир, пеш аз ҳама терроризми байналхалқиву экстремизм ва қочоқи маводи мухаддиру ҷинояткории трансмиллӣ ҳамаи мову шуморо водор месозад, ки ҳушёру зирак бошем ва пайваста ба хотири мустаҳкам кардани пояҳои давлатдории мустақиламон ва пешбурди сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати Тоҷикистон саъю талош намоем.
Дар ин раванд ҳар як узви ҷомеа ва қабл аз ҳама ҷавонон ба қадри собиқадорони ҷангу меҳнат, умуман калонсолон расанд ва эҳтироми онҳоро ба ҷо оранд. Дар навбати худ, собиқадорон ҳамчун шахсони ботаҷриба ва рӯзгордида ба шукронаи давлати озоду мустақили миллӣ дар кори хайри тарбияи ҷавонон ва ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ кардани онҳо саҳми худро гузоранд [4]. Дар ҳақиқат ғалаба бар фашизм барои миллати тоҷик гузаштае талх буда, ҳаргиз фаромӯш намешавад.
Давлиёрова Сафаргул, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,номзади илмҳои фалсафа
Сарчашма:
1. Э.Раҳмон: ҶБВ аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳост. Манбаи электронӣ: https://sputnik.tj/20150508/1015399026.html. Санаи муроҷиат:21.04.2025
2. Давлиёрова С.Т. Моҳияти ҷашнгирии Иди Ғалаба дар замони муосир. Манбаи электронӣ: https://www.osiyoavrupo.tj/index.php/ru/post/mo-iyati-ashngirii-idi-alaba-dar-zamoni-muosir. Санаи муроҷиат: 15.04.2025
3. Аз санаи 1 то 9 май дар шаҳру навоҳии кишвар ҳафтаи “поси хотир” ба ёдбуди қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ барпо карда мешавад. 2. https://sputnik.tj/20250427/tojikiston-ishtirokchi-jangi-buzurgi-vatani-1067143617. html.Санаи муроҷиат: 28.04.2025
4. Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 64-умин солгарди Ғалаба, 9 майи соли 2009. Ҷумҳурият. Манбаи элнектронӣ: https://peshina.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=2147. Санаи муроҷиат: 30.04.2025
5. Давлатов З.А. Номи милати маро бо ифтихор гиред.Манбаи электронӣ: https://khovar.tj/2025/04/nomi-millati-maro-bo-iftihor-gired-angi-duyumi-a-on-baroi-mardumi-to-ikiston-san-ishi-buzurgi-tarih-bud/. Санаи муроҷиат: 30.04.2025.
Пиряхҳо дар ҳаёти инсоният нақши муҳим доранд, зеро онҳо оби тоза таъмин мекунанд, иқлимро танзим менамоянд ва гуногунии биологиро нигоҳ медоранд. Аммо гармшавии глобалӣ ва омилҳои антропогенӣ ба мавҷудияти онҳо таҳдид мекунад.
Пиряхҳо тақрибан 68–70%-и захираҳои оби тозаи ҷаҳонро дар бар мегиранд ва дарёҳо, аз қабили Ҳинд ва Гангро, ки ба беш аз як миллиард нафар дар Осиё об медиҳанд, таъмин мекунанд. Онҳо инчунин иқлимро тавассути инъикоси радиатсияи офтоб танзим мекунанд ва экосистемаҳои нодирро дастгирӣ менамоянд. Аз ҷиҳати иқтисодӣ, пиряхҳо барои гидроэнергетика, кишоварзӣ ва туризм муҳиманд; масалан, дар Перу нерӯгоҳҳои гидроэлектрикӣ, ки аз пиряхҳо вобастаанд, 80%-и нерӯи барқро таъмин мекунанд.
Тағйирёбии иқлим, ки аз партови газҳои гулхонаӣ ба вуҷуд меояд, обшавии пиряхҳоро суръат мебахшад, ки тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Метеорологӣ, аз солҳои 1980 то 2020 ба ҳисоби миёна 20% афзоиш ёфтааст. Ин боиси баланд шудани сатҳи баҳр ва норасоии об мегардад, ки низоъҳоро дар минтақаҳои хушк суръат мебахшад. Омилҳои маҳаллӣ, ба монанди туризм ва истихроҷи маъдан, низ ба пиряхҳо зарар мерасонанд.
Ҳифзи пиряхҳо талаб мекунад, ки партови газҳои гулхонаӣ коҳиш дода шавад, масалан, тавассути Созишномаи Париж, ва технологияҳои инноватсионӣ, ба монанди пӯшишҳое, ки обшавиро коҳиш медиҳанд, ба кор бурда шаванд, чунон ки дар Швейтсария истифода мешаванд. Ҳамкории байналмилалӣ ва баланд бардоштани огоҳии ҷомеа низ барои нигоҳдории пиряхҳо барои наслҳои оянда зарур аст.
Пиряхҳо, ҳамчун бузургтарин захираҳои оби тоза дар рӯи Замин, дар нигоҳдории тавозуни экологии ҷаҳон нақши муҳим доранд. Онҳо ба миллиардҳо одамон об таъмин мекунанд, иқлимро танзим менамоянд ва гуногунии биологиро нигоҳ медоранд, аммо гармшавии глобалӣ ва омилҳои антропогенӣ ба онҳо таҳдид мекунад. То соати 08:27-и субҳи 2 майи соли 2025, маълумоти мавҷуда зарурати амалиёти фавриро барои ҳифзи пиряхҳо таъкид мекунад, то ояндаи устувор барои инсоният таъмин шавад. Ин таҳлил аҳамияти пиряхҳо, таҳдидҳо ба мавҷудияти онҳо ва пешниҳодҳоро барои нигоҳдории онҳо, ки ба тадқиқотҳои илмӣ ва гузоришҳо, аз қабили гузоришҳои IPCC ва маълумоти Созмони Ҷаҳонии Метеорологӣ асос ёфтааст, пешкаш мекунад.
Пиряхҳо вазифаҳои зиёдеро иҷро мекунанд, ки барои устувории экосистемаҳо ва некӯаҳволии ҷомеаҳои инсонӣ муҳиманд:
- Манбаи оби тоза: Пиряхҳо тақрибан 68–70%-и захираҳои оби тозаи ҷаҳонро дар бар мегиранд ва барои минтақаҳое, ки захираҳои об маҳдуданд, муҳим мебошанд. Масалан, дарёҳои Ҳинд, Ганг ва Брахмапутра, ки аз Ҳимолой сарчашма мегиранд, ба беш аз як миллиард нафар дар Осиёи Ҷанубӣ об медиҳанд ва дар давраҳои хушксолӣ тавассути обшавии тобистона ин норасоиро ҷуброн мекунанд. Дар Амрикои Ҷанубӣ, сокинони Ла-Пас, Боливия, дар давраҳои хушк аз обшавии пиряхҳо вобастаанд.
- Танзими иқлим: Пиряхҳо дорои албедои баланд буда, радиатсияи офтобро инъикос мекунанд ва аз гармшавии Замин пешгирӣ мекунанд. Обшавии онҳо албедоро коҳиш медиҳад, ки гармшавии глобалиро суръат мебахшад ва давраи бадро эҷод мекунад.
- Нигоҳдории гуногунии биологӣ: Экосистемаҳои пиряхӣ намудҳои сарддӯстро, ба монанди ҳашароти пиряхӣ, дастгирӣ мекунанд, ки нобудшавии онҳо ба занҷираҳои ғизоӣ таҳдид мекунад.
- Аҳамияти иқтисодӣ: Пиряхҳо оби нерӯгоҳҳои гидроэлектрикиро таъмин мекунанд; масалан, дар Перу онҳо тақрибан 80%-и нерӯи барқро таъмин мекунанд. Онҳо инчунин кишоварзиро дар минтақаҳои хушк, ба монанди Осиёи Марказӣ, дастгирӣ мекунанд ва сайёҳонро ҷалб намуда, ба рушди иқтисодии минтақаҳои кӯҳӣ мусоидат мекунанд.
Таҳдиди асосӣ ба пиряхҳо гармшавии глобалӣ аст, ки аз партови газҳои гулхонаии антропогенӣ ба вуҷуд меояд:
- Тағйирёбии иқлим: Афзоиши ҳарорати миёнаи солона боиси суръатёбии обшавии пиряхҳо мегардад. Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Метеорологӣ, аз солҳои 1980 то 2020 суръати обшавӣ ба ҳисоби миёна 20% афзоиш ёфтааст, махсусан дар Арктика ва Антарктида, ки пӯшиши ях бо суръати бесобиқа коҳиш меёбад. Гузориши IPCC соли 2021 пешгӯӣ мекунад, ки то соли 2100 ҳаҷми пиряхҳо 30–50% коҳиш меёбад, ки сатҳи баҳрро 0,3–1,1 метр боло мебарад.
- Омилҳои антропогенӣ: Партови саноатӣ, буридани ҷангалҳо ва истифодаи сӯзишвории фоиданок эффекти гулхонаиро пурзӯр мекунанд. Омилҳои маҳаллӣ, ба монанди туризм ва фаъолияти истихроҷи маъдан, ба сохтори пиряхҳо зарар мерасонанд ва таназзули онҳоро суръат медиҳанд.
- Оқибатҳо: Обшавии пиряхҳо боиси норасоии оби тоза мегардад, ки низоъҳо барои захираҳо дар минтақаҳои хушк, ба монанди Осиёи Марказӣ ва Андиро пурзӯр мекунад. Баландшавии сатҳи баҳр ба шаҳрҳои соҳилӣ ва давлатҳои ҷазираҳо таҳдид мекунад, ки метавонад ба муҳоҷирати оммавӣ ва талафоти иқтисодӣ оварда расонад.
Барои нигоҳдории пиряхҳо чораҳои мукаммал заруранд, ки ҳамкории байналмилалӣ, тадқиқотҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсиониро дар бар мегиранд:
- Коҳиши партови газҳои гулхонаӣ: Қадами асосӣ иҷрои Созишномаи Париж аст, ки ба маҳдуд кардани гармшавии глобалӣ то 1,5°C нигаронида шудааст. Ин талаб мекунад, ки ба манбаъҳои барқароршаванда гузашта, самаранокии энергия баланд бардошта шавад ва истифодаи сӯзишвории фоиданок коҳиш дода шавад.
- Технологияҳои инноватсионӣ: Тавсеаи усулҳо, ба монанди пӯшишҳои геотекстилӣ барои коҳиши обшавӣ, аллакай дар Швейтсария бо муваффақият истифода мешавад. Тадқиқот дар соҳаи геоинженерия, ба монанди зиёд кардани албедо ба таври сунъӣ, низ дурнамои навро мекушояд.
- Ҳамкории байналмилалӣ: Эҷоди фондҳои байналмилалӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои ҳифзи пиряхҳо ва мубодилаи маълумоти илмӣ метавонад самаранокиро ба таври назаррас баланд бардорад. Масалан, гузоришҳои IPCC зарурати ҳамоҳангии ҷаҳониро таъкид мекунанд.
- Қонунҳои маҳаллӣ: Баъзе кишварҳо, ба монанди Аргентина, қонунҳое қабул кардаанд, ки истихроҷи маъдан ва фаъолиятҳои саноатиро дар наздикии пиряхҳо манъ мекунанд.
- Огоҳсозӣ ва ҷалби ҷомеа: Баланд бардоштани огоҳии ҷомеа тавассути барномаҳои таълимӣ ва маъракаҳои расонаӣ ба ташаккули рафтори аз ҷиҳати экологӣ масъулиятнок мусоидат мекунад. Ҷалби ҷомеаҳои маҳаллӣ дар мониторинги пиряхҳо дастгирии ҷамъиятиро пурзӯр мекунад.
- Тадқиқотҳои илмӣ: Давом додани мониторинги вазъи пиряхҳо ва омӯзиши динамикаи онҳо барои тавсеаи усулҳои нави ҳифз зарур аст, чунон ки дар тадқиқотҳое, ки дар маҷаллаҳо ба монанди *Science* нашр шудаанд, нишон дода шудааст.
Хулоса, пиряхҳо асоси ҳаёти инсоният мебошанд, зеро онҳо оби тоза таъмин мекунанд, иқлимро танзим менамоянд ва гуногунии биологиро нигоҳ медоранд. Обшавии онҳо, ки аз гармшавии глобалӣ суръат гирифтааст, барои экосистемаҳо ва рушди устувор таҳдиди ҷиддӣ дорад. Ҳифзи пиряхҳо амалиёти фавриро талаб мекунад, аз ҷумла коҳиши партови газҳои гулхонаӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ ва ҳамкории байналмилалӣ. Танҳо бо кӯшишҳои муштарак инсоният метавонад ин объектҳои нодири табииро барои наслҳои оянда нигоҳ дорад, чунон ки маълумоти илмӣ ва гузоришҳои ҷорӣ, ба монанди IPCC 2021, таъкид мекунанд.
Ҳоҷизода Ганҷина ходими илмии шуъбаи Мониторинги пиряхҳо, криосфера, глятсиология ва ГИС – технологияи МДИ ”Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”
Муқаддима. Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) барои Иттифоқи Шуравӣ душвортарин озмоиш гардид. Дар шароити ҷанги хонумонсӯз, сафарбар намудани тамоми қувваю захираҳои ҷамъиятӣ, яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ ва устуворӣ чӣ дар ақибгоҳ ва чӣ дар фронт гардид. Ба ин фаъолият мақомотҳои бехатарии давлатӣ, милитсия, хизмати комендатураи ҳарбӣ, инчунин дружинаҳои халқӣ ва комиссияҳои махсус дохил мешуданд. На танҳо амнияти шаҳрвандон, балки устувории саноати мудофиавӣ, рӯҳияи ҷомеа ва муваффақияти амалиёти ҷангӣ аз фаъолияти пурсамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста буд.
Самтҳои асосии таъмини тартиботи ҳуқуқӣ:
1. Фаъолияти КХКД (НКВД). Комиссариати халқии корҳои дохилӣ (НКВД) дар солҳои ҷанг дар муҳофизати тартиботи ҳуқуқӣ нақши асосӣ бозид. Функсияҳои он иборатанд аз:
- назорат аз болои ноҳияҳои ақибгоҳ;
- мубориза бар зидди ҷосусӣ, таҳрибкорӣ ва фирорӣ;
- муҳофизати объектҳои муҳим – заводу фабрикаҳо, узелҳои нақлиёт, анборҳо;
- ташкили эвакуатсияи аҳолӣ ва саноат;
- назорат ба тартибот дар маҳалҳои эвакуатсияшаванда;
- пахш кардани ҳиссиёти зиддишуравӣ ва воҳима;
- мубориза ба муқобили вайронкунандагони интизоми меҳнат, таҳрибкорӣ, дуздӣ.
Коркунони КХКД низ интизоми меҳнатро назорат карда, дар тафтиши ҷиноятҳои дуздию таҳрибкорӣ иштирок доштанд.
2. Комендатураҳои ҳарбӣ ва отрядҳои монеаҳо. Комендатураҳои ҳарбӣ тартиботро дар участкаҳои фронт таъмин намуда, интизоми байни ҳарбию шаҳрвандиро назорат мекарданд. Ташкили отрядҳои монеаҳо аз дезертирии оммавӣ ва худсарона ақибнишинии қушунҳо пешгирӣ карда, бо ҳамин қобилияти ҷангии Армияи Сурхро нигоҳ медоштанд.
3. Фаъолияти милитсия. Милитсия кори ҳаррӯзаи худро идома медод:
- таъмини тартиботи ҷамъиятӣ;
- мубориза бар зидди ҷинояткорӣ;
- назорати риояи соати комендантӣ ва бақайдгирии шаҳрвандон.
Дар солҳои ҷанг нақши милитсия ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳру деҳот меафзуд. Дар шаҳрҳои калон милитсия дар ташкили соати комендантӣ ва назорат ба ҳаракати аҳолӣ низ иштирок мекард.
4. Иштироки дружинаҳои халқӣ. Дар шароити нарасидани кадрҳо ва воситаҳо давлат дружинаҳои халқӣ - отрядҳои ихтиёрии аз ҳисоби шаҳрвандон ташкилшударо барои муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ҷалб менамуд. Онҳо ба милитсия ёрӣ мерасониданд, объектҳои муҳимро посбонӣ мекарданд, дар хомуш кардани сухтор иштирок мекарданд, дар вақти ҳуҷуми ҳавоӣ ба зарардидагон ёрӣ мерасониданд.
5. Пурзӯр намудани қонунгузорӣ ва васеъ намудани ваколатҳои судҳо.
Замони ҷанг ҷорӣ намудани низоми махсуси ҳуқуқиро талаб мекард:
- ҷазо барои ҷиноятҳои зидди тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти давлат зиёд карда шуд: ибораи «ҷазо барои ҷиноятҳои зидди тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии давлат зиёд карда шуд», ин чунин маъно дорад, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷазо барои баъзе ҷиноятҳо, то ҷазои қатл, ҳатто барои он кирдорҳое, ки дар замони осоишта ҷазои сабуктар пешбинӣ мешуд, хеле сахттар гардид.
Намунаҳои асосии ин гуна ҷиноятҳо ва вазнинкуниҳо инҳоянд:
1. Фирор кардан ва беиҷозат партофтани воҳид. Фармон аз 22 июни соли 1941 ва фармонҳои минбаъдаи И.В. Сталин (аз ҷумла, таҳти рақами 227 «Ягон қадам ба ақиб») пешбинӣ шудааст:
- фавран қатл кардани фирориҳо;
- ҳабс ё таъқиб нисбати аъзои оилаи фирорӣ («хешовандони хоини Ватан»);
- ташкили отрядҳои монеа барои дастгир кардани фирориён аз фронт.
2. Толонгарӣ (мародёрства), ғоратгарӣ, тассаруф. Ҳатто барои дуздии ночизи молумулки ҳарбӣ метавонад дар ҳолатҳои вазнинкунанда то 10 соли зиндон ё қатл ҷазо дода шавад. Ба толонгарӣ (мародёрства), (махсусан дар ҷойҳои бомбаборонкунӣ ва ё дар минтақаҳои эвакуатсия) зуд ва сахт чазо дода мешуд.
3. Воҳима, овозаҳо, ташвиқоти (агитатсияи) зиддишуравӣ:
- барои паҳн кардани овозаҳои воҳима, "таҳқир кардани ахлоқ" ва танқиди мақомот - онҳо метавонанд ба 10 сол дар лагерҳо ё ҳукми қатл маҳкум шаванд.
- ин гуна корҳоро аксар вақт КХКД мувофиқи моддаи 58 Кодекси ҷиноятии РСФСР (фаъолияти контрреволютсионӣ) дида мебаромад.
4. Саркашӣ аз сафарбаркунӣ, иҷро накардани фармон:
- барои ҳозир нашудан дар ҷавоб ба даъват ё саркашӣ кардан – 5-10 сол дар лагерҳо ҷазо дода мешуд;
- барои саркашӣ аз иҷрои фармон - трибунали ҳарбӣ, ҳукм ба муҳлати то ҷазои қатл таъин мекард.
5. Зараррасонӣ, таҳрибкорӣ, ҷосусӣ:
- барои хар гуна кирдорхое, ки иқтисодиёт ва қобилияти мудофиавиро паст мезананд (моддаи 58-и Кодекси ҷиноятии РСФСР), аксар вақт бо ҷазои қатл ё аз озодӣ маҳрум кардан ба муҳлатҳои дароз маҳкум карда мешуд;
- ҳатто хатои беэҳтиётии истеҳсолиро ба зараррасонӣ тасниф кардан мумкин буд.
Ин тадбирхо мантиқи замони ҷангро инъикос менамуданд, ки амнияти давлат аз ҳуқуқи шахс болотар дониста мешуд ва мақсади асосӣ нигоҳ доштани фронт ва тартибот бо ҳар роҳ буд;
- ваколатҳои судҳо ва трибуналҳои ҳарбӣ васеъ карда шуданд; Ибораи «салоҳиятҳои судҳо ва трибуналҳои ҳарбӣ васеъ карда шуданд» маънои онро дорад, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ низоми адлия ҳуқуқҳои иловагӣ гирифт ва тартиби ҷавоби сахттар ва саривақтӣ ба ҳуқуқвайронкуниҳо, махсусан ҷиноятҳое, ки ба қобилияти мудофиавии кишвар таҳдид мекард, суръат гирифт.
Аз ҷумла:
1. Ба тобеияти судҳои ҳарбӣ додани парвандаҳои маданӣ. Пештар трибуналҳои ҳарбӣ танҳо парвандаҳоро нисбати хизматчиёни ҳарбӣ дида мебаромаданд. Дар давраи ҷанг бошад, ба онҳо ҳуқуқ дода шуд, ки парвандаҳои маданиро низ баррасӣ кунанд, агар кирдори онҳо ба амнияти давлат таҳдид ҳисоб карда шавад, масалан:
- ба душман ёрӣ расонидан;
- номуташаккилии истеҳсолот;
- паҳн кардани овозаҳои воҳима;
- саркашӣ аз сафарбаркунӣ.
2. Ҳуқуқи фавран эълон ва иҷрои ҳукм:
- трибуналҳои ҳарбӣ метавонистанд одамонро бе ҳуқуқи шикоят кардан ба қатл ё ба муҳлатҳои тулонӣ аз озодӣ маҳкум кунанд;
- ҳукмҳо аксар вақт дар ҳамон рӯз иҷро мешуданд.
3. Гузаронидани мурофиаҳои судӣ бидуни ҳайати пурраи иштирокчиён:
- бе иштироки адвокатҳо ва баъзан ҳатто судшаванда, махсусан дар мавридҳои ҷосусӣ ё диверсия иҷозат дода мешуд;
- ҳукмро ғоибона баровардан мумкин буд.
4. Таъсиси судҳои трибуниалии саёр ва фронтӣ:
- барои самарабахшӣ трибуналҳои сайёри судӣ ташкил карда мешуданд, ки онҳо бевосита дар фронт ва ақибгоҳ фаъолият мекарданд.
- ин имконият дод, ки дезертирҳо, ғоратгарон ва воҳимачиён, аксар вақт дар назди дигар хизматчиёни ҳарбӣ ва коллективҳо фавран ҷазо дода шаванд.
5. Соддагардонии тартиби исботи гуноҳ:
- қонунгузории ҳарбӣ имкон медод, ки парвандаҳо дар асоси як ё ду баёноти шоҳид ё нишондоди айбдоршаванда бидуни зарурати таҳқиқи муфассал, махсусан дар шароити ҷангӣ баррасӣ карда шаванд;
- васеъ намудани ваколатҳои судҳо ва трибуналҳо дар солҳои ҷанг як қисми роҳи умумии сафарбаркунии қатъии ҷамъиятӣ, пойдор гардонидани интизом ва пахш кардани ҳамаи он чизе буд, ки мамлакатро дар шароити таҳдиди марговар суст карда метавонад;
- тартиби пешбурди парванда ва баррасии парвандаҳо тезонида шуд;
Ибораи «тартиботи зудтари мурофиаи судӣ ва баррасии парвандаҳо» дар шароити Ҷанги Бузурги Ватанӣ чунин маъно дорад, ки дар шароити вазъияти фавқулодда ва замони ҷанг судҳо (хусусан трибуналҳои ҳарбӣ) парвандаҳоро ҳарчи зудтар, баъзан дар давоми якчанд соат ё рӯзҳо дида мебаромаданд. Ин барои вокуниши фаврӣ ба таҳдидҳо ба қонун ва тартибот, ба монанди фирор, ғорат, воҳима, саботаж ва ҷосусӣ анҷом дода шудааст, масалан:
1. Коҳиш додани муҳлати тафтишот ва таъқиб. Ба мақомотҳои тафтишӣ ҳуқуқ дода шуд, ки расмиётҳои дуру дарозро паси cap карда, корро зуд оғоз ва ба суд гузаронанд.
2. Бекор кардан ё маҳдуд кардани шикоят. Ҳукмҳои трибуналҳои ҳарбӣ аксар вақт қатъӣ ва фаврӣ буданд ва мавриди шикоят қарор надоштанд.
3. Мурофиаи судӣ бе иштироки адвокатҳо. Дар як қатор мавридҳо, махсусан дар парвандаҳои «айбдоркунии зиддидавлатӣ» айбдоршаванда ба ҳимояи пурра ҳуқуқ надошт.
4. Маҷлисҳои оммавӣ ва сайёри судӣ. Судҳо бевосита ба қисмҳои ҳарбӣ ё коллективҳои меҳнатӣ барои муҳокимаи намоишӣ сафар мекарданд.
5. Татбиқи фармонҳои Президиуми Совети Олии СССР ва қонунгузории ҳарбӣ. Масалан, мувофиқи фармон аз 22 июни соли 1941 фирор кардан ва тарк кардани пости ҷангӣ то ҳукми қатл ҷазо дода мешуд ва ин гуна ҳукмхо фавран иҷро карда мешуданд.
Ҳамаи ин бо мақсади фавран бас кардани кирдорҳои ба муҳофизати давлат хавфнок ва нигоҳ доштани интизом ба амал бароварда мешуд.
- баланд бардоштани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои вайрон кардани интизом: ибораи «чавобгарии ҷиноятӣ барои вайрон кардани интизом» дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ чунин маъно дорад, ки давлат ҷазоро барои ҳар гуна рафтори беинтизом - чӣ дар байни хизматчиёни ҳарбӣ ва чӣ дар байни аҳолии шаҳрвандӣ, махсусан дар корхонаҳои саноати мудофиа ва ақибгоҳ сахттар кардааст.
Масалан:
1. Дар Армияи Сурх:
А) Вайрон кардани интизоми ҳарбӣ: Барои итоат накардан ба фармон, беиҷозат акибнишинӣ, таҳқири командири хизматчиёни ҳарбӣ метавонанд:
- ба муҳлатҳои дароз дар лагерҳо маҳкум карда шаванд;
- дар ҳолатҳои вазнин - ба қатл (махсусан ҳангоми амалиёти ҳарбӣ) ҷазо дода шавад.
B) Қарори № 227 «Ягон қадам ба қафо» (июли 1942):
- барои бе фармон ақибнишинӣ ҷазои сахт, аз ҷумла ҳукми қатл ҷорӣ карда шуд;
- барои тирандозӣ ба аскарони ақибнишинӣ отрядҳои монеа таъсис дода шуданд;
- барои гунаҳкорон баталионҳои интизомӣ ташкил карда шуданд, ки онҳо ҳуқуқ пайдо мекарданд, ки «гунохи худро бо хун кафорат кунанд».
2. Дар қафо:
A) Вайрон кардани интизоми меҳнат, барои дер мондан, прогул, худсарона тарк кардани кор:
- онҳо метавонанд аз корти озуқа маҳрум карда шаванд;
- барои вайронкуниҳои такрорӣ - ба мухлати то 5 сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад (Декрет аз 26 июни соли 1940 дар солҳои ҷанг низ амал мекард).
B) Мубориза бар зидди «паразитизм» ва саботаж:
- барои саркашӣ аз кор, риоя накардани стандартҳо ва вайрон кардани таҷҳизот парвандаҳои ҷиноятӣ кушода мешудаанд;
- ин ҳамчун саботаж ҳисоб мешуд.
3. Дар нақлиёт ва ҳангоми эвакуатсия. Ба ҳодисаҳои вайрон кардани ҳаракати нақлиёт, вайрон кардани қоидаҳои боркашонӣ, худсарона партофта рафтани ҷойҳои кор (махсусан дар роҳи оҳан) ҷазои сахт дода шуд.
4. Пурзӯр намудани назорат ва ҳисобот. Назорат аз болои риояи интизом бо роҳҳои зерин пурзӯр карда шуд, ба воситаи:
- КХКД;
- шуъбаҳои махсуси Армияи Сурх;
- комендатураҳои ҳарбӣ.
Пурзӯр кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои вайрон кардани интизом тадбире буд, ки шароити ҷанги умумӣ талаб мекард. Давлат аз ҳар як шаҳрванд - дар фронт ва ақибгоҳ фидокории комил ва итоаткории бечунучароро талаб мекард, ки инро шарти бақои Ватан ҳисоб мекард.
- барои ғоратгарӣ, воҳима, фирорӣ, ҷосусӣ ва саркашӣ аз сафарбаркунӣ ҷазоҳои сахт ҷорӣ карда мешуданд: Ибораи «ҷазоҳои сахт барои ғоратгарӣ, воҳима, фирорӣ, ҷосусӣ ва саркашӣ аз сафарбаркунӣ ҷорӣ карда шуд» сиёсати ҳадди аксар пурзур кардани чораҳои амниятӣ ва таҳкими амалиёти низомиро дар доираи он инъикос мекунад, маънавиёти аҳолӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
1. Толонгарӣ (мародёрства):
- толонгарӣ дар ҳудуди амалиёти ҳарбӣ, махсусан нисбат ба ахолии шаҳрвандӣ, дуздӣ ё ғоратгарӣ ҳисоб мешуд;
- тибқи қонунгузории ҳарбӣ – қатл дар ҷояш ё бо ҳукми трибунали ҳарбӣ;
- чунин ҳодисаҳоро хиёнат ба манфиати армия ва халқ ҳисоб мекарданд.
2. Воҳима:
- паҳн кардани овозаҳои воҳима, маълумоти бардурӯғ ё даъват ба гурехтан ҳамчун амалиёти зиддишуравӣ ҳисоб карда мешуд;
- мувофиқи моддаи 58-уми Кодекси ҷиноятии РСФСР ҷазо дода шуда мешуд, ки он аз 5 то 10 сол дар лагерҳо ё ҷазои баландтарин (қатл);
- аксар вақт ҳангоми таркишҳо, ақибнишинӣ ва эвакуатсия истифода мешуданд.
3. Фирор:
- барои худсарона партофта рафтани қисми ҳарбӣ - қатл бе муҳокимаи судӣ (махсусан дар ҳолатҳои ҷангӣ);
-аксар вақт трибуналҳои ҳарбӣ дар давоми 1-2 рӯз ҳукм мебароварданд;
- оилаҳои дезертирҳо метавонанд таҳти таъқиб қарор гиранд - депортатсия ё маҳрум кардан аз варақаҳои ғизоӣ.
4. Ҷосусӣ:
- барои ба душман расонидани маълумот, ҳатто аз беэҳтиётӣ ҳам бошад - мувофики моддаи 58-6-уми Кодекси ҷиноятии РСФСР ҷазои қатл дода мешуд;
- аксар вақт ҳатто муошират бо маҳбусон бидуни иҷозат ё нигоҳ доштани мактубу маводи «шубҳанок» ҷосусӣ ҳисобида мешуд;
- мақомотҳои КХКД назорати қатъӣ ва ҳабси оммавӣ мебурданд.
5. Саркашӣ аз сафарбаркунӣ:
А) Барои ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбӣ, гӯё беморӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо:
- ҷавобгарии ҷиноятӣ - аз 5 соли маҳрумият аз озодӣ;
-дар сурати саботажи сафарбаркунӣ дар корхонаҳо - ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани роҳбарон.
B) Асосҳои ҳуқуқӣ:
- фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 22 июни соли 1941 -дар бораи вазъияти ҳарбӣ ва зиёд кардани ҷавобгарӣ;
- моддаҳои Кодекси ҷиноятии РСФСР, махсусан моддаи 58 нисбат ба «душманони халқ» васеъ истифода мешуданд;
- фармонҳои Комиссари халқии мудофиа ва И.В. Сталин (масалан, фармони №227).
Ин тадбирҳои қатъӣ ба мустаҳкам намудани интизоми мутлақ, пешгирӣ кардани хиёнат ва таназзули маънавии артиш ва ҷамъият нигаронида шуда буданд. Дар шароити ҷанги куллӣ ҳар як чунин ҷиноят таҳдид ба мавҷудияти давлат ҳисобида мешуд.
6. Мубориза бо воҳима ва маълумоти бардурӯғ. Яке аз вазифаҳои мақомот ҷилавгирӣ аз воҳима ва овозаҳое буд, ки рӯҳияи мардумро халалдор мекунад. Барои паҳн кардани ахбороти бардуруғ ва ташвиқоти зиддиҷангӣ чораҳои қатъӣ, аз ҷумла маҳкум кардан ва ба ҳабс гирифтан дида мешуд. Ҳукуматдорон паҳн кардани ахборотро зери назорати қатъӣ гирифта буданд. Кӯшиши коштани воҳима, паҳн кардани овозаҳои бардурӯғ, ташвиқоти зиддишуравӣ ҷазо дода мешуд.
Хулоса. Таъмини қонунияту тартибот дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисми таркибии муборизаи умумӣ барои ғалаба буд. КХКД, милитсия, комендатураҳои ҳарбӣ ва дружинаҳои ихтиёрии халқӣ дар вазъияти шиддатнок ва хавфу хатар амал карда, тартибот, муҳофизати аҳолӣ ва таъмини субот дар ақибгоҳ амал мекарданд. Фаъолияти онҳо дар нигоҳ доштани рӯҳияи мардум ва ба даст овардани ғалабаи бузург нақши муҳим бозид. Ин тадбирҳо гарчанде аксар вақт сахт бошанд ҳам, аммо ба он нигаронида шуда буданд, ки тамоми қувваҳои мамлакат барои торумор гардондани душман ва дар шароити душвортарин нигоҳ доштани тартибот сафарбар карда шаванд.
Бобоҷонзода И.Ҳ. - доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, мудири шӯъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945, ки ин сол 80-солагии ғалабаи халқи шуравиро дар он ба шакли мутантан сокинони сайёра ҷашн мегиранд, дар таърихи мардуми шуравӣ мақоми хоссаро соҳиб мебошад. Воқеан ин пирӯзии мардуми шуравӣ муҳимтарин ҳодисаи таърихии асри XX буд, ки боиси тағийроти ҷиддӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон гардид ва муддати зиёда аз ҳафт даҳсола ҷомеаи инсониро аз бархӯрдҳои рӯёрӯ эмин нигоҳ дошт. Ин ҷанги ватанӣ на танҳо бархӯрди ҳарбӣ, балки муборизаи идеологӣ ва маънавии мардуми шуравӣ баҳри озодӣ, истиқлол ва ҳифзи арзишҳои волои инсонӣ аз неруҳои сиёҳи инсонбадбин ва ғосибгаро буд. Сарчашмаи асосии пирӯзии мардуми шуравӣ дар ин ҷанги мудҳиш ва хонумонсӯз, пеш аз ҳама ваҳдат, якдилию ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ буд. Фарзандони ҳар як халқу миллат, сокинони шаҳру деҳот, ҳатто ҳар як оилаи шуравӣ дар ин мубориза саҳми боризи худро гузошта, дар ҷабҳа бо тиру туфанг, дар ақибгоҳ бо меҳнати шабонарӯзӣ баҳри таъмини ғалаба муборизаи шадид мебурданд. Сокинони Тоҷикистон низ ба мисли дигар халқу миллатҳои шуравӣ дар сафи пеши мубориза бо неруҳои аҳримании фашистӣ ҳам дар ҷабҳаи ҷангӣ ва ҳам дар ақибгоҳ қарор доштанд. Пайвастагии ҷабҳа ва ақибгоҳ яке аз омилҳои муҳимтарини мубориза ба муқобили фашистон ва озодкунии манотиқи истилошудаи мамлакати ягона маҳсуб меёфт.
Яке аз манбаъҳои муҳимми ифодакунандаи пайвастагии ҷабҳаю ақибгоҳ дар таърихи солҳои ҷангии халқи тоҷик ин номаҳо аз ҷабҳа ба ақибгоҳ ва баръакс аз ақибгоҳ ба ҷабҳа мебошанд, ки дар бойгониҳо ва ё саҳифаҳои матбуоти даври солҳои ҷанг маҳфуз мондаанд. Таҳлили мазмуну мундараҷаи ин номаҳо нишондиҳандаи беҳтарини ҳамбастагии ҷабҳаю ақибгоҳ, ифодакунандаи муҳимтарини эҳсоси ватандӯстӣ ва иродаи шикастнопазири мардуми шуравӣ дар муқобили хатарҳои бузург мебошанд. Ин номаҳо на танҳо воқеияти ҷанг ва муборизаи ҷанговаронро тасвир мекунанд, балки рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ва ҳамбастагии мардумро нишон медиҳанд. Онҳо ҳамчун манбаи таърихӣ ва адабӣ арзиши бузург доранд, зеро таъсири ҷанг бар зиндагии одӣ, эҳсосоту орзуҳои онҳо ва муносибати байни ҷабҳа ва ақибгоҳро инъикос менамоянд.
Ҳадафи мо низ дар ин мақола таҳлил ва баррасии чанде аз номаҳое, ки аз ҷониби ҷанговарони Артиши Сурх ба меҳнаткашони ақибгоҳ, хусусан вилояту навоҳии Тоҷикистон ва ифшои арзишмандии сарчашмавии онҳо дар баррасии нақши тоҷикону тоҷикистониён дар пирӯзии таърихии мардуми шуравӣ бар фашизм мебошад. Зеро таҳлили мазмуни мактубҳои ҷангӣ, омӯзиши рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳамбастагии мардум дар замони ҷанг, инчунин нишон додани аҳаммияти таърихии онҳо барои нигоҳдорӣ ва таҳкими хотираи миллӣ ниҳоят зарур мебошад. Аз ҷониби дигар ин номаҳо на танҳо барои омӯзиши таърих, балки барои таълими насли ҳозира ва оянда низ зарур буда, ифодакунандаи ҳамбастагӣ, садоқат ва иродаи қавии падарону модарон дар муқобили ҳамагуна хатару мушкилот мебошад. Дар замони мо, ки ҷаҳон бо мушкилиҳои ҷадид ва таҳдидҳои бузург рӯ ба рӯ аст, ин арзишҳо ҳамчун намуна барои ибрат ва таҳкими сатҳи маънавии насли имрӯзу оянда ба таври воқеӣ метавонанд хидмат кунанд.
Яке аз номаҳои машҳур ин «Мактуби муҳофизаткунандагони Сталинград» ба кишоварзону меҳнаткашони вилояти Ғарм мебошад, ки 12 январи соли 1943 дар саҳифаи рӯзномаи «Болшевики Ғарм» чоп шуда буд. Муаллифони нома зодагони вилояти Ғарм, ҷанговарон Шодаков Саид, Хомушев Шаъбон, Додов Раҳим, Ғарфоров Ғозӣ, Каримов Саъдулло ва Қодиров Ёралӣ буданд, ки дар қатори дигарон қаҳрамонона дар муҳорибаи Сталинград ширкат намуда, баҳри озодии марзу буми кишвар мубориза мебурданд.
Мактуби муҳофизаткунандагони Сталинград!
«Рафиқон колхозчиён ва колхозчизанон, коргарон ва коргарзанон ва ҳамаи меҳнаткашони вилояти Ғарм! Мо иштироккунандагони фронти Сталинград ба шумо, ки дар ақибгоҳи дур барои торумор намудани фашизми хунхӯри Германия фидокорона меҳнат карда истодаед, саломи оташини худро мефиристем.
Мо дар мудофиаи Сталинград иштрок карда, шоҳиди онем, ки истаилогарони фашистии немис бо вуҷуди талафоти хеле калон доданашон ин қалъаи мустаҳками соҳили Волгаро гирифта наметавонанд. Даҳҳо ҳазор аскару афсарони фашистӣ дар ин ҷо ба худ қабр ёфтанд.
Мо ваъда медиҳем, ки даррандагони, фашистиро комилан торумор намуда, хоки шуравиро аз гитлерчиён озод мекунем.
Мо колхозчиён ва колхозчизанон, коргарон ва коргарзанон ва ҳамаи меҳнаткашони вилояти Ғармро даъват мекунем, ки ба фрот ба мамлакат бо меҳнати садоқатмандонаи худ боз ҳам зиёдтар ёрӣ расонанд, ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашонро пурра ва барзиёд иҷро намоянд.
Бо салом, аскарони сурх Шодаков Саид, Хомушев Шаъбон, Додов Раҳим, Ғарфоров Ғози, Каримов Саъдулло ва Қодиров Ёралӣ».
Номаи муҳофизони Сталинград ба меҳнаткашони вилояти Ғарм дар замоне навишта шудааст, ки сарнавишти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳал мешуд. Сталинград дар он давра ба як рамзи муқовимат ва устувории халқҳои шуравӣ мубаддал гашта буд.
Дар оғози мактуб, ҷанговарони Артиши Сурх ба колхозчиён, коргарон ва тамоми аҳолии вилояти Ғарм муроҷиат намуда, аз заҳмату кушишҳои онҳо дар ақибгоҳ изҳори сипос мекунанд. Ин нишон медиҳад, ки дар он замон тамоми қишрҳои ҷомеа дар роҳи ғалаба саҳм мегузоштанд – бархе бо ҷонфидоӣ дар ҷанг ва дигарон бо меҳнати садоқатмандона дар ақибгоҳ. Ҷанговарон бо ифтихор қайд мекунанд, ки фашистон бо вуҷуди талафоти зиёд наметавонанд Сталинградро забт кунанд. Истифодаи ибораҳое, ки талафоти гарони душманро таъкид мекунанд, на танҳо воқеияти ҷангро нишон медиҳад, балки барои боло бардоштани рӯҳияи меҳнаткашон низ нигаронида шудааст. Дар охир ҷанговарон ваъда медиҳанд, ки фашистонро пурра торумор мекунанд ва замини ватанро аз истилогарон озод месозанд. Ҳамзамон, онҳо ҳамватаннони худро даъват мекунанд, ки бо меҳнати шуҷотмандонаи худ ба ҷабҳа ва ғалаба ба фашизм нақши босазои худро расонанд. Ин даъват таъкид мекунад, ки ғалаба танҳо бо муборизаи якҷояи ҷанговарон ва меҳнаткашон имконпазир аст.
Фарзанди арзандаи халқ
(Мактуби полковники гвардиячи Ушаков ба сокини Душанбе Раҳимзода).
«Салом, рафиқи муҳтарам Раҳимзода! Мо мехоҳем дар бораи он нақл кунем, ки бародари Шумо лейтенанти гвардиячӣ Раҳимов Ғафур, ки ба қисми ҳарбии мо даъват шудааст, фарзанди арзандаи халқ аст. Ӯ командири ротаи тирандозӣ мебошад, ки дар Фронти марказӣ амал мекунад. Дар муборизаи зидди истилогарони фашистӣ қаҳрамонӣ нишон дод: бо 8 нафар аскарони сурх ба яке аз пунктҳои душман зада даромада, ҷойгиршавии нуқтаҳои отатифишони душманро муайян намуд ва бо ҳамин ба даст оварда шудани деҳаро таъмин кард.
Барои мардонагӣ ва қаҳрамониаш дар мубориза бар зидди истилогарони фашистӣ рафиқ Раҳимов ба гирифтани ордени Байрақи Сурх пешкаш карда шудааст. Мо бо фарзанди Тоҷикистон фахр мекунем, мехоҳем, ки дар бораи корнамоиҳои ҷангии ӯ хешовандон, рафиқонаш ва тамоми мамлакат донанд, то ки тамоми ҳамдиёронаш баҳри кори умум чи тавре ки Ғафур дар ҷанг барои несту нобуд кардани ӯрдуҳои гитлерӣ меҷанганд, кор кунад».
Ин мактуб, ки ба Раҳимзода равона шудааст, як намунаи арҷгузорӣ ва эътирофи қаҳрамонии сарбози Артиши Сурх – лейтенанти гвардиячӣ Раҳимов Ғафур мебошад. Дар он саҳм ва мардонагии ӯ дар ҷанг таъриф ва бо далелҳои мушаххас тасвир мешавад.
Муаллифони мактуб бо эҳтиром ва ифтихор нақл мекунанд, ки Раҳимов Ғафур ҳамчун командири рота дар Фронти марказӣ фаъолона иштирок дошта, бо ҳамроҳии як гурӯҳи аскарон ба нуқтаи душман зада даромадааст. Тавсифи корнамоиаш нишон медиҳад, ки ӯ бо ҷасорат ва зиракии худ ҷойгиршавии нуқтаҳои оташфишони душманро муайян намуда, шароитро барои пирӯзии нерӯҳои шуравӣ фароҳам овардааст.
Ин ҷасорат ва фидокорӣ бо як ордени олии ҳарбӣ – Ордени Байрақи Сурх қадр карда шудааст, ки онро танҳо шахсони воқеан қаҳрамон дар набардҳо мегирифтанд. Дар мактуб бо ифтихор таъкид мешавад, ки Раҳимов фарзанди арзандаи халқи Тоҷикистон аст ва чунин корнамоиҳои ӯ бояд барои тамоми ҳамдиёрон намунаи ибрат бошад.
Хулоса, ин мактуб на танҳо арҷгузорӣ ба як қаҳрамони ҷанг аст, балки даъват ба меҳнат ва садоқат ба Ватан барои ҳамватанон низ мебошад. Он бо услуби хоси давраи ҷанг навишта шуда, эҳсоси ифтихор ва ватандӯстиро дар худ таҷассум мекунад.
Номаи дигар, ки бо номи “Тамоми халқ ҳамроҳи мост” дар саҳифаи рӯзномаи ноҳиявии “Мубориза барои пахта” 1 апрели соли 1943 чоп шуда буд, изҳори миннатдорӣ аз номи ҷанговарон ба сокинони ноҳияи Қумсангир, ҳашт нафар занони меҳнаткаш, ки новобаста аз мушкилоту танқисии иқтисодии худ дар қатори дигар сокинони ҷумҳурӣ ба ҷанговарони ҷабҳа туҳфа ирсол намуда буданд.
Умуман, дар солҳои ҷанг сокинони ҷумҳурӣ барои кӯмак ба ҷабҳа беш аз 1 миллиард рубл пул, 40 ҳазор пуд (655,2 тонна) гандум, 150 вагон хӯрокворӣ, 532 ҳазор либоси гарм, 123 ҳазору 80 дона пӯсти гӯсфанд, 993,4 килограмм пашм, беш аз 25 ҳазор метр матоъ ва туҳфа фиристода буданд.
Тамоми халқ ҳамроҳи мост
(Мактуби гурӯҳи ҷанговарони ордендор ба занони ноҳияи Қумсангир)
Салом, рафиқони азиз Рябстева, Никитина, Воробёва, Ефимова, Монукян, Ершова, Стрюкова, Пазухина!
Мо, ҷанговарон, командирон, коркунони сиёсии батареяи миномётӣ, ба шумоён саломи самимонаи фронтии худро фиристода, барои туҳфаҳои ба мо фиристодаатон аз таҳти дил миннатдорӣ баён мекунем.
Рафиқони азиз! Имрӯз мо туҳфаи шуморо гирифтем ва ҳар яки мо меҳру муҳаббат ва ғамхории шуморо дар ҳаққи худ ҳис кардем.
Дар рӯзҳои муҳорибаҳои шадид бо фашистони ғоратгар, дар зери тиру туфанг ҳар яки мо медонем, ки танҳо нестем, ҳамроҳи мо тамоми халқи советӣ аст, ки ҳар соат, ҳар дақиқа бо меҳнати ҳалоли худ дар ақибгоҳ ҳамроҳи мо ғалабаро бар душман таъмин менамояд.
Фашистони ғоратгар ба ҳаёти осоиштаи мо халал расонданд, мехоҳанд, ки моро ғулом гардонанд. Ин нияти онҳо барбод хоҳад рафт. Ба ягон мушкилиҳо нигоҳ накарда, мо ғалаба мекунем. Мо шумоёнро бовар мекунонем, ки супоришҳоятонро бечунучаро иҷро мекунем. Агар лозим шавад, барои Ватани ҷоноҷонамон, барои халқамон, барои шаҳру деҳотамон ҳатто ҳаётамонро дареғ намдорем.
Мактуб гурӯҳи ҷанговарони ордендор ба занони ноҳияи Қумсангир (ҳоло ноҳияи Ҷайҳун) ҳамчун посух ба туҳфаҳо ва дастгирии занони ин ноҳияи аз тарафи ҷанговарон, командирон ва кормандони сиёсии батареяи миномётчиён навишта шудааст. Он на танҳо изҳори миннатдорӣ, балки ифодаи ҳамбастагӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстиро низ дар бар мегирад.
Муаллифон бо самимият ба занони ақибгоҳ муроҷиат намуда, аз дастгирии онҳо сипосгузорӣ мекунанд. Онҳо қайд менамоянд, ки дар шароити сахти ҷанг, таҳти ҳамлаҳои душман, ҳар як сарбоз худро танҳо эҳсос намекунад, зеро тамоми халқ дар паҳлуи онҳост. Ин таъкид мекунад, ки ғалаба танҳо бо талоши муштараки ҷанговарон ва меҳнаткашони ақибгоҳ имконпазир аст.
Дар идомаи мактуб, душманон ҳамчун фашистони ғоратгар тасвир мешаванд, ки мехоҳанд халқи шӯравиро ғулом гардонанд. Аммо ҷанговарон бо итминон изҳор медоранд, ки ин нияти душман амалӣ нахоҳад шуд. Истифодаи ибораҳои пурқувват ва устувор, ба монанди «мо ғалаба мекунем» ва «ҳатто ҳаётамонро дареғ намедорем», ҳисси садоқат ва фидокорӣ ба Ватанро нишон медиҳад.
Ин нома як намунаи равшани рӯҳбаландӣ, ҳамбастагии мардум ва артиши шуравӣ дар солҳои ҷанг мебошад. Он баёнгари иродаи шикастнопазир ва боварии қатъӣ ба пирӯзӣ бар фашизм аст.
Номаи дигар, ки бо унвони «Ҳаёти худро дареғ надошта» аз номи сокинони деҳаҳои гуногуни ноҳияи Тавилдара - Аслон Раззоқов (аз деҳаи Олукӣ), Хушак Гулмамадов (аз деҳаи Сағирдашт), Абдуллоев ва Ғаниев (аз деҳаи Чухкаҳ) дар саҳифаи рӯзномаи “Болшевики Тавилдара” 1 майи соли 1944 дарҷ гардида буд, бо мазмун ва муҳтавои худ, ки ишора ба пирӯзӣ ва шикасти фашизм дорад, фарқкунанда аст.
Ҳаёти худро дареғ надошта
(Ба колхозчиён ва колхозчизанони кишлоқи Сағирдашт)
«Падарон, модарон ва бародарон!
Мо, фарзандони шумо - ҷанговарони Армияи Сурх, бо истилогарони фашистии немис ҷангида истодаем. Техникаи ҳарбиро омӯхта, ба муҳорибаҳои шадид тайёрӣ мебинем. Мо қасам ёд мекунем, ки Ватани маҳбуби худро ҳамчун гавҳараки чашм ҳимоя карда, барои он нисор кардани ҳаёти худ тайёрем. Он рӯз дур нест, ки ко душманро торумор карда, бо суруди Ғалаба ба назди шумо бармегардем.
Мо боварӣ дорем, ки шумоён ҳам тамоми колхозчиёни райони Тавилдара барои баланд бардоштани ҳосили ғалла ва мева тамоми қувваи худро сафарбар мекунед. Бо ин шумоён ба ғалабаҳои нав ба нави мо дар фронт мадад мерасонед.
Бо саломи фронтӣ Аслон Раззоқов (аз. қ. Олукӣ), Хушак Гулмамадов (аз қ. Сағирдашт), Абдуллоев ва Ғаниев (қ. Чухкаҳ).
Ин мактуб аз номи ҷанговарони Артиши Сурх ба колхозчиён ва заҳматкашони деҳаи Сағирдашт навишта шудааст. Дар он рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва иттиҳоди қавии байни ҷабҳа ва ақибгоҳ таҷассум ёфтааст. Ҷанговарон ба ҳамдеҳагони худ, «падарон, модарон ва бародарон»-и худ муроҷиат намуда, бо як самимият ва эҳтироми амиқи сарбозона ба меҳнату заҳмати онҳо арҷгузорӣ менамоянд. Онҳо аз тарафи худ хабар медиҳанд, ки ба муҳорибаҳои сахти дар пеш истода омодагӣ дида, техникаи ҳарбиро меомӯзанд, зеро ғалаба на танҳо бо шуҷоати сарбозон, балки бо донишу малакаи онҳо низ ба даст хоҳад омад. Савганд ёд мекунанд, ки Ватанро ҳамчун гавҳараки чашм ҳимоя мекунанд ва агар лозим шавад, ҳатто ҷони худро дареғ нахоҳанд дошт. Истифодаи чунин калимаҳо на танҳо садоқати онҳоро нишон медиҳад, балки ба мардуми ақибгоҳ низ илҳом мебахшад, то барои ғалаба бештар меҳнат кунанд.
Дар охири мактуб, онҳо итминон доранд, ки колхозчиёни ноҳияи Тавилдара низ тамоми кӯшишро барои афзоиши истеҳсоли ғалла ва мева ба харҷ медиҳанд ва таъкид менамоянд, ки саҳми ақибгоҳ дар ғалаба ҳамон қадар муҳим аст, ки муборизаи ҷанговарон дар ҷабҳа.
Номаи маҳрамонаи нахустин генерали тоҷик Мастибек Давлатович Тошмуҳаммадов (1908-1988) ба бародараш Акрам, ки онро рӯзномаи “Бадахшони Сурх” 23 июли соли 1943 чоп намуда буд, дорои мазмуни хуби тарбиявӣ ва масъулиятнокии шаҳрванди шуравиро ифода менамояд. Генерал-майори оянда (он вақт майор) М. Тошмуҳаммадов ҳангоми навиштани нома ҳамагӣ 35 сол дошт ва аз навиштаи ӯ маълум мегардад, ки пеш аз кадом як муҳорибаи вазнини ҷангӣ қарор дорад.
Ба ғалаба боварии комил дорам!
(Аз мактуби майор Мастибек Тошмуҳаммадов ба бародараш Акрам)
Акрам! Пас аз фурсате муҳорибаи сахт барои озод намудани заминҳои мо ва одамони советӣ, ки дар асиранд, сар мешавад. Ҳар яки мо, ҳар як ҷанговар медонад, ки ӯ дар ҳар сари қадам бо марг дучор шуданаш мумкин аст. Ману ту коммунист ҳастем. Мо доимо тайёрем ҳамаи мушкилиҳоро аз сар гузаронем, то ки душмани инсоният фашизмро несту нобуд кунем. Агар бо ман ягон ҳодисае руй диҳад, ту ҳамчун коммунист бояд худро ба даст гирӣ ва ба падару модарамон бифаҳмонӣ, ки ҳозир чӣ ҳодисаҳои муҳим руй дода истодаанд. Ман боварӣ дорам, ки душман несту нобуд карда, хоки мамлакати мо озод карда мешавад ва ман ба хона, ба назди шумоён бармегардам.
Салом ба рафиқконамон. Мастибек».
Ин мактуб як намунаи равшани ҳисси масъулият, ватандӯстӣ ва садоқати ҷанговарони шуравӣ мебошад. Мастибек Тошмуҳаммадов ба бародараш Акрам муроҷиат намуда, эҳсосоти худро дар бораи муҳорибаи пешомада ва мубориза бар зидди фашизм баён мекунад. Аз оғози мактуб маълум мешавад, ки майор дар остонаи як муҳорибаи сахт қарор дорад. Ӯ бо ҷиддият таъкид мекунад, ки озод кардани заминҳои ишғолшуда ва халос кардани одамони шуравӣ, ки дар асорати душмананд, вазифаи муқаддаси ҳар як ҷанговар аст. Ин нишонаи равшани мақсади олии онҳо – озодии халқу Ватан мебошад.
Мактуб инчунин ҳисси худогоҳии баланди ӯро нишон медиҳад. Вай мефаҳмад, ки дар ҳар лаҳза метавонад бо марг рӯ ба рӯ шавад, аммо ин ӯро аз мубориза бознамедорад. Мастибек ва бародараш худро коммунист мешуморанд ва ӯ таъкид мекунад, ки ҳар гуна мушкилиро бояд бо иродаи қавӣ пушти сар кунанд.
Дар қисмати муҳимми мактуб, ӯ бародарашро вазифадор мекунад, ки агар бо ӯ ҳодисаи нохуше рух диҳад, худро ба даст гирад ва ба падару модарашон вазъияти ҷанг ва аҳаммияти он барои сарнавишти миллатро бифаҳмонад. Ин далели садоқати ӯ ба мақсади бузургтар аз ҳаёти шахсӣ мебошад.
Дар охир, ӯ бо итминони комил изҳор медорад, ки душман шикаст хоҳад хӯрд ва хоки шуравӣ озод мешавад. Ин боварӣ ба ғалаба рӯҳияи баланди ҷанговаронро нишон медиҳад ва баёнгари он аст, ки онҳо ҳамеша бо умед ба ғалаба ва матонат меҷангидаанд.
Ҳамин тавр таҳлили панҷ номаи аз ҷабҳаи ҷанг ба ақибгоҳ фиристодаи сарбозон нишон медиҳад, ки робитаи ҷабҳа ва ақибгоҳ яке аз муҳимтарин манбаи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад. Номаҳои таҳлилшуда на танҳо ифодакунандаи эҳсосоти шахсии аскарон мебошанд, балки дар онҳо руҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва марзу буми он, боварӣ ва эътимод ба ғалаба аз ибтидо ошкор мегардад. Таҳлил нишон медиҳад, ки воқеан фиристодагони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҷангӣ бо ҷасорату мардонагӣ ва дар ақибгоҳ бо меҳнати фидокорона дар Ғалабаи бузург бар неруҳои фашистӣ ҳиссаи арзишманд гузоштаанд.
ҚОЗИЗОДА Шуҳратҷон ходими илмии шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябри соли 2023 дар саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар шаҳри Боку зимни суханронӣ чунин изҳор намуданд: «Дар марҳалаи дарпешистода дар амал татбиқ намудани зеҳни сунъӣ метавонад яке аз самтҳои дигари ҳамкорӣ дар доираи Барнома бошад. Дар чорчӯбаи “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040”, ки соли гузашта қабул гардидааст, кишвари мо дар ин самт иқдомоти мушаххас андешида истодааст. Пешниҳод дорем, ки дар пойтахти Тоҷикистон Маркази СПЕКА оид ба рушди зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад».
Тоҷикистон дар Осиёи марказӣ аввалин шуда бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи рушди зеҳни сунъиро қабул намуд. Инчунин, консепсияи рушди иқтисодиёт то давраи соли 2040 низ қабул шудааст, ки метавонад заминаи хубе барои рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар гардад. Инчунин, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (AITR) таъсис дода шуааст, ки барои рушди соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК), инноватсия ва рақамисозии иқтисоди миллӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва ҳавасмандгардонии стартапҳо ва тиҷоратҳои инноватсионӣ мусоидат мекунад.
Дар ин замина, бояд қайд намоем, ки санаи 7 апрели соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кушодашавии расмии бинои IT – Парки шаҳри Душанбе, ки дар доираи намоишгоҳи “ICT WEEK-2025” ширкат варзиданд, ки ин худ нишоне аз таваҷуҳи роҳбарият ва ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи зеҳни сунъӣ мебошад.
Имрӯз мо бояд яке аз муҳимтарин мавзӯъҳои замони ҳозира – татбиқи зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намоем.
Зеро Зеҳни сунъӣ (AI) танҳо як тамоюл ё фантазияи илмӣ нест. Ин як воситаи тавоное аст, ки иқтисодиёт, тиб, маориф, кишоварзӣ ва ҳатто идораи давлатиро дигар мекунад. Кишварҳои пешрафта аллакай зеҳни сунъиро барои оптимизатсияи истеҳсолот, идоракунии додаҳои калон ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ истифода мебаранд.
Имрӯз мо дар даврони трансформатсияи рақамӣ зиндагӣ мекунем, ки дар он зеҳни сунъӣ (AI) ба омили асосии рушди иқтисодӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ табдил меёбад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари босуръат рушдёбанда ҳам дар назди интихоб қарор дорад: ё технологияҳои пешрафтаро фаъолона татбиқ кунад ё дар канори пешрафти технологӣ бимонад.
Айни ҳол дар мамлакати мо истифодаи ЗС дар марҳилаи аввалия қарор дорад. Бо вуҷуди ин, қадамҳои аввалин аллакай гузошта шудаанд:
Лоиҳаҳои пилотӣ дар бахши бонкдорӣ (баҳодиҳии қарзгирандагон, чатботҳо). Рушди савдои электронӣ;
Истифодаи элементҳои омӯзиши мошинӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисод;
Рушди хизматрасонии рақамии давлатӣ ва системаҳои шинохти чеҳра барои амният ва ғ.. Аммо потенсиали мо хеле зиёдтар аст ва имкониятҳои истифоданашудаи мо низ хеле зиёд аст.
Дар Тоҷикистон имрӯзҳо қадамҳои аввалин гузошта шудаанд: ин курсҳои барномасозӣ кушода мешаванд, ҳакатонҳо баргузор мешаванд ва рақамикунонии хадамоти давлатӣ дар ҳоли рушд аст. Таваҷҷӯҳ ба таҳқиқоти ЗС дар донишгоҳҳо афзоиш меёбад. Ин суръатро нигоҳ доштан ва онро мунтазам инкишоф додан муҳим аст.
Бояд тазаккур дод, ки айни ҳол якчанд чатбот бо зеҳни сунъии генеративӣ, аз қабили ChatGPT ва DeepSeeк мавҷуданд, ки бо истифода аз зеҳни сунъи таҳлили ҳамаҷонибаи амиқи масъалаҳои гузошташударо ба анҷом расонида барои дастрасии маълумот барои таҳқиқоти илмӣ мусоидаткунанда бошанд.
Талоши давлатҳои аз ҷиҳати технологӣ пешрафта имрӯзҳо баҳри таҳияи чунин чатботҳои миллӣ мебошад, аз он ҷумла Федератсия Россия, Ҳиндустон ва Туркия ва баъзе аз давлатҳои Аврупоӣ, зеро таҳияи чунин барномаҳо имкони на танҳо таҳлили амиқ аз ҷониби зеҳни сунъӣ, балки метавонанд амнияти кишварро таъмин намояд.
Истифодаи зеҳни сунъӣ дар таҳқиқоти илмӣ дурнамои хеле васеъ дошта, алҳол дар соҳаҳои гуногуни илмӣ истифода бурда мешавад. Татбиқи ин технологияи навин самаранокии корҳои илмиро баланд мебардорад, дарки равандҳои мурккаби илмиро осон гардонида, раванди кашфиёту ихтироотро метезонад. Зеҳни сунъӣ дар як вақт қобилияти таҳлил намудани милионҳо иттилоотро доро буда, дар мудати кутоҳтарин метавонад баъд аз таҳлили миқдори зиёди иттилоот ба хулосаи ниҳоӣ омада, қарор қабул намояд ва ҳадафмандона амал намояд.
Бо ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа тавсеа ёфт ва дастрасӣ ба махзанҳои илмӣ осон гашта, имкониятҳои фаровоне ҷиҳати донишомӯзӣ фароҳам месозад. Дар ин замина бо истифода аз технология иттилооот ва паҳн намудани он дар ҷомеа ба роҳ монда шуда, андеша ва назарияҳои илмӣ сол то сол такмил ёфта истоданд.
Маврид ба қайд аст, ки бо дарзардошти рушди босуръати зеҳни сунъӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифтаааст, ки бо дастгирии Донишгоҳи технологии Жиҷанги ҷумҷурии Халқии Хитой дар сохтори Академияи миллии илмҳо Маркази зеҳни сунъиро бо истифодаи васеи технологияи хитойии диипсиик (DeepSeek) таъсис диҳад.
Истифодаи ин марказ имкон медиҳад, ки дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ таҳқиқоти илмӣ дар сатҳи муосир анҷом дода шавад, ҳаҷми зиёди маълумоти илмӣ, натиҷаҳои корҳои таҷрибавӣ мавриди таҳлил ва хулосабардорӣ қарор дода шаванд, вазифаҳои дараҷаи баланди илмӣ ҳал карда шаванд ва дар асоси таҳлили онҳо назарияу фарзияҳои нав пешниҳод карда шаванд. Ҳамзамон зимни истифодаи ин технология хазинаи маълумоти он бо забони тоҷикӣ мукаммал гардонида мешавад.
Дар баробари рушди босуръати зеҳни сунъӣ ҳангоми истифодаи ин технологияи навин муаҳаққиқон бояд ба риояи масъалаҳои ахлоқӣ аҳаммияти зарурӣ диҳанд. Зеҳни сунъӣ бояд дар оянда барои коркарди технологияҳое равона гардад, ба рушди ҷомеаи инсонӣ мусоидат намояд ва набояд боиси инкор ё таҳрифи маълумоти саҳеҳи илмӣ ва мақсадҳои дигар истифода бурда шавад.
Маврид ба қайд аст, ки бо пешниҳоди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025 номинатсияи нав «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова карда шуд, ки ин ҳам ба рушд ва амалисозии “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” равона карда шудааст.
Зеҳни сунъӣ таҳдид нест, балки имконест барои ҷомеаи мо. Он метавонад ба мо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ, рақобатпазирии иқтисодиёт, беҳтар кардани сифати маориф ва тандурустӣ кӯмак расонад.
Тоҷикистон имкон дорад, ки на танҳо истифодабаранда, балки эҷодкунандаи қарорҳои беназир дар соҳаи зеҳни сунъӣ гардад.
Амонзода Илҳом Темур - ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
"Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихор хотирнишон мекунем, ки барои таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми сазовор гузоштаанд".
Эмомалӣ Раҳмон
Дар воқеъ Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон дар даврони Шӯравӣ ҳодисаи мудҳиштарин маҳсуб меёбад, чунки “дар Тоҷикистон кам хонадонеро пайдо кардан мумкин аст, ки доғи ин ҷангро дар пайкари худ эҳсос накарда бошад. Оқибати даҳшатбори он ҷанг то ҳанӯз дар ҷисму қалбҳои одамон ва хонадони мардумони гуногуни олам, аз ҷумла халқи тоҷик эҳсос мешавад"[1].
Мусаллам аст, ки 9-уми май рӯзи ғалаба яке аз муҳимтарин идҳои таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Ин санаи мубораку фархунда ба корнамоии ҷанговарони Шӯравӣ, ки аз моҳи июни соли 1941 то майи соли 1945 дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муқобили истилогарони фашистӣ ҷангида буданд, бахшида шудааст. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол хотираи сарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ дошта, қадр мекунанд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар хоки ИҶШС субҳи 22 - юми июни соли 1941 баъди хуҷуми ногаҳонии қушунҳои фашистӣ аз сарҳади кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ cap шуд. Миллионҳо нафар шаҳрвандони шӯравии синну соли гуногун ихтиёран ба фронт рафтанд ва дар он ҷо ҳаёти худро дар зери хавфу хатар гузошта, ҳуҷуми душманро зада гардонданд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ қариб чор сол давом кард. Субҳи 9-уми майи соли 1945 дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи ғалабаи қушунҳои Шӯравӣ ва муқаррар намудани иди Ғалаба бо фармони Раёсати Иттиҳоди Олии ИҶШС эълон карда шуд.
Худи ҳамон рӯз бегоҳӣ оташбаси ботантана барпо гардид ва 24 июни соли 1945 паради идона барпо гардид. Дар ҳамаи шаҳрҳои қаҳрамон парадҳои ботантана ва фейерверкҳо барпо мегардид, ветеранҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон хотираҳои худро ба мактаббачагон ва коркунони корхонаҳо нақл мекарданд.
Яке аз анъанаҳои асосӣ дар Рӯзи Ғалаба намоиши парчами сурхест, ки монанд ба он байрақест, ки соли 1945 аз ҷониби сарбозони шӯравӣ дар болои Рейхстаг гузошта шуда буд. Имрӯз парчами аслии он дар Осорхонаи Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия маҳфуз аст.
Ҳамасола дар Маскав Паради Ғалаба дар Майдони Сурх бо ширкати беш аз 10 ҳазор нафар низомиён ва ҳудуди 100 воҳиди таҷҳизоти ҷангии заминӣ ва ҳавопаймоӣ баргузор мешавад.
Дар воқеъ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ҷанги одилонаю озодихоҳонаи халқи собиқ Шӯравӣ барои озодӣ ва ҳимояи Ватан алайҳи фашизм буд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) 27 миллион мардуми шӯравӣ ҳалок шудааст, зиёда аз 1700 шаҳрҳо вайрон карда шуданд, миллионҳо бе хонаву хоҷагидорӣ монданд.
Ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд.
Фиристодагони Тоҷикистон барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49ҳ.973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қаробоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.
Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532 ҳазору 500 адад либоси гарм, 123 ҳазору 800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристониданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сӯм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сӯм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сӯм ҷамъоварӣ намуданд.
Шоиру нависандагони тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Лутфулло Бузургзода, Абдушукур Пирмуҳамадзода, ҳам бо силоҳ ва ҳам бо қалам зидди душман мубориза бурдаанд.
Устод Садриддин Айнӣ бо мақолаҳои публитсистии худ нақшҳои зишти фашизмро ошкор сохта, дар мисоли қаҳрамонони халқи тоҷик эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардумро бедор мекард.
Нависандаи ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ буд, ки маҷмӯи ҳикояҳои ҷангиашро бо номи «Интиқоми тоҷикон» навишта буд. Асарҳои баъдиҷангии Фотеҳ Ниёзӣ: «Одамони ҷовид», романи «Ҳар беша гумон мабар, ки холист», «Шӯриши Восеъ» саршори ғояҳои ватандӯстӣ буда, имрӯз ва дар оянда ҳам онҳо намунаи иборатомӯзи наслҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Имрӯз дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доштани ин хотира муҳиму зарур аст, зеро вақте ки дахшатҳои ҷанг фаромӯш мешаванд, фашизм дубора эҳё мешавад. Насли навраси замони соҳибистиқлоли Ватан бояд аз гузаштагони худ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ наҷот ёфта, ғолиб омадаанд, онҳоро ба ёд оранд ва ифтихор кунанд [2]. Бо вуҷуди мушкилоти шадид соҳаҳои фарҳанг ва маориф дар Тоҷикистон фаъолият менамуданд. Театрҳо, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо фаъолият мекарданд. Асарҳои ҳунарии ҷангӣ, шеърҳо ва песаҳои театрӣ ба мардум руҳу илҳом мебахшиданд. Шоирону нависандагон, чун Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ ва Раҳим Ҳошим шоистаи таҳсин ва ёдоварӣ ҳастанд, ки бо қалами худ ҷанги равониро бурда, мардумро ба ваҳдат ва фидокорӣ даъват мекарданд [5].
Инак, маълумоти пурраро дар бораи ному насаб, соли таваллуд ва суроғаи зисти кӯҳансарбозон, ки ҳамагӣ 17 - нафар то имрӯз ба сар мебаранд, пешкаши хонандагони арҷманд менамоем:
Шаҳри Душанбе:
1.Бозор Нағзибеков 15.11.1926, сокини ноҳияи Сино, кӯчаи Гипрозем;
2.Мухтор Заргаров 29.04.1924, сокини ноҳияи Сино, ҷ/д Чорякорон вилояти Суғд:
3.Нозим Носиров, 05.10.1924 ноҳияи Деваштич, ҷ/д Далёни Боло;
4.Бибола Рӯзиматов, 07.11.1925 ноҳияи Деваштич, ҷ/д Ғазантарак
вилояти Хатлон
5.Зайнулло Алиев 06.07.1926 шаҳри Бохтар, кӯчаи Каминтер - 2
6.Сафаралӣ Файзиев 09.05.1923 шаҳри Бохтар, кӯчаи Ваҳдат;
7.Розиқ Қосимов 22. 01.1926 ноҳияи Вахш, ҷ/д Тоҷикобод;
8.Машраб Давлатов 20.06.1926 ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, ҷ/д Калинин;
9.Гулмурод Тағоев 01.05.1924 ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷ/д Ифтихор;
10.Мирзо Ғафуров 20.05.1926 ноҳияи Хуросон, шаҳраки Обикиик;
11.Ҳабиб Сафаров 25.01.1926 ноҳияи Ҷайҳун, ҷ/д Қумсангир;
12.Яҳё Мирзоев 23.08.1925 ноҳияи Ховалинг, деҳаи Муқимов;
НТҶ
13.Рашид Каримов 01.07.1912 шаҳри Ҳисор, ҷ/д Алмосӣ;
14.Шоҳамбарӣ Раҷаб Исмонов 05.10.1926 шаҳри Ҳисор, деҳаи Ҳаёти нав;
15.Азиз Қодиров 15.06.1922 ноҳияи Шаҳринав, ҷ/д Шаҳринав;
16.Раҷаб Қурбонов 17.03.1926 ноҳияи Варзоб, ҷ/д Лучоб;
17.Достӣ Умедов 17.03.1925 ноҳияи Сангвор, ҷ/д Чилдара[3].
Пас аз гузашти 80 сол ҳар як сокини бо нангу ори миллати тоҷик хотираи неки фавтидагони Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ дошта, эҳтироми куҳансарбозонро ҳамеша пос медорад.
Боиси сарфарозист, ки рӯзҳои 8-9 майи соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ғалаба ҷашну чорабиниҳои гуногун бо иштироки кӯҳансарбозон баргузор мегардад[3], ки ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки тоҷику тоҷикистониён хотираву номи ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро муқаддас дониста, дар ин рӯзҳо ба хотири руҳи поки шаҳидони абадзиндаи ватан “Оташи абадӣ” фурузон карда мешавад.
Ҳоло даврони истиқлол аз мо тақозо менамояд, ки ҳаёту рӯзгори чунин қаҳрамонону диловаронро омӯзем ва ба дигарон омӯзонем. Зеро ҷоннисориҳои онҳо дар майдони набард барои насли ҷавони миллат дарси матонату шуҷоат, ватандорию ватанпарастӣ, намунаи ҷасорат ва хислатҳои неки инсонӣ буда, барои бунёди ҷомеаи навини мо ва тарбияи насли созанда дар рӯҳияи ватанхоҳиву фидокорӣ мусоидат менамояд. Торафт густариш пайдо кардани равандҳои глобалӣ ва вусъат ёфтани таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир, пеш аз ҳама терроризми байналхалқиву экстремизм ва қочоқи маводи мухаддиру ҷинояткории трансмиллӣ ҳамаи мову шуморо водор месозад, ки ҳушёру зирак бошем ва пайваста ба хотири мустаҳкам кардани пояҳои давлатдории мустақиламон ва пешбурди сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати Тоҷикистон саъю талош намоем.
Дар ин раванд ҳар як узви ҷомеа ва қабл аз ҳама ҷавонон ба қадри собиқадорони ҷангу меҳнат, умуман калонсолон расанд ва эҳтироми онҳоро ба ҷо оранд. Дар навбати худ, собиқадорон ҳамчун шахсони ботаҷриба ва рӯзгордида ба шукронаи давлати озоду мустақили миллӣ дар кори хайри тарбияи ҷавонон ва ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ кардани онҳо саҳми худро гузоранд [4]. Дар ҳақиқат ғалаба бар фашизм барои миллати тоҷик гузаштае талх буда, ҳаргиз фаромӯш намешавад.
Давлиёрова Сафаргул, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,номзади илмҳои фалсафа
Сарчашма:
1. Э.Раҳмон: ҶБВ аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳост. Манбаи электронӣ: https://sputnik.tj/20150508/1015399026.html. Санаи муроҷиат:21.04.2025
2. Давлиёрова С.Т. Моҳияти ҷашнгирии Иди Ғалаба дар замони муосир. Манбаи электронӣ: https://www.osiyoavrupo.tj/index.php/ru/post/mo-iyati-ashngirii-idi-alaba-dar-zamoni-muosir. Санаи муроҷиат: 15.04.2025
3. Аз санаи 1 то 9 май дар шаҳру навоҳии кишвар ҳафтаи “поси хотир” ба ёдбуди қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ барпо карда мешавад. 2. https://sputnik.tj/20250427/tojikiston-ishtirokchi-jangi-buzurgi-vatani-1067143617. html.Санаи муроҷиат: 28.04.2025
4. Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 64-умин солгарди Ғалаба, 9 майи соли 2009. Ҷумҳурият. Манбаи элнектронӣ: https://peshina.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=2147. Санаи муроҷиат: 30.04.2025
5. Давлатов З.А. Номи милати маро бо ифтихор гиред.Манбаи электронӣ: https://khovar.tj/2025/04/nomi-millati-maro-bo-iftihor-gired-angi-duyumi-a-on-baroi-mardumi-to-ikiston-san-ishi-buzurgi-tarih-bud/. Санаи муроҷиат: 30.04.2025.
Бахшида ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
Аз давраҳои қадим миллати тоҷик дорои шахсиятҳои бузургест, ки дар рушду нумуи фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми шоиста гузошта, номи хешро дар лавҳаи таърих абадан сабт намуданд. Дар ин радиф, бо ифтихор метавон номи фарзонафарзанди тоҷик Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, абармарди арсаи сиёсат Мирзо Турсунзодаро ба забон овард, ки, пеш аз ҳама, дар олам ҳамчун шоири сулҳсаро машҳур аст.
Ёдовар мешавем,ки Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи хушманзараи Қаратоғ водии Ҳисор ба дунё омадааст . Ин бузургмарди таърихиро на фақат дар Тоҷикистон, балки аксари кишварҳои дунё, хусусан манотиқи Осиё ва Африқо, мешиносанд ва то имрӯз номи некашро ба ёд меоваранд. Зеро ӯ тавассути неруи сухан тавонист дар дили мардуми кишварҳои олам ҷой гирад ва бо ҳар нафаре бо забону фаҳми ӯ суҳбат кунад ва ҳар суханеро дар мақоми хеш ба мардум расонад. Ҳамин ҷасорату фасоҳати ӯ буд, ки дӯстони хуберо аз тамоми кишварҳои олам кашф кард.
Ӯ бо азму иродаи матин вориди саҳнаи муборизаҳо шуда, ба мардуми олам ва алалхусус Осиё, паёми сулҳу оромиро меовард ва ба онҳо хитоб менамуд, ки бо ҳамин силоҳ метавон тухми ҷаҳлу ҷангро решакан кард ва ғолибиятро ба даст овард:
Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил.
То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,
Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон.
Сулҳу амният таваллуд ёфт чун дар мулки ман,
Дӯст медорем мо онро ба монанди Ватан.
Воқеан, агар ба эҷодиёти устод Турсунзода назар андозем, бештари талошу мароқаш ба васлу ҳамгироии мардумони Осиё ва дӯстиву рафоқати халқиятҳои олам бахшида шудааст. Донишманд ва профессор Иброҳим Усмонов фаъолиятҳои гуногуни устод Турсунзодаро дар муаррифии фарҳангу адабу тамаддуни тоҷикон дар миёни халқҳои ҷаҳон муҳим арзёбӣ карда, меафармояд: “Мирзо Турсунзода адиби хеле варзидаву бузург, ки шоирону нависандагони Ҳиндустону Покистон, Эрону Афғонистон ва дигар мамолики Осиёиву африкоӣ ба ӯ чун шахсияти барҷастаи адабиёт ва инсони неруманду сулҳпарвар рӯ меоварданду эҳтиромаш мекарданд”.
Мавриди зикр аст, ки ҳамин заҳамоти устод Турсунзодаро дӯсташ Файз Аҳмад Файз, шоир ва нависандаи покистонӣ, чунин менигорад: "Аввалин бор Турсунзодаро соли 1949 дидам ва баъдҳо дар Москва ва Тошкент вохӯрдам. Турсунзода шахсияте буд, ки бо ҳама инсонҳо чи коргар, чи адиб, муносибати дӯстона мекард, зеро ӯ бо одамон бо чашму дил суҳбат мекард. Ёд дорам, боре ӯ дар яке аз шаҳрҳои Покистон бо коргарон ба забони форсӣ-тоҷикӣ суҳбат менамуд ва онҳо ӯро мефаҳмиданд, зеро ӯ бо чашму дил сухан мегуфт. Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд. Дар ҳама ҷо ӯро дӯст медоранд. Ӯ Ватани худро, халқи худро дӯст медошт".
Мирзо Турсунзода аз ибтидои ҳаёти худ барои сулҳу дӯстии инсонҳо талош карда, пайваста таъкид мекард: "Миллионҳо одамони тамоми қитъаҳои дунё бо чашми умед ба мо менигаранд ва мо ҳеҷ як қувваи худро дареғ надошта, дар оянда ҳам байрақи муборизаи сулҳро дар дастамон маҳкам медорем ва ба тамоми одамони софдили дунё дасти дӯстӣ дароз мекунем". Қобил ба таъкид аст,ки барои хизматҳои арзанда дар ҷодаи илм Мирзо Турсунзода соли 1951 академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон интихоб гардидааст
Аз ин лиҳоз, мо фарзандони Тоҷикистонро зарур аст, то ба дастурот ва роҳнамоиҳои устод Турсунзода ва ташаббусҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат пайравӣ намуда, баҳри ободии Ватан ва пояндагии сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии мардум саҳм гузорем.
Мирсаид РАҲМОНОВ, ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ