Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳое мебошад, ки ташаккули фарҳанги сулҳро ба ҳайси вазифа дар назди низоми ҳуқуқи миллии худ гузошт. Воқеияти муосири давлати мо моро водор намуд, ки ба масъалаҳои ташаккули фарҳанги сулҳ дар низоми умумии фарҳанги ҳуқуқӣ бо дар назардошти ҷанги шаҳрвандии сипаришуда (солҳои 1992-1997) таваҷҷуҳи хешро ҷалб намоем. Масъалаи мазкур коркарди амиқи назариявиро тақозо мекунад, чунки на танҳо ҷомеаи тоҷик, балки тамоми ҷаҳон дар реша давонидани афкори фарҳанги сулҳ манфиатдор аст.
Бояд қайд намуд, ки решаҳои фарҳанги сулҳи халқи тоҷик аз давраҳои хеле қадим ва таърихи ҳазорсолаҳои худ об хӯрда, табиист, ки беҳтарин, мутараққитарин афкореро, ки ниёгонамон дар ҳама марҳилаҳои рушд аз худ боқӣ гузошта буданд, дар худ таҷассум намудааст. Соҳаи ҷанг ва сулҳ аз ин раванд истисно нест, ва дар ин арса низ мутафаккирони тоҷик нақши намоён аз худ боқӣ гузоштанд. Дар ин амр сарчашмаҳои хаттии таърихи халқи тоҷик гувоҳи муҳим ва равшани ин гуфтаҳо мебошанд.
Дар байни сарчашмаҳои асримиёнагии таърихи халқи тоҷик (то истилои муғулон) рисолаи Шариф Муҳаммад Мансур Мубаракшоҳ (охири асри ХII - аввали асри ХIII) таҳти унвони «Одоб ул-ҳарб ва-ш-шуҷоат» (Қоидаҳои пешбурди ҷанг ва шуҷоат) мақоми хосро дорад, чунки ба рушди фарҳанги сулҳи тоҷикон таъсири бузург расонидааст ва то ин замон аҳаммияти назариявӣ ва амалии хешро аз даст надодааст.
Соли 1211 Мубаракшоҳ рисолаи худро ба итмом расонида, дар масъалаҳои ҷанг ва сулҳ чунин ақида меронд: «Гарчанд сипоҳиёни шумо назар ба сипоҳиёни душман сершумор бошанд ҳам ба роҳи ҷанг наравед…То он даме, ки муносибатҳо сулҳҷӯёна бошанд, [бояд] аз ин қоидаҳо истифода намуд, то ки душмани эҳтимолиро шикаст дод, [ӯро] тарсонд, то ки ӯ дигар роҳи ҷангро не, балки сулҳро биҷӯяд. Охир сулҳи бамавқеъ беҳ аз ҷанги бемавқеъ, чунки [қаблан] намедони, ки ҷанг бо чӣ меанҷомад. Ва чунин сулҳ беҳ аз ғалаба. Дар он сурат ҷангидан ҳам лозим нест, ва чӣ сипоҳиён ва чӣ аҳли рикоб дар амн мемонанд. Хуни бегуноҳон рехта намешавад, мулк хароб намешавад ва раъият мавриди тохту тоз ва қатлу ғорат қарор намегирад».
Ба ҷаҳондорон ва соҳибнуфузони он давра муроҷиат намуда, Муборакшоҳ исроркорона онҳоро хотирнишон менамуд: «Агар камтарин имконияти дурӣ ҷустан аз ҷанг бошад (ҳатто вақте, ки ҷангидан беҳтар бошад ё аз он шумо роҳат мебаред), ҳар чи бошад ҳам аз ҷанг худдорӣ бояд кард. Ва агар ягон имкони қатъ кардани ҷанг фаро расад, онро барори кор ҳисобед, ҳатто агар сипоҳиёни шумо аз ҳама ҷиҳат зиёдтар, қавитар, обутобдида ва бомаҳорат ҳам бошанд. Дар замонҳои гузашта корҳо тавассути мунозира, мубоҳиса, дониши фаровон ва ақлу хирад пеш бурда мешуданд. Аз ин рӯ ҳеч кас ҷанг ва хунрезиро намехост… ҳам халқҳои ҷаҳон ва ҳам давлатҳо дар ин амр ҳамраъй буданд».
Дар асрҳои миёна тоҷикон мефаҳмиданд, ки ҷанг ин албатта руҷуъ ба зӯрӣ аст. Аммо ҷанг ҳама робитаҳое, ки мардумро муттаҳид менамояд, қатъ намекунад. Онҳо дарк менамуданд, ки ҷанг ҳамеша бо барқарор шудани сулҳ байни тарафҳои ҷангкунанда меанҷомад ва бераҳмона ҷангидан бар зидди якдигар барқарор намудани сулҳ ва эътимодро дар оянда байни онҳо мушкил месозад. Таври мисол, руҷоли машҳури давлатӣ дар асри XI, вазири бузург Қавомуддин Абуали Ҳасан ибн Али ибн Исҳоқ (солҳои 1018-1092), ки бо номи фахрии «Низом ул-Мулк» машҳур аст, дар рисолаи худ «Сиёсатнома» (солҳои 1091-1092) чунин мефармояд: «Бо душман тавре ҷангид, ки ҷое барои сулҳ боқӣ монад, ва ҳам бо дӯсту душман тавре алоқаро канд, ки … боз имкони ба ҳамдигар расидан бошад». Ба ақидаи ӯ, ҳар як ҷанг бо бастани сулҳи одилона, ки асоси шурӯи муносибатҳои дӯстонаро байни давлатҳо мегузорад, бояд хотима ёбад.
Дар замони муосир асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии фарҳанги сулҳ дар санадҳои СММ, ЮНЕСКО, Шӯрои Аврупо ва САҲА поягузорӣ шудаанд. Қисме аз ин меъёрҳо (муоҳидаҳо, паймонҳо) меъёрҳои устувори ҳуқуқи байналмилалӣ буда, бояд аз тарафи давлатҳо мутобиқи уҳдадориҳое, ки аз ин шартномаҳо бармеоянд, бе чуну чаро иҷро шаванд. Қисми дигари меъёрҳои дар ин соҳа қабулшуда меъёрҳои «нарм» мебошанд ва барои давлатҳо хислати тавсиявӣ доранд.
Дар ҳуқуқи байналмилалӣ ва дар як қатор низомҳои ҳуқуқии миллӣ тасаввуроти устуворе дар бораи зарурати муайян кардани роҳҳои сулҳомез ва муносибатҳои хайрхоҳона байни давлатҳои мухталиф, аз ҷумла дорои низомҳои иҷтимоӣ ва ақоиди динии мухталиф ташаккул ёфтааст.
Марҳилаи муосири рушди ҳуқуқи байналмилалӣ бо шароити тезутунди вазъияти байналмилалӣ рӯ ба рӯ шудааст. Дар ҷаҳони муосир асосҳои сулҳу инсондӯстӣ тавассути низоъҳои байниқавмӣ ва байнимазҳабӣ, терроризми байналмилалӣ, коррупсия, таҳдидҳои маҳаллӣ ва ҷангҳо, рушди бесобиқаи ҷиноятҳои фаромиллӣ, фалокатҳои экологӣ ва м.и. тахриб карда мешаванд.
Таҳлили сиёсӣ-ҳуқуқии фарҳанги сулҳ ба масобаи як падидаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва ба ҳайси як проблемаи асосии дар назди инсоният қарордошта баррасии моҳияти феноменологии мафҳумҳои «фарҳанги сулҳ» ва «фарҳанги ҷанг»-ро тақозо мекунад.
Дар фаъолияти СММ принсипи асосӣ ҳалли мусолиматомези баҳсҳои байналмилалӣ мебошад ва дар асоси он ҳамаи низоъҳои байналмилалӣ, байнимазҳабӣ ва соири низоъҳо дар тамоми ҷаҳон бояд ҳалли худро ёбанд. Муҳимтарин хусусияти консепсияи башардӯстонаи рушди муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнифардӣ дар ҳамкории мутақобилан муфид дар соҳаҳои мухталиф дар ҳаллу фасли вазифаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, дар муҳофизати сулҳ, таҳкими амният ва ҳифзи табиат нуҳуфта аст.
Дар санадҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ, ба хусус дар Оинномаи СММ эълон мегардад, ки ҳадафи ин созмон наслҳои ояндаро аз мусибатҳои ҷанг раҳоӣ бахшидан, эътимоди қавӣ доштан ба ҳуқуқҳои бунёдии башар, шаъну шараф ва арзиши шахсияти ҳар инсон, ҳуқуқҳои баробари марду зан ва миллатҳои хурду бузург мебошад, ки бо амалӣ намудани идеяи фарҳанги сулҳ робитаи мустақим дорад.
Сулҳ ҳамчун падидаи ҳаёти байналмилалӣ ва ҳолати муайяни муносибатҳо байни одамон на танҳо идеали муносибатҳои байниинсонӣ аст, балки арзиши ҳуқуқии умумиинсонӣ мебошад. Сулҳ ҳамчун арзиши ҳуқуқӣ ва ҳамчун дастоварди олии фарҳанги ҳуқуқӣ дар ҳолати сокит қарор надорад, балки ҳамчун фаъолияти позитивии инсонҳо, муносибати инсон бо худ, равобити байни инсонҳо ва муносибати инсон ба инсониятро ба таври умум дар худ шомил месозад.
Фарҳанги сулҳ – ин на танҳо халли силоҳ аст, балки кӯшиши офаридани сулҳ ҳам мебошад. Дар афкори оммаи тамоми сайёра обурӯи дипломатия ва сулҳофарӣ бисёр баланд аст. Ин чунин маъни дорад, ки халқҳо на аз қудрати ҳарбӣ, балки аз пирӯзиҳои бидуни хунрезӣ бадастовардаи худ бояд ифтихор кунанд.
Агар ба ҳарф ва рӯҳи асноди меъёрии ЮНЕСКО назар андозем, мо мебинем, ки фарҳанги сулҳ ғайри қобили қабул будан ва истифода накардан аз зӯроварӣ дар ҳама шаклҳояш дар муносибати байни давлатҳо, гурӯҳҳо ва инсонҳои ҷудогона ва ҳаллу фасли низоъҳо, ихтилофот ва баҳсҳоро аз тариқи муколама ва методҳои демократӣ дар назар дорад.
Фарҳанги сулҳ боқатъият мубориза бурдан алайҳи нажодпарастӣ, ксенофобия, зуҳуроти мухталифи шовинизм ва фундаментализмро аз тариқи воситаҳои сулҳомез ва ғайризӯроварӣ, ҳамчунон ҷорӣ кардани эҳтиром ба ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, таъсис ва таҳкими принсипҳои демократӣ дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалиро дар худ таҷассум мекунад. Ҳуқуқи рушд кардан дар шароити одилона, эҳтироми ҳуқуқҳои ақаллиятҳо, ҳифзи гуногунии мероси табиӣ, фарҳангӣ, илмӣ, генетикӣ ва этникӣ, эътирофи ҳуқуқ ба сулҳ низ шомили фарҳанги сулҳ мебошанд.
Ҳоло намунае чанд аз шахсони сулҳпарварро меорем. Шахсони сулҳофар – шахсоне мебошанд, ки ҳама дар ҷаҳон онҳоро эҳтиром мекунанд. Дар таърих инсоният чунин шахси сулҳофар Анри Дюнан (1828-1910), соҳибкори швейтсарӣ буд, ки шоҳиди ранҷу даҳшати аскарони маҷруҳ дар набарди назди Сольферино (1859 г.) гашт, амали дар он замон имконнопазир – ҷамъияти байналмилалии кӯмак ба маҷруҳонро таъсис дод, ки баъдан ба худ номи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурхро гирифт. Барои амалҳои сулҳҷӯёнааш соли 1901 ӯ аввалин барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел гардид.
Намоёнтарин руҷоли сиёсии Ҳинд Маҳатма Ганди (1869- 1948) буд, ки соли 1947 бидуни рехтани як қатра хуни инглисҳо ватани худро аз вобастагии истеъмории Британияи Кабир озод намуд. Ӯ мегуфт: «касеро наранҷон, ба худ ягон фикри бераҳмонаро, ҳатто агар нисбати душманат ҳам бошад, раво набин». Ба ақидаи М.Ганди, ба зӯроварӣ такя накарда, дар муборизаи сиёсӣ пирӯзиро ба даст овардан мумкин аст. М.Ганди дар амал ба исбот расонд, ки сиёсатмадорон бидуни зӯроварӣ ё саркӯбӣ, бо роҳи мусолиматомез метавонанд ба мақсадҳои худ бирасанд. М. Ганди маҳз аз ҳамин навъ пирӯзӣ аз болои Британияи Кабир ифтихор мекард.
Мартин Лютер Кинг (1929-1968), муборизи машҳур барои ҳуқуқҳои сиёҳпӯстони ИМА мегуфт, ки дар роҳи озод намудани Амрико аз нажодпарастӣ, сиёҳпӯстон набояд ба амали ғайриодилона даст зананд. 14 октябри соли 1964 Кинг ҷавонтарин барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд, ки он вақт ба ӯ барои муқовимати ғайриқонунӣ ба таассуби нажодӣ дар Иёлоти Муттаҳида дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои авалини интихоб шудан ба мансаби Сарвари давлати тоҷикон ваъда дод, ки сулҳ меоварад ва ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 хотима мегузорад. Расидан ба ризоияти умумӣ ва барпо намудани сулҳи пойдор ва мусолиҳаи миллӣ дар Тоҷикистон ба манфиати амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он ҳам ҷавоб медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба ҷаҳониён собит намуданд, ки мушкилтарин масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз роҳи сулҳ ва бо воситаҳои осоишта ҳалли худро ёфта метавонанд.
Ашхоси фавқуззикр сулҳофарҳои воқеъӣ мебошанд, ки онҳоро тамоми ҷаҳон мешиносад ва дӯст медорад. Заҳмати онҳо, сарфи назар аз шаҳрвандӣ, мазҳабу миллаташон, дастраси тамоми ҷаҳон гаштааст.
Фарҳанги ҷанг – ин фарҳангест, ки дар он ҷанг ё таҳдиди ҷанг ҳамчун афзори ҳаллу фасли баҳсҳо ҷоиз шуморида мешавад. Фарҳанги ҷанг дар дохили давлат хусусиятҳои адами таҳаммулгароӣ нисбат ба дигарандешӣ ва саркӯбии ҳама гуна муқовимат ё гуногуниро дорад. Одами дорои фарҳанги ҷанг бо он фарқ мекунад, ки ба одамон камбовар мебошад, дар муносибат бо шахсони дигар одати бартарӣ ва ҳукмфармоӣ дорад. Хусусияти хоси фарҳанги ҷанг ин мавҷудияти маҳрамият, роздорӣ ва таблиғоти яктарафаи як идеология, вуҷуд надоштани ҳақиқат дар бораи воқеаҳои дохили кишвар ва ҷаҳон мебошад. Ҳамин тавр, фарҳанги ҷанг танҳо манфиатҳои як тарафро (худиро) мадди назар мегирад ва зӯровариро барои қонеъ намудани ин манфиатҳо тарзи маъмул ва қобили қабул мешуморад.
Фарҳанги сулҳ бошад роҳи зӯровариро инкор мекунад, манфиатҳои ҳамаи тарафҳоро ба назар мегирад ва кӯшиш мекунад, ки ҳама ҷонибҳо ба тавофуқ расанд. Омодагӣ ба ҷанг, баҳсҳои таҷовузкорона, ҷанҷол ва муноқишаҳо, ҳамчунон дағалӣ нисбати шахсоне, ки шумо бо онҳо розӣ нестед, боиси тақвият ёфтани низоъ мегардад. Ҳал кардани ихтилоф бо роҳи мусолиматомез танҳо аз тариқи «музокира, таҳқиқ, миёнаравӣ, оштӣ, арбитраж, ҳалли додгоҳӣ (қонунӣ), муроҷиа ба дафтарҳо ё сохторҳои минтақавӣ ё дигар василаҳои мусолиматомез мувофиқи интихоби худ» имкон дорад.
Таҷрибаи расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон на танҳо аҳамияти назариявӣ, балки аҳамияти амалӣ низ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомали Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ барҳақ фармуданд: «Омӯхтани сабаб ва омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон яке аз вазифаҳои муҳимтарини олимони ҷомеашинос мебошад. Зеро доир ба ин масъала андешаву таҳқиқоти муътамади олимон бояд нақши ҳалкунанда дошта бошад, то ин ки ҳодисаҳои даҳшатноку фоҷиабори гузашта барои наслҳои ояндаи халқамон дарси ҳушёрӣ ва ибрат гарданд».
Ҷомеаи ҷаҳонӣ чунин меҳисобад, ки Тоҷикистон яке аз мисолҳои намунавӣ ва модели бомуваффақи фаъолияти муштараки СММ ва сулҳофарони ИДМ оид ба дастгирии сулҳ ва бартараф кардани низоъҳо дар сайёра мебошад. Кишварҳое вуҷуд доранд, ки алоқамандии худро дар омӯхтани ин таҷрибаи миллӣ зоҳир мекунанд. Собиқ муншии умумии СММ Кофи Аннан таъкид карда буд, ки раванди сулҳи тоҷикон мисоли беҳамтои сулҳдӯстӣ барои ҳамаи ҷаҳониён маҳсуб мешавад.
Дар дебочаи Оинномаи ЮНЕСКО дуруст қайд мешавад, ки «фикр дар бораи ҷанг дар зеҳни инсонҳо пайдо мешавад, аз ин рӯ идеяи ҳифзи сулҳро бояд дар шуури инсонҳо ҷойгир кардан лозим аст». Чи хеле ки дар зеҳни инсон ҷанг сар мезанад, ҳамон хел дар зеҳни инсон бояд замина барои сулҳро пайдо кард. Шахсе, ки ҷангро ихтироъ кардааст, метавонад сулҳро ҳам ихтироъ кунад, яъне инсони дорои фарҳанги сулҳ гардад. Фақат рушди ин сифати ахлоқӣ дар ҳалли масъалаи муҳим – ҳифзи сулҳ дар ҷаҳон натиҷаҳои бебозгашт дода метавонад.
Дар суханронии худ дар СММ дар Ҳамоиши Оянда (23.09.2024) Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуданд: «Имрӯз, мо шоҳиди афзоиши низоъҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҳастем, ки садҳо ҳазор талафоти ҷониро миёни аҳолии осоишта дар пай доранд. Мо – роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ ба мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми курраи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шавем. Вақти он расидааст, ки мо аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем. Дар робита ба ин, пешниҳод менамоям, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад».
Мо ин пешниҳоди Пешвои миллатро ба хотири ҳифзи сулҳи пойдор дар сайёраи Замин ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҳамватанони азизро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик менамоем, барои ҳама сулҳи бардавом, хотири ҷамъ ва комёбиҳои беназирро таманно дорем.
Саидумар Раҷабов - доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ