
АСОСӢ
-
МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт. -
МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
“САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ” -
ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ -
БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ. -
РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Хабар ва навгониҳо
ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон





АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРӢ ИН ОИНАЕСТ, КИ СИМОИ АҚЛОНӢ, САТҲИ МАЪРИФАТУ ДОНИШ ВА ТАМАДДУНИ ҶОМЕАИ МОРО ИНЪИКОС МЕНАМОЯД. ҲАР ҚАДАР ИН ОИНА ПОКИЗАВУ БЕҒУБОР БОШАД, БА ҲАМОН АНДОЗА СИМОИ МАЪНАВИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ МО РӮШАНТАРУ БАРҶАСТАТАР БА ҶАҲОНИЁН ҶИЛВАГАР МЕШАВАД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН
“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
(Ибн Сино)
Китобҳои тозанашр
Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ
Дипломатияи об яке аз восита ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои истифодабарии захираҳои обӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам байналмилалӣ мебошад. Махсусан, масъалаҳои мубрам ва калидие, ки дар самти истифодабарии захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷой доранд, имконият медиҳад, ки бо роҳҳои дипломатияи об ҳалли худро ёбанд. Гузашта аз ин, захираҳои обӣ барои рушди ҷомеаи инсонӣ, саломатӣ, некӯаҳволии халқ ва баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори иҷтимоӣ, экологӣ ва иқтисодӣ муҳиманд. Таърихан дипломатияи об, ин нақши муайянкунандаи омили об дар сиёсати хориҷии кишварҳои соҳилӣ ё гуфтушунидҳои дуҷониба ё бисёрҷониба барои ҳалли мусолиматомези ихтилофҳо оид ба масъалаҳои об мебошад. Дар замони муосир, бо таъсири афзояндаи раванди ҷаҳонишавӣ, мафҳуми дипломатияи об васеъ гардида, он ба муносибатҳои байни кишварҳои соҳилӣ ба ҷалби кишварҳои сеюм ва созмонҳои байналмилалӣ далолат мекунад. Ҳамин тариқ, бо назардошти тамоми меъёрҳои замони муосир дар масъалаи об, дипломатияи об, ин воситаи татбиқи сиёсати хориҷии як давлат дар масъалаи об, ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои махсус барои ҳалли проблемаҳо, фаъолияти расмии сарони давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ё ниҳодҳои махсус мебошад. Ҳамзамон дипломатияи об, дар татбиқи сиёсати хориҷӣ оид ба масъалаҳои об ва ниҳоят ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон оид ба масъалаҳои об дар муносибат бо дигар давлатҳо мебошад. Масъалаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми муайян қарор дорад.
Муносибат ба захираҳои об тағйир ёфта, об ба арзиши миллӣ ва омили асосии рушди Тоҷикистон табдил ёфтааст. Чунки об манбаи асосии истеҳсоли энергияи сабз мебошад. Ҳамзамон нерӯи сабз барои баровардани эҳтиёҷоти шаҳрвандон ва хоҷагии халқ зарур буда, барои устувории сиёсии давлат муҳим аст. Бо дарназардошти иқтидори ғании об ва аҳамияти рӯзафзуни захираҳои об дар рушди давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи идоракунӣ, истифода, истеъмол, ҳифзу нигаҳдории захираҳои об пурзӯр намудааст.
Ҳадафи асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили кишвар, муносибати оқилона ба захираҳои об, ҳамчун захираҳои асосии табиии ҷумҳурӣ мебошад. Ин аст, ки тадриҷан бо рушди соҳаи иҷтимоию иқтисодии давлат ва ташаккули суботи сиёсӣ дар кишвар сиёсати об дар Тоҷикистон низ рушд мекунад. Дар баробари ин дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон об ва нерӯи сабз аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки дар авлавият қарор доранд. Ин воқеиятро Пешвои муаззами миллат дар Раванди оби Душанбе бори дигар таъкид намуданд: «Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳост, ба мушкилиҳои марбут ба об таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Аз ин лиҳоз, мавзӯи захираҳои об, истифодаи оқилона ва устувори онҳо яке аз авлавиятҳои сиёсати давлати мо муайян гардидааст».[1]
Албатта масъалаи об ва истифодабарии захираҳои об барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Ин масъала ба ҷумлаи масъалаҳои муҳими дохилиминтақавӣ табдил гардидааст. Масъалаҳои ҳалношудаи вобаста ба об дар минтақа, пеш аз ҳама хушкшавии баҳри Арал, истифодабарии мақсадноки захираҳои об, танзим гардидани захираҳои об дар байни давлатҳои болооб ва поёноб ва ғ. мебошанд. Оқибатҳои давомдори хушкшавии баҳри Арал, ки аз масъалаҳои асосии минтақаи Осиёи Марказӣ дар масъалаи об мебошад. Ҳалли ин масъала бидуни фаъолсозии ҳамкориҳои густурдаи байнидавлатҳо бо СММ, кишварҳои манфиатдор ва сохторҳои байналмилалӣ ғайриимкон аст. Тоҷикистон аз замони таъсиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал (IFAS) яке аз кишварҳои фаъол нақши муҳим бозидааст. Ёдовар мешавем, ки Бунёди байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шуда, барои бартараф намудани паёмадҳои буҳрони Арал нақши хосса дорад. Инчунин маблағгузорӣ ба он бо иштирок ва дастгирии фаъолонаи барномаҳои гуногуни СММ, САҲА, ЮНЕСКО, институтҳои бонкии ҷаҳонӣ, инчунин ҳукуматҳои кишварҳои донор амалӣ мегардад. Албатта, тағйирёбии иқлим, ки онро ҳар як сокини сайёра эҳсос мекунад, офатҳои табиӣ, ифлосшавии системаҳои обии ҷаҳон бо партовҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, обшавии пиряхҳо, паст будани фарҳанги истифодабарии об аз масъалаҳои глобалие мебошанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он рӯ ба рӯ аст. Дар баробари дигар масъалаҳои ҳалношудаи оид ба об дар минтақа, воқеияти дигаре амалӣ гардида истодааст, ки дар оянда шояд ҳамчун аз ҷумлаи «буҳронҳо» дар муносибатҳои байнидавлатии иддае аз кишварҳои минтақа гардад. Шурӯъ гардидани сохтмони канали Қуштеппа дар Афғонистон, ки ба он об аз Амударё ҷорӣ мегардад, далели ин гуфтаҳост. Дар асоси нақшаи тарҳрезигардида, дарозии канали мазкур 285 километр, бараш 100 метр ва чуқурии он қариб 8,5 метр хоҳад шуд. Дар назар аст, ки лоиҳа соли 2028 ба анҷом мерасад.[2]
Бояд қайд кард, ки захираҳои обии як кишвар ҳамчун сарвати миллии он ба шумор меравад. Аммо истифодаи самаранок бо дарназардошти меъёрҳои муосири пешбинишуда барои кишварҳои болооб зарур аст. Дар ҳоле, ки аз обҳои Амударё барои обёрӣ ҷумҳуриёрии Узбекистон ва Туркманистон истифода мебаранд ва дар натиҷаи ба истифода додани канали Қуштеппа ба иқтисодиёти кишоварзии ин ду кишвар таъсири манфӣ хоҳад расид. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ироа намудани ташаббусҳои худ дар сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об хоҳони он аст, ки дар ҳалли масъалаҳои об нақши худро гузорад. Пешбурди дипломатияи об дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ бо пешниҳод намудани ташаббусҳо дар сатҳи байналмилалӣ ба монанди - «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 ва «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, 2013» далели ин гуфтаҳост. Ҳадаф аз пешниҳоди ин ташаббусҳо ҳалли масъалаҳо вобаста ба об дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ барои таъмини ҳаёти созандаи инсоният дар дастрасӣ ба об мебошад. Тоҷикистон дипломатияи кушоду шаффофи минтақавии обро бо эҳтироми зиёд нисбат ба давлатҳои минтақа пеш мебарад. Ин аст, ки чунин муносибат ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва эътимодбахши кишварҳои минтақа дар истифодаи захираҳои минтақавӣ мусоидат менамояд. Боиси таъкид аст, ки масъалаҳои вобаста ба об аз ҷумлаи масъалаҳои калидии ҳамкориҳои байни кишварҳои ҷаҳон буда, аз нигоҳи таърихӣ боиси сарзадани низоъҳо низ гардидаанд. Чуноне муҳаққиқон таъкид месозанд: «Аз соли 1948 инҷониб 295 созишномаи байналмилалӣ вобаста ба об ба имзо расидааст, ки дар натиҷа камтар аз 40 ҳодисаи муноқишаи шадид дар масъалаи об дар 71 соли охир ба вуҷуд омадааст. Аммо танҳо 1/3 обҳои рӯизаминии фаромарзӣ (дарёҳо ва кӯлҳо) ва камтар аз 1% обҳои фаромарзӣ механизмҳои ҳамкорӣ доранд».[3]
Дар шароити афзоиши аҳолӣ, рушди иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим, афзоиши норасоии об, ифлосшавии об, ки боиси афзоиши рақобат барои об байни кишварҳо мегардад, зарурати тағйир додан ва васеъ гардидани муносибатҳои байнидавлатҳо воқеият пайдо мекунад. Имрӯз об на танҳо барои фароҳам овардани масоили иқтисодӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли нерӯи сабз аст, балки он ба муносибатҳои сиёсӣ ва дипломатӣ низ алоқамандӣ дорад.Имрӯз мушкилоти зиёд дар самти истифодабарии захираҳои обӣ дар минтақа мавҷуд мебошад, аз он ҷумла:
- мутобиқсозии манфиатҳои ирригатсионӣ бо манфиатҳои гидроэнергетикӣ;
- истифодаи технологияи муосири каммасраф дар соҳаи обёрӣ, масалан, гузаштан ба обёрии қатрагӣ;
- татбиқи муштараки лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ барои истеҳсоли нерӯи сабз бо истифода аз имкониятҳои молиявии кишварҳои поёноб барои дастгирии кишварҳои болооб;
- алоқамандии масъалаҳои оид ба об ба вазъи демографии кишварҳо, аз он ҷумла зиёд шудани майдонҳои заминҳои обӣ, нарасидани оби нӯшокӣ ва дигар омилҳо бо омили асосӣ – афзоиши аҳолӣ алоқаманд мебошанд;
- ҳал намудани масъалаҳои вобаста ба об дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатӣ ба манфиати тамоми ҷонибҳои манфиатдор ва амнияти экологӣ, инчунин табдил додани об ба “ташаббус”-и ҳамкорӣ ва ҳамгироии кишварҳо ва ғ.
Албатта вазъи ҷаҳони муосир бо назардошти мушкилоти муштараки байни кишварҳо дар соҳаи об, махсусан истифодаи захираҳои обҳои фаромарзӣ, норасоии оби тоза ва мушкилоти худи об дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамкориҳои дастаҷамъона ва комплексии байнидавлатиро талаб менамояд. Ин аст, ки бо раванди ташаккули ҳамкориҳои муосири об, зарурат ба пайдоиши як қатор созишномаҳои байнидавлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи муносибатҳои об алоқаманд аст.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили пешбурди муваффақонаи дипломатияи об, яке аз ҷумҳуриҳои пешсаф мебошад. Масъалаҳои вобаста ба об аз масъалаҳои меҳварӣ ва калидӣ дар муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои минтақа ва ҷаҳонӣ буд ва боқӣ хоҳад монд. Ҳалли масъалаҳои вобаста ба иқлим ва об дар барномаҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва дар рӯзномаи конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ баррасӣ ва таҳлил мегарданд, ки он хело ҳам муҳим аст. Баргузории Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки дар таърихи 11-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, айни ҳамин гуфтаҳост. Бо назардошти ин воқеият, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон дар ин конфронс, чунин иброз доштанд: «Конфронси мазкур барои дарки моҳият ва муҳиммияти об дар рушди устувор ва зарурати амалҳои муассиру таъхирнопазир дар ин соҳаи ҳаётан муҳим таҳаввулоти ҷиддиро ба бор овард. Яъне, мо ҳама якҷо тавонистем, ки обро дар меҳвари гуфтушунидҳои глобалӣ оид ба рушд қарор дода, ҷомеаи ҷаҳониро атрофи ин мавзӯи бағоят муҳим муттаҳид созем. Вале, хотирнишон бояд кард, ки амалу иқдомҳои имрӯзаи мо барои расидан ба ҳадафҳои дар ин самт муайянгардида ҳоло ҳам кофӣ нестанд, зеро хавфу таҳдидҳои муосир нисбатан босуръат ва пуртаъсир гардидаанд».[1]
Руйхати адабиёт
[1] Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” 11.06.2024. Манбаи электронӣ:
http://president.tj. Рӯзи муроҷиат: 14.06.2024.
[2] Азиза Капар кизы. Строительство канала в Афганистане угрожает водной безопасности Центральной Азии. Электронный ресурс: https://economist.kg/mnenie/2024/05/08/stroitielstvo-kanala-v-afghanistanie-ughrozhaiet-vodnoi-biezopasnosti-tsientralnoi-azii-ekspierty/.
Дата обращение: 05.06.2024.
[3] Что такое водная дипломатия, и почему она актуальна сегодня? Электронный ресурс: https://www.bluepeace-centralasia.ch/ru/about/hydrodiplomacy/. Дата обращение: 20.05.2024.
[4] Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” 11.06.2024. Манбаи электронӣ: http://president.tj. Рӯзи муроҷиат: 14.06.2024
Нусратулло Зокирзода, номзади илмҳои фалсафа ходими калони шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддиноваи АМИТ
(Бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Марзи давлатӣ дар радифи арзишҳои миллӣ, забон, таърих, фарҳанг ва дигар муқад дасоти миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарин унсурҳои соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлат мебошад.
Чанд сухан аз боби таърихи ҳифзи сарҳадот. Низомулмулк менависад, ки дар давлату давлатдорӣ ва низоми марзбонӣ ба Сомониён дигар давлатҳо баробар набуданд. Онҳо ҳоло дар замони ҳокими Самарқанд таъин гаштани Нӯҳ ибни Асад (818-842) ба устуворкунии марзҳои давлаташон кӯшиш намуда буданд. Ба ин аввалин юриши Нӯҳ ба Шарқ (с. 825) мисол шуда метавонад. Вай барои аз туркони бодиянишин паноҳ нигоҳ доштани сарҳадҳои шарқии мулки Сомон мубориза намуда, дар дарвозаи Қашғар аввалин боҷхонаи гумрукиро таъсис дода буд [4, c.119].
Ибни Ҳавқал ва Истахрӣ менависанд, ки дар марзбонӣ Сомониён ҳамто надоштанд. Сипоҳиёни онҳо дар Хуросону Мовароунаҳр посбониро хеле хуб ба роҳ монда, намегузоштанд, ки қабилаҳои туркии ғузу оғуз (туркони бодиянишин) марзшиканӣ намуда, аспону подаи гову уштур, рамаҳои бузу гӯсфанд ва молу мулки мардуми таҳҷойиро рабоянд ё ба яғмо баранд.Пеши роҳи ин қабилаҳоро Сомониён бастанд, ба хусус Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ дар ин ҷода таҷрибаи кофӣ дошт. Ӯ баъди реҳлати волидайн (соли 864) ҳокими Фарғона таъин шуд ва дар ин мулк таҷрибаи кофии марзбониро аз бар намуд. Дар ин ҷо борҳо бо туркони ғоратгар мушт ба гиребон шуду, дар охир овозадор гашт. Ин буд, ки соли 874 бухориён аз бародари бузурги вай Абӯнаср ибни Аҳмади Сомонӣ (864-892) талаб намуданд, ки Исмоилро волии Бухоро таъин намояд ва ӯ пеши роҳи марзшикании турконро бигирад.
Олими машҳури шарқшиноси рус В.В. Бартолд дар асари калонҳаҷми сарчашмавии хеш «Туркистон» оид ба саҳми Сомониён дар мустаҳкам намудани марзу буми Осиёи Миёна бештар нақл мекунад. Ӯ менависад, ки дар замони Сомониён Фарғона аз дигар манотиқи сарҳадӣ бо шаҳрҳои калони хеш Ӯш ва Ӯзканд (Узген) фарқ мекард. Ин шаҳрҳо мулки сарҳадии Сомониён бо туркон ба шумор мерафтанд, ки аз тарафи сарҳадбонони онҳо сахт муҳофизат карда мешуд[3].
Аз ин ҳақиқат «Ҳудуд-ул-олам» низ хабар медиҳад: «Ӯш ҷое ободон аст ва бисёрнеъмат ва мардумоне ҷангӣ ва ба барокӯҳ ниҳодааст. Ва бар ин кӯҳ посбон аст ва дидабон аст, ки кофири туркро нигоҳ доранд»[9, c.66].
Олими машҳур ва сайёҳи араб Аҳмади Фазлон чун котиби сафорати халифа Муқтадир (908-932) солҳои 921-922 ба кишвари Сомониён сафар карда, дар бораи давлату давлатдории Сомониён, марзи мулкҳои онҳо нақлҳои ҷолиб намуда, менависад, ки марзи мулки Сомон дар шимолу ғарб то ба кӯҳҳои Урал мерасид. «Вақте, ки мо ба мулки Булғор сафарамонро идома додем, марзбонони Сомонӣ моро роҳбаладӣ намуданд...Сарҳади мулки Сомон хеле васеъ ва фаррох буд. Он аз шимол аз мулки Ҳафтруд ибтидо гирифта, дар ҷануб то ба соҳилҳои халиҷи Форс мерасид. Дар ғарб аз мулки Рай доман паҳн карда, дар Шарқ то ба мулки Хутан пайваста буд. Дар ҳамаи ин ҷойҳо Сомониён марзбонӣ мекарданд ва тартиби ба кишварашон ворид шудан ва хориҷ гаштани ашхоси бегонаро назорат мебурданд ва барои мусофирон дар шаҳру деҳоти сарҳадӣ шароитҳои қулайи зиндагиро муҳайё карда буданд» [2].
Ҳифзи сарҳадоти давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ. Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки дар назди давлати мо ҳанӯз дар оғози ба даст овардани истиқлол қарор дошт, таъсис додани сохторҳои марзбон буд. Вале айнан дар ҳамон айём кишвари мо ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.
Вобаста ба ин, хотиррасон менамоем, ки яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин набудани ҳимояи сарҳади давлатӣ ба шумор мерафт. Бо мақсади ҳарчи зудтар ба роҳ мондани ҳифзи сарҳадоти кишвар моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ даъват ва баргузор гардид. Дар ҳамон иҷлосияи тақдирсоз 18 декабри соли 1992 дар ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон як бригадаи махсуси сарҳадӣ ташкил шуда, 28 декабри ҳамон сол бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ ин бригада ба Раёсати ҳифзи сарҳади давлатӣ табдил дода шуд. Минбаъд ҷиҳати пешгирӣ кардани убури гурӯҳҳои тундраву ифротӣ ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир тавассути хатти сарҳади давлатӣ зарурат ба миён омад, ки 28-уми майи соли 1994 дар сохтори мақомоти амнияти кишвар Қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис дода шуд ва ин санаи таърихӣ Рӯзи сарҳадбонон эълон гардид.
Яъне Қӯшунҳои сарҳадӣ мисли дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи ниҳоят ҳассос ва мушкили таърихи кишварамон, яъне дар замоне, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳанӯз идома дошт, таъсис дода шуданд. Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмати воқеан таърихӣ анҷом доданд.
Бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, ки дар кишвар, хусусан, солҳои аввали таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ вуҷуд доштанд, Ҳукумати мамлакат барои таъмин кардани шароити инфрасохторӣ ва мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии сохторҳои марзбонӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид.
Ҳоло бо гузашти солҳо Қӯшунҳои сарҳадӣ ба як сохтори низомии муосир ва сипари боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфта, аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Ҳукумати мамлакат барои омода кардани мутахассисони баландихтисоси ҳарбӣ, аз ҷумла барои сохторҳои марзбон эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Тайи даҳ соли охир 1200 нафар ҷавонон Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ ва 600 нафар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм намуда, имрӯз дар Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат карда истодаанд.Ҳоло дар Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ 500 нафар ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии сарҳадии хориҷи кишвар беш аз 300 нафар ҷавонони мо, яъне мутахассисони сарҳадбони оянда таҳсил доранд.
Ҷиҳати таҳкими сарҳади давлатӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагиву хизмат барои афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ бунёди иншооти нави сарҳадӣ оғоз гардиданд, ки дар маҷмӯъ, барои зиёда аз 4000 нафар сарбозону афсарон бо шароити замонавӣ ба истифода дода шуданд. Маркази таълимии нерӯҳои марзбонии “Пойтахт” ба истифода дода шуд, ки дар он шароити дараҷаи баландтарини хизмат, таълим, истиқомат, нигоҳдории техника ва дигар имкониятҳои зарурии муосир муҳайё карда шудаанд.
Маҳз бо талошу кӯшиш ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз як бригадаи аз лиҳози техникӣ ва ҳолати моддию маишӣ нокифоя, имрӯз ба як ниҳоди пурқудрат табдил ёфта, масъулияти ҳифзи сарҳад ва ҳимояи сокинони мамлакатро аз таҳдидҳои беруна бар дӯш доранд.
Асосҳои меъёриву ҳуқуқии фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пеш аз ҳама бояд тазаккур дод, ки Маҷлиси Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро 1 марти соли 2005 таҳти № 82 қабул намуд. Мутобиқи моддаи 7 -уми ин Қонун «Қӯшунҳои сарҳадӣ аз Дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилоятҳо, отрядҳои сарҳадӣ, қисмҳои ҳарбӣ, комендатураҳо, дидбонгоҳҳо (заставаҳо), нуқтаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ, Донишкадаи сарҳадӣ, муассисаҳои тиббӣ-ҳарбӣ, таълимӣ, воҳидҳои махсус ва воҳидҳои таъминоти ақибгоҳӣ иборат мебошанд»[1].
Дарозии умумии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4187,6 км-ро ташкил медиҳад (2898,6 км - хушкӣ, 1289,3 км - обӣ). Дар сарҳади давлатии Тоҷикистон 34 гузаргоҳҳои сарҳадӣ амал мекунанд, ки аз онҳо 24 – автомобилгард, 5 – авиатсионӣ, 4 – роҳи оҳан ва 1 – обӣ мебошанд.
Дарозии умумии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон 1374,2 км-ро ташкил мекунад, ки аз он 1184,4 км – обӣ ва 189,8 км – хушкӣ мебошад. Масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ҳалли худро ёфтааст. Ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаи сарҳадӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалии асосии зерин ба роҳ монда шудааст:
- Созишномаҳо байни Иттиҳодӣ Шӯравӣ ва Афғонистон аз 13.06.1946 ва 16.06.1981;
- Созишнома оид ба сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз 22.12.1993;
- Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадӣ аз 27.04.2005;
- Протокол аз 21.10.2013 оид ба ворид кардани тағйиру илова ба Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадӣ аз 27.04.2005.
Дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон 7 гузаргоҳи байналмилалии сарҳадӣ қарор дорад[5].
Дарозии умумии сарҳади Тоҷикистону бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 494,4 км-ро ташкил карда, аз ҳудуди қаторкӯҳҳои Помир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегузарад. Масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Чин ҳалли худро ёфтааст. Ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи сарҳадӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалии асосии зерин ба роҳ монда шудааст:
- Созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сарҳади давлатӣ аз 13.08.1999 ва аз 17.05.2002;
- Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба демаркатсияи сарҳади давлатӣ аз 27.04.2010;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба низоми сарҳади давлатӣ аз 05.06.2012;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатӣ ва реҷаи кори онҳо аз 29.12.2011.
Дар сарҳади Тоҷикистону Чин як гузаргоҳи сарҳадии Кулма, гузаргоҳи автомобилгард дар ноҳияи Мурғоб, ВМКБ қарор дорад [6].
Дарозии умумии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тахминан 987 км-ро ташкил мекунад. Раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон идома дорад. Ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи сарҳадӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалии асосии зерин ба роҳ монда шудааст:
- Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ аз 13 марти соли 2025;
- Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар аз 31.03.2025;
- Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳади се давлат аз 05.07.2000;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба гузаргоҳҳо ба воситаи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз 06.05.1998.
Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон 5 гузаргоҳи сарҳадӣ қарор дорад [7].
Дарозии умумии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332 км-ро ташкил медиҳад, ки аз он 105 км – обӣ ва 1227,9 км – хушкӣ мебошад. Масъалаи делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳалли худро ёфтааст. Раванди демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба охир расид. Ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи сарҳадӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалии асосии зерин ба роҳ монда шудааст:
- Аҳдномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сарҳади давлатӣ аз 05.10.2002 ва аз 09.03.2018;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз 12.02.2002.
Дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон 16 гузаргоҳи сарҳадӣ қарор дорад [8].
Ҳамин тавр, марзи давлатӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ буда, ҳимояи он рамзи нангу номуси ватандорӣ ва шаъну шарафи ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси Ватан мебошад. Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, ҳимояи амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии ороми мардум нақши босазо гузошта, дар мушкилтарин рӯзҳо барои ҳифзи марзҳои давлатӣ ва пешгирӣ кардани воридшавии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноӣ, аслиҳа ва маводи мухаддир хизмати воқеан таърихӣ анҷом доданд. Дар тӯли зиёда аз се даҳсолаи мавҷудияти Қӯшунҳои сарҳадӣ барои ҳифзи марзу буми Ватан, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳимояи оромиву суботи мамлакат ва зиндагии осудаи мардуми Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ, мубориза бар зидди қочоқи силоҳу маводи мухаддир 150 нафар хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои марзбон ҷони худро қурбон кардаанд.Мардуми тоҷик ва Ҳукумати мамлакат номи нек ва ҷасорату фидокории онҳоро ҳамеша гиромӣ хоҳанд дошт.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи генералҳо, афсарон ва сарбозони марзбонро, ки дар сафи пеши ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва суботу оромии сокинони мамлакат қарор доранд, бо 31-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвари мо буда, ҳамчун сипари боэътимоди давлатдории навини тоҷикон хидмат мекунанд, табрику муборакбод намуда, ба онҳо ҳамеша саломатӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, мардонагӣ, ҳушёриву зиракӣ, сатҳи баланди касбият ва донишу маҳорат дар фаъолияти ҳаррӯзаашон таманно дорем.
Саидумар Раҷабов – полковники мустаъфии КДАМ ҶТ, мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Адабиёт:
1. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, № 3, мод. 121; с. 2008, № 3, мод.186; с. 2014, № 11, мод. 657; Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 с., № 1287; аз 17.05.2018 с., № 1524
2. Ахмед ибн Фадлан. Книга о его путешествии на Волгу в 921-922 гг.// [Электронный ресурс]. Порядок доступа: http:// www.vostlit. info/Texts/ rus16/Fadlan/text.phtml?id=6123 (Санаи руҷуъ 20.05.2025)
3. Бартольд В.В. Сочинения. Т. I-IX. - М.: 1963-1977.
4. Низомулмулк. Сиёсатнома. – Душанбе: «Шарқи озод», 1998. – С.119
5. Сайти ВКХ: https://mfa.tj/tg/main/view/149/sarhadi-davlatii-jumhurii-tojikiston-bo-jumhurii-islomii-afgoniston(Санаи руҷуъ 20.05.2025)
6. Сайти ВКХ: https://mfa.tj/tg/main/view/150/sarhadi-davlatii-jumhurii-tojikiston-bo-jumhurii-khalqii-khitoi(Санаи руҷуъ 20.05.2025)
7. Сайти ВКХ: https://mfa.tj/tg/main/view/151/sarhadi-davlatii-jumhurii-tojikiston-bo-jumhurii-qirgiziston(Санаи руҷуъ 20.05.2025)
8. Сайти ВКХ: https://mfa.tj/tg/main/view/152/sarhadi-davlatii-jumhurii-tojikiston-bo-jumhurii-uzbekiston(Санаи руҷуъ 20.05.2025)
9. Ҳудуд-ул-олам. - Душанбе: «Бухоро», 2014. – С.66
Шаҳрванд кист ва ҷомеаи шаҳрвандӣ чӣ гуна навъи ҷомеа мебошад? Баррасии ин масъала ва посух додан ба ин савол аз нимаи дуюми асри XX то кунун таваҷҷуҳи ҷомеашиносон ва файласуфонро ба худ кашида, ба мавзуи баҳсталаб табдил ёфтааст. Махсусан, дар мавриди фаҳмиши мафҳуми “шаҳрванд” дидгоҳҳои гуногун мавҷуд мебошанд. Аммо таҳлил ва муқоисаи назархоҳиҳо нишон медиҳанд, ки аз ҷанбаи этимологӣ ё баромад мафҳуми “шаҳрванд” (“гражданин”) аз калимаҳои полис (шаҳр)-и юнонӣ ва “град” (“город”)-и русӣ таркиб ёфтааст.
Ин фаҳмишро бо муқоисаи чанд нукта метавон асоснок кард. Масалан, ба андешаи ҷомеашинос В.И.Дал «Шаҳрванд - сокини шаҳр, шаҳрӣ, шаҳрнишин, узви умумияти одамон ё шаҳр, ки дар зери идораи як ҳукумати умумӣ, ҳар як шахс ё инсон, ки мансубият ба ин халқ, кишвар ва давлат доранд, мебошад».[4, с.389-390] Донишмандони рус С.И.Ожегов ва Н.Ю.Шведова бошанд, шаҳрванд гуфта шахсеро дар назар доранд, ки сокини доимии ҳамон кишвар аст, барои ҳифзи он омода аст ва дорои ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳо махсус мебошад».[8, с.143]
Дар “Луғати фалсафии муосир” дар заминаи такмил додани таърифҳои қаблӣ шаҳрванд гуфта, фарди алоҳида, ки ҳуқуқҳои заруриро ҷиҳати озодона истифода бурдани ваколатҳои худ дорад, барои иҷрои амалҳои хеш қобилият ва масъулияти пурраи ҷавобгариро дар назди қонун, ҷамъият ва дигар шаҳрвандон зарурӣ мешуморад, фаҳмида мешавад. [12, с.164]
Аз муқоисаи ин фаҳмишҳо бармеояд, ки ҳама таърифҳо мазмунан ба якдигар монанд мебошанд ва нуктаи ниҳоии онҳо ин аст, ки шаҳрванд - ин мақоми муайяни иҷтимоии шахс аст, ки ӯ аз рӯйи ҳуқуқ ва уҳдадориҳо ба он нойил мегардад.
Мафҳуми «ҷомеаи шаҳрвандӣ» бошад, таърихан иртиботи ногусастанӣ бо мафҳуми «шаҳрванд» дорад, ки маншаи худро аз фалсафаи қадим гирифтааст. Чунки юнониёни қадим худро берун аз полис (шаҳр) тасаввур карда наметавонистанд. Полис - ин умумияти муайяни муташаккили одамон фаҳмида мешуд. Ба ақидаи мутафаккирони юнонӣ аъзои полис будан маънои шаҳрванд буданро дошт, аммо на ҳамаи одамони дар полис маскунбуда, шаҳрванд баҳисоб мерафтанд. Ғуломон, хориҷиён ва афроди ғайриқонунӣ таваллудшударо мутафаккирони юнонӣ шаҳрванд намеҳисобиданд.
Махсусан, файласуфи юнонӣ Афлотун [10, с.260] бори аввал дар баробари “давлати сиёсӣ” вуҷуд доштани “ҷоеаи шаҳрвандӣ”-ро эътироф кардааст. Ба андешаи ӯ ҷомеаи шаҳрвандӣ чунин ҷомеае мебошад, ки барои қонеъ кардани талаботи шаҳрвандон хизмат мекунад.
Файласуфи дигари юнонӣ Арасту инсонро мавҷуди сиёсӣ, вуҷуде, ки қобилияти фарқ кардани некиро аз бадӣ, адолатро аз беадолатӣ дорад, меҳисобад. Қайд мекунад, ки танҳо ҷамъият шароитро барои такомули инсон муҳайё менамояд. Инсон қодир аст, ки тавассути зиндагӣ дар ҷомеа ба фазилатҳои олӣ нойил гардад. Ӯ мафҳумҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи сиёсӣ (давлат)-ро аз рӯйи мавҷудияти ҳувиятӣ ва мазмун як мешуморад. [1, с.376-644]
Бо вуҷуди ин мафҳуми civis (истилоҳи лотинӣ буда, маънои "шаҳрванд"-ро дорад) аз истилоҳи юнонии polites тафовут дорад. Ба он хотир, ки шаҳрванди Рим бояд сифатҳои зерини ахлоқиро дошта бошад: меҳрубонӣ, хайрхоҳӣ, саховатмандӣ, самимият, ватандӯстӣ. Инчунин, барои пойдории сулҳ бояд ҷанговар бошад. Дар робита бо ин, образи шаҳрванд дар Рим образи ҳарбӣ-аристократиро ифода мекард.
Ҳамин тавр, дар аҳди қадим шаҳрванд мавҷуди расмӣ ба ҳисоб мерафт. Барои ӯ иштирок дар соҳаи давлатдорӣ - кори бошараф маҳсуб меёфт. Манфиати давлатро аз манфиати шахси алоҳида ҷудо намепиндоштанд. Умуман, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки онро маҷмуи шаҳрвандон ташкил медод бо давлат айният медоданд.
Дар асрҳои XV-XVII бо баробари ташаккул ва рушд ёфтани донишҳои илмӣ ва методологияи таҳқиқи масъала аз ҷанбаи назариявӣ ва системанок таҳқиқ кардани падидаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, муайян кардани фарқиятҳои мавҷудаи байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мавзуи калидии муҳаққиқони соҳа қарор гирифт. Бавижа, Н.Макиавелли андар боби фарқияти байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар зерманзари муносибат ба ахлоқ ва сиёсат ибрози назар карда, қайд карда буд, ки давлат аз маҷмуи муносибатҳои сиёсӣ иборат буда ва сиёсат муносибати ғайриахлоқӣ аст. Аммо дар тафовут аз он ҷомеаи шаҳрвандӣ маҷмуи муносибатҳои ғайрисиёсӣ буда, ҷавҳари онро ахлоқ ташкил медиҳад ва мувофиқ ба талаботи он давлат бояд ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон дахолат накунад, аммо иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандонро назорат барад. Бо вуҷуди мушаххас кардани тафовути байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ Н.Макиавелли низ зикр менамояд, ки давлат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд ба давлат вобастагии зич дошта бошанд.
Марҳилаи муҳимми ташаккули муносибатҳои нав ба фаҳмиши мафҳуми шаҳрвандӣ аз эътирофи хусусияти таърихии ҳуқуқи инсон сарчашма мегирад. Дар ин марҳила Томас Гоббс яке аз аввалин файласуфоне буд, ки талаботи давлати сохибихтиёр ва ягонаро ба миён гузошт, ки маънои бартараф кардани нобаробарӣ ва гуногунҷанбагии ҳуқуқро, ки хос барои давраи асримиёнагӣ буд, дошт. Дар тафовут аз дигар мутафаккирон ӯ қайд карда буд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ бо давлат айният доранд. [3, с.731]
Т.Гоббс маҳз дар рисолаи “Левиофан” тасдиқ намуд, ки одамон табиатан баробаранд (баробарӣ шартӣ аст, аммо он вуҷуд дорад). [3, 93] Аз ин сабаб мусовот дар баробари баробарии умедҳо ҷиҳати расидан ба мақсадҳо ба вуҷуд омад. Баъдан нобоварӣ ба ҳамдигар боис гашт, ки рақобат, ҷанг ба муқобили ҳама, ки дар чунин ҷанг ягон амал наметавонад ғайриодилона бошад, шуълаи оташи худро фурӯзон кард. Бо вуҷуди ин, ҳавасҳо вуҷуд доранд, ки одамонро ба сулҳу осоиш мойил мекунанд. Аз ин ҷо Т.Гоббс қонуни табииро коркард карда, менависад, ки «Инсон бояд сулҳро ҷӯяд ва пайравӣ аз он кунад".[3, с.129]
Ба ақидаи Т.Гоббс қонуни табиӣ дастуре фаҳмида мешавад, ки ақлонӣ таҳия шудааст. Мувофиқ ба он барои шахс иҷрои он корҳое, ки ба ҳаёти ӯ зараровар мебошанд, манъ аст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мисли давлат қайд мекунад ӯ ин ҳолати иҷтимоӣ аст, ки алайҳи ҷанг муқобил меистад ва хостори низоми осоиштаӣ ҷомеа мебошад. Бо ин дидгоҳ Т.Гоббс ду андешаи мухолиф, ду ҳолати иҷтимоии одамон - табиӣ ва тамаддуниро мушаххас менамояд.
Сиёсатшиноси тоҷик Г.Зокиров низ дар боби пайдоиши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тафриқаи он аз давлат таҳқиқот анҷом дода, ба чунин хулоса меояд, ки “Дар аввал мафҳуми мазкурро Т.Гротсий ва Т.Гоббс истифода намудаанд. Мафҳуми “ҷомеаи шаҳрвандӣ”-ро барои ифодаи инкишофи таърихии ҷомеаи инсонӣ, гузариши инсон аз мавҷудоти табиӣ ба ҳолати мутамаддин истифода бурдаанд”. [5, с.3] Аз диди муҳаққиқи тоҷик донишмандони аврупоӣ дар аввал мафҳуми “Ҷомеаи шаҳрвандӣ”-ро аз мафҳумҳои “давлат” ё “ҷомеаи сиёсӣ” чандон фарқ намекарданд, аммо дар ягон мавриде “ҷомеаи шаҳрвандӣ”-ро бо мафҳуми “давлат” ба як маъно истифода набурдаанд.
Намояндагони дигари назарияи натуралистӣ низ чун ҳамназарони худ ҷомеаи шаҳрвандиро як ҳолати табиӣ мешуморанд. Онҳо байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат тафовути ҷиддиеро намегузоранд. Зеро ҷомеа хусусияти табиӣ дошта, давлат ҷомеаи шаҳрвандиро ташаккул медиҳад.
Ибораи ҳолати табиӣ бошад, на маънои беэътинойӣ ба қонунҳо, балки ба қонунҳои табиие, ки зуровариро манъ карда, аъзои худро барои эҳтиром доштани моликият ва дастгирӣ аз сулҳ даъват мекунанд, фаҳмида мешавад. Ҳамин тавр, И.Кант мафҳуми «мухтории ахлоқӣ»-и шахсро истифода мебарад, ки мувофиқ ба он дар бораи тартиботи ҳуқуқӣ метавон ҳамон вақт сухан гуфт, ки он ҷо ҷомеа новобаста аз давлат воситаҳо ва таҳримҳоро, ки онҳо метавонанд фарди алоҳидаро маҷбур намоянд то меъёрҳои умумиэътирофшударо риоя дорад, истифода барад. Ба ақидаи И.Кант зарур аст, ки фард аз ҳолати табиӣ, ки дар он ҳар кас аз рӯйи ақлонияти худ рафтор мекунад ва бо ҳамаи қувваҳо муттаҳид мегардад, барояд. Зеро ҷомеаи шаҳрвандӣ – ин муҳитест, ки тартибҳои амалиро, ки тавассути онҳо худ ба худ зуҳури амали тасодуфӣ зарур мегардад, фаҳмид. [6, с.63]
Ба андешаи Г.В.Гегел «Ҷомеаи шаҳрвандӣ як фарқиятест, ки байни оила ва давлат эҷод карда мешавад. Ҳарчанд инкишофи ҷоеаи шаҳрвандӣ нисбат ба рушди давлат дертар шурӯъ мешавад».[6, 228] Умуман, ҷомеаи шаҳрвандӣ ба фаҳмиши В.Гегел муқобили давлат баромад мекунад, аммо на ба он маъно, ки манфиатҳои ахлоқӣ ва иҷтимоии он гуногунанд, балки аз рӯйи пайдоиш онҳо куллан иттиҳодияҳои мутлақи одамон мебошанд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ барои манфиатҳои шахсӣ хизмат мекунад, бинобар ин, ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мавҷудияти давлат зарур мебошад.
Ҷон Локк бошад, муътақид бар он назар буд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ аз давлат дида пештар пайдо шудааст. Пайдоиши давлатро маҳсули рушду инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ шуморида, ҳамзамон қайд мекунад, ки он дар вақти зарурат боз аз байн меравад.
Файласуфи фаронсавӣ Жан-Жак Руссо низ андешаи Ҷ.Локкро тақвият дода, пайдоиши давлатро натиҷаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ меҳисобад. Ҷомеае, ки барои пайдоиши давлат замина гузошта, асоси шартномаи ҷамъиятиро ба вуҷуд овардааст. Ба ақидаи ӯ, мавҷудияти шартнома оид ба озодиҳо ва маҳдудиятҳо моҳияти чунин ҷомеаро ташкил медиҳад. Яъне, он нафаре, ки аввалин шуда қитъаи заминро тоза карда, гуфт ки “ин аз они ман аст” – ӯ асосгузори ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, таъкид дошт файласуф. [7]
Шарл Луи Монтеске низ ақидаи ҳамназарони худро дар бораи пайдоиши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат тақвият дода, иловатан зикр намуда буд, ки давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шабеҳи ҳамдигар намебошанд, вале бе якдигар вуҷуд доштанашон ногузир аст. Аз байн бурдани яке аз онҳо боиси шиддатнокӣ ва ба таркиши иҷтимоӣ дучор омадани ҷомеа мегардад. Дар баробари ин, афзалияти ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбат ба давлат пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ қудрат дорад, ки пеши роҳи диктатура ва худкомагиро дар низоми давлатдорӣ бигирад. [9, с.542]
Дар асоси таҳлилу муқоисаи андешаҳо ва нуктаи назари мухталифи муҳаққиқон метавон натиҷагирӣ намуд, ки имрӯз дар риштаи илмҳои ҷомеашиносӣ андар фаҳмиши илмии мафҳуми “ҷомеаи шаҳрвандӣ”ба чунин консепсияҳои илмӣ дучор омад:
• ҷомеаи шаҳрвандӣ навъи ҷомеаест, ки бар хилофи анархия (анархия аз калимаи юнонии ἀναρχία гирифта шуда, маънои беҳокимиятиро дорад) – ҷомеае, ки дар он давлат ва қонун вуҷуд надорад, баромад мекунад;
• ҷоемаи шаҳрвандӣ ҷомеаест, ки ба муқобили фаъолият ва назму насақи идораи калисо пайдо шудааст;
• ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷомеаест, ки маҷмуи муносибатҳои ҷамъиятиро дар бар гирифта, ба давлат муқобил мебошад;
• ҷомеаи шаҳрванди як падидаи наврӯидаест, ки хосси тамаддуни Ғарб мебошад.
Мувофиқ ба таърифе, ки дар “Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқӣ” нисбати ибораи мазкур дода шудааст, ин аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ - ҷомеаест, ки сатҳи муайяни ҳолати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ, равонӣ, ахлоқӣ, байнифардӣ ва иттилоотии ҷомеаро таъмин мекунад. [11, с.563] Пас, аз ин таъриф бармеояд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ чунин ҷомеаест, ки дар он шаклҳои гуногуни моликият мавҷуд буда, шаҳрвандон вобаста ба касб, шуғли дошта ба навъҳои гуногуни фаъолият машғул мешаванд. Мустақиман андешаи худро озодона изҳор медоранд, барои тарғиби ақидаҳои худ иттиҳодияҳои гуногун барпо менамоянд, то ки манфиатҳояшон ҳимоя гарданд.
Умуман, шароитҳоеро, ки барои пайдоиши ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат карданд метавон ба таври зер нишонрас кард: мавҷудияти демократия дар соҳаи иҷтимоӣ; ҳифз гаштани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон; сатҳи муайяни фарҳанги шаҳрвандӣ; фаъолнокии шаҳрвандии аҳолӣ; таъмини пурраи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон; худидоракунӣ; тақвият ёфтани гуногунандешӣ, озодии сухан ва баёни озоди ақида; мароқи зиёд зоҳир кардан ба қишри миёнаи аҳолӣ ва ғайра. Нишонаҳои асосии мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандӣ бошанд, инҳоянд: дорои муносибатҳои иқтисодии рушдёфта будани ҷамъият; эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои табии инсон ва ҳифзи самаранокии онҳоро таъмин кардан; мавҷуд набудани монополияи идеологӣ дар ҷамъият ва худидора будани корҳои шахсии инсонҳо ва ғайра.
Ҳамин тавр, мазмунан, ҷомеаи шаҳрвандӣ бо давлати ҳуқуқбунёд иртиботи зич дорад. Ба он хотир, ки давлати ҳуқуқбунёдро он ҷойе метавон бунёд кард, ки дар он макон ҷомеаи шаҳрвандии дар шакли зарурӣ ташаккулёфта мавҷуд бошад. Зеро дар ин ҷомеа қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танизимкунандаи ҳама гуна амалу рафтор ва муносибатҳои шаҳрвандон: иқтисодӣ, фарҳангӣ, оилавӣ, иттилоотӣ, нажодӣ ва ғайра, ки бе дахолати давлат сурат мегиранд, мебошанд. Яъне дар сатҳи зарурӣ ҳуқуқу озодиҳои шахс қадр карда мешаванд. Аммо набояд ҷамъиятро аз давлат, ки маҳсули инкишоф ва як шакли мавҷудияти он мебошад ҷудо кунем. Танҳо талабот пеш меояд, ки бо ин вижагириҳои хосси ҷомеаи шаҳрвандӣ соҳаи сиёсиро аз ғайрисиёсӣ, давлатро аз ҷамъият фарқ карда тавонем.
Дар маҷмуъ, инсон унсури муҳимми ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, вале ӯ дар алоҳидагӣ қударати қонеъ кардани талаботи моддию маънавии худро надорад ва бинобар ин, ба ҳамкорӣ, меҳнати дастаҷамъӣ, робита барқарор кардан бо ҳамдигар, аз ҷумла давлат эҳтиёҷ дорад. Бахусус, давлат, ки барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, хифзи моликият, тартибот, таъмини рақобати озод, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, фасодзадагӣ ва ғайра ба шаҳрвандон шароити муътадил фароҳам меорад, пас шаҳрвандон вазифадор мебошанд, ки назди давлат уҳдадориҳои худро иҷро намояд. Дар сурати иҷро намудани уҳдадориҳо давлат ҳақ надорад, ки ба дигар корҳои шахсии инсон дахолат намояд.
Ниҳоят, ҳамаи ин вижагириҳо ифодакунандаи он маъно мебошанд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ - ҷомеаи ҳуқуқӣ, демократӣ, гуманистӣ ва сулҳдӯстона маҳсуб ёфта, дар он роҳёбии ҳар гуна навъи зӯрӣ ба шахсият ҷой надорад. Баръакс, дар он ҷомеа принсипҳои адолат, баробарӣ риоя карда шуда, ҳуқуқ ва озодҳои инсон пурра ҳифз карда мешаванд. Дар асоси ин таҳлилу баррасиҳо месазад зикр кард, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дорои вазифаҳои мушаххас мебошад:
- ҳифзи соҳаи хусусии ҳаёти одамон;
- риоя ва назорати ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии давлати ҳуқуқбунёд ва тақсими ҳокимият;
- муътадил нигоҳ доштани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва равандҳо, таъмини тавозун байни соҳаҳои давлатӣ ва молиявии ҷомеа;
- ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятӣ;
- бурдани муборизаи созишоваранда барои дар ҳаёт татбиқ кардани принсипҳои конститутсионии давлати ҳуқуқбунёд;
- роҳ надодан ба зуҳури амалҳои коорупсионӣ дар ҷомеа ва ғайра.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ як унсури муҳим дар низоми тавозуни ҷомеаи муосир буда, имкон медиҳад, ки фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ назорат ва маҳдуд карда, аз нақзи қонун ва дахолати аз ҳад зиёди онҳо ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон пешгирӣ карда шавад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ имкон медиҳад, ки манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ба таври муассир пешбарӣ карда, ҳуқуқҳои онҳо, аз ҷумла тавассути пешбурди ташаббусҳои қонунгузорӣ ҳифз карда шаванд. Ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар асоси ҳамкорӣ ва шарикии гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ амал мекунанд, бояд зиддиятҳои иҷтимоиро танзим намуда, муносибатҳои иҷтимоиро ба ҳам мувофиқ гардонанд.
Бояд гуфт, ки мувофиқ ба Конститутсия дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳадафи асосӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ин санад барои ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нақши муассир гузошт. Аз ҷумла, Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон кард, ки моҳияти онро иштироки васеи шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ташкил медиҳад. Ҳокимияти давлатиро ба се навъ: ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суд, ки падидаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд, тақсим намуда, бо ин васила байни ин шохаҳо, равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ гуногунандешии сиёсиро кафолат дод. Ба он хотир, ки агар давлати тозабунёди тоҷикон талош варзад, ки дар қатори давлатҳои мутараққии ҷаҳони муосир ҷой гирад, бояд аз арзишҳои умумибашарӣ пуштибонӣ кунад, махсусан гуногунандешии сиёсиро қабул намояд.
Ҳамин тавр, агар ҷомеаи шаҳрвандӣ унсури муҳимми ҷомеаи иҷтимоӣ бошад, пас Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама вазъи ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин намуд. Бавижа, шарафи инсон, эҳтиром ба шахсият ва оиларо ба сифати пояи асосии сохтори ҷамъиятиву сиёсӣ ва давлатӣ эътироф кард. Аз ин рӯ, метавон бо эътимод ироа дошт, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон баъд аз қабули ин санади тақдирсоз ташаккул ёфтааст. Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи шаҳрвандӣ зодаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунёявӣ мебошад ва дар навбати худ ҳар қадаре, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ инкишоф ёбад, давлати демократӣ ҳам ба ҳамон андоза пеш меравад.
Мувофиқи маводи муътамад ҳоло дар кишвар 7 ҳизби сиёсӣ ва қариб дуюним ҳазор созмони ҷамъиятӣ бо дархосту пешниҳодҳои созандаи худ таъсиргузор буда, онҳо дар доираи талаботи оинномавии худ ба хотири пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон саъю талош мекунанд".[13]
Ё худ «Конститутсия ҳукуқи ҳар шахсро ба озодии сухан, нашр, истифодаи воситаҳои ахбори омма, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, муттаҳид шудан, иштирок дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ихтиёран дохил шудан ва баромадан аз онҳо, муроҷиат намудан ба мақомоти давлатӣ ва дигар ҳуқуқҳои инсонро таҳким бахшида, кафолати таъмин ва амалишавии онҳоро аз ҷониби тамоми мақомоти давлатӣ муқаррар кардааст. Дар ҳамин радиф баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар асоси Конститутсия барои таъсиси ниҳодҳои демократӣ замина гузошта шуда, механизми ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин гардид, ки ин иқдом барои густариши минбаъдаи ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳалли проблемаҳои ҳаётӣ ва рушди андешаи давлатдории миллӣ мусоидат намуд. Дар заминаи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ташкилотҳои гуногун таъсис дода шуда, фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар шароити озод ва гуногунандешӣ пеш бурда мешавад ва мустақилияти ҳизбҳои сиёсӣ кафолат дода шуда, худидоракунии маҳаллӣ ҳамчун принсипи муҳимми демократӣ эътироф карда шудааст”. [14]
Дар баробари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардидани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ", "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ", "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот", "Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ" ва ғайра имконият фароҳам оварданд, ки дар ҷомеаи мусоири тоҷик шаклҳои мухталифи равияҳои сиёсӣ ва ақидатӣ ташаккул ёбанд, халқ ба сифати манбаи ҳокимият баромад карда, озодии сухан, интихоб, машғул шудан ба шаклҳои гуногуни фаъолият ва ғайра риоя гарданд.
Дар маҷмуъ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳои “ҷомеаи шаҳрвандӣ” ва “давлат” айнан як маъноро ифода накарда, бо вуҷуди бо ҳамдигар алоқамандии зич доштан, аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун шакли умумияти одамон ба сифати манбаи ҳокимияти давлатӣ баромад мекунад. Ҳаёти моддию маънавии шаҳрвандонро таъмин сохта, манфиату талаботашонро қонеъ мегардонад. Давлат ҳамчун ифодаи расмии ҷомеаи шаҳрвандӣ унсури асосии низоми сиёсӣ, ифодагари манфиатҳои умум мебошад.
Адабиёт
1. Аристотель. Сочинения в 4 т. Т. 4. - М.: Мысль, 1983. - С. 376-644.
2. Гегель, Г. В. Ф. Философия права. - М.: Мысль, 1990. - 524 с. - С. 228.
3. Гоббс, Т. Сочинения в 2-х томах. Т.2. - М.: Мысль, 1991. - 731с.
4. Даль В.И. Толковый словарь живого великорусского языка. В 4-х томах. Т.1. - М.: Русский язык, 1978. - 699 с. – С. 389-390.
5. Зокиров Г. Ҷомеаи шаҳрвандӣ. – Душанбе, 2001. – 31с.
6. Кант, И. Метафизика нравов: В 2 частях [Текст] / И. Кант. – М.: Мир книги, Литература, 2007. - 400с. – С.63.
7. Кара-Мурза С. Г. «Общество граждан» Архивная копия от 23 октября 2018 на Wayback Machine.
8. Ожегов, С. И., Шведова, Н. Ю. Толковый словарь русского языка: 80000 слов и фразеологических выражений. - М.: Азбуковник, 1999. – 944 с. - С.143.
9.Баранов, П., Воронцов, А., Шевченко, С. Обществознание. Полный справочник: [арх. 24 января 2022]. - М.: АСТ: Астрель, 2015. - С. 314. - 542 с.
10. Платон. Сочинения. В 3-х томах. Т.3. - М.: Мысль, 1971. - 681с.- С.260.
11. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқӣ. Зери таҳрири М.А.Маҳмудов. – Душанбе: ЭР-граф, 2009. – С.563.
12. Современный философский словарь /Под ред. Кемерова В.Е. - М., 2004. - 864 с. -С. 164.
13. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 январи соли 2017.
14. https://donish.org/en/course/learn/
Самиев Б.Ҷ. – д.и.ф., профессор, мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ТАШАББУСКОРИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР САТҲИ ГЛОБАЛӢ
Ба истиқболи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, 29-31 майи 2025,ш.Душанбе
Моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, якдилона қабул кард.
Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид.
Дар асоси ин Қатънома, 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид ва қарори дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расид. Ин ташаббуси Пешвои миллат барои инсоният ва сайёраи мо воқеан аҳамияти бузург дорад, зеро он ба ҳифзи табиат ва захираҳои обӣ, дар маҷмӯъ ба ҳифзи ҳаёти инсоният дар сайёраи мо равона шудааст.
Нақши пиряхҳо дар таҳаввулоти кураи Замин ва инсоният хеле бузург аст. Инкишофи муҳити ҷуғрофии кураи Замин бо мувозинати гармӣ ва намнокӣ муайян карда мешавад, ки он ба ҷараёни шаклгириву тағйирёбии пиряхҳо сахт вобаста аст.
Пиряхҳо ҳангоми паст шудани ҳарорати ҳаво ва зиёд шудани бориш ба иқлими Замин таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, инсониятро зарур аст, ки ба обшавии пиряхҳо роҳ надиҳад. Дар сурати обшавии пиряхҳо ҳарорати миёнаи солонаи Замин метавонад баланд гардад ва ба ҳаёти инсоният таъсири манфӣ расонад. Гузашта аз ин, пиряхҳо манбаи асосии оби ошомиданианд ва захираи ягонаи оби тозаи сайёраро ташкил медиҳанд. Ин воқеият на танҳо барои аҳолии Замин, балки барои ҳайвоноту наботот ҳам ниҳоят муҳим аст. Пиряхҳо дарёҳои нав ба вуҷуд меоваранд, ки бидуни онҳо рушди зироаткорӣ ва таъмини инсоният бо ғизо дар ҷаҳон имконнопазир аст.
Дар даҳсолаҳои охир баландшавии мизони миёнаи ҳарорат дар ҷаҳон ба мушоҳида мерасад. Ин падида ба “натиҷаи амали гармхонаҳо”, ки ба ифлосшавии ҳаво иртибот дорад, вобаста аст. Саранҷоми ин ҳама обшавии пиряхҳо ва хеле кам шудани майдони онҳо мебошад.
Имрӯз дар тамоми ҷаҳон пиряхҳо бо суръат кам мешаванд. Тахмин мезананд, ки то соли 2100 нисфи пиряхҳои кӯҳии ҷаҳон аз байн хоҳанд рафт. Тақрибан 1,5-2 миллиард нафар одамоне, ки дар кишварҳои мухталифи Осиё, Аврупо ва Америка зиндагӣ мекунанд, ба душвории камбуди об дучор мегарданд ва дарёҳое, ки аз пиряхҳо сарчашма доранд, хушк мешаванд. Дар баробари ин, сатҳи баҳрҳо, уқёнусҳо баланд шуда, заминҳои назди соҳилҳо зери об мемонанд. Ва ин падидаи фоҷеабор ба рушди зироаткорӣ ва зиндагии мардум таъсири бад мерасонад. Яъне обшавии пиряхҳо башарро бо афзоиши масоили глобалии экологӣ рӯ ба рӯ месозад.
Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ибтидои асри XXI ба ҳалли масоили глобалии экологӣ хеле афзуд. Ин падида аз он мегӯяд, ки инсоният масъалаи коҳиш ёфтани захираҳои ҳавои тозаву обро дарк карда истодааст. Инро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тасдиқ мекунанд. Таҳқиқот манзараи нигаронкунандаи вазъи захираҳои табиӣ ва дурнамои онро пеши назар меоваранд. Яке аз таҳдидҳои глобалӣ ба зиндагии башар коҳиши захираҳои об мебошад. Мушкилоти истифодаи об дар ҷаҳон ба омили муҳими таъсиргузор ба иқтисодиёту иҷтимоиёт, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ табдил ёфта истодааст. Дар пайи зиёдшавии шумораи аҳолӣ дар сайёраи Замин ҳаҷми истеъмоли об низ зиёд гардид. Вале, захираҳои обӣ рӯзафзун кам мегарданд.
Истеъмоли об дар ҷаҳон, аз ҷумла дар соҳаи саноат дар тӯли зиёда аз 100 соли охир босуръат афзоиш меёбад. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, тақрибан 700 миллион нафар дар 43 кишвари ҷаҳон дар шароити норасоии оби тоза зиндагӣ ба сар мебаранд.
Ба андешаи олимон, то соли 2025, дар сурати наандешидани тадбирҳои таъҷилӣ ҳудуди 3 миллиард нафар бидуни оби ошомиданӣ ва маишӣ мемонанд. Тақрибан дар байни солҳои 2035 ва 2045 ҳаҷми оби тозаи истеъмолшуда ба захираҳои он баробар мешавад. Тибқи аснод, танҳо 2,5% оби мавҷуда дар Замин ширин ва муносиб ба нӯшидан аст.
Норасоии оби тоза метавонад боиси мушкилоти ҷиддии иҷтимоии марбут ба саломатии инсон гардад. Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, 88% бемориҳо дар ҷаҳон вобаста ба сифати пасти оби ошомиданӣ ва камбуди об барои поккорӣ будааст.
Таърихи инсоният гувоҳ аст, камбуди об боиси даргириҳои мусаллаҳонаи байни давлатҳо мегардад. Дар даҳсолаи охир ин гуна ихтилоф дар 46 кишвари ҷаҳон, ки 2,7 миллиард аҳолӣ доранд, рух додааст ва дар 56 кишвари дорои 1,2 миллиард аҳолӣ хатари ҷиддии бесуботии сиёсӣ вуҷуд дорад. Хусусан бо бад шудани муҳити зист ихтилофи миёни давлатҳои минтақаҳои Шарқи Наздику Миёна, Осиёи Марказӣ ва Африкаи Шимолӣ зиёд хоҳад шуд.
Захираҳои маҳдуди об дар ҳавзаҳои дарёҳо рақобати миёни кишварҳоро тезутунд мегардонад. Эҳтимоли сар задани ихтилоф бар асоси манфиатҳои иқтисодӣ миёни давлатҳои ҳамсоя, ки дар саргаҳ ва резишгоҳи дарёҳо ҷойгиранд, ба маротиб меафзояд Дар ин шароит зиддияти алоқаманд ба камбуди об махсусияти байналмилалӣ мегирад ва оқибатҳои эҳтимолии муборизаи миёни давлатҳоро пешгӯӣ кардан душвор аст.
Имрӯз барои ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати муосири мансуб ба об ва роҳу усулҳои илман асосноки ҳалли мушкилоти он зарур мебошад. Дар ин замина, сиёсати об бояд яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб равад. Он бояд дастгоҳи асосӣ барои таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии давлат ва амалисозии ҳадафҳои миллӣ бошад.
Омӯзиши амиқи масоили ҳалли мушкилоти обӣ, сиёсати одилонаи марбут ба он дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дарки нақш ва таъсири он ба равандҳои геполитикии муосир дар минтақа имрӯз хеле мубрам ва муҳим аст. Мақсад аз зикри ин нуктаҳо равшан намудани мазмуну моҳияти иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои марбут ба об ва истифодаи муассиру оқилонаи он буда, ҳадафи калидии онҳо, ба фикри мо, ҳалли яке аз мушкилоти умдаи башарият, яъне раҳоӣ аз буҳрони обӣ ба ҳисоб меравад. Дар даврони ҷаҳонишавии олами муосир гирифтори буҳронҳои шадиди сиёсӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ буда, буҳрони марбут ба оби тоза аз ҷумлаи муҳимтарин ва мушкилтарини онҳост.
Чуноне ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028», моҳи июни соли гузашта дар шаҳри Душанбе изҳор намуданд, Тоҷикистон аз гармшавии глобалӣ садҳо миллион доллар зарар дидааст. Ба андешаи Сарвари давлат, тағйироти иқлим ва оқибатҳои он ба иқтисоди ҷумҳурӣ хисороти ҳангуфт меоранд, зеро Тоҷикистон давлати кӯҳистонӣ буда, пиряхҳои зиёд дорад. Дар натиҷаи ин раванд афзоиши бесобиқаи обхезӣ, селҳои пиряхӣ, хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ мушоҳида мешаванд. Тайи чанд даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон беш аз як ҳазор пирях об шуда, пиряхи калонтарини дунё дар хушкӣ – Федченко, ки дар мамлакати мо ҷойгир аст, аз лиҳози ҳаҷм 16 километри мукааб ва аз лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидааст. Дар ин робита, Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро дар давраи то соли 2030 қабул намудааст. Бо мақсади пайгирии ин равандҳо ва андешидани тадбирҳо барои мутобиқшавӣ ба онҳо Ҳукумати Тоҷикистон дар назди Академияи миллии илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дод. Қобили зикр аст, ки масоҳати пиряхҳо ҳашт аз сади қаламрави мамлакатро ташкил медиҳад.
Аз ин лиҳоз ташаббуси навбатии байналмилалии Пешвои миллат оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон — ин давоми мантиқии ташаббусҳои марбут ба ҳифзи захираҳои об дар ҷаҳон мебошад. Бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”, соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” эълон намуд, ки мақсадаш беҳтар намудани истифодаи об ва риояи адолат дар раванди дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар миқёси ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки аз ҷониби СММ ва кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд, дар ҳалли мушкилоти об ҳам дар саросари ҷаҳон ва ҳам дар кишварҳои алоҳида мусоидат карданд.
Ҳамаи ин ташаббусҳои Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон танҳо як ҳадаф доранд-бунёди минбари универсалӣ ва бисёрҷанба барои муҳокима ва ҷустуҷӯи роҳҳои оқилонаи ҳалли мушкилоти марбут ба захираҳои об.
Муаллифи ҳама ташаббусҳои ҷаҳонии марбут ба захираҳои об — Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо андешаҳои созандаи худ дар соҳаи истифодаи захираҳои об обрӯву мартабаи байналмилалии Тоҷикистонро ба маротиб боло бурданд. Тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор медоранд, «об дар рушди инсоният нақши ҳалкунанда дорад. Мардум аз қадимулайём дар наздикии сарчашмаҳои обе маскан гирифтаанд, ки ҳаёту ободӣ мебахшанд. Воқеан, об сарчашмаи ҳаёт аст ва инсоният ҳамеша онро ҳамчун сарвати муқаддас ситоиш ва васф кардааст. Дар шароити кунунии афзоиши босуръати аҳолӣ, рушди иқтисод ва таъсири дигар мушкилоте, ки сарбории изофӣ ба захираҳои табииро эҷод мекунанд, арзиши об ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт”. Аз ин рӯ, роҳандозии муколамаи созанда дар мавзӯи об, рушди дипломатияи об, ташаббусҳои нави марбут ба захираҳои об ба мисли эълон намудани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» метавонад барои ҳамкории дарозмуддати кишварҳо дар соҳаи истифодаи захираҳои обӣ шароит фароҳам оварад ва дар оянда низоъҳои марбут ба ин мушкилро пешгирӣ намояд.
Дар Қатъномаи мазкур аҳаммияти пиряхҳо барои дурнамои рушди инсоният ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор ба сароҳат дарҷ гардидааст.
Бояд гуфт, ки бори аввал дар соли 2009 дар ҷаласаи тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим дар Дания, инчунин дар ҷаласаҳои сатҳи баланд дар Фаронса, Швейтсария, Амрико ва баъдан моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи роҳбарони Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки об шудани босуръати пиряхҳо дар канори истеъмоли аз меъёр зиёди об, ки вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ аст, саранҷоми ногувор дорад. Таъкид шуда буд, ки таъсири гармшавии глобалӣ ва коҳиши пиряхҳо махсусан дар манотиқи кӯҳсор, боиси сар задани падидаҳои фоҷеабор дар сатҳи геополитикӣ, геофарҳангӣ ва геостратегии олами муосир мешавад.
Ба ҳамин хотир, иқдоми наву созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълон шудани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 ҳар сол таҷлили “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”ва инчунин таъсиси “Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки барои наҷоти башар нигаронида шудаанд, боиси дастгирии ҳамаҷониба буда, роҳ ба сӯи ояндаи дурахшони Замин ва башарият аст.
Дар анҷом ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро ҳамчун ташаббускори сиёсии сатҳи глобалӣ ва ҳамзамон масъулиятшинос муаррифӣ намуда, барои муттаҳидсозии саъю кӯшиши тамоми ҷонибҳои манфиатдор, бахусус пешвоёни сиёсии ҷаҳон дар қабул ва татбиқи тадбирҳо ҷиҳати таъмини идоракунии устувори захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо шароит фароҳам меоварад.
Ба шарофати ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва хидматҳои хоси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон имрӯз ҳамчун нақшофари муҳим ва калидии ҷаҳон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ шинохта шудааст.
Рустам Ҳайдарзода, - директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои фалсафа
Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд. Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлат ва ҷомеа қарор доранд. Онҳо на танҳо ояндасози миллат, балки дар ҳимоя ва тақвияти манфиатҳои миллӣ нақши калидӣ мебозанд. Манфиатҳои миллӣ, аз ҷумла истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ, Ваҳдати миллӣ, амнияту субот, таъриху фарҳанг бузургтарин арзишҳои миллӣ ба шумор рафта, барои рушду пешрафти кишвар аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Аз ин рӯ, ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди кишвар, ба хусус ҷавонони ба ору номус ва шуҷои Ватан ба шумор меравад.
Дар замони муосир ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа ва интиқолдиҳандаи арзишҳои миллӣ эътироф гардидааст. Гуфтан ба маврид аст, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии ҷомеаро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромади хеш пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Дар ҳақиқат ҷавонон қишри боэътимоди ҷомеа ва давомдиҳандаи наслҳои ояндаи миллату давлат ба шумор мераванд. Пешвои миллат, пайваста баҳри ояндаи дурахшони насли ояндаи миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”–ро пешниҳод намуданд, ва ин иқдом аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарфарозӣ қабул гардид. Аз ин рӯ, насли оянда, махсусан ҷавонон пайваста мавриди таваҷҷуҳи ҳукумату ҷомеа дар ҳар давру замон қарор доранд. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ пайваста рушд намуда, солҳои минбаъда ба як давлати мутараққӣ табдил хоҳад ёфт. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва тавоноии худ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мебошанд[4].
Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумотҳои оморӣ, айни ҳол зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 сола ташкил медиҳанд, ва маҳз Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон яке аз кишварҳои ҷавон ба ҳисоб меравад, ки синну соли миёнаи аҳолӣ 25-соларо ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки Пешвои миллат, ба неруву тавоноиҳои ҷавонони кишвар эътимоди комил доранд ва аз ин рӯ, соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд, ки ин иқдом ба ҷавонон неруву қувваи нотакрор бахшид, ки ҷавонон бо як боварии комил қадамҳои устувори хешро дар густаришу таҳкими сиёсати давлат мегузоранд. Дар замони соҳибистиқлолӣ, ҷавонон дар тамоми соҳаҳои давлатӣ, махсусан дар вазифаҳои роҳбарӣ низ кору фаъолият менамоянд.
Қобили зикр аст, ки ҷавонон пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муттаҳид гардида, баҳри густаришу таҳкими пешбурди сиёсати давлатӣ сидқан ва бо як ҳуввияти баланди миллӣ кору фаъолият менамоянд. Дар шароити кунунӣ вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста тағйир меёбад, ки махсусан ба ҷавонон таъсиргузор мебошад. Пешвои миллат, пайваста дар паёмҳои худ ба ҷавонон таъкид намуда, қайд менамоянд, ки “Зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ набояд аз даст диҳем ва Ватану кишвари азизи худро аз сидқ дӯст дошта, баҳри рушди кишвар сидқан хизмат намоем”[2]. Ҳамзамон Роҳбари давлат қайд намуданд, ки “Дар баробари нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, “ҷанги сард”, тағйирёбии иқлим, инчунин канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои беруна моро водор месозад, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем”[3].
Таъкид кардан ба маврид аст, ки ҷавонони болаёқату ҷасури тоҷик солҳои охир дар риштаи варзиш низ ба дастовардҳои бузурги байналмилалӣ ноил гардида истодаанд. Маҳз бо шарофати дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат варзишгарони мо тавонистанд маҳорату малака ва қобилиятҳои пурарзиши худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд. Махсусан, дастаи футболбозони мо, ки соли 2025 ба ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёфтанд, ки ин ҳам яке аз дастовардҳои бузурги байналмилалии варзишгарон ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд кард, ки варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2025, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҳамагӣ 226 ҷудокор аз 27 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд. Дар ин мусобиқа варзишгарони тоҷик 11 медал, 4 тилло, 3 нуқра ва 4 медали биринҷиро ба даст оварданд, ки дар миёни 27 кишвар Тоҷикистон ҷойи аввалро ишғол намуд. Дар ҷойи дуюм кишвари Озарбойҷон бо 4 медал ва Фаронса бо 7 медал ҷойи сеюмро ба даст оварданд. Бояд тазаккур дод, ки дар таърихи ҷудои Тоҷикистон бори аввал аст, ки варзишгарони тоҷик ба чунин дастоварди бузург, яъне ба 11 медал ноил гардиданд. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки бо медалҳои тилло Эмомалӣ Нуралӣ дар вазнҳои (-66кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), медалҳои нуқра Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва медалҳои биринҷӣ Мадина Қурбонзода (-52 кг), Ёсин Бобокалонов (-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Кароматулло Ҳакимов (-100кг ) сарфароз гардиданд. Рӯйдоди дигари таърихӣ дар ин мусобиқа аввалин бонуи ҷудокори тоҷик Мадина Қурбонзода мебошад, ки дар мусобиқаи Grand Slam аввалин маротиба иштирок намуда, соҳиби медали нуқра гардид[1].
Ҳамин тариқ бо боварии комил метавон гуфт, ки дар қалби ҷавонони тоҷик ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстӣ ҳувайдо гардида, пайваста баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ сидқан талош меварзанд. Ҷавонон пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат намуда, барои густаришу таҳкими сиёсати давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ талошҳои худро равона намудаанд. Дар яке аз баромадҳояшон Пешвои миллат чунин қайд намуданд, ки “Дар ҳеҷ як кишвари дунё мову шуморо интизор нестанд” ин сухан ба қалби ҷавонон таъсири бениҳоят ҷиддӣ гузошт ва ҷавонон сухани Сарвари давлатро ҳамчун шиори зиндагии ҳаррӯзаи худ қабул намуданд. Маҳз бовариву эътимоди Пешвои миллат ба кулли ҷавонони кишвар буд, ки имрӯз ҷавонон дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои бузурги дохиливу байналмилалӣ ноил гардида истодаанд.
Файзуллаева Нигора Негматовна, - ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Соҳиби Баҳруло, - ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Сарчашмаҳои истифодашуда:
1. 1 медали ҷудокорони тоҷик дар Dushanbe Grand Slam 2025. Манбаи электронӣ// https://varzishtv.tj/tj/news/11-medali-udokoroni-to-ik-dar-dushanbe-grand-slam-2025/ [Санаи дархост: 09.05.2025]
2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. Манбаи электронӣ// https://president.tj/event/missives/49225[Санаи дархост: 15.05.2025]
3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. Манбаи электронӣ// https://president.tj/event/missives/49225[Санаи дархост: 09.04.2025]
4. Ҳамидов.И.И.Нерӯи ояндасози миллат.-Д.2011.-140 с
2 майи соли 2024 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани «Рузи байналмилалии морхӯр» тариқи қатъномаи дахлдор пазируфт, ки ҳамасола 24 май дар саросари дунё муассисаҳои марбута ва дӯстдорони табиат бо баргузор намудани чорабиниҳои гуногун, ин рӯзро ҷашн мегиранд.
Қатънома аҳаммияти илмӣ ва амалӣ дошта, барқарор намудани гуногунии биологиро эътироф менамояд ва ҳифзу нигоҳдории ҳудуди паҳншавии морхӯр (бузи пармашох)-ро ҳамчун зарурати экологӣ ҷонибдорӣ менамояд. Дар ин замина аҳаммияти ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзу муҳофизати морхӯр, эътирофи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие, ки аллакай татбиқ мешаванд, қайд карда шудааст.
Ҳудуди паҳншавии морхӯр ё бузи пармашох васеъ буда, дар Тоҷикистон ин ҷонвари зеборо дар ду минтақаи аз ҳамдигар ҷудо - қаторкӯҳҳои Ҳазратишох, Дарвоз ва қаторкӯҳҳои Сарсараку Санглох вохӯрдан мумкин аст. Дар қаторкӯҳҳои Ҳазратишоҳ ва Дарвоз қаблан то замони Истиқлолияти давлатӣ саршумори ками он боқӣ монда, аммо дар қаторкӯҳҳои Сарсарак ва Санглох қариб, ки аз байн рафта буд.
Қайд кардан зарур аст, ки морхӯр ва ё бузи пармашох намуди осебпазир буда, ба Рӯйхати сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва Замимаи II Конвенсияи СИТЕС дохил карда шудааст.
Айни замон барқарор намудани саршумори ҳайвоноти нодири шикоршаванда, аз ҷумла морхӯр ва самаранок истифода намудани захираи он дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Бо ин мақсад дар мавзеъҳои сукунати он ташкилотҳои шикорӣ таъсис дода шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои марбутаи кишвар ҷиҳати ҳифзу нигоҳдории популятсияи ин ҳайвони нодир чораҳои мушаххас андешида мешаванд.
Таҳқиқ ва баҳодиҳии ҳолати популятсияи морхӯр (бузи пармашох)-ро олимони соҳаи биология ба зимма доранд. Дар асоси натиҷаҳои илмӣ бе расонидани таъсири манфӣ ба табиат, шумораи муайяни наринаҳои синну соли калон, ки қобилияти ҷуфтишавӣ надоранд, барои шикори ғаниматӣ тавсия карда мешаванд.
Баҳисобгирии саршумори бузи пармашох ва назорати санитарию гигении муҳити зисти он аз тарафи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агенти ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Чунин як таҳқиқоти муштарак аз 15 феврал то 5 марти соли равон дар мавзеъҳои сукунати морхӯр гузаронида шуд, ки айни замон маводи бадастомада мавриди омӯзиш ва таҳлили мутахассисон қарор дорад.
Натиҷаи пешакии таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки сол аз сол саршумори морхӯр афзун гардида истодааст. Новобаста аз ин, барои ҳифзу нигоҳдории ин ҳайвони нодир пайваста чораандешӣ намуда, муборизаро бар зидди шикори ғайриқонунӣ пурзӯр ва чаронидани чорворо дар муҳити хоси сукунати намуд маҳдуд намудан зарур мебошад.
Амиров Зайниддин Гадо - ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои биологӣ
Дар таърихи ҳар миллат лаҳзаҳое ҳастанд, ки на танҳо барои шодиву ҷашн, балки барои андешаронӣ, худшиносӣ ва навсозии масъулият муҳиму муассиранд. Яке аз чунин рӯзҳои сарнавиштсоз барои Тоҷикистон 23 май — Рӯзи ҷавонон аст, ки он ба наслест, ки имрӯзу фардои Ватанро бо ормон, ирода ва донишаш месозад.
Ҷавонӣ як фасли зиндаги нест — ҷавонӣ як масъулият аст. Масъулияти интихоб, масъулияти бунёд, масъулияти ҳифзи ҳама чизе, ки аз гузашта ба мо расидааст ва ба фардо бояд расонида шавад. Ҷавонӣ роҳи миёни хотираи таърих ва ормонҳои оянда аст.
Имрӯз мо шоҳиди онем, ки ҷавонони тоҷик дар зери парчами истиқлолият парвариш ёфта, бо ҷаҳонбинӣ ва тафаккури тоза вориди саҳнаи сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ мегарданд. Онҳо дигар фақат паси парда нестанд, балки худ саҳнасозанд — саҳнасози фарҳанг, эҷод, рушди технологӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ.
Дар шароити муосири ҷаҳони пурпечу тоб, ки ҳам имкониятҳо ва ҳам хатарҳо дар як мизон қарор доранд, нақши ҷавонон бештар аз ҳарвақта муҳиму муайянкунанда аст. Ин насл бояд омӯзад, биандешад, навовар бошад, вале дар баробари ин, худшиносу ватандӯст боқӣ монад. Вақте ҷаҳони рақобат пурзӯр мешавад, ҷавони тоҷик бояд дар баробари ҷаҳоннамоӣ, тамаддунофарин ва рисолатшинос бошад.
Имрӯз, вақте аз ҷавон сухан меравад — сухан аз нигоҳи нав меравад. Аз дидгоҳи созанда. Аз ангезае, ки ҷаҳонро тағйир дода метавонад.
Бо роҳнамоии Пешвои муаззаму меҳрубони миллатамон ва бо сиёсати ҷавонпарваронаи давлат, насли ҷавон имкониятҳои фаровон дорад — аз таҳсил дар хориҷ то дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ. Аммо имконият — кафолати пешрафт нест, балки имтиҳони масъулият аст. Чӣ гуна истифода бурдан аз ин имкониятҳо, ҷавобест ба саволи оддӣ: "Оё мо сазовори ин бовар ҳастем?"
Рӯзи ҷавонон — рӯзи таҷлили рӯҳи навҷавон, нерӯи зиндагисоз ва тавоноии инсонест, ки дар орзуи ободии хоки падару модараш месӯзад. Ин рӯз на танҳо иди синну сол, балки иди андеша, ғамхорӣ ва вафодорӣ аст.
Ҳар як ҷавон бояд як сутуни маънавии ҷомеа бошад — бо қаламе, ки воқеиятро менависад, бо овозе, ки ҳақиқатро мегӯяд, ва бо амале, ки имонро ба фардо таҳким мебахшад.
Ҷавон будан, маънои дилбастагии беинтиҳо ба зиндагист. Ва ҷавони тоҷик будан — шарофат ва масъулияти гаронест дар баробари таърих ва фардо.
Пас бигзор Рӯзи ҷавонон — на танҳо як сана, балки як оғози дигар барои худсозӣ ва Ватансозии ҳар яки мо бошад.
Бо шукргузорӣ аз ин замону сарзамин,
Бо дилу нияти поку хиради равшан,
Мегӯем: Мо ҷавонем! Мо сазоворем! Мо Ватанпарварем
Султонов Ҷасурбек Магистранти курси 1-уми ихтисоси идоракунии давлатӣ-и Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе
Ҷавонон дар рушди ҷомеа ва ташаккули ояндаи он нақши калидӣ доранд. Ҷавонон бо ғояҳои нав, нерӯ ва майли дигаргуниҳо метавонанд ба равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъсир расонанд. Дар ин росто, сиёсати ҷавонон ба як абзори муҳими дастгирӣ ва рушди ҷавонон, ҳамгироии манфиатҳои онҳо ба стратегияҳои миллӣ табдил меёбад.
Сиёсати ҷавонон – маҷмӯи тадбирҳоест, ки ба дастгирӣ ва рушди ҷавонон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт нигаронида шудааст. Он доираи васеи масъалаҳоро дар бар мегирад, аз ҷумла маориф, шуғл, саломатӣ, фароғат ва иштирок дар ҳаёти ҷомеа. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, пешрафти босуръати технологӣ ва тағйирёбии меъёрҳои иҷтимоӣ, сиёсати ҷавонон махсусан муҳим шуда, муносибати ҳамаҷонибаро тақозо мекунад.
Аз аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сиёсати ҷавонон таҷаҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Баҳри дастгирии сиёсати ҷавонон дар мамлакатамон чунин санадҳои ҳуқуқию сиёсӣ қабул гардидаанд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра.
Сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳо ва ташаббусҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳалли мушкилоти ҷавонон, фароҳам овардани шароит барои рушди ҳамаҷониба ва ҳамгироии онҳо ба ҷомеа нигаронида шудаанд. Сиёсати муассир оид ба ҷавонон бояд талабот ва манфиатҳои ҷавононро ба назар гирифта, иштироки онҳоро дар қабули қарорҳо таъмин намояд.
Сиёсати ҷавонон ба ҳамгироии иҷтимоии ҷавонон тавассути фароҳам овардани дастрасӣ ба захираҳои таълимӣ ва меҳнатӣ мусоидат мекунад. Барномаҳои роҳнамоии касбӣ, таҷрибаомӯзӣ ва волонтёрӣ ба ҷавонон барои мутобиқ шудан ба талаботи бозори меҳнат ва ташаккул додани малакаҳои зарурӣ кӯмак мерасонанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як бахши онро маҳз ба ҷавонон мебахшанд.
Дар Паёми соли 2024 Пешвои муаззами миллат зикр намуданд, ки “Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт”. Роҳбари давлат қайд намуданд, ки аз ҷавонони кишвар умеди бузург доранд, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоянд.
Маҳз боварии Пешвои муаззами миллат Э. Раҳмон ва амалишавии сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки 61 фоизи шумораи умумии кормандон ва 49 фоизи хизматчиёни давлатиро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд.
Барои сазовор шудан ба боварии роҳбарияти давлат ҷавонон бояд ба масъалаи илму маориф диққати ҷиддӣ диҳанд.
Аз Паёми сардори давлат дар с. 2024 бармеояд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 48 муассисаи олии касбӣ бо фаро гирифтани 214 ҳазор донишҷӯ, 65 литсейи касбҳои техникӣ, бо фаро гирифтани 23 500 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 ҳазор донишҷӯ фаъолият доранд. Ҳамчунин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба муассисаҳои олии касбии бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Мо итминони комил дорем, ки ин ҷавонон бо гирифтани донишу малакаи нодир бо ғояҳои наву созандаи худ баҳри ободу тараққӣ додани кишвари азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ мусоидат мекунад. Созмонҳо ва ҳаракатҳои ҷавонон дар рушди равандҳои демократӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ҷавонон, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ нақши муҳим доранд.
Ҷавонон ҳамчун барандагони ғояҳо ва технологияҳои нав омили муҳими рушди инноватсионӣ мебошанд. Дастгирии стартапҳо, таҳқиқоти илмӣ ва ташаббусҳои эҷодии ҷавонон ба рушди иқтисодӣ ва рақобатпазирии кишвар мусоидат мекунад.
Яке аз омилҳои муҳими мусоидат ба ҳамгироии муваффақи ҷавонон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ донистани забон аст. Малакаҳои забонӣ на танҳо дарҳои навро барои имкониятҳои нав мекушоянд, балки ба мубодилаи фарҳангӣ, ҳамкории иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ мусоидат мекунанд. Донистани зиёда аз як забон ба ҷавонон имкон медиҳад, ки фарҳанги худ ва фарҳанги миллатҳои дигарро беҳтар дарк ва қадр кунанд. Ин ба ташаккули ҷаҳонбинии кушоду таҳаммулпазир мусоидат мекунад.
Забони ҷавонон дар бозори меҳнат ҳарчи бештар талабот пайдо мекунад. Ҷавононе, ки бо чанд забон ҳарф мезананд, имконияти бештари касби муваффақ ва инчунин имкони таҳсил дар хориҷа ва гирифтани таҷрибаи байналмилалӣ доранд. Донистани забонҳо ба беҳтар шудани муоширати ҷавонони кишварҳо ва фарҳангҳои гуногун мусоидат мекунад, ки дар навбати худ робитаҳо ва ҳамкориҳои байналмилалиро мустаҳкам мекунад.
Аз ин рӯ дар ҳар баромадашон дар масъалаи ҷавонон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони мамлакат таъкид мекунанд, ки бештар ба забономӯзӣ машӯул шаванд.
Сарфи назар аз аҳамияти сиёсати ҷавонон, як қатор мушкилоте вуҷуд дорад, ки ҷавонон бо онҳо рӯбарӯ ҳастанд. Ба он бекорӣ, набудани дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, мушкилоти солимии равонӣ ва ҷудошавии иҷтимоӣ дохил мешаванд. Сиёсати ҷавонон ба ин мушкилот тавассути таҳияи роҳҳои ҳалли ҳамаҷониба посух медиҳад.
Барои татбиқи самараноки сиёсати ҷавонон тағйироти ҷомеа ва мушкилоти навро ба назар гирифтан зарур аст. Самтҳои муҳим инҳоянд:
• Рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳамгироии онҳо ба раванди таълим.
• Дастгирии рушди устувор ва масъулияти экологӣ дар байни ҷавонон.
• Иштироки ҷавонон дар қабули қарорҳо дар ҳама сатҳҳо.
Ҷавонон дар пешрафти ҷомеа нақши асосиро мебозанд. Маҳз ҳамин категорияи аҳолӣ ояндаро муайян мекунад: иқтисодиёт, маданият, сиёсат.
Сиёсати самараноки ҷавонон мусоидат мекунад:
• Ҳамгироии иҷтимоӣ: ба ҷавонон барои мутобиқ шудан ба ҷомеа, пайдо кардани ҷойгоҳ ва дарк намудани имконоти худ кӯмак мекунад.
• Рушди иқтисодӣ: дастгирии мутахассисони ҷавон, соҳибкорон ва коргарон ба рушди иқтисодиёт мусоидат мекунад.
• Рушди фарҳангӣ: сиёсати ҷавонон ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди шаклҳои нави баёни фарҳангӣ мусоидат мекунад.
Барои ҳалли самараноки мушкилоти дар боло зикршуда зарур аст:
• Таҳияи стратегияҳои ҳамаҷониба, ки ниёзҳои ҷавононро қонеъ мекунанд.
• Зиёд кардани маблағгузорӣ барои барномаҳое, ки ба дастгирии ҷавонон нигаронида шудаанд.
• Ҳамкории фаъол байни сохторҳои давлатӣ, хусусӣ ва ғайритиҷоратӣ.
Ҳамин тариқ, ҷавонон ояндаи миллатанд ва сиёсати ҷавонон дар ташаккули ин оянда нақши асосиро мебозад. Сиёсати самараноки ҷавонон бояд ба ҳалли мушкилоти имрӯзаи ҷавонон, дастгирии ташаббусҳои онҳо ва ҷалби онҳо ба равандҳои муайянкунандаи рушди ҷомеа нигаронида шавад. Сармоягузорӣ ба ҷавонон сармоягузорӣ ба ояндаи устувор, аз ҷиҳати иҷтимоӣ одилона ва навоварона мебошад.
Ҷабборов Ф.Н. – ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.

Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш.
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Илми таърих дар фарҳанги ҷаҳонгири тоҷикӣ ҳамеша ҷойгоҳи олӣ ва арҷманд дошт ва мактаби таърихшиносии тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз бо усули нигориш... Муфассал
Осорхонаи Милии бостонии Тоҷикистон
Осорхона соли 2001 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ифтитоҳ... Муфассал
Осорхонаи мардумшиносӣ.
В 1949 году при секторе истории Института истории, языка и литературы Таджикистана был открыт Музей этнографии и археологии... Муфассал


ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020)

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 то 15 июли соли 1954.

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли 1957 то 6 майи соли 1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли 1965 то 6 майи соли 1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли 1988 то 16 июни соли 1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1995 то 3 феврали соли 2005.

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2005 то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ (1968) Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт (1982) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 16-уми январи соли 2024 то инҷониб. Муфассал...
Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм





Муқовимат бо коррупсия дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
