Перейти к основному содержанию
Имрӯз мо аз он ифтихор дорем, ки Тоҷикистони азизи мо ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, дар радифи кишварҳои рӯ ба тараққӣ мавқеи хоси худро пайдо намудааст. Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осони ба даст наомадааст. Он дар таърихи 9 сентябри соли 1991 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, аз пайдоиши давлати нави соҳибихтиёр дар арсаи ҷаҳонӣ ва соҳиби давлати озоди худ шудани миллати тамаддунофари тоҷик башорат дод.

123Мутассифона, ҳанӯз дар ҳамон замон аз ибтидо мардуми мо шаҳди истиқлол ва давлатдории миллиро начашида ва аҳамияти ин неъмати бебаҳои худовандро эҳсос накарда, душманони давлату давлатдории тоҷикон дар марзи Тоҷикистони азиз муноқишаҳои хунину нангинро эҷод карда тавонистанд.

Хушбахтона, дар ин даврони басо пурталотуми тақдирсоз офаридгори олам барои аз вартаи фано наҷот додани давлату миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон – фарзанди баору номус, далеру боҷасорат ва фидокору сарсупурдаро ба майдони сиёсат овард. Ҷаҳду талошҳои пайваста ва ҷон ба каф гирифтанҳои Сарвари ҷавону диловари Тоҷикистон барои ба даст овардани сулҳу салоҳ ва сарҷамъ кардани миллати парешонгашта панҷ соли дароз давом карда бошад ҳам, сиёсати сулҳҷӯёна ва ба ҳамдигарбашхӣ равонагаштаи ӯ аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданаш мавриди дастгирӣ қарор гирифт ва ин заминаи хубе шуд барои ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани давлати нави тоҷикон.

Маҳз дастгирӣ ёфтани сиёсати сулҳҷӯёнаи ӯ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистонро чун узви наву комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аксари давлатҳои ҷаҳон ба расмият шиносанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро оид ба нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд.

Мавқеи устувору хулосагариҳои амиқан асосноки Сардори давлати Тоҷикистон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ эътимоди аҳли сайёраро ба ояндаи неку бобарори Тоҷикистон қавитар намуд. Ҳамин сиёсати Пешвои муаззами миллат сабаб гардид, ки имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 190 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта, бо кишвари мо муносибати дипломатӣ барқарор намудааст.

Бо талошҳои бевоситаи хеш Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими роҳҳои давлатдории миллӣ саҳми босазо гузоштааст ва худ ин иқдомро ба чунин тарз қайд намудааст: “Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намояд”.

Таърихи башар собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар фарди бонангу номуси кишвар бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расад ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошад.

Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азиз, Ватани муқаддаси хешро сидқан дӯст дорад ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд. Раванди бисёр мураккабу пурпечутоби ҷаҳонишавӣ ва таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи замони муосир моро ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва давлати соҳибистиқлоли худро аз таъсири таззодҳои ҷаҳони имрӯза эмин нигоҳ дошта, ба хотири фардои ободу осуда саъю талоши бештар кунем.

Имрӯз ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаву софдилона барои рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва болоравии нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмиллалӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва бонангу номуси кишвар мебошад, зеро ояндаи ободи сарзамини аҷдодиамон аз ин омилҳо вобастагии мустақим дорад. Дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат буд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имрӯз дар сатҳи баланд қарор дорад.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дар тули 35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон натиҷаҳои беҳтарини илмиро дар Шуъбаи илмҳои биология ба даст овардаст.

Дар давраи фаъолияти илмӣ аз ҷониби олимони муассисаҳои илмии зертобеи Шуъба 57 адад патенту ва шаҳодатномаҳои муаллифӣ ба даст оварда шуд.

Олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ навъҳои нави растаниҳои пахта, картошка, аз ҷумла: 11 навъи картошка, 2 навъи батат “Шоҳин” ва “Сомон”, 4 навъи пахтаи миёнанах “Гулистон”, “Гулистон-2”, “Шавкат-80” ва 1 навъи гулаш клейстогамӣ, 2 навъи гандуми мулоимдона “Академия-2016” ва “Марказ-2022”, 2 навъи гандум “Бахти Истиқлол” ва “Хуросон”, 1 навъи сулӣ “Назар” ва 1 навъи топинамбур “Сарват” ба даст оварданд.

Олимони Институт дар давраи фаъолияти илмӣ патенту Шаҳодатномаҳои муаллифӣ, аз ҷумла: патент оид ба тарзи ҳосил намудани картошкаи бевирус дар шароити in vitro, 6 Шаҳодатномаи ҳуқукии селексионер оид ба парвариши навъҳои нави картошкаи «Файзабод», «Рашт», “Тоҷикистон”, «Дӯстӣ», ихтирои топинамбури навъи «Сарват» ва навъи батати “Шоҳин”, 17 Шаҳодатномаи муаллифӣ, аз он ҷумла парвариши навъи ҷави «Назар», ихтирои навъи пахтаи “Шавкат-80”, пахтаи миёнанахи клейстогамии навъи «20-солагии Истиқлолият», навъи пахтаи “Гулистон” ва “Гулистон-2”, Нахустпатенти “Тарзи парвариши топинамбур” ва ғ. ба даст оварданд.

Дар Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловский оид ба фаунаи 582 намуди муҳрадорон ва беш аз 13000 намуди ҳайвоноти бесутунмуҳра маълумот гирд оварда шудааст. Тақрибан 800 намуд ҳамчун намуди нав барои илм муайян карда шудааст.

Аввалин маротиба барои фаунаи ҷаҳонӣ як намуди нави малах ва 4 намуди нави магасҳои сирфидӣ ошкор карда шуд, ки онҳо ба номи олимони тоҷик номгузорӣ карда шуданд. Ҳамзамон барои фаунаи Тоҷикистон як намуди нави шапалак - шапалаки сафеди ирландӣ ва 3 намуди ҳашароти зараррасонӣ инвазивии дарахтони мевадиҳанда ва сабзавот - кӯяи помидор, кӯяи картошка ва мевахӯраки шарқӣ ошкор карда шуд.

Аз ҷониби олимони Институт соли 2024 саршумори гӯсфанди Марко Поло (архар) беш аз 31400 сар, бузи пармашох 6827 сар, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал) 2856 сар баҳогузорӣ карда шудааст. Дар асоси натиҷаҳои таҳқиқот оид ба саршумори ҳайвоноти шикорӣ ҳамасола аз ҷониби Институт оид ба муайян намудани ҳисса (квота)-и шикори ғаниматӣ ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи илман асоснок пешниҳод карда шуд.

Бори аввал барои орнитофаунаи Тоҷикистон парандаи кӯчандаи мавсимӣ - лойхӯраки ранга ба қайд гирифта шуд.Зикр намудан зарур аст, ки бо дастгирии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар назди Институт озмоишгоҳи паразитологӣ муҷаҳҳаз бо асбобу таҷҳизоти муосир таъсис дода шуд, ки фаъолияти он 31 июли соли 2024 оғоз гардид. Натиҷаи таҳқиқоти муштараки паразитологӣ ба он мусоидат намуд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон авҷгирии як қатор бемориҳо, аз ҷумла бемории вараҷа пешгирӣ ва аз байн бурда шавад. Дар давраи 35 соли Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби кормандони Институт як адад Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираҳои иттиолотӣ, 1 адад Гувоҳнома барои ихтирои «Тарзи ҳосил намудани аллерген барои ташхиси эхинококкози ҳайвонот» ва Қарори мусбат оид ба намунаи «Маводи зиддигиҷҷавӣ барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои гиҷҷавии ҳайвонот» ба даст оварда шуданд.

Кормандони озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбеков дар тули 35 соли фаъолияти илмӣ навъи нави тритикале “Бадахшон-4”, навъҳои нави гандум “Мирзо” ва “Салмон”.

Аз Бадахшони Афғонистон 14 навъҳои гандуми маҳаллӣ барои Бадахшони Тоҷикистон: “Руштаки Деҳмурғон”, “Пандакӣ”, “Сафедаки Ғорҷвин”, “Виёд-1”, “Виёд-2”, “Дарвозӣ”, “Садираси Сафедхуша”, “Садираси Сурххуша”, “Афғонӣ”, “Маврӣ”, “Зироатӣ”, “Ҷойдорӣ”, “Чорпара” ва “Блудон” дарёфт карда шудаанд, ба даст оварданд. Ҳамчунин соҳиби 2 патент барои ихтироъ, Шаҳодатномаи муаллифӣ оид ба усули микроклоналии афзоишдиҳии чормағзи юнонӣ, барои баланд бардоштани тобоварии зимистона ва сармобардории растаниҳо гардиданд.

Аз ҷониби олимони муассисаҳои илмии зертобеи Шуъба 274 монография ва китобҳои дарсӣ, 3091 адад мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла дар маҷаллаҳо ва маҷмӯаҳои илмии хориҷи кишвар, инчунин дар маҷаллае, ки дар базаи SCOPUS индексатсия карда шудаанд, ба табъ расонида шуд. Зиёда аз 90 адад тавсиянома ва дастурҳои таълимӣ-методӣ аз чоп бароварда шуд.

Олимони муассисаҳои илмии зертобеи Шуъба дар тартиб додани нашри дуюм ва сеюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015, 2017, 2024) иштирок намуданд.

Дар давоми 35 соли истиқлолият дар муассисаҳои илмии зертобеи Шуъба теъдоди: академикҳо – 8 нафар, узви вобаста – 8 нафар, доктори илм – 26 нафар ва номзади илм 121 нафарро ташкил доданд.

Мо, олимон ва хурду бузурги кишвар ба қадри Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд расем ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон боз ҳам бештар заҳмат кашем. Иқтидори иқтисодӣ ва имкониятҳои содиротии мамлакатро тақвият бахшем, ҷойҳои нави кориро муҳайё намоем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро мунтазам баланд бардорем. Соҳаи илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муарифӣ намоем.

Мирзораҳимзода Акобир Карим, ноиби президенти АМИТ,

раиси Шуъбаи илмҳои биологияи АМИТ, доктори илмҳои биология, профессор