Перейти к основному содержанию

123Санаи 25-уми апрел ҳамчун “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа” ба қайд гирифта мешавад. Дар ин рӯз аз мутахассисон ва муассисаҳои марбутаи ҷаҳон даъват ба амал оварда мешавад, ки андешидани чораҳои самарабахш ва пурзӯр намудани чораҳои мубориза бар зидди ин бемориро вусъат бахшанд. Аз ин рӯ шиори Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соли 2026 "Давраи ҳалкунанда барои нест кардани вараҷа. Ҳоло мо метавонем. Ҳоло мо вазифадорем" номгузорӣ гардидааст.

Вараҷа (малярия) - бемории сироятӣ буда, асосан тавассути нешзании хомӯшакҳои вараҷаовар (Anopheles) аз шахси бемор ба шахси солим мегузарад.

Сироятёбӣ метавонад ҳангоми гузаронидани хуне, ки дар таркибаш барангезандаи бемории вараҷа дорад, сурат гирад. Инчунин аз модар ба кӯдак, дар вақти таваллуд интиқоли бемории вараҷа имконпазир аст.

Бемории вараҷа барои соҳаи тандурустии бисёре аз кишварҳо яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Зеро қариб 30% аҳолии кураи замин дар зери хатари сироятёбии бемории вараҷа қарор доранд. Тибқи маълумоти Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола дар ҷаҳон беш аз 200 миллион одамон ба бемории вараҷа гирифтор шуда, зиёда аз 600 ҳазори онҳо аз ин беморӣ мефавтанд. Фисади бештари (беш аз 90%) бемории вараҷа ба давлатҳои Африқо рост омада, ҳодисаҳои сироятёбӣ аз ин беморӣ дар байни сокинони кишварҳои Осиё, Амрикои Лотинӣ, Шарқи наздик ва ҳатто Аврупо низ ба мушоҳида мерасад.

Дар Тоҷикистон дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта боз аз сари нав авҷгирии бемории вараҷа ба амал омад. Шумораи зиёди бемории вараҷа (29794 ҳодиса) дар ҷумҳурӣ дар соли 1997 ба қайд гирифта шуд, аммо нишондоди вазъи ҳақиқии беморӣ аз рӯи баҳогузории Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ даҳҳо маротиба зиёд буд.

Дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳо бар зидди ин беморӣ дар ҳудуди ҷумуҳурӣ вазъи эпидемиологии бемории вараҷа сол аз сол беҳтар гардида, шумораи манбаъҳои фаъол ва ҳодисаҳои маҳаллӣ коҳиш ёфт. Аз соли 2015 то инҷониб дар ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи маҳаллии бемории вараҷа ба қайд гирифта нашудааст.

Танҳо ҳодисаҳои интиқолии бемории вараҷа (сироятёбии беморон дар дигар кишварҳо сурат мегирад ва ё беморон тавассути нешзании хомӯшакҳои аз кишварҳои нисбати бемории вараҷа эпидемикӣ парвоз карда омада сироят меёбанд) ба қайд гирифта мешавад.

Ноил шудан ба чунин дастоварди бузург дар самти аз байн бурдани бемории вараҷа, бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва як қатор созмонҳои байналмилалӣ имконпазир гардид.

Ин комёбиҳои назаррасро ба инобат гирифта, санаи 24 марти соли 2023 аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун “Кишвари аз бемории вараҷа озод” пазируфта шуд.

Новобаста аз комёбиҳои бадастомада, хавфи бозгашти бемории вараҷа ва паҳншавии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ноҳияҳои ҳаммарз бо Ҷумҳурии Афғонистон ҳамоно боқӣ мемонад.

Ин ҳолат моро водор месозад, ки ба ҳаракати байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа дар ҷаҳон пайваст шавем ва дар самти пешгирии аз нав пайдошавии бемории вараҷа чораҳои муассиро роҳандозӣ намоем.

Қадамзода Дилшод Саттор – директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ