«Об сарчашмаи асосии ҳаёт буда, истифодаи оқилона ва ҳифзи он яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад». Дар шароити муосир, масъалаҳои дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар, идоракунии самараноки захираҳои об ва коҳиш додани хавфҳои офатҳои вобаста ба об аҳаммияти калидӣ касб намудаанд, арзиши илмӣ ва амалии ин мавзуъ боз ҳам бештар мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои назарраси обӣ ҷонибдори густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти истифодаи оқилона ва устувори захираҳои об мебошад. Дар ин замина, таҳкими ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак ва татбиқи механизмҳои самараноки идоракунии захираҳои об шарти муҳимми ноил шудан ба рушди устувор ва таъмини амнияти экологӣ арзёбӣ мегардад.
Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои пешбинишудаи сатҳи ҷаҳонӣ дар самти идоракунии захираҳои об ба ҳисоб меравад. Ин конфронс (ҳамоиш) дар шароите баргузор мешавад, ки масъалаи дастрасӣ ба оби тоза ва истифодаи устувори он ба яке аз мушкилоти асосии инсоният табдил ёфтааст ва аҳаммияти он сол аз сол бештар мегардад.
Ин ташаббус ва баргузории конфронси сатҳи баланд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, татбиқи он дар заминаи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид амалӣ карда мешавад. Маҳз бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабул гардида, ҳадафи он таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об мебошад.
Тибқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз зиёда аз 2,2 миллиард нафар аҳолии ҷаҳон ба оби нӯшокии бехатар дастрасӣ надоранд, ва тақрибан 3,6 миллиард нафар аз хизматрасониҳои санитарии боэътимод маҳруманд. Ин омор нишон медиҳад, ки ноил шудан ба Ҳадафи 6-уми рушди устувор, ки таъмини дастрасии умумӣ ба об ва санитария то соли 2030-ро дар назар дорад, то ҳол бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мебошад. Интизор меравад, ки дар конфронси дарпешистода шумораи зиёди намояндагон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок намоянд.Дар байни иштирокчиён намояндагони ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳанд буд. Барномаи конфронс фарогири ҷаласаҳои пленарӣ, панелҳои мавзуӣ ва чорабиниҳои канорӣ мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои калидии идоракунии захираҳои об баррасӣ мегарданд.
Яке аз самтҳои асосии муҳокима таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об хоҳад буд. Тибқи арзёбиҳои Созмони ҷаҳонии метеорологӣ, зиёда аз 60-70 фоизи офатҳои табиӣ ба об вобаста мебошанд. Дар минтақаҳои кӯҳистонӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, коҳишёбии пиряхҳо ба яке аз омилҳои асосии тағйирёбии тавозуни об табдил ёфтааст. Дар даҳсолаҳои охир садҳо пиряхҳо нобуд шуда, ин раванд метавонад дар оянда ба камшавии захираҳои об оварда расонад.
Дар баробари ин, масъалаи маблағгузорӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаи об яке аз мавзуъҳои калидии конфронс хоҳад буд. Тибқи таҳлилҳои Бонки ҷаҳонӣ, барои таъмини дастрасии умумӣ ба об ва санитария то соли 2030 солона беш аз 100 миллиард доллари ИМА сармоягузорӣ зарур аст. Ин нишон медиҳад, ки бе ҳамкории васеи байналмилалӣ ва ҷалби бахши хусусӣ ҳалли мушкилоти мавҷуда ғайриимкон мебошад. Ҳамчунин, интизор меравад, ки дар доираи конфронс масъалаҳои идоракунии ҳамгирои захираҳои об, истифодаи технологияҳои муосир, кам намудани талафоти об ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи он мавриди баррасӣ қарор гиранд. Дар баъзе кишварҳо талафоти об дар шабакаҳои таъминотӣ ба 30-40 фоиз мерасад, ки ин зарурати ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсиониро боз ҳам муҳимтар мегардонад.
Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об дар конфронси дарпешистода муҳим арзёби мегардад.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти масъалаҳои об дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор дошта, талош менамояд, ки ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро тақвият бахшад. Захираҳои фаровони оби кишвар, ки қисми зиёди онҳо аз пиряхҳо сарчашма мегиранд, аҳаммияти стратегии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доранд. Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ҳамчун платформаи муҳим барои баррасии масъалаҳои мубрами соҳаи об ва таҳияи роҳҳои амалии ҳалли онҳо арзёбӣ мешавад. Интизор меравад, ки натиҷаҳои он ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоя ва пешбурди сиёсати устувори истифодаи захираҳои об мусоидат намоянд. Бо дарназардошти афзоиши аҳолии ҷаҳон, ки тибқи пешгӯиҳо то соли 2050 ба зиёда аз 9,7 миллиард нафар мерасад, талабот ба захираҳои об боз ҳам зиёд хоҳад шуд. Дар чунин шароит, баргузории конфронсҳои сатҳи баланд ва қабули қарорҳои мушаххас аҳаммияти калидӣ пайдо менамояд. Аз ин рӯ, конфронси дарпешистода метавонад, қадами муҳим дар самти таъмини амнияти обӣ ва рушди устувори ҷаҳонӣ гардад.
Баргузории конфронси сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе идомаи мантиқии сиёсати созанда ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ба ҳисоб рафта, ин раванд бо саҳми назарраси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосии рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим таҳким ёфта, ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, тақвияти муколамаи созанда ва пешбурди ҳадафҳои рушди устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Фирдавс Алиев, муовини директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон
