Перейти к основному содержанию
Илм ва дониш аз қимматтарин арзишҳои башарият ба ҳисоб мераванд. Ҳар як миллате, ки ба илм арҷ мегузорад, метавонад дар роҳи рушду пешрафт ба дастовардҳои бузург ноил гардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба илм ва фаъолияти олимон диққати махсус дода мешавад. Бо ҳамин мақсад ҳар сол Рӯзи илми тоҷик ҷашн гирифта мешавад, ки он нишонаи эҳтиром ва қадршиносии ҷомеа нисбат ба аҳли илм мебошад.

Рӯзи илми тоҷик аҳамияти бузург дорад, зеро он на танҳо як санаи тақвимӣ, балки рамзи рушди фикрӣ, маънавӣ ва техникии ҷомеа аст. Дар ин рӯз хизматҳои олимон, муҳаққиқон ва омӯзгорон қадр карда мешаванд. Онҳо шахсоне ҳастанд, ки бо меҳнати шабонарӯзӣ ва таҳқиқоти пайваста дар пешрафти давлат саҳм мегузоранд.

Симои олим - донишманд пеш аз ҳама дар дониш ва маърифати ӯ зоҳир мегардад. Олим шахсест, ки тамоми умри худро ба омӯзиш мебахшад. Ӯ ҳамеша дар ҷустуҷӯи дониш аст ва барои фаҳмидани қонунҳои табиат, ҷомеа ва тафаккур кӯшиш мекунад. Дониш барои олим на танҳо василаи пешрафти шахсӣ, балки воситаи хизмат ба ҷомеа мебошад.

Дар таърихи халқи тоҷик олимону донишмандони бузурге ба камол расидаанд, ки бо кашфиёт ва осори гаронбаҳои худ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Аз ҷумла, Абуалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин олимони ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Асарҳои ӯ, махсусан «Қонун дар тиб», то садсолаҳо ҳамчун китоби асосии тиб истифода мешуданд.

Ҳамчунин, Абӯрайҳони Берунӣ дар соҳаҳои астрономия, география ва математика кашфиётҳои муҳим анҷом додааст. Дар замони муосир низ анъанаи илми астрономия идома ёфта, олимони тоҷик, аз ҷумла Бобоҷонов П.Б. ва Ибодинов Х.И., дар таҳқиқи ҷисмҳои осмонӣ, кометаҳо, метеорҳо ва равандҳои астрофизикӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Дар баробари ин, шахсиятҳои барҷастаи фарҳангиву адабӣ низ дар рушди маърифат ва илму дониш нақши муҳим доранд. Аз ҷумла, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун падари адабиёти тоҷик бо ашъори пурмазмуни худ дар ташаккули фарҳанг ва худшиносии миллӣ саҳм гузоштааст. Абулқосим Фирдавсӣ бо офаридани «Шоҳнома» таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллиро зинда нигоҳ дошт.

Дар давраи муосир низ шахсиятҳои бузурге ба мисли Бобоҷон Ғафуров ва Садриддин Айнӣ дар рушду эҳёи илму фарҳанги тоҷик хизматҳои бузург анҷом додаанд. Осори илмӣ ва адабии онҳо дар баланд бардоштани сатҳи маърифат, худшиносии миллӣ ва рушди ҷомеа нақши муҳим дорад.Бояд таъкид намуд, ки ба монанди ин бузургон, олимон ва донишмандони зиёди дигар низ ҳастанд, ки ҳар кадом дар пешрафти илму фарҳанг саҳми арзандаи худро гузоштаанд ва имрӯз низ ин анъанаи нек идома дорад.

Рӯзи илми тоҷик барои ҷавонон низ аҳамияти махсус дорад. Ин рӯз онҳоро ба донишандӯзӣ, таҳқиқ ва ҷустуҷӯи ҳақиқат ҳидоят мекунад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ояндаи давлат аз сатҳи донишу малакаи онҳо вобаста аст. Дар сатҳи байналмилалӣ низ ҷавонони тоҷик неруи қавии зеҳнӣ ва қобилияти баланди худро нишон дода истодаанд. Онҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, озмунҳо ва барномаҳои гуногун фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Ин дастовардҳо далели равшани сатҳи баланди донишу малакаи ҷавонони кишвар мебошад. Ҷавонон бо баромадҳои шоистаи худ на танҳо обрӯи шахсии худро баланд мебардоранд, балки илму фарҳанги тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Онҳо ҳамчун намояндагони сазовори миллат, бо истеъдод, заковат ва меҳнатдӯстии худ парчами кишварро баланд мебардоранд.

Дар рушди илму маорифи кишвар нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хеле бузург мебошад. Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат соҳаи илм рушд ёфта, барои олимон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Барномаҳои давлатӣ, дастгирии ҷавонон ва рушди муассисаҳои илмӣ аз иқдомҳои муҳими ин самт мебошанд.

Баъд аз пошхӯрии давлати Шуравӣ, марҳилаи хеле ҳассосу тақдирсоз барои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро расид. Пешвои миллат дар ин давраи душвор, бахусус дар солҳои авҷи ҷанги шаҳрвандӣ, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии худ барои нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ хизматҳои бузург анҷом доданд. Аз ҷумла, бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз парокандагӣ ва барҳамхӯрӣ ҳифз гардида, фаъолияти он идома ёфт. Ин иқдом барои нигоҳ доштани неруи зеҳнӣ, рушди илму маориф ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳамияти бисёр муҳим дошт. Бо шарофати чунин тадбирҳо, соҳаи илм дар кишвар тадриҷан рушд ёфта, барои пешрафти ҷомеа заминаи устувор фароҳам овард.

Ҳамзамон, дар рушди илми муосир саҳми академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт низ назаррас аст. Таҳти роҳбарии ӯ фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тақвият ёфта, барои пешбурди таҳқиқот заминаҳои муосир фароҳам оварда шудаанд. Дар солҳои охир як қатор озмоишгоҳҳои наву замонавӣ таъсис дода шуданд, ки бо таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳаз гардидааст. Ин озмоишгоҳҳо ба олимон имконият медиҳанд, ки таҳқиқоти дақиқ ва рақобатпазир анҷом диҳанд. Хусусан, дар соҳаҳои илмҳои дақиқ пешрафти ба назар мерасад. Таъсиси чунин озмоишгоҳҳо барои тарбияи кадрҳои ҷавон низ аҳамияти калон дорад. Ҷавонон метавонанд донишҳои худро дар амал татбиқ намоянд ва таҷрибаи зарурӣ андӯзанд.

Муалифон: Директори Институти астрофизикаи АМИТ, н.и.ф-м, Бӯризода А.М. ва котиби илмӣ н.и.т Раҳимзода Ф.А.