Перейти к основному содержанию
Соли 2026 барои мардуми кишвари мо ва ҳар нафаре, ки ба ин мардум ва сарзамин робитае дорад, соли таърихиву мондагор мебошад. Таҷлили ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ифтихору хушбахтӣ ва шарафу саодати ҳар як сокини Ватани азизамон маҳсуб меёбад. Дар радифи таҷлили бузургдошти Истиқлол боз чандин ҷашнҳое ҳастанд, ки дар таҳкими Истиқлол, рушди соҳа ё самти муайян арзишманду хотирмонанд. 14 апрели соли 2026 аз таъсисёбии Академияи миллии илмҳо 75 сол сипарӣ мешавад. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ниҳоди муҳимми давлатӣ буда, дар таҳкими истиқлоли гуманитарӣ, андешаву тафаккури миллӣ, рушди илми тоҷик саҳми назаррас дорад. Воқеияти таърихӣ аст, ки нахустин Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ нахустин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардидааст.

123Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таърихи тулонӣ дошта, марҳилаҳои гуногунро тай намудааст. Дар солҳои аввали ҳукумати шуравӣ аз ҷониби Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ ба Тоҷикистон чандин экспедитсияҳои илмӣ фиристода шуданд, ки ҳадафи онҳо омӯзиши захираҳои табиӣ, биологӣ, ҳайати аҳолӣ, таъриху адабиёту фарҳанг ва паҳлуҳои дигари иқтисоди кишвар маҳсуб меёфт. Аъзои экспедитсия дар баробари фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ба таъсиси муҳити илмии кишвар низ таъсири судманд гузоштаанд. Дар натиҷаи омӯзишу таҳқиқотҳои бунёдии олимону муҳаққиқон дар як муддати кутоҳ дар ҷумҳурии навтаъсиси мо замина ва муҳити илмӣ фароҳам омад. Бо дарназардошти дастовардҳои илмӣ-тадқиқотӣ, заминаи модди-техникӣ ва кадрҳои илмӣ бо қарори раёсати АИ ИҶШС аз 14 марти соли 1932 пойгоҳи Тоҷикистонии АИ ИҶШС таъсис дода шуд. Нахустин раиси пойгоҳ академик Н.Т. Горбунов, якуним моҳ фаъолият намуда, баъдан, ба ин мақом академик С.Ф. Олденбург таъин мегардад.

Пойгоҳи Тоҷикистонии АИ ИҶШС дар муддати фаъолияти худ ҳам дар самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҳам тайёр намудани кадрҳои илмӣ бо натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардид. Бо назардошти дастовардҳо Шурои Комиссарони Халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори худ аз 13 сентябри соли 1940 аз Шурои Комиссарони Халқи ИҶШС хоҳиш намудааст, ки Пойгоҳи Тоҷикистонӣ ба Филиали Тоҷикистонии АИ ИҶШС табдил дода шавад. Бо ин мақсад, қарори Шурои Комиссарони Халқи ИҶШС аз 10 ноябри соли 1940 ба тасвиб расид ва нахустин раиси Филиали Тоҷикистонии АИ ИҶШС академик Е.Н. Павловский таъин гардид. Таъсиси филиали Тоҷикистонии АИ ИҶШС ба пешрафти илми тоҷик такони ҷиддӣ бахшид. Дар давраи фаъолияти филиал пояи моддӣ-техникӣ ва неруи илмии он рушд ёфта, самт ва мавзуъҳои илмӣ-таҳқиқотии сохторҳо ба танзим дароварда шуд. Ташкили марказҳо, озмоишгоҳҳо, таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири илмӣ, даъвати олимони варзида аз дигар ҷумҳуриҳо, тарбияи кадрҳои миллии илмӣ боис гардид, ки филиал ба як ниҳоди тавоно, ҳамоҳангсоз ва боргоҳи илмии кишвар табдил ёбад. Дастовардҳои филиал дар ташкили илм, тарбияи кадрҳои илмӣ, таҳкими пойгоҳи моддӣ-техникӣ, самту равияҳои илмӣ-таҳқиқотӣ заминаи таъсиси як ниҳоди мустаҳқили давлатӣ дар самти илмро ба вуҷуд овард. Бо дарназардошти талаботи иқтисоди миллӣ, илм, маориф, фарҳанг мувофиқи Қарори Шурои Вазирони ИҶШС аз 9 октябри соли 1950, Қарори Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КМ ҲК Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 ба тасвиб расид ва таъсиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Дар аввалин ҷаласаи умумии академия Президенти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Айнӣ интихоб шуд. Воқеан, устод Айнӣ дар радифи бунёдгузори адабиёти навини тоҷик эътироф гардидан, ҳамчунин, ба сифати олиму муҳаққиқи бузурги замон шинохта шуда буд.

Ҳанӯз дар ибтидои асри XX ва ба хусус замони инқилобҳо С. Айнӣ ба таҳқиқу омӯзиш ва таълифи асарҳо дар самтҳои таърих, сиёсат, адабиёт, забон, матбуот, фарҳанг машғул буд. Баъдан, бо таъсиси пойгоҳ ва филиали Тоҷикистонии АИ ИҶШС равобити илмиро бо ин ниҳодҳо густариш додааст. Тибқи мактубҳои устод С. Айнӣ ба раёсат ва кормандони пойгоҳ ва филиал ҳамкориҳои илмӣ дуҷониба сурат гирифтааст. Мактуби С. Айнӣ дар ҷавоб ба мактуби котиби илмии пойгоҳ Линчевский ва мудири шуъбаи таърихи лингвистикӣ Б. Ниёзмуҳаммадов аз 12.05.1939, мактубҳои баъдӣ аз 11.03.1940, 12.10.1940, мактубҳо ба А. Деҳотӣ ва А. Лоҳутӣ дар хусуси дархости устод оид ба ташкили экспедитсияи илмии пойгоҳ барои муайян сохтани зодгоҳ ва қабри Рӯдакӣ аз 01.09.1940 ва аз 24.11.1940 гувоҳи ҳамин андешаҳост. Мактубҳои дигари устод С. Айнӣ ба олимон ва шарқшиносони маъруфи замон Л.И.Пономорёв директори Институти адабиёти ҷаҳон ба номи А.М. Горкийи АИ ИҶШС аз 16 феврали соли 1942 , шарқшиносони маъруф А.А. Семенов аз 16-уми сентябри соли 1946 ва 30-уми сентябри соли 1953, И.С. Брагинский аз 11 июни соли 1947, 10 июли соли 1948, 8 сентябри соли 1948, А. Мирзоев аз 22 декабри соли 1947, 31 январи соли 1949, М. Шукуров аз 22 феврали 1950, Р. Ҳодизода аз 27 феврали 1950, Д. Тоҷиев аз 7 феврали 1952, И.Қ. Нарзиқулов ва Б. Ниёзмуҳамадов аз 1 феврали соли 1954 ва ғайра аз таҳқиқу омӯзиши масоили гуногуни илмӣ суҳбат мекунанд.

Устод С. Айнӣ аз рӯйи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва интишори рисолаҳои илмӣ ба дараҷаву унвонҳо ва мартабаҳои баланди илмии замон сазовор гардидааст. Корманди хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (25 октябри соли 1940), аъзои ифтихории АИ Ҷумҳурии Узбекистон (ноябри соли 1943), мудири кафедраи адабиёти Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1946-1950), дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филология бе дифои рисола, дар Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Ленинград (ноябри 1948), профессори кафедраи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Самарқанд (ноябри 1949), Корманди хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Узбекистон (1949), мушовир ва роҳбари чандин рисолаҳои докториву номзадии унвонҷӯён, мақоми олии илмӣ – президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон гувоҳи таҳаввули рушди фаъолияти илмӣ ва расидан ба мақому мартаба ва эътирофу эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонии илмӣ мебошад.

Таъкиди танҳо як падида кифоя аст, ки арзишу аҳаммияти таърихии рисолати илмии устод Айниро собит бисозад: бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026, 100-солагии нашри “Намунаи адабиёти тоҷик” таҷлил мегардад.

Далелҳои болозикр ва зиндагиву фаъолияти устод Айнӣ гувоҳ аст, ки эшон на олим ва ё муҳаққиқи одӣ, балки аз шахсиятҳои фаъолу ташаббускор, ташкилкунандаи мактаб, муҳиту ҷараёнҳо ва низоми илмӣ дар кишвари мо будааст. Устод С. Айнӣ бо рисолаву таълифотҳои илмӣ, маслиҳату машваратҳо ва роҳнамоиҳои худ дар таъсиси сохтору ниҳодҳои илмӣ, самту равишҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ хизматҳои шоиставу таърихиро анҷом додааст.

Дар маснади нахустин президенти Академия устод С. Айнӣ тавонист худро ҳамчун ташкилотчӣ, роҳбари боистеъдоду тавоно муаррифӣ намояд. Ташкили сохтори Академия, интихоб, ҷамъ кардан ва ҷобаҷогузории кадрҳои илмӣ, иншооту пояи моддӣ-техникӣ, муайян намудани самтҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқоқотӣ, дурнамо ва рушди иқтисоди миллӣ, ҳамкориҳо бо олимон, марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ, ба роҳ мондани фаъолияти ноширӣ ва интишори натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимон аз иҷрои рисолати таърихии устод С. Айнӣ дар раёсати Академия маҳсуб меёбад.

Дар хотираҳои худ академик З. Раҷабов оид ба қобилияти ташкилотчигӣ ва истеъдоди фитрии устод С. Айнӣ бо эҳтирому самимият менависад: “Ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо С. Айнӣ ҳамкориҳои судманд доштем ва ман дар ҳайрат будам, ки бо вуҷуди таҳсилоти гуманитарӣ доштан С. Айнӣ дар ҳалли масъалаҳои илмҳои табиатшиносӣ истеъдоди баланд дошт. Суханрониҳои С. Айнӣ дар ҷаласаҳои раёсат ва ҳамоишҳои илмӣ гувоҳӣ он буд, ки нахустпрезиденти Академия рушди тамоми самтҳои илми шуравиро, ки дар Академия ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар фаъол буданд, дар маркази таваҷҷуҳи хеш қарор дода буд.

Имрӯз, ки Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба сифати маркази илмии кишвар эътироф гардидааст, хизматҳои бевоситаи президенти нахустин, олими соҳибистеъдод Садриддин Саидмуродович Айнӣ мебошад”.

Воқеан, дар як муддати кӯтоҳи фаъолият (1951-1954), дар Академияи навтаъсис бо роҳбарии академик С. Айнӣ корҳои хеле бузург ва арзишманди илмӣ-ташкилӣ анҷом дода шудаанд. Таъсиси муассисаҳои илмӣ, таҳияи нақша ва самтҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ дар кишвар, тарбияи кадрҳои илмӣ, таъсис ва муҷаҳҳаз намудани озмоишгоҳҳои Академия бо таҷҳизот ва технологияҳои муосир аз ҷумлаи дастовардҳои нахустпрезиденти Академия мебошад.

Академик С. Умаров, ки пас аз С. Айнӣ раёсати академияро ба уҳда дошт, аз фаъолияти олимони мамлакат ба чунин хулоса омадаанд, ки дар ташаккул ва рушди илм дар системаи академия С. Айнӣ ба ҳайси нахустин президенти АМИТ хизматҳои шоистаро анҷом додаанд.

Академик Б. Ниёзмуҳаммадов ҳамчун аввалин муовини президенти Академия дар хотираҳои хеш оид ба фаъолияти устод С. Айнӣ аз донишу маърифат, ҳисси баланди милливу ватанпарастӣ, меҳнатдустиву интизоми корӣ, муносибати эҳтиёткоронаву содиқона ба амволи давлат бо самимият чунин менависад: “Ҳамкории мо бо устод Айнӣ аз рӯзҳои аввали таъсиси Академия сар шуда, то охори умри ӯ давом намуд. Солҳои ҳамкории мо бо устод дар Академия, солҳои ташкилӣ буда, мувофиқи талаботи рӯзафзун қариб ҳар рӯз барои маслиҳат ва ҳалли масъалаҳо бо ҳам вомехӯрдем ва ҳар вохӯрии мо аз ду то се соат тул мекашид... Ман дар ин мудатти ҳамкориамон дар Академия аз тамоми соҳаҳои илму маданият аз устод бисёр чизҳо омӯхтам ва аз мактаби ҳаёти ӯ таълим гирифтам. ”

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар замони Истиқлол ба марҳилаи сифатан нави рушд қадам гузошт. Пояи моддӣ-техникӣ ва неруи зеҳнии Академия мустаҳкам гардида, фаъолияти он ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ шудаанд. Бо ташаббусу дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон академия мақоми нави ҳуқуқӣ-Академия миллии илмҳои Тоҷикистонро сазовор гардид. Маҳз бо шарофати истиқлол Академия вориди фазои илмии ҷаҳонӣ шуд ва ҳамкориҳои судманди илмӣ бо марказҳои илмӣ ва олимони кишварҳои хориҷӣ таҳкиму густариш ёфт ва имруз Академия на танҳо маркази илмӣ-таҳқиқоти пешбари мамлакат, ҳамчунин муаррифгари илми тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ маҳсуб меёбад. Дар остонаи ҷашни Академия, ҳангоме ки сухан аз дастовардҳо ва рушди илми тоҷик меравад, номи устод С. Айнӣ ва дигар ҳамзамонону ҳамаслакони эшон бо некӣ ва арзи сипос ёди хотир меоянд. Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Э. Раҳмон мебошад:

“Устод Айнӣ тимсоли зиёии пешқадаме мебошад, ки тамоми умр ва фаъолияти серҷабҳаашро сарфи хизмат ба миллати хеш кардааст. Баробари таъсис ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ бо тамоми ҳастиаш ба он пайваст ва барои рушди забону адабиёт, илму маориф ва фарҳанги халқи тоҷик хизмати беназир кард. Мирзо Турсунзода аз он айёми тақдирсоз ёдовар шуда, чунин нигоштааст:

Худи устод машъал шуд, алав шуд,

Чароғи мардуми дунёи нав шуд.

Ман рисолати зиёиёни имрӯзаро маҳз дар ҳамин мебинам: чароғи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол будан. Бо назардошти чунин мақоми баланди зиёиён дар ҷомеа бори дигар метавон таъкид сохт, ки онҳо воқеан хазинаи тиллоии миллат ва гули сари сабади ҷомеа мебошанд”.

Имомзода Муҳаммадюсуф Сайидалӣ - доктори илмҳои филологӣ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон