Перейти к основному содержанию
Дар давоми ду ҳафтаи охир дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ҷашни шодӣ, баҳору табиат, ҳикмату саодат, суруру меҳрубонӣ ва ваҳдати инсонӣ, яъне Наврӯзи ҷаҳонӣ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Кишварҳои минтақа Наврӯзи соли 2026-ро бо эҳсоси баланди ҳамбастагӣ ва дар фазои сулҳу оромӣ истиқбол намуданд.

Ин ҷашн, ки дар моҳияти фалсафӣ, ахлоқӣ ва табиии худ арзишҳои волои сулҳ, дӯстӣ, бародарӣ, баробарӣ ва таҳаммулпазириро тарғиб менамояд, тавонист ба халқҳои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин ҷомеаи ҷаҳонӣ шодиву сурур бахшад. Инчунин, он мардумони гуногунро ба сӯи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва зиндагии осоишта раҳнамун сохт.

Бояд қайд намуд, ки ҷашни мазкур аз ҷумлаи ойинҳои бостонӣ дар он фалсафаи амиқи зиндагӣ, мактаби худшиносӣ ва таърихи фарҳангу тамаддуни ниёгони ориёӣ таҷассум ёфтааст. Наврӯз дар радифи ҷашнҳои миллии Сада, Тиргон ва Меҳргон қарор дошта, дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ аз марҳилаҳои гуногуни таърихӣ гузаштааст.

Инчунин, Наврӯз ва арзишҳои инсондӯстонаи он бо мурури замон аз ҳудуди миллӣ фаротар рафта, имрӯз ба як мероси умумибашарӣ мубаддал гардидааст, ки дар таҳкими сулҳ, ҳамзистии осоишта ва муколамаи фарҳангҳо нақши муҳим мебозад.

Дар ҷаҳони пуртазоди муосир Наврӯз ҳамчун пули дӯстӣ миёни халқҳо, омили муҳимми сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва намунаи барҷастаи ҳамзистии тамаддунҳо шинохта шуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардидааст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар вақти дигар ба сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ ниёз дорад, арзишҳои башардӯстонаи Наврӯз метавонанд дар таҳкими субот ва ҳамзистии осоишта нақши муҳим бозанд. Бо назардошти аҳаммияти таърихиву фарҳангии ин ойини бостонӣ, дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз ба роҳ монда шудааст. Ин иқдом на танҳо эҳтиром ба мероси гузашта, балки сармоягузорӣ ба рушди ояндаи фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро танҳо миллате метавонад рушди устувори худро таъмин намояд, ки арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддунии худро ҳифз ва тақвият мебахшад.

Дар меҳвари таҷлили ҷаҳонии Наврӯз, санаи 21 март, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯзро табрик намуданд. Дар ин замина, дар паёми табрикии худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд:«Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки мо бо ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сабру таҳаммул, заҳмати софдилона ва иродаи қавӣ ба ҳадафҳои стратегии миллӣ ноил мегардем ва Тоҷикистони азизамонро ба кишвари боз ҳам ободу пешрафта табдил медиҳем».

Ҳамзамон, таҷлили Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи васеи расонаҳои байналмилалӣ қарор гирифта, тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва платформаҳои иттилоотӣ ба таври густурда инъикос гардид.Ҷашни Наврӯз дар саросари Тоҷикистон, аз маҳаллаву деҳот то шаҳру ноҳияҳо бо иштироки васеи мардум ва бо риояи анъанаҳои миллӣ таҷлил карда шуд. Маросими марказии он бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Дар ин чорабинии бошукӯҳ намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, меҳмонони хориҷӣ ва сайёҳон иштирок намуда, аз арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик аз наздик шиносоӣ пайдо карданд.

Суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмоммалӣ Раҳмон дар ин маросим бори дигар аҳаммияти ҷаҳонии Наврӯзро таъкид намуда, онро ҳамчун ҷашни сулҳу оромӣ, некиву инсондӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва покиву растагорӣ муаррифӣ намуданд.

Ҳамин тариқ, таҳқиқот нишон медиҳад, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун падидаи нодири фарҳангӣ ва тамаддунӣ дорои иқтидори бузурги муттаҳидсозандаи иҷтимоӣ ва маънавӣ мебошад. Арзишҳои ахлоқиву башардӯстонаи он, аз қабили сулҳпарварӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобила, метавонанд дар таҳкими суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва густариши ҳамзистии осоишта миёни халқҳо нақши калидӣ ва дарозмуддат гузоранд.

Нуриддинова М – н.и.т.ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва ШарқииИнститути омӯзишии масъалаҳоидавлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ.