Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон (26-27 марти 2026) дар заминаи таърихи нави муносибатҳои ду кишвар — дар марҳилаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ сурат гирифт. Ин боздид, ки бо истиқболи гарму самимии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамроҳ буд, ба як силсила тадбирҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла баргузории нахустин нишасти Шурои олии байнидавлатӣ, имзои беш аз бист санади нави ҳамкорӣ ва баргузории чорабиниҳои гуманитарӣ оварда расонд. Таҳлили ин рӯйдод аз нигоҳи таърихшиносии муосир, бешубҳа, барои дарки дурнамои ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ аҳамияти калон дорад.
26 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии “Тошканд - Ҳумо” Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамтои узбекистонӣ муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо нишони эҳтироми баланд ва дар фазои идона истиқбол намуд. Афрохтани парчамҳои ду кишвар, шиору овезаҳои тараннумгари дӯстӣ ва сурудҳои миллии ду давлат дар маросими расмии истиқбол ифодагари рамзи баланди муносибатҳои нави байнидавлатӣ гардид.
Маросими расмии истиқбол дар назди Қасри “Куксарой” бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар ва гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат ҷараён гирифт. Дар ин маросим ҷанбаҳои протоколии дипломатӣ, ки аз эҳтироми мутақобила ва сатҳи баланди эътимоди сиёсӣ шаҳодат медоданд, ба назар расиданд.
Яке аз рӯйдодҳои асосии сафар, музокироти сатҳи олӣ дар доираи нахустин нишасти Шурои олии байнидавлатии Тоҷикистон ва Узбекистон буд. Таъсиси ин Шуро дар амал ифодагари он аст, ки муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи нав — шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ расидаанд.
Дар рафти музокирот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунпаҳлӯ баррасӣ гардид. Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ба 1 миллиард доллар наздик шуда, талош карда мешавад, ки ин нишондод то соли 2030 ба 2 миллиард доллар расонида шавад. Таъкид гардид, ки дар қаламрави Узбекистон 410 корхона бо сармояи тоҷик ва дар Тоҷикистон 131 корхонаи муштарак фаъолият доранд, ки нишонаи намоёни густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ мебошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз афзоиши назарраси рафтуомади шаҳрвандон ёдовар шуданд: соли 2025 наздики 2,780,000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Узбекистон ва беш аз 1,117,000 шаҳрванди Узбекистон ба Тоҷикистон сафар намудаанд. Ин нишондодҳо на танҳо равобити иқтисодӣ, балки алоқаҳои оилавӣ, фарҳангӣ ва мардумиро низ инъикос мекунанд.
Дар рӯзҳои сафар, таваҷҷуҳи хос ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои стратегӣ, аз қабили энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, технологияҳои нав ва инноватсия равона гардид. Дар маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот, сарони ду давлат барои татбиқи 12 лоиҳаи муштарак дар ҳудуди ду кишвар иҷозат доданд, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 161 миллион долларро ташкил медиҳад. Ин лоиҳаҳо ба ташкили ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисоди минтақавӣ мусоидат хоҳанд кард.
Қисмати муҳими сафар ба имзо расидани беш аз 20 санади нави ҳамкорӣ буд, ки муҳимтарини онҳо инҳо мебошанд:
- Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи таъмиқи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ;
- Барномаи зиёд намудани ҳаҷми гардиши мол то 2 миллиард доллари амрикоӣ то соли 2030;
- Барномаҳои ҳамкории саноатӣ миёни ду кишвар;
- Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2026-2028;
- Созишномаҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, илм, маориф, фарҳанг, мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ ва дигар соҳаҳои муҳим.
Имзои ин санадҳо заминаи мустаҳками ҳуқуқиро барои густариши ҳамкории байнидавлатӣ дар тамоми бахшҳо фароҳам меорад.
Яке аз равандҳои муҳими сафари давлатӣ, таваҷҷуҳи хос ба дипломатияи фарҳангӣ буд. Дар доираи сафар, дар шаҳри Тошканд бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарони ду давлат ифтитоҳ ёфт. Ин амал рамзи таҳкими инфрасохтори дипломатӣ ва таъмини шароити мусоид барои ҳамкории минбаъда мебошад.
Барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” дар Қасри ҳамоишҳои байналмилалии “Узбекистон” бо иштироки ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон сурат гирифт. Ин ҳамоиш идомаи анъанаи неки ҳамкории фарҳангиро таҷассум намуда, баҳри таҳкими дӯстии мардумони ду кишвар мусоидат кард.
Боздиди Сарони ду давлат аз шаҳри таърихии Бухоро, аз ҷумла мавзеъҳои фарҳангӣ-таърихӣ ба мисли Маҷмааи “Лаби ҳавз”, “Пои Калон” ва Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ, ифодагари эҳтироми муштарак ба мероси таърихию фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ буд. Махсусан таваҷҷуҳ ба Оромгоҳи Сомониён, ки ёдгории нодири меъмории асрҳои IX-X мебошад, ба ҳамбастагии фарҳангии тоҷикон ва узбекон ишора мекунад.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон на танҳо барои муносибатҳои дуҷониба, балки барои Осиёи Марказӣ дар маҷмуъ аҳамияти стратегӣ дорад. Дар музокирот, масъалаҳои амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифтанд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи атрофи минтақаро “мураккаб” арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки барои вокуниши муассир ба хавфу таҳдидҳои умумӣ, талошҳои муштарак зарур аст.
Дар ниҳоят, дар нишасти матбуотӣ сарони ду давлат изҳори бовар намуданд, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбекистон то соли 2028 ба 2 миллиард доллар хоҳад расид. Ин нишондод ва дигар пешрафтҳо собит мекунанд, ки сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди муносибатҳои байнидавлатӣ, ки дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва дастгирии якдигарӣ бунёд ёфтааст, оғоз бахшид.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон (26-27 марти 2026) на танҳо идомаи мантиқии муносибатҳои дӯстонаи ду кишвари ҳамсоя, балки ба сатҳи нави сифатӣ — шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ расидани ин муносибатҳоро тасдиқ намуд. Натиҷаҳои ин сафар, ки дар имзои беш аз бист санади муҳими ҳамкорӣ, оғози татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак, густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ ва тақвияти эътимоди сиёсӣ ифода ёфтанд, барои рушди минтақаи Осиёи Марказӣ намунаи барҷастаи ҳамкории бунёдкор мебошанд.
Таҳлили ин рӯйдод нишон медиҳад, ки сафари давлатӣ ба як анҷумани бузурги дипломатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ табдил ёфт, ки дар маркази он манфиатҳои мардумони бародари ду кишвар қарор доранд. Ин сафар дар ҳақиқат рамзи он аст, ки Тоҷикистон ва Узбекистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ояндаи устувори минтақаро месозанд ва таҷрибаи он метавонад барои дигар кишварҳои минтақа низ чун намунаи муваффақияти ҳамкории байнидавлатӣ хизмат кунад.
ШИРИН ҚУРБОНОВА, сарходими шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих

