Дини зардуштӣ ҳамаи пайравонашро ҳидоят мекард, ки ҳар сол ҳафт идро ба ифтихори Аҳурамаздо ва шаш идро ба ифтихори Амеша Спента таҷлил кунанд.[1] Зардуштиён дар баробари ҳафт иди тақвимӣ, идҳои мавсимии гоҳанборро (gāhānbārs) ҷашн мегирифтанд ва аз ҷониби Зардушт ва пайравонаш ҳамчун рӯзҳои муқаддас пазируфта шуданд[2]. Гоҳанбор дар охири ҳар шаш мавсими соли зардуштӣ баргузор мешуданд. Ин идҳо асоси соли диниро ташкил медоданд ва риоя накардани онҳо гуноҳ ҳисоб меёфт. Дар «Авесто» (Vr. 1.2) далели ҷолибе оварда шудааст, ки ҳам фаслҳои сол ва ҳам идҳо yāirya ratavō («давраҳои солона» аз ratu - «давраҳо»)[3] номида мешаванд.
Истилоҳи «рад» ҳанӯз дар ибтидои забони форсии миёна ба маънии «давра» истифода мешуд, чуноне ки маънои истилоҳи «гаҳ» «(таъиншуда) вақт»-ро[4] ифода мекунад. Калимаи «гоҳанбор» аз ду реша иборат аст: гоҳ - «вақт» ва бор — «мева», яъне ин замони пухта расидани мева аст.
Сабаби пайдоиши гоҳанбор ин аст, ки мувофиқи таълимоти зардуштӣ шаш офариниши олам - осмон, об, замин, наботот, ҳайвонот ва инсон ба Аҳурамаздо тааллуқ доранд (Bd. 1.28)[5]. Ӯ ин шаш офаридаро дар тӯли 365 рӯз офаридааст, ки ба шаш давра тақсим мешаванд. Зардуштиён бояд офариниши дунёро бо шаш ид – гоҳанбор, ки ба ин шаш офаридаи олам бахшида шудаанд, ҷашн гиранд (Bd. 25.1). Бинобар ин, тибқи солшумории зардуштӣ эрониёни қадим дар давоми сол шаш гоҳанборро ҷашн мегирифтанд. Эрониёни қадим бо анъанаи таҷлил намудани ҷашнҳои гоҳанбор ба Офаридгор - Аҳурамаздо барои офаридаҳои мавсимӣ ва неъмату баракати ӯ изҳори сипосу миннатдории (āfarīn) худро баён мекарданд[6]. Ин анъана барои ҳуввият ва мустаҳкам шудани ҳисси бародарӣ миёни мардум мусоидат намуда, зардуштиёнро барои ёдоварӣ аз асли хеш ва анҷом додани корҳои нек ҳидоят мекард. Берунӣ дар бораи пайдоиши гоҳанбор ва чӣ тавр ҷашн гирифтани онҳо маълумоти муфассал додааст[7].
Гоҳанбор дар давоми сол тақсим шуда, онро ба шаш мавсим ҷудо мекунанд ва номунтазам яке аз паи дигаре ҷашн гирифта мешавад. Дар «Авесто» (Vr. 1.2)[8] ва «Сад боби Бундаҳишн» [9] («Saddar Bundaheš») номи ин ҷашнҳо ва тавсифи онҳо нишон дода шудааст. Онҳо ба таври зерин номбар шудаанд:
1. Маидйой-зарэмайа (авест. Maiδiiōi.zarəmaiia) – нимаи баҳор, маънои аслиаш «миёнаи сабзиш» мебошад. Мувофиқи «Виспарад» - «ширӣ» (paiiah). Маидйой-зарэмайа пас аз чилу панҷ рӯзи оғози сол таҳти ҳимояти Шаҳривар гузаронида мешуд. Таҷлили он дар рӯзи понздаҳуми моҳи дуюм рост меояд ва рамзи офариниши осмонро ифода мекунад.
2. Маидйой-шема (авест. Maiδiiōi. šəma) – инқилоби тобистонии офтоб, маънои аслиаш «миёнаи тобистон» аст. Мувофиқи «Виспарад» ин мавсим барои корҳои саҳроӣ мусоид (wāstro-dātainiia) аст. Ин ҷашн зери ҳимояти Амаҳраспанди Хурдод, пас аз шаст рӯзи ҷашни аввал баргузор мешуд. Он ба рӯзи понздаҳуми моҳи чорум рост меояд ва рамзи офариниши обро ифода мекунад.
3. Паитишахйа (авест. Paitiš.hahiia) – ҳосил, маънои аслиаш «бозгашти ғалла» аст. Мувофиқи «Виспарад» - «серҳосил» (hahiia). Ҷашне, ки таҳти ҳимояти Амаҳраспанд Спандармад ҳафтоду панҷ рӯз пас аз иди гузашта ё рӯзи сиюми моҳи шашум баргузор мешуд ва рамзи офариниши заминро ифода мекунад. Гоҳанбори сеюм ба охири тобистон ва аввали тирамоҳ, яъне вақти пухта расидан ва ҷамъоварии ҳосил рост меояд.
4. Айатрима (авест. Aiiāθrima) - ҷашни бозгашти чорво аз чарогоҳҳои тобистона мебошад ва маънои «бозгашт ба хона»-ро ифода мекунад. Мувофиқи «Виспарад» - «бозгашт (пода) ва таваққуфи нарҳо (бо ҷуфтшавӣ бо модаҳо)» (fraourvaštrimavaršni.haršta). Ин ид рамзи охири тобистон аст, ки таҳти ҳимояти Амаҳраспанда Амурдод сӣ рӯз пас аз иди гузашта баргузор мешуд. Он ба рӯзи сиюми моҳи ҳафтум рост меояд ва рамзи офариниши растаниҳо мебошад.
5. Маидйаирйа (авест. Maiδiiāiriia) – инқилоби зимистонии офтоб, маънои аслиаш «миёнаи сол» мебошад. Мувофиқи «Виспарад» «мавсими боронӣ» (sarəδa) мебошад. Ҷашн зери ҳимояти Амахраспанда Вахмана пас аз ҳаштод рӯзи ҷашни гузашта баргузор мешуд. Он ба рӯзи бистуми моҳи даҳум, яъне нимаи зимистон рост меояд ва рамзи офариниши чорво, яъне ҳайвонотро ифода мекунад.
6. Хамаспатмаэдайа (авест. Hamaspaθmaēδaiia) – охири сол, маънои аслияш «давраи байни ду сол, ки баъди он тобистон аст» мебошад. Мувофиқи «Виспарад» - «офариниши суд» (arətō.karəθna). Гоҳанбори шашум ба охири фасли зимистон ва аввали фасли баҳор рост меояд ва дар иди фраваши ё дуою фотиҳаи арвоҳи гузаштагони наздик гузаронда мешуд[10]. Хамаспатмаэдайа дар охири сол пас аз ҳафтоду панҷ рӯзи иди гузашта таҷлил мешуд. Он дар рӯзи охири сол, яъне рӯзи эътидоли шабу рӯзи баҳорӣ рост омада, зери ҳимояти худи Ормузд (дар замони Сосониён таҷлили он даҳ рӯз давом мекард ва бо номи Фарвардигон машҳур буд) баргузор мешуд[11]. Гоҳанбори шашум ба ҷашни Наврӯз рост омада, ба офариниши инсон ва гиромидошти арвоҳи гузаштагон бахшида мешуд. Дар ин вақт аз он дарак дода мешуд, ки ботақвотарин нафароне, ки дар ҳаёташон некӣ ва корҳои шоиста кардаанд, соҳиби ҳурмату эҳтироми хоса мебошанд[12].
Тибқи суннати зардуштӣ панҷумин рӯз, ки худи ҷашн барпо мешавад ба санаҳои зерини солшумории зардуштӣ рост меояд:
Маидйой-зарэмайа ба рӯзи Дайбамеҳри моҳи Урдубиҳишт рост меояд. Ин рӯзи 15-уми моҳи 2-юми сол аст.
Маидйой-шема ба рӯзи Дайбамеҳри моҳи Тир рост меояд. Ин рӯзи 15-уми моҳи чоруми сол аст.
Паитишахйа ба рӯзи Анарами моҳи Шаҳривар рост меояд. Ин рӯзи 30-юми моҳи шашуми сол аст.
Айатрима ба рӯзи Анарами моҳи Меҳр рост меояд. Ин рӯзи 30-юми моҳи ҳафтуми сол аст.
Маидйаирйа ба рӯзи Варахрами моҳи Дай рост меояд. Ин рӯзи 20-уми моҳи даҳуми сол аст.
Хамаспатмаэдайа ба рӯзи панҷгонаи неки Ваҳиштоиш – рӯзҳои Гот, яъне рӯзи охирини сол рост меояд.
М. Бойс қайд мекунад, ки ҷашнвораи чорум ба паноҳгоҳ баргаштани ҳайвонот пеш аз фарорасии зимистон бахшида шудааст. Бинобар ин, санаҳои якум, сеюм ва чорум замонҳоеро нишон медиҳанд, ки барои чорводорон ва деҳқонон муҳим мебошанд, дар ҳоле ки дуюм ва панҷум падидаҳои табииро (инқилоби офтоб) нишон медиҳанд ва барои онҳое, ки вақтро асосан аз рӯи офтоб ҳисоб мекунанд, хеле муҳим мебошад. Далели он, ки рӯзи инқилоби зимистонӣ «миёнаи сол» номида мешавад, нишон медиҳад, ки ин идҳо дар ибтидо ба тақвиме тааллуқ доштанд, ки дар он сол аз инқилоби тобистонӣ ҳисоб карда мешуд[13]. Номҳои ҷашни гоҳанбор аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар фаъолияти эрониёни қадим ду навъи хоҷагӣ – кишоварзӣ ва чорводорӣ баробар афзалият доштанд.
Дар «Бундаҳишн» чӣ тавр ҳисоб кардани фарорасии гоҳанбори навбатӣ шарҳ дода шудааст. Аз манбаъ бармеояд, ки гоҳанбор солро аз рӯи нуқтаҳои эътидоли шабу рӯз ва инқилоби офтоб ҷудо мекунад. Бинобар ин «ҳамеша аввал бояд рӯзҳоро шумурд ва баъд шабҳоро, зеро аввал рӯз мегузарад ва баъд шаб меояд. Аз иди медйошам - рӯзи Хвари моҳи Тир, то иди медйорам - рӯзи Вахрами моҳи Дай кӯтоҳтарин рӯз ва дарозтарин шаби сол мебошад. Аз иди медйорам то иди медйошам шаб кӯтоҳ мешаваду рӯз дароз мешавад. ... Дар охири моҳи спандармад (дар панҷ рӯзи иловагӣ) иди хамаспатмаэдайа чашн гирифта мешавад ва дар ин вақт шабу рӯз боз баробар мешавад» (Bd. 25.2-3, 6).
Ба масъалаи дар кадом давра қонунӣ гардидани гоҳанбор таваҷҷуҳ карда, мо наметавонем бо ақидаи М.Бойс розӣ набошем. Яъне, мувофиқи ақидаи ӯ дар ҳоле ки шаш гоҳанбор, ки номҳои нававестоии онҳо аз ҷашнҳои чорводорон ва кишоварзон будани онҳо шаҳодат медиҳанд, имкон дорад, ки дар давраи «Хурд-Авесто», яъне тахминан солҳои 1200-800 пеш аз милод аз ҷониби пайравонаш (зардуштиҳо) дубора ҳамчун ҷашни динӣ пазируфта шуданд[14].
Дар «Сад боби Бундаҳишн» омадааст, ки «ҳангоми фарорасии давраи навбатӣ мардум бояд маросими қурбонии бехун (мйазд)-ро ба гоҳанбор анҷом диҳанд, ба бебизоатон ғизо тақсим кунанд, дар васфи худоён дуои хайр кунанд, маросимҳои афрингонро ба ҷо биёранд ва шукри Худои мутаол кунанд»[15].
Ҳамин тариқ, барои ҳамаи гоҳанбор ду маросим ҳатмӣ аст. Маросими аввал афрингон (āfarīn) – дуои хайр ё навъи махсуси ибодат ва дуо мебошад, ки матни он дар «Авестои хурд» ворид шудааст. Маросими дуввум боҷ (bāj) – тоату ибодат бо пешниҳоди садақаю хайрия ва туҳфаҳо аз ҷониби ҳамаи аъзои ҷомеа ба шумор меравад. Гоҳанбор дар маъбадҳо ва оташкадаҳо, дар қурбонгоҳи хонаҳои оилавӣ баргузор мешуданд. Пеш аз ворид шудан ба маъбад ё оташкада, ҳар як зардуштӣ бояд таҳорат ва як маросими поксозии қисман ё пурраро ба ҷо меовард[16].
Аз таҳқиқи давраи Ашкониён маълум аст, ки дар ибтидо гоҳанбор як рӯз ҷашн гирифта мешуданд. Дар он замон барои онҳо маросими махсус муқаррар нашуда буд. Дар замони Сосониҳо русуми махсус барои ҷашнгирии гоҳанбор муқаррар гардид, ки бо унвони Vīspo Ratavō ё jašt ī Visperad («Ибодат ба ҳамаи худовандон») маъруф аст[17]. Он ба Аҳурамаздо «Худои бузург» ва таҳти роҳбарии ӯ ба ҳамаи худоёни офарандагони некӣ бахшида шудааст. Ибодат ҳангоми Hāvan Gāh, яъне байни тулуи офтоб ва моҳ анҷом дода мешуд. Чунин расм мақбул буд, ки ҳамаи коҳинони ин ё он маҳал барои ҷашнгирӣ дар маҳалли аслии ибодати худ ҷамъ мешуданд ва бисёре аз мардуми одӣ низ иштирок мекарданд[18]. Ин як маросими махсуси расмӣ барои қурбонӣ кардани ҳайвонҳо буд, ки равғани онҳо барои оташ қурбонӣ мешуд.[19]
Маросимҳои марбут ба ҷашни ҳар як гоҳанбор панҷ рӯз давом мекард. Барпо намудани гоҳанбори панҷрӯза ба ислоҳоти дувуми солшумории Сосониён тааллуқ дорад. Ба ақидаи М. Бойс қабули ислоҳот ба солҳои 507-511 рост меояд[20]. Чор рӯзи аввал омодагӣ ба ид ва рӯзи панҷум - рӯзи ҷашни худи гоҳанбор буд. Дар ин рӯз ҳамаи расму оинҳои асосӣ иҷро мешуданд. Зардуштиён панҷ рӯзи гоҳанбор, яъне «замони Гот»-ро бо панҷ «Гот»-и Зардушт мутаносиб медонистанд. Ин махсусан барои гоҳанбори аз ҳама охир хос аст, ки пурра дар рӯзҳои панҷгонаи неки «Гот» рост меояд.
Дар рӯзҳои гоҳанбор иҷрои ҳама гуна кор манъ карда мешуд. Омодагӣ ба гоҳанбор ба мисли ҷашни Наврӯз ва Меҳргон чанд рӯз пеш аз фарорасии ид оғоз мешуд. Хонаҳо рубӯчин ва оро дода мешуданд, зардуштиҳо либосҳои беҳтарини худро мепӯшиданд, шириниҳо ва дигар хӯрокҳоро омода мекарданд. Мувофиқи анъана, ҳар кас дар аввал ҳадди аққал як қисми ибодатҳоро ба ҷо оварда, дуо мехонд, то он вақте ки онҳо аз ҷониби коҳинон анҷом дода мешуданд. Агар онҳо ин амалро иҷро карда наметавонистанд, ҳадди аққал дар он иштирок карда, ғизо тақсим мекарданд, ки баъд аз он дуою фотеҳа мехонданд[21].
Ҳар зардуштӣ пас аз анҷоми маросими динӣ бояд шодӣ кунад, зеро ҳар чи бештар хушҳол будан ба масъулияти лаззатбахшу гуворо табдил ёфт. Дар таълимоти зардуштӣ шодию нишот як фазилати мусбат, аслиҳа бар зидди ғаму андӯҳ ба шумор меравад.
Базму зиёфат, истеъмоли дӯстона ва лаззатбахши хӯроку нӯшокиҳо як ҷузъи муҳими ҷашнҳои зардуштӣ, бахусус гоҳанбор мебошад. Дар наски ҳафтуми «Авестои бузург», ки Пазаг ном дорад, дар бораи дар ид кадом хӯрокҳоро омода кардан гуфта шудааст ва дар ин бора дар «Ривояти форсӣ» қайд гардидааст. Масалан, дар баробари таомҳои идонаи суннатӣ, рӯйи дастархон бояд бо меваҳои ҳархела, монанди хурмо, санҷид (меваи зайтуни ваҳшӣ), бодом, чормағз, шафтолуи хушккардашуда оро дода шавад ва шохаҳои ҳамешасабзи мӯрд, ки нишонаи Аҳурамаздо мебошад, гузошта шавад. Дар дастархон нон ва дигар таомҳо низ гузошта шуда, май мунтазам истеъмол мешуд ва нӯшбодҳо гуфта мешуданд. Илова бар ин, ҳангоми зиёфат ва баъди он ё дар ҳар ду маврид мусиқӣ ҳамеша танинандоз буд.
Гӯшт дар дастархон паҳлӯи нону меваҷот гузошта мешуд ва ҳангоми адои тоату ибодат табаррук мешуд. Эътиқод бар ин буд, ки касоне аз ин гӯшт истеъмол мекарданд файз ва хайру баракатро соҳиб мешуданд. Ҳама ба он даъват карда мешуданд, ки андаке ҳам бошад, барои иҷрои қарзи динӣ саҳми худро гузоранд. Агар шахси хеле камбағал барои хайр кардан чизе надошта бошад ҳам, бояд дар вақти ибодат ва шодию хурсандӣ ҳамроҳ бо шарикони худ ҳозир бошад. Агар ҷашни гоҳанбор дар хонае баргузор гардад, ки барои ҳамсояаш душман бошад, дар ҳар сурат барои ин шахс лозим меомад, ки дар он иштирок кунад. Аз рӯи эътиқод ин мувофиқтарин фасли сол барои оштӣ шудан буд ва ба тарғиби муҳаббати бародарӣ ва парҳезгорӣ бештар мусоидат мекард[22].
Гоҳанборро ҳам сарватмандон ва ҳам бебизоатон ҷашн мегирифтанд. Дар «Ривояти форсӣ» нақл карда мешавад, ки Хусрави Анӯшервон рӯзи гоҳанбори Хамаспатмаэдайаро бошукӯҳ ҷашн гирифта, ҳамаи раият, ашрофзодаҳо ва бебизоатонро ба зиёфат даъват мекунад. Аммо ӯ дар хобаш мефаҳмад, ки бо вуҷуди саховатмандиаш афзалияти бештаре насиби як марди фақире шудааст, ки дар гаҳбанбори шоҳ иштирок карда натавониста, як қабати дари чӯбини дутабақаашро фурӯхт, худашро аз ҳама чиз маҳрум кард ва «мувофиқи имкон гоҳанборро ҷашн гирифт», то ин ки ихлосу муҳаббати худро ба Худо изҳор кунад [23].
Аз ҳама муҳимтарин ҷашни гоҳанбор ҷашни Хамаспатмаэдайа ба шумор мерафт, зеро он силсилаи гоҳанборро ба анҷом мерасонд ва оғоз мекард. Ин ҷашн бо Наврӯз рост меояд. Дар «Авесто» омадааст:
«Меҳрубон, қавӣ, муқаддас
Мо фравашии поку одилро мепарастем,
Ки ҳангоми Хамаспатмаэдайа [10-12 март],
Ба хонахояшон парвоз мекунанд
Ва дар ин ҷо [дар ин дунё] даҳ шаб
Мегузаронанд,
[Аз аҳволи хешовандони худ] бохабар мегарданд».
Дар «Сад боби Бундаҳишн» сабаби омадани фравашҳо дар вақти Хамаспатмаэдайа ва ба ин муносибат зоҳидонро ба чӣ ҳидоят кардани онҳо гуфта шудааст: «Ҳангоми Хамаспатмаэдайа ҳама ба ин замин мефароянд ва ҳама ба макони (пештара) худ бармегарданд». Ҳангоми ҷашнгирии гоҳанбор Аҳримани малъун дар ҳайрат мемонад ва руҳи бадкорон аз дӯзах раҳо шуда, дубора ба манзили худ бармегарданд. Руҳу парҳезгорон шоду масрур мешаванд... Руҳи гунаҳкорон дар тарсу ҳарос мешаванд... монанди шахсе, ки аз зиндони шоҳ озод шуда, ҳар соат дар тарс аст, ки ӯро дубора ба маконаш бармегардонанд... Аз ин рӯ барои мардон лозим аст, ки [давоми] ин … рӯзҳо моддаҳои хушбӯй бисӯзонанд ва рӯҳҳоро мадҳу ситоиш бикунанд, мах ва афринагонро ба ҷо оваранд ва «Авесто» бихонанд, то ин рӯҳҳо дар ҳузуру ҳаловат ва шавқу шодӣ бошанд. Ва…дар муддати ин… рӯзҳо ба ҷуз адои вазифа ва кори хайр, ҳеч кори дигаре набояд анҷом диҳанд, то рӯҳҳо бо хушҳолӣ ба ҷойгоҳи худ бозгарданд ва дуою фотеҳа изҳор кунанд»[24].
Чунин расму оинҳоро Берунӣ низ тасвир мекунад: «Дар ин вақт одамон хӯрокҳоро дар наусҳои мурдагон ва нӯшокиҳоро дар болои боми хонаҳо мегузоштанд. Онҳо бовар доштанд, ки руҳи мурдагон аз ҷои подош ва ҷазо берун омада, қуввати ғизоҳоро ба худ мекашиданд ва таъми онҳоро мечашиданд. Онҳо хонаҳои худро бо элекампан дуд мекарданд, то арвоҳи мурдагон аз бӯи хуши он ҳаловат баранд. Руҳи одамони пок ба аёдати зану фарзандон ва хешовандонашон мераванд ва дар корҳои онҳо ширкат мекунанд, ҳарчанд онҳоро намебинанд»[25].
Қайд кардан лозим аст, ки расму оин ва маросимҳои марбут ба таҷлили гоҳанбор барои ҳар як ҷашни он якранг буд. Анъанаи таҷлили гоҳанбор беш аз ҳазорсолаҳо оғоз шуда, то имрӯз боқӣ мондааст. Имрӯзҳо таваҷҷуҳ ба омӯзиши дини зардуштӣ боз вусъат ёфта, барои таҳқиқи амиқи маъхазҳои зардуштӣ саъю кӯшиш шуда истодааст. Омӯзиши идҳои зардуштӣ, ба хусус расму оинҳои марбут ба баргузории гоҳанбор, як қатор фарҳанги маънавии қадимии тоҷикон ва дигар халқҳои муосири эрониро нишон хоҳад дод. Таҳқиқ ва омӯхтани ҷашни гоҳанбор барои омӯзиши таърих, таърихи дин ва таърихи фарҳанги маънавии халқҳои эронӣ муҳим аст.
Наргис Хоҷаева, доктори улуми таърих








