Перейти к основному содержанию

Дар фарҳангу тамаддуни мо тоҷикон иззату эҳтироми зан - модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Воқеан, Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ масъалаи баробарҳуқуқии мардону занонро дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои пайдарпай ва муассирро амалӣ менамояд. Дар ин раванд бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби бонувон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои лаёқатманд аз ҳисоби занон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо тадбирҳои наррас андешида шудааст. Дар тӯли 35 соли Истиқлоли давлатӣ барои баланд бардоштани мақом ва ҷойгоҳи занон аз ҷониби Сарвари давлат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст:

- 13 ноябри соли 1998 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- 19 марти соли 2013 № 954 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила;

- 28 январи соли 2021 № 5 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025;

- 27 апрели соли 2022 № 204 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030;

- 3 декабри соли 1999 № 5 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва дар асоси ин фармон аз 1 марти соли 2005 № 89 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробарии амали гардонидани онҳо» ва якчанд санадҳои дигар ба имзо расиданд.

Қобили зикр аст, ки татбиқи ин санадҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки занону бонувон дар меҳвари асосии сиёсати Пешвои миллат қарор дорад.

Инчунин пайваста дар ҳама баромадҳояшон нисбати занону модарон ғамхорӣ намуда, аз тамоми қишри ҷомеа даъват ба амал меоранд, ки эҳтироми худро нисбари хоҳарону модарон ба ҷо оранд. Дар яке аз баромадҳояшон чунин иброз намуданд: “Занону духтарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунад ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад”.

Маҳз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат дар барқарорсозии сулҳ, сарҷамъ намудани мардуми тоҷик, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва дигар масъалаҳои давлатдорӣ занону бонувонро дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлати тоҷикон кӯмак ва саъю талошҳои зиёд карданд. Бояд қайд намуд, ки ин ғамхорӣ, занон ҳамчун нерӯи фаъоли ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлатӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши калидӣ доранд.

Дар охир бояд қайд намуд, ки барои ин ҳама бовариҳои Ҳукумати мамлакат занону модарон вазифадорад, ки дар баробари мардон барои рушду ташаккули Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.

Бекова Озодамоҳ - ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва

Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ