Перейти к основному содержанию
«Модарон меҳрафзо ва машъали тобон, занон хонахудои дудмон ба шумор мераванд. Номи зан- модар муқаддасу гиромӣ аст, занон бо меҳри модариашон ба тарбияи фарзандон ва устувор намудани хонадон машғул гардида, таҳкими оила ва баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мепиндоранд ва бо офият, самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофаташон номи зан- модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар тамоми марҳилаҳои рушди таърихии башарият мақоми зан ҳамчун модар мавқеи хосро ишғол намудааст. Дар фарҳангҳои гуногун образи модар ҳамчун рамзи ҳаёт, меҳру муҳаббат ва суботи иҷтимоӣ муаррифӣ гардидааст. Аз ин рӯ, омӯзиши илмии нақши модар на танҳо масъалаи иҷтимоӣ, балки масъалаи фалсафӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ низ мебошад.


Дар шароити муосир, ки ҷомеаҳо бо тағйироти босуръати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ шудаанд, масъалаи мақоми иҷтимоии зан ва модар аҳаммияти нав пайдо мекунад. Ҷаҳонишавӣ, тағйири сохтори оила, муҳоҷират ва равандҳои шаҳрнишинӣ ба анъанаҳои тарбиявӣ таъсир мерасонанд. Дар чунин шароит баррасии илмии мақоми модар ҳамчун омили асосии ташаккули ҷомеа зарур аст.


Аз нуқтаи назари биологӣ, модар асоси нигоҳдори ва идомаи насли инсон мебошад. Аммо нақши ӯ танҳо ба тавлиди насл маҳдуд намешавад. Дар илми ҷомеашиносӣ модар ҳамчун субъекти иҷтимоишавии ибтидоӣ баррасӣ мегардад. Маҳз тавассути робитаи модар ва кӯдак, инсон нахустин меъёрҳои муошират, ахлоқ ва рафтори иҷтимоиро аз худ мекунад.

Дар ин раванд муҳити оилавӣ ҳамчун институти аввалини иҷтимоӣ аҳаммияти калидӣ дорад. Модар дар оила вазифаи интиқоли забон, фарҳанг, арзишҳо ва суннатҳоро иҷро менамояд. Аз ин лиҳоз, сифати тарбияи модарӣ мустақиман ба сатҳи рушди маънавӣ ва иҷтимоии ҷомеа таъсир мерасонад.
Дар фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ образи модар бо мафҳумҳои покӣ, фидокорӣ ва меҳрубонӣ пайваст аст.

Дар адабиёти классикӣ ва фолклори халқҳои гуногун модар ҳамчун сарчашмаи ҳаёт ва рамзи ҳикмат тасвир шудааст. Ин анъанаҳои фарҳангӣ нишон медиҳанд, ки мақоми модар на танҳо иҷтимоӣ, балки рамзии фарҳангӣ низ мебошад.
Аз нуқтаи назари ахлоқӣ, модар аввалин мураббии инсон ба ҳисоб меравад. Арзишҳои инсондӯстӣ, эҳтиром ба дигарон, ҳисси масъулият ва ватандӯстӣ маҳз дар муҳити оила ва зери таъсири тарбияи модар ташаккул меёбанд. Ҳамин тавр, модар на танҳо шахсиятро тарбия мекунад, балки фарҳанги ҷомеаро низ бозтавлид менамояд.


Дар назарияи рушди иҷтимоӣ инсон ҳамчун захираи асосии ҷомеа арзёбӣ мешавад. Ташаккули захираҳои инсонии босифат бевосита ба сатҳи тарбияи кӯдакон вобаста аст. Дар ин раванд модар нақши марказӣ мебозад. Тарбияи дуруст, ғамхорӣ ва муҳити мусоиди равонӣ заминаи ташаккули шахсиятҳои фаъоли иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мегардад.


Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ҷомеаҳое, ки сиёсати устувори дастгирии модар ва кӯдакро амалӣ менамоянд, дар рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ натиҷаҳои беҳтар ба даст меоранд. Аз ин рӯ, масъалаи мақоми модарро метавон ҳамчун ҷузъи стратегии сиёсати рушди миллӣ баррасӣ намуд.


Дар ҷомеаи муосир нақши зан ва модар бо як қатор мушкилоти нав рӯ ба рӯ шудааст. Афзоиши иштироки занон дар бозори меҳнат, тағйири нақшҳои гендерӣ ва фишорҳои иқтисодӣ ба иҷрои вазифаҳои анъанавии модарӣ таъсир мерасонанд. Ин равандҳо зарурати мутобиқсозии сиёсати иҷтимоиро ба вуҷуд меоранд.


Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи баробарии зану мард ва ҳифзи ҳуқуқҳои занон танҳо як мавзӯи иҷтимоӣ нест, балки яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Давлат дар солҳои охир як қатор барномаҳо ва санадҳои муҳимро қабул кардааст, ки ҳадафи онҳо беҳтар намудани мақоми зан дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқҳои модарон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди оила мебошад.


Яке аз самтҳои асосии сиёсати гендерӣ, ин таъмини рухсатии модарӣ ва дастгирии иҷтимоии занон аст. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, занон дар давраи ҳомиладорӣ ва баъд аз таваллуд аз рухсатии пулакӣ бархурдор мебошанд. Ин тадбир ба онҳо имконият медиҳад, ки дар муҳити орому амн ба тарбияи кӯдак машғул шаванд ва саломатии худро ҳифз намоянд. Чунин дастгирӣ махсусан барои оилаҳои ҷавон аҳамияти калон дорад, зеро он ба устувории иқтисодии онҳо мусоидат мекунад.
Самти дигари муҳими сиёсати гендерӣ бошад дастрасии занон ба хизматрасониҳои тиббӣ ва маориф мебошад.

Имрӯз дар Тоҷикистон барои занон ва духтарон имкониятҳои баробар дар соҳаи таҳсил фароҳам оварда шудааст. Дастрасӣ ба муассисаҳои таълимӣ, бахусус дар деҳот, тадриҷан беҳтар шуда, шумораи духтароне, ки таҳсили миёна ва олӣ мегиранд, рӯ ба афзоиш аст. Ҳамзамон, хизматрасониҳои тиббӣ, аз ҷумла назорати ҳомиладорӣ ва кӯмаки таваллуд, нақши муҳим дар ҳифзи саломатии модар ва кӯдак мебозанд.


Ҷузъи дигари муҳими сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии занон мебошад. Барномаҳои давлатӣ барои дастгирии занони камбизоат, занони муҳоҷир, занони маъюб ва онҳое, ки ба мушкилоти иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудаанд, равона гардидаанд. Марказҳои машваратӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба занон кӯмак мерасонанд, то онҳо ҳуқуқҳои худро ҳифз намоянд ва дар ҷомеа мавқеи устувор пайдо кунанд.


Таҷриба нишон медиҳад, ки ҷомеае, ки ба зан ва модар ҳамчун арзиши асосӣ муносибат мекунад, заминаи боэътимоди рушди худро фароҳам меорад. Зане, ки аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳимоя шудааст, метавонад фарзанди солим тарбия кунад ва дар ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок намояд. Ин дар навбати худ ба ташаккули насли босавод, масъулиятшинос ва созанда мусоидат мекунад.


Сиёсати гендерӣ на танҳо ба занон, балки ба тамоми ҷомеа манфиат меорад. Вақте ки имкониятҳо баробар мешаванд, сатҳи таҳсилот боло меравад, саломатии ҷомеа беҳтар мегардад ва фазои иҷтимоӣ устувортар мешавад. Аз ин рӯ, татбиқи сиёсати гендерӣ дар Тоҷикистонро метавон ҳамчун як сармоягузории дарозмуддат ба ояндаи кишвар арзёбӣ кард.
Дар умум, сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми рушди устувор хизмат мекунад. Дастгирии модарон, таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии занон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар дар соҳаи маорифу тандурустӣ нишон медиҳад, ки ояндаи солими кишвар аз мақоми зан дар ҷомеа оғоз меёбад.


Ҳамин тариқ, зан ҳамчун модар на танҳо сарчашмаи ҳаёти биологӣ, балки пояи маънавӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеа мебошад. Нақши модар дар ташаккули шахсият, интиқоли арзишҳои фарҳангӣ ва рушди захираҳои инсонии ҷомеа аҳаммияти стратегӣ дорад. Тақвияти мақоми иҷтимоии модар ва рушди сиёсати иҷтимоии ҳимояи зану кӯдак шарти муҳими суботи иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеаи муосир ба шумор меравад.

Бедилзода Ҳ.- мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои

байналмилалии ИФС ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ