Перейти к основному содержанию
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолият ба шумор меравад. Бе нерӯи мусаллаҳи қавӣ ва муташаккил ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияти шаҳрвандон ғайриимкон аст. Аз ҳамин ҷост, ки таъсиси Артиши миллӣ ҳамчун қадами сарнавиштсоз дар роҳи таҳкими давлатдорӣ арзёбӣ мегардад.

Артиши миллии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 таъсис ёфт. Дар солҳои аввали фаъолияти худ он бо мушкилоти ҷиддӣ — нарасидани техникаи ҳарбӣ, кадрҳои касбӣ ва заминаи моддӣ рӯ ба рӯ гардид. Аммо бо иродаи сиёсӣ ва дастгирии мардум, пояҳои он тадриҷан мустаҳкам шуданд. Имрӯз Артиши миллӣ ба сохтори муназзам ва касбӣ табдил ёфтааст, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ омода мебошад.

Вазифаи асосии Артиши миллӣ ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишвар аст. Ҳамзамон, он дар таъмини суботи дохилӣ, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, ҳифзи сарҳадҳо ва расонидани кӯмак дар ҳолатҳои фавқулода нақши муҳим мебозад. Низомиёни тоҷик борҳо дар рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар солҳои охир ба масъалаи муосирсозии Артиши миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Таҷдиди пойгоҳҳои ҳарбӣ, таъмини қисмҳо бо техника ва таҷҳизоти замонавӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ ва касбии афсарону сарбозон аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим мебошанд. Ҳамкориҳои ҳарбӣ бо кишварҳои гуногун низ барои такмили таҷриба ва донишҳои низомӣ мусоидат мекунанд.

Ҷавонон нерӯи асосии Артиши миллӣ мебошанд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар ҷавон мактаби ҷасорат, интизом ва ватандӯстӣ ба шумор меравад. Маҳз дар муҳити ҳарбӣ ҳисси масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба давлат ва садоқат ба Ватан ташаккул меёбад.

Бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, барои таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои пайваста амалӣ карда мешаванд. Ин сиёсати ҳадафмандона имкон медиҳад, ки Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлат фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшад.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз на танҳо нерӯи ҳарбӣ, балки рамзи истиқлолият, субот ва ифтихори миллӣ мебошад. Ҳифзи Ватан қарзи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст ва нерӯи мусаллаҳи кишвар кафили ояндаи орому осудаи Тоҷикистон ба шумор меравад.

Савдуллоева Салима Савдуллоевна – ходими илмии

Институти кимиеи ба номи В.И. Никитини АМИТ