Перейти к основному содержанию

22121Ҳамасола дар кишварамон 23 - феврал рӯзи Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Пас аз ба даст овардани истиқлолият дар соли 1991, зарурати таъсиси нерӯҳои мусаллаҳи миллӣ ба миён омад. Дар солҳои аввали таъсис, Артиши кишвар дар шароити душвори сиёсӣ ва иҷтимоӣ ташаккул ёфт. Бо гузашти вақт сохтор ва имкониятҳои он мустаҳкам гардиданд.

Имруз Артиши миллӣ яке аз ниҳодҳои муҳими давлати ба ҳисоб рафта, дар таъмини суботу оромӣ ва рушди устуворӣ мамлакат саҳми назаррас дорад. Бо такмили техникаи ҳарбӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва тарбияи ҳарби-ватандустии ҷавонон, қудрати дифоии кишвар сол то сол тақвият меёбад.

Дар суханҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд.

Бо гузашти солҳо Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз нерӯҳои пурқудраттарин табдил ёфт. Ин ҳама кӯшишу ғайратҳои Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон баҳри таъмини сулҳу субот ва амнияти осоиштагии ҳаёти мардум, мустаҳкамгардонии марзу буми кишвар буд.

Ҳифзи Ватан ӯҳдадории муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 43-юм омадааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.

Дар ҳақиқат ҳам ҳифзи ватану амнияти ҳалқ вазифаи авалиндараҷаи ҳар яки мо ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин ҳар сол ҷавонони нерӯманди Тоҷикистон бо азму иродаи хеш барои хизмат дар сафи қувваҳои Артиши миллӣ ариза месупоранд ва содиқона дар сафҳои артиш хизмати Модар - Ватанро ба ҷо меоранд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлату ҳукумат фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромуш намекунанд ва хотираи неки он ҷавонмардонеро, ки барои сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.

Мо кормандони илм болида аз он ҳастем, ки дар диёри биҳиштосоямон бо донишу ғайрат, заковату садоқат ва талошу ҷонбозиҳои фарзанди бонангу номуси Ватан Пешвои муаззами миллат сохти конститутсиони дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи сулҳу субот, оромӣ, осудагӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳаёти осоишта, умеди устувор ба зиндагии имрӯзу ояндаамон фароҳам оварда шуд.

Зикри дили ман ҳамеша номи ватан аст,

Авроқи забони ман каломи ватан аст.

Ман восифи ишқи Ватан маҳбубам,

Феҳристи китоби ман мароми ватан аст.

Сангинова У.М. - ходими илмии шуъбаи паразитогияи Институти

зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ