Перейти к основному содержанию

Санаи 16 – феврал маҳфили навбатии “Хирад“ - и Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили мазкур ба 100-солагии таъсиси милитсияи тоҷик ва фаъолияти пурсамари собиқ Вазири корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон Қурбонов Исмоил бахшида шуда, ҳамзамон дар доираи он рӯнамоии китоби тозанашри доктори илмҳои таърих Қурбонова Ширин таҳти унвони «Ёднома» баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки китоби «Ёднома» ба фаъолияти пурсамар ва зиндагиномаи шодравон Қурбонов Исмоил бахшида шуда, дар он хизматҳои арзандаи ӯ ҳамчун роҳбари мақомоти корҳои дохилӣ ва шахсияти барҷастаи давлатӣ бозгӯ шудаанд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни баромади худ иброз доштанд, ки ин маҳфил бо ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ташкил гардида, ба ду санаи муҳимми таърихӣ — 100-солагии таъсиси милитсияи тоҷик ва 90-солагии зодрӯзи генерал-майори хизмати дохилӣ, Вазири корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1980–1986 Исмоил Қурбонов бахшида шудааст.

Қайд гардид, ки ин ду сана на танҳо хотираи гузаштаро зинда медоранд, балки барои насли имрӯза ва оянда мактаби бузурги садоқат ба Ватан, масъулиятшиносӣ ва хизмат ба давлат мебошанд. Ба таъкиди суханрон, шахсияти Қурбонов Исмоил дар таърихи мақомоти корҳои дохилӣ бо кордониву ҷасорат, поквиҷдонӣ ва таваҷҷуҳи хос ба тарбияи кадрҳои миллӣ нақши барҷаста гузоштааст.

Дар идомаи маҳфил китоби “Ёднома. Очерки таърихӣ” (Душанбе, 2025), ки муаллифи он доктори илмҳои таърих Ширин Қурбонова — духтари генерал Қурбонов мебошад, муаррифӣ гардид. Таъкид шуд, ки ин асар на танҳо тарҷумаи ҳоли як шахсияти барҷаста, балки бозтоби як давраи муҳими таърихӣ буда, бо такя ба дастхатҳои бойгонӣ, санадҳои расмӣ ва хотироти ҳамсафону шогирдон таҳия шудааст.

Дар китоб хотироти шахсиятҳои шинохта, аз ҷумла генералҳо Шералӣ Хайруллоев, Абдураҳим Қаҳҳоров, Усмон Ҷумаев, Тағоймурод Маҳмадмуродов, ҳамчунин академикон Улмас Мирсаидов, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ, Муҳиба Ёқубова, Талбак Назаров, Юсуф Нуралиев ва дигар чеҳраҳои маъруф гирдоварӣ гардидаанд. Ин хотирот симои инсонии Қурбонов Исмоилро ҳамчун роҳбари кордон, мураббии сахтгир ва ҳамзамон шахси хоксору мардумӣ бозгӯ менамоянд.

Яке аз паҳлӯҳои барҷастаи фаъолияти ӯ сиёсати кадрӣ арзёбӣ гардид. Қурбонов Исмоил ҳамчун вазир ба ҷалби ҷавонони софдил, серғайрат ва донишманд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои тарбия ва пешрафти кадрҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Маҳз чунин сиёсати дурандешона боис гардид, ки шогирдони ӯ баъдан дар вазифаҳои масъули давлатӣ фаъолият намоянд.

Дар идома академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва пайвандону шогирдони Қурбонов Исмоил ибрози ақида намуда, аз кордониву тарбия намудани кадрҳо, ватандӯстиву меҳанпарастии ин марди накуном ёдовар шуданд.