Перейти к основному содержанию

Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар қодиранд, ки бузургтарин неъмати зиндагии мардуми тоҷик - истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои таърихии он - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва зиндагии осудаи халқи Тоҷикистонро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Бие, эй ҳамватан то ҷонфидои ин Ватан бошем,

Ба ҷон омодаи ҳар як нидои ин Ватан бошем.

Канораш гарму роҳатбахш чун домони мо дархост,

Ҳама фарзандҳои бовафои ин Ватан бошем.

Ҳар кишвар дорои артиши миллии худ аст. Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис додашуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбиҳам дар кишвар кам буданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсири Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон зиминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд.

Артиши миллии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи «Фронти халқ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати конститутсиониро тарафдори мекарданд таъсис ёфтааст. Дар марҳилаи аввал ҳадафи асосии таъсири Артиши миллии Тоҷикистон ташаккули нерӯи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи музаффарятҳои истиқлолият қодир бошад, озодии шаҳрвандон ва муҳторияту амнияти кишварро таъмин намояд. Вобаста ба таъиноти мазкур гурӯҳҳои муташаккилу зудамал ташкил карда шуданд, ки вазифаи асосиашон муқовамат ба қувваҳои зидди ҳукуматӣ ва ҳифзи сохти кониститутсиони буд.

Соли 1994 ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа қариб тамоми ҳудуди ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд. Солҳои 1994-1996 марҳалаи дуюми ташаккули сифатан нави Артиши милли Тоҷикистон оғоз ёфт. Ба тайёр намудани афсарони касбӣ дар Колеҷи ҳарбии Тоҷикистон (ҳозира Донишкадаи ҳарбӣ) ва муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия ибтидо гирифта шуд, низомномаву оинномаҳо ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқӣ таҳия гардиданд. Дар ин давра дар Артиши миллии Тоҷикистон Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ, Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ ташкил карда шуданд. Ба таъсиси Қӯшунитаъиноти махсус аҳамияти хоса дода шуд. Баъди имзои Созишномаи сулҳу истиқрори миллӣ байни ҳукумати конститутсионӣ ва роҳбарияти мухолифин (1997) марҳалаи сеюми (охирини) таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин марҳала бо ёрии бевоситаи дастгоҳи машваратчиёни Федератсияи Русия дар Артиши миллии Тоҷикистон намудҳои нави қӯшун таъсис дода, усулҳои самарабахши идоракунӣ, омодагии ҷангӣ ва амалиёти қӯшунҳо ба роҳ монда шуданд. Ҳоло Артиши мили Тоҷикистон аз се намуди қӯшун: Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал иборат аст.

Маврид ба зикри хос аст, ки Артиши миллӣ таҳти идораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон, генерали артиш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи 33 сол ба пешрафти азим рӯ ба рӯ шуда, он имрӯз бо техникаҳои ҳарбии замонавӣ таъмин буда, бо боварӣ метавон иброз дошт, ки амнияти кишварро аз ҳама гуна хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир эмин медорад. Аҳамияти ҷиддӣ зоҳир кардани Пешвои миллат ба Артиши миллӣ ҳам бесабаб нест, зеро вазъи сиёсии ҷаҳон водор мекунад, ки дар баробари зиракии сиёсиро аз даст надодан, пурқудрат намудани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар манфиати кор хоҳад буд. Сарвари давлат ҳамеша дар баромадҳояшон бобати ин масъала ибрози назар мекунанд. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ҳам нукта ба сароҳат ҷилва медиҳад: “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои муосир – тераризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем. Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи қобилияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси маъулиятшиносӣ ва инсондӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд”.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, «Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург дорад. Ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҷо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат бадаст омадааст. Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд. Ҳар ҷавон бо хизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки сиёсати Ҳукумати кишвар, хоса Пешвои миллат дар самти ҳифзи марзу буми Ватан қобили васфу ситоиш аст. Шукргузорӣ аз амнияти сартосарии кишвар намуда, содиқона пайи хизмат ба халқу Ватан гардидан вазифаи ҳар шахси ватандор аст. Хушбахтона, имрӯз ҳамаи шароитҳо барои хизмат дар сафи неруҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фароҳам оварда шуда, ҳолатҳои будубоши сарбозон ба маротиб беҳтар гардидааст. Аз ин рӯ, мебояд, ки ҳар фарди худшинос хизмат ба Ватанро бо масъулияти баланд дарк намуда, пайи иҷрои ин қарзи фарзандӣ камари ҳиммат бандад.

Муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи ба номи В.И.

Никитини АМИТ, доктори илмхои химия Рахмонов Рахмон Охонович