Перейти к основному содержанию
Масъалаҳои марбут ба об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои пешсаф дар ҳалли мушкилоти умумибашарӣ табдил доданд. Ин ташаббусҳо на танҳо обрӯи байналмилалии кишварро таҳким бахшиданд, балки заминаи воқеии рушди илм, таҳқиқоти академӣ ва омодасозии мутахассисони сатҳи байналмилалиро фароҳам оварданд. Яке аз дастовардҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат қабули шаш ташаббуси ҷаҳонӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Бо ин ташаббусҳо Тоҷикистон тавонист нақши худро дар ҳалли мушкилоти глобалии об ва тағйирёбии иқлим тақвият диҳад. Ин иқдомҳо на танҳо мавқеъи байналмилалии кишварро боло бурданд, балки заминаи татбиқи стратегияҳои миллии устувор, таҳкими таҳқиқоти илмӣ ва рушди иқтидори мутахассисони тоҷикро фароҳам оварданд.

21Аввалин ташаббуси ҷаҳонӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ин эълони «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), таваҷҷуҳи ҷаҳониро ба аҳамияти дастрасӣ ба оби тоза ҷалб намуд ва барои ҳамкории фаромарзӣ дар идоракунии захираҳои об асос гузошт. Ташаббуси дуюм, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005‑2015), равандҳои ҳамоҳангсозии давлатҳоро барои ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ тақвият дод ва ба таҳияи стандартҳои амалӣ мусоидат намуд. Ташаббуси сеюм, «Соли байналмилалии ҳамкории об» (2013) нишон дод, ки об метавонад ҳамчун омили ҳамгироии минтақавӣ ва пешгирии низоъҳои эҳтимолӣ истифода шавад.

Ташаббуси чорум, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018‑2028), равиши устувори идоракунии захираҳои обро ҳамчун унсури калидии рушди иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист ба сатҳи глобалӣ баровард. Ташаббуси панҷум, «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (2025), ки махсусан ба таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва обшавии захираҳои барфӣ равона шудааст, ҷомеаи ҷаҳониро водор мекунад, ки чораҳои амалӣ барои ҳифзи манбаъҳои оби тоза андешанд. Ташаббуси шашум, «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» (2025‑2034), ба таҳқиқ ва мониторинги таъсири тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо дар минтақаҳои кӯҳсор равона шуда, заминаи маълумотӣ барои қабули қарорҳои стратегиро фароҳам меорад.

Ҳар яки ин ташаббусҳо бо маълумотҳои илмӣ асоснок ва рақамҳои оморӣ тасдиқ мешаванд. Масалан, тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, беш аз 70 фоизи офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, сел ва обхезӣ, ба об алоқаманд мебошанд ва тақрибан 1,8 миллиард нафар то соли 2050 бо норасоии об рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Ташаббусҳои Тоҷикистон тавассути таҳия ва татбиқи барномаҳои устувор имкон медиҳанд, ки захираҳои об дар минтақа ҳифз ва истифодаи онҳо ҳамоҳанг ва оқилона сурат гирад.

Ин шаш ташаббус нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат тавонист, на танҳо дар арсаи дипломатияи байналмилалӣ саҳми муассир гузорад, балки барои рушди илм, омӯзиши мутахассисон ва идоракунии устувори захираҳои об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим заминаи воқеӣ муҳайё намояд. Ин таҷриба намунаи барҷастаи ҳамгироии сиёсати давлатӣ, тадқиқоти илмӣ ва ҳамкории байналмилалӣ мебошад.

Тайи ду даҳсолаи охир иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар форумҳо ва конфронсҳои ҷаҳонии об ба як равандии пайвастаи дипломатияи фаъол табдил ёфтааст. Аз соли 2003 то соли 2024 Тоҷикистон дар зиёда 8 форуми бузурги байналмилалии об ва зиёда аз 10 конфронси сатҳи баланд иштирок ва суханронӣ анҷом додааст, ки қисми зиёди онҳо бо иштироки Пешвои миллат сурат гирифтаанд, ки масъалаи обро ба сифати самти доимии сиёсати хориҷӣ интихоб кардаанд.

Солҳои охир масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо ба яке аз мушкилоти глобалии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тибқи маълумоти илмӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 14 ҳазор пирях, беш аз 1 000 адад пурра аз байн рафтаанд, инчунин дар 50 соли охир майдони умумии пиряхҳо то 30 фоиз коҳиш ёфтааст. Ин равандҳо ҳамчун огоҳии ҷиддӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баромад намуда, робитаи мустақими об, иқлим ва амнияти инсонро равшан нишон медиҳанд. Нақши Пешвои миллат дар созмонҳои байналмилалӣ ба он зоҳир мегардад, ки ташаббусҳои пешниҳодшудаи Тоҷикистон ба санадҳои расмии СММ ворид шудаанд. Дар давраи солҳои 2005 то имрӯз чор ташаббуси бузурги глобалии марбут ба об бо пешниҳоди Тоҷикистон қабул гардидаанд, ки ин барои Тоҷикистон нишондиҳандаи нодир дар сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Танҳо дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз рӯзи оғоз то имрӯз зиёда аз 400 чорабинии байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ баргузор гардидааст, ки Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҳамоҳангсозони асосӣ эътироф мешавад.

Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар форумҳои ҷаҳонии об

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки суханрониҳои Пешвои миллат дар форумҳои ҷаҳонии об характери рамзӣ надошта, ба далелҳои илмӣ ва нишондиҳандаҳои дақиқ такя мекунанд. Ин равиш аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун намунаи дипломатияи асоснок ва дурнамоӣ пазируфта шуда, Тоҷикистонро ба яке аз марказҳои муҳими ташаккули сиёсати глобалии об табдил додааст. Дар шароите, ки тибқи пешгӯиҳои байналмилалӣ то соли 2050 беш аз 50 фоизи аҳолии ҷаҳон бо норасоии об рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, дар нимаи дуюм ва охири солҳои 1993-ум, аз ҷумла аз соли 1997, иштироки Тоҷикистон дар муҳокимаҳои байналмилалии соҳаи об асосан дар сатҳи намояндагони соҳавӣ ва коршиносӣ сурат мегирифт. Дар ин марҳила кишвар тадриҷан аз минбарҳои байналмилалӣ истифода намуда, масъалаи обро ҳамчун омили калидии рушди устувор, амнияти минтақавӣ ва ҳамкории байналмилалӣ матраҳ мекард. Аз ибтидои солҳои 2000-ум ин раванд ба марҳилаи нав ворид гардида, ба сатҳи сиёсати фаъол ва ташаббускори байналмилалӣ бардошта шуд. Маҳз дар ҳамин давра иштироки Тоҷикистон бо сатҳи расмӣ ва суханрониҳои баландпоя дар форумҳои ҷаҳонии об густариш ёфта, дар шаҳрҳои Киото, Мехико, Истанбул, Марсел, Тэгу, Бразилиа, Дакар ва Бали идома ёфт. Саҳми Тоҷикистон дар форумҳои ҷаҳонии об ба ташаббусҳои глобалии кишвар дар доираи Созмони Милали Муттаҳид робитаи мустақим дорад. Пешниҳоди даҳсолаҳои байналмилалии марбут ба об ва минбаъд ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо нишон медиҳад, ки иштирок дар форумҳо на ҳадафи худӣ, балки воситаи пешбурди рӯзномаи мушаххаси сиёсӣ ва экологӣ мебошад.

Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар форумҳои ҷаҳонии об ҳамчун нақши ташаббускор ва роҳнамо арзёбӣ мегардад. Иштирок ва суханрониҳои ӯ дар ин минбарҳои байналмилалӣ на танҳо ба муаррифии мавқеи миллии Тоҷикистон, балки ба шаклгирии рӯзномаи глобалии об равона шудаанд. Пешвои миллат пайваста масъалаи обро аз доираи маҳдуди захираи табиӣ берун бароварда, онро ҳамчун омили сулҳ, рушди устувор ва амнияти байналмилалӣ пешниҳод намудааст, ки ин равиш дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо кардааст. Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ЮНЕСКО, ЮНИСЕФ ва Шӯрои ҷаҳонии об, ташаббусҳои Пешвои миллатро ҳамчун саҳми назаррас дар таҳкими идоракунии глобалии захираҳои об баҳои мусбат додаанд. Қабули як қатор ташаббусҳои Тоҷикистон дар шакли даҳсолаҳо ва солҳои байналмилалӣ далели он аст, ки суханрониҳо ва пешниҳодҳои Пешвои миллат дар форумҳои ҷаҳонии об характери эъломиявӣ надошта, ба қарорҳо ва барномаҳои амалӣ табдил ёфтаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки Форумҳои ҷаҳонии об нақши калидӣ дар ҳалли мушкилоти обу иқлим низ доранд. Имрӯз зиёда аз 2 миллиард нафар аҳолии сайёра ба оби тозаи ошомидани дастрасӣ надоранд ва тақрибан 40% аҳолии ҷаҳон аллакай таъсири норасоии обро эҳсос мекунанд.

Дар арзёбиҳои коршиносони байналмилалӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз роҳбарони сиёсии ангуштшумор муаррифӣ мешавад, ки масъалаи обро пайваста ва бо нигоҳи стратегӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ пеш мебарад. Махсусан таъкид ба ҳифзи пиряхҳо ва робитаи мустақими об бо тағйирёбии иқлим аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ саривақтӣ ва дорои аҳамияти ҷаҳонӣ арзёбӣ шудааст. Ин мавқеъ Тоҷикистонро аз як кишвари иштирокчӣ ба кишвари ташаббускор ва таъсиргузор табдил додааст. Қайд кардан ба маврид аст, Пешвои миллат дар форумҳои ҷаҳонии об ҳамчун нақши эътимодбахш, созанда ва дурнамоӣ шинохта шудааст, Тоҷикистон дар зеҳни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари пешсаф дар дипломатияи об мустаҳкам ҷой гирифтааст. Ин эътироф аҳамияти махсус дорад, зеро дар шароити буҳронҳои иқлимӣ маҳз чунин роҳбарӣ метавонад, заминаи ҳамкории устувори байналмилалиро фароҳам оварад.

Саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули дипломатияи сиёсати об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар арсаи байналмилалӣ назаррас аст. Бо роҳбарии Пешвои миллат, Тоҷикистон дар Форумҳои ҷаҳонии об фаъолона иштирок намуда, нақши худро ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешоҳанги масъалаҳои об ва иқлим пеш мебарад.

Алиев Фирдавс – муовини директори Институти масъалаҳои об,

гидроэнергетика ва экологияи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон