Сада яке аз ҷашнҳои куҳатарини мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31 – уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешавад.
Ҷашни Сада ҳамчун як падидаи фарҳанги-аграрӣ арзёбӣ мегардад, зеро он ба марҳилаи гузариш аз фасли сармо ба давраи фаъолшавии корҳои кишоварзӣ рост меояд. Дар асл, ба ин ҷашн аз нигоҳи илмӣ унсурҳои муҳими илмҳои табиатшиносӣ, агроиқлимӣ ва экологӣ мушоҳида мешавад. Дар шароити муосир эҳё ва тарғибӣ Ҷашни Сада аҳамияти махсуси илмӣ ва тарбиявӣ касб намудааст. Бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин ҷашни бостонӣ ба ҳаёти фарҳангӣ ва илмии ҷомеа бозгардонида шуд ва ҳамчун унсури муҳими худшиносии миллӣ эътироф гардид.
Дар Ҷашн ҳазорҳо нафар одамон ҷамъ омада, хурсандӣ мекунанд ва сайругашти оммавӣ барпо менамоянд. Фардои рӯзи Садасӯзӣ баъзе деҳқонон қадре аз хокистари мондаро чун рамзи баракату фаровонии ҳосил бурда ба заминҳояшон мепошанд. Ин амал маънои поён ёфтани зимистон ва оғози омодагӣ ба фарорасии баҳорро ифода мекунад. Аз ин ҷо бармеояд, ки ҷашни Сада рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва истиқболи Наврӯз мебошад. Дароз шудани рӯз ва гарм шудани ҳаво ба вуқӯъ мепайвандад ва партавафшонии хуршед ба замин бештар мешавад. Дар қишри замин ҳодиса ва пайвастагиҳои махсуси биологиву органикӣ рӯх медиҳанд, ки табиатро барои эҳё омода ва заминро бедор месозад.
Сада пеш аз ҳама ҷашни кишоварзӣ аст. Баъд аз гузаштани шаби Ялдо кишоварзон дар ин айём тибқи анъана ба чунин корҳои кишоварзӣ машғул мешаванд:
- Омадаги ба мавсими кишту кор;
- Ҷуфткунии заминҳои корам;
- Чошидани пору ба заминҳо;
- Сохтани асбобҳои кории кишоварзӣ( белу каланд, олотҳои ҷуфткунанда, дост, қайчию арраҳо вағр.)
- Кандан ва тоза намудани ҷӯйю ҷуйборҳо;
- Яхобмонии заминҳои корам;
- Шаклдиҳӣ ва буриши шохаҳои дарахту буттаҳо;
- Омода намудани тухмии кишт барои фасли баҳор;
- Тайёр намудан майдони заминҳои боғҳо барои бунёди боғот;
- Ташкили фурӯши ниҳолу буттаҳои мевагӣ ва ороишию сояафган;
- нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз зимистон солим баровардани онҳо чораҳои махсус меандешанд.
Ҳамин тариқ, ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи бузургдошти Митра (Меҳр), омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буда, деҳқононро барои киштукори саҳро омода менамоанд. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли Нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегарданд.
Роҷеъ ба Ҷашни Сада дар асрҳои миёна ва баъзе унсурҳои он дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар шаҳрҳои бостонӣ ва ноҳияҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.А.Кисляков ва И.С.Брагинский маълумот дода, унсурҳои боқимондаи ин ҷашни мансуб ба табиатро, ки аз нафас кашидани замин ва борвар шудани он шаҳодат медиҳад, бо дигар маросимҳои маъмул дар асрҳои миёна муқоиса намудаанд.
Ҷашни Сада омили пайванди анъанаҳои миллӣ бо илми муосири табиаишиносӣ ва кишоварзӣ арзёбӣ менамояд. Омӯзиши таҷрибаи ниёгон оид ба муносибати оқилона ба табиат, нигоҳдории гармӣ, истифодаи самараноки захираҳои табии ва омодасозии замин ба мавсими кишту кор имрӯз низ дар таҳқиқоти илмии соҳаи боғдорӣ, токпарварӣ, ва сабзавоткорӣ аҳамияти амалӣ дорад. Ба ҳамин тартиб , Ҷашни Сада на танҳо як ҷашни суннатӣ, балки як падидаи муҳими илмӣ-фарҳангӣ мебошад, кӣ арзишҳои экологии ниёгонро инъкос намуда, дар рушди тафаккури илмӣ, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори соҳаи илми табиатшиносӣ ва кишоварзӣ нақши муҳим мебозад.
Гулов Сайдалӣ Маъмурович – узви вобастаи АМИТ

