Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму оинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки “Шашмақом”, “Фалак”, Наврўз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар ҷаҳони муосир миллати куҳанбунёди тоҷик бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро паси сар карда, роҳҳо ва нақбҳо бунёд карданд, инчунин суннату анъанаҳои миллии хешро аз нав эҳё намуданд. Ба ҷашнҳои миллии хеш, мисли Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон арҷ гузоштанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳар яке аз суннату анъанаҳои миллии тоҷикон хусусияти хоси худро дорад, ки яке аз онҳо ҷашни Сада мебошад. Маънои калимаи «Сада» аз шумораи 100 бармеояд, яъне панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро ифода намуда, аз фарорасии Наврӯз дарак медиҳад. Соли 2023 номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон “Ҷашни Сада” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Ҷашни Сада одатан шомгоҳи 10-уми моҳи Баҳман, ки ба 30-юми январ рост меояд, таҷлил мегардад. Яке аз рамзҳои асосии ҷашни Сада ба инсондӯстӣ, зиндагисозӣ ва пос доштани анъанаҳои миллӣ вобаста аст, зеро рамзҳо ва арзишҳои миллӣ моҳияти умумиинсонӣ доранд.
Чорабиниҳои фарҳангӣ ва фаъолиятҳои эҷодӣ вобаста ба таҷлили ҷашни Сада ба ҳамгироии байнимаҳаллӣ ва ҷаҳонии тоҷикон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа мусоидат менамоянд. Либоспӯшӣ, муошират ва муносибати дуруст дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин ҳунарҳои зиндагипарварона ва инсондӯстонаи миллати тоҷик на танҳо ҳамчун арзиш ва рамзҳои умумимиллӣ ташаккул ёфтаанд, балки ба таври тадриҷӣ паҳншавии арзишҳо ва рамзҳои бегонаи зиддимиллӣ ва зиддиинсониро низ пешгирӣ мекунанд.
Анъанаҳои миллӣ ҳамчун мероси ниёгон ба ҷавонон маҳсуб ёфта, ҷашнгирии Сада, Наврӯзи байналмилалӣ, Меҳргон ва Тиргон, инчунин пос доштани фарҳанги миллӣ ва рушди навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили атласу адрасбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, сабадбофӣ ва заргарӣ, ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирӣ аз байн рафтани таомҳои миллӣ мусоидат менамоянд.
Арзишҳо ва рамзҳои умумимиллӣ, ки хусусияти инсондӯстӣ ва зиндагипарварона доранд, тадриҷан ба заминаи маънавии муттаҳид сохтани мардумони гуногуни кишвар ва ҷаҳон табдил меёбанд.
Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, ки ин иқдом ба муаррифии навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба насли даврони истиқлол равона гардида буд. Зеро шинохти арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ барои ҷавонону наврасон ҷиҳати дарки таърихи худ ва посдории он бисёр муҳим мебошад.
Бояд қайд намуд, ки Пешвои миллат дар тамоми мулоқоту баромадҳои худ пайваста барои ҳифзи арзишҳои миллӣ талош варзида, ин қишри ҷомеаро ҳамеша таъкид менамоянд, ки аз таърих, фарҳанг, тамаддун ва дигар арзишҳои миллӣ, ки то ба имрӯз омада расидаанд, воқиф гарданд.
Дар замони муосири пуртазод, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ қарор дорад, тамоми миллатҳо барои ҳифзи тамаддун, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва ёдгориҳои таърихии худ талош меварзанд.
Ҳамин тариқ, таъкид бояд намуд, ки ҷаҳонишавӣ бо як суръати баланд идома дошта, ба ҷомеа бетаъсир буда наметавонад. Инчунин, раванди ҷаҳонишавӣ дар ҷаҳони муосир омили заиф кардан ва барои аз байн бурдани фарҳангу арзишҳои миллӣ таъсиргузор мебошад. Дар ин замина, такя ба фарҳанг дар арсаи ҳама талошҳо, ҷомеа метавонад муваффақ бошад. Дар марҳалаи муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гиромидошти эҳёи суннату анъанаҳои миллӣ дар ҷаҳони муосир ва тақвияти ҷабҳаҳои он, тавонист дар арсаи ҷаҳонӣ нуфузу эътибори хоса пайдо намояд.
Инчунин, эҳёи суннатҳои мардумӣ ва баргузории чорабиниҳои васеи фарҳангӣ, ба монанди Сада ба ҳукми анъана даромадааст. Бинобар ин фаромўш набояд кард, ки пос доштани суннатҳои миллӣ ва дуруст муаррифӣ намудани он дар арсаи байналмилалӣ омили беҳдошти маънавиёти ҷомеаи муосир мебошад.
Парвина МУҲАММАДАЛИЗОДА, мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

