Перейти к основному содержанию

123Барои миллати шарафманди тоҷик боиси сарфарозӣ мебошад, ки Пешвои маъруфу эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ дорад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун Сарвари сиёсии муваффақи ҷаҳонӣ шинохта шуда, мактаби давлатдориашон ҳамчун таҷрибаи нодир истифода мешавад. Ба назари мо чунин омилҳо боис шудаанд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъруфу маҳбуб гарданд:

Садоқат ба миллат ва истиқлоли Ватан.Аз таҷрибаи таърихи давлатдории башарият бармеояд, ки на ҳама сарварони сиёсӣ хидматгори шоистаи халқи хеш буданд. Ҳамон сарвари сиёсие дар масири давлатдорӣ ва ҳукуматаш муваффақ шудааст, ки ирода ва манфиати мардумашро дар сиёсати хеш афзалу муҳим шуморидааст. На ҳама сарварони сиёсӣ мардумӣ ва иҷтимоӣ буданд. Омилҳои маҳбубияти Куруши Кабир, Яъқуб ибни Лайс ва Исмоили Сомонӣ маҳз дар мардумӣ будани онҳо зоҳир мешуд. Садоқатмандӣ ба халқи хеш умри давлат ва ҳукуматро меафзояд. Ҳамон сарваре метавонад муваффақ шавад, ки пеш аз ҳама ба истиқлоли давлатӣ арҷгузор бошаду ба мардумаш содиқ. Таҷрибаи мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат медиҳад, ки дар мадди аввал ҳомии истиқлолу содиқ ба миллатанд. Аз рӯзҳои нахустини ба саҳнаи сиёсат ворид шудан дар меҳвари ҳадафҳои Сарвари давлат масъалаи таҳкими истиқлоли давлатӣ қарор дошт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дарк намуда буданд, ки бе нигаҳдошт ва устувории истиқлоли давлатӣ ба ҳадафҳои дигари миллӣ расидан ғайриимкон аст. Истиқлоли миллӣ дар он ҳолат устувор мешавад, ки миллат ҳамчун манбаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардаду ҳуқуқу озодиҳои он дар назди мақомоти давлатӣ арзиши олӣ дошта ва кафолат дода шаванд. Пешвои миллат дар майдони сиёсат бо руҳи қавии миллӣ на танҳо вазъро ба эътидол оварда, ризояти миллиро дар ҷомеа таъмин намуданд, балки дар эъмори давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва амалӣ сохтани сиёсати дохилию хориҷии кишварамон дар миқёси ҷаҳонӣ саҳми шоиста гузоштанд.

Ҷасорати миллӣ. Ҷасорат, мардонагӣ, гузашт, дурандешӣ, таҳаммулпазирӣ, такя ба халқ ва аз ниёзҳои ҷомеа бохабар будан ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки истиқлоли воқеии давлатиро таъмин намоянд. Хидмати бузургу таърихии Сарвари давлат дар назди мардуми шарафманди Тоҷикистон дар он аст, ки ин чеҳраи мондагор ва сиёсатмадори ҷасуру дурандеш дар шароити ҳассос ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, давлатдории тоҷикон ва бақои ин миллатро аз роҳи нестшавӣ ва парешонӣ ҳифз намуда, истиқлоли воқеии давлатиро таъмин намуданд.

Дурандешӣ. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне зимоми идораи давлатро бар дӯш гирифтанд, ки давлат танҳо дар рӯи қоғаз вуҷуд дошту дар амал бошад ҳеҷ аркони собиту устувори давлатдорӣ вуҷуд надошт. Давлати соҳибистиқлол рукнҳои муҳиме, ба монанди Конститутсия, Артиши миллӣ ва мақомоти мутамаркази ҳифзи ҳуқуқ надошт. Давлат аз лиҳози сиёсӣ пароканда буда, қувваҳои мухолиф дар минтақаҳои гуногуни кишвар роҳҳои марказгурезиро пеш гирифта ҳатто баъзеашон ҳадафи тақсим намудани Тоҷикистонро доштанд. Хатари ба тамомияти арзии кишвар таҳдидкунандаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назар гирифта, дар раванди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ қарорҳое қабул намуданд, ки дар ҳифзи якпорчагии Ватан ва истиқлоли комили давлатӣ аҳамияти калон доштанд. Муҳимтарин хидмати Сарвари давлат, ки ифодагари дурандешӣ ва хирадмандист, ин роҳи дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтан буд. Маҳз ҳамин роҳ боис шуд, ки Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мутамаддин эътироф ва шинохта шавад.

Сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ. Сиёсатмадори бузург будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир шуд, ки тавонистанд бо абарқудратҳо ва давлатҳои минтақа тавозуни манфиатҳоро барқарор намоянд, сиёсати мустақилона ва мусбатро пеш баранд. Хусусан, дар давраи ҷаҳонисозӣ, ки ҳифзи асолати миллӣ дар ҷабҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кори осон нест. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардида, бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатиро ба роҳ мондааст. Ҳамчунин, тайи 34 соли истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо зиёда аз 70 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судмандро роҳандозӣ намуд. Имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ эътироф гардидааст.

Ифтихори миллӣ. Барои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Сарвари давлат, балки ҳамчун шахсияти арҷгузор ба таъриху фарҳанги миллӣ, гиромидошти шахсиятҳои номвари миллат ва эҳёи суннатҳои мардумию фарҳанги миллӣ, ҳам дар сатҳи дохилӣ ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ, корҳои бениҳоят зиёдеро ба сомон расондаанд. Таҷлили бузургдошти воқеаҳои муҳими таърихӣ-фарҳангӣ, аз қабили 1100-солагии давлати Сомониён (1999), 680 ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1995 ва 2015), 675 ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ (1996 ва 2020), 2700-солагии китоби Авасто (2001), 90-солагии Мирзо Турсунзода (2001), 2500-солагии шаҳри Истаравшан (2002), 1000-солагии Носири Хусрав (2004), 1125-солагии Абуалӣ ибни Сино (2005), Соли тамаддуни ориёӣ (2006), 2700-солагии Кӯлоб (2006), 800-солагии Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 3000-солагии Ҳисор (2015), 100-солагии Бобоҷон Ғафуров (2009), 1310-солагии Имоми Аъзам (2009), 110-солагии Сайидалӣ Вализода (2010), 130-солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ (2012), 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ (2014), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150-солагии Нақибхон Туғрал (2015), 1150-солагии Закариёи Розӣ (2016), 100-солагии Ғаффор Валаматзода (2016), 100-солагии Муҳаммад Осимӣ (2020), 5500-солагии Саразм (2020) ва ғайра дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ далели равшани гуфтаҳои болост, ки ҳамагӣ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу ҷалоли бағоят бузург баргузор гардиданд. Яке аз нишондиҳандаҳои асосии сиёсати хирадмандонаву фарҳангдӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ҷашн гирифтани «Соли тамаддуни ориёӣ» ва аз тарафи ЮНЕСКО ҷашн гирифтани 2700-солагии китоби муқаддаси ниёконамон Авасто мебошад. Таҷлили бошукӯҳи солгарди тамаддуни ориёӣ дар соли 2006 ва китоби Авасто ва дар ин замина таҳқиқ шудани он аз тарафи олимону донишмандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чун мероси хаттии умумибашарӣ шаҳодати тамаддуни бостониасоси тоҷикон мебошад.

Тарбияи насли наврас ва ҷавон дар руҳияи худшиносии миллӣ. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки миллати тоҷик ҳамеша соҳиби китоб будааст ва фарҳанги он аз давраҳои қадим ба хат ва китоб пайванди ногусастанӣ доштааст. Яке аз сабабҳои асосии боқӣ мондани миллати тоҷик ҳамин забон аст, ки дар қаламрави бузурге доман паҳн карда буд. Яке аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки он маҳз ба бедор кардани шавқи кӯдакон ва ҷавонон ба мутолааи осори беҳтарини адабии халқи тоҷик ва адабиёти ҷаҳонӣ равона гардидааст ва мақсади он босаводии сартосарӣ, касби донишҳои нав аз роҳи мутолааи осори назмию насрӣ ва шифоҳии мардум ба ҳисоб меравад. Озмунҳои дигар, аз ҷумла «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Тоҷикон» – ойинаи таърихи миллат» ва ғайра барои боло бурдани сатҳи худогоҳии миллии насли наврас ва дар руҳияи ватандӯстӣ, донишандӯзӣ, меҳру муҳаббат ба илму маърифат ва ҳифзи анъанаҳои асили аҷдодӣ равона шудаанд.

Ҳамин тавр, маҳз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки миллати тоҷик дар масири бунёди давлати мутамаддин муваффақ шаваду истиқлоли комилашро ҳифз намояд. Бо дарназардошти таҳлилу баррасии таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз ба боварии комил метавон гуфт, ки асосгузори истиқлоли воқеии Тоҷикистон маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Бознашр аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” https://jumhuriyat.tj/7441-jemomal-ramon-peshvoi...

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик