Перейти к основному содержанию

ДУШАНБЕ, 11.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо масъалаи ҳифз, тақвият ва таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ ба яке аз масъалаҳои калидии рушди устувори ҷомеа табдил ёфтааст. Худшиносию худогоҳии миллӣ чун пояи ҳастии миллат на танҳо омили ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва маънавӣ, балки заминаи таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти иҷтимоию сиёсӣ маҳсуб мешавад.

— Барои ҷомеаи муосир, хусусан давлатҳои рӯ ба рушд тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дошта, метавонад муқовимат ба таҳдидҳои фарҳангӣ, идеологӣ ва маънавии бегонаро таъмин намояд. Дар робита ба ин Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳадаф аз ин ибтикори Пешвои миллат дар баробари анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ҳамзамон боз ҳам баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии миллии аҳолӣ дар заминаи таъриху фарҳанги пурғановату бостонии миллати куҳанбунёди тоҷик маҳсуб мешавад.

Худшиносии миллӣ маҷмуи дониш, эҳсос ва дарки фард оид ба мансубияти худ ба миллат, таърих, фарҳанг, забон ва арзишҳои миллӣ мебошад. Худогоҳии миллӣ сатҳи баландтари худшиносӣ маҳсуб шуда, масъулияти иҷтимоӣ, ватандӯстӣ ва омодагӣ барои ҳифзу рушди манфиатҳои миллиро дар бар мегирад.

Ин ду мафҳум бо ҳам зич алоқаманд буда, дар ҳамбастагӣ ҷаҳонбинии миллии шаҳрвандонро ташаккул медиҳанд. Миллате, ки худшиносию худогоҳии миллӣ надорад, дар раванди таърих осебпазир гардида, хавфи аз даст додани ҳувият ва арзишҳои миллияш пеш меояд.

Таърих аз он шаҳодат медиҳад, ки худшиносии миллӣ дар раванди мубориза барои истиқлолият, ҳифзи забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ташаккул меёбад. Барои халқи тоҷик, ки миллати куҳанбунёд мебошад, таърихи чандҳазорсола, тамаддуни бостонӣ, осори бузургони илму адаб ва фарҳанг заминаи муҳими худшиносии миллиро ташкил медиҳанд.

Дар давраҳои гуногуни таърих, махсусан дар замони аз даст додани истиқлолияти сиёсӣ масъалаи худшиносии миллӣ аҳамияти бештар пайдо кард. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳёи давлатдории миллӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар солҳои 90-уми асри XX ба марҳилаи нави ташаккул ва таҳкими худогоҳии миллӣ замина гузошт.

Забони тоҷикӣ дорои таърихи ҳазорсола буда, дар ташаккули тамаддуни тоҷикон нақши калидӣ бозид. Осори бузургони адабиёти классикии тоҷику форс, аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон на танҳо арзиши адабӣ, балки аҳамияти бузурги ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ доранд. Осори ин бузургон тавассути забон ҳисси ифтихор аз гузашта, эҳтиром ба сарзамин ва масъулият дар назди миллатро бедор мекунанд.

Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Он имрӯз яке аз унсурҳои асосии худшиносии миллӣ арзёбӣ гардида, воситаи муҳими интиқоли таърих, фарҳанг ва тафаккури миллати тоҷик ба шумор меравад. Тавассути забон ба наслҳои оянда арзишҳое, чун дӯст доштани Ватан, ҳифзи истиқлолият ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ интиқол меёбанд.

Тавре ки Пешвои миллат зимни паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ иброз намуданд, “ҳифзи асолати забони миллӣ дар замони ҷаҳонишавии босуръат, интишори бесобиқаи иттилооти гуногун, рушди техникаву технологияҳои иттилоотию иртиботӣ ва таъсири фарҳангу забонҳои бегона яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад”. Дуруст аст, ки ҳифзу гиромидошт ва рушди забони давлатӣ омили муҳими таҳкими худогоҳии миллӣ мебошад.

Фарҳанг, анъана, урфу одат, ҷашну маросим ва арзишҳои маънавӣ низ дар раванди тарбияи иҷтимоӣ, ташаккули худшиносӣ ва ахлоқии ҷомеа нақши муассир мебозанд. Тавассути оила, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва муассисаҳои фарҳангӣ арзишҳои миллӣ ба насли ҷавон интиқол меёбанд. Чунин шароит заминаи ташаккули шаҳрвандони худогоҳ, масъулиятшинос ва ватандӯстро фароҳам меорад. Ҷашнҳои миллӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ на танҳо ёдгории таърихии ба мо расида, балки воситаи муассири тарбияи ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ ва пойдории фарҳангӣ ба шумор мераванд. Яке аз вазифаҳои муҳими ҷашнҳои миллӣ тарбияи иҷтимоӣ мебошад. Тавассути маросим, барномаҳои фарҳангӣ ва маъракаҳои оммавӣ арзишҳои ахлоқӣ, эҳтиром ба таърих ва рамзҳои давлатдорӣ ба наслҳои минбаъда интиқол меёбанд. Ин раванд на танҳо донишу таҷриба медиҳад, балки эҳсос, дониш ва таҷрибаи муштарак эҷод намуда, барои ташаккули ифтихори миллӣ аҳамияти калон дорад. Илова бар ин, ҷашну анаъанаҳои миллӣ метавонанд рушди сайёҳӣ ва муаррифии фарҳангу таърихи чандинҳазорсоларо дар сатҳи байналмилалӣ дастгирӣ кунанд, ки ин боиси ифтихори миллӣ мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷашнҳои миллӣ на танҳо маросими рамзӣ, балки унсурҳои фаъоли ташаккули ҳувият ва ифтихори миллӣ мебошанд. Онҳо хотираи таърихиро зинда нигоҳ дошта, арзишҳои фарҳангиро ба наслҳои оянда интиқол медиҳанд ва дар шароити ҷаҳонишавӣ пойдории фарҳангиро таъмин месозанд. Аз ин рӯ, ҳифз, таҳқиқ ва рушди ҷашнҳои миллӣ вазифаи муҳими сиёсати фарҳангӣ ва илмии ҳар давлат ба шумор меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки “ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибфарҳангу бомаърифат, ватандӯсту ватанпарвар, дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва дур аз таассубу хурофот вобастии амиқ дорад”. Ишора гардид, ки дар ҳолати бесавод мондани наврасону ҷавонон ҷомеа ба пайомадҳои даҳшатбори таассубу хуруфот ва ҷаҳолат дучор мегардад. Албатта, бесаводӣ маънои маҳдуд будани ҷаҳонбинӣ ва нотавонӣ дар дарку таҳлили иттилооти гуногунро дорад. Аз ин рӯ шахсе, ки саводи кофӣ надорад, бештар ба афкору андешаҳои тайёр, овозаҳо ва ақидаҳои ғайриилмӣ бовар мекунад. Чунин шароити ба миёномада дар зеҳни шахс ба рушди таассуб ва дарки кӯр-кӯронаи ақидаҳои бе далел мусоидат мекунад.

Хурофот ҳамчун шакли тафаккури ғайримантиқӣ ҷойи донишҳои илмиро ишғол намуда, раванди рушди иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиро коҳиш медиҳад. Чунин ҳолат махсусан барои наврасон ва ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа ба шумор мераванд, хатарнок аст, зеро онҳо дар марҳалаи ташаккули ҷаҳонбинӣ буда, зуд таҳти таъсири ақидаҳои ғайримантиқӣ қарор мегиранд.

Ҷаҳолат низ зуҳуроти манфӣ буда, метавонад боиси афзоиши таҳаммулнопазирӣ, хушунат ва коста шудани ҳамбастагии иҷтимоӣ гардад. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи дорои сатҳи пасти саводнокӣ бештар ба муноқишаҳои дохилӣ, ифротгароӣ ва ақибмонии иқтисодӣ дучор мешавад. Заиф шудани амнияти миллӣ ва иҷтимоии ҷомеа пайомади хатарноки ҷаҳолат маҳсуб мешавад, зеро ашхоси бесавод зуд фирефтаи ақидаю таблиғоти ғаразнок, ҷалб ба доираҳои манфиатхоҳ ва гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ мегарданд.

Бояд гуфт, ки соҳаҳои маориф ва илм ҳамчун ниҳоди асосии иҷтимоӣ дар ташаккули худшиносию худогоҳии миллӣ нақши ҳалкунанда доранд. Омӯзиши таърихи миллӣ, адабиёт, фарҳанг ва арзишҳои маънавӣ дар муассисаҳои таълимӣ заминаи рушди ҷаҳонбинии миллӣ мегардад. Илм ва таҳқиқоти илмӣ низ метавонанд дар омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ, таҳлили равандҳои иҷтимоӣ ва пешниҳод намудани роҳҳои рушди миллӣ дар таҳкими худогоҳии миллӣ саҳм гузоранд.

Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки ояндаи давлат ба сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон вобаста аст. Ҷавонон ва наврасон ҳамчун омили асосии худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар марҳалаи ташаккули ҷаҳонбинӣ қарор доранд. Дар шароити таъсири васеи фарҳангҳои бегона ва шабакаҳои иттилоотӣ ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар байни ҷавонону наврасон аҳамияти дучанд пайдо мекунад. Агар ин раванд дуруст ба роҳ монда шавад, ин қишри ҷомеа дар оянда метавонад меросбари арзишҳои таърихӣ ва фарҳангӣ гардад. Ҳамзамон дар рушди худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа саҳм гузошта, ба муқобили омилҳои номатлубе, ба мисли таассубу хуруфот ва бегонапарастӣ истодагарӣ намоянд.

Тарбияи ватандӯстӣ, боло бурдани маърифати сиёсӣ ва фарҳангӣ, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ метавонад ҳисси масъулият ва мансубияти миллии онҳоро таҳким бахшад.

Аз ин лиҳоз тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ шарти асосии пойдории миллат ва давлат маҳсуб мешавад. Он на танҳо ҳисси ифтихор ва мансубияти миллиро ташаккул медиҳад, балки омили муҳими рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар шароити ҷаҳони муосир моро зарур аст, ки тавассути маориф, фарҳанг, илм ва дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати оқилонаи роҳбарияти мамлакат худшиносии миллиро тақвият бахшида, насли ояндаро дар руҳияи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва масъулияти миллӣ тарбия намоем.

Акбар САЛИМОВ, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Бознашр аз сомонаи АМИТ “Ховар” https://khovar.tj/.../hudshinosiyu-hudogo-ii-mill-dar.../