Перейти к основному содержанию
Инъикоси Ҳадафҳои рушди устувор дар ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама бо соҳаи захираҳои об алоқаманд мебошад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои глобалии об дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи намоён дорад ва нақши ташаббускоронаи кишвар дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври равшан таҷассум меёбад.

Тоҷикистон тавассути амалисозии иқдомҳои созанда, аз қабили эълони Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005–2015), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028) ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025), на танҳо дар афзоиши маърифати ҷаҳонӣ оид ба масоили об саҳм гузоштааст, балки ҳамзамон барои таъмини дастрасии бехатари аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодабарии об, истифодаи устувори захираҳои об ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ талош меварзад.

Тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, васеъшавии шаҳрҳо ва зиёд гардидани талабот ба об масъалаи идоракунии самараноки захираҳои обро ба яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи рӯзномаи байналмилалӣ табдил додааст. Санаи 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид Қатъномаро дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018–2028 қабул намуд, ки онро 177 кишвари узви СММ дастгирӣ карданд. Ташаббуси мазкур аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 12 апрели соли 2015 дар Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардида буд. Ин иқдом идомаи мантиқии ташаббусҳои қаблии Тоҷикистон, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005–2015), мебошад.

Вазъияти имрӯзаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки мушкилоти об ҳанӯз яке аз мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мондааст. Аҳолии ҷаҳон пайваста афзоиш меёбад ва талабот ба оби нӯшокӣ ва захираҳои энергетикӣ ҳамасола зиёд мешавад. Тибқи маълумоти UN Water (2023), имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 2,2 миллиард нафар ба оби тозаи нӯшокӣ ва шароити санитарии мувофиқ дастрасӣ надоранд. Ҳамзамон, 3,4 миллиард нафар шароити кофии беҳдошт ва наздик ба 1,7 миллиард нафар ҳатто имкони истифодаи василаи одии шустани дастҳоро надоранд. Инчунин офатҳои табиии марбут ба об, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ ва камобӣ, ҳамасола ба иқтисодиёти кишварҳо зиёда аз 60 миллиард доллари ИМА зарар мерасонанд.

Ин вазъият на танҳо ба саломатӣ ва некуаҳволии аҳолӣ, балки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо низ таъсири манфӣ мерасонад ва бори дигар зарурати татбиқи тадбирҳои ҷиддӣ ва амалии сатҳи ҷаҳониро таъкид мекунад. Бо дарки амиқи чунин масъулият, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таҳдидҳои муосир, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, норасоии захираҳои об ва афзоиши сатҳи камбизоатӣ, ҷомеаи ҷаҳониро водор месозанд, то бо тадбирҳои ҳамоҳангшуда, иродаи муштарак ва масъулияти баланд чораҳои муассир андешанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои нақши калидӣ мебошад. Ҳамасола дар қаламрави кишвар тақрибан 64 миллиард метри мукааб об ташаккул меёбад, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии тамоми минтақаи Осиёи Марказиро дар бар мегирад. Ин нишондиҳанда на танҳо аҳамияти стратегии Тоҷикистонро дар таъмини амнияти обии минтақавӣ муайян мекунад, балки мавқеи кишварро ҳамчун иштирокчии калидӣ дар сиёсати обӣ муаррифӣ менамояд. Бо вуҷуди ин, таҳаввулоти ахири иҷтимоӣ ва демографӣ, аз ҷумла афзоиши аҳолӣ, вусъат ёфтани заминҳои обёришаванда ва болоравии талабот ба об, зарурати ҷорӣ кардани механизмҳои муосири идоракунии устувори захираҳои обро бештар менамояд. Гузариш ба усулҳои самараноку устувори истифода ва ҳифзи об, тавассути ҳамкорӣ ва идоракунии муштарак дар сатҳи минтақавӣ, омили муҳими таъмини рушди ҳамгиро ва осоиштаи кишварҳои минтақа ба ҳисоб меравад.

Вазъи захираҳои об дар минтақаи Осиёи Миёна дар давоми асри XX ва аввали асри XXI тағйироти ҷиддӣ ва нигаронкунандаеро паси сар намудааст. Агар дар аввали қарни гузашта масоҳати заминҳои обёришаванда ҳамагӣ 2,5–3 миллион гектар буд, то охири садсола ин нишондод ба 8,5 миллион гектар расид. Аҳолии минтақа аз 20 миллион нафар соли 1956 то ба 65 миллион нафар имрӯза афзоиш ёфтааст. Дар оғози солҳои 1960-ум кишварҳои Осиёи Миёна солона тақрибан 60 км³ об истифода мекарданд, ҳоло бошад ин нишондиҳанда ба 110 км³ расидааст ва пешгӯиҳо нишон медиҳанд, ки то соли 2030 истеъмоли об метавонад то 20% дигар афзоиш ёбад. Ин ҳолат зарурати тадбирҳои таъҷилӣ барои истифодаи самаранок ва устувори захираҳои обро тақозо менамояд.

Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ тадбирҳои муассир роҳандозӣ намудааст. Барои пурра гузаштан ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, «Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016–2025»-ро амалӣ намудааст. Илова бар ин, таҳияи «Стратегияи миллии об барои давраи то соли 2040» ва «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои давраи то соли 2032», ҳамчунин таъсиси низоми ягонаи иттилоотии соҳаи об, аз иқдомҳои калидии кишвар маҳсуб меёбанд. Барномаҳо ва стратегияҳои мазкур масъалаҳои беҳбуди маданият ва истифодаи сарфакоронаи об, ҳамчунин ҷорӣ намудани технологияҳои нави обёриро дар бар мегиранд.

Дар доираи гузариш ба «иқтисоди сабз», захираҳои об нақши стратегӣ доранд. Зиёда аз 98% неруи барқи Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикӣ истеҳсол мешавад ва нақша аст, ки то соли 2032 ин нишондиҳанда ба 100% расонида шавад, яъне тавлиди неруи барқ пурра аз ҳисоби захираҳои барқароршаванда амалӣ гардад. Ин тадбирҳо барои расидан ба ҳадафи дигари кишвар - то соли 2037 табдил додани Тоҷикистон ба «кишвари сабз» - мусоидат мекунанд.

Барномаи кабудизоркунии табиати кишвар то соли 2040 пешбинӣ мекунад, ки зиёда аз 2 миллиард ниҳол шинонида шавад, ки ба беҳбуди муҳити зист ва баланд бардоштани иқтидори экосистемаи кишвар мусоидат мекунад.

Дар робита бо ҳамкории фаромарзӣ, Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса ба масъалаҳои об зоҳир менамояд. Ин тадбирҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам минтақавӣ барои идоракунии устувори захираҳои об ва рушди экологии кишвар стратегияи мушаххас ва самаранок дорад.

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» як қатор ҳадафҳои стратегиро дар бар мегирад, аз ҷумла рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои марбут ба об, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи дониш ва мубодилаи иттилоот дар соҳаи об, ҷалби фаъолонаи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ба раванди қабули қарорҳо ва тақвияти фаъолияти иттилоотӣ ва иртиботӣ дар сатҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ.

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» на танҳо иқдоми сиёсӣ, балки платформаи муҳими ҳамкории илмӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускор шаҳодати мавқеи фаъоли кишвар дар ҳалли масъалаҳои глобалии об аст. Татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои Даҳсола метавонад заминаи боэътимод барои истифодаи оқилона ва устувори захираҳои об, таъмини рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва таҳкими амнияти минтақавию байналмилалӣ фароҳам оварад.

Пуштибонии ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 10 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҷассумгари нақши фаъол ва калидии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки барои суръатбахшии амалҳо дар соҳаи об асоси воқеӣ гузоштааст, қобили таъкиди гуфтаҳои болост.

Алиев Фирдавс – муовини директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон