Перейти к основному содержанию

Чи хеле ки дар Паёми навбатии Асосгузори ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда шуд, Ҳукумати мамлакат бояд ба самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат, бо истифода аз технологияҳои муосир, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ тақвият бахшад. Дар ин раванд, пеш аз ҳама ба пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад, чунки бар асари ин раванд баландшавии бесобиқаи ҳарорати ҳаво ба амал омада, ба равандҳои дар боло номбаршуда бетаъсир намемонад.

Мувофиқи маълумотҳои аз Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) дастрасгардида, баландшавии глобалии ҳарорати ҳаво, аз солҳои 20-уми асри гузашта сар шуда, то солҳои 60-70 - ум ба ҳисоби миёна 0,3 дараҷа зиёд ва аз ин баъд то солҳои 80-ум, қариб бетағйир монд. Аз солҳои 80-ум сар карда, ҳарорати ҳаво то айни замон, яъне то охири соли 2025, ба ҳисоби миёна аз 0,3 то 1,6 дараҷа баланд шудааст ва ин раванд ҳоло ҳам давом ёфта истодааст.

Маҳз соли 1970 олимон бори аввал дар бораи хатарҳо ва таъсири тағйирёбии иқлим ҳушдор доданд. Аммо, бо вуҷуди ин мамлакатҳои тараққикарда ба ин масъала ба таври возеҳ ва ҷиддӣ аҳамият намедиҳанд. Чунончи, ҳоло ҳам сатҳи газҳои гулхонаӣ дар сатҳи рекордӣ қарор дошта, ҳарорати ҳаво шадидтар тағйир ёфта истодааст. Уқёнусҳо гармтар ва турштар ва сатҳи оби баҳрҳо боло, пиряхҳо ва қабатҳои яхин об шуда истодаанд. Суръати ин тағйиротҳо сол то сол тезтар шуда, ниёз ба маълумоти бештари илмӣ, таҳқиқотҳои фундаменталӣ ва махсусан ба хизматрасониҳои иқлимӣ, бештар шудааст.

Дар саросари ҷаҳон, дар ҳукумат, тиҷорат ва ҷомеа ниёз ба огаҳӣ дар бораи хатарҳои марбут ба тағйирёбии иқлим пайдо шуда, он рӯз аз рӯз афзоиш ёфта истодааст. Баъзе аз ин хатарҳо метавонанд оқибатҳои мудҳиш ва зараровари иҷтимоию иқтисодӣ дошта бошанд. Аз ин рӯ, ташкилотҳои қарор қабулкунанда бояд дар бораи иқлими гузашта, ҳозира ва ояндаи маҳал, маълумоти баландсифат, саривақтӣ, мувофиқ, муосир ва боэътимод дошта бошанд. Маълумоти мазкур, дониш ва иттилооти соҳавиро дар бораи таъсир ва хатарҳои мавҷуда талаб мекунад.

Айни замон ин гуна хизматрасониҳои иттилоотӣ дар соҳаи иқлим дар аз ҷониби СУО пешниҳод карда мешаванд.

Хизматрасониҳои иқлимии СУО аз соли 2014 ба роҳ монда шуда, бо бисёр ташкилотҳо, ширкатҳо ва муассисаҳои миллӣ ҷиҳати қабули қарорҳо дар бахшҳои гуногун, ба монанди кишоварзӣ, тандурустӣ, идоракунии обу энергетика ва коҳиши таҳдиди хатари офатҳо, ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Метавонем баъзе маълумотҳоеро, ки тариқи хизматрасониҳои иқлимии СУО дастрас гардидаанд, ёдрас шавем.

Тибқи гузоришҳои СУО, дар тӯли 176 соли мушоҳидаҳои метеорологӣ, солҳои 2015 - 2025, 11 соли гармтарин ва се соли охири ин давра бошад, гармтарин дар таърих мебошанд. Масалан, аз моҳи январ то августи соли 2025, ҳарорати миёнаи ҳаво дар сатҳи Замин, нисбат ба қимати миёнаи солҳои то саноатӣ, 1,4°C баландтар буд.

Гармои шадид, бо ҳарорати хатарноки шабонарӯзӣ, ба миллионҳо нафар одамон дар саросари ҷаҳон таъсир расонида, ташкили огоҳкунии барвақтӣ ва таҳияи нақшаҳои амалиётро ҷиҳати ҳифзи саломатии одамон, тақозо менамояд. Дар ин робита, СУО ва давлатҳои аъзои он, мутобиқи ташаббуси "Огоҳкунии барвақтӣ барои ҳама", ҷиҳати тақвияти системаҳои огоҳкунии барвақтӣ дар бораи рӯйдоди гармои шадид саъю кӯшиш намуда, бо шарикон дар сатҳҳои байналмилалӣ, миллӣ ва маҳаллӣ ҷиҳати таҳияи нақшаҳои амалиёт оид ба ҳифзи сиҳатӣ дар робита ба гармои сахт, ҳамкорӣ менамоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми се соли охир, гармои бесобиқа шадид ба қайд гирифта шуда, соли 2025 таъсири он махсусан баръало ҳис карда шуд. Аз он ҷумла, дар ин бора дар паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ёдрас карда шуд. Пешвои миллат қайд карда гузаштанд, ки ба шароитҳои номусоиди обу ҳаво ва гармои шадид дар ин сол нигоҳ накарда, кишоварзони мамлакат софдилона заҳмат кашида, фаровонии бозори истеъмолии мамлакатро таъмин карданд.

Ин раванд дар мамлакатҳои дигари дунё низ ҷой дошт. Масалан тибқи иттилои Хадамоти тағйирёбии иқлими “Коперники”-и Иттиҳоди Аврупо, моҳи июли соли 2025, пас аз июли солҳои 2023 ва 2024, сеюмин гармтарин моҳи июл дар саросари ҷаҳон буд. Дар Аврупо, аз гармои шадид махсусан давлатҳои Шветсия ва Финляндия, ки тобистони соли 2025 давраи ғайриоддии тӯлонии ҳарорати аз 30°C болотарро аз сар гузарониданд, бештар зарар диданд. Аврупои Ҷанубу Шарқӣ низ гармои шадид ва сӯхтори ҷангалзорҳоро аз сар гузаронда, дар Туркия рекорди миллии ҳароратии ба 50,5°C баробар сабт гардид.

Тибқи маълумоти таҷдидшудаи Маркази ҷаҳонии метеорологӣ дар Пекин, дар охири моҳи июли соли 2025 ҳарорати максималӣ дар баъзе қисматҳои Осиёи Ғарбӣ, ҷануби Осиёи Марказӣ, қисми зиёди Африқои Шимолӣ, ҷануби Покистон ва ҷанубу ғарби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз 45°C боло рафта буд.

5 август соли 2025 Ҷопон рекорди нави ҳароратро дар сатҳи миллӣ (41,8°C) сабт карда, идораи метеорологии Ҷопон оиди ин гармои шадид огоҳӣ дод ва аз мардум даъват кард, ки дар ин робита чораҳои эҳтиётӣ андешанд.

Раёсати метеорологии Корея низ оид ба гармои шадиди тобистони соли 2025 огоҳӣ ва маслиҳатҳои дахлдор нашр кард.

Ҳамаи гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки соли 2025 дар қатори ду соли пеш, дар ҳақиқат ҳам соли болоравии ҳарорати ҳаво ва рӯйдоди гармои шадиди тоқатфарсо дар хотирҳо мемонад. Худо накунад, ки ин раванд дар оянда ҳам давом ёфта, боиси ба мушкилиҳо дучор шудани бахшҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат гардад.

Шомаҳмадов А.М. Сафаров М.Т. Кормандони Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ