Перейти к основному содержанию
Фонди байналмилалии сулҳи Россия номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, сарварони давлатҳои Қирғизистон Садир Жапаров ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро барои саҳми арзандаашон дар таъмини амнияти умумӣ дар асоси волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни мардум ба Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой пешбарӣ кардааст.

Дар хабарномаи Фонд зикр шудааст, ки 31-уми марти соли 2025 дар нахустин нишасти сарварони се давлат дар шаҳри Хуҷанд санадҳои таърихӣ – Созишнома дар бораи нуқтаи пайвасти марзҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эъломияи дӯстии абадӣ ба имзо расиданд, ки ба таъмини ҳадафҳои устувори сулҳу субот ва рушди устувори тамоми минтақа хизмат мекунанд. Таъкид шудааст, ки ба шарофати талошҳои раҳбарони ин кишварҳо амният дар фазои Авруосиё таъмин шуда, муколамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди идеяи эҷоди фазои бидуни раводид ва ҷалби сайёҳон ба минтақа идома дорад.

Ин Ҷоиза барои дастовардҳои барҷаста дар фаъолиятҳои пешгирии хатари сар задани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ, аз ҷумла барои саҳми арзанда дар таъмини амнияти умумӣ дар асоси волоияти ҳуқуқи башар, пешгирӣ кардани мусаллаҳшавии бошитоб, барпо намудани ҷаҳони бисёрқутба ва қонунсолор, муваффақият дар соҳаи демилитаризатсия, демократия ва гуманизм, барои фаъолияти сулҳофарӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, дода мешавад.

Ин руйдодҳои таърихӣ ба таъмини амну субот, рушди устувор ва болоравии нуфузу эътибори байналмилалии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Моҳи сентябри соли равон бо қарори ҳайати доварони Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ҷоиза ба Президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дода шуд.

Сулҳ ҳамчун арзиши умумибашарӣ аз қадимтарин ормонҳои ҷомеаҳои инсонӣ ба шумор меравад. Дар шароити муосир сулҳу субот на танҳо кафолати амнияти шаҳрвандон, балки заминаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо маҳсуб меёбад. Барои минтақаҳое, ки таърихан бо гуногунрангии этникӣ, мазҳабӣ ва манфиатҳои геополитикӣ тавсиф мешаванд, сулҳ аҳамияти хосса касб мекунад.

Осиёи Марказӣ, ки дар чорроҳаи тамаддунҳо қарор дорад, дорои захираҳои ғании табиӣ ва мавқеи муҳим дар низоми байналмилалӣ мебошад. Аммо ин минтақа ҳамеша бо мушкилоти мураккаб рӯ ба рӯ будааст: аз ихтилофҳои сарҳадӣ ва тақсими об то хатарҳои терроризм ва таъсири рақобати қудратҳои ҷаҳонӣ. Хусусияти дигари минтақа дар он аст, ки ҷомеаҳо аз ҷанги дохилӣ, муҳоҷират, фақр ва осебпазирии иқтисодӣ низ ранҷ кашидаанд. Аз ин рӯ, сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ на танҳо масъалаи дохилии ҳар як кишвар, балки зарурати умумиминтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.

Дар чунин шароит нақши роҳбарон, ки тавонанд сиёсати сулҳофариро пеш баранд, ҳалкунанда мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои марказии минтақа аст, таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, ба майдони муҳимтарини сулҳсозӣ табдил ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванди мураккаб нақши калидӣ бозида, ҳамчун шахсияти таърихӣ ва меъмори сулҳ шинохта шудаанд.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ (1992) боиси талафоти бузурги инсонӣ ва муҳоҷирати густурда гардид. Дар ҳамин давраи буҳронӣ Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбариро ба зимма гирифта, бо иродаи қавӣ ва сиёсати созанда роҳи сулҳро пеша карданд. Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид, барои Тоҷикистон оғози марҳалаи нави давлатсозӣ гардид.

Дар заминаи ҷаҳонӣ масъалаи сулҳ ба як самти асосии дипломатияи муосир табдил ёфтааст. Пешниҳодҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар минбари Созмони Милали Муттаҳид дар бораи истифодаи оқилонаи захираҳои об, мубориза бо терроризм ва зарурати ҳамкорӣ намунаи барҷастаи сиёсати сулҳофарии глобалӣ гардиданд. Тоҷикистон бо ин иқдомҳо худро ҳамчун субъекти фаъол ва масъули низоми байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Дар сатҳи минтақавӣ мушкилоти Осиёи Марказӣ, асосан, ба масъалаҳои сарҳадӣ, обу энергетика ва ноамнӣ дар Афғонистон вобаста буданд. Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин роҳбароне буданд, ки зарурати ҳамкориҳои дӯстона ва муколамаи созандаро бо ҳамсоягон таъкид намуданд. Аз ибтидои солҳои 2000-ум равобити Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба марҳалаи нави ҳамкорӣ ворид шуд. Лоиҳаҳои иқтисодиву инфрасохторӣ – аз неругоҳҳои барқи обӣ то роҳҳои байникишварӣ ба таҳкими мутақобилаи сиёсиву иқтисодӣ ва суботи минтақавӣ мусоидат карданд.

Масъалаи Афғонистон ҳамчун «ҳалқаи заъфи амниятии минтақа» дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дошт. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки сулҳ дар Афғонистон сулҳ дар Тоҷикистон ва тамоми минтақа аст. Тоҷикистон бо баргузории конфронсҳо ва нишастҳои сатҳи олӣ талош намуд, ки майдони гуфтугӯҳои сулҳ гардад ва мавқеи худро ҳамчун ҷонибдори сулҳи умумибашарӣ тақвият бахшад.
Дар соли 2025 қадами муҳим ва таърихӣ – имзои Созишнома оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ ва Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ дар шаҳри Хуҷанд амалӣ гардид. Ин санадҳо, ки бо иштироки сарварони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон қабул шуданд, ҳамчун намунаи равшани дипломатияи сулҳофарӣ дар таърихи муосири Осиёи Марказӣ сабт гардиданд.

Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой маҳз барои қадрдонии чунин талошҳо пешбинӣ шудааст. Ҷоиза ба ифтихори нависанда ва мутафаккири бузурги ҷаҳонӣ Лев Николаевич Толстой (1828-1910) номгузорӣ гардида, рамзи умумибашарии сулҳ ва ҳамзистии осоишта мебошад. Ба ҳайати доварон шахсиятҳои маъруфи сиёсии кишварҳои гуногун шомиланд. Раиси ҳайат, Валерий Гергиев, таъкид кардааст, ки ҳадафи аслии ҷоиза пешбурди ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобила дар саросари ҷаҳон аст.
Дар соли 2025 ҳайати доварӣ Эмомалӣ Раҳмонро барандаи Ҷоиза эълон намуд. Имзои созишномаҳои сарҳадот ва Эъломияи дӯстии абадӣ ҳамчун дастоварди калидӣ арзёбӣ гардид.

Сарфароз шудани Пешвои миллат бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой барои Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад. Ин Ҷоиза на танҳо шахсияти Пешвои миллатро ҳамчун меъмори сулҳ эътироф намуд, балки мақоми байналмилалии кишварро низ боло бурд. Ҳамзамон, он нишон дод, ки сиёсати сулҳофарии Тоҷикистон намунаи муваффақи ҳамзистӣ ва ҳамкорӣ буда, арзиши умумибашарӣ дорад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳ дар дохил ва ташаббускори дипломатияи сулҳофарӣ дар хориҷ дар таърихи муосири Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи вижа пайдо карданд. Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой на танҳо ба хизматҳои шахсии ӯ, балки ба роҳи пуршарафи халқи тоҷик ва нақши Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арҷ гузошт. Эътирофи байналмилалӣ собит месозад, ки сиёсати сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон дорои аҳамияти на танҳо миллӣ, балки умумибашарист.

Раҳмонов Раҳмон Охонович – доктори илмҳои кимиё, муовини директор

оид ба илм ва таълими Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ