Перейти к основному содержанию

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025 ҳамчун санади барномавӣ самтҳои калидии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро барои соли 2026 ва давраи минбаъда муайян мекунад, ки барои ташаккул ва такомули баъдии равандҳои демократии мамлакат низ аҳамияти стратегӣ дорад. Ин Паём дастовардҳои назарраси соли 2025, аз ҷумла интихоботи озод ва шаффоф ба Маҷлиси Олӣ, ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро таҳлил намуда, заминаи ҳуқуқии барномаи миёнамуҳлаттари рушдро то соли 2030 таҳким мебахшад.

Паёми навбатии Пешвои миллат чораҳои мушаххасро барои тақвияти низоми мардумсолорӣ пешниҳод кардааст, ки асосан ба беҳбуди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳсилот ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудаанд. Ин пешниҳодҳо ҳамчун самтҳои асосии сиёсати дохилӣ барои соли 2026 ва давраи минбаъда муайян гардида, аз ҷумла, Парлумонро водор месозанд, ки қонунҳои мувофиқро қабул намояд ва фазои мусоиди ҳуқуқиро барои бозсозиҳои бештар такмил бахшад. Чунин ҳолат имкониятҳои бештару беҳтарро муҳайё месозад, то ниҳодҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, аз қабили ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва институтҳои анъанавии миллӣ фаъолиятҳои тарбиявиро барои баланд бардоштани худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ, эҳсоси волои ванадӯстиву ватанпарастӣ ва тарбияи ҳуқуқии ҷавонон тақвият диҳанд.

Таъмини амният, суботи сиёсӣ ва рушди устувори кишвар, ки мағзи Паёмро ташкил медиҳад, наметавонад бидуни сиёсати муваффақонаи дохилии кишвар татбиқ карда шавад. Аз ин рӯ, Паёми навбатии Пешвои миллат бо такя ба дастовардҳои бузургу назаррас таи солҳои Истиқлоли давлатӣ ин самти ҳаётан муҳимро дар маркази таваҷҷуҳ қарор дода, аз ҷумла, Ҳукумат ва мақомоти марбутаро вазифадор месозад, ки дар муддати кутоҳтарин афзоиши бомароми иқтисодӣ (аз 6 ҳазор то 16,4 ҳазор сомонӣ ММД ба ҳар сари аҳолӣ) ва коҳиши камбизоатиро (то 19 фоиз) таъмин намоянд. Солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд, ки равияи омода кардани барномасозон дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва таъсиси марказҳои замонавии инноватсия ва технологияҳои рақамиро дар бар мегирад. Дар ҳамин қарина, инкишофи шабакаҳои 5G, марказҳои коркарди маълумот ва махзани миллии маълумот барои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ пешбинӣ шудаанд. Дар соҳаи саноат таъсиси корхонаҳои нав, эҷоди ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани рақобатпулии маҳсулоти дохилӣ барои таҳкимбахшидани содироти кишвар таъкид шудааст. Илова бар ин, чораҳои мушаххас барои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, рушди «иқтисоди сабз» ва васеъкунонии пардохтҳои бепулӣ муайян гардидаанд. Ин ҳама мақомоти марбутаро водор месозанд, ки Барномаи миёнамуҳлати рушдро барои солҳои 2026-2030 то охири соли 2025 таҳия ва пешниҳод намоянд. Дар Паём ҳамчунон супоришҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз ҷумла зиёд кардани маошҳо аз 1 сентябри 2026 дода шудаанд, ки дар ниҳояти кор иштироки мардумро дар идоракунии давлат таҳким мебахшанд. Ин чораҳо ҳадафи олии давлат – беҳбуди ҳаёти шаҳрвандонро таъмин намуда, демократия ва низоми пурсамари мардумсолориро амалӣ месозанд.

Паём шаҳрвандонро низ даъват мекунад, ки дар равандҳои бозсозии кишвар фаъол бошанд, дар идоракунии пурсамари давлатӣ иштирок намоянд, аз тариқи фаъолиятҳо ва мавқеъгириҳои огоҳона волоияти қонунро дар кишвар таҳким бахшанд ва бузургтарин дастоварди конститутсионии кишвар – низоми ҳуқуқбунёди дунявии Тоҷикистони азизро ҳифз намоянд.

Каримов Шамсиддин, сарходими илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ