Перейти к основному содержанию

Масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, пеш аз ҳама, ҳуқуқи занону кӯдакон, дар шароити муосир яке аз самтҳои асосӣ ва сарнавиштсози сиёсати ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои мустақил маҳсуб меёбад. Дар замоне ки ҷаҳон бо равандҳои мураккаби иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ аст, рушди устувор ва таҳкими суботи миллӣ бе таъмин намудани амният, ҳимояи ҳуқуқ ва таъмини зиндагии бидуни хушунат барои гурӯҳҳои осебпазир амри номумкин мегардад. Маҳз ба ҳамин хотир, маъракаи байналмилалии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» на танҳо як иқдоми рамзӣ, балки як зарурати глобалӣ барои бедор кардани афкори ҷамъиятӣ, таҳрик додани сиёсиятҳои давлатӣ, таҳкими қонунгузорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа мебошад. Ин маърака, пеш аз ҳама, барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоте равона мешавад, ки солҳо ва асрҳо ҳамчун падидаи пинҳонӣ вуҷуд дошта, ба муносибати нобаробари гендерӣ ва ба поймолшавии ҳуқуқи асосии инсон оварда мерасонанд.

Дар заминаи сиёсати давлатӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи мубориза бо хушунат, махсусан хушунати оилавӣ, яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб мешавад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» худ як марҳалаи муҳими ташаккули сиёсати ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакон гардид. Ин қонун ба мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як шахс масъулият мегузорад, ки пешгирӣ, ошкор, баррасӣ ва пеши роҳи хушунатро ба таври муассир амалӣ созанд. Вале қонун танҳо як сарчашмаи ҳуқуқӣ аст. Барои он ки ҷомеа воқеан ба сатҳи зиндагии бидуни хушунат расад, зарур аст, ки ҳам пайкари иҷтимоӣ ва ҳам фарҳанги ҷамъиятӣ такмил ёбанд. Тавре ки ташфи қонун нишон медиҳад, қонунгузорӣ танҳо вақте самаранок мешавад, ки аҳолӣ дар ҳаққи он огоҳ бошанд, тафаккури иҷтимоӣ иваз шавад ва сиёсати давлатӣ бо мақсади таъмини муҳити бехатар ва солим ба таври ҳамаҷониба амалӣ гардад.

Дар ин замина, суханони Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки борҳо таъкид кардаанд: «Ҷомеаи солим аз оилаи солим оғоз меёбад, ва ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакон вазифаи муқаддаси ҳар як инсони бонангу номус аст», ҳамчун чароғи раҳнамо барои сиёсати ҷомеа ва давлат хизмат мекунад. Пешвои миллат дар аксари суханрониҳои худ, махсусан дар мавриди масъалаҳои оила ва тарбияи насли наврас, зикр менамоянд, ки эҳтиром ба зан, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва таҳкими оилаи солим барои суботи миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва пешрафти иқтисодию фарҳангии кишвар заминаи асосӣ аст. Ин ҷумлаҳо, ки бар пояи арзишҳои инсонӣ ва фарҳанги тоҷикона асос ёфтаанд, нишон медиҳанд, ки мубориза бо хушунат танҳо як вазифаи техникӣ ё ҳуқуқӣ нест, балки баҳри пойдории сулҳу субот ва рушди давлати миллат аҳамияти бевосита дорад.

Занону кӯдакон, ки сутунҳои асосии оила ва ҷомеа ҳастанд, дар баробари ин гурӯҳҳои осебпазиртарин низ ба ҳисоб мераванд. Мавҷудияти хушунат нисбати онҳо метавонад таъсири ҷиддӣ ба тамоми сохтори иҷтимоӣ расонад. Хушунат на танҳо ҷисмонӣ, балки равонӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буда, баъзан солҳо асари худро дар рӯҳи инсон боқӣ мегузорад. Кӯдаке, ки дар муҳити хушунат ба воя мерасад, эҳтимол дорад, ки дар оянда ё худ зӯровар шавад ё қурбонии навбатии зӯроварӣ шавад.

Ин раванд даврзании хушунат - яке аз хатарноктарин паёмадҳои иҷтимоӣ мебошад, ки рушди ҷомеаро бозмедорад, низоми оиларо суст мекунад ва ба ояндаи миллат захм мегузорад. Аз ин рӯ, таъмини муҳити бидуни хушунат барои кӯдакон ва занон натанҳо масъалаи ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ, балки масъалаи амнияти миллӣ ва ояндаи давлат мебошад.

Дар ин раванд, тарзи ҳаёти солиму созанда ҷойгоҳи марказӣ дорад. Тарзи ҳаёти солим танҳо муносибат ба ғизо ё саломатӣ нест, балки маҷмӯи муносибати инсонӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии шахс дар муҳити иҷтимоии худ мебошад. Оила, ки нахустин мактаби тарбия аст, бояд ба мактаби муҳаббат, эҳтиром, муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ табдил ёбад. Омӯзиши малакаҳои муколамаи созанда, идоракунии эҳсосот, ҳалли муноқишаҳо, истифода накардани зӯроварӣ ҳамчун воситаи ҳал ин унсурҳои меҳварии тарзи ҳаёти солим мебошанд. Агар ин арзишҳо дар оила ҷорӣ шаванд, ҷомеа низ ба самти муҳити бехатар ва созанда таҳаввул меёбад. Ба ин хотир, худи маъракаи «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» бояд на танҳо як силсилаи маърака, балки як фарҳанги доимии худогоҳӣ гардад.

Мубориза алайҳи хушунат дар ҷомеа аз нигоҳи илмӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ бояд ҳамаҷониба бошад. Яъне, ниҳодҳои давлатӣ барои татбиқи қонун масъуланд, ҷомеаи шаҳрвандӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва дастгирии иҷтимоӣ масъул аст, мактаб ва донишгоҳ барои таҳкими тафаккури ҳуқуқӣ ва фарҳанги муосир масъуланд, ва ҳар як шахс барои эҳтиром ва риояи ҳуқуқи дигарон масъул мебошад. Ҳар қадаме, ки дар ин самт гузошта мешавад - аз баргузории тренингҳо то тадқиқотҳои илмӣ, аз ҷаласаҳои огоҳсозӣ то фаъолиятҳои ҳама дар роҳи коҳиши хушунат ва бунёди ҷомеаи бехатар саҳм дорад.

Дар ҷамъбаст бояд гуфт, ки «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» танҳо як маъракаи муваққатӣ нест, балки як даъват ба худогоҳӣ, масъулият, фарҳанги инсонӣ ва ҷаҳонбинии муосир мебошад. Ҳимояи занону кӯдакон аз ҳама гуна шаклҳои хушунат на танҳо иҷрои қонун, балки пойдории оила, суботи ҷомеа ва ояндаи миллат аст. Ҷомеаи бидуни хушунат, ҷомеаи ояндабин, бомаърифат ва соҳибтафаккур аст; ҷомеае, ки инсон ва ҳуқуқи инсонро арзиши волотарин медонад. Агар мо имрӯз дарк кунем, ки ҳар як сухани сахт, ҳар як амал ва ҳатто ҳар як беэътиноӣ метавонад ояндаи як инсонро тағйир диҳад, пас масъулиятро бо дилу виҷдон қабул мекунем.

Зиндагӣ бидуни хушунат маънои зиндагӣ бо муҳаббат, эҳтиром, масъулият ва эҳё намудани фарҳанги инсониятро дорад. Ин зиндагиест, ки шоистаи ҳар фарзандамон ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Шарифзода Сурайё, Раиси шурои занони «Бонувони муваффақ»-и Раёсати АМИТ