Перейти к основному содержанию

Шукри Ваҳдат, шукри бахти пойдор,

Пешво дорем, дорем ифтихор.

16 ноябр дар саросари кишвари азизамон Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад, ки барои мо хеле азизу гиромист. Ҳама чиз дар қиёс хубтар фаҳмида мешавад. Мо бояд донем, ки дирӯзи мо чӣ гуна буд ва имрӯз то ба куҷо расидем? Инчунин мо бояд донем, ки дар он замони пурталотуми ҷанги шаҳрвандии бародаркуш ва ҳалокатбор мо дар кадом вазъият қарор доштем ва моро чӣ тақдир дар пеш буд? 31 сол пеш, яъне 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Худованд ба миллати тоҷик чунин шахсиятеро ато намуд, ки тавонист роҳи наҷоти ӯро пайдо намояд. Ин шахсият Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки баъди ба мансаби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон савганд ёд намуданд, ки ба Тоҷикистон сулҳ меоранд, то охирин муҳоҷирро ба Ватан бармегардонанд ва миллати азияткашида ва парокандаи тоҷикро сарҷамъ мекунанд. Пас аз талошҳои ҷонфидоёна, сафарҳои пурхатар ва гуфтугӯҳои созанда бо гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ба ин абармарди сиёсат, шуҷоъ ва хирадманд муяссар шуд, ки ба ивази гарави ҷони худ сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намояд. Аз ин ҷост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон сарвари аъзами худро аз ҷон бештар дӯст дошта, ояндаи кишварро ба он кас супурданд ва дар ин кор хато накарданд. Имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи бесобиқа гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарлавҳаи дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ гаштааст. Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.

Дар давоми 31 сол рушди кишвар, ободиву тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, Тоҷикистон яке аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад ва пойтахти он шаҳри Душанбе ба маркази чорабиниҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Баргузории чандин конфронсу саммитҳои муҳими Созмони Милали Муттаҳид оид ба обу иқлим, ҷаласаҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамоишҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар чорабиниҳои сатҳи олӣ нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси давлати устувор, эътимодбахш ва дорои сиёсати хориҷии хирадмандона шинохта шудааст.

Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, роҳбари давлати тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудаанд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва қадршиносии миллати мо нисбат ба Сарвари маҳбубу раҳнамо, рамзи муттаҳидии мардум дар атрофи Пешвои муаззами миллат мебошад.

Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату ҳукумат дар самти таҳкими рукнҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тамоми нерӯ, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷрибаамонро ба кор барем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Бигзор, хуршеди озодиву истиқлолият ба хонадони ҳар фарди кишвари маҳбубамон Тоҷикистон то абад файзу баракат ва нуру зиё бахшад!

Камолова Д.Ҳ. - ходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон