Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 16 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн аз як рӯйдоди таърихӣ сарчашма мегирад: 16 ноябри соли 1992, иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат (Раиси Шурои Олӣ) интихоб шуданд. Баъдан ин сана расман бо қарори парлумони кишвар аз 15 апрели соли 2016 ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд. Ин як нуқтаи гардиш дар таърихи кишвар ҳисобида мешавад, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ оварда расонд.
Ин рӯз рамзи эҳёи кишвар ва хидмати фидокорона ба манфиатҳои Ватан аст. Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба Сарвари давлат ва таҷассуми эҳтиром ба заҳматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи мамлакат мебошад. Дар ин рӯз мо аз талошу ҷонбозиҳои Президенти кишвар дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди соҳаҳои ҳаётии ҷомеа ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ёдовар мешавем.
Дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҳамчун сиёсатмадор, балки ҳамчун меъмори маънавии давлат, қувваи муттаҳидкунандаи мардум ва рамзи наҷоти миллии тоҷикон шинохта шудаанд.
Дар арсаи байналмилалӣ асоси сиёсати хориҷии мутавозину сулҳхоҳонаи давлати Тоҷикистонро усули «дарҳои кушода» ташкил медиҳад. Бо такя ба он мо робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди фарогирро бо кишварҳои минтақаҳои гуногуни олам роҳандозӣ намуда, густариш медиҳем. Тоҷикистон идомаи шарикӣ бо кишварҳои хориҷиро бахши таркибии сиёсати хориҷии худ медонад ва дурнамои онро нек арзёбӣ менамояд.
Дар сиёсати хориҷӣ низ ин хирад ва масъулият зоҳир аст. Президенти Тоҷикистон масъалаи об ва иқлимро ба сатҳи ҷаҳонӣ бароварданд ва инсониятро ба ваҳдат дар атрофи арзишҳои ҳаётӣ, ба монанди об, табиат, иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва адолат даъват намуданд ва ин сиёсатро муваффақона идома дода истодаанд. Бо ташаббусҳояшон дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла, Даҳсолаҳои байналмилалии «Об барои ҳаёт» ва «Об барои рушди устувор» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба дилу дидаи ҷаҳониён ҷой гирифтаанд. Аз диди Президенти маҳбуби мо ин ҳама арзиш ва масъулияти ҷаҳонӣ дорад: «Об ҳаёт аст ва касе, ки онро ҳифз мекунад, инсониятро ҳифз мекунад». Дар ин замина, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст.
Президенти ҷумҳурӣ ҷаҳониёнро ба сулҳу ваҳдат даъват мекунанд. Ҳамин ваҳдат сабаби бузургтарин дастовардҳои халқи мо гардид. Тоҷикистон аз давлати ҷангзада ба давлати сулҳпарвар, аз мамлакати камбизоат ба ҷумҳурии бунёдкор, аз минтақаи фаромӯшшуда ба маркази дипломатияи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон Тоҷикистонро бо сулҳ, бо об, бо фарҳанг ва бо Президенташ мешиносанд.
Дар ин рӯз арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгони мо низ сурат мегирад. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардида буд, ки дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ҷомеаи ҷаҳонӣ 2550-солагии Эъломияи Куруши Кабирро таҷлил намоянд. Инак, 6 ноябри соли 2025 дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» қабул гардид. Қатънома аҳамияти таърихӣ ва маънавии «Устувонаи Куруш»-ро ҳамчун яке аз нахустин санадҳои башардӯстона, ки арзишҳои озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд, таъкид месозад.
Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватани мо сиёсати хориҷии мустақил ва дипломатияи миллии худро ривоҷу равнақ медиҳад. Дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 191 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли беш аз 57 созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ гардид.
Президенти Тоҷикистон намунаи олии ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба халқу Ватан мебошанд. Ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки дар ҳалли низоъҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами байналмилалӣ дар ҷаҳон нақши махсус ва босазо дошта, таҷрибаи ӯ дар пешбурди сиёсати хориҷӣ, ҳуқуқ ва равобити байналмилалӣ дорои унсурҳои ибратомӯз мебошад.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи шаҳрвандонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, барои тоҷикистониёни азиз сулҳу субот, хонаи обод ва дар кору фаъолияти ҳар яки шумо комёбиҳои беназир таманно дорам.
Саидумар Раҷабов – мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии
ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
