Санаи 4 -уми ноябр соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ ба Давлати Қатар сафар карданд. Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қатар 13-уми декабри соли 1994 барқарор шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлати Қатарро ба ҳайси яке аз кишварҳои пешрафтаи минтақаи Ховари Миёна ва умуман, ҷаҳони муосир мешиносад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо Қатар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Дар сафари навбатӣ, ки дар таърихӣ 04.11.2025 ба вуқуъ пайваст Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок ва суханронӣ намуда, масъалаҳои иҷтимоиро баррасӣ намуданд. Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 8 барномаи давлатӣ ва 3 стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф татбиқ шуда истодааст, ки ин ҳам барои рушди соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Дар ҳақиқат рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат барои бунёди маорифи миллӣ, ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ, баланд бардоштани нуфузи омӯзгорон байни ҷомеа, дастгирии иҷтимоии онҳо, фароҳам овардани шароити муносиби таҳсил ба ҷавонон силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуда, якчанд барномаҳои давлатӣ ба тасвиб расонидааст. Аз ҷумла, барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021 – 2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 қабул гардидааст, бо мақсади дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ барои ташаккули таҳсили муттасили ҷавобгӯ ба талаботи таълимӣ ва амалӣ намудани қобилияти эҷодии истеъдодҳо таҳия гардидааст.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Воқеан ҳам соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даврони Истиқлоли давлатӣ бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Бо мақсади таъмини рушди муассисаҳои табобатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давра ба давра муҷаҳҳаз намудани онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои сифатноки тиббӣ «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» таҳия гардида, мавриди амал қарор дорад.
Зимни ҳамоиш Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар заминаи татбиқи барномаву стратегияҳои қабулшуда, ки бо Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳамоҳанг мебошанд, кишвари мо ба таҳкими сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва изҳор намуданд, ки дар Тоҷикистон тайи 2 даҳсолаи охир дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ беш аз 4 миллион ҷойи корӣ таъсис ва барқарор гардидааст.
Бояд гуфт, ки кишвари мо бо мақсади таъмини некуаҳволии мардум дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим пайваста чораҷӯӣ менамояд ва барои хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид менамояд.
Зимнан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милал зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” бо ибтикори Тоҷикистон ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки қатъномаи мазкур метавонад дар дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи мо нақши муассир дошта бошад.
Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Қатар шаҳодати сатҳи баланди эътимод ва ҳамкории созандаи миёни Тоҷикистону Қатар мебошад. Ин сафар ба таҳкими муносибатҳои стратегӣ ва рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни ду давлат мусоидат хоҳад кард.
Давлатзода Фарида – ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

