Перейти к основному содержанию

Конститутсия, ё худ Сарқонуни давлат, оинаи воқеии ҳастии миллат ва таҷассуми ормонҳои таърихии мардуми хирадманду соҳибватани мо ба ҳисоб меравад. Барои миллати куҳанбунёди тоҷик, ки дорои таърихи пурифтихор, фарҳанги қадим ва анъанаҳои давлатдории ҳазорсола мебошанд, Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки рамзи худшиносӣ, пояи давлатдории миллӣ ва кафили истиқлолияти сиёсиву ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми ноябри соли 1994 на танҳо оғози давраи нави давлатдории миллӣ, балки шурӯи марҳалаи таърихии устуворсозии сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ гардид. Ин рӯйдоди бузурги сиёсӣ маҳз бо заҳмату тадбиру сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид, ки бо ҷасорат ва иродаи қавӣ миллатро аз гирдоби ҷанг раҳо бахшида, ба сӯи ваҳдат ва давлатдории муосир раҳнамун сохтанд.

АСОСИ ТАЪРИХӢ ВА МОҲИЯТИ КОНСТИТУТСИЯ

Дар таърихи давлатдории мо қабули Конститутсияи соли 1994 ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз нақш мебозад, зеро он нахустин бор ба таври озодона аз ҷониби халқи Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Бо ин амали таърихӣ, миллати хирадсолори мо рушди сиёсӣ ва иҷтимоии худро мустақилона муайян кард ва ба сӯи сохтмони давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ қадами устувору пурқудрат гузошт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст, тамоми самтҳои ҳаётан муҳим , аз ҷумла: самтҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро фаро гирифта, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ муқаррар намудааст.

Дар моддаи якуми он зикр мегардад:

“Тоҷикистон — давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.”

Ин меъёр нишондиҳандаи равшани хислати ҳуқуқии давлати мо буда, собит месозад, ки тамоми ҳокимият аз иродаи мардум сарчашма мегирад ва иҷрои қонун баробар барои ҳама ҳатмӣ мебошад.

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ

Дар марҳалаи пас аз қабули Конститутсия, нақши таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи меъёрҳои Сарқонун ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бузург ва тақдирсоз аст.

Бо сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, меъёрҳои Конститутсия на танҳо ҳамчун санади ҳуқуқӣ, балки ҳамчун фалсафаи давлатдорӣ ва фарҳанги сиёсии миллӣ ҷорӣ гардиданд.

Пешвои миллат дар ҳар як баромади хеш таъкид мекунанд, ки Конститутсия на танҳо китобест барои хондан, балки роҳнамои зиндагӣ, дастури рафтор ва омили ваҳдату субот дар ҷомеа мебошад. Маҳз бо ибтикор ва роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами миллат, соли 1999 ва баъдтар солҳои 2003 ва 2016 ба Конститутсия тағйиру иловаҳои муҳим ворид гардиданд, ки мутобиқ ба талаботи давру замон ва ҷавобгуй ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ буданд.

Ин ислоҳот барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, баланд бардоштани нақши мақомоти интихобӣ, кафолати бештари ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва беҳтар гардидани низоми ҳуқуқбунёдӣ замина фароҳам оварданд.

Имрӯз Тоҷикистон дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ба марҳалаи нави тараққиёт ворид гардидааст, ки он бар асоси арзишҳои конститутсионӣ — истиқлолият, ваҳдат, адолат ва қонуният устувор аст.

КОНСТИТУТСИЯ — КАФИЛИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА РУШДИ УСТУВОР

Сарқонун барои миллати тоҷик мисли чароғест, ки роҳи ояндаро равшан месозад.

Маҳз дар асоси он сулҳи комил барқарор гардид, суботи сиёсӣ таъмин шуд ва давлати тоҷикон тавонист дар муддати кӯтоҳ аз як кишвари пас аз низоъ ба ҷомеаи устувор, ором ва пешрафта табдил ёбад.

Бо такя ба меъёрҳои Конститутсия, Пешвои муаззами миллат сиёсати хирадмандонаи сулҳпарварона, инсонгароёна ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодиро пеш бурда, Тоҷикистонро ба майдони ваҳдати миллӣ табдил доданд. Дар натиҷа, имрӯз кишвари мо ҳамчун давлати сулҳҷӯ, дорои обрӯи байналмилалӣ ва намунаи ҳамзистии осоишта дар ҷаҳон шинохта шудааст.

Конститутсия на танҳо ҳуҷҷати сиёсӣ, балки пояи устувори давлат, омили ҳифзи арзишҳои миллӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР АМАЛӢ ГАРДИДАНИ МЕЪЁРҲОИ КОНСТИТУТСИЯ

Ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаи ҷомеа ва идомадиҳандаи сиёсати давлатдорӣ, бояд Конститутсияро ҳамчун дастури зиндагӣ қабул кунанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки

“ҷавонон бояд аз ҷиҳати сиёсӣ, маънавӣ ва ҳуқуқӣ обутоб ёбанд, зеро онҳо ояндаи ин меҳану ин сарзамини аҷдодианд”.

Имрӯз дар партави сиёсати Ҳукумату давлат, хосса Пешвои муаззами миллат барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, баргузории озмунҳо, конфронсҳо ва барномаҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар пайрави аз ин иқдоми наҷиб озмуни “Беҳтарин донандаи Конститутсия” аз ҷониби Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ намунаи барҷастаи он мебошад.

Ин иқдом на танҳо маърифати ҳуқуқии ҷавононро боло мебарад, балки муҳаббат ва садоқати ононро нисбат ба Ватан ва Пешвои муаззами миллат таҳким мебахшад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — сарчашмаи ҳуқуқ, адолат, ваҳдат ва суботи миллӣ мебошад.

Он на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки асоси маънавии давлатдорӣ ва кафили истиқлолияти миллӣ аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати оқилона, диди дурбинона ва меҳру садоқати беандоза ба миллат тавонистанд, меъёрҳои Конститутсияро ба воқеияти зинда табдил диҳанд ва Тоҷикистонро ба кишвари ободу соҳибиқбол табдил намоянд.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд бо ифтихор бигӯяд, ки мо соҳиби чунин Сарқонун ҳастем, ки ба инсон эҳтиром мегузорад, ваҳдатро ҳифз мекунад ва ояндаи миллатро бо равшании умеду адолат таъмин месозад.

Конститутсия — ин муқаддастарин рамзи давлатдории тоҷикон ва рамзи пояндаи Ватани маҳбубамон Тоҷикистон аст!

Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти соли 2- юми ихтисоси идоракунии давлатии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон