Перейти к основному содержанию
Нақши забони модарӣ, аз ҷумла забонҳои қадима дар ташаккули ҳар як миллату халқият хеле мавқеи назаррасро дошта, дар ошкор намудани асрорҳои ниёгон муҳим арзёбӣ мегардад. Агар мо забони ниёгонамонро намедонистем, пас аз он хабардор намешудем, ки «аҳдномаи никоҳ», ки имрӯз қариб яке аз шартҳои асосии бастани никоҳ ба ҳисоб меравад дастоварди халқи тоҷик мебошад. Қадимтарин намунаи аҳдномаи никоҳро аз катибаҳои кӯҳи Муғ (мансуб ба давлати Суғд, асри VIII қабл аз милод) дарёфт кардаанд.[1]

Мутобиқи аҳдномаи никоҳ ҳамсарон имконият пайдо мекунанд, ҳуқуқҳои молу мулкии худро дар давраи зиндагии якҷоя ва ҳангоми бекор шудани никоҳ ба таври амалӣ анҷом диҳанд. Агар ба таърихи анъанаҳои миллии оиладоршавии тоҷикон назар афканем, гуфта мешавад дар тафсир мебинем, ки яке аз шаклҳои аҳдномаи никоҳ дар давраҳои пеш мавҷуд буд, ҳарчанд он ба тариқи қонунӣ пешбини нашудааст, яъне духтар пеш аз ба хонаи шавҳараш омадан молу мулки бо худ овардаашро дар иштироки шоҳидон ба рӯйихат мегирифт ва ин анъана оҳиста-оҳиста аз байн рафт. Ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи ҳуқуқу уҳдадориҳои молу мулкии ҳамсарон дар давраи никоҳ ва ҳангоми бекор шудани он эътирофи аҳдномаи никоҳ мебошад, ки дар таҷрибаи давлатдории мамлакатҳои ғарб низ таърихи дерина дошта, имрӯзҳо низ мавриди истифодаи васеъ қapop гирифтааст. Таҷрибаи чанд соли охири давлатҳои хориҷ шаҳодат медаҳанд, ки на танҳо ашхоси сарватманд, балки табақаҳои васеи одамони миёнаҳол низ аз аҳдномаи никоҳ истифода мебаранд. Мақсади асоси аз он иборат аст, ки оила пойдор бошад ва манфиатҳои молу мулкии ҳамсарон аз талафот эмин бимонад.[2]

Дар даврони истиқлол баҳсҳои зиёде байни забоншиносон, мутахасисони соҳаҳои гуногун ба вуҷуд омадааст, ки баъзе аз истилоҳҳо мафҳумҳо, вожаҳо ва ғайраҳо решаи арабӣ ё туркӣ дошта бошанд. Ингуна хулосабарориҳо то кадои дараҷа асоси воқеӣ дошта бошанд, ба мо маълум нест. Аммо ҳамонро гуфтаниам, ки ин масъала то кадом дараҷа асоснок аст ва оё он аз ҷониби забоншиносон, таърихшиосон, муҳақиқони соҳаи фалсафа ва ғайраҳо мавриди омӯзиш қарор дода шудааст ё не. Ё истилоҳҳое, ки мо решаи арабию туркӣ дорад мегӯем, мумкин онҳо дар воқеъ решаи тоҷикӣ дошта бошанду аз ҷониби онҳо ҳангоми замонҳои забти ин халқу милаттҳо қаламрави таърихии давлатдории тоҷикион аз худ карда шудаанд. Ин масъала аз ҷониби мутахасисон омӯзиш, таҳлил ва таҳқиқи алоҳидаро талаб мекунад. Чунки истифодаи чунин истилоҳҳо дар эҷоди қонунҳо ва дар ҷараёни ҳуқуқтатбиқкунӣ барои ғанӣ гардидани забони тоҷикӣ мусоидат намекунанд.

Умуман нақши забони қонун бошад, дар ҷараёни ҳуқуқтатбиқкунӣ хеле калон мебошад. Мутаассифона, ба ин масъала чӣ дар ҷараёни қонунэҷодкунӣ ва чӣ ҳангоми ҳуқуқтатбиқкунӣ кам аҳаммият дода мешавад. Аз ин ҷост, ки дар амалияи таҳияи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ дода мешавад. Масалан, мафҳуми «хешовандон» дар якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо маъноҳои гуногун омадаанд. Мафҳуми хешовандон дар моддаи 6 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «хешовандони наздик - падару модар, фарзандон, фарзандхондагон, фарзандхондашудагон, бародарон ва хоҳарон, бобо, бибӣ (модаркалон), набера, инчунин ҳамсар» муайян карда шудааст, дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» бошад, «хешовандон – зан, шавҳар, фарзанд, падару модар, бародар, хоҳар, инчунин падару модар, бародар, хоҳар ва фарзандони зан ё шавҳар, амак, тағо, хола, амма, қудо, келин, домод, бародарзода, хоҳарзода, фарзандхондагон, фарзандхондшудагон, инчунин шахси дигаре, ки бо шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд» муайян шудааст. Оё аз ин ду мафҳум мақомоти ҳуқуқтатбиқкунанда кадомашро бояд истифода намояд.

Аз ин рӯ, то имрӯз дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми аъзои оила вуҷуд надорад, ки ин аз як ҷиҳат ба андешаи мо дуруст мебошад. Агар мо мафҳуми хешовандонро муаяйян кардани шавем, бояд ба муқарраротҳои Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем. Аз ҷумла, тибқи муқаррароти моддаи 226 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон «таҳти мафҳуми хешовандони наздик падару модар, ҳамсар, фарзандон, бародару хоҳар, бобою бибӣ ва набераҳо фаҳмида мешавад». Бинед, дар се санади меъёрии ҳуқуқӣ, се тарзи муайяннамоии як мафҳум ҷой дорад, ки ба андешаи мо ин ба сатҳи сифат ва самаранокии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъсир мерасонад.

Тибқи талаботи қисми 3 моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 2017 таҳти №397 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»[3] мафҳумҳо ва истилоҳоти дар матни санади меъёрии ҳуқуқӣ истифодашаванда бояд фаҳмо ва ҳаммаъно бошанд.

Илова бар ин, дар эзоҳи баъзе аз муқарраротҳои қонунгузорӣ ҷумлаҳое сохта шудаанд, ки онҳо татбиқи онро мушкил ва фаҳмиши чунин муқарраротҳоро духӯра мегардонад. Мутобиқи қисми 2 моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 2017 таҳти №397 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки талаботи забонӣ ба матни санади меъёрии ҳуқуқиро танзим мекунад омадааст, ки: «Матни санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо риояи услуби расмии забони адабӣ, сода ва равону фаҳмо баён карда шавад, ки тафсири ҳархелаи меъёрҳоро истисно намояд». Аммо ин талабот на ҳамеша риоя мешавад. Аз ҷумла, эзоҳ ба моддаи 195. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ тарканда ва воситаҳои таркиш” омадааст, ки: «Эзоҳ: 1) Шахсе, ки ихтиёрӣ предметҳои дар моддаи мазкур номбурдашударо месупорад, агар дар кирдори ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.». Ба андешаи мо қисми дуюми ин ҷумла зиёдати оварда шудааст ва ҳангоми ҳуқуқтатбиқкунӣ духӯрагиро ба вуҷуд меорад.

Мақсади қонунгузор дар ин эзоҳ аз пешгирӣ намудани содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин мебошад, аммо нодуруст таҳия кардани эзоҳ аз нигоҳи забонӣ орно баҳснок мегардонад. Яъне, ҳуқуқтатбиқкунанда дар андеша мешавад, ки агар дар кирдори шахс таркиби дигар ҷиноят бошад, ӯро аз ин таркиби ҷиноят озод намояд ё не. Ҳол он ки мутобиқи мазмуни аслии ин эзоҳ шахс аз ҷинояти дар моддаи 195. Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ тарканда ва воситаҳои таркиш озод карда мешавад, агар ӯ ихтиёрона предметҳои дар моддаи мазкур номбурдашударо супорад.

Мутобиқи қисми 1 моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 2017 таҳти №397 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бошад, Эзоҳ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зарурӣ бо мақсади дақиқ намудани моҳияти меъёрҳои ҷудогона истифода бурда мешавад. Чунин норавшаниҳо бошад, дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ ҷой дорад.

Ё истифодаи истинод ба қонунгузорӣ. Дар қисмҳои 1, 2 ва 3-и моддаи 48-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 2017 таҳти №397 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки истифодаи истинод дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ном дорад, омадааст, ки:

“1. Истинод ба қисмҳои таркибии санади меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳолате истифода мешавад, ки нишон додани робитаи мутақобилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё худ пешгирии такрори онҳо зарур бошад.

2. Ҳангоми бори аввал истифода намудани истинод ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии онҳо) инҳо зикр карда мешаванд:

- ишора ба меъёри дақиқ (то сархат), ки ба он истинод карда мешавад (ҳангоми истинод кардан ба қисми таркибии алоҳидаи санади меъёрии ҳуқуқӣ);

- намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ;

- рақам ва санаи қабул шудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (ғайр аз санадҳои қонунгузорӣ);

- рақами бақайдгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштае, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд;

- манбаи нашри расмӣ, аз ҷумла тағйиру иловаҳое, ки ба ин қисми таркибӣ ва ё ба масъалаи мазкур дахл доранд, дар ҳолати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- дар ҳолати мавҷуд набудани манбаи нашри расмӣ, санаи қабул ва рақами санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

3. Ҳангоми бори аввал истинод кардан дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ба санади қабул ё тасдиқшуда (қисми таркибии он) инҳо зикр карда мешаванд:

- ишора ба меъёри дақиқ (то сархат), ки ба он истинод карда мешавад (ҳангоми истинод ба қисми таркибии алоҳидаи сохтории санади қабул ё тасдиқшуда);

- намуд ва номи санади қабул ё тасдиқшуда;

- намуд, санаи қабул ва рақами қайди санади меъёрии ҳуқуқие, ки бо он ин санад қабул ё тасдиқ карда шудааст”.

Аммо ин қоида ҳангоми эҷоди қисми 3 моддаи 233 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон[4], ки «Тартиби безуриётсозӣ ва қатъи сунъии ҳамлро қонун муайян мекунад» ном дорад риоя нашудааст. Баъд аз қабули Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022, ки аз 1-уми июли соли 2023 эътибори қонунӣ пайдо кардааст, муайян карда шудааст, ки тартиби безуриётсозӣ ва қатъи сунъии ҳамлро қонун муайян мекунад. Ҳол он ки ин масъала дар Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон[5] бо дигар тартиб ҳал карда мешавад.

Мутобиқи қисми 3 ва 4 моддаи 92-и Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъи сунъии ҳомиладорӣ, аз ҷумла аз рӯйи нишондодҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ, бо хоҳиши зан дар давраи ҳомиладорие, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар гардидааст, гузаронида мешавад. Муҳлат ва рӯйхати нишондиҳандаҳои тиббӣ барои қатъи сунъии ҳомиладорӣ аз ҷониби мақоми ваколадори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва рӯйихати нишондодҳои иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Дар асоси муқаррароти қисми 2 моддаи 84 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 2017 таҳти №397 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бошад, дар ин масъала муқаррароти Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбат ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъдтар қабул шудааст, амал мекунад.

Аслан забони қонун забони расмии коргузорӣ мебошад. Бинобар ин, нақши қонун дар инкишофи забон калон аст. Беҳуда давлатҳои собиқ иттифоқӣ аз пайи қабули қонун дар бора забон нашудаанд[6]. Аз 141 кишваре, ки ҳуқуқшиносон масъалаи забониро дар онҳо таҳқиқ кардаанд, дар 110 кишвар қонунҳои мушаххас дар бораи истифодаи забон қабул шудаанд[7]. Дар партави қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон[8] аз 22 июли соли 1989 ва баъдтар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2009 таҳти №553 «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»[9] дар забони тоҷикӣ низ таҳаввулоти сифатию микдорӣ ба вуҷуд омаданд; дар забони имрӯзаи тоҷикӣ даҳҳо истилоҳот, вожаҳои сохта ва мураккаби нави ҳуқуқӣ ба вуҷуд омада, захираи луғавии забонро ғанӣ гардонидаанд. Чунин ба назар мерасад, ки имрӯз ҳуқуқшиносон (мисли шоирону нависандагон дар замони пеш) дар истилоҳофарӣ пешсаф буда, дар мукаммалгардии забони ҳозираи адабии тоҷикӣ нақши бориз доранд. Шубҳае нест, ки асоси забони меъёри тоҷикиро забони қонун ташкил хоҳад дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар дар мавзӯи «Ҷомеа ва рисолати зиёӣ» қайд намуда буданд, ки «Мо бояд забони тоҷикиро ҳамчун арзиши миллӣ эҳтиром кунем, ба он муносибати ғамхорона дошта бошем, барои рушду инкишофи он дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи зарурӣ фароҳам оварем. Ин амал пеш аз ҳама барои ба забони илм табдил додани забони модарии мо аҳамияти бузург дорад, зеро ба ин мартаба расидани забон сатҳи аз ҳама баланди густариши он ба шумор меравад. Зарурати таҳияи истилоҳоти илмӣ барои бахшҳои мухталифи за­бони тоҷикӣ на танҳо масъалаи дохилии илми забоншиносӣ, балки масъалаи рӯзмарраи сиёсати давлатӣ оид ба забои мебошад».

Дар баробари комёбиҳои назаррас, чи тавре ки дар боло ишора намудем, дар ин ҷода камбудиву мушкилоти зиёд низ ҷой доранд. Бояд қайд намуд, ки забони қонун масъалаи сирф ҳуқуқӣ набуда, он бояд дар ҳамбастагӣ бо фалсафа, забоншиносӣ ва равоншиносӣ таҳқиқ карда шавад. Вале ин соҳаҳо масъалаи мазкурро аз ҷанба ва паҳлуҳои гуногун меомӯзанд. Забоншиносӣ муносибати байни унсурҳои дохили низоми забонро меомӯзад. «Муносиба­ти сирф забоншиносӣ (яъне мавзуи забоншиносӣ) - ин муносибати байни аломат бо аломат ва аломатҳо дар ҳудуди низоми забои ё матн мебошад»[10], ки дар ин бора дар боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 2017 таҳти №397 «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» низ ишора шудааст.

Забон ҳамчун воситаи моддигардонӣ ва амалисозии танзими ҳуқуқӣ баромад мекунад. Бидуни забон танзими ҳуқуқӣ имконнопазир аст. Иродаи давлатӣ барои он, ки ба ҳуқуқ табдил ёбад, бояд дар қонун ҷой дода шавад. Аз ин рӯ, онро бояд дар забони ҳуқуқӣ ифода кард. Чуноне олими намоёни рус Тагансев Н.С. қайд кардааст: «Ақидае, ки қонунгузор пешниҳод кардааст, вале дар матни қонун дарҷ наёфтааст, қонунро ташкил намедиҳад: чизе ки ифода наёфтааст, онро ошкор кардан низ мумкин нест»[11].

Кумитаи истилоҳот бо мақсади риояи хусусиятҳои забони тоҷикӣ як қатор пешниҳодҳои судманд карда буд:

-расписка в получении - хатти гирифт;

-папка с отчетами по труду - ҷузвдони ҳисоботи кор;

-закон о налоге на прибыль - қонуни андози фоида;

-свидетельство о праве государства на наследство - шаҳодатномаи ҳуқуқи меросбарии давлат;

-свидетельство о праве на наследство по завещанию - шаҳодатномаи ҳуқуқи меросбарии мувофиқи васиятнома;

-свидетельство о праве на наследство по закону - шаҳодатномаи ҳуқуқи меросбарии қонунӣ.

Ё худ пешниҳод шуда буд, ки «право на образова­ние» «ҳаққи таҳсил» ва «право на труд» «ҳаққи кор» гуф­та шавад (дар модцаи 18 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ «право на жизнь» «ҳаққи зиндагӣ» омада буд, ки баъдтар ин истилоҳи «ҳақ» ба истилоҳи «ҳуқуқ» иваз карда шуд).

То кадом андоза мувофиқ будани тарҷумаро забоншиносон муайян карда наметавонанд. Аз ин рӯ, «ҳуқуқдонҳо бояд бигӯянд, ки номи тоҷикии ин ҳуҷҷатҳо, ки мо пешниҳод кардаем, то чи андоза мафҳумро ифода мекунад ва ба ақидаи онҳо қобили қабул аст ё не»[12].

Дар ҳақиқат, бидуни маслиҳат ва ҳамкорӣ фаъолияти забондонҳо яктарафа шуда, ба ғалат роҳ доданашон мумкин аст. Масалан, дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои конститутсионӣ мавҷуданд, ки эътибори ҳуқуқиашон аз қонунҳои оддӣ болотар аст. Мафҳуми расмии он дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» омадааст: «Қонуни конститутсионӣ санади меъёрии ҳуқуқиест, ки муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим дароварда, мавзӯи танзим ва тартиби қабули он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст».

Юсуфи Акбарзода менависад, ки агар ба ҷои «Тартиби ташкил, фаъолият ва салоҳияти Ҳукуматро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад» (моддаи 74 Конститутсия), «Тартиби ташкил, фаъолият ва салоҳияти Ҳукуматро қонун муайян мекунад» гӯем, хатое содир нахоҳад шуд ва ё осмон ба замин нахоҳад часпид[13]. Эроди муаллифро дар масъалаи тарҷумаи таҳтуллафзии ибораи «қонуни конститутсионӣ» аз забони русӣ мо қабул дорем, дар ҳақиқат, ибораи мазкур дурушт тарҷума шуда­аст, вале қонуни конститутсиониро бо қонун ҳаммаъно шуморидан нодуруст аст. Ё худ Сайфиддин Назарзода се сатҳи қонунгузориро ҷудо кардааст: сатҳи конститутсионӣ; сатҳи қонунгузорӣ; сатҳи санадҳои меъёриву ҳукуқӣ[14]. Ҳол он ки санади меъёрии ҳуқуқӣ - ҳуҷҷати расмии шакли муқарраршудаест, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ё аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё худидоракунии шахрак ва деҳот ё шахси мансабдори ваколатдори давлатӣ қабул гардида, хусусияти умумиҳатмӣ дорад ва меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар менамояд, тағйир медиҳад ва ё бекор мекунад.

Барои ҳуқуқшиносон забони қонун восита ва тарзи ифодаи қоидаи рафтор мебошад. Вале ҳуқуқшиносе, ки забони қонунро бе такя ба маълумотҳои забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад, ғалат мекунад. Бинобар ин, ҳуқуқшиносон бояд бо қоидаҳои сарфу наҳви забон огоҳ бошанд. Қоидаҳои мазкур бо ҳуқуқ дар печидагӣ қарор доранд. Забондонҳо низ бояд ба махсусияти матни қонун диққат диҳанд. Дар адабиёти ҳуқуқӣ дуруст қайд мекунанд, ки мутахассис ҳангоми омӯзиши забони ҳуқуқ бояд худи ҳуқуқро, ҳангоми омӯзиши ҳуқуқ бошад, забо­ни қонунро бояд омӯзад.[15] Чунки ҳам забон ва ҳам ҳуқуқ функсияи танзимиро иҷро мекунанд.

Матни қонун бояд ба зеҳнияти миллату халқи дахлдор созгор бошад. Дар акси ҳол ифодаи он баҳсҳо ва дарку иҷрои он мушкилиро ба миён меорад. Тафриқасозӣ ва дар алоҳидагӣ таҳлилшавии масъалаи мазкур сабаби асосии омӯзиши нокифояи забони қонун аст.

Нақши забони қонун дар татбиқи дуруст, якхела ва самараноки меъёрҳои он калон аст. Аз ин рӯ, забони қонунгузорӣ бояд суфта, мукаммал, оммафаҳм ва то ҳадди имкон муҷаз бошад. Азбаски дар Ҷумхурии Тоҷикистон забони давлатӣ забони тоҷикӣ мебошад, таҳияи матни тоҷикии санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба ин талабот ба пуррагӣ ҷавобгӯ бошад. Сабаб дар он аст, ки забони расмии қонун забони татбиқи он низ мебошад. Ноқисӣ дар забони расмӣ боиси душвориҳо ҳангоми татбиқи меъёри ҳукуқӣ мегардад, ки ин падидаи номатлуб аст. Забони тарҷума низ аҳаммияти муҳим дорад. Дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни забони расмӣ ва забони тарҷума (забони русӣ) номувофиқатӣ ва ихтилофоти зиёд ба чашм мерасад. Аҷиб он аст, ки матни русии қонун бештар вақт дуруст, фаҳмо ва бо дигар санадҳо мувофиқ аст.

Чуноне қайд шуд, забони қонун ба услуби расмии коргузорӣ дохил аст. Ин услуб дорои хусусиятҳои ба худ хос аст: дар ифода фишурда ва муҷаз аст; дорои захираи хосаи луғавӣ мебошад, дар он истилоҳот ва ҷумлаҳои мураккаб васеъ истифода мегарданд. Дар ҳар сурат риояи қоидаҳои муқаррарӣ ҳатмист. Меъёри қонун бояд тарзе ифода ёбад, ки фаҳмиши духӯраро истисно намояд. Ин масъала махсусан дар дар соҳаҳое, ки чораҳои таъсиррасониро пешбинӣ мекунанд, муҳим аст. Боиси дастгирист, ки дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 111 («Қоидахои тафсири қонуни ҷиноятӣ») илова шуда, қоидаи зайл муқаррар гардидааст:[16]

1) Агар меъёри ҳукуқи ҷиноятӣ духӯра ифода ёфта башад, ё худ онро ду хел маънидод намоянд, дар ин сурат он ба мафиати айбдоршаванда (судшаванда, маҳкумшуда) тафсир (маънидод) карда мешавад.

2) Ибораҳо ва (ё) мафҳумҳое, ки дар ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд, ҳамон маъноеро дороянд, ки дар қонунуҳои дахлдор оварда шудаанд, агар дар Кодекси ҷиноятӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

3) Дар доираи Кодекси мазкур ба маъноҳои гуногун тафсир кардани мафҳуми якхела манъ аст, ба шарте, ки дар худи ҳамии Кодекс оид ба он нишондоди махсус мавҷуд набошад.

Дар забони қонун муҳим аст, ки «ҳар калимаву ибора, таркибу истилоҳ, ҳар ҳарфу ҳиҷо, аломатҳои китобат бояд дар мақому мартаба ва маснади хеш чунон нишаству ҷойгузин шавад, ки аз он ҳарферо тағйир додан, дигар кардан, берун овардан ва фурӯ гузоштан гайриимкон бошад.»[17].

Дар забони қонун «истифодаи воситаҳои забонӣ бо­яд ниҳоят сарфакорона бошанд. Меъёрҳои ҳуқуқии дар қонун ифодаёфта дар доираи шумораи ками калима, ибора ва ҷумла ифода карда шаванд.

Мазмуни қонунро бо ибораи дароз ифода намудан нашояд, зеро бисёр вақт дар байни онҳо алоқаҳои мантиқӣ канда мешаванд. Бисёркалимагӣ, калимаҳои зиёдатӣ ва такрор қонунро душворфаҳм намуда, аз муайян намудани моҳияти он дур месозад»[18].

Қобили қайд аст, ки забони қонун ва забони татбиқи хуқуқ аз ҳам тафовут доранд. Забони татбиқи ҳуқуқ бояд мушаххас ва мантиқан чун паҳншавии меъёри абстрактии ҳуқуқ дар ҳолатҳои мушаххаси ҳаётӣ бошад. Дар баробари умумият дар забони татбиқи ҳуқуқ то дараҷае расмият ва қолабӣ будани забони қонун вайрон мешавад, вале муҷазию фишурдагӣ набояд қурбони он шавад. Дар амал мо бисёр бо санадҳои татбиқи ҳуқуқ дучор меоем, ки риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ (талаботи қисми 6 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон») он сӯистад, ҳатто забони онро забони тоҷикӣ номидан душвор аст (аз овардани чунин мисолҳо дар мақолаи мазкур худдорӣ карда мешавад).

Беҳуда, масъалаи мазкур мавриди танқиди шадиди забондонҳо қарор нагирифтааст. Масалан, Юсуфи Акбарзода дар мисоли ҳалномаи судӣ камбудиҳои асосии санадҳои татбиқи ҳуқуқро нишон додааст: «Аввалин хатое, ки дар ин ҳалнома ба чашм мерасад, ба алифбои русӣ (бидуни истифода аз ҳарфҳои тоҷикии ғ, ӣ, қ, ӯ, ҳ, ҷ) иншо шудани он аст. Аҷобатро бинед, ки санад ба забони тоҷикӣ, вале ҳуруф ба забони русист. Ин амал сабаб дорад. Сабаби асосӣ ин аст, ки аксари мардуми мо, бахусус ҳукуқшиносон мақоми истифодаи баъзе аз ин ҳуруф (ӣ, ӯ)-ро намедонанд ва бо истифода аз ҳуруфи (алифбои) русӣ ҷурми хешро пинҳон мекунанд[19].

Навиштаҳои муаллиф қисман боиси дастгирист. Ҳақиқатан, дар натиҷа бубинед, ки чӣ ҳосил мешавад: ғала - гала; ғар - гар; ғил - гил; ғоз - гоз; ғол - гол; ғул - гул; кӯш - куш; қаср - каср; қандӣ - канди; қамчин - камчин; мӯр - мур; ҳам - хам; ҳар - хар; ҳола - хола; ҷой - чой ва ғайра. Вале яктарафа танқид кардани эабондонии ҳуқуқшиносон дар ин шакл низ дуруст нест ва ба манфиати кор ҳам намебошад. Сангпарронӣ ба якдигар масъаларо ҳал намекунад. Бояд намояндагони тамоми касбу кор дар пайи ислоҳи якдигар бо роҳи маслиҳату тавсия бошанд.

Ҳангоми тартибдиҳии суратҳоли (протоколи) азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ё тавсифи ҷойи ҳодиса дар дигар санадҳо хуб мешуд, ки аз ин усул истифода бурда шавад. Чунин санадҳо одатан ноӯҳдабароёна тартиб дода мешаванд, ки дар натиҷа ҷойгиршавии фазоии ҷисму ашё номуайян мемонад.

Талаботи дигари ҳатмӣ ин возеҳу равшан ва сода будани баён аст. Қобили зикр аст, ки сухан дар бораи со­да, на одӣ будани усули баён, на мазмун меравад. Баъзан дар адабиёти ҳуқуқӣ бо чунин суханон дучор шудан мумкин аст, ки қонун аз ҷониби мутахассисон барои мутахассисон эҷод мешавад. Гегел дар замони худ табақаи ҳуқуқшиносонро дар ин масъала зери танқид гирифта, гуфта буд, ки барон кафш пушидан ҳатман кафшдӯз будан лозим нест, бинобар ин, барон дарки масъалае, ки аҳаммияти умумӣ дорад, мутахассиси он соҳа шудан набояд шарт бошад. Ҳол он ки ҳуқуқ барон инсон чизи муқаддас аст[20].

Сарфи назар аз талаботи мазкур мазмуну маънои бисёр меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии амалкунанда ончунон бо усули мураккабу печида баён гардидааст, ки дарки онҳо ба мутахассисон ҳатто душвор аст. Чунин ҳолатҳо дар қонунгузории андоз, гумрук, ҳифзи муҳити зист ва моликияти зеҳнӣ бештар ба чашм мерасад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтпрам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 24 апрели соли 2010) қайд карда буданд, ки «оммафаҳм гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба андозситонӣ метавонанд ба рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ ва таҳкими имкониятҳои буҷети давлатӣ мусоидат намоянд».

Қобили қайд аст, ки қонунгузор ҳамеша кӯшиши фарогирии васеи масъаларо мекунад, бинобар ин, ҳаҷми иттилоотӣ васеъ гардида, дар матни кӯчак то ҳадди таҳрифи мазмун фишурда мегардад. Гузашта аз он, доираи фарогирии қонун васеъ буда, соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятиро танзим мекунад. Хоҳу нохоҳ хусусиятҳои соҳаи муайян ба забони қонун таъсир мерасонад.

Дар адабиёти ҳуқуқӣ дар иртибот бо душвории сарзада тамоми қонунҳо ба ду гурӯҳ ҷудо карда шудааст:

1) қонунҳое, ки ба табақаи васеи одамон дахл доранд (қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳое, ки муносибатҳои маишӣ, оилавӣ ва мисли инҳоро ба танзим медароранд;

2) қонунҳое, ки ба мутахассисон дахл доранд ва соҳаи маҳдуди ҳаёти ҷамъиятиро фаро мегиранд (масалан, қонунҳо «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи стандартонӣ» ва ғайра).[21]

Ба ҳар ҳол забони қонун то ҳадди имкон бояд фаҳмо, сода, равон ва дақиқ бошад.

Яке аз мушкилиҳои асосии забони қонунҳои мо ин аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ баргардонидани он аст. Дар чунин ҳолат ба қавли Муҳаммадҷон Шакурӣ дар қолаби русӣ калимаҳоитоҷикӣ рехта мешаванд. Муқаррароти қисми 1 моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки мувофиқи он матни санади меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ қабул карда мешавад ва қисми 3 моддаи 65, ки мувофиқи он интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ сурат мегирад ва ҳангоми зарурат тарҷумаи онҳо бо дигар забонҳо аз тарафи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, барои бартарафсозии ин ҳолат бояд мусоидат намояд.

Дар таркиби забон нақши вожаву истилоҳот калон аст. Дар забони қонун истилоҳоти махсус истифода мешавад. Устуворӣ, дақиқӣ, муҷазию фишурдагии забони қонунро тавассути истифодаи захираи ғании истилоҳот ва коркарди он ба даст овардан мумкин аст. Пас, мукаммалии қонунгузорӣ дар ин ҷода нишонаи сатҳи фарҳанги қонунэҷодкунӣ аст. Боиси нигаронӣ аст, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бесарусомонӣ дар истифодаи истилоҳот ба чашм мерасад.

Дар истифодаи вожаю истилоҳот баъзе дастовардҳо назаррасанд. Масалан, ба ҷои «заминҳои бекорхобида», «шахси қобилияти кор надошта» истифодаи «заминҳои партов», «шахси корношоям». Баъзан тамоюли акс низ дида мешавад. Масалан, «шаҳодатнома дар бораи таваллуд»-ро бо пешниҳоди Лоиқ Шералӣ «зоднома» номидем, баъдтар «хатти таваллуд» ва ҳоло «шаҳодатномаи таваллуд» (моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»).

Устуворӣ ва ягонасозии истилоҳоти ҳуқуқӣ дар шароити имрӯзаи ҶТ, ки дар давраи ислоҳоти ҳуқуқ қарор дорад, бояд ба яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳуқуқуқшиносӣ табдил ёбад. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истилоҳоти зиёдеро дучор омадан мумкин аст, ки ба талабот нисбат ба истилоҳоти ҳуқуқӣ ҷавобгӯ нест. Ҳангоми истифодаи истилоҳот талаботи ягонасозии уфуқӣ ва амудӣ риоя намешавад.

Яке аз меъёрҳои мавриди истифодаи истилоҳ тарзи талаффузи он мебошад. Вожаҳои иқтибосӣ бояд ба табиати забон мувофиқ бошанд. Ба қавли Шарофиддини Рустам «дар байни онҳо калимаҳое низ ҳастанд, ки мардум мисли соҳибонашон талаффуз карда наметавонанд». Гоҳе навишт бо талаффуз мувофиқ намеояд. Чунин номутобиқатӣ дар истифодаи вожаҳои «бонк», «проку­рор», «адвокат», «автомобил», «милитсия», «квитансия», «принсип», «бухгалтер» ва ғайра ба чашм мерасанд. Дар забони тоҷикӣ ин вожаҳо «банк», «пракурор», «адвакат», «автамабил», «милиса»,1 «кивитансия», «пиринсип», «буғалтер» талаффуз мешаванд. «Субйект» ва ё «обйект» мегӯем, вале «субъект» ва «объект» менависем (ҳол он ки функсияи аломати «ъ» дар забони русӣ аз забони тоҷикӣ ба куллӣ тафовут дорад).

Дар забони тоҷикӣ ду ҳамсадо дар аввали калима намеояд. Қоидаи мазкур нисбат ба истилоҳоти «бюро», «сюжет» ва «бюджет» низ ис­тифода мешавад, зеро ҳарфи «ю» аз нимсадои «й» ва «у» иборат аст. Дар қонунҳо ҳоло истилоҳи «буҷет» истифо­да мешавад (баъзан дар забони матбуот шакли «буҷа» низ дучор меояд). Дар замони шӯравӣ ҳангоми вомгирӣ гоҳе калимаҳои русӣ айнан қабул шуда, ҳатто аломати бегонаи «ь», ки дар забони русӣ барои нарм талаффуз намудани ҳамсадо истифода мешавад, қабул карда шуд. Ин аломат ҳоло аз имлои забони тоҷикӣ хориҷ карда шудааст. Баъзан бо ҳарфи «ц», ки дар алифбои тоҷикӣ мавҷуд нест, ҳоло дар қонунгузории Тоҷикистон ҳарфи «с» ва ё «тс» вохӯрдан мумкин аст.

Яке аз унсурҳои таркиби санади меъёрии ҳуқуқӣ ин зсрбанд аст. Мувофиқи моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ» зербанди моддаи санади қонунгузорӣ ё зербанди дигар са­нади меъёрии ҳуқуқӣ қисми таркибии банд буда, бо ҳарфҳои хурд ишора мегардад ва пас аз он аломати қавси пӯшида «)» гузошта мешавад. Ҳарчанд дар моддаи маз­кур тартиби истифодаи ҳарфҳо пешбинӣ нашудааст, маълум аст, ки он бояд бо тартиби ҷойгиршавии ҳарф дар алифбо мувофиқ бошад. Имрӯз дар ягон санади мсъёрӣ тартиби мазкур риоя намешавад. Мувофиқи Қоидаҳои имлои забони адабии ҳозираи тоҷик, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №355 аз 3 сентябри соли 1998 тасдиқ шудааст, тартиби ҷойгиршавии ҳарфҳо дар алифбо дигаргун шудааст (ма­салан, баъд аз ҳарфи «г» ҳарфи «ғ» меояд), вале ҳангоми зербандгузорӣ ин ҳолат ба назар гирифта намешавад.

Яке аз хусусиятҳои забони қонунгузории Тоҷикистон дар он аст, ки дар замони ташаккул қарор дошта, то ҳанӯз истилоҳоти ягона ба вуҷуд наомадааст. Аз рӯйи қоидаи умумӣ истилоҳ муродиф бояд надошта бошад. Дар раванди ташаккули забони қонун шояд ин амал ҷоиз гардад, вале он бояд хислати истисноӣ дошта бошад. Истифодаи вожаву истилоҳоти ҳаммаъно, вале гуногуншакл дар забони қонун бисёр ба чашм мерасад. Масалан, «қадр, номус», «шаъну шараф», «шаъну эътибор», «обрӯйи корӣ» «эътибори корӣ», «муҳлати оқилона», «муҳлати мувофиқ», «муҳлати қобили қабул» ва ғайра2. Ҳамзамон мафҳумҳои «кас», «шахс», «шаҳрванд» ба ҳам печида, гоҳе ноҷо истифода шудаанд.

Баъзан дар матни қонун вожа истифода шуда, дар дохили қавс муродифи он низ оварда мешавад. Масалан, вожаи «ротиба» истифода гашта, дар дохили қавс «стипендия» омадааст.

Ҳарчанд яке аз хусусиятҳои забони тоҷикӣ ин истифодаи васеи муродифот бошад ҳам, дар забони қонун ин амал ноҷоиз аст. Истилоҳ бояд дақиқ ва маънояш устувор бошад. Дар забони қонун вобастагии истилоҳ ба матн низ номатлуб аст.

Бо масъалаи муродифот истифодаи омонимҳо алоқаи наздик дорад. Омонимҳо дар мазмуни қонун зиёд дучор мешаванд. Масалан, патент дар Кодекси андоз ва дигар қонунҳои муҷовир ин ҳуҷҷатест, ки ба сифати соҳибкор (бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ) ба қайди давлатӣ гирифта шудани шаҳрвандро муайян карда, барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкории дар он пешбинигардида ҳуқуқ медиҳад; патент дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» ва дигар қонунҳои муҷовир ин ҳуҷҷати расмие мебошад, ки аввалият, муаллифӣ ва ҳуқуқи истисноии истифодабарии баъзе объектҳои моликияти зеҳниро тасдиқ мекунад; қарз дар Кодекси маданӣ намуди шартнома аст; қарз дар Ко­декси ҷиноятӣ ҳамчун уҳдадорӣ омадааст.

Баъзан истифодаи омонимҳо дар матни қонун дарк, тафсир ва татбиқи онро мушкил мегардонад. Масалан, ду намуди аҳдҳои беэътибор - аҳдҳои баҳснок ва аҳдҳои мутлақо беэътибор мавҷуд аст. Дар Кодекси маданӣ аҳдҳои баҳснок ва ахдҳои беоқибат бо як ибора «аҳдҳои беэътибор» (моддаи 181 Кодекси маданӣ) ифода ёфтааст. Дар натиҷа дар моддаҳои 181-198 ва дигар моддаҳои Кодекси маданӣ нофаҳмӣ ба вуҷуд меояд, ки дар кадом вақт қонунгузор аҳдро беэътибор ва дар кадом вақт мутлақо беэоқибат медонад. Барои тақвияти фикр ба моддаи 11 Кодекси маданӣ назар мекунем, ки дар он ҳамчун тарзи ҳифзи ҳуқуқҳои маданӣ омадааст: «- беэътибор донистани аҳдҳои баҳснок ва татбиқи оқибатҳои беэътибор донистани онҳо, татбиқи оқибатҳои беэътибор донистани аҳдҳои беоқибат».

Масъалаи дигар ин истилоҳсозӣ ва иқтибоси истилоҳу вожаҳои ғайр мебошад. Мувофиқи талабот истилоҳоти санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо истифода аз калима ва ибораҳои оммафаҳм тартиб дода шавад. Истифодаи вожаву истилоҳоти иқтибосӣ бидуни зарурат ноҷоиз аст. Ин таҳдид ба манфиатҳои забони миллӣ ме­бошад.

Баъзан калимаю ибораҳо аз забони русӣ ё аврупоӣ тарҷума шудаанд, ки онро калка ё худ гартабардорӣ меноманд. Масалан, нишондод, роҳи оҳан ва ғайра. Вале онҳо табиӣ воқеъ гардидаанд, бинобар ин, қобили дастгирӣ мебошанд.

Ҳамин тавр, гуфтаҳои болоиро ҷамъбаст намуда, қайд кардан ба маврид аст, ки агар дар замони тағйироти куллӣ дар ҳаёти ҷомеа қабули қонунҳо дар соҳаҳои гуногуни муҳими ҷамъиятӣ аҳаммият дошта бошад, сифати онҳо (пеш аз ҳама сифати забонии онҳо) имрӯз мубрам гаштааст. Самаранокии фаъолияти мақомоти қонунгузор дар сифат таҷассум меёбад, на дар микдор. Ба андешаи мо дар шароити ҳозира диққат асосан ба дуюмин дода мсшавад, зеро аксаран натиҷаи фаъолият аз рӯйи миқдор баҳо дода мсшавад.

Имрӯз анлакай вақти коркарди забони қонун ва ислоҳи камбудиҳои мавҷуда фаро расидааст. Такмили забони қонун ин заминаи ташаккули забони ҳуқуқи тоҷик аст, ки саҳм дар забони адабии тоҷикӣ мебошад.

Баъзе самтҳои фаъолиятро дар ин ҷода тавсия додан мумкин аст:

а) дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд вожа ва истилоҳоти ягона, ҳамоҳанг, устувору матин истифода гардад. Ин фаъолият ҷалби тамоми мутахассисони соҳаро талаб мекунад;

б) ҳангоми истилоҳофарӣ ва ё иқтибос табиати за­бони тоҷикӣ бояд ба эътибор гирифта шавад;

в) дар ташаккули забони қонун ҷалби мутахассисони гуногунсоҳа ва омӯхтани таҷрибаи дигар давлатҳои ҳамзабон саривақтӣ мебошад;

г) забони қонун бояд дар ҳамбастагӣ бо техникаи хукуқӣ коркард шавад.

Хулоса, барои татбиқ ва амалигардонии қонунгузорӣ камбудиҳои хислати техникии ҳуқуқӣ дошта монеа мушкилиҳои зиёдро ба миён меорад. Бинобар ин, бартарафсозии онҳо қадами муҳим ба пеш мебошад. Ба ин кор ҷалби мутахассисони соҳа, кормандони амалия ва доираҳои илмӣ мувофиқи мақсад аст. Ҳамчунин ин фаъолият бояд аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба амал бароварда шавад, то ин ки мукаммал, объективӣ ва ба таври дахлдор ба сомон расонида шавад.

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн – Мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Адабиёт:

1. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, №9-10, мод. 546.

2. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 271.

3. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 270.

4. Бахтин М.М. Эстетика словесного творчества. М., 1979. С.297.

5. Ведомостҳои Совета Олии РСС Тоҷикистон, соли 1989, №15, моддаи 102.

6. Гегель. Философия права. М., 1990. С. 253.

7. Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2023, -501с.

8. Махмудов М.А., Худоёров Б.Т. Аҳдномаи никоҳ. Душанбе, 2001. –С.12.

9. Муҳаммадҷони Шакурӣ. Хуросон аст ин ҷо: маънавият, забон ва эҳёи миллии тоҷикон. Душанбе, 1997. С.255.

10. Пиголкин А., Студеникина М. Всяк сущий в ней язык... (Ана­лиз республиканских законов о языках)// Народный депутат. 1992. №9. –С. 53-57.

11. Раҳимов М.З. Доир ба баъзе масъалаҳои забони қонун // Давлат ва ҳуқуқ. 2008. №1. С.71.

12. Сайфиддин Назарзода. Забони милли ва меъёрҳои ҳуқуқиву қонунгузорӣ...

13. Сайфиддин Назарзода. Забони миллӣ ва меъёрҳои ҳуқуқиву қонунгузорӣ// Ҷумҳурият, 30 январи соли 2010. №17-18 (21 678-679). –С. 5.

14. Сальников В.П., Степашин С.В., Хабибулина Н.И. Государ­ственная идеология и язык закона: Монография. СПб., 2001. С.123.

15. Сальников В.П., Степашин С.В., Хабибулина Н.И. Государ­ственная идеология и язык закона: Монография. С. 134-135.

16. Таганцев Н.С. Русское уголовное право. Лекции. Часть общая. Т.1. М., 1994. С.91.

17. Юридические документы письма (чтение, перевод и комментарии В.А. Лифщица) – Издво восточной литературы. 1962. –С. 25.

18. Юсуфи Акбарзода. Забони қонун чй сон бошад// Тоҷикистон, 2000, №4-6. С.29.

19. Юсуфи Акбарзода. Забонро аз ҳуқукдонҳои забонгумкарда дифоъ бояд кард!// Минбари халқ, 9 июли соли 2008, №52 (621). С.4.