Перейти к основному содержанию

123123Ман, ҳамчун ҷавони хушбахту саодатманди даврони Истиқлолияти давлатӣ, бо эҳсосоти гарму самимӣ ва бо дили пурифтихор хабари мушарраф гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой пазируфтам. Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҳар як шаҳрванди мамлакат, хоса барои мо ҷавонон, манбаи ифтихор, илҳом ва нерӯи тоза гардид.

Ҷоизаи мазкур, ки ба шахсияти Пешвои миллат тақдим гардид, дар худ арзиши ҷаҳонӣ дорад, зеро ин ҷоиза танҳо ба онҳое дода мешавад, ки дар таҳкими сулҳ, ваҳдат ва арзишҳои башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳақ ба ҷониб аст, ки Пешвои миллатамон сазовори чунин қадрдонӣ гардиданд, маҳз бо сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва ҷасорати фарзонагии худ Тоҷикистонро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ бароварданд ва ба кишвари орому суботманд табдил доданд.

Имрӯз, вақте ки ҷаҳон бо буҳронҳои сиёсӣ, ихтилофоти қавмиву мазҳабӣ ва низоъҳои зиёде рӯ ба рӯ аст, Тоҷикистони азизу маҳбубамон бо раҳнамоии Пешвои миллат ҳамчун кишвари сулҳҷӯ, ваҳдатофар ва дӯстдори тамаддуну арзишҳои инсонӣ шинохта шудааст. Маҳз ҳамин сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат боис гардид, ки номи Тоҷикистон дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ бо калимаҳои «сулҳ», «ваҳдат» ва «ҳамдигарфаҳмӣ» пайванд хӯрад.

Ҳар як дастоварди Пешвои миллат на танҳо ба номи шахсии ин абармарди майдони сиёсат, балки ба номи тамоми миллати тоҷик вобаста аст. Зеро Пешвои миллат ҳамчун рамзи ваҳдат, сарҷамъӣ ва умед ба ояндаи дурахшон маъруф гардидаанд. Мо, ҷавонон, бо дидани чунин муваффақиятҳо масъулияти бузургтар эҳсос мекунем, барои мо Пешвои миллат намунаи бузурги ватандӯстӣ, фидокорӣ ва инсонпарвариянд.

Ман ҳамчун ҷавон, ки неъматҳои Истиқлолиятро бо тамоми ҳастӣ эҳсос мекунам, хуб дарк менамоям, ки имрӯз ҳар як имконияти таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии осоишта маҳз ба туфайли сулҳу субот ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муяссар гардидааст, агар сулҳ намебуд, агар ваҳдат пойдор намешуд, мо ҷавонон ҳаргиз чунин имкониятҳои фарохи рушдро ҳатто дар мағзи хеш ҳам тасаввур карда наметавонистем.

Мушарраф гардидани Пешвои миллат ба ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой дар воқеъ нишон медиҳад, ки сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон намунаи ибрат барои тамоми ҷаҳон аст. Ин ҷоиза барои мо насли ҷавон на танҳо мояи ифтихор, балки дарси бузурги масъулият ва ҳидоят барои оянда мебошад.

Ман бо камоли ифтихор мегӯям, ки мо — ҷавонони даврони Истиқлолият бояд ин роҳу равиши сулҳпарвариро идома диҳем, арзишҳои Ваҳдати миллиро пос дорем ва барои ободии Тоҷикистони гул гул шукуфонамон саҳми арзандаи худро гузорем. Зеро беҳтарин қадрдонӣ аз заҳматҳои Пешвои миллат дар он аст, ки мо ҷавонон бо дониш, меҳнат ва саодати худ ватани худро ободу пешрафта гардонем.

Ин ҷоиза барои Пешвои миллат дар асл ҷоиза барои ҳар як тоҷик аст. Ин қадрдонӣ нишон медиҳад, ки миллати тоҷик миллати сулҳпарвар, ваҳдатофар ва фарҳангдӯст мебошад. Мо бо чунин Пешво ифтихор дорем ва ҳамеша ба сиёсати хирадмандонаи фарзонафарзанди миллатамон такя мекунем.

Поянда бод Тоҷикистонам !

Поянда бод Ваҳдати миллӣ!

Зиндаву саломат бод Пешвои хирадсолору меҳандусти Тоҷикистони азизу ҳамешабаҳор!

Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1 уми ихтисоси идоракунии давлатии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.