Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 01 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Фурута Кейко аз ҷараёни корҳо дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ», ки дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Акитаи Япония сохта мешавад, дидан намуданд.

Ҳангоми вохурӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушва ба ҷониб ҷиҳати дастгириву ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки барои рушди ҳамкориҳои илмӣ, техникӣ, инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ боз ҳам кӯшиш ба харҷ додан лозим мебошад.

Дар навбати худ ҷаноби Сафир, хонум Фурута Кейко миннатдории худро ба роҳбарият ва олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон изҳор намуда, ҳозиринро ба ҳамкории илмии дуҷониба даъват намуд. Инчунин саҳми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Япония аъло арзёбӣ гардид.

Директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Қодиров Анвар аз ҷараёни лоиҳаи «Беҳтар намудани низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ» ҳамагонро ошно намуда, қайд карданд, ки ҳоло корҳо дар ин самт идома дорад, як қисмати системаи гармидиҳӣ насб шуда, дар ҳолати санҷиш қарор дорад. Инчунин сохтори тайёр намудани намунаҳои об ва як қисми анализаторҳо ба кор дароварда шудааст, қисмати дигар дар ояндаи наздик насб карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки роҳандозии лоиҳаи «Беҳтар намудани низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои гармидиҳии зеризаминӣ» ниҳоят муҳим буда, ба ҳалли як қатор масъалаҳои муҳими энергетикӣ, экологӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Таъмини гармидиҳӣ дар шароити иқлими кӯҳӣ ва зимистонҳои сард, махсусан дар манотиқи дурдаст, яке аз масъалаҳои доғ боқӣ мемонад. Ҳоло қисмати зиёди хонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ бо истифода аз ангишт, ҳезум ва гази моеъ гарм карда мешаванд. Ин на танҳо хароҷоти зиёдро талаб мекунад, балки ба муҳити зист низ зарар мерасонад, чунки боиси тавлиди партовҳои гази карбон (CO₂) ва дигар моддаҳои ифлоскунанда мегардад.

Истифодаи манбаъҳои гармии зеризаминӣ дар шакли насоси гармии зеризаминӣ (GSHP – Ground Source Heat Pump) имконият медиҳад, ки гармидиҳӣ бо хароҷоти камтар ва партовҳои карбонӣ қариб ба сифр расонда шавад. Ин технология бо истифодаи ҳарорати устувори қабатҳои зеризаминӣ кор мекунад ва метавонад дар тамоми фаслҳои сол самаранок бошад.

Ин лоиҳа на танҳо ба коҳиши истеъмоли сӯзишвории муқарарӣ мусоидат мекунад, балки як намунаи хуби гузариш ба технологияҳои тоза ва барқароршаванда мебошад. Аз ҳама муҳим, татбиқи чунин система метавонад мустақилияти энергетикиро дар маҳалҳо тақвият бахшад, хароҷоти аҳолӣ ва муассисаҳоро кам кунад ва муҳити зистро муҳофизат намояд.

Дар шароити Тоҷикистон, ки дорои захираҳои гуногуни геотермалӣ ва иқлими мувофиқ мебошад, чунин лоиҳа метавонад ҳамчун намуна барои минтақаҳои дигар низ хизмат кунад ва ба татбиқи стратегияҳои миллии рушди устувор, истифодаи оқилонаи захираҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат намояд.