18 июл дар толори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввари илмӣ таҳти унвони “Ҷойгоҳи Хатлон дар тамаддуни умумибашарӣ” баргузор гардид. Чорабинӣ ба муносибати шомил гардидани 11 ёдгории таърихию фарҳангии минтақаи “Хуттали Қадим” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО баргузор шуда, дар он доираи васеи олимону муҳаққиқон, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои илмӣ ва фарҳангӣ, инчунин васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор М. Саломиён оғоз ёфт. Сипас, як қатор маърӯзаҳои илмии сатҳи баланд дар мавзӯъҳои марбут ба таъриху фарҳанги Хатлон ва номинаи “Хуттали Қадим” ироа гардиданд. Аз ҷумла, академик Ю. Яқубов роҷеъ ба нақши ёдгориҳои пешниҳодшуда дар таърихи халқи тоҷик, доктори илми таърих А. Раҷабов оид ба Хуттал ва хуталиён дар сарчашмаҳои хаттӣ, номзади илми таърих А.Қ. Шарифзода перомуни пажӯҳишҳои хориҷӣ дар бораи Ҳулбук, доктори илмҳои таърих Бобоев Х.Б. приромуни нуҷум дар таъриху фарҳаги Хатлон ва Т.Г. Филимонова доир ба раванди омодасозии номинаи “Хуттали Қадим” ва дигарон суханронӣ ва андешаронӣ намуданд намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ мавзӯъҳои аҳамияти таърихию фарҳангии маҷмааҳои археологии Хатлон, ҷараёни номгузорӣ ва мураккабиҳои таҳияи номинаи “Хуттали Қадим”, зарурати ҳифз ва истифодаи устувори ёдгориҳо дар шароити муосир, нақши илмҳои дақиқ (нуҷум, математика ва муҳандисӣ) дар рушди Хуттали асримиёнагӣ, саҳми ниҳодҳои илмӣ ва мутахассисони тоҷик дар муаррифии мероси миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдгориҳои "Хуттали Қадим" рӯзи 12 июли соли 2025 дар иҷлоси 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж баргузор гардид, расман ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардиданд. Ин номина панҷумин мавзеъ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дорои мақоми мероси умумибашарӣ гардид.
Ба таркиби номина 11 ёдгории таърихию меъморӣ дохил мешаванд, ки дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Ховалинг ҷойгиранд. Инҳо иборатанд аз: Қалъаи Ҳулбук (н. Восеъ), Шаҳристони Ҳулбук (н. Восеъ), Шаҳраки Манзаратепа (н. Восеъ), Дайри буддоии Аҷинатеппа (н. Вахш), Қалъаи Золи Зард (н. Данғара), Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (н. Данғара), Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа) (н. Ҷ. Балхӣ), Шаҳристони Золи Зар (н. Фархор), Корвонсаройи Тоҳир (н. Фархор), Шаҳртеппа (н. Фархор), Дайри буддоии Хишттеппа (н. Ховалинг)
Дар миёни онҳо, маҷмааи Қалъаи Ҳулбук ҳамчун маркази сиёсию маъмурии давлати Хуттали Қадим ва намунаи олии санъати меъмории асримиёнагӣ, мақоми хосаеро ишғол менамояд. Тибқи арзёбиҳои мутахассисони ЮНЕСКО, ёдгориҳои мазкур таҷассумгари фарҳанги гуногунҷанба ва дастовардҳои тамаддунии Хуттал мебошанд, ки дар масири Роҳи бузурги Абрешим нақши муҳими иртиботдиҳанда ва истеҳсолиро иҷро кардаанд.
Бояд хотирнишон намуд, ки таҳияи номинаи “Хуттали Қадим” аз соли 2023 оғоз гардида, бо талошҳои муштараки Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Вазорати фарҳанг, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии вилояти Хатлон ва дигар ниҳодҳои марбута амалӣ гардидааст. Ин раванди номгузорӣ бо дастгирии лоиҳаи байналмилалии “Central Asian Archaeological Landscapes” (CAAL) таҳия ва мураттаб шудааст.
Чорабинии мазкур қадами муҳим дар таҳкими худшиносии миллӣ, густариши робитаҳои илмии дохиливу хориҷӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.