Перейти к основному содержанию
«Зафарнома»-и Шарафуддин Алии Яздӣ ҷумлаи беҳтарин асарҳои таърихӣ буда, дар пажӯҳиши таърихи Хатлон сарчашмаи муҳим ва дар баъзе мавридҳо сарчашмаи ягона ба ҳисоб рафта, дар он доир ба воқеаҳои сиёсӣ, ҳокимон ва воҳидҳои маъмурию ҷуғрофии Хатлон маълумоти муҳим мавҷуд аст.

Аввалин маълумоти ба Хатлон додаи Алии Яздӣ ба вақеаҳои соли 752/1352-53 рост омада, матнаш чунин аст: «… Амирзода Абдуллоҳ писари амир Қазаған аз Самарқанд лашкар мураттаб дошта ба Хоразм рафт ва онро тасхир кард. Амир Қазаған зимистон Соли Саройро мухайями иқомат сохтӣ ва дар баҳор дар гулзори Қаронӯр бардохта ва тобистону хазон дар шаҳри Мунк райати таваттун афрохта ва бештари авқот сайд кардӣ ва ҷонвар андохтӣ»2. Дар матни боло ду воҳиди ҷуғрофӣ ва маъмурии Хатлон-Солӣ Сарой ва Мунк зикр гаштааст. Солӣ Сарой ноҳияи имрӯзаи Панҷи Тоҷикистонро фаро гирифта, дар ҳудуди он яке аз гузаргоҳҳои асосии обӣ ҷойгир шуда буд. Мунк, ки дар «Зафарнома» ҳамчун қароргоҳи тобистона ва тирамоҳонаи амир Қазаған ёд шудааст, Ховалинги имрӯза мебошад, ки дар ин ҷо ҷойгиршавии онро олимон ҳануз замони шӯравӣ муайян карда буданд.Танҳо академик В.В.Бартолд ба хато Балҷувони имрӯзаро Мунки асримиёнагӣ дониста буд. Вобаста бо номи амир Қазаған ҳамин нукта ҷолиб аст, ки ҳоло дар ноҳияи Ховалинг чашмае бо номи Қазаған (Қазған) мавҷуд аст ва ин чашма ба номи амири муғулӣ номгузорӣ шудааст, ки онро Шарафуддини Яздӣ дар «Зафарнома» зикр карда буд3. Вале номи ин шаҳр на дар ҳамаи нусхаҳои «Зафарнома» ба шакли «Мунк» омадааст4.

Шарафуддин Алии Яздӣ илова бар чунин ҷузъиёт доир ба вазъияти умумии Варазрӯди давраи Темуриён маълумоти муҳим медиҳад. Аз ҷумла, тибқи маълумоти «Зафарнома» Варазрӯд ва дигар вилоятҳои атрофи он дар аввали нимаи дуюми асри XIV ба майдони задухӯрдҳои амирони муғултабор табдил ёфта, дар ин кашмакашиҳо ҳокимони Хатлон, ки Кайхусрави Хатлонӣ аз ҷумлаи онҳо буд, низ фаъолона иштирок менамуданд.

Соли 1360 амир Хусайн баъд аз забти Бадахшон бародари Кайхусрави Хатлонӣ- Кайқубодро ба қатл мерасонад. Тибқи маълумоти «Зафарнома» соли1361дар соҳили дарёи Вахш байни Туғлуқ Темурхон ва амир Ҳусайн муҳориба ба вуқуъ омад. Дар ин ҷанг Кайхусрави Хатлонӣ бо сабаби оне, ки амир Ҳусайн соли 1360 дар Бадахшон бародари ӯ-Кайқубодро кушта буд, ба тарафи Туғлуқ Темур мегузарад ва ин рафтори ҳокими Хатлон сабаби асосии шикасти амир Ҳусайн мегардад. Ҳокими Хатлон бо мақсади таҳкими ҳокимияти худ бо Туғлуқ Темурхон пайванди хешӣ пайдо мекунад. Баъдтар мебинем, ки дар аввал байни Кайхусрави Хатлонӣ ва Темурланг низ чунин қаробат пайдо мешавад ва дар муноқишаҳои минбаъдаи байни амир Ҳусайн ва Темурланг бо 2000 сарбозаш ба тарафдории Темурланг меҷангад.

Дар рафти ин муноқишаҳо шоҳи Бадахшон ба Қундуз ҳамла оварда, онро ғорат менамояд. Ин ҳодиса амир Темур ва амир Ҳусайнро водор менамояд, ки онҳо муттаҳид гашта, ба Бадахшон лашкар кашанд. Шоҳи Бадахшон- Шайх Алии Бадахшонӣ ба дасти онҳо асир меафтад. Ва аз маълумоти Шарафуддин Алии Яздӣ бармеояд, ки ҳангоми дар Бадахшон будани амир Темур ва амир Ҳусайн дар Хатлон бо роҳбарии Кайхусрави Хатлонӣ ва Шайх Муҳаммади Баён исёне бармехезад. Бо фикри мо ин исён аслан бар зидди амир Ҳусайн равона шуда буд. Зеро амир Ҳусайн чанд соле пеш ҳангоми забти Бадахшон барода ри Кайхусрави Хатлонӣ- Қайқубоди Хатлониро ба қатл расонида, яке аз духтарони онро ба ҳарами худ дохил менамояд. Ва «чун хабари ҷасорату мухолифати Шайх Муҳаммад Баён ва Кайхусрав ба ҳазрати соҳибқирон (Темурланг) расид ба азми муроҷиат аз Бадахшон савор шуд… ва равон гашт»5. Дар навбати худ Кайхусрав ва Шайх Муҳаммад Баён аз ҳаракати Темурланг ба сӯи онҳо огоҳ шуда, ба ӯ нома навишта равон менамоянд. Вале номаи онҳо ба Темурланг намерасад. Зеро амир Ҳусайн ин номаро ба даст оварда, аз Темурланг пинҳон медорад ва ӯ мақсад дошт, ки дар аввал дар байни ҳамсафони Темурланг низоъ ба вуҷуд оварад. Аз маълумоти Шарафуддин Алии Яздӣ бармеояд, ки дар соли 1369 бо зиракии амир Ҳусайн амир Темур бар зидди Кайхусрави Хатлонӣ ва Шайх Муҳаммад Баён қиём намуда, онҳоро шикаст медиҳад: «Лашкари соҳибқирон бо лашкари худ аз об (-и Ҷайҳун) » бигзашт ва он чи дилхоҳи ӯ буд ва ба ҳусул пайваст ва чун ба Зинда Ҳашм ва сипоҳи манғилой расид лашкар ороставу сафҳо мураттаб дошта рӯи ҳиммат ба дафъу рафъи душманон ниҳод ва эшон чун аз таваҷҷуҳи он ҳазрат (Темурланг) воқиф шуданд… пушт ба хизмат доданд. Кайхусрав гурехта ба роҳи Қиртегин§ ба тарафи Олой рафт ва Зинда Ҳашм дар ақиби ӯ такомашӣ намуда равон шуд ва Шайх Муҳаммад Баёни сулдӯз ба роҳи Дарзӣ ба ҷониби Хуҷанд гурехт ва ҳазрати соҳибқирон такомашӣ фармуда, ӯро то Хуҷанд биронд ва ӯ аз Сайҳун гузашта ба тарафи Тошканту Утрор шитофт»6. Вобаста ба ин воқеа пурсише ба миён меояд, ки пас аз ба Олой гурехтани Кайхусрави Хатлонӣ Хатлон дар тобеияти амир Темур мемонад ё дар тобеияти амир Ҳусайн? Аз мазмуни матни «Зафарнома»-и Яздӣ бармеояд, ки ихтилофи байни амир Ҳусайн ва Темурланг соли 1370 ба ҳадди интиҳо расида, Темурланг аз Шаҳрисабз бар зидди амир Ҳусайн, ки дар Балх буд, лашкар мекашад:«…Ҳазрати соибқирон аз Биё наҳзат фармуда ба тарафи Ҷағоно- болооби Ҷағонрӯд равон шуд. Ва чун дар Ҷағоно ба саодат нузул кард амир Ҷокӯро ба ҷамъи лашкари атроф фармон дод. Ӯ ба имтисоли амир мубодират намуда, мутавваҷҷеҳ шуд ва сипоҳи он навоҳиро аз сулдӯз ва ғайриҳум ҷамъ оварда равонаи урдӯи ҳумоюн сохт ва худ озими ҷониби Хатлон гашт то қазияи лашкари он ҷо низ саранҷом кунад»7. Аз мазмуни матни боло маълум мешавад, ки Хатлон тобеи Темурланг буд. Гузашта аз ин, Кайхусрави Хатлонӣ аз ин юриши Темурланг огоҳ шуда, аз Олой ба Хулм омада бо Темурланг муттаҳид мешавад. Амир Ҷокӯи барлос низ аз Хатлон лашкар гирд оварда, дар Хулм ба сипоҳи асосии Темурланг мепайвандад: «ва амир Кайхусрав, ки вилояти худ Хатлонро гузошта буд ва аз бими амир Ҳусайн ба тарафи Олой гурехта. Чун (аз) азми ҳазрати соҳибқирон огоҳ шуд фарҳону шодмон ба мъаскари (лашкаргоҳи) зафарпаноҳ пайваст ва амир Ҷокӯ низ бо лашкари Хатлон бирасид». Бояд гуфта, ки ин амир Ҷокӯ бародари кеҳтари амир Ғиёсиддини Барлос мебошад ки номи он дар яке аз ёдгориҳои эпиграфии шаҳри Кӯлоб ҳакк шудааст. Оқибат Темурланг қалъаи Ҳиндувони Балхро, ки қароргоҳи асосии амир Ҳусайн буд муҳосира намуда, лашкарашро шикаст дода, ӯро асир мегирад. Дар ин ҳангом «амир Кайхусрави Хатлонӣ забони тазаллум баркушод, ки амир Ҳусайн бародари маро-Кайқубод(ро) куштааст. Бифармоед, ӯро ба ман супоранд то ба муқтазои шаръ ӯро ба қасос расонам. Ҳазрати соҳибқирон Кайхусравро таскин фармуданд, ки ту аз ин даъво бигзар… ». Ба ин нигоҳ накарда, бо ишораи амир Улҷойтӯ Кайхусрави Хатлонӣ бо ёрии амир Муйид амир Ҳусайнро бе ризоияти Темурланг ба қатл мерасонад. Дар бораи муносибати баъдинаи Темурланг ва Кайхусрави Хатлонӣ Шарафуддин Алии Яздӣ вобаста ба ҳуҷуми Темурланг ба Хоразм, ки соли 773 ҳиҷрӣ ба вуқуъ омада буд, чунин нигошта: «Кайхусрави Хатлониро моддаи адолату ҳасад, дар ботин дошт ва ба ҳукми зарурат пардаи нифоқ мепӯшид дар ҳаракат омад ва қосиди пӯшида пеши Ҳусайни Сӯфӣ фиристод, ки «Аслан эътимод манамой ва дари дӯстӣ макушой ва лашкар мураттаб дошта аз дарвоза берун ой то ман аз ин ҷониб баргашта бо тумони худ ба ту пайвандам». Ҳусайни Сӯфӣ ба он суханони беҳосил, ки маҳзи афсоду азлол буд фирефта шуд ва аз лашкару раъият касрате тамом аз шаҳр берун овард… ва бар лаби ҷӯи Қовун, ки дар дуфарсахии Хоразм воқеъ аст раияти инод барафрохтанд»8. Дар ин ҷанг Ҳусайни Сӯфӣ шикаст хурда, Темурланг ӯро аз тахти Хоразм сарнагун карда, ба ҷояш писараш - Юсуфи Сӯфиро ҳокими Хоразм таъин менамояд. Баъди ин Темурланг фармон медиҳад, ки «Кайхусрави Хатлониро ба девони музолим ҳозир кунанд ва нуйинону умаро ярғуи ӯро бипурсанд. Ва чун ба интисоли амр қиём намуда қазияи ӯро некӯ таҳқиқу тафтиш намудан аз ҷиҳати қосиде, ки пеши Ҳусайни Сӯфӣ фиристода буд. Ва ӯро ба мухолифату исён дошта … ва аз дигар ҷиҳод гуноҳони ӯ собит шуд ва баъд аз субути гуноҳ ӯро банд карда ба Самарқанд бурданд ва ба навкарони амир Ҳусайн супориданд. Эшон ӯро ба қасоси амир Ҳусайн ба қатл оварданд ва тумони Хатлонро ҳазрати соҳибқирон ба писари Шербаҳром-Муҳаммад Мирка, ки хеши Кайхусрав буд, арзонӣ дошт»9.

Баъди кушта шудани Кайхусрави Хатлонӣ писари ӯ- Султон Маҳмуд муборизаи зидди Темурлангро идома дода, ба Хоразм пеши ҳокими навтаъини он-Юсуфи Сӯфӣ рафта, ӯро ба муборизаи зидди Темурланг ташвиқ карда, шаҳри Котро ғорат менамоянд. Темурланг ба Хоразм ҳуҷум намуда, Юсуфи Сӯфиро таслим менамояд.

Баъди таъиноти Муҳаммад Мирка ба ҳокимии Хатлон ва шикасти Юсуфи Сӯфӣ Султон Маҳмуд гурехта, ба назди яке аз душманони ашаддии Темурланг-Туқтамишхон меравад. Ҳангоми дар Шероз будани Темурланг соли 1388 Туқтамишхон ба Варазрӯд (Мовароунаҳр) ҳуҷум меорад, Султон Маҳмуд- писари Кайхусрави Хатлонӣ зидди Темурланг ҷангида, лашкари Туқтамишхонро дар Варазрӯд роҳнамоӣ карда, баъзе шаҳрҳоро ғорат менамоянд: «чун мухолифон (сарбозони Туқтамишхон) аз тасхири Бухоро оҷиз шуданд, ба зарурат аз он ҷо бархостанд ва ба харобии вилоят Мовароуннаҳр машғул гаштанд ва Занҷирсаройро оташ заданд ва далели эшон Султон Маҳмуд писари Кайхусрави Хатлонӣ буд ва аз Қаршӣ ба Хузор гузашта то Култон ва лаби оби Омӯя тохт кардан(д)»10. Тақдири баъдинаи Султон Маҳмуд ба мо маълум нест.

Аз таҳқиқи матни «Зафарнома»-и Шарафуддин Алии Яздӣ бармеояд, ки Муҳаммад Мирка ба мисли дигар ҳокимони вилоятҳои тасхиркардаи Темурлданг ҳамеша кӯшиш менамуд, ки мустақил бошад. Вале баръакси ҳокимони марказгурез Темурланг онҳоро зери итоати хеш нигоҳ медошт ва дар забткориҳои худ иҷборӣ истифода менамуд. Ба ҳар ҳол Муҳаммад Мирка интизори вақти мусоиде буд, то бар зидди Темурланг исён намояд. Ва чунин вақти муосид соли 790/1388 -89 фаро мерасад. Дар ин сол Темурланг шаҳри Хоразмро ба хок яксон карда, бо фармони ӯ аҳолии Хоразм ба Самарқанд кӯчонида шуда, дар он ҷо ҷав корида мешавад. Шарафуддин Алии Яздӣ баъди нақли ин воқеа чунин менигорад: «Абулфатҳ бародари кӯчаки Муҳаммад Мирка аз остони давлати ошён рӯгардон шуда, бигрехт ва шабгир карда худро дар чӯл андохт». Вале ӯро Лолам Баҳодури кучин дар мавзеъи Ҳисорак дастгир намуда, сабаби гурехтанашро пурсон мешавад ва ҷавоб медиҳад, ки «бародарам Мирка ёғӣ шуда, касеро ба талаби ман фиристода буд ва ба ман ба он восита фирор ихтиёр карда пеши ӯ мерафтам». Бо ин ҷавоби Абулфатҳ исёни Муҳаммад Мирка барои Темурланг ошкор мешавад. Зеро Лолам Баҳодур Умар Шайхро аз ин воқеа огоҳ менамояд ва дар навбати худ ӯ ин хабарро ба Темурланг, ки дар Хоразм буд, мерасонад ва худаш ба Самарқанд пас гашта, ба муборизаи зидди Муҳаммад Мирка омода мегардад. Ва ба навишти Шарафуддин Алии Яздӣ «Муҳаммад Мирка бо вуҷуди он ки шарафи қаробату мусоҳирати ҳазрати соҳибқиронӣ ёфта буд, чи маҳдӣ аъло Султонбахтбегимро дар ҷибола дошт ва аз маёмини тарбияти он ҳазрат вилояти Хатлон ва айли он навоҳӣ тамом дар таҳти фармони ӯ буд… Он роҳи истиғно нашъаи ғурури шафқату ҳашамат роҳи саодату савоб аз дидаи басирати ӯ пӯшонида, ба савдои маҳол андешаи тасаллуту истиқлол ба хотир роҳ дода буд… собиқаи шақоваташ домангир омада азми мухолифат (-и Темурланг) ҷазм карда ва бо лашкар, ки Самарқанд расида буд ёғӣ ва аз он ҷо бозгашта ва чун аз Қаҳлуға (дарби оҳанин) гузашта буданд, лашкариёни Хатлон дар вилояти Тирмиз дасти бебокӣ ва ғорат бароварда буданд ва нафси шаҳрро Темуртош писари Абоҷии Сӯфӣ бародари Оқбӯғо, ки доруғаи он ҷо буд муҳофазат намуда ба кӯча банд карда аз осеби тааррузи он бадкирдорон нигоҳ дошта буд…»11. Албатта Шарафуддин Алии Яздӣ дар матни боло қиёми истиқлолхоҳӣ ё худ марказгурезии Муҳаммад Мирка пардапӯшона, вале хеле моҳирона инъикос намудааст. Ин қиёми Мирка ҳатто қувваҳои дар шимоли Афғонистон будаи Темурлангро ба худ ҷалб намуда, зарба мезанад. Чунончи ҳангоми дар Бағлон ба задухӯрдҳои зидди бурулдоиён машғул будани писари дигари Темурланг-Ҷаҳоншоҳ ба ӯ хабар медиҳанд, ки «Мирка ёғӣ шудааст ва лашкар ҷамъ карда дар вилояти Ҳисор нишастааст. Амир Ҷаҳоншоҳ сипоҳи нусратпаноҳро мураттаб сохта мутаваҷҷеҳи ӯ шуд. Ва Хоҷа Юсуф ҷиҳати забти лашкари худ ба Арҳанг рафт ва Пиралии Ноз равонаи Балх шуд то лашкаре, ки дар он ҷо монда биёварад ва муқаррар гардид, дар канори оби Ҷайҳун ба ҳам расид. Ва чун Ҷаҳоншоҳ ба канор об расид… ба тамомии лашкар ба шино аз об бигзашт ва ҳамонҷо таваққуф кард ва чун шаб даромад, Ҷунайди бурулдоӣ ва бародараш Боязид ва Алии Акбар бо тамоми лашкари худ ёғӣ шуда, шабехун оварданд ва» эшон се ҳазор савор буданд ва бо амир Ҷаҳоншоҳ шаст мард беш намонда буд…»12. Яъне аз қиёми Муҳаммад Мирка саркардаҳои дигар қабилаҳои зидди барлосиён буда истифода намуда, ба онҳо зарба мезаданд ва ин худ нишонаи муборизаи тезу тунди байниқабилавӣ дар давлати ташкилкардаи Темурланг мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки Шарафуддин Алии Яздӣ доир ба рафти ин қиёми Муҳаммад Мирка муфассал маълумот дода, вобаста ба ин воқеа воҳидҳои ҷуғрофиеро номбар менамояд, ки онҳо дар дигар сарчашмаҳои хаттии ба мо маълум зикр нашудаанд. Аз мазмуни матни «Зафарнома» бармеояд, ки чун Умар Шайх аз ҳуҷуми Мирка ба Тирмиз огоҳ мешавад, аз Самарқанд бар зидди ӯ лашкар мекашад «ва ӯ (яъне Мирка) қавми худро гирдоварӣ карда буд ва ба бедодхонаи Додмалики барлос ва Оқтемур Баҳодур, ки аз гумоштагони ҳазрати соҳибқиронӣ буданд, ғоратида ва амволи эшонро тасарруф намуда ва зарродхонаи хос, ки дар он ҷо буд кушода ва маҷмӯи аслиҳаву асбоб ва олоти ҷангро ба азозилу авбош бахш карда, асбу ҷома дода ва ҳашаре бе тоил ба андешаи ботил фароҳам овардаву камари мухолифат дар миёни туғён баста, муқовимату ҷидолро омода гашта буд… Ва пасон «амирзода (ба Мирка) наздик расид… аз қуввати давлати ҳазрати соҳибқирон ақди ҷамъияти мухолифон аз ҳам фурӯ гусаст ва ба муҷарради овозаи вусули асокири гардунмаосир ҳазимат ёфта, мутафарриқу пароканда гаштанд. Ва Миркаро чун оташи нахвату истибкор, ки аз боду ғурур… боло гирифта буд, фурӯ нишаст шикаст. Шикаставу хоксор аз оби Вахш аз Тошкупрук гузашта, ба ҷониби Хатлон гурехт. Шоҳзода (Умар Шайх) ба таъҷили тамом дар ақиби ӯ равон шуд ва аз Ҳисор ба роҳи Тиркании Қабҷиғой (تيرکنى قبجغاى) шитофта ба канори оби Вахш расид ва ба шино аз об бигзашт. Мираки рӯй аз давлат бартофта рӯй ба савби ҳимояти Шоҳ Ҷалолиддин оварда ба дараи Дарвоз рафта буд». Шоҳи Дарвоз – Ҷалолиддин аз тарси Темуриён ба ҳокими Хатлон ёрӣ намерасонад ва буздилию турсуии шоҳи Дарвоз яке аз сабабҳои асосии шикаст ва ба қатл расидани Миркаи Хатлонӣ мегардад. Чи тавре ки Шарафуддини Алии Яздӣ навиштааст «чун Мирка хоибу хосир (ноумеду зиёндида) аз дараи Дарвоз бозгашт, бештари навкаронаш, ки мулозим буданд даст аз ӯ боздошта ва сари худ гирифтанд. Ва чун лашкари мансур (сарбозони Умар Шайх) дар куҳу дашт ва росту чап ва пешу пас дар талаби ӯ (Мирка) бисёр биштофтанд ва аз ӯ хабаре наёфтанд, амирзода Умар Шайх дар Хатлон ба мавзеи Қибҷиғоқ ( Қабҷиғоқ) дар Оқсарой, ки қасри Мирка буд нузул фармуд ва мунтазир мебуд» 13. Аз порчаи матни боло нуқтаи муҳим ҳамин аст, ки дар он қасри ҳокими Хатлон – Оқсарой ва мавқеи ҷойгиршавии он –Қибҷиғой номбар шуда ва илова бар Ҳулбук ин дуввумин қасри ҳокимони Хатлон аст, ки аз он Шарафуддин Алии Яздӣ дар «Зафарнома» ном бурдааст. Мо то ин вақт дар асоси маводи «Равзату-с-сафо»-и Мирхонд доир ба ҷойгиршавии қасри Оқсарой фикри худро изҳор намуда будем14. Вале Мирхонд дар Хатлон будани Оқсаройро номбар карда, доир ба мавзеи Қибҷиғоқ ҳарфе намегуяд. Баъакси он Шарафуддини Алии Яздӣ дар мавеи Қибҷиғоқи Хатлон ҷойгир шудани Оқсаройро зикр кардааст ва вобаста ба маълумоти Яздӣ дар бораи дар Қибҷиғоқи Хатлон ҷойгир будани Оқсарой, зикри ағбаи Батотӯ ва нақли муфассали хати ақибнишинии Муҳаммад Мирка ва дар атрофи шаҳри имрӯзаи Кӯлоб мавҷуд будани топонимҳои Бодомту, Тутӯ, Қипчоқ, Турконӣ, роҳи тиҷоратии Баҳорак, ки тавассути ин роҳ аз он тарафи Ҷайҳун гузашта ба Самарқанду Бухоро мерафтанд ва дар ин минтақа мавҷуд будани роҳи Дарвоз бо боварии пурра метавон гуфт, ки қасри даврони темуриёни Хатлон –Оқсарой дар қисми шарқию шимолии имрӯза шаҳри Кӯлоб ҷойгир будааст. Сиккаҳои темурии аз инҷо ёфтшуда ин фикрро тақвият мебахшанд. Инчунин ҳаминро бояд ба назар гирифт, ки ашхоси маъруфу машҳури Кӯлоби давраи темурӣ аз он ҷумла, амир Омиршоҳ- падари Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ ва Хоҷа Алишоҳи Хатлонӣ дар ин минтақа зиндагӣ менамуданд.

Давоми нақли қиёми Муҳаммад Мирка чунин аст, ки «иттифоқо Усмон писари Оруғ Умар бо чанд навкар ба Самарқанд мерафт ва аз ақбаи Батотӯ гузашта ба сарчашма расид ва паи асбон дид, ки аз ҷода бурун рафта буд… бо навкарон равон шуд ва чун аз чанд пушта бигзашт Муҳаммад Миркаро дид бо чаҳор навкар, ки нишаста буданд ва асбонро ба алаф раҳо карда. Филҳол атрофу ҷавониби ӯ фуру гирифтанд ва Усмон Умар тохта асбонро, ки раҳо карда буданд ба даст оварда ва баъд аз он эшонро ҳам гирифта дар банд кашид ва хабар ба амирзода Умар шайх фиристод ва ӯро маҳбуси худ гардонида бозгашт ва мутаваҷҷеҳи шоҳзодаи мушорун илайҳ шуд. Ва ӯро (Миракро) рӯзи душанбе (соли 1388/89) дар аснои роҳ бинобар ишорате, ки аз он шоҳзода (Умаршайх) расид ба ёсоқ (қатл) расонид ва Абдулфатҳ бародарашро низ ҳамон шарбат чашониданд» 15. Ҳамин тавр, исёни яке аз ҳокимони саркаши Хатлон Муҳаммад Мирка, ки домоди Темурланг буд, фоҷиабор анҷом ёфта, Хатлон дар тобеияти империяи Темурланг боқӣ мемонад. Шарафуддин Алии Яздӣ дар бораи баъди марги Муҳаммад Мирка ҳокими Хатлон таъин шудани каси дигар маълумот надодааст.

Дар охир зарур донистем, ки як хатои олими узбекистонӣ Б.Урунбоевро, ки дар матни тавзеҳотии чопи соли 1969 «Зафарнома» вобаста ба номи яке аз ашрофзодаи темурӣ-Амирак Мири Донишманд ба назар мерасад чанд ҳарфе бигӯем. Гап сари он аст, ки баъди марги Темурланг, ки соли 1405 ба вуқуъ омада буд, Шарафуддин Алии Яздӣ дар бораи аз Ҳирот ба Бухоро омадани писари Темурланг- Мирзо Шоҳрӯх хабар дода, дар қатори дигар ашрофзодаҳое, ки ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, Амирак Мири Донишманд ном ашрофзодаро номбар менамояд. Урунбаев Б. ҳамин шахсро дар тавзеҳот Муҳаммад Мирка донистааст, ки хатост. Зеро чи тавре, ки гуфтем Муҳаммад Миркаро соли 1388/89 Усмон писари Орӯғ Умар ба қатл расонда буд. Олими эронӣ Муҳаммад Аббосӣ ба хато Амирак Мири Донишмандро низ Муҳаммад Мирка донистааст.

АБДУВАЛӢ ШАРИФЗОДА - мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи ИТБМ ба номи Аҳмади Дониши АМИТ

2 Шарафуддин Али Яздий. Зафарнома/Подготовка к печати…А. Урунбаева.- Ташкент: Фан, 1972.- с. 207 (л. 94 а).

3 Шарипов А. Чилчанори Ховалинг/Пажӯҳишҳо дар Осорхонаи миллӣ- Душанбе:Эҷод,№1, 2005-с.29-33

4 Шарафуддин Алии Яздӣ. Зафаронма/ Тасҳех ва таҳқиқи Сайид Саъид Мирмуҳаммад Содиқ, Абдуҳусайни Навоӣ- Теҳрон, Ҷ. I.,1387 ҳ.,- с. 257

5 Шарафуддин Али Яздий. Зафарнома/Подготовка к печати…А. Урунбаева.- Ташкент: Фан, 1972.- с. 285 (л. 133а).

§ Қаротегини имрӯзаи Тоҷикистон дар назар дошта шудааст, ки номаш дар матни «Зафарнома» ба шакли «قير تگين» омадааст. Шояд ин қадимтарин зикри номи Қаротегин ҳамчун воҳиди ҷуғрофӣ дар ҳамин шакл бошад. Албатта номи ин нохия дар шакли «Рашт»ва шаклҳои дигар низ дар сарчашмаҳои қадимтар ба назар мерасад.

6 Шарафуддин Али Яздий. Зафарнома/Подготовка к печати…А. Урунбаева.- Ташкент: Фан, 1972.- с. 286-287 (л. 133б,134а).

7 Шарафуддин Али Яздий. Зафарнома/Подготовка к печати…А. Урунбаева.- Ташкент: Фан, 1972.- с. 292 (л. 136б).

8 Мавлоно Шарафуддин Алии Яздӣ. Зафарнома. Ба тасҳеҳ ва эҳтимоми Муҳаммад Аббосӣ.- Теҳрон, Ҷ.1, 1336- с.178

9 Мавлоно Шарафуддин Алии Яздӣ. Зафарнома. Ба тасҳеҳ ва эҳтимоми Муҳаммад Аббосӣ.- Теҳрон, Ҷ.1, 1336- с.181

10 Мавлоно Шарафуддин Алии Яздӣ. Зафарнома. Ба тасҳеҳ ва эҳтимоми Муҳаммад Аббосӣ.- Теҳрон, Ҷ.1, 1336- с.320

11 Мавлоно Шарафуддин Алии Яздқ. Зафарнома. Ба тасҳеҳ ва эҳтимоми Муҳаммад Аббосӣ.- Теҳрон,1, 1336- с.490

12 Шарафуддин Али Яздий. Зафарнома/Подготовка к печати…А. Урунбаева.- Ташкент: Мавлоно Шарафуддин Алии Яздӣ. Зафарнома. Ба тасҳеҳ ва эҳтимоми Муҳаммад Аббосӣ.- Теҳрон, Ҷ.1, 1336- Фан, 1972.- с. 409 (л. 195а).

13 Шарафуддин Али Яздий. Зафарнома/Подготовка к печати…А. Урунбаева.- Ташкент: Фан, 1972.- с. 411 (л. 195а).

14 Шарипов А. Хатлон дар аҳди Темуриён/Тоҷикистон- Душанбе.№4-6.2004-с.18-19

15 Шарафуддин Али Яздий. Зафарнома/Подготовка к печати…А. Урунбаева.- Ташкент: Фан, 1972.- с. 411 (л. 196а).