Перейти к основному содержанию

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ дар қонунгузории худ ҳуқуқи байналмилалӣ ва меъёрҳои эътирофшудаи умумибашариро ҷой дода, дар заминаи эҳтиром гузоштан ба арзишҳои инсонӣ рушд карда истодааст. Бо назардошти чунин воқеият, кишвари мо ба хотири таҳкими ҷомеаи демократӣ, озод, ҳуқуқбунёд ва рушдкарда бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкории мутақобилан судманд дорад. Натиҷаи сиёсатгузориҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз Истиқлоли сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон эътироф намуда, бо 186 кишвар робитаҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Инчунин, бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти низоми муносибатҳои байналмилалӣ эътироф намуда, узви комилҳуқуқи худ меҳисобанд.

Дар баробари ин, дар марҳалаи муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон узви 57 созмони минтақавию байналмилалӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид (минбаъд СММ) гардида, барои тақвияти ҳамкориҳо бо сохторҳои таркибии ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ шароит фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла мубориза бо терроризму ифротгароӣ, мушкилоти вобаста ба обу иқлим, таъмини рушди устувор ва ғайра ҳамкории фаъолро ба роҳ мондааст.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мебошад, ки робита бо чунин созмонҳо дар таҳким ва рушди Истиқлоли сиёсӣ нақши муаассир гузошт. Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ бо дигар созмону ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкориҳоро дар бахшҳои гуногун роҳандозӣ намудааст.

Бояд қайд намуд, ки барқарории робита ва ҳамкорӣ бо созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ дар рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи муҳим гузошт. Инчунин, кишвари мо дар ҳошияи робита бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои иқтисодиро низ ба роҳ мондааст. Маҳз натиҷаи сиёсати санҷидашуда, воқеӣ ва амалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои молиявию иқтисодии ҷаҳон, аз қабили сохторҳои алоҳидаи СММ, Бонки ҷаҳонӣ, Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва Бонки авруосиёии рушд ҳамкориҳои мутақобилан судманд дорад.

Дар марҳалаи муосир принсипҳои асосӣ ва анъанаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои афзалиятноки рушди кишвар, аз ҷумла таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона шуда, дар ин муддат сиёсати “дарҳои кушода”, ҳамчун фарҳанги ҳамзистӣ бо шароити муосир аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардида, дар асоси он сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун ва прагматикӣ тарҳрезӣ шуд ва тавсеаву таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои гуногуни олам роҳандозӣ гашт. Ба шарофати ин сиёсат Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ мустаҳкам сохта, бо назардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳои худро таъмин кард. Аз ин рӯ, сиёсати “дарҳои кушода” меҳвари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷассум мекунад.

Бояд хотирнишон сохт, ки дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бештар аз 350 санади байналмилалӣ ба мисли Конвенсияҳо, Хартияҳо ва Эъломияҳои байналмилалӣ аъзо шуда, уҳдадориҳои худро дар мавриди расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли он иҷро менамояд.

Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои аъзои созмонҳои молиявиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб медонанд. Инчунин, ба густариши ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (минбаъд СҲИ) дар бахшҳои тиҷорату нақлиёт, энергетика, саноат ва кишоварзӣ чун шарти муҳимми таъмини рушди устувор дар минтақа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида истодааст.

Маврид ба қайд аст, ки кишварҳои аъзои СҲИ имкониятҳои васеи рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро доранд. Тӯли солҳои охир, кишварҳои аъзои СҲИ баҳри таъмини рушди босуботи муносибатҳои минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Барои расидан ба ин ҳадаф, СҲИ лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика, савдо, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва мубориза зидди қочоқи маводи мухаддир татбиқ мекунад.

Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар доираи созмони минтақавию байналмилалӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба густариши ҳамкориҳои судманд бо СҲИ манфиатдор аст. Зеро созмони мазкурро ҳамчун ташкилоти минтақавии дорои аҳаммияти хоссаи геостратегӣ ва имкониятҳои бузурги иқтисодӣ мешиносад. Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори он аст, ки фаъолияти СҲИ дар самти татбиқи лоиҳаҳои минтақавии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ, коммуникатсионӣ ва энергетикӣ тақвияти бештар касб кунад.

Лозим ба ёдоварист, ки 4 – июли соли 2025 Ҳамоиши 17 – уми СҲИ, ки дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Дар кори Ҳамоиши мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, рушди ҳамкории гуногунҷанба дар доираи СҲИ – ро нек арзёбӣ намуданд.

Инчунин, дар ин Ҳамоиш муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои СҲИ матраҳ гашта, масъалаҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт:

¾ таҳияи санади дахлдор оид ба натиҷаҳои иҷрои санади “Чашмандози ЭКО-2025” дар ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзо, ки ба истифодаи комили зарфиятҳои мавҷудаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ равона шудааст;

¾ ҳифзи рушди иқтисоди кишварҳои аъзои СҲИ бо вуҷуди таъсири манфии равандҳои мураккаби сиёсию иқтисодӣ дар ҷаҳон;

¾ афзудани ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба як соли пеш 18 фоиз зиёд аст;

¾ тавсеаи рушди робитаҳои нақлиётӣ ва долонҳои нақлиётии гуногунвосита;

¾ ҷонибдории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафъи монеаҳои тиҷоративу нақлиётӣ, соддагардонии транзит, пайвастшавии шабакаҳои роҳҳои заминӣ, оҳан ва ҳавоии кишварҳои аъзо;

¾ анҷом додани иқдомоти зарурӣ баҳри баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти ҳамкорӣ дар ин самт ҷиҳати рақамикунонии санадҳои транзитӣ-молӣ;

¾ мусоидат намудан ба тавсеаи тиҷорат ва таъмини бехатарии он, ҳамчунин, сарфаи вақт ва афзоиши ҳамлу нақли байналмилалӣ;

¾ тавсеаи ҳамкории кишварҳои аъзо дар соҳаҳои афзалиятноки энергетика, аз ҷумла истифодаи рӯзафзуни энергияи таҷдидшаванда, тавлиди неруи “сабз” ва рушди иқтисоди “сабз”;

¾ татбиқи пурраи тарҳи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи CASA-1000-ро барои кишварҳои иштирокдори он муҳим ва таҳияи Стратегияи таъмини устувории энергетикии минтақаи СҲИ;

¾ тавсеаи ҳамкории кишварҳои аъзои СҲИ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи саноат ва кишоварзӣ;

¾ афзоиш додани маблағгузорӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, бахусус миёна ва хурд, аз ҷумла дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ;

¾ таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди агротехнологияҳо, ташаккули кишоварзии “зеҳнӣ” ва таъсиси маҷмааҳои агросаноатӣ;

¾ андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати коҳиш додани пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва таҳдиди офатҳои табиӣ дар доираи СҲИ;

¾ тавсеаи ҳамкории минбаъдаи кишварҳо дар доираи барномаҳои ҳифзи муҳити зист, барқарорсозии низоми экологӣ ва мубодилаи таҷрибаву технологияҳо дар ин соҳаҳои мазкур;

¾ ҳавасманди идомаи таҳкими робитаҳои судманди фарҳангиву гуманитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи СҲИ;

¾ тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ;

¾ коҳиш додани шиддатнокии вазъ ва барқарорсозии сулҳи пойдор дар Ховари Миёна танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ.

Ҳамин тариқ, таҳавули ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар роҳи ба ҳам овардани саъю талошҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои умдаи рушди қитъаи Осиё, густариш ва бо мазмуни амалӣ ғанӣ гардонидани ҳамкориҳо саҳм гирифта, барои тақвияти нақши он манфиатдор маҳсуб меёбад. Натиҷаи таҳаввулоти ҳамкориҳои мутақобилан судманд аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ба сифати кишвари ташаббускор дар ҳалли мушкилот ва муаммоҳои гуногуни ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

Раҳмонзода Азимҷон, ходими калони шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои таърих