Перейти к основному содержанию

Рӯзи 30 июн ҳамасола ибтидо аз соли 2016 ҳамчун “Рӯзи байналмилалии астероид” таҷлил мегардад, ки ҳадафи он баланд бардоштани огоҳии мардум оид ба хатари эҳтимолии астероидҳо ба Замин мебошад.

Чаро ин рӯз муҳим аст?

Дар таърих 30 июни соли 1908 ҳодисаи маъруфи Тунгуска рӯй дода буд, ки як ҷирми осмонӣ (астероид ё комета) дар болои Сибир таркид ва зиёда аз 2000 километри мураббаъ ҷангалро хароб кард. Ин воқеа нишон дод, ки ҳатто як ҷирми хурди осмонӣ метавонад ба муҳити Замин таъсири ҷиддӣ расонад.

Астероид чист?

Астероидҳо ҷирмҳои хурди Низоми офтобӣ мебошанд, ки асосан дар байни мадорҳои Миррих ва Муштарӣ ҷойгиранд. Онҳо шакли номунтазам доранд ва даври гардиши онҳо дар атрофи меҳварҳои худ аз 2 то 17 соатро ташкил медиҳад. Ҳаракати астероидҳо дар атрофи Офтоб дар ҳамон самт бо ҳаракати сайёраҳои калон ба амал меояд, вале эксентриситет ва моилии мадори онҳо ба ҳисоби миёна хеле калонтар аст. Аз рӯи сохти худ астероидҳо се намуд мешаванд: оҳанӣ, асосан аз хӯлаи оҳану никел бо омехтаи ками моддаҳои дигар; сангӣ – оҳанӣ, ки ба хисоби миёна 50 фоизи оҳану никел ва 50 фоизи маъданҳои силикатӣ; сангӣ, ки асосан аз силикат бо омехтаи охану никел иборат аст. Астероидҳо ҳангоми ҳаракар дар мадорҳои худ зери таъсири сайёраҳои азим мадорашон доимо тағйир меёбанд, ки дар натиҷа мадори онҳо мадори Миррих, Замин ва дигар сайёраҳоро бурида ба онҳо наздик мешавад, ки чунин астероидҳоро “астероидҳои наздизаминӣ ва астероидҳои эҳтимолан хатарнок” меноманд. Ҳангоми буриши мадорҳо хавфи ҳақиқии бархурд ё наздик шудани астероид ба сайёраҳо ба амал меояд.

Ҳадафи “Рӯзи байналмилалии астероид” чист?

1. Огоҳӣ намудани мардум оид ба аҳамияти омӯзиши астероидҳо.

2. Ҳавасманд кардани ҷавонон ба омӯзиши астрономия ва илмҳои кайҳоншиносӣ.

3. Дастгирии барномаҳои байналмилалӣ барои пайгирии ҳаракати астероидҳо ва таҳқиқи роҳҳои муҳофизати Замин аз эҳтимоли бархӯрди онҳо.

Чӣ гуна метавон муҳофизат шуд?

Мушоҳидаи астероидҳо бо ёрии телескопҳои кайҳонӣ ва заминӣ, ҳисоб намудан ва назорати ҳаракати астероидҳоро, барои дар оянда тағйир додани масири ҳаракати астероидҳоро, бо истифода аз мушакҳо ё таъсири қувваи ҷозиба замина мегузорад.

Хулоса

Рӯзи байналмилалии астероид моро водор менамояд, ки ҳамкориҳои илмӣ барои муҳофизати Замин аз таҳдидҳои кайҳонӣ (наздикшавӣ ва бархурии кометаҳо, астероидҳо, метеорҳо), чӣ қадар муҳим аст. Омӯзиши астероидҳо на танҳо барои ҳифзи сайёра, балки барои таҳқиқи пайдоиши Низоми офтобӣ низ нақши калидӣ дорад.

Бӯризода Анвар Маҳмад Директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон