Перейти к основному содержанию
Дар таърихи ҳар миллат лаҳзаҳое ҳастанд, ки на танҳо барои шодиву ҷашн, балки барои андешаронӣ, худшиносӣ ва навсозии масъулият муҳиму муассиранд. Яке аз чунин рӯзҳои сарнавиштсоз барои Тоҷикистон 23 май — Рӯзи ҷавонон аст, ки он ба наслест, ки имрӯзу фардои Ватанро бо ормон, ирода ва донишаш месозад.

Ҷавонӣ як фасли зиндаги нест — ҷавонӣ як масъулият аст. Масъулияти интихоб, масъулияти бунёд, масъулияти ҳифзи ҳама чизе, ки аз гузашта ба мо расидааст ва ба фардо бояд расонида шавад. Ҷавонӣ роҳи миёни хотираи таърих ва ормонҳои оянда аст.

Имрӯз мо шоҳиди онем, ки ҷавонони тоҷик дар зери парчами истиқлолият парвариш ёфта, бо ҷаҳонбинӣ ва тафаккури тоза вориди саҳнаи сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ мегарданд. Онҳо дигар фақат паси парда нестанд, балки худ саҳнасозанд — саҳнасози фарҳанг, эҷод, рушди технологӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ.

Дар шароити муосири ҷаҳони пурпечу тоб, ки ҳам имкониятҳо ва ҳам хатарҳо дар як мизон қарор доранд, нақши ҷавонон бештар аз ҳарвақта муҳиму муайянкунанда аст. Ин насл бояд омӯзад, биандешад, навовар бошад, вале дар баробари ин, худшиносу ватандӯст боқӣ монад. Вақте ҷаҳони рақобат пурзӯр мешавад, ҷавони тоҷик бояд дар баробари ҷаҳоннамоӣ, тамаддунофарин ва рисолатшинос бошад.

Имрӯз, вақте аз ҷавон сухан меравад — сухан аз нигоҳи нав меравад. Аз дидгоҳи созанда. Аз ангезае, ки ҷаҳонро тағйир дода метавонад.

Бо роҳнамоии Пешвои муаззаму меҳрубони миллатамон ва бо сиёсати ҷавонпарваронаи давлат, насли ҷавон имкониятҳои фаровон дорад — аз таҳсил дар хориҷ то дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ. Аммо имконият — кафолати пешрафт нест, балки имтиҳони масъулият аст. Чӣ гуна истифода бурдан аз ин имкониятҳо, ҷавобест ба саволи оддӣ: "Оё мо сазовори ин бовар ҳастем?"

Рӯзи ҷавонон — рӯзи таҷлили рӯҳи навҷавон, нерӯи зиндагисоз ва тавоноии инсонест, ки дар орзуи ободии хоки падару модараш месӯзад. Ин рӯз на танҳо иди синну сол, балки иди андеша, ғамхорӣ ва вафодорӣ аст.

Ҳар як ҷавон бояд як сутуни маънавии ҷомеа бошад — бо қаламе, ки воқеиятро менависад, бо овозе, ки ҳақиқатро мегӯяд, ва бо амале, ки имонро ба фардо таҳким мебахшад.

Ҷавон будан, маънои дилбастагии беинтиҳо ба зиндагист. Ва ҷавони тоҷик будан — шарофат ва масъулияти гаронест дар баробари таърих ва фардо.

Пас бигзор Рӯзи ҷавонон — на танҳо як сана, балки як оғози дигар барои худсозӣ ва Ватансозии ҳар яки мо бошад.

Бо шукргузорӣ аз ин замону сарзамин,
Бо дилу нияти поку хиради равшан,
Мегӯем: Мо ҷавонем! Мо сазоворем! Мо Ватанпарварем

Султонов Ҷасурбек Магистранти курси 1-уми ихтисоси идоракунии давлатӣ-и Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе