Перейти к основному содержанию

(Бахшида ба 23 - май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон)

Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат буда, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа мебошад, зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон

123123123Самараи неки истиқлолият ва баракоти сулҳу суботи сиёсии кишвар аст, ки дар мамлакати мо ба масоили марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Воқеан, ҳам истиқлолият ҳамчун дастоварди олӣ ва нодири мардуми шарафманди кишвар ҷиҳати тавсеаи имконот ва шароити мусоиду арзанда барои насли ояндасоз - ҷавонон заминаи мусоид фароҳам овард.

Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани сарвари давлат боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ дучанд менамояд.

Бо дастгирии Пешвои миллат, саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он 23-юми май Рӯзи ҷавонон мебошад. Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон натанҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан кӯмаку ҳамдастии гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон аст. Ба ин маънӣ кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи мо, ҷавонон, умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд.

Бояд қайд намуд, ки қадамҳои аввалин дар роҳи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакатамон бо ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ҳанӯз 13 марти соли 1992 гузошта шуда буд. Дар ин давра кишвари мо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба дастовардҳои хеле бузург ноил гардид.

Ҷавонони кишвар низ худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии хешро сарбаландона адо менамоянд ва барои рушду нумӯи кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю такондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозанд.

Ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша намуда истодаанд.

Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем. Зеро ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Бевосита талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

Боиси ифтихор аст, ки давлату ҳукумати кишвар рушди маориф ва илмро аз самтҳои афзалиятноки кишвар дониста, баҳри пешрафти соҳаҳо дар зарфи 33-соли истиқлолияти давлатӣ ҳамаи шароитҳоро фароҳам оварданд.

Бахусус дар раванди илму донишомӯзӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, рамзҳои давлатӣ, фаъолгардонӣ ва маърифатнокии ҷавонон баҳри бунёди давлати ҳуқуқбунёду соҳибистиқлол корҳои ҷолибу назаррас ба анҷом расиданд.

Шароити беҳтарин дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омузишгоҳҳову коллеҷҳо фароҳам шудааст, ки мо ҷавонон илм омӯзему баҳри ин ватани азизамон хизмати шоиста ба ҷо орем.

Илова бар ин, бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат соли 2017 – Соли ҷавонон эълон гардида буд, ки ин ҳама аз таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои миллат ба ҷавонон гувоҳӣ медиҳад. Мо ҷавонон хушнуд аз он ҳастем, ки ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат нисбат ба мо ҷавонон рӯз то рӯз зиёд гардида истодааст.

Бо сарфарозӣ ва ифтихормандӣ изҳор менамоем, ки дар идомаи пуштибониҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат дар роҳи саодати халқу Ватани азиз бо тамоми ҳастӣ, бо дасту дили пок, умеду ҳадафҳои созанда саҳм мегузорем.

Мо, ҷавонон аҳди ҷавонмардӣ медиҳем, ки ба қадри суботи комили кишвар мерасем ва чун пайравони асили Пешвои муаззами миллатамон ба халқ ва Тоҷикистони азиз содиқона, софдилона ва поквиҷдонона хизмат менамоем!

Бо истифода аз фурсати муносиб кулли ҷавонони Тоҷикистонро бо Рӯзи ҷавонон табрику муборакбод намуда, таманнои онро дорам, ки ҳар як фарди ҷавони тоҷик ба қуллаҳои муроди хеш бирасад ва давомдиҳандаи кору пайкори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд.

Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул - Ходими илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир, раиси Иттифоқи касабаи кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ