Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурустиву саноат саҳми ҳалкунанда доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ кафолат медиҳад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, ҳамзамон давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва самти иҷтимоии ҷавононро дар мадди аввал қарор медиҳанд.
Дар ҳақиқат ҷавонӣ навбаҳори зиндагонист. Умри инсон чанд марҳилаҳо зеботарину дилнишинтаринаш фасли ҷавонист. Зеро дар ин фасл шахс солиму нерўманд ва барнодилу болидарўҳ аст. Оре, ҷавонӣ ишқу орзуи нотакрор ва лаҳзаи беҳтарини зиндагист: Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозӯи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар яке аз суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо ҷавонони лаёқатманди кишвар омадааст: “Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ гузорем, зеро иштироки ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дошта, тақдири ниҳоии раванди мазкур аз бисёр ҷиҳатҳо ба ин қувваи бузург сахт алоқаманд аст”.
Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.
Оре, кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи ҷавонон умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллатанд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешрафта мегардад, зеро бунёди роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, пулҳои боҳашамат ва нақбҳои нақлиётӣ нишонаи рушду нумӯ аст, ки моро ба тамоми қитъаҳои дунё мепайванданд.
Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи ҷавонон бошанд ва афкору андешаи тозаи онҳо ба роҳ ёфтани ақоиду амали гурӯҳҳои тундраву ифротгаро дар фазои Ватан имкон надиҳад.
Раҳматуллоева Гулноза Мӯҳриевна - ходими калони илмии МД Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионии Академияи миллии илмҳоӣ Тоҷикистон