Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 07 май бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои олӣ, бахусус намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони созмон ва кишварҳои муқими Тоҷикистон ва дигар намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар конференисияи мазкур , сараввал раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад баромад намуда, изҳор намуданд, ки воқеан Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо буда, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин иқдомҳои ду даҳсолаи охир, ки Тоҷикистон барои наҷоти башарият равона гардидааст, пазироӣ намуда, пуштибонӣ мекунад. Таъкид гардид, ки бо муҳимияти ин масъала бори дигар 3 -юми марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар шакли видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки «ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар шароити имрӯза маҳз мавқеъгирии маҷмуӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра, рушди иқтисоди «сабз» ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад. Мо аз иқдоми Президенти Тоҷикистон дар ин самт истиқбол мекунем».

Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда , изҳор доштанд , ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об , ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад , метавонад ба оқибатҳои ба ғоят манфӣ оварда расонад. Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва накӯаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақҳаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад.

Ёдоварӣ карда шуд, ки аз рӯи таҳлили коршиносон солҳои охир пиряхҳои Тоҷикистон босуръат об шуда истода то имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз як ҳазораш комилан об шудааст . Тайи чанд даҳсолаи охир ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд , ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст. Мутобиқи ҳисоботи пешакӣ, то соли 2030 зиёдшавии истифодабарии об дар Осиёи Марказӣ 15-20%- ро ташкил медиҳад. Агар боз камшавии ҷараёни дарёҳоро дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба ҳисоб гирем, вазъияти бавуҷудомада хатарбор мегардад .

Дар идомаи чорабинӣ дигар маърузачиён низ вобаста ба ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуда, ташаббусҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об хеле муҳим ва саривақтӣ унвон намуданд. Баён карда шуд, ки Пешниҳоди Сарвари тоҷикони ҷаҳон оид ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза», сол ҳ ои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 ” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфтанд. Маълум аст, ки дар даҳсолаҳои охир инсоният ба таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ дучор гардид: инҳо тағйирёбии иқлими сайёра ва бар асари он зиёдшавии фалокатҳои табиӣ , обхезӣ , яхчу тармафароӣ , обшавии пиряхҳо , проблемаҳо оид ба таъминоти об бинобар зиёдшавии босуръати аҳолӣ , хурӯҷи бемориҳои сирояткунанда ва ғайра мебошанд.