Терроризми биологӣ ин истифодаи вирусҳо, бактерияҳо ва микробҳо бо мақсади сирояткунонии одамон ва қасдан мубтало намудани инсоният мебошад. Ҷинояторон барои гузаронидани кирдорҳои террористии худ метавонанд аз маводҳои биологӣ истифода баранд, ба монанди барангезандагони сироятии иллатангез (организмҳои потогенӣ, вирусҳо, бактерияҳо, микробҳо), заҳрҳои табии дар табиат буда, заҳрхои пайдоишашон аз растаниҳо ва ҳайвонот ва ғр., бо мақсади шикасти одамон, ҳайвоноти хонагию ваҳшӣ, зироатҳои кишоварзӣ ва зарари иқтисодӣ овардан ба кишварҳо мебошад. Бо истифода бо маводҳои мазкур , пеш аз ҳама қисми ками одамон, ҳайвонот ва растаниҳоро иллатангез менамоянд ва дар байни аҳолии кишварҳо, минтақаҳо воҳима ва ҳаросонӣ паҳн мекунанд ва дар натиҷа тамоми олам ё минтақаро ба иллат гирифтор менамоянд.
Ба ғайр аз он хайфҳои замонавии имрӯза истифодаи маводҳои организмҳои тағйирдодашудаи генӣ (ГМО) низ мебошад. Хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон парвариши растаниҳои бо тарзи ГМО ба даст овардашуда, манъ када шудааст. Олимони дунё оид ба истифода ва безарар ё зараровар будани чунини организмҳо фикру андешаи ягона надоранд. Аз ин рӯ доир ба истифодаи чунин ғизоҳо эҳтиёткориро аз даст надиҳем.
Барои пешгирӣ намудан аз терроризми биологӣ ба аҳолии кишварҳо тавсияи мутахассисони соҳа лозим буда, роҳҳои таъмини бехатарии он ва дар ҳолати мавҷуд будани чунини хатарҳо, фаолияти инсонҳо дар кишварҳо, бояд аз нуқтаи назари мутахиссони соҳа ба роҳ монда шавад. Баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ доир ба бехатарии ғизо ва хатарҳои терроризми биологӣ имкон медиҳад, ки чунин хатарҳои ногаҳонии террористӣ саривақт пешгирӣ карда шаванд.
Зарурияти коркарда баромадани чорабиниҳои комплексии саривақтӣ барои таъмини бехатарии биологӣ ва задагардонидани таҳдидҳои терроризми биологӣ лозим аст. Аз ин лиҳоз бояд дар ҳолати гузаронидани таҳқиқотҳои соҳавӣ бо организмҳои патогенӣ бояд эҳтиёткор бошем.
Саидалӣ Гулов, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биологӣ, профессор