Перейти к основному содержанию

Ба истиқболи Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон

«Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хидмате анҷом дода, чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ буда, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад...».

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаҳони имрӯза ё ба ибораи дигар “ҷаҳонишавӣ” ба роҳу равандҳои муосири худ дар гирдоби масоили печида, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизм, ва корбурди «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгаро дар гирифт қарор дошта, василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидааст. Роҳбарону донишмандонро лозим аст, то барои дарки дуруст ва ҷилавгирӣ аз хавфу хатароти он пайваста ҷидду ҷаҳд намуда, насли навраси худро дар партави хирад тарбият намоянд .

Ҳамин тариқ, паёму мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи бештари давлату миллатҳо қарор гирифтааст. Бояд қайд кард, ки масоили мубрами аҳли сайёраро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавриди таваҷҷӯҳи хос қарор дода, 23 сентябр соли 2024 зимни суханронӣ дар Ҳамоиши Оянда-и СММ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.

Президенти Тоҷикистон чун як абармарди сиёсати кишвар бо машварату роҳнамоиҳои созандаву саривақтӣ баҳри зиндагии озоду орому осоиштаи мардуми сайёра бахшида шудааст.

Кишвари мо бо эҷоди мактаби сулҳу салоҳу созандагӣ мақом ва манзалат пайдо карда, ба яке аз амнтарин кишвар табдил ёфт. Ҳамин тариқ, Тоҷикистону мардумони он чун кишвари сулҳофарину созанда, диёри фарзонагони илму адабу тамаддуну маърифат, макону манбаи кӯҳҳои осмонбӯсу обҳои тозаву чашмаҳои мусаффо шинохта шуда машҳури ҷаҳон гаштааст.

Нақши олимону адибон, сафирон, рӯзномаву маҷаллаҳо, китобу мақолаҳо ва институтҳову марказҳои тадқиқотиву таҳлилӣ дар рушди илму маориф хело муҳим арзёбӣ гардида, тавассути истифодаи неруи хирад ва малакаву маҳорати муаллимону мураббиёну муҳомиёни ҷомеа рӯз ба рӯз тавсеа меёбад.

Мавриди зикр аст, ки Рӯзи илм бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 15 апрел чун Рӯзи илм ва 23 май Рӯзи Ҷавонон қайд карда мешавад. Ба ин муносибати хостем назари таҳлилие ба нақши олимон ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ва ҷавонони Тоҷикистон дошта бошем. Зеро дар бештари ин муассисаҳо насли ояндасоз яъне фарзандони мову шумо таҳсил мекунанд, ки ояндаи миллат маҳсуб меёбанд. Ҷомеаву миллатҳо бо доштани неруву хирад ва донишманддону донишдӯстон паӣваста рушд мекунанду мардумони худро ба сӯи фардои нек роҳнамоӣ менамоянд.

Бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рақамикунонии иқтисодиёти мамлакат таваҷҷуҳи хоса равона шуда, Масъалаи «ҳукумати электронӣ» ва «рақамикунонии иқтисодиёт» дар Паёми Пешвои миллат нуктаи асосиро ташкил медиҳад. Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат санаи 28 декабри соли 2024 чунин қайд гардид, ки “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст”.

Мавриди зикр аст, ки барои тавсеаи ва рушди чунин ҳадафҳои олӣ ва тарбия насли наврас бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасъсис гардид.

Дар Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо аз рӯйи 14 самт аз ҷумла техника ва технология, нақлиёт, энергетика, меъморӣ ва сохтмон, кишоварзӣ ва ғайра мутахассис омода мешаванд. Ҳамчунин 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 10 самт аз ҷумла омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, ҳуқуқ кадр омода мешаванд.

Бешак илму маърифат яке аз омилҳои асосии рушд буда, олимону муассисаҳои илмии кишвар чун захираи бузурги зеҳнии ҷомеа баҳри пешрафт ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоӣ нақш мебозанд. Истиқлоли давлатӣ шароити муносиб фароҳам омад, то таҳқиқоти илмӣ, эҳёи мероси фарҳангӣ ва таърихи тоҷикон бештару беҳтар муаррифӣ гардад. Ҳамин буд, ки Тоҷикистони навин бо ташаббусҳои созандаии худ миёни кишварҳои ҷаҳон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин бештару беҳтар шуҳрат пайдо кард. Дар муаррифии Тоҷикистон ва пешрафти илму маорифу ҷомеа нақши олимон ва муассиҳои илмӣ бо устодону шогирдони худ нақш доранд.

Дар ҳама давру замон омӯзиш дар мадди аввал истода, имрӯз ҳам таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба ҳамин самт равона гардидааст. Инро ба инобат гирифта, бо талоши фарзандонӣ фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифу таҳсилоти касбӣ сол аз сол рушд карда истодааст. Пешвои миллат дар ҳар баромадашон оид ба соҳаи маорифу таҳсилолти касбӣ, қайд менамоянд, “Ҷавонон нерӯи асосии пешбарандаи давлату миллат ба ҳисоб мераванд ва таълими дурусти онҳо ба омӯзгор ҳам қарз асту ҳам фарз”.

Кишвар аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф, таҳсилоти касбӣ ҳамчун омили асосии тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, самтҳои гуногуни онро бо қабули баномаҳо рушд ва тақвият дода истодааст. Қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои маорифу таҳсилоти касбӣ ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорону устоҳои таълимии истеҳсолӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшиданд. Дар ҳоли ҳозир китобу маводҳои таълимӣ бо назардошти шароити нав таҳия ва чоп гардида, бар замми ин, омӯзгорони соҳибтаҷриба бо истифода аз имконоти фароҳамовардашуда аз шабакаҳои иҷтимоии таълимӣ дар рушди он саҳм мегузоранд.

Шоир шаҳири Шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар як шеъри худ ишора мекунад, ки сармояи асосии ҳар миллат эҷод кардани насли наврас буда, пайваста талош бояд намуд то бо он зарару осебе барояш нарасад. Зеро ҷомеаи хубу солиму созанда бо мардону занони донишманду поксиришту покдоман, чун сутуни ҷамъият заминаи фарохро бабор меоварад. Дар ин зимн,бузургони забону адаб, аз ҷумла Аллома Иқболи Лоҳурӣ ҷавононро заминагузори асосии ҷомеа медонад ва муносибату мукотибаи онҳо дар масоили корбудрди давлатдорӣ муҳим ва зарурӣ ҳисобида мешавад. Иқболи Лоҳурӣ дар бо шеваи зебои забони тоҷикӣ ба ҷавонон чунин ишора карда, мегӯяд:

Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,

Эӣ ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони шумо!...

Аз нигоҳи Иқбол чун марди фозилу фаӣласуфи Шарқ ҷавонон бо саводнокӣ ва фаросату фасоҳати забониву адабии худ масоили мубрами ҷомеаашонро ҳаллу фасл карда, монеаҳоро бо хираду зиракии сиёсӣ убур карда, аҳдофу арзишҳои озодиву истиқлол, бахту саъодатро барои мардумони худ фароҳам меоваранду Ватанро аз чашми ҳасудону зиёноварон ҳимояву ҳифозат мекунанд. Нигоҳи ӯ ба таълиму тарбия ва ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон низ бо ифодаи зебои шоирона бофта шудааст.

Дар Паёму мулоқотҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои асосии ҳамаи муассисаҳои олии илмӣ ва касбии кишвар бо шумули Академияи миллии илмҳо, Донишгоҳи миллӣ ва донишкадаву коллеҷҳои касбӣ ба монанди Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе, Литсейи касбии техникии саноати нассоҷии шаҳри Душанбе ва Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид мешавад, ки “Махсусан, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар маҳсуб ёфта, ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти рақобати илмии ватанӣ корҳои таҳқиқотиву технологиро бештар вусъат бояд диҳанд”.

Мавриди зикр аст, ки охирҳои солҳои солҳои 1964 ё дақиқтар санаи 24 майи соли 1965 Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо Қарори иҷроияи Совети депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Душанбе ҳамчун Техникуми индустриалӣ-омӯзгории шаҳри Душанбе ба истифода дода шудааст. Ҳамин тариқ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2014, «Низомномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе аз тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки фаъолияти муассисаҳои таълимиро ба танзим медарорад, амалӣ месозад. Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дорои як бинои чорошёна буда, ҳамчун бинои таълимӣ ва хобгоҳ истифода бурда мешавад. Инчунин Коллеҷ дорои устохонаи кафшергарӣ, устохонаи ҳарротӣ, устохонаи дуредгарӣ ва гараж мебошад. Бинои таълимии коллеҷ дорои шиносномаи техникии ҳавлӣ буда, масоҳати умумии таълимгоҳ 4761м2-ро ташкил медиҳад. Дар коллеҷ синфхонаҳо ва устохонаҳои таълимӣ ба мавод ва таҷҳизотҳои таълимӣ таҷҳизонида шудаанд, аз ҷумла синфхонаҳои: «Автомобил ва хоҷагии худрав », «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», «Таъминоти барқ», «Конструксияи биноҳо», «Сохтмони саноати шаҳрвандӣ»,«Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ», «Педагогика», «Психология», «Химия», «Забони модарӣ», «Математика», «Таърих», «Информатика» бо Ихтисосҳои Таълими касбӣ (мошинсозӣ), Таълимоти касбӣ (сохтмон), Таълимоти касбӣ (саноати сабук «Дӯзанда»), Таълими касбӣ (таъминоти техникии корҳои * кишоварзӣ), Таълимоти касбӣ (нақлиёти худрав), «Таъминоти барқ», «Меъмории ландшафтӣ», «Таҷҳизоти санитарӣ-техникии биноҳо ва иншоот», « Системаи компютерӣ ва Интернет – технология», «Иқтисодиёт ва ташкил дар соҳаи туризм» насли наврасро таълиму тарбият менамояд.

Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, тибқи самт, мақсад ва вазифаҳои дар санадҳо ва меъёрҳои марбута пешбинигардида, бо зиёда аз 10 муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ва дигар корхонаву иттиҳодияҳо ҳамкориҳои пурмаҳсулро ба роҳ мондааст. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори коллеҷ ва қарорҳои Шӯрои олимони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе фаъолияти пурсамар ба роҳ монда шуд.

Созишномаи ҳамкорӣ бо Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмонпазироии шаҳри Ҳайдарободи кишвари Ҳиндустон, ва чанд муассисисаи дигари ин кишвар ҳамкорӣ барқарор намуда, ҷиҳати ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ, ҳамасола бо ҷалби кормандон ва омӯзгорони коллеҷ конфронсҳои муштарак ташкил ва баргузор менамояд ва иштирокчиён бо сертификатҳои байналмиллалӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ҳамин тариқ, коллеҷи мазкур робитаашро бо кишварҳои Россия, Қазоқистон ва дигар мамолик тавсеа бахшида, ҳамкорӣ дорад. Бахш ҳамкории коллеҷро дар доираи лоиҳаҳои гуногун бо ташкилотҳои бонуфузи хориҷӣ ба монанди Барномаи рушди Созмони миллали муттаҳид, Бонки Осиёии рушд, Ташкилоти ҳамкориҳои Олмон ва дигар ташкилотҳо дар амал татбиқ менамояд.

Дар доираи нақшаи солонаи фаъолияти бахш ва берун аз он бахши робитаҳои хориҷӣ як қатор корҳоро ба нақша гирифтааст аз қабили густариш додани ҳамкориҳо бо лоиҳаҳое ки бо коллеҷ феълан ҳамкорӣ дошта, ташкили чорабиниҳои илмӣ-амалӣ, чиҳати пайвастани донишҷӯёну кормандон ба фазои илмию фарҳангии байналмиллалӣ ва дарёфти сарчашмаҳои молиявӣ, баҳри тавқият бахшидани базаи моддӣ-техникии муассиса бо машварату роҳнамоиҳо роҳбарият пайваста амалӣ мегардад.

Бо чунин қадамҳои нек дар рушди илм дар сохтори коллеҷи мазкур ислоҳот ворид гардида, он дорои муаллимони пуртаҷриба буда, баъзе аз онҳо номзади илм мебошанд. Дар коллеҷ бо фармоиши директор аз 18.09.2018, №139 Шуъбаи илм ва инноватсия яке аз қисми мустақили сохтори муассиса роҳандозӣ гардида, фаъолияти кории худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомнома ва Оинномаи муассисаи таълимӣ ба роҳ мондааст.

Мақсади асосии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Шуъба дар муассиса ноил шудан ба дастовардҳои нави илмӣ-техникӣ, ҳалли масъалаҳои гуногуни илмӣ, ки ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ ба раванди таълим дар робита бо илмҳои академӣ ва соҳавӣ мебошанд. Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар муассиса аз рӯӣ нақшае, ки онро Шӯрои олимони муассиса тасдиқ менамоянд, амалӣ карда мешавад.Самти фаъолияти шӯъба иборат аз ташкил ва инкишоф додани фаъолияти илмии устодон, кормандон, докторантон, доктор PhD, унвонҷӯён, магистрҳо ва донишҷӯён, равона кардани иқтидори илмии муассиса барои ҳалли масъалаҳои гуногун, ки ба рушди соҳаҳои мухталифи маҳфилҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ,мусоидат ва инкишофи тафаккури эҷодии донишҷӯён дар ҳалли масъалаҳои илмӣ-техникӣ ва ихтирокориву навоварӣ, ба нақшагирии конфронсҳои илмӣ-амалӣ ва илмӣ-назарявӣ, мизҳои мудаввар ва семинарҳо дар асоси пешниҳодҳои кафедраҳо ва факултетҳо, ташкил ва гузаронидани мизҳои мудаввар, семинарҳо ва маҳфилҳои илмӣ дар назди факултет ва кафедраҳ, омӯзиш ва назорати иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедраҳо, ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ва омӯзиш ва назорати пешниҳодҳои кормандони илмӣ мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон бо эҷоди мактаби сулҳу созандагии худ бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ҳамкориҳои пурсамари дуҷониба ва бисёрҷониба ба роҳ монда, дар партави он коллеҷи мазкур робитаҳояшро бо кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Аврупо ва Амрико, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба роҳ монда, зери шиори “Тоҷикистон ба пеш” кору фаъолият менамояд.

Хулоса шукрона аз он бояд кард, ки дар шароити имрӯз, ки аз рӯи ихтисосҳои техникӣ, омӯзгорӣ ва тиббӣ ташкилоту муассисаҳои кишвар ба мутахассисон ниёз дошта, талабот дар бозори меҳнати кишварҳои дигар низ ба ин мутахассисон меафзояд. Лиҳозо омода намудани кадрҳои баландихтисоси зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ талаботи замон буда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ на танҳо тағйир ёфт, балки муассисаҳои таълимӣ ба худ шакл ва мазмуни навро касб намуда, барои беҳтар намудани фаъолияти кории онҳо ниҳоди нав – Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳамин тариқ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» барои таҳияи дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳа имконият фароҳам оварда, раванди рушди ин намуди муассисаҳои таълимиро фароҳам хоҳад овард. Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсису ифтитоҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии бо шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ, техникию илмӣ ва таъмин бо кадрҳои баландихтисос нақши калидӣ мебозанд. Ҳамин тавр, барои кӯдакони синни томактабӣ низ, шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуда истодааст, то ин қишри ояндасозӣ ҷомеа пайваста омӯзанду дар оянда номбардори миллати худ гарданд.

Ҳамин тариқ, Рӯзи илм ва Ҷавонони кишвар дар фазои хело хуб бо имзои аҳдномаи дӯстии кишварҳо таҷлил гашта, солҳои 2020-2040 ҳамчун Солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон гардидаст, ки тавассути он тамоми сохторҳои илму маориф ва умуман, муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд, то ба таълими илмҳои табииву риёзӣ зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, андешаронии техникии насли ҷавонро бештару беҳтар тавсеа ва рушд диҳанд.

Мирсаид РАҲМОНОВ - ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ