Skip to main content

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 яке аз муҳимтарин санадҳои сиёсиву стратегии мамлакат маҳсуб ёфта, на танҳо натиҷаҳои рушди кишварро дар соли 2025 ҷамъбаст мекунад, балки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро барои марҳилаи минбаъдаи давлатдорӣ муайян месозад. Ин Паём дар шароите ироа гардид, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва иқлимӣ рӯбарӯ шуда, дар чунин вазъ муайян намудани мавқеи устувори миллӣ аҳамияти ҳаётан муҳимро доро мебошад.

Пешвои миллат ба рушди илм ва инноватсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид карданд, ки «бе рушди илм ва ҷорӣ намудани дастовардҳои он ба истеҳсолот пешрафти иқтисодӣ ғайриимкон аст». Ин нукта зарурати ҳамгироии илм, маориф ва истеҳсолотро нишон дода, роҳҳои гузариш ба иқтисоди донишбунёдро муайян месозад.

Дар баробаби ин муҳтарам Ҷаноби Олӣ чунин баён доштанд, ки “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тули беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим доимо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоям, зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллатро аз пешрафти илму маориф вобаста буда, заминаи мустаҳками он бояд имрӯз гузошта шаванд”.

Ба ибораи дигар, Пешвои муаззами миллат дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳиму тақдирсозро таҳкурсии ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморад. Бо ин мақсад Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2019 пешниҳод карда буданд, ки солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд.

Дар робита ба масъалаҳои дахлдор ба илмҳои криосфера Президенти кишвар иброз доштанд, ки омӯзиши пиряхҳо яке аз самтҳои муҳими илми ватанӣ ва ҷузъи сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад.

Охири соли 2022 ва моҳи августи соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд, ки мувофиқи онҳо соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034” эълон гардиданд. Дар ин робита, аз ҳамаи сохторҳои дахлдор даъват карда шуд, ки фаъолияти илмӣ ва амалиро дар ин самт густариш дода, дастовардҳои худро дар арсаи байналмилалӣ васеъ муаррифӣ намоянд.

Пешвои миллат аҳамияти стратегӣ ва ҷаҳонии мавзуи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар соҳаи обу иқлим қайд намуда, дар робита ба ин, пешниҳод намуданд, ки Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии илмии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» табдил дода шавад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок мавриди таҳлили амиқ қарор гирифт.

Пешвои миллат бо итминон изҳор доштанд, ки «ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа ва такягоҳи боэътимоди давлат мебошанд». Ин андеша нақши ҷавононро дар таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини ояндаи устувори кишвар таъкид менамояд. Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва фаъолияти касбӣ ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи миллат арзёбӣ карда шуд.

Боварӣ изҳор карда шуд, ки ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлол дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тараққиёти давлат ва ободии Ватани маҳбуб минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд.

Сарвари давлат қайд намуданд, ки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат ҳамчун самти калидӣ арзёбӣ шуда, ҷиҳати самаранок амалӣ гардидан бояд аз тамоми имкониятҳо истифода карда карда шавад, зеро ҷавонон неруи асосии пешбарандаи ҷомеа буда, дорои ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошанд. Онҳо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми бузург дошта, соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд.

Дар маҷмӯъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 як ҳуҷҷати мукаммали сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буда, роҳнамои рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб меравад. Ин Паём натанҳо дастовардҳои Тоҷикистонро дар давраи муайян ҷамъбаст мекунад, балки бо муайян намудани вазифаҳои мушаххас барои ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеа, дурнамои равшани ояндаи ҷавонони ҳисси миллиашон баландро нишон медиҳад. Мазмун ва муҳтавои Паём гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон роҳи рушди устувор, таҳкими давлатдорӣ ва беҳбудии зиндагии мардумро устуворона идома медиҳад.

Боқизода Адлиниссо – ходими илмии МДИ

Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ