Марҳалаи кунунии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо субот, устуворӣ ва тамаркузи стратегӣ тавсиф мегардад, ки ин нуктаҳо дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ инъикоси равшан ёфтаанд. Паёми мазкур ба таври низомманд натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро дар солҳои охир ҷамъбаст намуда, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро барои давраҳои миёнамуддат ва дарозмуҳлат мушаххас мекунад. Дар ин замина, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба унвони як санади расмии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, балки ҳамчун манбаи мукаммали стратегии таҳлилӣ арзёбӣ мегардад, ки вазъи кунунӣ, равандҳои динамикӣ ва мантиқи дохилии равандҳои таҳаввулоти ҷомеа ва давлатдории Тоҷикистонро дар шароити чолишҳои ҷаҳонию минтақавӣ мунъакис менамояд.
Соли 2025 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони як марҳалаи сарнавиштсоз ва нуқтаи қатъии инкишофи таърихӣ, саршор аз рӯйдодҳо ва дастовардҳои муҳими дорои аҳаммияти бунёдӣ барои тақвияти давлатдорӣ ва Ваҳдати миллӣ тавсиф шудааст. Яке аз авомили калидии субот ва рушди пойдор - баргузории муваффақонаи фарояндаҳои сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллӣ ва аъзои Маҷлиси миллӣ ба ҳисоб меравад. Ташкили ин равандҳо бар асоси принсипҳои шаффофият, волоияти қонун ва иштироки фарогири шаҳрвандон далели ташаккули фарҳанги устувори сиёсӣ ва камолоти ниҳодии ҷомеаи Тоҷикистонро нишон медиҳад. Суботи сиёсӣ, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони як арзиши меҳварӣ таъкид гардидааст, шарти зарурии татбиқи ислоҳот ва барномаҳои рушди дарозмуддат ба шумор меравад.
Мавқеи хосаро дар паёми Президенти кишвари мо масъалаи боз шудани гиреҳи таърихии марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, ки зиёда аз як аср ҳалношуда боқӣ монда буд, касб кардааст. Имзои Созишнома дар мавриди муайян намудани марзи давлатӣ, инчунин тавоффуқномаи сеҷониба бо ширкати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, яке аз дастовардҳои муҳимтарини сиёсати хориҷӣ ва минтақавии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин қарор на танҳо манобеи эҳтимолии танишро аз байн бурд, балки барои таъмини сулҳ, амният ва рушди равобити неки ҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ, ки комилан ба ҳадафҳои стратегии суханронии Роҳбари кишварамон мутобиқат мекунад, заминаи устувори ҳуқуқӣ ва сиёсиро фароҳам овард.
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши фаъол ва ибтикоронаи кишвар дар умури байналмилалӣ низ таъкид мекунад. Иқдомоти ҷаҳонии кишвари мо дар масоили ҳифзи пиряхҳо, илми криосфера, захоири об, маърифати ҳуқуқӣ ва рушди зеҳни сунъӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пуштибонии густурда ёфта, дар қатъномаҳои дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҷассум ёфтаанд. Ин ибтикорот на танҳо тавоноии Тоҷикистонро дар мутобиқшавӣ ба чолишҳои глобалӣ нишон медиҳанд, балки саҳми назаррасеро дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ низ мегузоранд, ки дар суханронии Президенти кишвар ҳамчун унсури муҳимми таҳкими нуфузи байналмилалии давлат арзёбӣ гаштааст.
Тавсеаи иҷтимоӣ - иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир, замон тавре, ки дар Паёми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври муфассал зикр гардидааст, бо суръати баланди рушди иқтисодӣ ва татбиқи ислоҳоти системавӣ тавсиф меёбад. Татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва ду барномаи кӯтоҳмуҳлат ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 3,4 маротиба мусоидат намуда, рушди устувори миёнаи солонаи иқтисодиёт, болоравии даромади аҳолӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатиро таъмин кардааст. Дар Паёми имсола афзоиши давомнокии миёнаи умр то 77 сол, зиёдшавии шумораи аҳолӣ ва васеъ гардидани табақаи миёна ҳамчун нишондиҳандаҳои калидии болоравии сатҳи зиндагӣ ва таҳкими устувории иҷтимоӣ таъкид шудаанд.
Сиёсати сармоягузорӣ, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони яке аз авлавиятҳои тавсеаи иқтисодӣ матраҳ шудааст, манобеи молии қобили таваҷҷуҳро ба иқтисодиёти кишвар таъмин намуда, рушди инфрасохтор, саноат, энергетика, нақлиёт ва соҳаи иҷтимоиро ҳадаф қарор додааст. Қабули Барномаи рушди миёнамуҳлат барои солҳои 2026–2030 ба унвони марҳилаи ниҳоии татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030, нишондиҳандаи идомадории банақшагирии давлатӣ ва тамаркуз ба натиҷаҳои дарозмуддат мебошад. Аҳдофи ду баробар афзоиш додани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз ва васеъ намудани табақаи миёна то 50 фоизи аҳолӣ дар Паёми Президент ба унвони нуқтаи атф (ориентир)-и стратегии дастрас ироа шудааст.
Таваҷҷуҳи хоса дар паёми Президенти кишвар ба рушди шакли нави иқтисодиёт, ки бар дониш, инноватсия, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ асос ёфтааст, зоҳир карда шудааст. Дар ин замина, равандҳои рақамикунонии идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ, инчунин рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ва платформаҳои рақамӣ нақши муҳимро мебозанд. Натоиҷи амалии рақамикунонӣ, бавижа татбиқи низоми муосири ҳисоббарор (биллинг) дар бахши энергетика, ба унвони намунаи рушане аз иқтидори роҳҳалҳои рақамӣ, ки дар паёми сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардидаанд, баррасӣ шуда, ҳамзамон ҳамчун воситаи баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва шаффофияти равандҳои иқтисодӣ арзёбӣ гаштанд.
Бахши хусусӣ, ки дар суханронии Президенти кишвар ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи иқтисод муаррифӣ шудааст, қисмати зиёди истеҳсолот ва шуғли аҳолиро таъмин менамояд. Сиёсати давлатӣ бо ҳадафи ҳимоят аз соҳибкорӣ, такмили идоракунии андоз ва густариши дастрасӣ ба манобеи молиявиро метавон ба унвони татбиқи амалии аҳдофи стратегии ин паём баррасӣ кард. Рушди низоми молиявӣ, афзоиши даромадҳои буҷети давлатӣ ва барномаҳо ҷиҳати тавсеаи бозори коғазҳои қиматнок, аз ҷумла вомбаргҳои сабз, ҳамчун унсурҳои асосии ташаккули иқтисодиёти устувор ва гуногунсамт баррасӣ мегарданд.
Саноатикунонии босуръат, ки дар паёми Сарвари давлат ба унвони як авлавият матраҳ шудааст, ба омили калидии рушди иқтисодӣ табдил ёфтааст. Бунёд ва ба истифода додани ҳазорҳо корхонаҳои саноатӣ, таъсиси даҳҳо ҳазор ҷойи корӣ ва афзоиши назарраси ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ нишондиҳандаи тавсеаи иқтидори истеҳсолии кишвар мебошанд. Дар ин раванд ба рушди истихроҷ ва коркарди захоири маъданӣ, ки ба диверсификатсияи иқтисодиёт ва густариши фурсатҳои содиротӣ мусоидат менамояд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Бахши энергетика, ки дар паёми Президенти кишвар нақши стратегӣ ба он ихтисос дода шудааст, ба унвони заминаи асосии истиқлолияти иқтисодӣ ва тавсеаи пойдор баррасӣ мегардад. Татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла НБО-и «Роғун», ҳамчунин тавсеаи энергетикаи офтобӣ, ба авлавиятҳои гузариш ба иқтисоди «сабз» ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ мутобиқат менамояд. Мавҷудияти захоири назарраси неруи барқи обӣ барои рушди соҳаҳои саноати серэнергия (энергияёмкий), аз ҷумла инфрасохтори зеҳни сунъӣ ва марказҳои коркарди додаҳо, ки ин нуқта нтз дар суханронии Пешвои миллат мавриди таъкид қарор гирифтааст заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Сарфи назар аз маҳдудиятҳои иқлимӣ ва табиӣ, соҳаи кишоварзӣ ҳамоно яке аз бахшҳои калидии иқтисоди миллӣ ва пояи асосии амнияти озуқаворӣ маҳсуб мегардад. Ин воқеият дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид гардидааст. Рушди пойдор дар тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ, сатҳи баланди таъминоти бозори дохилӣ бо маводи озуқаворӣ, инчунин татбиқи чораҳо ҷиҳати ҷорӣ намудани навовариҳо дар истеҳсоли пахта ва идоракунии захираҳои обӣ ба унвони унсурҳои асосии сиёсати дарозмуддати аграрӣ баррасӣ мешаванд.
Тавсеаи инфрасохтори нақлиётӣ ва роҳсозӣ низ аз ҷониби Сарвари давлат ҳамчун шарти ҳаётан муҳим барои таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва иқтисодӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шудааст. Зеро сохтмони роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ, пулҳо, нақбҳо ва фурудгоҳҳо ба таҳкими иқтидори транзитии кишвар ва густариши равобити иқтисодии байни минтақаҳо мусоидат намудааст.
Сиёсати иҷтимоӣ, ки дар паёми Пешвои миллат мавқеи меҳвариро касб кардааст, ба рушди сармояи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ равона гардидааст. Афзоиши назарраси маблағгузорӣ ба соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ, инчунин болоравии музди меҳнат, нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ҳамчун намунаи модели низомманди рушди иҷтимоии инсонмеҳвар арзёбӣ мегардад. Дар Паёми имсола дастгирии ҷавонон ва занон ҳамчун сармоягузории стратегӣ ба ояндаи давлат ва омили муҳими таъмини суботи иҷтимоӣ таъкид мешавад.
Ҷанбаҳои фарҳангӣ – тамаддунӣ, ки ба ҳифзи хотираи таърихӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва тарғиби мероси фарҳангии кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ марбут мебошанд, низ дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа шуданд. Ба расмият шинохта шудани ёдгориҳои бостонии Хуталон аз ҷониби ЮНЕСКО, рушди инфрасохтори фарҳангӣ ва омодагӣ ба таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишвар ҳамчун унсурҳои сиёсати ҳадафманди эҳёи маънавию фарҳангӣ арзёбӣ мегарданд.
Таҳлили гузаронидашуда имкон медиҳад то ба хулосае расем, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади мукаммалу фарогири стратегӣ баромад намуда, натиҷа ва самтҳои афзалиятноки рушди миллиро дар марҳалаи муосир инъикос менамояд. Мазмуни Паёми имсола аз хусусияти низомманд ва ҳамгироии ислоҳоти дар кишвар татбиқшаванда шаҳодат дода, доираи васеи соҳаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсати хориҷӣ ва фарҳангию тамаддуниро фаро гирифта, на танҳо натоиҷи марҳалаи қаблиро ҷамъбаст менамояд, балки дар шароити таҳаввулоти босуръати ҷаҳонӣ самтгирӣ ва дастурҳои консептуалиро ҷиҳати такмили минбаъдаи низоми давлатдорӣ низ пешниҳод мекунад.
Дар Паёми зикршуда ба масъалаи таъмини суботи сиёсӣ, устувории ниҳодӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ба унвони омилҳои калидии рушди пойдор ва дарозмуддати давлат аҳамияти аввалиндараҷа дода шудааст. Татбиқи муваффақонаи равандҳои сиёсӣ, инчунин ҳалли таърихии масъалаҳои марзӣ бо давлатҳои ҳамсоя, далели камолоти ниҳодҳои давлатӣ ва қобилияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини самараноки амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад. Ин дастовардҳо заминаи мусоиди ниҳодӣ ва иҷтимоию иқтисодиро барои амалисозии барномаҳои стратегии рушди кишвар ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ фароҳам меоранд.
Натоиҷи иҷтимоӣ - иқтисодие, ки дар Паёми имсола ироа шуданд, самаранокии модели интихобгардидаи рушди кишварро, ки дар заминаи барномарезии стратегӣ, фаъолияти сармоягузорӣ ва таҳаввули сохтории иқтисодиёт асос ёфтаанд, тасдиқ менамоянд. Рушди устувори иқтисодӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, беҳтар гардидани сифати зиндагии аҳолӣ ва тавсеаи сармояи инсонӣ хусусияти пешрафта ва тамоюли иҷтимоии равандҳои трансформатсионии амалишавандаро инъикос мекунанд.
Қобил ба зикр аст, ки Паёми имсола ташаккули навъи ҷадиди иқтисодро, ки ба дониш, навоварӣ, технологияҳои рақамӣ ва принсипҳои рушди «сабз» асос меёбад, ҳамчун омили калидии таъмини рақобатпазирии дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ менамояд. Дастгирии бахши хусусӣ, саноатикунонии босуръат, рушди иқтидори энергетикӣ ва татбиқи қарорҳои рақамӣ маҷмӯи тадбирҳои муассирро ташкил медиҳанд, ки ҳадафи онҳо таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва диверсификатсияи иқтисоди миллӣ мебошад.
Дар маҷмӯъ, Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон ба унвони як мабнои методологӣ ва стратегӣ барои дарки фарогири фарояндаҳои рушди миллӣ тавсиф кард. Ин санад чашмандози фарогири ояндаи кишварро, ки бар тақвияти давлатсолорӣ, пойдории иҷтимоӣ ва мушорикати фаъоли Тоҷикистон дар шаклдиҳии рӯзномаи минтақавӣ ва глобалӣ асос ёфтааст, тарсим мекунад. Натоиҷи таҳлили Паём исбот менамоянд, ки амалӣ намудани афзалиятҳои зикршуда дар ин санади муҳими сиёсӣ шароитҳои воқеӣ ва заруриро барои рушди устувор ва ҳамоҳангшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дарозмуддат фароҳам меорад.
Шозедов Х. Н. ходими илмии шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ
