(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ҳар сол ҳама комёбиҳову пешравиҳо ва муваффақиятҳоро дар бахши сиёсати дохилӣ ва сиёсати хориҷии кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа менамояд, ки имсол дар таърихи 16 декабри соли 2025, ин маъракаи муҳимми сиёсӣ баргузор карда шуд ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда муайян карда шуд.
Дар Паёми навбатӣ самтҳои муҳимми хоҷагии халқи кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар ба арзишҳои миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дар роҳи эъмори давлатдорӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ бештар таваҷҷуҳ намуданд.
Албатта масъалаҳои калидӣ, ки дар меҳвари паёми навбарӣ таваҷҷуҳро зиёдтар ҷалб менамуд, ин пеш аз ҳама ташаббусҳои ҷаҳонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла эълон гардидани соли 2025 ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳо, ҳифзу қироати “Шоҳнома”-и безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ, диди тоза ва пажуҳишҳои саривақтӣ дар шинохти “Наврӯз”, зеҳни сунъӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, мубориза бар зидди падидаҳои номатлуб, аз ҷумла одамрабоӣ, терроризм, инчунин ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, эҳтиром ба зан – модар, этикаи касбӣ, маърифати молиявии шаҳрвандон ва варзишу ҷавонон ва дигар масъалаҳои муҳим буданд.
Нуктаи муҳимми дигарро бояд ироа намуд, ки дар паёми навбатӣ аз ҷониби Пешвои миллат таъсиси Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо садо дод. Тағйироти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо яке аз мушкилтарин масъалаҳои рӯз ба ҳисоб рафта, ҳифзи он ба ҳама ҷомеаҳои ҷаҳон ҳатмӣ мебошад ва ин институт метавонад дар минтақа аввалин муассисаи илмие бошад, ки дар он пиряхҳо омӯхта мешавад.
Пешвои миллат зикр намуданд, ки аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.
Ҳамчунин, танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад.
Тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё буда, гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.
Инчунин Пешвои миллат қайд намуданд, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.
Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд.
Инчунин Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур додаанд, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳамчунин, бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад, ки ин ҳама ташаббусҳои шоистаи Роҳбари давлат ба хотири ҷовидона ҳифз намудани мероси ниёгонамон мебошад.
Яке аз самтҳои паёми навбатӣ дар соли 2025 ин масъалаи ҷавонон буда, ин қишри фаъоли ҷомеа нерӯи созандаи халқҳову миллатҳо ва давлатҳо будаанд ва аз ҷониби сарварони сиёсии оқилу донишманд ва роҳнамову мушфиқу ғамхор дастгирӣ ёфтаву ба қуллаҳои баланди соҳаҳои хоҷагии халқҳо мерасиданд, ки ин ҳама ғамхориҳову кӯмакҳову имтиёзҳо нисбати ҷавонон ва наврасон дар тӯли 34 соли давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушоҳида мешавад.
Чи гунае, ки Сарвари кишвар ҳамеша таъкид медоранд “Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст”, ин шиори доимамалкунанда роҳбарони вазоратҳову идораҳоро пайваста ҳушдор месозад, ки барои омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо омода бошанд.
Дар паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба ин самт иброз намуданд, ки барои ҳалли ин масъала вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, дигар вазорату идораҳои марбута бояд барномаи миёнамуҳлати барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисосро аз ҳисоби ҷавонон таҳия ва амалӣ намоянд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки кадрҳои баландихтисос ва кордону корсоз дар кадом самте набошад, корро сифатан хубу аъло месозанд ва ҳусни амалро зиёда мегардонанд.
Сарвари давлат бо андешаҳои созанда, маслиҳатҳои омӯзанда ва ҳисси баланди масъулият қалби ҷавононро ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намуда, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат бедор месозанд. Аз нигоҳи некбинонаи Роҳбари кишвар ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол буда, таъкид менамоянд, ки “..маҳз ҷавонон масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт”.
Президенти кишвар бар замми мушкилоти дигари ҷойдошта дар ҳар паём ба намояндагони халқ ҷойгоҳи ҷавононро бо як ҳисси баланди худшиносӣ ва хештаншиносӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд ва дар баробари ин, ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода буда ва зираку ҳушёр бошанд.
Ҷавононро мебояд, ки барои эътимод ва боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишмандаи хешро гузоранд ва барои ҳамешагӣ пайравони асили Пешвои миллат бошанд.
Зиёев Субҳиддин Насриддин номзади илмҳои филология, мудири шуъбаи Шарқи
Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
