Skip to main content

Истиқлолият, ҳолати бунёдии давлатдории имрӯзаи миллати тоҷик мебошад, ки ҳадафҳои воло, миллӣ, таърихӣ ва инсонии мардумро таҷассум менамояд. Ба маънои васеи замон, санги меҳвари истиқлолияти воқеӣ, ин таҳияи бомуваффақияти таҳаввули асосии иҷтимоию сиёсии дорои решаҳои қавии маънавӣ ва унсурҳое мебошад, ки аз ҳуввияти миллӣ ва фарҳанги маънавии халқ сарчашма мегиранд.

Истиқлолияти мо рамзи миллату кишвари озодидӯст, соҳибихтиёрии давлат буда, намунаи равшани ватандӯстӣ мебошад. Тоҷикистон дар тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои зиёд тавонист рушди босуботи давлати моро таъмин намуда, мавқеашро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардорад, пояҳои давлатдории соҳибистиқлоли худро таҳким бахшад ва тамоми нерӯю захираҳоро барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зиндагии шоистаи халқаш равона созад.

Маълум аст вақте, ки дар оила фазои боварибахш, рӯҳияи болида ва муносибатҳои пайвандон бо ғамхорӣ ва меҳрубонии якдигар тавъаманд, ин нишонаи истиқлолият аст. Яъне, фазои амну осоиштаи Ватан ин ҳама саодатро ба кошонаи хонавода ҳадя месозад ва ин раванд аз муҳити хонавода то маҳал, аз маҳал то ноҳия, аз ноҳияву шаҳр то вилояту ҷумҳурӣ рафта мерасад. Пайвандӣ соҳибихтиёрӣ бо манофеи умумимиллӣ ниҳоят зич мебошад. Вақте ки мардум дар атрофи ғояи миллӣ ва ормонҳои мардумӣ сарҷамъ мегарданд, метавонанд бо ифтихор аз соҳибистиқлолӣ сухан гӯянд.

Дар акси он агар бо тафаккури музофотӣ ҳарф аз мушкилоти кишвар зананд, манфиате нахоҳад дошт. Дар таърихи пурфоҷиаи миллат, ҳангоми ғояи миллӣ дучори ҳуҷумҳои фикрӣ ва идеологии бегона қарор гирифтан, бешак хеле маҳрумияту шикастҳоро дидем. Вақте тафаккури миллӣ осеб мебинад, ҳарфи ватандорӣ ба гӯшаҳои фаромӯшӣ меравад. Аз ин рӯ, миллати сарбаланди тоҷик баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ нагузошт, ки андешаи миллиаш зиён бинад ва коҳиш ёбад. Ҳуҷумҳои пай дар пай хисороти гаронро ба миён оварда бошад ҳам, вале тафаккури миллӣ ба ҳамон маҷрои шинохти мардумӣ ва аҳамияти таърихиву миллатсозӣ баргашт.

Маҳз иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат буд, ки андешаи миллӣ тақвият ёфта, аз ҳуҷумҳои идеологию фарҳангӣ эмин монд. Баъди он ҳама, таърих умумиятро бо мавзуи «Оқибатҳои ҷаҳл» шиносонид ва бар соҳиб-тафаккури бедор арзиши маърифат аён шуд. Ҳамин тавр, мо ба қадри маърифату хирад ва ҳикмат расидем, дарк намудем, ки миллат ва давлати дар уқёнуси кишварсозӣ заврақрони ҳикмату хирадбуда, албатта, ба соҳили мурод мерасад. Ҳакиме гуфтааст: «Оне, ки хирад ва ҳикмат меофарад, фарзанди башарият ва абадият хоҳад буд, зеро аз ӯ маърифати ҷовидонӣ мерос хоҳад монд. Маърифате, ки мутааллиқ ба қавму ҳудуде набуда, балки дар хизмати башар қарор хоҳад гирифт». Дуруст аст, ки кишварҳо бо он афроди ҳикматмеҳвару маърифатпешаву маорифпарварашон овозадор шуданд. Номи онҳо ҳаргиз аз ёди таърих зудуда нахоҳад шуд, зеро дар тафаккури башар тантана ва бар ҷаҳл қиём карданду ба ҷои бефитратӣ маърифатро пешаи худ намуданд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки файзи Истиқлол бо ибтикору роҳнамоии Пешвои миллат, дар таърихи начандон тӯлонӣ барои мо дастоварду сар-баландиҳои зиёде овардааст ва минбаъд низ ба бор хоҳад овард. Албатта бо боварии комил гуфта метавонем, ки мо Истиқлолияти комили сиёсӣ ба даст овардаву зери партави он осудаву осоишта зиндагӣ хоҳем кард.Ташаккулёбӣ ва рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявт давраи қонунии инкишофи тамаддун ба ҳисоб меравад, ки дар натиҷаи он на танҳо вусъатёбии вазифаҳои иҷтимоии давлат, балки аз тарафи давлат ба худ гирифтани масъулият барои беҳбуди ҳаёти шаҳрвандонаш, дарки зарурати таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии онҳоро дар назар дорад.

Ҳоло ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ дар асри муборизаҳои иттилоотӣ ва бархӯрди фарҳангӣ аз таҳкими ҳуввияти миллӣ, тақвияти тафаккури давлатмеҳвар, посдории анъанањое, ки реша дар умқи таърих ва давлатсозии миллӣ доранд, ибтидо мегирад. Дар ин маврид пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат асоси устуворт ва идеологии арзишҳои миллист.

Истиқлолияти давлатӣ вазифаҳои асосӣ дорад, ки пойдорӣ ва бақои кишвар дар устувории онҳо метавонад пойбаро монад. Ноил гардидан ба ин муқаддасоти мардумӣ мақсад ва вазифаҳои давлатсозиеро муайян менамояд, ки дар маҷрои истиқлолхоҳӣ бақои кишварро мушаххас месозанд. Дар қатори чунин вазифаҳо, метавон муттаҳидгардонӣ, сафарбарсозӣ, тарбиявӣ ва ташаккулдиҳиро номбар кард. Вазифаи муттаҳидгардонии истиқлолият дар он таҷассум меёбад, ки миллат ва халқҳои маскуни давлатро барои ояндаи бузург ва шукуфо ба ҳам меорад. Вазифаи сафарбарсозии истиқлолият бошад, дар ба тақдир ва ҳаёти Ватан бо эҳсоси масъулият шарик будани шаҳрвандони мамлакат, новобаста ба мансубияти миллӣ, забонӣ, нажодӣ ва динӣ зоҳир мегардад. Рисолати тарбиявии истиқлолият бозгӯи ифтихор аз мероси пурғановати ниёгон аст, ки дар асоси арзишҳои маънавию анъанаҳои нек ҷамъ гардидааст. Вазифаи ташаккулдиҳии истиқлолият, пеш аз ҳама, пайванд ба рушди касбият ва тавонмандии зеҳнии қишри солимфикру ҳушманди кишвар мебошад.

Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арзишҳои Истиқлолияти кишварро чун гавҳараки чашм бояд эҳтиёт намоем. Пеш аз ҳама, он рӯзҳои вазнин ва сангинеро, ки ба сари миллат омад, ҳаргиз фаромӯш накунем. Дарк намоем, ки агар истиқлолият бошаду бақои он бо ғояи миллӣ таъмин нашавад, заволи давлатро ба вуҷуд меорад. Давоми сию чор сол бунёдкорӣ, созандагӣ ва тараққиёти соҳавию сохториро наметавон нодида гирифт. Агар 34 солро аз лиҳози рушд ва раванди барқарории давлат таҳлил намоем, даҳ соли аввали он ҷанги дохилӣ буд, сипас даҳ соли дигар пайи бартараф намудани оқибатҳои низои дохилӣ ва таҳияи нақшаҳо барои оянда сипарӣ шуд ва акнун, чордаҳ сол мешавад, ки ба сӯи рушди устувор қадам гузоштаем. Яъне, аз соли 2010 рушди Тоҷикистони навин оғоз ёфт, ки дар ин муддат ба пешрафти бесобиқае ноил гардидем.

Истиқлоли мо силсилаи суббот ва меъёрҳои куллӣ аст, ки дар диди мо, афкори мо устувор аст. Мо иродаи соҳибистиқлолӣ ихтиёр кардаем, ки худро аз нобудӣ наҷот диҳем. Мисли он, ки нафаре хона месозад, аввал тарҳи хонаро муқаррар мекунад, дар ибтидо ӯ чигуна хона сохт буд, минбаъд низ ҳамон тариқ хонаи хешро сохта метавонад. Мо ҳоло амали худро дар хонасозӣ мебинем ва ин амал дар вуҷуди мост, ки таърихи мо онро тасдиқ мекунад.

Андом ва идроки ҳиссӣ нисбати эҳсоси мо, иртиботи ҷомеаро қудрати тафаккур намедиҳад ва натиҷагирии он беинтиҳо аст ва бояд донист, ки огоҳиҳои кӯҳану навини бедумбол ба истиқрори истиқлоли мо ибтикори нав медиҳад. Истиқлоли мо, ба мо пирӯзиҳои мутаъолӣ, моҳвораи иҷтимоӣ, аз қабили камолҷӯӣ, майл ба хайру некӣ, навҳи дустӣ, соири андешаҳоро додааст ва хоҳад дод.

Ҳар падида дар роҳи такомули худ ниёзҳо дорад, ки бо беҳтарин вижа таъмин мегардад. Мисли он ки ҳеҷ мавҷудоте нест, ниёз ба чизе надошта бошад. Тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ дарк намудем, ки мо ниёз ба шинохт дорем ва ҳоло мебинем, ки ин ниёзи мо чи гуна таъмин мегардад. Маъмулан барои касби огоҳии милливу шинохти худ манобеи он лозим аст, монанди он ки бидуни чашм чизҳои диданиро наметавон дид ва бидуни гӯш шуниданиҳоро наметавон шунид. Ин аст, ки манобеи истиқлол аз шинохт ва ҳуввияти миллӣ ихтиёр дорад. Арзишноктарин омили шинохт ва ҳуввияти миллӣ, ки ниёзи аввалиндараҷаи мост, ин андешаи имрӯз ва фардои миллату давлат аст. Муҳим имрӯз доштани ҳуввияти миллӣ аст, ки мо метавонем тариқи он ниёзҳои худро амалӣ намоем ва дар асоси қонуни сартосарии ҳидоят роҳи саодату такмили худро бо кӯмаки ҳуввияти миллӣ ва шинохти худ тай намоем.

Бояд қайд намоем, ки ҷиҳати дигари шинохти соҳибихтиёрӣ маънои истиқлоли андеша ва истиқлоли хирадро дорад, то ки дар иҷрои вазифа содиқ ва меросбари аслӣ бошем, рӯ ба илм орем, таҳаввулот дар омӯзишу маориф ва талош ба рисолати касбӣ намоем.

Ҷаҳони имрӯз, ки саҳнаи муборизаи ақлҳо иборат аст, кишвари мо бо тафаккури миллӣ ба майдони таърих омад ва худро аз тариқи забони дигарон насохт, бо дили худ, бо дониши худ ва шинохти худ имрӯз қодир аст дар домони ҳастии худ, бо иттиҳоди нерӯҳои худ дар муқобили тӯфони қудратҳо рӯ ба рӯ истад. Ҳар қавм, ҳар миллат танҳо дар сурати як фазилат, бо унвонии зарурат метавонад аз таъсири қудратҳои мавҷуд раҳоӣ ёбад ва рисолати азими худро дар миёни қавмҳо, миллатҳо ташвиқ диҳад. Раҳоии мо аз қудратҳои мавҷуд, аз низомҳои сиёсиву иқтисодӣ ва аз ҳадафҳои фарогири мо чун иттиҳоди муқаддас иборат аст. Авлавиятдортарин ниҳод ва таҷассумгари истиқлоли мо, ин ҳуввияти миллии мост, ки ҳалқаи парешони миллатро ба ҳам пайваст намуд. Маҳз дарахти ҳуввиятшиносӣ аз ин гуна иттиҳоди муштарак, аз чашмаҳои таърих, таҷриба ва ифтихороти миллӣ об мехӯрад.

Дар чунин иттиҳод ҳеҷ кас худро таҳқиршуда намедонад. Тоҷикистон кишваре аст, ки аз лиҳози таърихӣ давраҳои заррини тараққиро, ба вижа дар арсаҳои фарҳангӣ таҷриба кардааст. Бо ин ҳама маънӣ, ин кишвар метавонад роҳи рушду беҳбудӣ ва муқаддам дошта бошад.

Воқеан ҳам, ҳуввияти миллӣ, дар намоиши бузурги хештаншиносӣ таҷассумгари истиқлоли мо гардида, дар роҳ ба сӯи сафедиву сарфарозӣ ба мо имкон дод, ки ба оламиён ва ба таърих нишон диҳем, то чӣ сон қавми тоҷик аз аҳди маъҷӯзии таърих берун омад, миллат гардид, давлат сохт ва итминон дорад, дар такя бо нерӯҳои азими худ ба қуллаҳои балантарини камоли истиқлол хоҳад расид.

Саидзода М.Ё. – ходими хурди шуъбаи Ҳуқуқи давлатии ИФСҲ АМИТ